Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 240
Ном ДАР БОРАИ ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ПОЙМОЛ НАМУДАНИ КИШТЗОР, ЗАРАР РАСОНИДАН БА ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ, ТУТЗОР ВА ДИГАР ДАРАХТУ БУТТАЗОР
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 05.03.2007
Матн

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ,

тутзор ва дигар дарахту буттазор

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007, №3, мод.173)

 

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми декабри соли 2006,     № 431 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 12, мод. 634) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми феврали соли 2007, № 282 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 2, мод.82) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ тутзор ва дигар дарахту буттазори Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур муҳофизат намудани киштзор, зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор, муайян намудани ҷавобгарӣ барои поймол намудани онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Товони зараре, ки барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор рӯёнида мешавад

Товони зараре, ки дар натиҷаи поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор, ҳосили ғундоштаи дар саҳромонда ва буттаву дарахтони мевадори соҳаи кишоварзӣ, ки аз тарафи шаҳрвандон ё худ тавассути воситаҳои техникӣ ва чорво ба ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ба шахсони дигар расидааст, аз зараррасон ситонида мешавад.

 

Моддаи 4. Боздошти чорвое, ки киштзорро поймол кардааст, ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор зарар расонидааст

Чорвое, ки киштзорро поймол кардааст, ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор зарар расонидааст ва ҳосили ғундоштаи дар саҳромондаи зироатҳоро нобуд намудааст бо риояи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавриди зарурат  аз тарафи ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон то ёфтани соҳибонашон дар асоси санади комиссияи салоҳиятдор боздошта мешавад.

 

Моддаи 5. Маблағи товони зарар барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор

Маблағи товони зарар барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои  кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор ба ҳисоби корхонаҳо, ташкилотҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон аз ҷониби зараррасон гузаронда мешавад.

Маблағи ҷарима мутобиқи меъёрҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷети маҳаллӣ супорида мешавад.

 

Моддаи 6. Рӯёнидани товони зараре, ки барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор расонида шудааст

Барои поймол намудани киштзор, расонидани зарар ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор ва ҳамчунин киштзори зироатҳои озуқаворӣ ва тухмие, ки корхонаю муассисаҳо навъи онҳоро месанҷанд, товони зарар бояд ба андозаи панҷкаратаи ҳосили ин зироатҳо бо нархҳои харид ва шартномавӣ муайян карда шавад.

 

Моддаи 7. Товони зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шудааст

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд товони зарареро, ки бо поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор расонда шудааст, тибқи андоза ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.

 

Моддаи 8. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, барои вайрон намудани Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 9. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор ва хароб кардани зироатҳо, тутзор ва ниҳолзор»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор ва хароб кардани зироатҳо, тутзор ва ниҳолзор» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, №13, моддаи 242) беэътибор дониста шавад.

 

Моддаи 10. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

 

         ш.Душанбе, 5 марти соли 2007

         № 240

 

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ