Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 503
Ном ДАР БОРАИ ДОНОРИИ ХУН ВА ҶУЗЪҲОИ ОН
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Аз эътибор соқитшуда
Сана 26.03.2009
Матн

Бо Кодекси тандурустии ҶТ аз 30.05.2017 с., №1413

АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТА ШУД

 

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009, №3, мод.96)

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми марти соли 2009, № 1256 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, № 3, моддаи 37) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми марти соли 2009, № 610 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, № 3, моддаи 119) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба рушди донории хун ва ҷузъҳои онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, амалӣ гардидани чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва тиббии ташкили ҳаракати донорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи донорҳоро таъмин менамояд.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Принсипҳои донории хун ва ҷузъҳои он

Принсипҳои асосии донории хун ва ҷузъҳои он иборатанд аз :

-инсондӯстӣ;

-ихтиёрӣ;

-беподошӣ;

-безарарии вазифаи донорӣ барои одам;

-бехатарии истифодаи хуни донорӣ ва ҷузъҳои он.

 

Моддаи 2. Фаъолияти донорӣ

1.Ҳар шаҳрванди қобили амали аз 18 то 65- сола, ки дар натиҷаи аз муоинаи тиббӣ гузаштан гирифторшавии ӯ ба бемориҳое, ки зидди нишондоди донорӣ мебошанд, ошкор нашудааст, донор шуда метавонад.

2. Ба сифати донор шахсоне дониста мешаванд, ки ҳадди ақал ҳар сол як ё ду маротиба хун ва ё ҷузъҳои онро месупоранд. Дар ҳолатҳои зарурӣ тибқи дастури муассисаҳои дахлдор, бо розигии онҳо ин амал такрор карда мешавад. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донорӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатие дода мешавад, ки бо тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд.

3. Хун ва ҷузъҳои он, ки бо мақсадҳои табобатӣ истифода мешаванд, танҳо аз одам гирифта мешаванд.

4. Гирифтани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он дар ҳолати ба саломатии донор нарасонидани зиён раво дониста мешавад.

5. Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳаракати донории ихтиёрӣ ва беподошро дастгирӣ намуда, онро ҳавасманд мегардонанд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Намудҳои донорӣ

Гурӯҳҳои зерини донорҳо мавҷуданд:

-донорҳои фаъол-шахсоне, ки ба муассисаҳои хунгирӣ муроҷиат намуда, мунтазам (на камтар аз 3 маротиба дар як сол) хун ва ҷузъҳои онро бо подош ё бе подош (барои хуни супоридааш ҷуброни пулӣ мегиранд ё ҳеҷ гуна неъмати моддӣ намегиранд) месупоранд;

-донорҳои эҳтиётӣ-шахсоне, ки ба тарви муташаккилона ба донорӣ ҷалб  мешаванд ва ё ба таври инфиродӣ хун ва ҷузъҳои онро номунтазам, на бештар аз 2 маротиба дар як сол месупоранд ( донорҳои эҳтиётӣ одатан донорҳои ихтиёрие мебошанд, ки подош намегиранд);

-донорҳо-хешовандон-шахсоне, ки хун ва ҷузъҳои онро барои табобати хешу  табор ё шахсони наздики худ месупоранд;

-донорҳои қарордодӣ-шахсоне, ки бо муассисаҳои хунгирӣ оид ба супоридани хун ва ҷузъҳои он шартнома (қарордод) мебанданд.

 

Моддаи 5. Барномаи давлатии рушди донории хун ва ҷузъҳои он

1.Барномаи давлатии рушди донории хун ва ҷузъҳои он бо  пешниҳоди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

2.Масъулияти амалисозии Барномаи давлатии рушди донории хун ва ҷузъҳои он ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор  карда мешавад.

 

Моддаи 6. Ташкили ҳаракати донорӣ

1.Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар муассисаҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисиашон мусоидат намудан ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ пешбинӣ шудааст, якҷоя дар ташкили ҳаракати донорӣ, тарғиби хундиҳии беподоши ихтиёрӣ дар  байни аҳолӣ бо мақсадҳои табобатӣ иштирок ва мусоидат мекунанд.

2.Таъмини маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба ташкил, рушд ва тарғиботи донории оммавии хун ва ҷузъҳои он ва моҳияти иҷтимоии он дар доираи маблағгузориҳои соҳаи тандурустӣ, ки дар буҷети давлатӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин аз ҳисоби кӯмакҳои эҳсонкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 7. Вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ оид ба рушди донории хун ва ҷузъҳои он

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар доираи салоҳиятҳои худ иҷрои барномаҳои давлатии рушди донории хун ва ҷузъҳои он, маблағгузорӣ ва таъмини базаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустиро, ки ба тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд, имтиёзҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донор муқарраршударо таъмин менамояд.

 

Моддаи 8. Вазифаҳои маъмурияти корхона, ташкилоту муассисаҳо оид ба  мусоидати донории хун ва ҷузъҳои он

Роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо вазифадоранд:

-барои ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафи донорони хун мусоидат кунанд;

-кормандонеро, ки доноранд, дар рӯзи муоина ва супоридани хун ва ҷузъҳои он ба  муассисаҳои тандурустӣ бемамоният ҷавоб диҳанд;

-биноҳоро барои гирифтани хун беподош ҷудо намоянд;

-ба корманде, ки донор мебошад, чораҳои дастгирии иҷтимоиро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.

 

БОБИ 2.

ҲУҚУҚУ ӯҲДАДОРИҲОИ ДОНОРҲО ВА ЧОРАҲОИ

ДАСТГИРИИ ИҶТИМОИИ ОНҲО

 

Моддаи 9. Ҳимояи ҳуқуқи донорҳо аз тарафи давлат

1.Давлат ҳифзи ҳуқуқ ва саломатии донорҳо, инчунин андешидани чораҳои дастгирии иҷтимоии онҳоро кафолат медиҳад.

2.Шахсони мансабдори муассисаҳои тандурустӣ ӯҳдадоранд ба донорҳо дар бораи вазифаҳо ва кафолатҳои нигаҳдории саломатии онҳо ҳангоми супоридани хун ва ҷузъҳои он маълумот диҳанд.

3.Донор аз ҳисоби маблағи муассисаҳое, ки тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои онро анҷом медиҳанд, ҳангоми иҷрои вазифаҳои донорӣ барои ҳодисаи осеби бемориҳои сирояткунанда суғуртаи ҳатмӣ карда мешавад.

4.Муоинаи тиббии донорҳо пеш аз додани хун ва ҷузъҳои он, инчунин додани маълумотнома дар бораи вазъи саломатии онҳо ройгон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 10.Чораҳои дастгирии иҷтимоии донорҳо

1.Донорҳо дар рӯзи супоридани хун аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор бо хӯроки ройгон таъмин карда мешаванд. Донорҳо ҳуқуқ доранд пас аз супоридани хун бар ивази хӯрок ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷуброни пулӣ гиранд.

2.Дар рӯзи супоридани хун, ҷузъҳои он ва муоинаи тиббӣ кормандоне, ки донор мебошанд, аз ҷониби корхона ва ташкилоту муассиса бо нигоҳдории маблағи миёнаи музди меҳнат ҷавоб дода мешаванд.

3.Ҳангоми супоридани хун ва ҷузъҳои он дар давраи рухсатии меҳнатӣ, рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои ид ба донор мувофиқи хоҳиши ӯ рӯзи дигари иловагии истироҳат пешниҳод карда мешавад.

4.Ба донорҳое, ки дар давоми сол хун ва ҷузъҳои онро ба андозаи ду вояи ниҳоӣ (800-1000 мл) беподош супоридаанд, имтиёзҳои иловагии зерин пешниҳод мегарданд:

-кӯмакпулии корношоямии муваққатӣ ҳангоми ҳама намудҳои беморӣ ба андозаи пурраи музди меҳнат, новобаста аз собиқаи корӣ дар давоми сол;

-аз ҷои кор ва ё таҳсил таъмин кардан бо роҳхатҳои имтиёзнок барои табобати санаторию курортии бенавбат дар давоми сол.

 

Моддаи 11. Чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсоне, ки бо унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» мукофотонида шудаанд

1.Шахсоне, ки мувофиқи Қонуни мазкур, новобаста аз собиқаи донорӣ: мардон на камтар аз 20 литр ва занон на камтар аз 15 литр хун ва ё плазма супоридаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» барои гирифтани унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» пешниҳод карда мешаванд.

2.Шаҳрвандоне, ки бо унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» мукофотонида шудаанд, ҳуқуқҳои зеринро доранд:

-табобати бенавбат дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ;

-тайёр кардан ва таъмири ройгони дандонҳои ориятӣ (ғайр аз металҳои қиматбаҳо) дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории тандурустӣ;

-хариди имтиёзноки доруворӣ аз мақомоти давлатӣ (бо 50% арзиши онҳо) бо дорухати муассисаҳои давлатии тандурустӣ;

-аз ҷои кор ва ё таҳсил гирифтани роҳхатҳои имтиёзноки табобатии санаторию курортӣ;

-гирифтани рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дар вақти барои онҳо мувофиқ;

-рафтуомади ройгон дар ҳама намуди нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ тибқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3.Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо унвони «Донори ифтихории СССР» сарфароз  гардонида шудаанд, аз ҳама гуна  имтиёзҳое, ки барои шаҳрвандони бо унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» сарфароз гардонидашуда пешбинӣ шудаанд, истифода мебаранд.

 

Моддаи 12. ӯҳдадориҳои донорҳо

1.Шаҳрванде, ки розигии худро  барои донори хун ва ҷузъҳои он шудан додааст, ӯҳдадор аст, ки ҳамаи маълумоти ба худ маълумро дар бораи бемориҳои аз сар гузаронидааш ва бемориҳои доштааш, инчунин истеъмоли маводи мухаддир хабар диҳад.

2.Шаҳрванде, ки огоҳона, қасдан маълумотҳоро нисбати ҳолати саломатиаш пинҳон ва ё ғалат маънидод  мекунад, бо ин амалҳои худ ба саломатии шахсе, ки ба ӯ хун мегузаронанд, таъсири ҷиддӣ расонида бошад ва ё расонад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида  мешавад.

 

БОБИ 3.

ТАШКИЛИ ДОНОРИИ ХУН ВА ҶУЗЪҲОИ ОН

 

Моддаи 13. Муассисаҳои тандурустие, ки бо тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд

1.Тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои онро муассисаҳои тандурустии давлатӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисиашон ин намуди фаъолият ба сифати фаъолияти асосӣ нишон дода шудааст, анҷом  медиҳанд.

2.Дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ бо мақсади тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он шӯъбаҳои хунгузаронӣ ташкил кардан мумкин аст.

3.Талабот нисбати муассисаҳои тандурустӣ (воҳидҳои зерсохторӣ), ки ба тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

4.Тартиби тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он аз тарафи  Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 14. Назорати сифати хуни донорӣ ва ҷузъҳои он

1.Назорати сифати хуни донорӣ ва ҷузъҳои он тибқи тартиби муқарраркардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми дахлдори соҳаи тандурустӣ амалӣ карда мешавад.

2.Тартиби ҳамкориҳои  мутақобилаи муассисаҳое, ки ба тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд, бо корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ аз хуни донорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

 

БОБИ 4.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 15. Тартиби иваз намудани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, доруворӣ аз хуни донорӣ ва баровардани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Тартиби иваз намудани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, доруворӣ аз хуни донорӣ, ки бо иштироки муассисаҳои тиббии хориҷӣ сурат мегирад, аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2.Берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, доруворӣ аз хуни донорӣ, танҳо дар ҳолатҳои расонидани кӯмаки таъҷилии башардӯстона ва ҳолатҳои фавқулодда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

3.Фурӯхтани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, дорувории аз хуни донорӣ тайёркардашуда бо мақсади ба даст овардани фоидаи молиявӣ инчунин ба дигар давлатҳо манъ аст.

 

Моддаи 16. Ташкили донории хун ва ҷузъҳои он дар ҳолатҳои фавқулодда

1.Ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда-садамаҳо, зуҳуроти табиии хатарнок, фалокатҳо, офатҳои табиӣ, эпидемияҳо ва дигар офатҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳалҳои алоҳидаи он ба вуқӯъомада, ташкили донории хун ва ҷузъҳои он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад.

2.Ҳамаи чорабиниҳо оид ба  ташкили донории хун ва ҷузъҳои он, дар ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур нишон дода шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор барои риоя накардани муқаррароти Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 18. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани хун ва ҷузъҳои он»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи додани хун ва ҷузъҳои он» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, №2, мод.32; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, №3, мод.48; с.1998, № 23-24, мод.332) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ РАҲМОН

 

ш.Душанбе, 26 марти соли 2009,

№ 503

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ