Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 93
Ном ДАР БОРАИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Аз эътибор соқитшуда
Сана 01.03.2005
Матн

 

ЌОНУНИ

ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ

(ЌЉТ аз 27.11.14с., №1155)

 

Бо Ќарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон

аз 26-уми январи соли 2005, № 1303

(Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, № 1, соли 2005, моддаи 19) ќабул гардидааст.

 

Бо Ќарори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон

аз 11-уми феврали соли 2005, № 607

(Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, № 2, соли 2005, моддаи 83) љонибдорї гардидааст.

 

(Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон с.2005, №3, мод.133;

Ќонунњои ЉТ аз 26.07.2014 с., № 1117; аз 27.11.2014 с., № 1155)

 

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии гарави молу мулки манқулро муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба он танзим менамояд. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117; аз 27.11.14с., №1154)

 

ФАСЛИ I

МУЌАРРАРОТИ УМУМЇ

 

БОБИ 1.

ЌОИДАЊОИ УМУМЇ ДАР БОРАИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНЌУЛ

 

Моддаи 1. Мафњумњои асосї

 

Дар Ќонуни мазкур мафњумњои асосии зерин истифода мешаванд:

– гарав– тарзи таъмини иљрои ўњдадориест, ки вобаста ба он кредитор мутобиќи ўњдадории бо гарав таъмингардида (дорандаи гарав) дар њолати иљро нашудани ин ўњдадорї аз љониби ќарздор барои арзиши молу мулки ба гарав гузошташудаи шахсе, ки ин молу мулк ба ў марбут аст (гаравдењ), љињати ќонеъ намудани талаботаш нисбат ба дигар кредиторон њуќуќи афзалиятнок дорад, ба ѓайр аз њолатњои дар ќонун муќаррар кардашуда;

– гаравдењ – шахсе, ки дорои њуќуќи моликият ё дигар њуќуќи ашёї ба предмети гарав мебошад. Гаравдењ худи ќарздори ўњдадории бо гарав таъминшуда ё шахси сеюме шуда метавонад, ки дар ин ўњдадорї иштирок намекунад;

– гаравгир шахсе, ки талабњои ў оид ба ўњдадории асосї бо гарав таъмин шудааст;

молу мулки гаравї – њар молу мулки манќуле, ки аз муомилоти шањрвандї бароварда нашудааст, инчунин њуќуќи молумулкии дар моддаи 4 њамин Ќонун нишондодашудае, ки барои гарав пешнињод мегардад;

молу мулки манќул – ашёе, ки ба молу мулки ѓайриманќул мансуб нест, аз он љумла пул ва коѓазњои ќиматнок;

– даромад аз предмети гаравмолу мулке, ки дар натиљаи бастани аҳд бо предмети гарав ё ањд бо даромади предмети гарав ба даст оварда шудааст; (ЌЉТ аз 27.11.14с., №1155)

хабарномаи гаравӣ – ҳуҷҷате, ки дар шакли коғазӣ ё электронӣ ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод карда мешавад ва маълумоти асосиро оид ба гарав ҷиҳати дохил кардани он ба Феҳрасти ягонаи давлатӣ дар бар гирифта, дастраси умум мебошад; (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

– маќомоти баќайдгиранда – маќомоти адлия, ки мувофиќи њамин Ќонун ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї амал мекунанд ва вазифаи онњо баќайдгирї, таъмини мутобиќати иттилоотии тамоми фењрастњои ањдњои дорои таъмини гаравї ва пешбурди Фењрасти ягонаи давлатии ўњдадорињои гаравї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон мебошад;

– фењрасти ягонаидавлатии ўњдадорињои гаравї(минбаъд-Фењрасти ягонаи давлатї)– манбаи иттилоотии маълумоти ўњдадорињои гаравї, ки дар маќомоти дахлдори адлия оид ба баќайдгирии шартномањои гарав таъсис дода ва пеш бурда мешавад;

– гарави баќайдгирифташуда – гараве, ки аз расмиёти баќайдгирї мувофиќи боби 2 њамин Ќонун гузаштааст;

– идоракунандаи гарав – шахсе, ки гаравгир барои истифода ва идораимолу мулки гаравї аз номи ў ва њалли њар масъалаи бо ин алоќаманд таъин кардааст.

қарзи дебиторӣ – маблағи қарзҳои ба шахс тааллуқдоштае, ки дар натиҷаи муносибатҳои хоҷагидорӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадааст; (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

молҳои омехта – молҳои тақсимнашавандае, ки бо дигар молҳо омехта шуда, аломатҳои мушаххаси ҷисмии худро дар маҳсулоти тайёр гум мекунанд; (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

молҳои пайвастшуда – молҳои тақсимшавандае, ки бо дигар молҳо пайваст шуда, аломатҳои мушаххаси ҷисмии худро дар маҳсулоти тайёр гум намекунанд. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 2. Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи гарави молу мулки манќул

 

Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи гарави молу мулки манќул ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, ќонунњои Љумњурии Тољикистон, њамин Ќонун, дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, инчунин санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофкардаи Љумњурии Тољикистон иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Субъектњо ва заминаи ба вуљуд омадани гарави молу мулки манќул

 

1. Субъектњои муносибатњои гаравї гаравдеҳон ва гаравгирон мебошанд, ки онњо давлат, шахсони воќеї ва њуќуќї буда метавонанд. (ЌЉТ аз 27.11.14с., №1155)

2. Ташкилотҳои қарзӣ амалиётњои ба гарав алоќамандро мутобиќи њамин Ќонун ва дигар ќонунњо ба амал мебароранд. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

3. Гарав дар асоси ќонун ё шартномае (шартномаи гараве) ба вуљуд меояд, ки байни гаравдењ ва гаравгир мувофиќи муќаррароти Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва њамин Ќонун баста шудааст. Ин гуна шартнома ё шартномаи људогона, ё ќисми шартномае шуда метавонад, ки боиси ба вуљуд омадани ўњдадории бо гарав таъминшуда мегардад.

4. Ўњдадорињои гаравї њангоми дар як ваќт мављуд будани шартњои зерин пайдо мешаванд:

1) шартномаи гарав;

2) бо предмети гарав њуќуќи моликият ё дигар њуќуќи ашёї доштани гаравдењ;

3) дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 4. Предмети гарави молу мулки манќул

 

1. Предмети гарав молу мулки манќуле шуда метавонад, ки ба њуќуќи моликият ё дигар њуќуќи ашёї тааллуќ дорад ва аз муомилоти гражданї бароварда нашудааст ё њуќуќе шуда метавонад, ки бо тартиби муќарраркардаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз ихтиёрдорї соќит карда шудааст.

2. Њуќуќи молумулкии ба гаравдењ тааллуќдошта, ки онро аз ихтиёрдорї соќит кардан мумкин аст, аз он љумла њуќуќи иљора, њуќуќ ба њиссаи моликияти умумии якљоя, талабњои ќарзї, њуќуќи гирифтани фоида аз ашёе, ки ба гаравдењ аз рўи њуќуќи моликият тааллуќ надорад, њуќуќи ашёии вобаста ба фаъолияти зењнї ва фаъолиятњои ба он баробаркардашуда, њуќуќ ба коѓазњои ќиматнок дар шакли ќайд ва дигар њуќуќњое (талаботе), ки аз ўњдадорињои шартномавї бармеоянд, предмети гарав шуда метавонанд. Њуќуќи мўњлати амалаш муайян танњо то ваќти адои мўњлати амалаш предмети гарав шуда метавонад.

3. Предмети гарав инчунин ашё ё њуќуќе, ки дар оянда ба вуљуд омада метавонанд, аз он љумла захирањои минбаъдаи мањсулоти тавлидшудаи гаравдењ ё ќарзи дебиторї бе њељ як мањдудкунињо шуда метавонанд. Гарав нисбати молу мулке, ки дар оянда ба моликияти (ё соҳибии) гаравдеҳ мегузарад, аз лаҳзаи аз ҷониби гаравдеҳ ба даст овардани ҳуқуқ ба чунин молу мулки ба вуҷуд меояд. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

4. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад, ашёи асосие, ки предмети гарав аст, чун ашёи воњиди томи якљоя бо лавозимоташ гарав гузошташуда њисобида мешавад. Ќисми молу мулке, ки таќсими он дар шакли асл бе таѓйири таъиноташ имконнопазир аст (ашёи таќсимнашаванда ), предмети мустаќили гарав шуда наметавонанд.

5. Ашёи аз муомилот баровардашуда, талабњои ба шахсияти ќарздор бевосита алоќаманд, аз љумла талабњо дар бораи алиментњо, љуброни зараре, ки ба њаёт ё саломатї ва дигар њуќуќњо расонда шудааст ва ба каси дигар гузашт намудани онњоро ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манъ кардааст, предмети гарав шуда наметавонад.

6. Њукумати Љумњурии Тољикистон метавонад фењрасти объектњоеро ќабул намояд, ки онњо аз сабаби ќимати таърихї, фарњангї ё ањамияти амнияти давлатї доштанашон предмети гарав шуда наметавонанд.

 

Моддаи 5. Њуќуќи ба гарав мондани молу мулк ва њуќуќ

 

1. Њуќуќи ба гарав мондани молу мулк ба молик ё соњиби дигари њуќуќи ашёї ё ба шахсе, ки ин молу мулк дар оянда ба моликияти (ё ихтиёрдории) ў дохил хоњад шуд, ба ѓайр аз истисноњои муќарраркардаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, тааллуќ дорад.

2. Дар сурати ба гарав мондани њуќуќ гаравдењ метавонад танњо шахсе бошад, ки ба ў њуќуќи ба гарави гузошташуда ба истиснои њолатњои муќарраркардаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон тааллуќ дорад ё тааллуќ хоњад дошт.

Шахси дорои њуќуќи истифода њаќ дорад њуќуќи истифодааш, аз он љумла њуќуќи иљораро низ, ки танњо бо розигии иљорадињанда предмети гарав шуда метавонад, ба гарав гузорад, ба шарте, ки ќонун ва ёшартнома дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад.

3. Молу мулке, ки ба гаравдењ бо њуќуќи хољагидорї ё идоракунии оперативї тааллуќ дорад, бо розигии молики он предмети гарав шуда метавонад, агар аз ихтиёрдорї соќит кардани он мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон розигии моликро таќозо намояд.

4. Молу мулкеро, ки аз муомилоти гражданї хориљ ё дар муомилот мањдуд карда шудааст ё молу мулкеро, ки мувофиќи ќонун аз он ситондани пардохтњо мумкин нест, ба гарав мондан раво намебошад.

5. Молу мулке, ки дар моликияти умумии якљоя мебошад, танњо бо розигии хаттии њамаи моликон ё маќоми идоракунандае, ки моликон барои идора кардани молу мулк интихоб кардаанд, ба гарав дода шуда метавонад. Дар сурати баъди ба гарав додани молу мулк пайдо гардидани дигар моликон розигии онњо талаб карда намешавад.

6. Иштирокчии моликияти умумии якљоя њаќ дорад њиссаи дар молу мулки умумї доштаи худро бе розигии дигар моликон ба гарав монад, агар њиссаи њар яке аз моликон дар њуќуќи моликияти умумї муайян карда шуда бошад. Дар сурати бо талаби гаравгир аз њисоби ин њисса ситондани пардохтњо њангоми фурўши он ќоидањои Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон дар бораи њуќуќи бартариятноки хариди њисса дар моликияти умумї ва дар бораи аз њисоби њиссаи молу мулки умумї ситондани пардохтњо татбиќ карда мешавад.

 

Моддаи 6. Ўњдадорињо ва талабњое, ки гарави молу мулки манќул таъмин менамояд

 

1. Дар таъмини ўњдадорињои пулї ё дар шакли пулї ифодаёфта, аз он љумла ўњдадорие, ки ба хариду фурўш, иљора, пудрат ва дигар шартномањои иљрои мўњлатноки ўњдадорињо асос ёфтааст, гарав муќаррар карда шуда метавонад, агар ќонун ё шартнома дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад.

Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад, гарав арзиши ўњдадорињои гаравгирро њангоми аз њисоби гарави муайян рўёнидани пардохтњо, аз он љумла ќисми пардохтнашудаи маблаѓи асосии ќарз, фоизњо, ноустуворона, харољоти асоснок барои нигоњ доштани арзиши молу мулки гаравї, адои товони зиёнњое, ки дар натиљаи гузаронидани мўњлати иљрои ўњдадорї расонда шудаанд, инчунин харољоти аз њисоби предмети гарав рўёнидани пардохтњоро таъмин менамояд. (ЌЉТ аз 27.11.14с., №1155)

2. Иҷрои як ё якчанд ӯҳдадориҳои мавҷуда ё минбаъдаро бо гарав таъмин кардан мумкин аст. Маблағи ӯҳдадориҳо бо пули миллӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо асъори хориҷӣ ифода ёфта метавонад. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

3. Дар сурати иљро карда шудани як ўњдадорї гарав метавонад бе бардоштани манъкунињо ўњдадорињои минбаъдаро таъмин намояд, агар шартнома ба худи њамон тарафњо дахл дошта бошад ва инро шартномаи гарав пешбинї карда бошад.

4. Гаравдењ њаќ дорад аз гаравгир мутаносиб ба иљрои ўњдадории иљрокардашуда, ки набояд аз панљоњ фоиз камтар бошад, кам кардани предмети гаравро талаб кунад.

 

Моддаи 7. Шакл ва мундариљаи шартномаи гарави молу мулки манќул

 

1. Шартномаи гарав бояд дар шакли хаттї бо роњи тањияи њуљљате, ки тарафњо имзо кардаанд, баста шавад.

2. Агар гарав ўњдадорињои шартномаеро, ки бояд ба таври нотариалї тасдиќ карда шавад, таъмин намояд, инчунин дар мавридњои пешбиникардаи созишномаи тарафњо, шартномаи гарав бояд ба таври нотариалї тасдиќ карда шавад.

3.Дар сурати ба шартномаи ќарз ё дигар шартномае, ки таъмини ўњдадории гаравї дорад, дохил кардани шартномаи гарав нисбат ба шакли ин шартнома бояд талабњои барои шартномаи гарав муќарраршуда риоя карда шаванд.

4. Риоя накардани ќоидањои шартномаи гарав, ки дар ќисмњои 1, 2 ва 3 њамин модда муќаррар карда шудаанд, боиси беэътибории шартномаи гарав мегардад. Ин гуна шартнома беэътибор њисоб карда мешавад.

5. Шартномаи гарав бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

1) ном (ному насаб) ва љои воќеияти (љои сукунати) тарафњо;

2) ўњдадории асосии бо гарав таъминшуда;

3) тавсифи инфиродӣ ё умумии предмети гарав; (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

4) маълумот дар бораи мављуд будан ё набудани шартномањои пешинаи гарав оид ба предмети гарав;

5) намуди гарав;

6) андоза ва мўњлати иљрои ўњдадорињое, ки гарав таъмин мекунад;

7) тавсифи инфиродӣ ё умумии ӯҳдадорӣ; (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

8) ҳадди ниҳоӣ ё ҳадди дигари муайяншудаи маблағи бо гарав таъминшуда. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

Тарафњо метавонанд дар шартномаи гарав дигар шартњоро пешбинї намоянд.

6. Арзиши предмети гарав аз рўи созишномаи гаравдењ ва гаравгир муайян карда мешавад. Он дар шартнома бо пул ифода карда мешавад.

Њангоми ба гарав мондани моликияти давлатї (љумњуриявї ё коммуналї) арзёбии он мувофиќи талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон сурат мегирад.

Тарафњои шартномаи гарав арзёбии предмети гаравро ба нархмони мустаќил супурда метавонанд.

7. Тавсифи предмети гарав  инфиродӣ ё умумӣ шуда метавонад то ба дараҷае, ки дар лаҳзаи ба миён омадани масъалаи вобаста ба воқеият, бо навбат ё маҷбуран амалишавии гарав, имконияти муайянкунии предмети гаравро диҳад.(ЌЉТ аз 27.11.14с., №1155)

8.Дар мавридњое, ки ўњдадории гаравї ба ягон шартнома асос ёфтааст, тарафњои ин шартнома ва санаи баста шудани он бояд нишон дода шаванд.

9. Дар мавриде, ки агар маблаѓи ўњдадории бо гарав таъминшаванда дар ояндамуайян карда шавад, дар шартнома тартиб ва дигар шартњои зарурии муайянкунии он бояд нишон дода шаванд.

10. Дар мавриде, ки агар предмети гарав њуќуќи ба гаравдењ тааллуќдоштаи иљора бошад, дар шартномаи гарав молу мулки ба иљора гирифташуда ва мўњлати иљораи он бояд нишон дода шуда бошад.

11. Созишномаи даст кашидани гаравдењ аз њуќуќи худ ё мањдуд кардани он ё созишномаи пеш аз њолати иљро накардан ё ба таври номатлуб иљро кардани ўњдадорињо, предмети гаравиро гирифтани гаравгир эътибор надорад.

 

Моддаи 8. Гарави минбаъдаи молу мулки гаравї (гаравмонии дубора)

 

1. Молу мулке, ки мувофиќи шартномаи гарав барои таъмини иљрои як ўњдадорї (гарави пешина) гарав монда шудааст, барои таъмини иљрои дигар ўњдадорї (гарави баъдина) ба гарав монда шуда метавонад.

2.Гарави минбаъда мумкин аст, агар онро шартномањои пешинаи гаравмонии худи њамон молу мулк, ки амали онњо њангоми бастани шартномаи минбаъдаи гарав ќатъ нагардидааст, манъ накарда бошанд. Агар шартномаи пешинаи гарав шартњоеро пешбинї намояд, ки дар асоси онњо шартномаи минбаъдаи гарав баста шуда метавонад, шартномаи баъдина бояд бо риояи ин шартњо баста шавад.

3. Гаравдењ ўњдадор аст ба њар як гаравгири минбаъда дар бораи тамоми гаравњои мављудаи молу мулки муайян, инчунин хусусият ва андозаи ўњдадорињои таъминкардаи ин гарав хаттї хабар дињад ва ў барои додани товони зарарњое, ки дар натиљаи иљро накардани ин ўњдадорї ба гаравгирњо расонда шудаанд, љавобгар мебошад.

 

Моддаи 9. Муайян кардани навбати гаравгирњо

 

1. Навбати гаравгирњо ба худи њамон як предмети гарав бо санаи баќайдгирии гарав дар маќомоти адлия (гарави ба ќайд гирифташуда) ва дар сурати набудани чунин баќайдгирї бо санаи баста шудани шартномаи гарав муќаррар карда мешавад.

2. Њангоми мављуд будани якчанд гаравгир ба худи њамон як предмети гарав дар навбатнокї ба гарави ба ќайд гирифташуда бартарї дода мешавад. Дар сурати мављуд будани якчанд гарави ба ќайд гирифташуда бартарият аз рўи санаи баќайдгирии гарав ё раќами баќайдгирї, ки маќоми баќайдгиранда додааст, муайян карда мешавад.

3. Дар сурати мављуд будани якчанд гаравгир ба худи њамон як предмети гарави дорои гарави ба ќайд гирифташуда ва ба ќайд гирифтанашуда бартарї дар навбат ба гарави ба ќайд гирифташуда дода мешавад ва баъди онњо навбатнокии гаравњои ба ќайд гирифтанашуда бо санаи баста шудани шартномаи гарав муайян карда мешавад.

4. Агар гарав пеш аз моли омехта ҳисобида шудани предмети гарав ба қайд гирифта шуда бошад, он ба маҳсулоти тайёр татбиқ мегардад. Навбати гарав нисбат ба маҳсулоти тайёр аз лаҳзаи бақайдгирии гарави молҳои омехта, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки дар банди 3) ҳамин қисм пешбинӣ гардидаанд, муайян карда мешавад. Дар сурати ба маҳсулоти тайёр татбиқ гардидани зиёда аз як гарав, навбат тибқи қоидаҳои зайл муайян карда мешавад:

1) навбати гарави бақайдгирифташуда нисбат ба гарави бақайдгирифтанашуда дар лаҳзае, ки предмети гарав моли омехта мешавад, афзалият дорад;

2) навбати гарави бақайдгирифтанашуда аз рӯи санаи шартномаҳои гарави дахлдор муайян карда мешавад; 

3) навбати гаравҳои бақайдгирифташуда бо назардошти таносуби арзиши предмети гарав аз лаҳзае, ки он дар маҳсулоти тайёр омехта шудааст, ҳуқуқи баробари талабкуниро пайдо мекунад.

(ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

5. Эътибори гарав нисбат ба предмети гарави молу мулки ғайриманқули пайвастшуда боқӣ мемонад. Агар гарав то лаҳзаи пайвастшавии предмети гарав ба қайд гирифта шуда бошад, бақайдгирии гарав баъд аз пайвастшавӣ амал мекунад. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

6. Дар сурати мављуд будани якчанд гаравгир ба худи њамон як предмети гарави дорои гарави ба ќайд гирифтанашуда бартарї дар навбат бо санаи баста шудани шартномаи гарав муайян карда мешавад.

7. Гаравгире, ки мувофиќи њамин модда дар навбат аз бартарї бархурдор аст, гаравгири пешин дониста мешавад. Дигар гаравгирњо гаравгирандагони минбаъда мебошанд.

8. Муќаррароти њамин модда дар мавридњои пешбиникардаи моддаи 10 њамин Ќонун татбиќ карда намешавад.

 

Моддаи 10. Талабњои махсуси дигар ќарздињандагон

 

Ќарздињандае, ки ба ќарздор барои хариди молу мулк бо гарави худи њамин молу мулк ќарзи маќсаднок додааст, њуќуќи махсуси (ѓайринавбатии) аз њисоби ин молу мулк ќонеъ намудани талабњои худро дорад.

 

Моддаи 11. Талабњои кормандон

 

1. Талабњои коркунони гаравдењ дар бораи пардохти маош дар њудуди маблаѓи маоши семоњаи воќеан пардохтнашуда дар навбати ќонеъ намудани талабњо аз њисоби молу мулки гаравї бартарї дорад, ба истиснои мавридњои пешбиникардаи ќисми 2 њамин модда.

2. Муќаррароти ќисми 1 њамин модда дар мавридњои пешбиникардаи моддаи 10 њамин Ќонун татбиќ карда намешавад.

 

Моддаи 12. Ба гарав мондани молу мулки манқули ба молу мулки ғайриманқул  пайвастшуда

                               (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

1. Агар предмети гарав ба молу мулки ѓайриманќул пайваст карда шуда бошад, гарави ин молу мулк танњо дар сурате эътибори худро нигоњ медорад, ки агар људо кардани он бе расондани зарари љиддї ба молу мулки ѓайриманќул мумкин бошад. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

2. Агар предмети гарав ба молу мулки ѓайриманќул пайваст карда шуда бошад ва људо кардани он бе расондани зарари љиддї ба молу мулки ѓайриманќул мумкин набошад, гаравгир њаќ дорад пеш аз мўњлат иљро кардани ўњдадорї ё иваз намудани предмети гаравро талаб намояд. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

3. Њангоми ба дигар молу мулки манќул пайваст кардани предмети гарав муќаррароти ќисмњои 1 ва 2 њамин модда татбиќ карда мешавад. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 13. Нигањдорї ва таъмири молу мулки гаравї

 

1. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад, гаравдењ ўњдадор аст молу мулки гаравиро дар њолати бенуќсон нигоњ дорад ва харољоти нигањдорї ва таъмири (љорї ва асосї) ин молу мулк то ваќти ќатъи гарав дињад.

2. Гаравгир њуќуќ дорад мављудият, њолат ва шароити нигоњдошти молу мулки бо шартнома ба гарав мондашударо тафтиш кунад.

 

Моддаи 14. Суѓурта

 

1. Агар шартномаи гарав ба зиммаи гаравдењ вазифаи суѓуртаи молу мулки гаравиро гузошта бошад, гарав ба њама гуна њуќуќи гаравдењ марбут ба полиси суѓуртавии муайян дахл дорад ва гаравгир бартарии њуќуќї дорад, ки талаби таъминшудаи худро аз њар гуна маблаѓи минбаъдаи подоши суѓуртавї бевосита аз њисоби суѓуртакунанда ва бе розигии гаравдењ ќонеъ намояд.

2. Гаравгир аз њуќуќи ќонеъ намудани талаби худ аз подоши суѓуртавї мањрум мегардад, агар молу мулк бо гуноњи ў гум ё нуќсондор шавад.

 

Моддаи 15. Даромадњои предмети гарави молу мулки манќул

 

1. Даромадњое, ки гаравгир аз иљрои ањдњо бо молу мулки гаравї (мубодила, хариду фурўш ва ѓайра) ба даст меоварад, предмети гарав мешаванд.

2. Мадохилоте, ки дар натиљаи истифодаи молу мулки гаравї (самара, мањсулот, даромадњо) ба даст оварда шудааст, предмети гарав мегарданд, агар инро шартномаи гарав пешбинї карда бошад.

 

Моддаи 16. Њуќуќи шахсони сеюм ба предмети гарави молу мулки манќул

 

1. Гаравдењ ба молу мулки гаравї бо роњи фурўхтан, тўњфа кардан, мубодила намудан, онро ба сифати сањм ба молу мулки ширкат ва ё љамъиятњои хољагидорї ё ба сифати пардохти сањмњои аъзои ба молу мулки кооператив гузоштан ё бо тарзи дигар ихтиёрдорї карда метавонад, вале танњо бо розигии хаттии гаравгир, агар ќонун, шартнома дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад, ё аз худи моњияти гарав барнаояд.

Гаравдењ њуќуќ дорад молу мулки гаравиро мерос гузорад. Шартњои шартномаи гарав ё дигар созишномањое, ки ин њуќуќи гаравдењро мањдуд мекунанд, эътибор надоранд.

Шахсе, ки молу мулки мувофиќи шартномаи гарав ба гаравмондашударо ба таври вориси њуќуќї, аз он љумла дар натиљаи аз нав ташкилкунии шахси њуќуќї ё ба таври мерос ба даст овардааст, ба љои гаравдењ мегузарад ва тамоми ўњдадорињои шартномаи гарав, аз он љумла он ўњдадорињоеро, ки аз тарафи гаравгири аввала ба таври матлуб иљро карда нашуда буданд, ба зимма мегирад, ба шарте ки шартнома дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад.

Агар молу мулки мувофиќи шартнома гаравмондашуда ба якчанд шахс гузарад, њар яке аз ворисони њуќуќии гаравдењи аввала барои оќибатњое, ки аз муносибатњои гаравии иљро накардани ўњдадорињои бо гарав таъминшуда бармеоянд, ба андозаи ќисми молу мулки ба гарав мондаи ба ў гузашта љавобгар мебошад.

Агар предмети гарав таќсимнашаванда бошад ё бо дигар асосњо ба моликияти умумии ворисони њуќуќии гаравдењ дохил гардад, ворисони њуќуќї ќарздорони муштарак мешаванд.

Гарави молу мулк новобаста ба он ки њангоми ба шахсони дигар гузаштани ин молу мулк ќоидањои барои ин гуна гузариш муќарраршуда вайрон карда шуда буданд ё не, эътибори худро нигоњ медорад.

2. Шахс молу мулки гаравии аз гарав озодро дар мавридњои зерин гирифта метавонад:

1) агар шартномаи гарав ё иловаи ба он хаттї воридкардашуда мустаќиман иљозат дињад, ки ба молу мулки аз гарав озод ё ба нафъи шахси сеюми муайян ихтиёрдорї карда шавад;

2) агар молу мулки гаравмондашуда аз молњои муомилотї иборат бошад;

3) агар фаъолияти гаравдењ савдои чакана бошад, шахси сеюме, ки ин гуна молу мулкро дар натиљаи ањди оддии чакана мехарад, онро аз гарав озод харидорї мекунад, ба истиснои мавридњое, ки то ваќти фурўш харидор хаттї огоњ карда шуда бошад, ки гаравгир њаќ дорад ба моли муайян њуќуќи гаравии худро татбиќ намояд.

3. Њангоми бо вайрон кардани ќоидањои ќисми 1 њамин модда аз ихтиёрдорї соќит кардани молу мулке, ки мувофиќи шартномаи гарав ба гарав монда шудааст, гаравгир њаќ дорад бо салоњдиди худ талаб намояд ки:

1) ањди аз ихтиёрдорї соќит кардани молу мулки гаравї мувофиќи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон беэътибор дониста шавад;

2) ўњдадории бо гарав таъминшуда пеш аз мўњлат иљро карда, пардохтњо аз њисоби молу мулки гаравмондашуда, новобаста ба кї тааллуќ дорад, рўёнида шаванд.

4. Агар исбот карда шуда бошад, ки харидори молу мулки мувофиќи шартномаи гарав ба гарав мондашуда дар ваќти харид кардани он медонист ё бояд медонист, ки молу мулк бо вайрон кардани ќоидањои ќисми 1 њамин модда аз ихтиёрдорї соќит карда мешавад, ин гуна харидор барои иљро накардани ўњдадории бо гарав таъминшуда дар њудуди арзиши молу мулки мазкур барои ин ўњдадорї љавобгарии муштарак дорад.

Агар молу мулки гаравї бо вайрон кардани ќоидањои ќисми 1 њамин модда аз тарафи гаравдењ аз ихтиёрдорї дур карда шуда бошад, ки аз рўи ўњдадории бо гарав таъминшуда ќарздор нест, бо ин ќарздор њам харидори молу мулк ва њам гаравдињандаи собиќ љавобгарии муштарак доранд.

 

Моддаи 17. Тањмили њуќуќи дигар шахсон ба молу мулки гаравї

 

1. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад, гаравдењ њаќ дорад бе розигии гаравгир ўро огоњ намуда, молу мулки гаравмондашударо ба иљора дињад, онро ба истифодаи муваќќатии ройгон дињад ва аз рўи созишнома бо дигар шахс ба ў њуќуќи истифодаи мањдудро аз ин молу мулк (сервитут) бо шартњои зерин пешкаш намояд:

1) мўњлате, ки дар тўли он молу мулк ба истифода дода мешавад, аз мўњлати ўњдадории бо гарав таъминшуда зиёд набошад;

2) молу мулк ба истифода барои маќсадњое пешкаш мегардад, ки ба таъиноти молу мулк мувофиќ аст.

2. Дар сурати аз тарафи гаравгир дар асосњои пешбиникардаи ќонун ё шартномаи гарав аз њисоби молу мулки гаравї рўёнидани пардохтњо тамоми њуќуќи иљора ва дигар њуќуќи истифодаи ин молу мулк, ки гаравдењ ба шахсони сеюми гаравгир баъди бастани шартномаи гарав додааст, дар даврањои зерин ќатъ мегардад:

1) аз лањзаи эътибори ќонунї пайдо кардани ќарори суд дар бораи рўёнидани пардохтњо аз њисоби молу мулк;

2) баъди гузаштани 15 рўз аз ваќти фиристодани огоњинома дар асоси шартњои ќонеъгардонии талабњои гаравдењ бо тартиби ѓайрисудї, ки дар шартномаи гарав ё созишномаи ќонеъгардонии талабњои гаравдењ бо тартиби ѓайрисудї, ки њамзамон бо шартномаи гарав баста шудааст, ё дар созишномањои минбаъдаи гаравдењ бо гаравгир пешбинї гардидаанд.

3. Молу мулки ба гарав мондашуда аз тарафи гаравдењ ба истифодаи шахси сеюм ба мўњлати зиёда аз ўњдадории бо гарав таъминшуда ё барои маќсадњои ба таъиноти молу мулк номувофиќ танњо бо розигии хаттии гаравгир ва ба таври дахлдор огоњонидани ин шахсон дода шуда метавонад.

4. Аз тарафи гаравдињанда ба истифодаи дигар шахс додани молу мулки гаравмондашуда гаравдењро аз иљрои ўњдадорињои шартномаи гарав озод намекунад, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад.

 

Моддаи 18. Оќибатњои аз тарафи давлат маљбуран гирифтани молу мулки гаравї

 

1. Агар њуќуќи моликияти гаравдењ ба молу мулки манќул, ки предмети гарав мебошад, дар асос ва бо тартиби муќарраркардаи ќонун, дар натиљаи мусодира (харида гирифтан) барои эњтиёљоти давлат ё љамъият, реквизитсия ё милликунонї ќатъ гардад, ба гаравдењ мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дигар молу мулк ё подоши дахлдор дода мешавад. Гарав ба молу мулке, ки ба ивази молу мулки гирифташуда дода шудааст, дахлдор аст ё гаравгир њуќуќи бартариноки аз њисоби маблаѓи подоши ба гаравдињанда тааллуќдошта ќонеъкунии талаботи худро пайдо мекунад.

2. Гаравгире, ки манфиатњои ўро њуќуќи дар ќисми 1 њамин модда пешбинишуда пурра њифз карда наметавонад, њаќ дорад пеш аз мўњлат иљро кардани ўњдадории бо гарав таъминшуда ва аз њисоби молу мулке, ки ба ивази молу мулки мусодирашуда дода шудааст, адо кардани пардохтњоро талаб намояд.

3. Дар мавридњое, ки давлат молу мулки предмети гаравро аз гаравдењ ба намуди санксия барои содир кардани љиноят ё дигар њуќуќвайронкунї мегирад (мусодира мекунад), гарав эътиборашро нигоњ медорад ва гаравгир њаќ дорад пеш аз мўњлат иљро кардани ўњдадории бо гарав таъминшуда ё иваз намудани предмети гаравро талаб намояд.

 

Моддаи 19. Оќибатњои талаб кардани (виндакатсияи) молу мулки гаравї

 

Дар мавридњое, ки молу мулки предмети гарав аз гаравдењ бо тартиби муќарраркардаи ќонун дар он асос мусодира карда мешавад, ки молики њаќиќии ин молу мулк шахси дигар (виндикатсия) мебошад, гарав дар хусуси ин молу мулк ќатъ мегардад. Гаравгир баъд аз эътибори ќонунї пайдо кардани ќарори дахлдори суд њаќ дорад иљрои пеш аз мўњлати ўњдадории бо гарав таъминшуда ё иваз кардани предмети гаравро талаб намояд.

 

Моддаи 20. Гузашт кардани њуќуќ (талаб) ва гузаронидани ќарз аз рўи шартномаи гарави молу мулки

                      манќул

 

1. Гаравгир њуќуќ дорад њуќуќи худро аз рўи шартномаи гарав ба каси дигар дињад, агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад.

2. Шахсе, ки ба ў аз рўи шартномаи гарав њуќуќ дода шудааст, мувофиќи ин шартнома ба љои гаравгири собиќ мегузарад. Гузашти њуќуќ аз рўи шартномаи гарав бояд мувофиќи ќоидањои муќарраркардаи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон сурат гирад.

3. Аз тарафи гаравгир аз рўи шартномаи гарав ба дигар кас гузашт кардани њуќуќ дар сурате эътибор дорад, ки агар ба худи њамон кас њуќуќи оид ба ўњдадории бо гарав таъминшуда пешнињод кардани талаб гузашт карда шуда бошад.

Агар амали дигаре исбот нашуда бошад, гузашти њуќуќ аз рўи шартномаи гарав маънои гузашти њуќуќ оид ба ўњдадории бо гарав таъминшударо низ дорад.

4. Ќарздор њаќ дорад бо розигии гаравгир (ќарздињанда) ќарзи худро ба зиммаи каси дигар гузаронад. Интиќоли ќарз мувофиќи ќоидањои муќарраркардаи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба амал бароварда мешавад.

 

БОБИ 2.

БАЌАЙДГИРИИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНЌУЛ

 

Моддаи 21. Ваколати маќомоти адлия оид ба баќайдгирии гарави молу мулки манќул

 

1. Баќайдгирии гаравњои молу мулки манќулро Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, раёсатњои адлияи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон ва вилоятњо ба љо меоваранд. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

2. Баќайдгирии гаравњоро, ки ба сифати онњо воситањои ќарзї пул, ќоѓазњои ќиматноки корпоративї амал мекунанд, маќомоти ваколатдори (регистрњои) ќоѓазњои ќиматнок ба амал мебароранд.

 

Моддаи 22. Баќайдгирии гарави молу мулки манќул

 

1. Баќайдгирии гарав ихтиёрї мебошад ва ба маќсадњои ба гаравгир назар ба дигар гаравгирњо, ки гарави ба ќайд гирифташудаи пешина надоранд, инчунин нисбат ба шахсони сеюм додани њуќуќи бартариноки таъмини талабњои худ ба амал бароварда мешавад.

2. Гаравгир ё гаравдеҳ барои бақайдгирӣ ба мақоми бақайдгиранда хабарномаи гаравӣ пешниҳод менамояд. Хабарномаи гаравӣ инчунин метавонад аз ҷониби шахсон ё мақомоти зерин пешниҳод гардад:

- гаравгир дар асоси қонунӣ;

- суд ё мудире, ки онро суд таъин намудааст, нисбат ба молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии муфлисшуда; 

- мақоми ваколатдор оид ба иҷрои қарорҳои судӣ тибқи қарори суд дар бораи рӯёнидани молу мулки манқули қарздор; 

- мақоми ваколатдор нисбат ба молу мулки шахсе, ки аз иҷрои ӯҳдадории пардохти андоз ё пардохтҳои иҷтимоӣ саркашӣ менамояд.

(ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

3. Мақоми бақайдгиранда воситаҳои электрониро барои дохил намудани маълумот оид ба хабарномаҳои гаравӣ, инчунин бо мақсади ҷустуҷӯи онҳо таъмин мекунад. Махзани маълумоти Феҳрасти ягонаи давлатӣ дорои маълумоти расмӣ мебошад. Хабарномаи гаравӣ аз лаҳзаи қайди воридшавии он ба мақоми бақайдгиранда пешниҳодшуда ба ҳисоб меравад. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

4. Лањзаи баќайдгирии гарав аз хабарномаи гаравї ба Фењрасти ягонаи давлатї ворид намудани маълумот ва додани раќами баќайдгирї мебошад. Дар Фењрасти ягонаи давлатї ба ќайд гирифтани гарав бо додани иќтибос аз Фењрасти ягонаи давлатї, ки дар давоми се рўзи баќайдгирї дода мешавад, тасдиќ мегардад.

5. Маќоми баќайдгиранда барои мазмун ва дурустии хабарномаи гаравї љавобгар намебошад.

6. Барои баќайдгирии гарав ва додани иќтибос аз Фењрасти ягонаи давлатї бољи давлатї гирифта мешавад, ки онро ќонун муайян мекунад.

7. Тартиби бақайдгирии гаравҳо ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 221. Мӯҳлати амали бақайдгирии гарав

 

1. Мӯҳлати амали бақайдгирии гарав аз лаҳзаи бақайдгирӣ то 5 солро ташкил медиҳад. Мӯҳлати мазкур метавонад тамдид карда шавад, агар шартномаи гарав ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

2. Бо гузаштани мӯҳлати бақайдгирии гарав молу мулки гарав аз маҳдудият озод мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар: 

- гарав такроран ба қайд гирифта шуда бошад;

- гарав дар соҳибияти гаравгир қарор дошта (гарави додашуда), нисбат ба он бо тартиби муқарраршуда рӯёнидан нигаронида шавад.

(ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 23. Мазмуни хабарномаи гаравї

 

1. Хабарномаи гаравї, ки ба маќоми баќайдгиранда пешнињод мегардад, бояд маълумоти зеринро дошта бошад:

1) ном, нишонии гаравдењ ва ќарздори ўњдадории бо гарав таъминшуда, агар ў гаравдењ набошад, раќами мушаххаси андозсупоранда, суратњисоб, раќами шиноснома (барои шахсони воќеї);

2) ном, нишонии гаравгир ё идоракунандаи гарав, агар ин гуна шахс таъин карда шуда бошад, раќами мушаххаси андозсупоранда, суратњисоб, раќами шиноснома (барои шахсони воќеї);

3) тавсифи инфиродӣ ё умумии предмети гарав, ки барои њаммонандсозии он имконият медињад; (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

4) хабарномаи мухтасар, агар барои гарави дубора ягон мањдудият мављуд бошад;

5) имзои гаравдењ ё гаравгир ё ќарздори ўњдадории бо гарав таъминшуда, агар он гаравдењ набошад, ё шахсони аз тарафи ў ваколатдоркардашуда;

6) сана ва мазмуни шартномаи гарав.

2. Хабарномаи гаравии ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯ дар мавриде эътибор дорад, агар он дидаву дониста бардурӯғ тартиб дода нашуда бошад. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

3. Дигар талабњоро ба хабарномаи гаравї Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 24. Баќайдгирии таѓйироте, ки ба гарави ба ќайд гирифташуда ворид карда мешаванд

 

1. Таѓйироти зерине, ки ба гарави ба ќайд гирифташуда ворид карда шудаанд, ба таври илова ба ќайд гирифта мешаванд:

1) таъин кардан ё озод намудани идоракунандаи гарав, агар идоракунанда баъди баќайдгирии шартномаи гарав таъин ё озод карда шуда бошад;

2) талаби бо гарав таъминшударо гузашт кардани гаравгир;

3) дар ўњдадорї иваз кардани ќарздор;

4) иваз кардани предмети гарав.

2. Баќайдгирии таѓйирот дар гарави ба ќайд гирифташуда дар асоси хабарномаи гаравии иловагї сурат мегирад. Дар хабарномаи гаравии иловагї бояд сана, раќами баќайдгирии ибтидої, мазмуни таѓйироти шартнома ва имзои гаравгир ё гаравдењ мављуд бошад.

3. Баќайдгирии таѓйироте, ки ба гарави ба ќайд гирифташуда дохил карда мешаванд, бо тартиби пешбиникардаи моддаи 22 њамин Ќонун сурат мегирад.

 

Моддаи 241. Пешниҳоди эроди хаттӣ 

 

1. Дар ҳолати пешниҳод гардидани хабарномаи гаравии нодуруст ё ғалат аз ҷониби дархосткунанда, тарафи дигар метавонад эроди хаттӣ пешниҳод намояд.

2. Эроди хаттӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- истинод ба рақами бақайдгирии хабарномаи гаравии нодуруст ё ғалат;

- маълумот оид ба шахсе, ки эроди хаттӣ пешниҳод кардааст;

- нишон додани асосҳои нодуруст ё ғалат будани хабарномаи гаравӣ.

3. Пешниҳоди эроди хаттӣ то ба даст омадани натиҷаи баррасии он ба эътибори хабарномаи гаравӣ таъсир намерасонад.

4. Мақоми бақайдгиранда вазифадор аст, ки эроди хаттиро баррасӣ намуда, дар сурати ошкор намудани ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда барои бартараф намудани онҳо чораҳои дахлдор андешад.

(ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 25. Рад кардани баќайдгирии гарави молу мулки манќул ё ворид кардани таѓйирот ба гарави ба

                     ќайд гирифташуда

 

Маќоми баќайдгиранда њаќ дорад баќайдгирии гарави молу мулки манќулро ё ба гарави ба ќайд гирифташуда ворид намудани таѓйиротро рад кунад, агар талабњои њамин Ќонун ё дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон иљро карда нашуда бошанд. Маќоми баќайдгиранда дар давоми се рўз ба шахси дархосткунандаи баќайдгирї бо нишон додани сабабњои радкунии баќайдгирї хабарнома мефиристад.

 

Моддаи 26. Бекор кардани баќайдгирии гарави молу мулки манќул

 

1. Баќайдгирии гарав аз тарафи гаравгир дар давоми 15 рўзи баъди иљрои тамоми ўњдадорињое, ки гарави ба ќайд гирифташуда ба онњо дахл дорад, бояд бекор карда шавад.

2. Шахсе, ки муќаррароти ќисми 1 њамин моддаро вайрон кардааст, вазифадор аст подоши харољоти суратгирифтаро дињад.

3. Дар сурати аз тарафи гаравгир иљро карда нашудани ўњдадории пешбиникардаи ќисми 1 њамин модда гаравдењ ё дигар шахси манфиатдор њаќ дорад бо тартиби судї бекор кардани баќайдгирии шартномаи гаравро талаб намояд.

 

Моддаи 27. Дастрасї ба Фењрасти ягонаи давлатї

 

Маълумоти Фењрасти ягонаи давлатї озод мебошанд. Њар шахс метавонад мувофиќи ќисми 6 моддаи 22 њамин Ќонун бољи давлатиро пардохт карда, аз Фењрасти ягонаи давлатї иќтибос гирад. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

ФАСЛИ II

НАМУДЊОИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНЌУЛ

 

БОБИ 3.

ГАРАВ БО НИГОЊ ДОШТАНИ ПРЕДМЕТИ ГАРАВИ ДАР ДАСТИ ГАРАВГИР

(ГАРАВИ ДОДАШУДА (ЗАКЛАД )

 

Моддаи 28. Мафњуми гарави додашуда (заклад)

 

1. Гарави додашуда (заклад) - намуди гарав, ки дар ин сурат молу мулки гаравї аз тарафи гаравдењ ба соҳибияти гаравгир мувофиќи шартномаи гарав супурда мешавад. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

2. Мувофиќи созиши гаравгир бо гаравдењ предмети гарав дар дасти гаравдењ бо ќулфу мўњри гаравгир (гарави устувор) монда шуда метавонад. Ашёи муайяни инфиродї дар соҳибияти гаравгир бо гузоштани аломатњои дар бораи гарав шањодатдињанда монда шуда метавонад. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

3. Ќоидањои њамин фасл нисбат ба гарави устувор татбиќ карда мешаванд, зеро ба кор бурдани онњо ба моњияти муносибатњои гаравгир ва гаравдењ њангоми ин гуна гарав мухолифат намекунад.

 

Моддаи 29. Њуќуќу вазифањои гаравгир њангоми гарави додашуда (заклад)

 

1. Гаравгир њаќ дорад предмети гарави додашударо (закладро) танњо дар њаљми пешбиникардаи шартномаи гарав истифода намояд, ба истиснои мавридњое, ки молу мулки гаравї дар шакли наќдинаи суратҳисоби бонкӣ пешнињод гардида, гаравгир ташкилоти қарзӣ бошад. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

Фоидаи молумулкии аз предмети гарави додашуда (заклад) бадастомада дар навбати аввал барои пўшонидани харољоти гаравгир љињати нигањдошт ва эњтиёт кардани молу мулки гаравї, баъд барои пардохти фоизи маблаѓи асосии ќарз равона карда мешавад. (ЌЉТ аз 27.11.14с., №1155)

2. Агар нобудшавї, осебёбї ё камшавии арзиши молу мулки гаравї бе гуноњи гаравгир љой дошта бошанд ва онњоро хусусият ё таркиби молу мулки гаравї ба вуљуд оварда бошад, гаравгир талаб карда метавонад, ки предмети гарав иваз карда шавад ва товони њар зараре, ки дар натиљаи ин гаравгир дидааст, пардохт гардад.

3. Њангоми гарави додашуда (заклад) гаравгир, агар њамин Ќонун ё шартнома дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад, вазифадор аст:

1) ба андозаи маъќули љисман солим нигоњ доштани молу мулки гаравї чорањои пешбиникардаи шартнома ё зарурро андешад, ѓайр аз ин, гаравдењ тамоми харољотро талофї мекунад, агар ин дар шартномаи гарав шарњу эзоњ дода шуда бошад;

2) дар бораи осеб дидан ё нобуд шудани молу мулки гаравї, инчунин њама гуна тањдид (хатар) нисбат ба њамин молу мулк фавран ба гаравдењ хабар дињад;

3) дар бораи истифодаи молу мулки гаравї ба гаравдењ мунтазам њисобот равона намояд;

4) предмети гарави додашударо (закладро) дар њаљми арзишаш аз њисоби гаравдењ ва ба нафъи ў суѓурта кунад;

5) молу мулки гаравиро ба таври дахлдор нигоњдорї намояд;

6) дар давоми се рўзи баъди иљрои ўњдадории таъминшуда предмети гарави додашударо (закладро) гардонад, агар гаравгир сабаби узрноки ба таъхир андохтанро, ки њангоми бастани шартномаи гарав пешбинї кардан мумкин набуд, нишон надињад.

 

Моддаи 30. Њуќуќу вазифањои гаравдењ њангоми гарави додашуда (заклад)

 

1. Гаравдењ њуќуќ дорад, ки ба молу мулки гаравї бо маќсади муайянкунии шароити дахлдори нигоњдорї ва истифодаи он дастрасии воќеї дошта бошад.

Дар сурати љой доштани тањдиди нобудшавї, осебёбї ё камшавии арзиши молу мулки гаравї бо гуноњи гаравгир гаравдењ њаќ дорад бартараф намудани њолатњоеро талаб кунад, ки боиси нобудшавї, осебёбї ё камшавии арзиши молу мулки гаравї мегарданд.

2. Гаравдењ њаќ дорад њар ваќт пеш аз мўњлат ќатъ намудани гарави додашударо (закладро) бо роњи иљрои ўњдадории бо гарави додашуда (заклад) таъминшуда талаб намояд, агар дар шартномаи гарав дигар шарту шароит пешбинї нашуда бошад.

Дар сурате, ки агар ўњдадорї ќарзи пулї ва гаравдењ шахси воќеї бошад, гаравдењ гарави додашударо (закладро) пеш аз мўњлати муќарраркардаи шартномаи гарав бо роњи пардохти ќарзи бо гарави додашуда (заклад) таъминшуда ќатъ намояд, агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад.

3. Агар гаравдењ хабар ёбад, ки ба молу мулки гаравї на бо гуноњи гаравгир, балки бинобар хусусият ё таркиби молу мулки гаравї хатари нобудшавї, осебёбї ё камшавии арзиш тањдид кардааст, ў дар ин бора ба гарвгир бе таъхир хабар медињад ва њифзи онро талаб мекунад.

 

Моддаи 31. Љавобгарии гаравгир њангоми гум ё хароб шудани гарави додашуда (заклад)

 

Агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад, гаравгир њангоми гарави додашуда (заклад) барои гум ё хароб шудани молу мулки гаравї дар назди гаравдењ љавобгар аст, агар исбот накунад, ки ин на бо гуноњи ў ба амал омадааст. Андозаи зараре, ки гаравгир товонашро медињад, бо роњи њисоби маблаѓе, ки арзиши бозории молу мулки гаравї њангоми супурдани молу мулки гаравї тарафњо мувофиќа кардаанд ва дар сурати набудани чунин созиш назар ба арзиши бозорї дар лањзаи гарави додашуда (заклад) ба андозаи он кам шудааст, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 32. Гаравхонањо (ломбардњо)

 

1. Гаравхона (ломбард) шахси ҳуқуқие (ташкилоти махсусгардонидашудае) мебошад, ки ба додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандон машғул аст. (ЌЉТ аз 27.11.14с., №1155)

2. Гаравмонии ашё дар гаравхона (ломбард) мувофиќи моддаи 387 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард) сурат мегирад. (ЌЉТ аз 27.11.14с., №1155)

3. Нисбат ба гаравхонањо (ломбардњо) муќаррароти боби 6 њамин Ќонун истифода намешаванд.

 

қисмҳои 4 ва 5 бо ЌЉТ аз 27.11.14с., №1155 хориҷ карда шуданд

 

Моддаи 33. Гаравмонии воситањои пулї

 

1. Гаравмонии воситањои пулї танњо бо роњи ба соҳибияти гаравгир додани онњо сурат гирифта метавонад. Пули наќдеро, ки гаравгир ба шахсе, ки ташкилоти қарзӣ намебошад, медињад, ў дар њисобномаи депозитии ташкилоти қарзӣ ё идораи нотариалї мањфуз медорад. Фоизњое, ки ба ин маблаѓ њисоб карда монда шудаанд, ба гаравдењ тааллуќ доранд. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

2. Ташкилоти қарзӣ, ки њисобномаи муштариро дорад, њаќ дорад аз ин муштарї воситањои пулии дар њисобномаи ў бударо барои таъмини кредитњои ташкилоти қарзӣ ба муштарї (гаравдењ) ё шахси сеюм, бо мувофиќаи тарафњо ба сифати гарав гирад. Ин гуна гарав гарави додашуда (заклад) њисоб меёбад. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

3. Воситањои муштарии ташкилоти қарзӣ (гаравдењ), ки дар њисобномаи муштарї дар ташкилоти қарзӣ мебошанд, ба сифати предмети гарав (гарави додашуда (заклад) дар назди шахси сеюм (гаравгир) бо мувофиќаи тарафњо баромад карда метавонанд. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

4. Маблаѓњое, ки предмети гарав мебошанд, аз њисоби муштарї дар ташкилоти қарзӣ (гаравдењ) бе розигии гаравгир пардохт карда шуда наметавонанд, агар ба ташкилоти қарзӣ гаравдењ ва гаравгир дар хусуси гарави воситањои дар њисоби дар ташкилоти қарзӣ доштаи муштарї хаттї хабар дода бошанд ва тасдиќномаи хаттии ташкилоти қарзӣ мављуд бошад. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

БОБИ 4.

ГАРАВ БО МОНДАНИ АШЁИ ГАРАВЇ  ДАР ДАСТИ ГАРАВДЕЊ

 

Моддаи 34. Предмети гарав бо мондани ашёи гарав дар дасти гаравдењ

 

1. Молу мулки манќул ва ашёи аз муомилоти гражданї бароварданашуда бо созиши тарафњо предмети гарав бо мондани ашёи гаравї дар дасти гаравдењ шуда метавонанд.

2. Самарањои људошаванда предмети гараве, ки дар ќисми 1 њамин модда нишон дода шудааст, танњо ба шарте шуда метавонанд, ки агар онњо аз лањзаи људошавї объекти њуќуќи шахси сеюм нашаванд.

 

Моддаи 35. Њуќуќи гаравгир њангоми гаравмонии ашёе, ки дар дасти гаравдењ монда мешавад

 

1. Агар предмети гарав дар дасти гаравдењ бошад, гаравгир, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад, њуќуќ дорад, ки:

1) ба молу мулк, инчунин ба њар њуљљати мављудаи он, ки барои тафтиши андоза, њолат ва шароити нигоњдорї ё истифодаи молу мулки гаравї зарур аст, дастрасии воќеї пайдо намояд;

2) ќатъ кардани њама гуна ќасдро ба предмети гарав, ки тањдиди нобудкунї, харобкунї ё камкунии арзиши онро дорад, талаб кунад;

3) аз гаравдењ андешидани чорањои ба њифзи предмети гарав равона кардашударо бо асос талаб намояд;

4) дар сурати харобшавии молу мулки гарав на бо гуноњи гаравгир, барќарор ё иваз намудани молу мулки гаравиро ё пеш аз мўњлат адо кардани ќарз (ќисми дахлдори ќарз)-ро сарфи назар аз мўњлатњои мувофиќашудаи пардохт талаб намояд;

5) дигар њуќуќњоро, ки шартномаи гарав додааст ва онњо ба њамин Ќонун мухолифат намекунанд, татбиќ намояд.

2. Дар сурати иљро накардани талаби гаравгир аз љониби гаравдењ оид ба иваз намудани молу мулки гаравї мутобиќи банди 4 ќисми 1 њамин модда гаравгир метавонад пеш аз мўњлат иљро кардани ўњдадории таъминшударо талаб кунад ва аз њисоби молу мулки гаравї пардохтњоро рўёнад.

 

Моддаи 36. Њуќуќу вазифаи гаравдењ њангоми ба гарав гузоштани ашё бо мондани он дар дасти гаравдењ

 

1. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад, гаравдењ њангоми ба гарав гузоштани ашё бо мондани он дар дасти гаравдењ њуќуќ дорад:

1) предмети гаравро мувофиќи хусусият ва таъиноташ соњибї ва истифода намояд;

2) дигар њуќуќеро, ки шартномаи гарав додааст, ба амал барорад.

2. Гаравдењ њангоми гаравмонї бо гузоштани ашёи гаравї дар дасти ў, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад, вазифадор мебошад:

1) тамоми чорањоеро андешад, ки барои беосеб нигоњ доштани предмети гарав, аз он љумла ба љо овардани таъмири асосї ва љорї мувофиќи шартнома заруранд;

2) аз њисоби худ предмети гарави дар дасти ў мондаро дар њаљми пуррааш суѓурта намояд;

3) дар сурати нобуд шудани предмети гарав бо розигии тарафњо онро барќарор ё бо ашёи њамарзиши бо нархи бозории на камтар аз арзиши предмети гарави гумшуда иваз кунад ё ќарз (як ќисми дахлдори ќарз)-ро, сарфи назар аз мўњлатњои мувофиќакардаи тарафњо, пардохт намояд;

4) гаравгирро дар бораи ба иљора додани предмети гарав огоњ намояд;

5) ба гаравгир имконияти дастрасии воќеиро ба молу мулки, инчунин ба њар њуљљати барои он мављудбуда, ки барои тафтиши андоза, њолат ва шароити нигоњдошт ё истифодаи молу мулки гаравї зарур аст, дињад. 

 

Моддаи 37. Ба гарав гузоштани молњои дар муомилотбуда

 

1. Молњои дар муомилотбуда захирањои молї-моддї, ашёи хом, мањсулоти нимтайёр ва тайёре њисобида мешаванд, ки дар давоми ваќт истифода ва пурра карда шуда метавонанд. Мувофиќи њамин модда ин гуна молњоро, ки ба онњо тавсифи умумие додан мумкин аст, ки аз рўи он муќаррар кардани мол имконпазир мебошад, ба гарав мондан мумкин аст. Шартномаи гарави молњои дар муомилотбуда бояд шакли моли гаравро муайян намояд, хусусиятњои ба он хос, арзиши умумї, љои воќеиятро тавсиф намояд ва бо њамин роњ њар молеро баён кунад, ки онро барои иваз намудани молу мулки гаравї истифода кардан мумкин аст.

2. Њангоми гаравмонии молњои дар муомилотбуда предмети гарав молњои арзишашон муайяне мебошанд, ки аз рўи воњиди миќдор, андоза ва ё њаљми мол муайян карда мешаванд. Агар дар шартнома дигар шарту шароит пешбинї нашуда бошад, гаравдењ њаќ дорад предмети гаравро тавре иваз намояд, ки арзиши умумии мол назар ба арзиши дар шартномаи гарав нишондодашуда камтар набошад, предмети гаравро бе розигии гаравгир бегона намояд. То ваќти пурра кардани предмети гарав, ки ба сифати он молњои дар муомилотбуда баромад мекунанд, воситањои пулие, ки аз фурўши онњо ба даст омадаанд, ба сифати предмети гарав амал мекунанд.

Тарафњо камшавии арзиши умумии гарави молњои дар муомилотбударо мутобиќи ќисми иљрошудаи ўњдадории бо њамин гарав таъминшуда пешбинї карда метавонанд.

3. Гарави молњои дар муомилотбуда гарави молњое эътироф мегарданд, ки дар дасти гаравдењ монда мешаванд. Њангоми гарави молњои дар муомилотбуда ва коркарди дубора гаравдењ њуќуќи соњибї, истифода ва ихтиёрдории предмети гаравро бо риояи ќоидањои њамин боб нигоњ медорад.

4. Он молњои дар муомилотбуда, ки гаравдењ мувофиќи шартњои шартномаи гарави молњои дар муомилотбуда пайдо кардааст, аз лањзаи ба дасти гаравдењ бо њуќуќи моликият ё дигар њуќуќи ашёї гузаштан предмети гарав мешаванд. Молњое, ки дар муомилот мебошанд, аз лањзаи ба моликият, пешбурдї хољагидорї ё идоракунии оперативии харидор гузаштан дигар предмети гарав намебошанд.

5. Аз лањзаи ба гаравдењ аз тарафи гаравгир супурдани хабарнома дар бораи рўёнидани пардохтњо мувофиќи боби 6 њамин Ќонун ба гаравдењ манъ карда мешавад, ки ба њар моли мавриди гардиш ихтиёрдорї намояд.

 

БОБИ 5.

ГАРАВИ ЊУЌУЌ

 

Моддаи 38. Гарави њуќуќ

 

1. Дар сурате, ки предмети гарав ќарзи пулии ба гаравдењ тааллуќдошта мебошад, гаравдењ вазифадор нест, ки ба истиснои мавридњои пешбиникардаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ќарздори худро аз он хабардор намояд, ки ќарзи ў ба гарав монда шудааст. Ќарздоре, ки ќарзи ў ба гарав монда шудааст, онро бо роњи пардохтњо ба гаравгир ё ба шахсе, ки ўро гаравдењ таъин мекунад, адо карда метавонад, танњо ба шарте, ки гаравдењ ё гаравгир ба ќарздор дар бораи мављуд будани гарав хабар надињанд. Баъди ба ќарздор супурдани ин гуна огоњинома гаравгир метавонад ќарзњоро дар бобати ќарзи ба гарав мондашудаи ба гаравдењ тааллуќдошта бевосита пайгирї намояд ва ќарзи ба гарав мондашуда танњо бо роњи пардохти он ба гаравгир ё ба шахсе, ки гаравгир таъин кардааст, адо карда шуда метавонад.

2. Агар предмети гарав ўњдадории шартномавии шахси сеюм дар назди гаравдењ бошад, ки ќарзи пулї нест, ин гуна ўњдадории шартномавї аз тарафи ўњдадоршаванда мувофиќи ањду паймон бо гаравгир ќонеъ гардонда мешавад. Дар ин маврид гаравгир баъди ин, ки њама гуна арзиш мувофиќи шартнома ба ихтиёри гаравдењ мегузарад, ќаноатмандї пайдо карда метавонад.

Гаравгир ќаноатмандиро бевосита аз тарафи ўњдадоршаванда мувофиќи ўњдадории шартномавї танњо баъди он пайдо карда метавонад, ки гаравгир нусхаи хабарномаро дар бораи маљбуран ситонидан ба тарафи ўњдадоршаванда фиристонад ва ба он ишорат мекунад, ки гаравгир мувофиќи њамин Ќонун њуќуќи худро оид ба маљбуран иљро намудани ўњдадории шартномавии тарафи ўњдадоршавандаро дар назди гаравдењ ба амал мебарорад.

3. Дар шартномаи гарави њуќуќе, ки арзиши пулї надорад, арзиши предмети гарав мувофиќи созиши тарафњо муайян карда мешавад, агар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад.

4. Агар ќарздори гаравдењ то аз тарафи гаравдењ иљро карда шудани ўњдадории бо гарав таъминшуда ўњдадории худро иљро карда бошад, тамоми даромадњои дар ин маврид ба дастовардаи гаравдењ предмети гарав мегардад, ки гаравдењ вазифадор аст дар ин бора фавран ба гаравгир хабар дињад.

Дар сурати аз ќарздори худ аз њисоби иљрои ўњдадорињо гирифтани маблаѓ гаравдењ вазифадор аст бо талаби гаравгир аз њисоби иљрои ўњдадорињои бо гарав таъминшуда маблаѓњои дахлдорро интиќол дињад, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро муќаррар накарда бошад.

 

Моддаи 39. Вазифањои гаравдењ њангоми гарави њуќуќ

 

Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад, гаравдењ њангоми гарави њуќуќ вазифадор аст:

1) њуќуќи ба гаравгузошташударо ба каси дигар надињад;

2) амалиётњоеро анљом надињад, ки боиси ќатъ гардидани њуќуќи ба гаравгузошташуда ё камшавии арзиши он мегардад;

3) барои таъмини њаќиќї будани њуќуќи гаравшуда амалиётњои заруриро ба љо оварад;

4) барои њифзи њуќуќи ба гаравгузошташуда аз ќасдњои тарафи шахсњои сеюм тамоми чорањоро андешад;

5) ба гаравгир дар бораи њар гуна таѓйироти њуќуќи ба гаравгузошташуда, дар бораи вайронкунии он аз тарафи шахсони сеюм ва даъвои шахсони сеюм ба ин њуќуќ хабар дињад.

 

Моддаи 40. Њуќуќи гаравгир њангоми гарави њуќуќ

 

Агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад, гаравгир њангоми гарави њуќуќ њаќ дорад:

1) сарфи назар аз расидани мўњлати иљрои ўњдадории бо гарав таъминшуда ба суд бо даъвои ба худаш интиќол додани њуќуќи ба гаравгузошташуда мурољиат намояд, агар гаравдењ вазифањои пешбиникардаи моддаи 39 њамин Ќонунро риоя накарда бошад;

2) дар сурати талаботи пешбиникардаи банди 4 моддаи 39 њамин Ќонунро иљро накардани гаравдењ мустаќилона чорањое андешад, ки ба њифзи њуќуќи ба гаравгузошташуда аз ќонуншиканињои шахси сеюм нигаронида шудаанд;

3) ба парвандае, ки дар он даъво дар бораи њуќуќи ба гаравгузошташуда баррасї мегардад, ба сифати шахси сеюм дохил шавад.

 

ФАСЛИ III

АЗ ЊИСОБИ МОЛУ МУЛКИ ГАРАВЇ РЎЁНИДАНИ ПАРДОХТЊО

 

БОБИ 6.

АЗ ЊИСОБИ МОЛУ МУЛКИ ГАРАВЇ РЎЁНИДАНИ ПАРДОХТЊО

 

Моддаи 41. Асоси аз њисоби предмети гарав рўёнидани пардохтњо

 

1. Пардохт аз њисоби предмети гарав барои ќонеъ намудани талаботи гаравгир (ќарздињанда), ки дар њамин Ќонун нишон дода шудааст, дар сурати ўњдадории бо гарав таъминшударо иљро накардан ё ба таври номатлуб иљро кардани ќарздор рўёнида шуда метавонад, чунончи:

1) вайрон кардани тартиб ва мўњлатњои пардохти фоизњо, ки шартнома муќаррар кардааст;

2) вайрон кардани тартиб ва мўњлатњои пас гардонидани маблаѓи ќарзи асосии муќарраркардаи ќонун ё шартнома;

3) талаботи гаравгирро дар бораи пеш аз мўњлат иљро кардани ўњдадории бо гарав таъминшуда иљро накардани ќарздор дар мавридњои пешбиникардаи моддаи 42 њамин Ќонун;

4) дар дигар мавридњои пешбиникардаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ё шартнома.

2. Аз њисоби молу мулки гаравї рўёнидани пардохтњо бо тартиби пешбиникардаи шартномаи гарав ба амал бароварда мешавад, агар њамин Ќонун дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад. Њангоми номувофиќии шартњои шартномаи гарав ва шартњои ўњдадории бо гарав таъминшуда дар хусуси талаботе, ки бо роњи аз њисоби молу мулки гаравї рўёнидани пардохтњо ќонеъ карда шуда метавонанд, бартарї ба шартњои шартномаи гарав дода мешавад.

Қисми 3 бо ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117 хориҷ карда шуд.

 

Моддаи 42. Аз њисоби предмети гарав рўёнидани пардохтњо дар сурати ќонеъ накардани талаботи оид ба

                     пеш аз мўњлат иљро намудани ўњдадории бо гарав таъминшуда

 

1. Гаравгир њаќ дорад пеш аз мўњлат иљро кардани ўњдадории бо гарав таъминшударо талаб намояд, вале агар ин талаб иљро карда нашавад, пардохтњоро аз њисоби предмети гарав дар мавридњои зерин ситонад:

1) ќоидањои ихтиёрдории предмети гаравро вайрон кардани гаравдењ ё аз соњибияти гаравдењ баромадани предмети гарав;

2) ќоидањои иваз ё барќарор кардани предмети гаравро вайрон намудани гаравдењ;

3) гум кардани предмети гарав дар њолатњое, ки гаравдењ барои онњо љавобгар намебошад, агар гаравдењ аз њуќуќи иваз ё барќарор кардани предмети гарав истифода накарда бошад;

4) ќоидањои гаравмонии минбаъдаро вайрон кардани гаравдењ;

5) ўњдадорињои нигоњдорї ва эњтиёт намудани предмети гаравро вайрон кардани гаравдењ;

6) ўњдадорињои худро дар бораи огоњонидани гаравгир аз њуќуќи ба предмети гарав доштани шахсони сеюм вайрон кардани гаравдењ;

7) ўњдадорињои пардохти фоизњо ё дигар маблаѓњои пешбиникардаи ўњдадории бо гарав таъминшударо мунтазам ( бештар аз ду маротиба) вайрон кардани ќарздор;

8) дар дигар мавридњои пешбиникардаи ќонун ё шартномаи гарав.

 

Моддаи 43. Навбати ќонеъгардонии талабњои гаравгирњо

 

1. Талабњои гаравгири баъдина аз њисоби арзиши предмети гарав баъди ќонеъ гардонидани талабњои гаравгири пешина ќонеъ карда мешаванд.

2. Навбати ќонеъ гардонидани талабњо мувофиќи њамин Ќонун бо розигии хаттии гаравгирњо таѓйир дода шуда метавонад.

3. Дар сурати бо талаби гаравгири баъдина аз њисоби предмети гарав рўёнидани пардохтњо талабњои гаравгири баъдина баъд аз ќонеъ кунондани талабњои гаравгирони пешина ќонеъ гардонда мешаванд, њатто агар мўњлати ќонеъкунии онњо нарасида бошад.

4. Дар сурати бо талаби гаравгири пешина аз њисоби предмети гарав рўёнидани пардохтњо, њамзамон бо талаби гаравгири баъдина аз њисоби ин предмети гарав рўёнидани пардохтњо раво мебошад, ки мўњлати пешнињоди рўёнидани онњо њанўз нарасидааст.

Талаботи гаравгирњои баъдина набояд пеш аз мўњлат ќонеъ гардонда шаванд, агар барои ќонеъ гардондани талабњои гаравгирњои пешина аз њисоби як ќисми предмети гарав рўёнидани пардохтњо кофї бошад.

5. Гаравгири баъдина, ки молу мулки гаравї дар ихтиёри ў мебошад, вазифадор аст:

1) ба гаравгирњои пешина дар бораи ниятњои худ оид ба фурўхтани молу мулки гаравї хабар дињад;

2) бо талаби гаравгирандаи пешина молу мулки гаравиро ба соҳибияти ў супорад. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

Агар ин талабњо иљро нашуда бошанд, гаравгири баъдина, ки молу мулкро мефурўшад, дар назди гаравгири пешина љавобгарии молу мулки дорад.

6. Њангоми аз њисоби предмети гарав рўёнидани пардохтњо талабњои гаравгири баъдина аз њисоби арзиши предмети гарав баъди талабњои худро ќонеъ гардонидани гаравгири пешина ќонеъ карда мешаванд.

7. Бо навбат қонеъ гардонидани талабот, ки бо гарави пешина муайян шудааст, нисбат ба даромад пас аз 30 рӯзи баъди аз ҷониби гаравдеҳ ба даст овардани даромад ба анҷом мерасад, ба истиснои ҳолатҳое, ки даромад дар шакли пулӣ ба даст омада, мумкин аст мушаххас гардонда шавад ё бо тавсифи гарав, ки дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии пешниҳодшуда зикр шудааст, пӯшонида шавад.(ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

8. Бо навбат қонеъ гардонидани талабот, ки бо гарави пешина муайян шудааст, нисбат ба даромад пас аз 30 рӯзи баъди аз ҷониби гаравдеҳ гирифтани ҳосил ва маҳсулот ба анҷом мерасад, ба истиснои ҳолатҳое, ки даромад дар шакли пулӣ ба даст омада, мумкин аст мушаххас гардонда шавад ё бо тавсифи гарав, ки дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии пешниҳодшуда зикр шудааст, пӯшонида шавад. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117) 

9. Агар гаравгири гаравњои пешина ва минбаъда худи њамон як шахс бошад, ќоидањои њамин модда татбиќ намешаванд. Дар ин маврид талабњои бо њар яке аз гаравњо таъминшуда бо навбат, мувофиќи мўњлатњои дахлдори иљрои ўњдадорињои дахлдор ќонеъ карда мешаванд, агар ќонун ё созишномаи тарафњо дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад.

10. Агар маблаѓи аз фурўши иљбории молу мулки гаравї ба дастомада, ки он мувофиќи фасли III њамин Ќонун ба амал бароварда мешавад, барои пардохти талабњои гаравгирњои навбати минбаъда кифоя набошад, талабњои онњо чун талабњои таъминнабуда ќатъ мегарданд, катъи назар аз ќонунї будани ин талабњо, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад.

 

Моддаи 44. Тартиби рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав 

 

1. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав метавонад бо тартиби ғайрисудӣ ва судӣ амалӣ карда шавад.

2. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ дар асоси шартномаи гарав ё созишномаи байни гаравдеҳ ва гаравгир, ки дар он шартҳои рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ нишон дода шудаанд, амалӣ карда мешавад. Агар дар шартномаи гарав ё созишномаи байни гаравдеҳ ва гаравгир тартиби ғайрисудӣ муқаррар шуда бошад, ягон тараф наметавонад ба таври яктарафа тартиби рӯёниданро аз ҳисоби предмети гарав тағйир диҳад. 

3. Дар ҳолатҳои дигар рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби судӣ амалӣ карда мешавад, аз ҷумла, агар: 

- барои ба имзо расонидани шартномаи гарав розигӣ ё иҷозати дигар шахс ё мақомот талаб карда шавад ва ин гуна розигӣ ё иҷозат гирифта нашуда бошад; 

- предмети гарав молу мулки бошад, ки барои ҷомеа арзиши зиёди таърихию бадеӣ ё дигар арзиши фарҳангӣ дошта бошад.

(ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 45. Тартиби ғайрисудии рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав

 

1. Гаравгир ҳуқуқ дорад ба таври ғайрисудӣ ба предмети гарав соҳиб шавад, агар он дар шартномаи гарав пешбинӣ шуда бошад ё агар қарздор (гаравдеҳ) пас аз ба миён омадани ҳолатҳои иҷро нагаштан ё ба таври номатлуб иҷро гардидани ӯҳдадорӣ дар шакли хаттӣ розигӣ дода бошад, ба шарте ки чунин соҳиб шудан ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошад.

2. Агар предмети гарав молу мулки манқули ба молу мулки ғайриманқул пайвастшуда бошад, гаравгир метавонад онро бо тартиби ғайрисудӣ аз молу мулки ғайриманқули ба он пайвастшуда, танҳо дар сурати гирифтани розигии хаттии қарздор ё гаравдеҳ, агар ӯ дар як вақт қарздор ҳисобида нашавад, пас аз ба миён омадани ҳолатҳои иҷро нагаштан ё ба таври номатлуб иҷро гардидани ӯҳдадорӣ ҷудо намояд. 

3. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ бо чунин тарз амалӣ карда мешавад:

- ихтиёран супоридани предмети гарав аз ҷониби гаравдеҳ ба гаравгир;

- рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус.

(ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 46. Ихтиёран супоридани предмети гарав 

 

Ихтиёран супоридани предмети гарав бо бастани созишномаи ҳаққи дасткашӣ байни гаравдеҳ ва гаравгир амалӣ карда мешавад. 

(ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 47. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус 

 

1. Дар сурати аз ҷониби гаравдеҳ эътироф намудани ӯҳдадории қарзӣ ё дар асоси қарори суд дар бораи рӯёнидани қарзе, ки бо предмети гарав таъмин шудааст, гаравгир ҳуқуқ дорад барои гирифтани навиштаҷоти иҷроияи нотариус муроҷиат намояд. 

2. Дар бораи гирифтани навиштаҷоти иҷроияи нотариус ва оғоз намудани расмиёти гирифтани предмети гарав, гаравгир ӯҳдадор аст, ки гаравдеҳро бо таври хаттӣ огоҳ намояд. 

3. Гаравдеҳ ҳуқуқ дорад, ки навиштаҷоти иҷроияи нотариусро бо тариқи судӣ мавриди шикоят қарор диҳад.

4. Дар ҳолати саркашӣ намудани гаравдеҳ аз ихтиёран супоридани предмети гарав дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус, предмети гарав маҷбуран тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

(ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 48. Чораҳои таъминотӣ вобаста ба предмети гарав

 

1. Агар баъди ба амал омадани ҳолати иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ӯҳдадорӣ, гаравгир ба предмети гарав тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шуда натавонад ё агар қарздор (гаравдеҳ) баъди ба амал омадани ҳолати мазкур барои гирифтани предмети гарав, ки молу мулки манқули ба молу мулки ғайриманқул пайвастшуда ба ҳисоб меравад, розӣ набошад, гаравгир ҳуқуқ дорад ба суд бо ариза дар бораи супоридани предмети гарав ба нигоҳдории гаравгир муроҷиат намояд, ки он бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад.

2. Ба ариза дар бораи супоридани предмети гарав ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:

- шартномаи гарав;

- далелҳои дахлдор, ки ҳолати аз ҷониби қарздор ё гаравдеҳ, агар ӯ дар як вақт қарздор ҳисобида нашавад, иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ӯҳдадории асосиро тасдиқ мекунанд;

- ҳуҷҷати супоридани боҷи давлатӣ;

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. 

3. Ҳангоми муроҷиат намудани гаравгир ба суд бо ариза оид ба андешидани чораҳои таъминотӣ, гаравгир ба қарздор (гаравдеҳ) нусхаи аризаи мазкур ва нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои замимашавандаро, ки ба суд пешниҳод шудаанд, месупорад. Аризаи мазкур мумкин аст бе тасдиқи қабули он аз ҷониби қарздор (гаравдеҳ) дар ҳолатҳои зерин ба суд пешниҳод карда шавад:

- агар гаравгир чораҳои дахлдорро оид ба супоридани нусхаи аризаи мазкур ба қарздор (гаравдеҳ) андешида бошад, вале ин чораҳо бенатиҷа мондаанд;

- баҳри пешгирӣ кардани вайроншавии предмети гарав ё дар ҳолати моҳиятан паст шудани арзиши предмети гарав;

- бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳои эҳтимолии ғайриқонунии қарздор (гаравдеҳ), ки ба нобудшавӣ, вайроншавӣ ё бегона намудани предмети гарав оварда мерасонанд.

4. Гаравгире, ки дар асоси санади судӣ предмети гаравро барои нигоҳдорӣ қабул намудааст, ӯҳдадор мешавад оид ба таъмини нигоҳдории предмети гарави дар ихтиёр доштааш то ба соҳибият қабул намудани он ё то қабул шудани қарори суд чораҳои дахлдор андешад.

5. Агар аз шартномаи тарафҳо тартиби дигар барнаояд, дар муддати дар нигоҳдории гаравгир қарор доштани предмети гарав, хароҷоти дахлдор, аз ҷумла андоз ё хироҷи пардохтшудаи ба предмети гарав алоқаманд мумкин аст ба зиммаи қарздор (гаравдеҳ) гузошта шуда, аз ҳисоби предмети гарав, инчунин арзиши ҳама гуна намудҳои суғурта рӯёнида шавад.

(ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 49. Огоҳинома дар бораи оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби  предмети гарав бо

                        тартиби ғайрисудӣ 

 

1. То оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ гаравгир ӯҳдадор аст дар шакли хаттӣ ба гаравдеҳ огоҳинома фиристонад, ки он маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- маълумот дар бораи гаравдеҳ ва гаравгир; 

- тавсифи инфиродӣ ё умумии предмети гарав;

- пешниҳод дар бораи иҷрои ихтиёрии ӯҳдадорӣ, аз ҷумла маблағи қарз дар мӯҳлати на камтар аз 20 рӯз аз лаҳзаи бо тариқи дахлдор супоридани огоҳинома ба гаравдеҳ;

- дигар маълумотҳое, ки гаравгир зарур мешуморад;

- санаи огоҳинома ва имзои гаравгир ё шахси ваколатдоркардаи ӯ. 

2. Гаравгир ҳамзамон ба гаравгирони пешина ва минбаъда огоҳинома оид ба оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети гаравро мефиристонад.

3. Ҳангоми гирифтани огоҳинома дар бораи оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав:

1) гаравдеҳ ҳуқуқ дорад:

- пешниҳоди гаравгирро дар бораи иҷрои ихтиёрии ӯҳдадорӣ қонеъ намояд; 

- ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани асосҳои рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав муроҷиат намояд; 

2) гаравдеҳ ӯҳдадор аст:

- огоҳиномаро моҳиятан мавриди баррасӣ қарор диҳад;

- на дертар аз 10 рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома оид ба қарори қабулнамудаи худ ба гаравгир ба таври хаттӣ ҷавоб диҳад. 

4. Агар гаравдеҳ ба гаравгир оид ба қарори қабулнамудаи худ вобаста ба огоҳинома ҷавоби хаттӣ пешниҳод накунад, пас ин амал ҳамчун эътироф накардани асоснокии талаботи гаравгир дар бораи қарзи асосӣ ва рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав дониста шуда, барои муроҷиат ба суд асос шуда метавонад.

(ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 50. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби судӣ 

 

Гаравгир дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад ба суд бо даъво муроҷиат намояд:

- ғайриимкон будани рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;

- агар барои ба имзо расонидани шартномаи гарав розигӣ ё иҷозати дигар шахс ё мақом талаб карда шавад ва ин гуна розигӣ ё иҷозат гирифта нашуда бошад; 

- агар предмети гарав молу мулке бошад, ки барои ҷомеа арзиши зиёди таърихию бадеӣ ё дигар арзиши фарҳангӣ дорад;

- набудани гаравдеҳ ва имконнопазир будани муқаррар кардани макони ҷойгиршавии ӯ;

- дар сурати эътироф накардани асоси талаботи гаравгир дар бораи қарзи асосӣ ва рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав.

(ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117) 

 

БОБИ 7.

ФУРЎШИ ПРЕДМЕТИ ГАРАВЕ, КИ АЗ ЊИСОБИ ОН  ПАРДОХТЊО РЎЁНИДА МЕШАВАНД

 

Моддаи 51. Фурўши предмети гарав

 

1. Баъди гузаштани мўњлати сархати сеюми қисми 1 моддаи 49њамин Ќонун гаравгир њуќуќ дорад ба расмиёти фурўши предмети гарав мутобиќи њамин Ќонун шурўъ намояд. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

2. Фурўши предмети гарави марбут ба рўёнидани пардохтњо аз њисоби предмети гарав ё кушода ё хусусї буда метавонад ва бояд ба шакл ва мавќеи молу мулк мувофиќат намояд.

Гаравдењ ва гаравгир вазифадоранд бовиљдонона барои ба амал баровардани фурўш тавре чорањо андешанд, ки он барои њамаи тарафњои иштироккунанда бо назардошти шароити воќеї њарчи бештар баманфиат бошад.

3. Њар шахс, ба истиснои гаравдењ ва њар шахсе, ки аз номи гаравдењ амал мекунад ва аз байни иштирокчиёни музоядаи ситондани пардохтњо мутобиќи њамин модда нархи баландтаринро пешнињод менамояд, барои молу мулки гаравї њуќуќи моликиятро пайдо менамояд. Њангоми савдои хусусї харидоре, ки гаравдењ ё шахсе намебошад, ки аз номи гаравдењ амал мекунад, њуќуќи моликиятро ба молу мулк баъди пардохти арзише, ки гаравгир бо гаравдењ мувофиќа кардаанд, гаравдењ пайдо мекунад.

4. Агар гарав дар шакли гарави додашуда (заклад) буда, предмети гарав депозити пулї, коѓазњои ќиматнок, ашёи ивазшаванда ё дигар ашёе бошад, ки дар сурати ба миён омадани зарурат ба гаравдењ пас гардонда, бо ашёи њаммонанд иваз карда шуда метавонад, гаравгир метавонад њуќуќи худро дар бобати рўёнидани пардохтњои ўњдадории иљронашуда дар лањзаи фаро расидани мўњлати иљрои ўњдадории бо гарав таъминшуда ба амал барорад.

Гаравгир њаќ дорад ин гаравро фурўшад ё бо дигар роњ онро фавран баъди ба ихтиёрдориаш ворид гардидани ин гарав бегона намояд, агар:

1) ин гарав аз љињати хусусиятњои табиии худ зудвайроншаванда бошад ё хатаре мављуд бошад, ки он арзиши худро зуд гум кунад;

2) харољоти њифз ва нигоњдории предмети гарав ба ќиёси арзиши он номутаносиб аст;

3) бо ќарори суд.

5. Гаравдењ метавонад аз њисоби молу мулки гаравї рўёнидани пардохтњоро бо роњи ба гаравгир пардохт намудани тамоми маблаѓи тааллуќдошта, ки ба ўњдадорї мансуб буда, бо молу мулки гаравї таъмин гардидааст, инчунин харољоти рўёнидани пардохтњоро пеш аз фурўши он ќатъ кунад.

6. Бегона кардани предмети гарав бо роњи рўёнидани пардохтњо бо маќсади ќонеъ гардондани ўњдадории бо гарав таъминшуда амалиёти тиљоратї намебошад.

 

Моддаи 52. Тарзу усулњои фурўш

 

1. Предмети гарав, ки мувофиќи њамин Ќонун пардохтњо аз њисоби он рўёнида мешаванд, бо роњи фурўши ошкоро, савдои хусусї ё бо дигар тарзу усулњои пешбиникардаи созишномаи тарафњо, инчунин бо роњи предмети гаравро харидани гаравгир мувофиќи талаботи њамин Ќонун фурўхта мешавад.

2. Савдои кушод дар шакли музоядаи ошкоро ё озмун гузаронда мешавад. Шакли савдо бо ќарори суд (дар сурати бо тартиби судї рўёнидани пардохтњо) ё бо шартномаи гарав ё созишнома дар бораи ќонеъ намудани талаботи гаравгир (дар сурати бо тартиби ѓайрисудї рўёнидани пардохтњо) муайян карда мешавад.

3. Тартиби гузарондани савдои кушод тибќи моддањои дахлдори Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, њамин Ќонун ё дигар санадњои меъёрии њуќуќї, инчунин шартномаи гарав ё созишнома дар бораи ќонеъ намудани талаботи гаравгир бо тартиби ѓайрисудї муайян карда мешавад.

 

Моддаи 53. Њуќуќу ўњдадорињои гаравгир њангоми фурўши предмети гарав

 

1. Гаравгир молу мулки гаравиро бо њар роњи барои ў мусоид, бо тарзу усулњои пешбиникардаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон фурўхта метавонад. Гаравгир барои фурўш ё њалли њар масъалаи ба фурўш алоќаманд идоракунандаи гаравро, ки аз номи ў амал мекунад, таъин карда метавонад. Гаравгир њаќ дорад бо розигии гаравгирони пешина ва минбаъда фурўши предмети гаравро ба мўњлати на бештар аз се моњ аз лањзаи оѓози расмиёти рўёнидани пардохтњо ба таъхир андозад, то ки нархи бештар баланди молу мулки гаравиро ба даст орад.

Гаравдењ њаќ дорад ба суд бо хоњиши дароз кардани мўњлати гузаронидани савдо мувофиќи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон мурољиат намояд.

Бо розигии хаттии гаравдењ ва тамоми гаравгирон мўњлати фурўши молу мулки гаравї бе мурољиат ба суд мумкин аст ба таъхир гузошта шавад.

2.Гаравгир молу мулки гаравиро худаш дар савдои хусусї харида наметавонад.

3. Гаравгир њар маблаѓи аз савдои рўёнидани пардохтњо ба дастомадаро, ки аз маблаѓи ба гаравгир додашаванда зиёдтар аст, ба мањфуздоранда мегузорад. Ин маблаѓ барои пардохт ба гаравгирони навбатї истифода карда шуда, баќияи он њатман ба гаравдењ пас гардонда мешавад. Тамоми маблаѓњое, ки гаравгир барои харољоти суд, нигањдорї, бењтар кардани молу мулки гаравї, фурўши молу мулки гаравї харљ кардааст, ба харољоти рўёнидани пардохтњо мувофиќи моддаи 6 њамин Ќонун мансубанд ва бояд ба гаравгир дода шаванд. (ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

4. Ҳангоми фурӯши предмети гарав манфиати тиҷоратӣ дар назар дошта мешавад, агар:

- гаравдеҳ ҳангоми фурӯш усули аз ҷиҳати тиҷоратӣ манфиатнокро истифода намояд;

- аз фурӯши предмети гарав дар дигар вақт ё бо тарзи дигар назар ба вақт ва тарзи фурӯши интихобкардаи гаравдеҳ нархи нисбатан фоиданокро ба даст овардан мумкин бошад;

- гаравдеҳ предмети гаравро мутобиқи таҷрибаи тиҷоратии соҳибкороне, ки ба фурӯши чунин намуди молу мулк машғуланд, фурӯшад;

- усули фурӯхтани предмети гарав бо қарори суд тасдиқ шуда бошад.

(ЌЉТ аз 26.07.14с., № 1117)

 

Моддаи 54. Ўњдадорї дар назди гаравдењ, ки аз фурўши ѓайриќонунии предмети гарав бармеояд

 

1. Дар сурате, ки агар суд муќаррар карда бошад, ки гаравгир молу мулки гаравиро бо сабаби риоя накардани расмиёти њамин Ќонун бо нархи беасоси паст фурўхтааст, ўњдадорињои тарафњо ба њолати аввала оварда мешаванд.

2. Агар гаравдењ ё гаравгири баъдина исбот кунад, ки арзиши асосноки бозории молу мулки гаравї њангоми фурўши он аз арзиши фурўшї зиёд буд ва дар натиљаи вайрон кардани ќоидањои савдо аз тарафи гаравгири пешина, гаравдењ ё гаравгири баъдина аз маблаѓи фурўш, ки бояд боќї мемонд, мањрум гардид, гаравдењ ва гаравгири баъдина метавонанд бо дархости ба андозаи маблаѓи гумшуда товони зарарро додани гаравгир ба суд мурољиат намоянд.

Моддаи 55. Оќибатњое, ки аз ѓайриќонунї ба соњибї даровардани предмети гарав бармеоянд

 

Гаравдењ метавонад аз гаравгир товони зарарро бо тартиби пешбиникардаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон рўёнад, агар гаравгир ба он њуќуќи ќонунї надошта бошад ё бо роњи ѓайриќонунї молу мулки гаравиро ба соњибии худ гирифта бошад.

 

Моддаи 56. Ќатъ кардани фурўши предмети гарав

 

1. Њар ваќт то ваќти фурўши предмети гарав дар музояда ё харидории он аз тарафи гаравгир бо тартиби муќарраркардаи њамин Ќонун расмиёти рўёнидани пардохтњо аз њисоби предмети гарав ва фурўши он бояд ќатъ карда шавад, агар ќарздор ё гаравдењ, ки шахси сеюм мебошад, ўњдадории бо гарав таъминшударо пурра ё дар он ќисме иљро намояд, ки иљро карда нашудан ё ба таври номатлуб иљро кардани он асоси рўёнидани пардохтњо бо роњи пардохти маблаѓи талабкардаи гаравгир дар њаљме, ки ин талабот дар лањзаи пардохти маблаѓњои дахлдор љой доранд ва ба гаравгир подоши маблаѓњои харољоти судї ва дигар харољотеро, ки рўёнидани пардохтњо аз њисоби предмети гарав ва фурўши он ба миён овардаанд, медињад.

Созишномае, ки њуќуќи дар њамин ќисм нишондодашударо мањдуд месозад, эътибор надорад.

2. Гаравгир баъди гирифтани маблаѓњои дар ќисми 1 њамин модда нишондодашуда вазифадор аст:

1) хабарнома дар бораи ќатъ кардани расмиёти рўёнидани пардохтњо аз њисоби предмети гарав ва фурўши онро тартиб дињад;

2) дар сурате, ки агар гарав мувофиќи њамин Ќонун ба ќайд гирифта шуда бошад, хабарномаро ба маќоми баќайдгиранда барои бекор кардани баќайдгирї мувофиќи моддаи 26 њамин Ќонун фиристонад;

3) бо талаби гаравдењ (ќарздор) ё гаравгир оид ба гарави пешина ва баъдина ба онњо нусхаи дуюми хабарномаро дињад.

3. Хабарнома дар шакли хаттї тартиб дода шуда, бояд маълумоти зеринро доро бошад:

1) номгўй (ном) ва љои будубоши (сукунати) гаравдењ (ќарздор);

2) номгўй (ном) ва љои будубоши (сукунати) гаравгир;

3) дастур барои ќатъ кардани расмиёти рўёнидани пардохтњо аз њисоби предмети гарав ва фурўши он;

4) раќами баќайдгирї, сана ва ваќти баќайдгирї дар маќоми баќайдгиранда, агар гарав ба ќайд гирифта шуда бошад;

5) дигар маълумоте, ки ба андешаи гаравгир зарур мебошанд;

6) санаи хабарнома ва имзои гаравгир.

 

Моддаи 57. Асоси ќатъ кардани гарав

 

1. Гарав пурра ё ќисман бо асосњои пешбиникардаи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, њамин Ќонун ё шартномаи гарав ќатъ карда мешавад.

2. Њангоми ќатъ кардани гарав гаравгир вазифадор аст:

1) хабарномаро дар бораи ќатъ кардани гарав тартиб дињад;

2) дар сурате, ки агар шартномаи гарав мувофиќи њамин Ќонун ба ќайд гирифта шуда бошад, ба маќоми баќайдгиранда барои бекор кардани баќайдгирї мувофиќи моддаи 26 њамин Ќонун хабарнома равона кунад;

3) бо талаби ќарздор (гаравдењ) ё гаравгирњои пешина ва баъдина ба онњо нусхањои хабарномаро дињад.

3. Хабарнома дар шакли хаттї тартиб дода мешавад ва бояд маълумоти зеринро доро бошад:

1) номгўй (ном) ва љои воќеияти (сукунати) ќарздор (гаравдењ);

2) номгўй (ном) ва љои воќеияти (сукунати) гаравгир;

3) њолатњое, ки асоси ќатъ кардани гарав мебошанд;

4) раќами баќайдгирї, сана ва ваќти баќайдгирї дар маќоми баќайдгиранда, агар гарав ба ќайд гирифта шуда бошад;

5) дигар маълумоте, ки ба аќидаи ќарздор (гаравдењ) ва ё гаравгир зарур мебошад;

6) санаи хабарнома ва имзои гаравгир.

 

ФАСЛИ IV

КАФОЛАТЊОИ ЊУЌУЌИ ТАРАФЊО ЊАНГОМИ ГАРАВ

 

БОБИ 8.

КАФОЛАТЊОИ ЊУЌУЌИ ТАРАФЊО ЊАНГОМИ ГАРАВ

 

Моддаи 58. Њифзи манфиатњои гаравгир ва гаравдењ њангоми ќатъи њуќуќи онњо ба молу мулки гаравї

                     дар асосњои пешбиникардаи ќонун

 

1. Дар сурати аз тарафи Љумњурии Тољикистон ќабул кардани санадњои ќонунгузорие, ки њуќуќи гаравро ќатъ менамоянд, зараре, ки дар натиљаи ќабули ин санадњо ба гаравгир расонда шудааст, дар њаљми пурра аз буљети давлатї талофї карда мешавад.

2. Дар сурати ќатъи њуќуќи моликият ба молу мулки гаравї ё ќатъи њуќуќи гаравї дар иртибот бо ќарори маќоми њокимияти давлатї, ки бевосита ба мусодираи молу мулки гаравї ё њуќуќи гаравї равона карда нашудааст, зараре, ки дар натиљаи ин ќарор ба гаравгир расонда шудааст, аз тарафи ин маќоми давлатї аз њисоби маблаѓњое, ки дар ихтиёри он мебошанд ва дар сурати норасоии ин маблаѓњо аз њисоби маблаѓњои буљети давлатї дар њаљми пурра талофї карда мешавад. Бањси талофї кардани зарарро суд њал менамояд.

3. Дар сурати андешидани чорањои маљбуран гирифтани молу мулки гаравї ё њуќуќ (милликунонї, мусодира, реквизитсия, инчунин дигар чорањое, ки оќибаташон монанд), давлат зарарњоеро, ки бо ин чорабинињо мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба гаравгир расонда шудаанд, љуброн менамояд.

 

Моддаи 59. Беэътибории санадњое, ки њуќуќи гаравиро вайрон мекунанд

 

1. Агар дар натиљаи аз тарафи маќомоти њокимияти давлатї баровардани санади дорои хусусияти ѓайримеъёрие, ки ба ќонунгузорї мувофиќат намекунад, њуќуќи гаравгир вайрон карда шавад, ин гуна санадро суд бо аризаи гаравгир беэътибор эътироф мекунад.

2. Оќибатњои пешбиникардаи ќисми 1 њамин модда инчунин дар мавридњои мањрумсохтани гаравдењ аз њуќуќи пешбурди хољагидорї ё идоракунии оперативии предмети гарав рух медињанд.

3. Зарарњое, ки дар натиљаи баровардани санадњои дар ќисми 1 њамин модда нишондодашуда ба гаравгир расонда шудаанд, бояд дар њаљми пурра аз тарафи маќомоти дахлдори њокимияти давлатї љуброн карда шаванд.

 

ФАСЛИ V

МУЌАРРАРОТИ ХОТИМАВЇ

 

БОБИ 9.

МУЌАРРАРОТИ ХОТИМАВЇ

 

Моддаи 591. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

(ЌЉТ аз 27.11.14с., №1155)

 

Моддаи 60. Дар бораи мавриди амал ќарор додани Ќонуни  мазкур

 

1. Ќонуни мазкур пас аз интишори расмї мавриди амал ќарор дода шавад.

2. Муќаррар карда шавад, ки Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи гарав» (Ахбори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, с.1994, № 14, мод. 205; Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон соли 1997, № 9, мод. 117; с.1998, № 10, мод. 123) то ваќти ќабул шудани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ипотека» танњо дар ќисме, ки ба њамин Ќонун мухолифат намекунад, амал мекунад.

3. Боби 2 Ќонуни мазкур баъди 1 соли ба ќувваи ќонунї даромадани њамин Ќонун мавриди амал ќарор дода шавад.

Гаравњоеро, ки то ќабули њамин Ќонун ба вуљуд омадаанд, дар давоми шаш моњи баъди мавриди амал ќарор гирифтани боби 2 Ќонуни мазкур ба ќайд гирифтан мумкин аст.

4. Минбаъд то ваќти бо њамин Ќонун мувофиќ кардани дигар ќонунњо ва санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар ќисме, ки ба њамин Ќонун мухолифат намекунанд, истифода бурда мешаванд.

5. Нисбат ба гараве, ки то мавриди амал ќарор дода шудани Ќонуни мазкур ба миён омадаанд, ин Ќонун татбиќ намегардад, агар созишномаи тарафњо дигар шарту шароитро пешбинї накарда бошад.

 

Президенти

Љумњурии Тољикистон                       Э. Рањмонов

 

ш. Душанбе, 1 марти соли 2005

№ 93

 

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ