Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 762
Ном ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 02.08.2011
Матн

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7–8, мод. 616; с. 2016, № 3, мод. 147)

(Қонунҳои ҶТ аз 15.03.2016 с., № 1294, аз 17.05.2018 с., № 1532; аз 04.04.2019 с., № 1594)

Мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд

Қонуни мазкур масъулияти падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд (минбаъд-падару модар), дар таълиму тарбияи фарзанд танзим менамояд.

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли истиқомати онҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли ҷойгиршавии онҳо, татбиқ мегардад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигареро муқаррар накарда бошанд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532).

Моддаи 4. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- фарзанд (кӯдак) - шахси ба синни ҳаждаҳсола нарасида;

- шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд - васӣ, парастор, фарзандхондагон, шахсоне, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунанд, дигар намояндагони қонунии онҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки кӯдак дар таълиму тарбияи онҳо қарор дорад (минбаъдмуассисаҳои таълимӣ);

- васӣ ва парастор - шахсоне, ки ба мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони ғайри қобили амал ва қобилияти пурраи амал надошта, аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд;

- таълим - фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., 1594);

- тарбия - раванди мақсадноки ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ;

- марказҳои дилхушӣ - клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, тарабхонаҳо ва иншоотҳои дигаре, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тааллуқ дошта, барои ташкил ва гузарондани чорабиниҳои фароғатӣ ва истироҳатй муайян шудаанд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532; аз 04.04.2019 с., № 1594);

- вақти шабона - аз 1 апрел то 30 сентябр - аз соати 22:00 то соати 06:00 ва аз 1 октябр то 31 март - аз соати 20:00 то соати 06:00.

Моддаи 5. Вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд
  1. Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад.
  2. Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад.
  3. Давлат барои таълиму тарбия ва ҳифзи кӯдакони ятим ва маъюб ғамхорӣ намуда, ба онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.

БОБИ 2. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Моддаи 6. Баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар

Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯхдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқҳои зерин доранд:

- ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзандро ҳимоя намоянд; шакл, намуд ва усули таълим, муассисаҳои таълимиро, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, интихоб намоянд, агар ин шакл, намуд ва усул ба вазъи саломатй ва рушди маънавии фарзанд таъсири манфй нарасонад;

- дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок ва мусоидат намоянд;

- ба мақомоти дахлдор ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи фарзанд дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ бо пешниҳод муроҷиат кунанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., 1594);

- аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ дар бораи аз тарафи фарзанд истифода шудани хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1294);

- дар муносибатҳои ҳуқуқӣ намояндаи қонунии фарзанд бошанд;

- риояи ҳуқуқи фарзандро дар раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот талаб намоянд;

- ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки фарзандашон дар он таҳсил мекунад, мусоидат намоянд;

- ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд шинос шаванд;

- дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намоянд.

Моддаи 8. Ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд

Падару модар дар тарбияи фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:

- ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;

- пас аз таваллуд фарзандро дар мӯҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;

- барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд;

- фарзандро ба зиндагии мустақилона омода намоянд;

- фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намоянд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., 1594);

- гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд;

- шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд;

- новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳии фарзанд, нисбат ба ӯ баробар муносибат намоянд;

- дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то ҳаждаҳсолаашонро манъ намоянд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532);

- аз соати 18.00 то соати 6.00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ рафтани фарзанди ноболиғи худро иҷозат надиҳанд (ҚҶТ аз 17.05.2018 № 1532);

- кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои чамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд;

- ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., 1594);

- ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд;

- ба фарзанд мутолиа ва паҳн кардани сабтҳои электронӣ (аз ҷумла тариқи телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд;

- аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1294);

- иштироки фарзандро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., 1594);

- барои фарзанди то бистсола истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла пиво), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос), инчунин моддаҳои сахттаъсир ва мадҳушкунандаро манъ намоянд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., 1594);

- иштироки фарзандро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд;

- гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи ронандагӣ ва рондани автомобилро барои фарзанд иҷозат надиҳанд;

- ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд ва барои интихоби касб ба ӯ мусоидат кунанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1594);

- асосҳои гигиенаи шахсӣ, маърифати санитарӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро омӯзонанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1594);

- ба ҷалб намудани фарзанд ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии ӯ зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва равонии фарзанд халал мерасонанд, иҷозат надиҳанд;

- фарзандро ба фаъолияти соҳибкорӣ ва хариду фурӯш. ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, ҷалб насозанд;

- бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани фарзанди то шонздаҳсоларо дар ҳудуди биною иншооти техникӣ, таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, ҳудуди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва саристгоҳҳои нақлиёти мусофирбар манъ намоянд;

- дар ҷойҳои ҷамъиятӣ навиштан, ифлос намудан ва расонидани зарарро аз ҷониби фарзанд манъ намоянд;

- дастрасии фарзандро ба маводи сӯзандаю тарканда пешгирӣ намоянд;

- истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёҳои қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвора барои духтарон)-ро аз тарафи фарзанд дар муассисаҳои таълимӣ ва холкӯбиро барои фарзанд манъ намоянд;

- ба шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва дигар ороишоте, ки дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ мавчуданд ва тахриб кардани онҳо аз тарафи фарзанд роҳ надиҳанд;

- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

Моддаи 9. Ӯҳдадориҳои падару модар дар таълими фарзанд

Падару модар дар таълими фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:

- ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оваранд;

- ба таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба таҳсили ӯ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., 1594);

- фарзандро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароити муносиб муҳайё намоянд;

- риояи пӯшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд;

- ба фарзанди имконоти маҳдуди ҷисмонӣ ва рӯҳӣ доштаи худ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё сохта, иллати ҷисмонӣ ва рӯҳии ӯро пинҳон накарда, дар сурати набудани шароит барои таълими фарзанд ба муассисаҳои дахлдори давлатии соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд;

- аз вазъи фарзанде, ки дар мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таълиму тарбия мегирад, хабардор шуда, бо чунин муассисаҳо ҳамкорӣ намоянд ва раванди таълими фарзандро дар ин муассисаҳо зери назорат гиранд;

-донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд;

- дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурият тибқи талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намоянд;

- талаботи оинномаи муассисаи таълимиро, ки фарзандашон дар он ҷо таълим мегирад, иҷро намоянд;

- ҷалби фарзандро барои гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд;

- таълими динии фарзандро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., 1594);

- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

БОБИ 3. ӮҲДАДОРИҲОИ ФАРЗАНДИ БОЛИҒУ ҚОБИЛИ МЕҲНАТ ДАР НИГОҲУБИН ВА ТАЪМИНИ ПАДАРУ МОДАР

Моддаи 10. Ӯҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар
  1. Фарзанди болиғу қобили меҳнат ӯҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд.
  2. Дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадориҳои мазкур фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

БОБИ 4. ӮҲДАДОРИҲОИ ОМӮЗГОР, МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ, МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ, МУАССИСА ВА ДИГАР ТАШКИЛОТҲОИ КИ МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАКРО БАРРАСӢ МЕКУНАНД

(ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532; аз 04.04.2019 с., 1594)

Моддаи 11. Мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд

(ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532)

  1. Масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, андоз, алоқа, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш баррасӣ карда мешаванд.
  2. Дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532).
Моддаи 12. Ӯҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд

(ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532; аз 04.04.2019 с., 1594)

  1. Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, ӯҳдадориҳои зерин доранд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532; аз 04.04.2019 с., 1594):

- ба раванди таълиму тарбия дар низоми таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ мусоидат намоянд;

- тарзи ҳаёти солимро таблиғ ва кӯдакони болаёқатро дастгирӣ намоянд;

- кӯдаконеро, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо саҳм гузоштаанд ва амалҳои дигарро ба нафъи ҷамъият ва давлат анҷом додаанд,, ҳавасманд намоянд; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., 1594);

- падару модареро, ки ҳуқуқу ӯхдарориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд муваффақона иҷро менамоянд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд;

- оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кӯдакон тадбирҳо андешанд;

- ҳангоми аз тарафи падар ё модар риоя накардани талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва ӯҳдадориҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд;

- дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади расонидани кӯмаки педагогӣ, равонӣ, методӣ ба падару модар "Рӯзҳои падару модар"-ро ташкил намоянд;

- дигар чорабиниҳоро оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ташкил намоянд;

- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

  1. Ӯхдадориҳои омӯзгор оид ба таълиму тарбияи кӯдак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 13. Ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак

Ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак ва ба амали номатлуб даст задани ӯ, инчунин дар мавриди муайян кардани ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таҳдид менамоянд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, ки мақомоти дахлдори давлатиро огоҳ созанд.

БОБИ 5. ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ИҶРО НАКАРДАНИ ӮҲДАДОРИҲО ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Моддаи 14. Чораҳои пешгирӣ барои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модар

Падару модаре, ки вобаста ба вазъи саломатӣ ва моддиашон наметавонанд ӯҳдадориҳои худро оид ба таълиму тарбияи фарзанд қисман ё пурра иҷро намоянд, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба табобат фаро гирифта, бо кор таъмин карда мешаванд.

Моддаи 15. Ҷавобгарии падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи фарзанд
  1. Дар ҳолати иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар ва омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  2. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии баробар доранд.
  3. Падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунанд, барои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модар, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, ҷавобгар мебошанд.
Моддаи 16. Ҷавобгарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд
(ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532; аз 04.04.2019 с., № 1594)

Ҷавобгарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532; аз 04.04.2019 с., 1594).

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Эмомалӣ Раҳмон

       

       ш. Душанбе

  2 августи соли 2011,

            № 762

 

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ