Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 309
Ном ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ БАЪЗЕ НАМУДҲОИ МАҲСУЛОТИ НАФТ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 30.07.2007
Матн

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007, №7, мод.671)

 

 

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми июни соли 2007, № 649 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 6, моддаи 500) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми июли соли 2007, № 380 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 7, моддаи 722) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар ҷараёни истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулот нафт (минбаъд - маҳсулоти нафт): бензин (ба истиснои авиатсионӣ), сӯзишвории дизелӣ ва мазут ба миён меоянд, танзим менамояд.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

-нафт – моеъи равғанмонанди сӯзанда,ки дар қабати такшини замин паҳн шуда, маъдани фоиданоки муҳим ба ҳисоб меравад ва омехтаи карбогидридҳо, баъзе намудҳои сикланҳо, аренҳо ва пайвастагиҳои оксигендор, нитрогендор ва сулфурдор мебошад. Тавассути буғронии нафт бензин, сӯзишвории реактивӣ, карасин, сӯзишвории дизелӣ ва мазут истеҳсол карда мешавад;

-маҳсулоти нафт – омехтаи карбогидридҳо ва ҳамчунин пайвастагиҳои химиявии алоҳида, ки аз нафт ва газҳои нафтӣ истеҳсол карда мешаванд ва ба сифати сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, муҳити ҳимояи барқӣ, ҳалкунандаҳо ва ашёи нафтухимиявӣ истифода бурда мешавад;

-нуқтаи автоматикии пуркунандаи сӯзишворӣ (НАС) – маҷмааи технологии муҷаҳҳазе, ки дар онҳо маҳсулоти нафт нигоҳ дошта ва ба тарзи чакана фурӯхта мешавад;

-базаи маҳсулоти нафт – анбори мол, ки барои нигоҳ доштан ва ба тарзи яклӯхт фурӯхтани маҳсулоти нафт таъин гардидааст;

-манбаи ягонаи маълумот – манбаи электронии маълумот доир ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафт, ки дар асоси иттилооти мақомоти давлатӣ ва сохторҳои тиҷоратии дар доираи салоҳияти худ ба танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафт машғулбуда фароҳам меоянд;

-махлутонӣ – омехта кардани якчанд таркиб бо мақсади ҳосил кардани маҳсулоти нафтии сифати матлуб;

-ҳаҷми камтарини истеҳсоли маҳсулоти нафт – ҳаҷми маҳсулоти нафт, ки корхонаҳои истеҳсоли нафту газ ва ё дигар сохторҳо бояд ҳар моҳ дар давоми соли тақвимӣ на камтар аз андозаи тасдиқкардаи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи энергетика ҳаҷми таҳвили нафти хом, маҳсулоти нафт ва (ё) конденсати газ истеҳсол кунанд;

-маҳсулоти бесифати нафт – маҳсулоти нафте, ки ҷавобгӯи талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба стандартонӣ намебошад;

-муомилоти маҳсулоти нафт – харидан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ҳамлу нақл, содироту воридоти маҳсулоти нафт;

-савдои яклухти (умдаи) маҳсулоти нафт – маҳсулоти нафтро фурӯхтани (таҳвил додани) истеҳсолкунандагон ва таҳвилкунандагони нафт, ҳамчунин аз тарафи шахсоне, ки маҳсулоти нафтро бо мақсади савдои минбаъда мустақиман аз база мефурӯшанд;

-ҳуҷҷати истеҳсолот – ҳуҷҷати шаклаш маъмуле, ки нишондиҳандаи иқтидори истеҳсолии истеҳсолкунандаи маҳсулоти нафт, хусусиятҳои асосии он ва танзими истифодаи таҷҳизоти мавҷударо барои риояи ҷараёни технологии истеҳсолот инъикос мекунад;

-таҳвилкунандаи нафт (нафтфиристонанда) – ташкилоти нафт ва (ё) газистеҳсолкунанда ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, ки барои коркард нафти хом ё конденсати гази худро мефиристанд;

-истеҳсолкунандаи маҳсулоти нафт – ташкилоти коркарди нафту газ, ки барои истеҳсоли маҳсулоти нафт иҷозатнома дорад ва фурӯши маҳсулоти нафтро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад;

-истеҳсоли маҳсулоти нафт – маҷмӯи корҳои вобаста ба коркарди нафти хом ва конденсати газ, ҳамчунин оид ба махлутонӣ, ки дар натиҷаи он маҳсулоти нафт, мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба стандартонӣ истеҳсол мешавад;

-савдои чаканаи маҳсулоти нафт – ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фурӯхтани маҳсулоти нафт бе мақсади фурӯхтани он;

-борхат – ҳуҷҷати шакли ягона, ки барои назорати ҳаракати маҳсулоти нафт дар тамоми роҳ аз фиристода шудани маҳсулот то қабул карда гирифтани он таъин шуда, барои ба расмият даровардани корҳои супоридану қабул карда гирифтани маҳсулоти нафт зарур аст – бланки (ҳуҷҷати) ҳисоботи қатъӣ;

-мақомоти ваколатдори давлатӣ – мақомоти давлатӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ва танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафтро дар доираи салоҳияти муайяннамудаи Қонуни мазкур амалӣ месозад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт

Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад. Дигар мақомоти давлатӣ низ ҳуқуқ доранд баъзе масъалаҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафтро аз рӯи салоҳияти худ, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, танзим гардонанд.

Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафт инҳоро дар бар мегирад:

-иҷозатнома додан барои фаъолият оид ба истеҳсоли маҳсулоти нафт;

-муқаррар намудани ҳаҷми камтарини истеҳсоли маҳсулоти нафт бо шарти тасдиқи таҳвили ҳаҷми нафти хом ва конденсати газ аз тарафи мақомоти давлатии соҳаи энергетика;

-назорат кардан ба муомилоти маҳсулоти нафт мутобиқи салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдор ва дигар мақомоти давлатӣ, ҳамчунин ба тариқи мониторинг ба воситаи манбаи ягонаи маълумоти истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафт, ҷорӣ кардани борхат ва муқаррар намудани тартиби эъломиякунонӣ;

-назорати сифати маҳсулоти нафт.

 

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

-самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафт муайян мекунад;

-дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафтро қабул ва нашр мекунад;

-содироту воридоти маҳсулоти нафтро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд;

-мақомоти давлатиро, ки ба истеҳсоли маҳсулоти нафт иҷозатнома медиҳад, муайян менамояд;

-таҳвили нафти хом ва конденсати газро ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад;

-шакл, тартиб ва мӯҳлати пешниҳод намудани маълумотеро, ки барои амалӣ гардонидани мониторинг зарур аст, муайян мекунад;

-дигар вазифаҳои муқаррарнамудаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷо меоварад.

 

Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ

Мақомоти ваколатдори давлатӣ:

-дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи танзими давлатии истеҳсол, фурӯш ва муомилоти нафт қабул ва нашр мекунад;

-мониторинги фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт, таҳвилкунандагони нафт ва шахсонеро, ки маҳсулоти нафтро аз базаҳои он мефурӯшанд, ба амал мебарорад;

-манбаи ягонаи маълумот ва ҳамзамон тавозуни истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафтро тартиб медиҳад;

-шакл, тартиб ва мӯҳлати аз тарафи мақомоти дигари давлатӣ ба манбаи ягонаи маълумот фиристодани маълумотро доир ба ҳаҷми истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафт ва дигар иттилооти заруриро муайян мекунад;

-қоидаҳои ба расмиятдарории борхатро таҳия ва тасдиқ мекунад;

-шакл, тартиб ва мӯҳлати пешниҳод намудани эъломия (декларатсия)-ро муайян мекунад.

 

Моддаи 6. Салоҳияти дигар мақомоти давлатие, ки танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафтро ба зимма дорад

Мақомоти давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ, метрология ва сертификатонӣ:

-мувофиқати маҳсулоти нафтро ба талаботи муқррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба стандартонӣ назорат мекунад;

-корҳои оид ба стандартонӣ, метрология ва сертификатонии маҳсулоти нафт, хизматрасонии нуқтаҳои автоматикии пуркунандаи сӯзишворӣ ва базаҳои маҳсулоти нафтро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон идора мекунад;

-бо мувофиқаи мақомоти ваколатдор тартиб ва талаботро оид ба истифодаи асбобҳои назоратии баҳисобгирие, ки маълумотро доир ба ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти нафт ба мақомоти ваколатдор ба тарзи автоматӣ мерасонанд, муқаррар менамояд.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика:

-ҳаҷми камтарини истеҳсоли маҳсулоти нафтро муқаррар менамояд ва ҳаҷми таҳвили нафти хом ва (ё) конденсати газро аз тарафи ташкилотҳои нафтугазҳосилкунӣ ва манбахои дигари ашёи хос тасдиқ мекунад;

-фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафтро оид ба истеҳсоли ҳаҷми камтарини маҳсулоти нафт ҳамоҳанг месозад;

-шакл ва тартиби пур намудани ҳуҷҷати истеҳсолотро муайян мекунад;

-ҳуҷҷати истеҳсолотро бо мувофиқаи мақомоти давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ менамояд;

-аз тарафи ташкилотҳои коркарди нафту газ риоя шудани мӯҳлате, ки анҷом додани корҳои таъмир ва барқароркуниро дар ҳуҷҷати истеҳсолот нишон дода шудааст, мувофиқа ва назорат мекунад;

-бо мувофиқаи мақомоти манфиатдори давлатӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок будани ҳиссаи (квотаи) содироту воридоти маҳсулоти нафтро муайян менамояд.

Мақомоти давлатӣ дар соҳаи савдо бо мувофиқаи мақомоти манфиатдори давлатӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок будани андозаи боҷҳои гумрукӣ, аксизӣ, муҳофизавӣ, зиддидемпингӣ ва ҷуброниро муайян менамояд.

Мақомоти давлатӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ) тарифҳои (нархи) хизматрасонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафтро, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоӣ доранд, оид ба коркарди нафти хом ва (ё) конденсати газ мутобиқи қонунгузории зиддимонополии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист риоя шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бобати ҳифзи муҳити зист ҳангоми истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафт назорат менамояд.

Мақомоти давлатии соҳаи нақлиёт аз ҷониби боркашонҳо риоя шудани талаботи технологиро дар мавриди интиқоли маҳсулоти нафт таҳти назорат мегирад ва эҳтиёт аз сӯхторро таъмин менамояд.

Мақомоти давлатии дар ин модда зикршуда ба мақомоти ваколатдор маълумотро доир ба ҳаҷми истеҳсол ва (ё) муомилоти маҳсулоти нафт ва дигар иттилооти заруриро барои манбаи ягонаи маълумот пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 7. Ҳамкории мақомоти ваколатдор бо дигар мақомоти давлатие, ки истеҳсол ва муомилоти давлатии маҳсулоти нафтро танзим менамояд

Мақомоти ваколатдор бо дигар мақомоти давлатие, ки танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти нафтро ба зимма доранд, ҳамкорӣ намуда, доир ба назорати он чораҳои муштарак меандешад ва мубодилаи иттилоотро ба роҳ мемонад.

Дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи Қонуни мазкур мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин хусус ба унвони мақомоти дахлдори давлатӣ барои дидани чора оид ба рафъи қонуншиканӣ хат навишта, огоҳ менамояд.

 

Моддаи 8. Шартҳои истеҳсоли маҳсулоти нафт

Маҳсулоти нафт истеҳсол карда мешавад:

-бо таҷҳизоте, ки  ҷавобгӯи талаботи ҳуҷҷатҳои дахлдори меъёрӣ оид ба стандартонӣ ва таъмини ченаки ягона аст;

-дар сурати будани ҳуҷҷати истеҳсолот;

-дар ҳолати вуҷуд доштани асбобҳои назорати баҳисобгирие, ки пешниҳоди маълумотро дар бораи ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти нафт ба таври автоматикунонидашуда ба мақомоти ваколатдор мерасонанд.

Танҳо истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт, ки иҷозатнома доранд, ин корҳоро ба ҷо оварда метавонанд:

-махлутонӣ, илова кардани ҳар гуна маҳлулҳо, иловаҳо ва компонентҳо ба бензини молӣ бо мақсади баланд бардоштани рақами октании он;

-махлутонӣ, илова намудани ҳар гуна маҳлулҳо, иловаҳо ва компонентҳо ба маҳсулоти бесифати нафт бо мақсади ҳосил кардани бензини сифати матлуб;

-илова кардани ҳар гуна маҳлулҳо ба сӯзишвории дизелӣ, мазут.

Истеҳсол кардани маҳсулоти нафт бо як таҷҳизот аз тарафи ду ва зиёда аз ин истеҳсолкунандагон роҳ дода намешавад.

 

Моддаи 9. ӯҳдадориҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт

Истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт ӯҳдадоранд, ки:

-талаботи мақомоти давлатиро дар соҳаи энергетика оид ба таъмини ҳаҷми камтарини истеҳсоли маҳсулоти нафт иҷро намоянд;

-нафти хом ва (ё) конденсати газро ба ҳадди иқтидори истеҳсолии худ дар сурати камкории он дар давоми се моҳ тибқи ҳуҷҷати  истеҳсолот барои коркард қабул намоянд;

-бо мақомоти давлатии соҳаи энергетика ҷадвали солонаи корҳои таъмир ва барқароркуниро, ба истиснои зарурати фавран пешгирӣ намудани таҳдиди хатар ба ҷараёни истеҳсолот мувофиқа намоянд;

Ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт истеҳсоли бензини этилишуда, ки ба ҳифзи сиҳатии омма зарари ҷиддӣ меоварад, манъ аст.

 

Моддаи 10. Тартиб додани эъломия (декларатсия) ва мониторинги истеҳсолу муомилоти маҳсулоти нафт

Шахсоне, ки маҳсулоти нафтро истеҳсол мекунанд ва (ё) мефурӯшанд, вазифадоранд ба мақомоти ваколатдор дар бораи боқимондаи маҳсулот ва (ё) ҳаҷми муомилоти маҳсулоти нафт эъломия (декларатсия) пешниҳод намоянд.

Истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт, нафттаҳвилкунандагон ва шахсоне, ки маҳсулоти нафтро аз базаи маҳсулоти нафт мефурӯшанд, вазифадоранд ба мақомоти ваколатдор барои амалӣ гардонидани мониторинг маълумот пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 11. Шартҳои фурӯши маҳсулоти нафт

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоти бензини этилишуда ва ҳамчунин фурӯши маҳсулоти бесифати нафт ва нигоҳ доштани онҳо бе коркарди минбаъда манъ аст.

Маҳсулоти нафтро истеҳсолкунандагони махсулоти нафт, нафттаҳвилкунандагон ва ҳамчунин шахсони ҳуқуқие, ки маҳсулоти нафтро дар нуқтаҳои автоматикии пуркунандаи сӯзишворӣ (НАС) ва базаҳои маҳсулоти нафт мефурӯшанд ва барои хизматрасонӣ сертификат доранд, фурӯхта метавонанд.

Таҳвилкунандагони маҳсулоти нафт метавонанд бо истифодаи асбобҳои баҳисобгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт ва ҳамчунин аз нуқтаҳои автоматикии пуркунандаи сӯзишворӣ ва базаҳои маҳсулоти нафт, ки барои хизматрасонӣ сертификатонида шудаанд, фурӯшанд.

Ба фурӯши маҳсулоти нафт дар нуқтаҳои автоматикии пуркунандаи сӯзишворӣ ва базаҳои маҳсулоти нафт бо шарти вуҷуд доштани низоми компютерии баҳисобгирӣ ва амалиёти кассавӣ зимни ба мақомоти ваколатдор ирсол кардани иттилоот оид ба ҳаҷми савдои маҳсулоти нафт иҷозат дода мешавад.

Маҳсулоти нафтро аз нуқтаҳои автоматикии пуркунандаи сӯзишворие, ки дар маҳалҳои аҳолинишини шумораи одамонашон то даҳ ҳазор нафар, деҳот ва ҳамчунин дар замини таъиноти кишоварзии маҳалли ҷамъшавии техникаи кишоварзии лозимаи корҳои саҳроӣ воқеъ гардидаанд, бо шарти мавҷуд будани низоми соддаи баҳисобгирии савдои маҳсулоти нафт фурӯхтан мумкин аст.

Маҳсулоти нафт аз нуқтаҳои автоматикии пуркунандаи сӯзишвории контейнершакл дар маҳалҳои аҳолинишини шумораи одамонашон то даҳ ҳазор нафар ва ҳамчунин дар деҳот фурӯхта мешавад.

Маҳсулоти нафтро аз нуқтаҳои автоматикии пуркунандаи сӯзишвории сайёр танҳо дар сари заминҳои таъиноти кишоварзии маҳаллии ҷамъшавии техникаи кишоварзии лозимаи корҳои саҳроӣ фурӯхтан мумкин аст.

Истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафт ва шахсоне, ки маҳсулоти нафтро мустақиман аз база мефурӯшанд, вазифадоранд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдор ҳангоми бастани шартномаҳои фурӯши маҳсулоти нафт барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ имтиёзот диҳанд.

 

Моддаи 12. Танзими содироту воридоти маҳсулоти нафт

Содироту воридоти маҳсулоти нафт мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳи тасдиқи (тағйири) арзиши аксизҳо, боҷҳои гумрукӣ, муҳофизавӣ, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ, ҳиссаи (квотаи) содироту воридоти маҳсулоти нафт танзим гардонида мешавад.

 

Моддаи 13. Шартҳои ҳамлу нақли маҳсулоти нафт

Ҳамлу нақли маҳсулоти нафт тавассути нақлиёти махсус таҷҳизонидашуда мувофиқи талаботи марбути ҳамлу нақли бори хавфнок ва риояи қоидаҳои эҳтиёт аз сӯхтор, қоидаҳои истифодаи техникӣ сурат мегирад.

Дар сурати савдои яклухт ва чаканаи маҳсулоти нафт аз ҷониби истеҳсолкунандагон, таҳвилкунандагони нафт ва шахсоне, ки маҳсулоти нафтро мустақиман аз базаҳо мефурӯшанд, дар мавриди ҳамлу нақли махсулоти нафт борхати он ҳатман тартиб дода мешавад.

Ҳуҷҷатҳои бо ҳамлу нақли маҳсулоти нафт алоқаманд бояд ба талаботи барои ҳамлу нақли бори хавфнок тавассути ҳар намуди нақлиёт муқарраршуда  мувофиқат намояд.

 

Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 15. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭ.Раҳмонов

 

ш.Душанбе, 30 июли соли 2007

№ 309

 

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ