Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 221
Ном ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҒИЗОДИҲИИ ТАБИИИ КӮДАКОН
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Аз эътибор соқитшуда
Сана 22.12.2006
Матн

Бо Кодекси тандурустии ҶТ аз 30.05.2017 с., №1413

АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТА ШУД

 

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, №12, мод. 545)

  

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2006, № 393 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 11, моддаи 494) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми декабри соли 2006, № 251 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 12, моддаи 605) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Боби 1.

Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Мақсад ва вазифаҳои  Қонуни мазкур

Мақсади  Қонуни мазкур аз муҳайё кардани шароити зарурие иборат аст, ки ҳифзи саломатии модару кӯдак, ғизодиҳии дурусти кӯдакони ширмак (тифлон) ва кӯдакони хурдсолро таъмин намояд.

Вазифаҳои Қонуни мазкур  иборатанд аз:

- тарғиб, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии  ғизодиҳии табиии (синамаконии)  кӯдакон;

- баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ;

- таҳкими саломатӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоии занон вобаста ба ҳифзи  саломатии кӯдакони ширмак (тифлон) ва кӯдакони хурдсол;

- танзими ҳуқуқии муомилоти ғизои кӯдакон;

- аҳамият ба  ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамчун ҷанбаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои  асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ивазкунандаи шири модар  - ҳама гуна ғизои ба фурӯшбаровардашуда ё ба  тарзи дигар пешниҳодшаванда, ки шири модарро қисман ё пурра  иваз менамояд;

- ғизои кӯдакон -  ғизои омехтаи кӯдакон, ҳама гуна ғизои дигари барои кӯдакони ширмак мувофиқ, ғизои омехта барои  кӯдакони   ширмаки синнашон нисбатан калон;

- ғизои иловагӣ - ҳама гуна ғизое, ки  ҳамчун ғизои иловагӣ ба шири модар,  ба ғизои омехтаи кӯдакон ё ба ғизои омехтаи кӯдакони ширмаки  синнашон нисбатан калонтар мувофиқ мебошад ё ба сифати ғизои мувофиқ  пешниҳод карда мешавад;

- ғизои таъинотӣ - ғизои кӯдакон ва шишачаҳои ширмаконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ), макаку пистонак;

- ғизои омехтаи кӯдакон - ғизои ширӣ ё ширмонанди ҳайвонот ё набототӣ, ки дар саноат мутобиқи стандартҳои давлатӣ ё стандартҳои байналмилалии озуқа истеҳсол гардида, онро Комиссияи  байналмилалӣ оид ба стандартҳои озуқа  барои қонеъгардонии талаботи кӯдакон ба ғизо аз давраи таваллуд то шаш моҳи аввали ҳаёти онҳо тасдиқ кардааст;

- ғизои омехтаи кӯдакони ширмаки синнашон нисбатан калон –ғизои ширӣ ё  маҳсулоти ширмонанди ҳайвонот ё набототӣ, ки дар саноат мутобиқи стандартҳои  давлатӣ ё стандартҳои   байналмилалии озуқа истеҳсолгардида, онро Комиссияи байналмилалӣ оид ба стандартҳои озуқа тасдиқ кардааст ва чун ғизои мувофиқ барои кӯдакони ширмакиаз  шашмоҳа калон  ва кӯдакони хурдсол пешниҳод мешавад;

- паҳнкунанда  - шахси  воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фурӯши яхлухт ё чаканаи   ғизои таъинотӣ машғул аст;

- кӯдакони  ширмак (тифлон) - кӯдакони то 12 - моҳа;

- кӯдакони хурдсол  - кӯдакони аз 1 то 3 – сола;

- ғизодиҳии табиӣ (синамаконӣ) -  ғизодиҳии табииикӯдакони ширмак (тифлон) ва кӯдакони  хурдсол;

- муассисаи тиббию санитарӣ -  муассисаи давлатӣ ё ғайридавлатие, ки бевосита ё бавосита кӯмаки  тиббию санитарӣ мерасонад ё бо  маърифати  тиббию санитарӣ машғул аст;

- корманди тиб - духтур, ҳамшираҳои шафқат ва момодояҳое, ки кӯмаки  тиббию санитарӣ мерасонанд ё бо маърифати  тиббию санитарӣ машғуланд;

- тамғакоғаз (этикетка) - ҳама гуна тамғачаспак, тамға, нишона,  маводи тавсифӣ, ки ба борбанди ҳама гуна ғизои таъинотӣ ширеш ё сабт  шудааст;

- намуна - ғизои таъинотии алоҳида ё миқдоран каме, ки ройгон пешкаш карда мешавад;

- муомилоти ғизои кӯдакон - фаъолияти мақомоти давлатӣ, инчунин корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, ки  ғизои таъинотиро истеҳсол  ва  коркард менамоянд, нигоҳ медоранд, интиқол медиҳанд, мефиристанд, мефурӯшанд, тақсим мекунанд, нобуд месозанд, вориду содир менамоянд;

- истеҳсол - ҷараёни технологие, ки барои ба таври силсилавӣ ба даст овардани ғизои таъинотӣ равона гардидааст;

- интиқол - дар ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба навъи нақлиёти истифодашаванда, аз як ҷой ба ҷои дигар бурдани  ғизои таъинотӣ;

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

Амали Қонуни мазкур   муносибатҳои зеринро фаро мегирад:

- байни мақомоти давлатӣ, шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба муҳайё кардани шароити мусоид барои ғизодиҳии табиии  кӯдакон;

- марбут ба муомилот ва рекламаи   ғизои омехтаи кӯдакон,  ғизои бадалкунандаи шири модар, аз ҷумла   ғизои иловагӣ, инчунин шишачаҳои шир (ширдӯшӣ), макаку пистонак.

 

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ва назорати давлатии   муомилоти   ғизои кӯдакон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи  ғизодиҳии табиии кӯдакон ва назорати давлатии муомилоти ғизои кӯдакон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур  ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 5. Кафолатҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии модарони ширмакон  ва кӯдакони онҳо

Давлат ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои модарони ширмакон  ва кӯдакони онҳоро, ки аз тарафи сохтори мақомоти давлатӣ амалӣ гардонида мешавад, кафолат медиҳад.

Ба ғайр аз тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, оилавӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои дигари модарони ширмакон, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ин гурӯҳ ба имтиёзҳои зерин ҳуқуқ дорад:

- хизматрасонии бенавбат дар муассисаҳои тиббӣ, савдо ва хӯроки умумӣ, новобаста аз шаклҳои моликият ва тобеияти идоравӣ;

- бенавбат харидани чипта ба ҳама гуна  намуди нақлиёт;

- истифодаи ройгон аз хизматгузории хонаи модару кӯдаки марбути   саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳ ва терминалҳои нақлиёти автомобилӣ;

- ройгон бо худ гирифта бурдани кӯдакони ширмаку кӯдакони хурдсоли худ бо нақлиёти ҳавоӣ, обӣ, роҳи оҳан ва нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашониистифодаи умумӣ.

Бо мақсади муҳайё сохтани шароити мусоид барои модарони ширмакон дар ҳамаи терминалҳои нақлиёти автомобилӣ, фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, дар корхонаҳои калони саноатӣ, тиҷоратӣ ва дигар корхонаҳо ҳуҷраҳои махсуси модару кӯдак пешбинӣ карда мешаванд.

Дар нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ ва тайёраҳо барои модарони ширмакон ҷойҳои махсуси нишаст  пешбинӣ карда мешаванд.

 

Боби  2.

Ташкил ва амалӣ намудани назорати

давлатии муомилоти   ғизои кӯдакон

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- фаъолиятимақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳимояи  ғизодиҳии табиии кӯдакон, ҳифзи саломатии кӯдакони ширмак ва кӯдакони хурдсол ба роҳ мемонад ва танзим менамояд;

- ҷиҳати иҷрои  санадҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи  ғизодиҳии табиии кӯдакон чораҳо таҳия намуда, тадбирҳо меандешад;

- аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани ӯҳдадориҳои байналмилалии соҳаи мазкурро таъмин менамояд;

-  дигар салоҳиятҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ мегардонад.

 

Моддаи 7. Ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатӣ дар  муомилоти ғизои кӯдакон

Назорати давлатӣ дар муомилоти ғизои кӯдакон аз тарафи мақоми ваколатдор дар соҳаи тандурустӣ, мақомоти дигари давлатӣ дар доираи ваколатҳои муайяннамудаи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 8. Салоҳияти мақоми ваколатдор дар соҳаи тандурустӣ

Мақоми ваколатдор дар соҳаи тандурустӣ:

- аз вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеияти идоравӣ маълумотеро, ки барои баҳисобгирӣ ва назорати фаъолияти онҳо дар  муомилотиғизои таъинотӣ заруранд, талаб менамояд;

- дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ риояи мӯҳлату тартиби нигоҳ доштани   ғизои таъинотиро тафтиш мекунад;

- фаъолияти  ташкилотҳои соҳаи муомилоти  ғизои таъинотиро назорат мекунад;

- маълумотро дар бораи талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бағизои таъинотӣ ҷамъбаст менамояд ва бо тартиби муқарраргардида манзури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардонад;

- ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорати муомилотиғизои таъинотӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд;

- муоинаи саривақтии тиббии модарони ширмакон, кӯдакони ширмак (тифлон) ва кӯдакони хурдсолро ба роҳ мемонад ва   онро назорат мекунад;

- назорати   дар хонаҳо аз ҷониби кормандони тиб мунтазам муоина намудани   кӯдакони ширмак ва кӯдакони хурдсол, инчунин  эмкунии дахлдорро ташкил ва таъмин менамояд;

- барои дар беморхонаҳо якҷоя хобидани модару кӯдаки  ширмак  шароити зарурӣ фароҳам меоварад ва онро назорат мекунад, ба шарте, ки ин ба ҳаёту саломатии онҳо хатар надошта бошад;

- тамоми ғизои таъинотиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба қайд мегирад ва дар сурати мувофиқ будани онҳо ба меъёрҳои дахлдор дар бораи ба қайд гирифтанашон гувоҳнома (сертификат) медиҳад;

- бо тартиби муқарраргардида мониторинги ҳолати татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон, ҳифзи саломатии кӯдакони ширмак (тифлон) ва кӯдакони хурдсол анҷом дода, бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидидоракунии маҳаллӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ мекунад.

 

Моддаи 9. Салоҳияти  мақомоти иҷроияи   маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  бо мақсади татбиқи  сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон, ҳифзи саломатии кӯдакони ширмак (тифлон) ва кӯдакони хурдсол зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои дахлдор:

- ташкили шабакаи шӯъбаву бахшҳои махсуси ташкилотҳои савдоро оид ба фурӯши ғизои таъинотӣ танзим менамоянд, мутобиқи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми кори онҳоро  бо розигии соҳибмулконашон ба мувофиқа расонида, риояи онро таҳти назорат мегиранд;

- бо ризоияти мақомоти ҳифзи табиат ва мақомоти дигари давлатӣ ҷойҳои нобуд сохтани ғизои таъинотиеро, ки хилофи меъёрҳои муқарраргардида мебошанд, инчунин  ғизои таъинотии мӯҳлати истеъмолаш гузаштаро муайян мекунанд;

- дигар ваколатҳои пешбининамудаи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳимояи ғизодиҳии табиии  кӯдакон ва назорати давлатии муомилоти   ғизои кӯдакон  амалӣ менамоянд.

 

Боби 3.

Муомилоти ғизои таъинотӣ

 

Моддаи 10. Рекламаи  ғизои таъинотӣ

Рекламаи ғизои таъинотӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» сурат мегирад.

 

Моддаи 11. Фурӯши  ғизои  таъинотӣ

Фурӯши яклухт ва чаканаи ғизои таъинотӣ бо риояи меъёру қоидаҳои амалкунандаи савдо, санитарӣ ва ғайра анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 12. Маҳдуд кардани фаъолияти истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи ғизои таъинотӣ

Ба истеҳсолкунанда  ва паҳнкунандаи   ғизои таъинотӣ бевосита ё ба воситаи шахсони дигар иҷро намудани амалҳои зерин манъ аст:

- истифодаи усулҳои фурӯши ғизои таъинотӣ ба монанди ташкили намоиши махсус ва  фурӯши  ғизо, мукофотонӣ, гузаронидани бозиҳо ва ҳар гуна озмунҳо, аз арзиши аслӣ пасттар фурӯхтани ғизо, ба шарте, ки он ҷорӣ намудани сиёсат ва амалияи нархгузориро бо мақсади ба муддати дароз бо нархи нисбатан арзон фурӯхтани ин   ғизо маҳдуд накунад;

- ба ҳар гуна шахс супоридани   намунаиғизои мазкур;

- тӯҳфа кардан ё нисбат ба нархи эълоншудаи яклухт арзон фурӯхтан,  агар чунин нарх эълон нашуда бошад, аз нархи чакана 80 фоиз арзонтар фурӯхтани ҳама гуна ғизои таъинотӣ ба кормандони тиб ё ба муассисаҳои тиббию санитарӣ;

- тӯҳфа кардан ё дар муассисаҳои тиббию санитарӣ ба кор бурдани таҷҳизот ё хизматрасоние, ки бо истифодаи   ғизои таъинотӣ алоқаманд аст ё  мусоидат  ба он;

- дар муассисаҳои тиббию санитарӣ тӯҳфа кардан ё  паҳн кардани мавод, аз ҷумла қалам, тақвиму плакатҳо, дафтар, ҷадвали ченаки қад, бозичаҳо, инчунин дигар ашёе, ки ба истифодаи   ғизои таъинотӣ дахл доранд ё ба ин мусоидат карда метавонанд;

- бо ҳар гуна усул  ҳавасмандгардонии кормандони тиб ё иттиҳодияи онҳо (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо ва ғайра), ки бо масъалаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак сарукор доранд, аз ҷумла ҷудо кардани гранту стипендияҳо, кӯмакпулӣ барои тадқиқот ё маблағгузории маҷлису семинарҳо, курсҳои такмили ихтисос ё конференсияҳо;

- сарпарастӣ дар чорабиниҳо, мусобиқаҳо ё маъракаҳои вобаста ба масъалаҳои занони ҳомила ё занони ширмакон,  падару модари кӯдакони ширмак ё кӯдакони  хурдсол ё аъзои оилаи онҳо, инчунин мусобиқаву маъракаҳои марбути ҳомиладорӣ, таваллуд,   ғизодиҳии табиии кӯдакони ширмак ё кӯдакони хурдсол ва ғайра, ки бо ин масъалаҳо алоқаманданд;

- ҳамроҳ кардани ҳаҷми фурӯшиғизои таъинотӣ ба ҳисоби мукофотонӣ ё иловапулии кормандон ё муқаррар намудани супориши камтарин барои фурӯши ғизои таъинотӣ;

- тӯҳфа ё паҳн намудани ҳар гуна маводи  иттилоотӣ ё маърифатии санитарӣ оид ба   ғизодиҳии табиии  кӯдакони ширмак ва кӯдакони хурдсол  ё  иҷрои вазифаҳои вобаста ба  ғизодиҳии табиии кӯдакони ширмак ё кӯдакони хурдсол, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо иттилоотро оид ба   ғизои таъинотӣ манзури кормандони тиб менамоянд ва  бо  маводи илмӣ ва воқеӣ  маҳдуд буда, ба ҷиҳатҳои техникӣ ва усулҳои истифодаи ғизои мазкур дахл доранд ва танҳо  ба шарте, ки  агар онҳо ҷавобгӯи талаботи боби 4  Қонуни мазкур  бошанд.

 

Моддаи 13. Маҳдудиятҳое, ки ба тамғакоғазҳои   ғизои таъинотӣ дахл доранд

Истеҳсолкунанда ё  паҳнкунандаи ғизои таъинотӣ ҳуқуқ надорад ғизои кӯдаконро,  ба ҷуз шартҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ба тариқи яклухт ё чакана фурӯшад, агар дар борҷома ё тамғакоғази онҳо ба забони давлатӣ возеҳу хоно маълумоти зайл   сабт нашуда бошад:

- таркиб ва миқдори  моддаҳоиғизоӣ;

- синну соли зарурӣ (бо рақам ишорашуда), ки баъди расидан ба он ғизо тавсия карда мешавад;

- хавфу хатаре, ки дар сурати   нодуруст пухтан ё ғизодиҳӣ то синну соли тавсияшуда ба саломатии кӯдак таҳдид менамояд;

- ҷузъу таркибҳои истифодашуда бо ишораи ҷои истеҳсоли шир ё ғизои ширмонанди истифодашаванда;

- шароити зарурии нигоҳ доштани ғизо пеш аз кушодани борбанд ва баъди он, бо назардошти вазъи иқлим;

- рақами намуд(гурӯҳ), таърихи истеҳсол ва санае, ки ғизо бояд пеш аз гузаштани он, бо назардошти вазъи иқлим  ва шароити нигаҳдошт мавриди истеъмол қарор гирад;

- ном ва нишонии истеҳсолкунанда ё  паҳнкунанда;

- талаботи дигари тавсиянамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Истеҳсолкунанда ё  паҳнкунанда ҳуқуқ надорад ғизои омехтаи кӯдаконро ба ҷуз шартҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ба тариқи яклухт ё чакана фурӯшад,  агар  дар борбанд ётамғакоғази он ба забони давлатӣ возеҳу хоно  маълумоти зайл сабт нашуда бошад:

- дар бораи афзалият ва манфиати шири модар барои саломатии кӯдак;

- дар бораи зарурати маслиҳати духтур, қабл аз оғози истифодаи ғизои иловагӣ;

- дар бораи тарзу усули пухтан, ҷадвали ғизодиҳӣ, риояи гигиена ва шуста партофтани пасмондаи омехтаҳои пухташуда.

Дар борҷома ё тамғакоғаз сабт намудани чунин истилоҳот ба монанди «мисли шири модар», «беҳтар аз шири модар» ё истилоҳоти ба ин монанд,  инчунин ҳар гуна қиёс бо шири модар ё матнҳое, ки бо ин ё он усул барои  ғизодиҳии табиии  кӯдак монеъ мешаванд ё аҳамияти онро паст мезананд,манъ аст.

Дар борҷома ё тамғакоғази ғизои омехтаи кӯдакони ширмаки синнашон калонтар  ғайр аз шартҳои дар қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда пешбинигардида  бояд маълумоте сабт шуда бошад, ки ин ғизоро ба кӯдакони аз шашмоҳа хурд низ додан мумкин нест.

Ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани  ғизои таъинотии дар ҳамин модда пешбинишуда  дар борҷома ё тамғакоғази онҳо  маълумоти зикргардида бояд ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода шаванд.

 

Моддаи 14. Маҳдудиятҳое, ки ба тамғакоғази шишачаҳои шир (ширдӯшӣ), макаку пистонакҳо дахл доранд

Истеҳсолкунанда ё  паҳнкунанда ҳуқуқ надорад шишачаҳои шир  (ширдӯшӣ), макаку пистонакҳоро ба тариқи яклухт ё чакана фурӯшад, ба шарте, ки   дар борҷома ё тамғакоғази он маълумоти зерин ба забони давлатӣ аниқу равшан ва басо аёну осонхонсабт нашуда бошад:

- дар бораи афзалият ва манфиати шири модар барои саломатии кӯдак;

- дар бораи зарурати риояи қатъии дастури шустан ва қатрон (стерилизатсия) кардан, ки бояд бо навиштаҷот ва суратҳо ифода ёфта бошанд;

- дар бораи он, ки муддати дароз макаку пистонакҳоро макидани кӯдакон, инчунин  муддати дароз  истеъмол намудани  ғизои моеи ширин, аз ҷумла ғизои омехта боиси пӯсидани дандони кӯдак мегардад;

- дар хусуси суроғаи истеҳсолкунанда ё  паҳнкунанда дар мамлакат.

 

 

Боби 4.

Иттилоот ва маърифати санитарӣ

 

Моддаи 15. Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ дар бораи  ғизодиҳии табиии  кӯдакон

Маводи иттилоотӣ ё маърифатӣ (хаттӣ, савтӣ ё аёнӣ) марбут ба ғизодиҳии табиии  кӯдакон бояд:

- ғизодиҳии табиӣ, фоида ва эҳтимоли зиёни онро ҳангоми иваз намудан бо ивазкунандагони шири модар тарғиб намояд;

- танҳо иттилооти дурустро фаро гирифта, дар он ягон тасвир ё матне, ки аз шишачаҳои шир (ширдӯшӣ) ғизо доданро ташвиқ менамояд ё монеаи   ғизодиҳии табиии кӯдак мегардад, истифода нашуда  бошад;

- ба забони давлатӣ баён гардида бошад;

- ҳаргиз таассурот ё тасаввуротеро, ки  ғизои таъинотӣ баробари шири модар ё монанди он аст ва ё хубтар аз  он, ё беҳтар аз   ғизодиҳии табиӣ  аст, ба миён наоварад;

- дорои ном ё тамғаи (нишонаи) ягон ғизои таъинотӣ ё ягон истеҳсолкунанда ва ё  паҳнкунандаи ғизои таъинотӣ набошад, ба шарте, ки ин  муқаррарот нисбат ба иттилоот оид ба ғизои таъинотӣ, ки мутобиқи  талаботи  Қонуни мазкур манзури   кормандони нигаҳдории тандурустӣ шуда бошад, татбиқ намегардад;

- аҳамияту манфиат, арзиш ва бартарияту  афзалияти   ғизодиҳии табииро  хусусан дар давоми шаш моҳи аввал ва  минбаъд то ду сол ё  бештар аз ин равшану возеҳ  фаҳмонад.

 

Моддаи 16. Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ доир ба ғизои омехтаи кӯдакон,   ғизои омехта барои кӯдакони ширмаки  хурдсол  ва  дар  бораи  шишачаҳои шир   (ширдӯшӣ)

Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ оид ба   ғизои омехтаи   кӯдакон, ғизои омехта барои кӯдакони ширмаки синнашон калонтар   ё  ҳар гуна ғизо ё моеи дигар барои аз шишачаҳои шир (ширдӯшӣ) маконидани кӯдак бояд маълумоти зеринро ба забони давлатӣ дошта  бошанд:

- дар бораи дуруст пухтан ва истифода кардани ғизо, аз ҷумла шустушӯ ва қатрон намудани зарф ва макак, аз пиёла хӯронидани кӯдакони ширмак;

- дар бораи аҳамияти тахминан аз шашмоҳагӣ ба кӯдак додани   ғизои иловагӣ, чӣ тавр ва чаро аз шишачаи шир (ширдӯшӣ)  маконидани  кӯдак ё худ барвақт ба кӯдак додани ғизои иловагӣ ба  ғизодиҳии табиии ӯ таъсири манфӣ мерасонад, дар бораи ба саломатии кӯдак хавф доштани аз шишачаи шир (ширдӯшӣ)  маконидани ӯ ва нодуруст пухтани ғизо.

 

Боби  5.

Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 17. Маҳдуд кардани фаъолияти кормандони тиб, ки ба ҳифзи саломатии модару кӯдак машғуланд

Ба кормандони тиб, ки дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак кор мекунанд, иҷрои амалҳои зерин манъ аст:

- гирифтани инъомҳо, ҳар гуна пардохту ҳадя дар ҳар гуна шакл аз истеҳсолкунанда ё аз паҳнкунандаи  ғизои таъинотӣ ё аз ҳар шахси дигаре, ки аз номи онҳо амал мекунад;

- гирифтани намунаи ғизоҳои таъинотӣ ё тақсими онҳо ба ҳар гуна шахс, инчунин намоиш додани истифодаи ғизои омехтаи кӯдакон ба ягон  шахс (ба истиснои баъзе модарон ё аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳоиистисно ва ҳангоме, ки ин зарур аст, дар ин ҳолат низ ҳатман дар хусуси хавфи истифодаи   ғизои омехтаи кӯдакон бояд  равшану  фаҳмо тавзеҳ дод).

 

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 19. Тартиби мавриди  амал  қарор  додани  Қонуни мазкур

Қонуни мазкур баъди интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

 

ш.Душанбе, 22 декабри соли 2006

№ 221

_____________________________

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ