ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №13, мод. 195;
Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №9, мод. 238; с. 2005, №12, мод. 626; Қонуни конститутсионии ҶТ аз 21.02.2018 с., №1507; аз 19.07.2019 с., №1638)
1.ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад.
Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Вайрон кардани талаботи ин модда боиси беэътибор дониста шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 11. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 2. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон
Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки синнашон ба 18 расидааст. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданро доранд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо мекунанд, ҳуқуқи дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданро надоранд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 3. Принсипҳои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрӣ ва дар асосҳои баробар иштирок мекунанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳонӣ мебошад ва шаҳрвандон онро бевосита амалӣ менамоянд. Ҳар шаҳрванд як овоз дорад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Назорат ба изҳори иродаи шаҳрвандон мумкин нест.
Моддаи 4. Ошкорбаёнӣ дар тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд, фаъолияти худро шаффоф ва ошкоро амалӣ менамоянд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи озодона ташвиқот бурданро кафолат медиҳад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Ташвиқот дар рӯзи овоздиҳӣ манъ аст.
Ҳамаи қарорҳои мақомоти дахлдор оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ҳафт рӯз аз лаҳзаи қабул шуданашон нашр ва ба воситаи радио ва телевизион пахш карда мешаванд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Комиссияи интихоботӣ дар бораи ҳайати худ, маҳалли ҷойгиршавии участкаҳои интихоботӣ, вақти кори он ва руйхати интихобкунандагон ба аҳолӣ сари вақт хабар медиҳанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Дар вақти маҷлисҳои комиссияҳои интихоботӣ, ҳангоми овоздиҳӣ, вақти ҳисобкунии овозҳо дар участкаҳои интихоботӣ, инчунин ҳангоми муайян кардани натиҷаи овоздиҳӣ ҳуқуқ доранд як нафарӣ намоянда аз ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони ҳалқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дар сурати зарурат мушоҳидон аз давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намоянд. Намояндагон бояд ҳуҷҷатеро, ки аз тарафи ташкилотҳои онҳоро фиристода ва ваколатҳои онҳоро тасдиқкарда дода шуда, ки шакли онро Комиссияҳои марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян кардааст, дошта бошанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд, камаш даҳ рӯз пеш аз интихобот дар бораи намояндаҳои худ ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот хабар медиҳанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Дахолати мустақим ё ғайримустақими намояндагон ва мушоҳидони миллию байналмилалӣ дар ҷараёни овоздиҳӣ ва фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 41. Мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллӣ
(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида рӯйхати мушоҳидони миллиро ба комиссияҳои дахлдори ҳавзавии интихобот барои бақайдгирӣ пешниҳод намоянд. Мушоҳидони миллӣ дар рӯзи интихобот дар биноҳои овоздиҳӣ рафти интихоботро мушоҳида мекунанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Фаъолияти мушоҳидони миллӣ баъди бо қарори комиссияҳои дахлдори ҳавзавии интихобот тасдиқ гардидани рӯйхати онҳо оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Мушоҳидони миллӣ ҳуқуқ доранд: (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шаванд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- дар хонаи овоздиҳӣ аз оғоз то анҷоми кори комиссияи участкавии интихобот ҳузур дошта бошанд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- супоридани бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон мушоҳида кунанд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- ҳангоми овоздиҳии интихобкунандагон берун аз ҳуҷраи овоздиҳӣҳузур дошта бошанд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- ҳисоби шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда, бюллетенҳои дар қуттии овоздиҳӣ мавҷудбуда, ҳисоби овозҳои интихобкунандагонро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҷараёни ҳисоби бюллетенҳои овоздиҳӣ имкон медиҳад, мушоҳида намоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- бо протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ ва комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот шинос шаванд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- аз қарор ва амали (беамалии) комиссияи интихобот ба комиссияи болоии интихобот ва ё суд шикоят намоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- ҳангоми ҳисоби такрории овозҳои интихобкунандагон дар комиссияҳои дахлдори интихобот ҳузур дошта бошанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Мушоҳидони миллӣ ҳуқуқ надоранд: (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон супоранд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- бо хоҳиши интихобкунанда барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- бо хоҳиши интихобкунанда бюллетенро пур кунанд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- амале содир намоянд, ки махфӣ будани овоздиҳиро халалдор созад; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- бевосита дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссияи интихобот анҷом дода мешавад, иштирок намоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- амале содир намоянд, ки ба кори комиссияи интихобот монеа шавад ва ё дар қабули қарори комиссияи дахлдори интихобот иштирок намоянд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 42. Мақом ва ваколатҳои мушоҳидони байналмилалӣ
(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Бо мақсади мушоҳидаи интихобот, гузарондани он дар шароити шаффоф ва ошкоро, мушоҳидони байналмилалӣ даъват карда мешаванд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ баъди аккредитатсияи онҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Мушоҳидони байналмилалӣ ҳангоми доштани даъватнома бо тартиби муқарраргардида дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия карда мешаванд. Даъватнома аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди нашри расмии қарор дар бораи таъини рӯзи интихобот фиристода мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба мушоҳидони байналмилалӣ дар бораи аккредитатсияи онҳо шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад. Шаҳодатномаи мазкур ба мушоҳидони байналмилалӣҳуқуқ медиҳад, ки рафти омодагӣ ва гузарондани интихоботро мушоҳида намоянд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Мушоҳидони байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Мушоҳидони байналмилалӣ фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи Қонуни конститутсионии мазкур озодона анҷом медиҳанд. Таъминоти моддию молиявии фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ аз ҳисоби тарафе, ки онҳоро фиристодааст ё аз ҳисоби маблағи худи онҳо анҷом дода мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ доранд: (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои дигареро, ки ҷараёни интихоботро танзим менамоянд, дастрас намоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихобот ширкат доранд ва бо номзадҳои алоҳида вохӯрии расмӣ доир намоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- дар участкаи интихоботӣ ва бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла дар рӯзи овоздиҳӣ ҳузур дошта бошанд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- ҷараёни овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳо ва муайян намудани натиҷаи онҳоро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҳисоби бюллетенҳо имкон медиҳад, мушоҳида намоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- бо натиҷаи баррасии шикоятҳо (аризаҳо) ва эродҳо вобаста ба вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба интихобот шинос шаванд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- ба намояндагони комиссияҳои интихобот бе дахолат ба кори онҳо оид ба мушоҳидаҳои худашон иттилоъ диҳанд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- баъди ба анҷом расидани овоздиҳӣ ақидаи худро оид ба омодагӣ ва гузарондани интихобот ошкоро изҳор намоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- оид ба мушоҳидаи ҷараёни интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи худро пешниҳод кунанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ надоранд: (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- ҳангоме, ки интихобкунанда дар бюллетенҳои интихобот қайдҳои худро мегузорад, дар ҳуҷраи овоздиҳӣҳозир бошанд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон хел мавод ё адабиёти тарғиботӣ паҳн намоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тартиби гузарондани интихобот афзалиятеро баён намоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- аз интихобкунандагон ба тарафдории кӣ овоз додани онҳоро пурсанд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- дар хулосаи худ аз ҳолатҳое, ки бо ҳуҷҷатҳо асоснок нагардидаанд ва қобили санҷиш нестанд, истифода баранд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- мақоми худро барои содир кардани амале, ки ба мушоҳидаи рафти интихобот вобаста нест, истифода баранд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ аккредитатсияи онҳоро бекор менамояд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Мушоҳидони байналмилалӣ уҳдадоранд: (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, риоя намоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- бо худ шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалиро дошта бошанд ва онро бо талаби комиссияи интихобот нишон диҳанд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- вазифаҳои худро дар асоси принсипҳои бетарафии сиёсӣ, беғаразӣ, худдорӣ аз изҳори ҳама гуна афзалият, баҳодиҳӣ ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигар, шахсони мансабдор ва иштирокчиёни дигари ҷараёни интихобот анҷом диҳанд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- ба ҷараёни интихобот дахолат накунанд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- хулосаҳои худро дар асоси мушоҳида ва маводи воқеӣ таҳия намоянд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 5. Таъминоти моддии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хароҷоти вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Раиси шаҳр, ноҳия дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба ташкили участкаҳои интихобот дар муддати се рӯз ҳар як участкаи интихоботиро барои гузарондани интихобот бо бино ройгон таъмин менамояд. Биноҳо ва таҷҳизоти корхонаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои кори комиссияҳои интихоботӣ дар асоси иҷора аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ истифода бурда мешаванд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Ҳама гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар маблағгузорӣ ва намуди дигари дастгирии моддии маъракаи интихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 6. Таъин намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду моҳи ба охир расидани муҳлати ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ интихоботи Президенти Ҷyмҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Хабар дар бораи рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот чоп карда мешавад.
Моддаи 7. Ташкили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ташкили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи комиссияҳои интихоботӣ гузошта мешавад. Комиссияҳои интихоботӣ ба таври дастаҷамъӣ кор мекунанд. Тайёрӣ ва гузаронидани интихобот аз тарафи комиссияҳои интихоботӣ шаффоф ва ошкорро амалӣ карда мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 8. Ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ
Ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ташкил карда мешаванд.
Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ бо зикри ҳудудҳои онҳо вa шумораи интихобкунандагон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ на дертар аз 50 рӯз пеш аз интихобот чоп карда мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 9. Ташкили участкаҳои интихоботӣ
Участкаҳои интихоботӣ аз тарафи Комиссияи ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо на дертар аз 40 рӯз пеш аз рӯзи интихобот аз ҳисоби аз 20 то 3000 интихобкунанда дар як участка ташкил карда мешаванд.
Участкаҳои интихоботӣ бо назардошти ҳудудҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, ноҳияҳои шаҳрӣ бо мақсади фароҳам сохтани шароити бештари муносиб барои интихобкунандагон ташкил карда мешаванд. Участкаҳои интихоботӣ инчунин дар қисмҳои ҳарбӣ ташкил карда шуда, мувофиқи маҳалли воқеъгардидаи қисмҳо ба ҳавзаҳои интихоботӣ дохил мешаванд. Ҳудудҳои участкаҳои интихоботӣ набояд ҳудудҳои ҳавзаҳои интихоботиро бурида гузаранд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Участкаҳои интихоботӣ метавонанд дар дармонгоҳҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатӣ, дар маҳалли буду боши шаҳрвандон, ки дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар воқеъ гардидаанд, ташкил карда шаванд. Ин участкаҳои интихоботӣ ба ҳавзаҳои интихоботӣ мувофиқи маҳалли воқеъгардидаашон дохил мешаванд.
Комиссияҳои ҳавзавии интихобот бохабаркунии интихобкунандагонро дар бораи ҳудудҳои ҳар участкаи интихоботӣ бо зикри маҳалли ҷойгиршавии комиссияи участкавии интихобот ва бинои овоздиҳӣ ташкил менамоянд. Бинои овоздиҳии ҳар участкаи интихоботиро Раиси шаҳр, ноҳия ҷудо мекунад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд - намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ) участкаҳои интихобот бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе назардошти талаботи қисмҳои якум ва дуюми моддаи мазкур ташкил карда шуда, вазифаҳои раиси комиссияи участкавии интихоботро роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ иҷро менамояд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Масъалаи ба ҳавзаи интихоботӣ бақайдгирии участкаи интихоботӣ, ки дар хориҷи Тоҷикистон воқеь гардидааст, аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳал карда мешавад.
- КОМИССИЯҲОИ ИНТИХОБОТӢ ОИД БА ИНТИХОБОТИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 10. Низоми комиссияҳои интихоботӣ
(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои зерин таъсис дода мешаванд: (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ;
Комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон .
Моддаи 11. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми доимоамалкунанда мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил мегардад.
Фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонун танзим менамояд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 12. Ваколатҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дорои чунин ваколатҳо мебошад:
1) дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ ба иҷрои ин Қонуни конститутсионӣ назорат мекунад ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд, дар ҳудуди ваколатҳои худ оид ба масъалаҳои ташкили интихобот қарор қабул мекунад, дастурамал мебарорад ва тавзеҳот медиҳад; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
2) ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил медиҳад, онҳоро номгузорӣ ва рақамгузорӣ мекунад; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
3) комиссияҳои ҳавзавии интихобот ташкил медиҳад ва дар бораи маҳалли ҷойгиршавии онҳо маълумот нашр менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
4) ба кори комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад, тартиби ба ҳайати онҳо дохил намудани тағйиротро муайян мекунад, қарорҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сурате, ки бо ин Қонуни конститутсионӣ ихтилоф дошта бошанд, бекор менамояд;
5) масъалаҳои ба қайди ҳавзаи интихоботӣ гирифтани участкаҳои интихоботиро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешаванд, ҳал мекунад; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
6) барои иштироки номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ шароити баробар муҳайё месозад;
7) тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллиро дар маъракаи интихоботӣ бо қарори худ муқаррар мекунад ва онҳоро бо шаҳодатномаи дахлдор таъмин менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
8) бо тартиби муқарраргардида маблағҳоро дар байни комиссияҳои интихоботӣ тақсим мекунад, ба таъмин карда шудани комиссияҳои интихоботӣ бо бино, нақлиёт ва воситаҳои алоқа назорат мекунад, дигар масъалаҳои таъминоти моддию техникии интихоботро ҳал менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
9) шакл ва матни бюллетени интихоботро оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯйхати интихобкунандагон, варақаҳои интихобот, протоколҳои маҷлисҳои Комиссияҳои интихоботӣ, дигар ҳуҷҷатҳои интихобот, намунаҳои қуттиҳои интихобот ва мӯҳри комиссияҳои интихоботӣ, тартиби ҳифзи ҳуҷҷатҳои интихоботиро муқаррар мекунад; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
10) ахбороти роҳбарони, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро оид ба масъалаҳои вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад;
11) номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд мегирад, натиҷаҳои интихоботро дар тамоми ҷумҳурӣ ҷамъбаст менамояд, маълумотро доир ба ҷамъбасти интихобот дар матбуот чоп мекунад, Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд мегирад, ба ӯ шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашро месупорад; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
12) ариза ва шикоятҳоро доир ба қарор ва амали (беамалии) комиссияҳои интихоботӣ баррасӣ менамояд ва аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
13) ба мақомоти прокуратура дар бораи вайрон карда шудани Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад, маълумот медиҳад; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
14) ба бойгонӣ супурдани ҳуҷҷатҳои вобаста ба гузаронидан ва ташкили интихоботро таъмин менамояд;
15) овоздиҳии такрорӣ, интихоботи такрориро ташкил мекунад;
16) дигар ваколатҳоро мувофиқи ин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Маҷлисҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар он сурат боэътибор шумурда мешаванд, ки агар дар онҳо на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати аслии комиссия дар рӯзи ҷаласа ҳузур дошта бошанд.
Моддаи 13. Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо на дертар аз 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва камаш чор нафар аъзо ташкил карда мешаванд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 14. Ваколатҳои комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин ваколатҳо мебошад:
1) ба иҷрои ин Қонуни конститутсионӣ дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ назорат мекунад ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
2) ба кори комиссияҳои участкавии интихобот роҳбарӣ мекунад; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
3) бо тартиби муқарраргардида маблағҳоро дар байни комиссияҳои участкавии интихобот тақсим мекунад, ба таъмин карда шудани комиссияҳои участкавии интихобот бо бино, нақлиёт, воситаҳои алоқа назорат мекунад ва дигар масъалаҳои таъминоти моддӣ-техникии интихоботро дар ҳавзаи интихоботӣ баррасӣ менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
4) барои иштироки номзадхо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ шароити баробар таъмин мекунад;
5) ахбори намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идораи давлатӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро оид ба масъалаҳои вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад;
6) ба тартиб додани рӯихати интихобкунандагон ва пешниҳоди онҳо барои шиносоии умумӣ назорат мекунад;
7) натиҷаҳои интихоботро дар ҳавза ҷамъбаст мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ месупорад; .
8) ариза ва шикоятҳоро доир ба қарорҳо ва амали (беамалии) комиссияҳои участкавии интихобот баррасӣ мекунад ва аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
9) ваколатҳои дигарро мувофиқи ин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 15. Ташкили комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд. Комиссияи участкавии интихобот на дертар аз 35 рӯз то интихобот дар ҳайати 5 - 19 аъзо, аз ҷумла раис, муовини раис ва котиб ташкил карда мешавад. Агар комиссия дар ҳайати то 7 нафар ташкил карда шавад, он гоҳ раис ва котиб интихоб мешаванд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Дар мавридҳои зарурӣ шумораи ҳайати комиссияи участкавии интихобот метавонад зиёд ё кам карда шавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 16. Ваколатҳои комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои зайл мебошад:
1) рӯйхати интихобкунандагонро дар участка тартиб медиҳад;
2) интихобкунандагонро бо рӯйхати интихобкунандагон шинос мекунад, аризаҳоро дар бораи саҳву ғалатҳои рўйхат қабул ва бappaсӣ намуда, масъалаи ба рӯйхат дохил намудани тағйироти дахлдорро ҳал мекунад;
3) лифофаҳои интихоботии интихобкунандагонеро, ки наметавонанд дар рӯзи интихобот дар маҳалли зисти худ бошанд ва дар овоздиҳӣ иштирок намоянд, қабул мекунад;
4) ба аҳолӣ дар бораи рӯзи интихобот ва маҳалли овоздиҳӣ хабар медиҳад;
5) омодасозии бинои овоздиҳӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ ва дигар таҷҳизоти интихоботиро таъмин мекунад;
6) овоздиҳиро дар участкаи интихоботӣ дар рӯзи интихобот ташкил медиҳад;
7) овозҳоеро, ки дар участкаи интихоботӣ дода шудаанд, ҳисоб мекунад;
8) ариза ва шикоятҳоро оид ба масъалаҳои тайёрии интихобот, ташкили овоздиҳӣ баррасӣ карда, аз рӯи онҳо қарор қабул менамояд;
9) ваколатҳои дигарро мувофиқи ин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад.
Моддаи 17. Узвият дар комиссияҳои интихоботӣ
Узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад. (Қонуни конс. ҶТ аз 19.07.19 с., №1638)
Узви комиссия бо аризаи шахсӣ, инчунин дар сурати аз ваколат маҳрум карда шуданаш, аз иҷрои вазифаи худ озод карда шуда метавонад.
Барои узви комиссияро аз ваколат маҳрум кардан, дар сурате, ки вай талаботи ин Қонуни конститутсиониро вайрон ё мунтазам ба вазифаи худ беэътиноӣ карда бошад, мақоме ҳуқуқ дорад, ки комиссияро ташкил додааст.
Даp мавриди зарурат узви нави комиссияи интихоботӣ ба тартибе, ки ин Қонуни конститутсионӣ муқаррар кардааст, таъин карда мешавад.
Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо, инчунин судяҳо, прокурорҳо, кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мушоҳидони миллӣ аъзои комиссияи интихоботӣ буда наметавонанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Як шахс узви фақат як комиссияи интихоботӣ буда метавонад.
Моддаи 18. Ташкили кор ва мӯҳлати ваколати комиссияҳои интихоботӣ
Маҷлиси комиссияи интихоботӣ он гоҳ босалоҳият дониста мешавад, ки агар дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати аслии комиссия, ки дар рӯзи маҷлис ҳузур доранд, иштирок карда бошанд. Қарори комиссия дар овоздиҳии кушод бо аксарияти овози аъзои комиссия, ки дар маҷлис иштирок намудаанд, қабул карда мешавад. Аъзои комиссия, ки бо қарори он норозианд, ҳуқуқ доранд фикри махсуси худро изҳор намоянд, ки он ба таври хаттӣ ба протокол замима карда мешавад. Дар сурати тақсими овозҳо овози раисикунанда ҳалкунанда мебошад.
Иҷрои қарори комиссияи интихоботӣ, ки дар доираи ваколатҳои он қабул карда шудааст, барои комиссияҳои интихоботии поёнӣ, инчунин барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ҳатмӣ мебошад.
Мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор бояд ба комиссияҳои интихоботӣ дар иҷрои ваколатҳояшон мусоидат намоянд, маълумотҳоеро, ки барои кори онҳо зарур аст, дар ихтиёрашон гузоранд.
Мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бино ва таҷҳизотеро, ки барои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот заруранд, ройгон дар ихтиёри комиссияҳои интихоботӣ қарор медиҳанд.
Комиссияи интихоботӣ ҳуқуқ дорад оид ба масъалаҳои вобаста бо тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ба мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор муроҷиат кунад, ки онҳо бояд масъалаи ба миён гузошташударо баррасӣ намуда, дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз ба комиссияи интихоботӣ ҷавоб диҳанд.
Узви комиссияи интихоботӣ бо қарори он дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихобот аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ бо ҳифзи маоши миёна аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда шудааст, озод карда шуда метавонад.
Мӯҳлати ваколати комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот баъди ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима меёбад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 19. Баррасии шикоят нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ
Мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро пешбарӣ кардаанд, худи номзадҳо ва прокурор нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ дар давоми даҳ рӯзи баъд аз қабули онҳо ба комиссияи интихоботии болоӣ ё ба суд шикоят карда метавонанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Нисбати қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯз баъди қабул карда шудани қарор шикоят кардан мумкин аст. Шикоят бояд дар давоми се рӯзи баъди ворид шуданаш, агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш рӯз монда бошад—фаврӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- РӮЙХАТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Моддаи 20. Рӯйхати интихобкунандагон ва тарзи тартиб додани он
Рӯйхати интихобкунандагон аз тарафи комиссияҳои участкавии интихобот доир ба ҳар участкаи интихоботӣ тартиб дода шуда, аз тарафи раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот бо имзо ва муҳр тасдиқ карда мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи маҳалли истиқомат дар асоси маълумот дар бораи интихобкунандагон, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод кардаанд, тартиб дода мешавад. Комиссияи участкавии интихобот барои барӯйхатгирии интихобкунандагон намояндагони мақомот, муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ҷалб карда метавонад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Рӯйхати интихобкунандагон на камтар аз 15 рӯз баъд аз ташкили комиссияҳои участкавии интихобот тартиб дода шуда, дар он насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд ва суроғаи интихобкунанда нишон дода мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Рӯйхати интихобкунандагон-хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар қисмҳои ҳарбӣ мебошанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо ва интихобкунандагони дигар, ки дар маҳалҳои воқеъ гардидани қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, дар асоси маълумоте, ки фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ пешниҳод мекунанд, тартиб дода мешавад. Хизматчиёни ҳарбӣ, ки берун аз қисмҳои ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, ба рӯйхати интихобкунандагон мувофиқи маҳалли истиқомат дар асосҳои умумӣ дохил карда мешаванд.
Рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи участкаҳои интихоботӣ, ки дар дармонгоҳҳо, профилакторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дар дигар муассисаҳои табобатию пешгирикунанда, инчунин дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ташкил карда шудаанд, дар асоси маълумотҳое, ки роҳбарони муассисаҳои мазкур пешниҳод мекунанд, тартиб дода мешавад.
Рӯйхати интихобкунандагон дар шакле, ки барои ташкили овоздиҳӣ муносиб аст, тартиб дода мешавад.
Моддаи 21. Ба рӯйхати интихобкунандагон дохил намудани шаҳрвандон
Ба рӯйхати интихобкунандагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи дар овоздиҳӣ иштирок кардан доранд, дохил карда мешаванд.
Ба рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи маҳалли истиқомат шаҳрвандоне дохил карда мешаванд, ки дар вақти тартиб додани рӯйхат дар ҳудуди участкаҳои дахлдори интихоботӣ доимӣ ё муваққатӣ зиндагӣ мекунанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Бa рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи участкаҳои интихоботӣ, ки дар дармонгоҳҳо, профилекторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатию профилактикӣ ташкил карда шудаанд, ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар рӯзи гузаронидани интихобот дар маҳалҳо ва муассисаҳои мазкур мебошанд, дохил карда мешаванд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат ба як рӯйхати интихобкунандагон дохил карда метавонад. Шаҳрвандоне, ки ба участкаи интихоботӣ баъди барои шиносоии умумӣ гузоштани рӯйхати интихобкунандагон омадаанд, ба рӯйхати иловагӣ дохил карда мешаванд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 22. Шинос намудани шаҳрвандон бо рӯйхати интихобкунандагон
Рӯйхати интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ, ки аз рӯи маҳалли истиқомат тартиб дода шудааст, 15 рӯз пеш аз овоздиҳӣ, дар дигар участкаҳои интихоботӣ, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, санаторияҳо, хонаҳои истироҳат, беморхона ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, маҳалҳои дурдасту душворгузар ташкил гардидаанд, ду рӯз пеш аз овоздиҳӣ барои шиносоии умумӣ пешниҳод карда мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Ба шаҳрвандон имконият муҳайё карда мешавад, ки дар бинои комиссияҳои участкавии интихоботи дахлдор бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шаванд, инчунин дурустии маълумотҳои дар бораи интихобкунандагони ба рӯйхат дохил кардашударо тафтиш намоянд.
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар хусуси ба рӯйхат дохил нашудан, нодуруст ба рӯйхат дохил шудан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин саҳву хатои маълумот оид ба интихобкунанда шикоят кунад. Ариза дар бораи зарурати даровардани ислоҳ ба рӯйхат аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар муддати на дертар аз се рӯз ва дар арафа ва рӯзи овоздиҳӣ фавран мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар сурати рад кардани ариза комиссияи участкавии интихобот фавран ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро дар бораи рад карда шудани аризааш медиҳад. Нисбати қарор ба комиссияҳои интихоботии болоӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст, ки он дар давоми се рӯз, дар арафа ва рӯзи интихобот—фавран баррасӣ намуда, қарори қатъӣ қабул мекунад. Дар сурате, ки барои аризадиҳанда қарори мусбат қабул карда шавад. Комиссияи участкавии интихобот фавран ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ медарорад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 23. Шаҳодатнома барои ҳуқуқи овоздиҳӣ
Дар сурате, ки интихобкунанда дар давраи байни пешниҳод кардани рӯйхати интихобкунандагон барои шиносоии умумӣ ва рӯзи интихобот ҷои будубоши худро тағйир диҳад, комиссияи участкавии интихобот бо хоҳиши интихобкунанда ва бо пешниҳод намудани ҳуҷҷат, ки шахсияти ӯро тасдиқ мекунад, ба интихобкунанда шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ медиҳад. Зимнан дар рӯйхати интихобкунандагон қайди дахлдор карда мешавад.
Бо пешниҳод кардани шаҳодатномаи ҳуқуқи овоздиҳӣ Комиссияи участкавии интихобот дар рӯзи овоздиҳӣ интихобкунандаро ба рӯйхати иловагии интихобкунандагон дар участкаи интихоботии маҳалли будубоши вай дохил мекунад.
- ПЕШБАРӢ ВА БА ҚАЙДГИРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 24. Пешбарӣ намудани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонуни конститутсионӣ ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар анҷуманҳо, конференсияҳои онҳо мувофиқи оинномаашон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин маҷлиси намояндагони вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ пешбарӣ карда мешаванд. Mеъёри намояндагӣ ва тартиби ташкил ва гузаронидани Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳуриро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян мекунад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Аз тарафи ҳар ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фақат як нафар номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда метавонад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Қарор дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони анҷуман ё конференсияи ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин бо аксарияти овози шумораи умумии намояндагони вакилони Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қабул карда мешавад. Шакли овоздиҳиро мақоми дахлдоре, ки номзадро ба мансаби Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст, муайян менамояд. Дар бораи пешбарии номзад протокол тартиб дода мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Номзади ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаришуда бояд аз тарафи панҷ фоизи шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи интихобот доранд, тарафдорӣ карда шавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда мувофиқи тартиб ва мӯҳлате, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар кардааст, сурат мегирад.
Пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Toҷикистон, ки хилофи ин Қонуни конститутсионӣ гузаронида шудааст, беэътибор дониста мешавад.
Пешбарӣ намудани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 50 рӯз гузаронида шуда, на дертар аз 30 рӯз то интихобот ба охир мерасад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Шумораи умумии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда намешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Қарор дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз баъди қабул кардани он, фиристода мешавад. Дар бораи қарори қабул кардашуда ба номзад ба мӯҳлати на дертар аз ду рӯз хабар дода мешавад.
Ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маҷлиси намояндагони вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд, ҳуқуқ доранд ҳар вақт то интихобот қарори худро дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кунанд. Ин гуна қapop ба тартибе, ки барои пешбарӣ кардани номзадҳо муқаррар гардидааст, қабул карда мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар вақт метавонад аз номзадии худ даст кашида, дар ин бора ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо ариза муроҷиат намояд.
Ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудаанд, новобаста ба барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судиашон, инчунин ходимони иттиҳодияҳои динӣ пешбарӣ шуда наметавонанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Дар сурате, ки ягон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда нашуда бошад ё ҳамаи номзадҳои пешбаришуда номзадии худро пас гирифта бошанд, номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда мешаванд. Дар ин сурат номзадҳое пешбаришуда ҳисоб мешаванд, ки дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз тарафи аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда шудаанд.
Моддаи 25. Бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо
(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Бақайдгирии номзадҳои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаришуда ва шахсони боэътимоди онҳо аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давоми се рӯз аз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, вале на дертар аз 25 рӯз то интихобот сурат мегирад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Қарор дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани чунин ҳуҷҷатҳо қабул карда мешавад:
- протоколи маҷлиси мақоми олии (анҷумани, конференсияи) ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, Маҷлисҳои намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- нусхаи шиноснома (корти идентификатсионӣ); (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- нусхаи ҳуҷҷати расмие, ки доштани таҳсилоти олиро тасдиқ мекунад; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- хулосаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар хусуси муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- маълумот оид ба надоштани доғи судӣ; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ кардаанд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- маълумоти тарҷимаи ҳоли номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- аризаи номзад дар бораи розигиаш барои пешбарӣ кардан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони боэътимоди номзад наметавонанд дар ягон Комиссияи интихоботӣ оид ба интихоботи Президент дохил бошанд. Дар сурате ки агар узви яке аз Комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президент ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ё шахси боэътимод пешбарӣ шуда бошад, вай аз вазифаи узви комиссия аз лаҳзаи ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси боэътимод ба қайд гирифта шуданаш озод кардашуда ҳисоб меёбад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давоми ду рӯз баъди бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор месупорад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Агар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бақайдгирии номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рад кунад, нисбати қарори мазкур ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқҳои шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ, ки номзади мазкурро пешбарӣ кардаанд, метавонанд ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намоянд ва ин шикоят дар мӯҳлати шаш рӯз баррасӣ карда мешавад. Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ мебошад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар мӯҳлати ҳафт рӯз баъди бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуоти маҳаллӣ дар бораи бақайдгирӣ бо зикри насаб, ном ва номи падар, сол ва ҷои таваллуд, вазифа ва ҷои кор, ҳизбият, маҳалли зист, вазъи оилавии номзад, инчунин номи мақоме, ки номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст, иттилоъ медиҳад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 26. Бюллетени интихобот
Шакл ва матни бюллетени интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ карда мешавад. Дар бюллетен рӯйхати номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби алифбо бо зикри насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд, ҳизбият, вазифа, ҷойи кор ва истиқомат, ҳамчунин маълумот дар бораи аз тарафи кадом мақом ва бо кадом тартиб пешбарӣ шудани номзад дохил карда мешаванд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Бюллетенҳои интихоботӣ на дертар аз 10 рўз то интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ ё забоне, ки аксарияти аҳолии ҳавзаи интихоботӣ бо он гап мезананд, аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ чоп карда шуда, бояд на кам аз як дараҷаи ҳифозат дошта бошанд. Комиссияҳои интихоботӣ бюллетенҳои интихоботиро бо санад месупоранд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Бюллетенҳои интихобот ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар давоми на дертар аз ҳафт рӯз ва ба комиссияҳои участкавии интихобот дар давоми на дертар аз ду рӯз пеш аз интихобот бо тартиби муқарраргардида дастрас карда мешаванд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Биное, ки бюллетенҳои интихобот дар он нигоҳ дошта мешаванд, мӯҳр карда, ба муҳофизаи мақомоти корҳои дохилӣ супурда мешавад.
- КАФОЛАТИ ФАЪОЛИЯТИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 27. Кафолати фаъолияти номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо
Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба қайд гирифта шуданашон дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар асосҳои баробар иштирок карда, барои истифодаи имкониятҳои воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла радио ва телевизион, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Барои ҳамаи номзадҳои бaқaйдгирифташудaи мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити баробари таъминоти моддию техникӣ ва молиявии маъракаи интихоботӣ таъмин карда мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо интихобкунандагон чи дар маҷлисҳо ва чи дар шакли барои интихобкунандагон муносиб вохӯриҳо гузаронад. Комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба номзадҳои мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани маҷлисҳо биноҳои муҷаҳҳаз муҳайё мекунанд. Дар бораи вақт ва ҷои гузаронидани маҷлисҳо ва вохӯриҳо аз тарафи комиссияҳои ҳавзавии интихобот ба интихобкунандагон пешакӣ хабар дода мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо вазифадоранд, ки ба номзадҳои мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили вохӯриҳо бо интихобкунандагон, гирифтани маводҳои зарурии маълумотӣ ва ахборотӣ мусоидат намоянд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо барномаи фаъолияти ояндааш баромад кунад. Барномаи номзад набояд бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дошта бошад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Номзадҳои ба қайд гирифташудаи мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти гузаронидани маъракаи пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ бо ҳифзи музди меҳнати миёнаи ҷои кор аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда мешавад, озод карда шаванд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бе розигиашон аз кор озод карда, инчунин ба кор ё вазифаи дигар гузаронида шуда наметавонанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи ройгон аз тамоми намудҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ё байнишаҳрӣ (ба истиснои нақлиёти ҳавоӣ, қатора ва таксӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе розигии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содири ҷиноят. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 28. Шахсони боэьтимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад то 15 нафар шахсони боэътимод дошта бошад, ки онҳо ба вай барои гузаронидани маъракаи интихоботӣ ёрӣ мерасонанд, барои интихоб шудани ваӣ ташвиқот мебаранд, манфиатҳои вайро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои интихоботӣ муҳофизат мекунанд. Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони боэътимодро мувофиқи салоҳдиди худ муайян мекунад ва рӯйхати онҳоро ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод менамояд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шахсони боэътимодро ба қайд гирифта, ба онҳо шаҳодатнома медиҳад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Шахсони боэътимод аъзои комиссияҳои интихоботии дахлдор буда наметавонанд.
Шахсони боэътимод бо хоҳиши номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва хизматӣ бо ҳифзи музди миёнаи меҳнат аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда мешавад, озод карда шуда метавонанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Ваколатҳои шахси боэътимод метавонанд ҳар вақт то рӯзи интихобот дар асоси аризаи ӯ, инчунин бо пешниҳоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пеш аз муҳлат қатъ карда шаванд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
- ТАРТИБИ ОВОЗДИҲӢ ВА ҶАМЪБАСТИ НАТИЧАҲОИ ИНТИХОБОТИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 29. Вақт ва ҷои овоздиҳӣ
Овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6.00 то 20.00 вақти маҳаллӣ гузаронида мешавад. Дар бораи вақт ва ҷои овоздиҳӣ комиссияи участкавии интихобот на дертар аз панҷ рӯз то интихобот ба ҳар як интихобкунанда хабарнома мефиристад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Дар участкаҳои интихоботӣ, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, маҳалли будубоши шаҳрвандон воқеъ дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар, инчунин дармонгоҳҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатӣ ташкил карда шудаанд, комиссияи участкавии интихобот метавонад ҳар гоҳ хатми овоздиҳиро эълон кунад, агар ҳамаи интихобкунандагони ба рӯихат дохил кардашуда овоз дода бошанд.
Моддаи 30. Ташкили овоздиҳӣ
Овоздиҳӣ дар биноҳои махсус ҷудо кардашуда, ки дар онҳо бояд барои овоздиҳии пинҳонӣ ба миқдори кофӣ ҳуҷраҳо ё хонаҳо таҷҳизонида, ҷойҳои додани бюллетенҳои интихоботӣ муайян карда, қуттиҳои интихоботӣ гузошта шуда бошанд, гузаронида мешавад. Қуттиҳои интихоботӣ тавре гузошта мешаванд, ки овоздиҳандагон дар вақти рафтан ба назди онҳо ҳатман аз ҳуҷра ё хона барои овоздиҳии пинҳонӣ гузаранд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Барои ташкили овоздиҳӣ, таъмини изҳори пинҳонии иродаи интихобкунандагон, муҷаҳҳаз намудани хонаҳо ва нигоҳ доштани тартиботи зарурӣ дар онҳо комиссияи участкавии интихобот масъул мебошад.
Дар рӯзи интихобот пеш аз оғози овоздиҳӣ қуттиҳои интихоботӣ санҷида шуда, аз тарафи раиси комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури ҳамаи аъзоёни комиссияи интихоботӣ мӯҳр карда мешаванд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Ҳар интихобкунанда шахсан овоз медиҳад. Овоздиҳӣ ба ҷойи дигарон манъ аст. Бюллетенҳои интихобот аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихоботӣ бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият, ки номгӯи онҳоро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муайян мекунад, дода мешаванд. Ҳар интихобкунанда барои гирифтани бюллетени интихоботӣ дар рӯйхати интихобкунандагон дар муқобили насаб, ном ва номи падари худ имзо мегузорад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Интихобкунандае, ки наметавонад дар рӯзи интихобот дар маҳалли истиқомати худ бошад, метавонад аз комиссияи участкавии интихоботи маҳалли истиқомати худ варақаҳои интихоботро талаб кунад, нисбати номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кунад ва варақаҳои пур кардашудаи интихоботро дар лифофаи баста дар комиссияи участкавии интихобот монад. Интихобкунанда дар бораи гирифтани варақаи интихобот дар рӯйхати интихобкунандагон имзо мекунад. Шакл ва матни варақаи интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар карда мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Дар мавридҳое, ки баъзе интихобкунандагон ба нисбати вазъи саломатӣ ё сабабҳои дигар наметавонанд ба ҷои овоздиҳӣ ҳозир шаванд, комиссияи участкавии интихобот бо хоҳиши онҳо метавонад камаш ба ду нафар аъзои комиссия супориш диҳад, ки овоздиҳиро дар ҷои будубоши он интихобкунандагон ташкил диҳанд.
Интихобкунандагоне, ки бо ягон сабаб ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда нашудаанд, дар асоси ҳуҷҷате, ки шахсият ва маҳалли истиқоматашонро тасдиқ мекунад, ба замимаи руйхати интихобкунандагон дохил карда мешаванд.
Моддаи 31. Гузаронидани овоздиҳӣ
Бюллетенҳои интихоботро овоздиҳандагон дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии пинҳонӣ пур мекунанд. Ҳангоми пуркунии бюллетенҳо ғайри овоздиҳанда ҳозир будани шахси дигар мумкин нест. Интихобкунандае, ки наметавонад мустақилона бюллетенро пур кунад, ҳуқуқ дорад ба ҳуҷра ё хонаи овоздиҳӣ шахси дигарро, ғайр аз аъзои комиссияи интихоботӣ, шахсони боэътимод, мушоҳидони миллию байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, мувофиқи салоҳдиди худ даъват намояд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
«Овоздиҳанда дар квадрати холии бюллетени интихобот дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзаде, ки ба тарафдориаш овоз медиҳад, аломати ҷамъ «+» мегузорад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Дар сурати зидди ҳамаи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз додан, овоздиҳанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холии сатри «муқобили ҳамаи номзадҳо» аломати ҷамъ «+» мегузорад. Бюллетени пуркардашударо овоздиҳанда ба қуттии интихобот мепартояд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 32. Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихоботӣ
Ҳисобкунии овозҳо дар участкаи интихоботӣ аз тарафи комиссияи участкавии интихобот оид ба ҳар номзад алоҳида-алоҳида сурат мегирад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Қуттиҳои интихоботро комиссияи интихоботӣ дар ҳузури ҳамаи аъзоён баъди аз тарафи раиси комиссия эълон карда шудани анҷоми овоздиҳӣ мекушояд. То анҷоми овоздиҳӣ кушодани қуттиҳои интихобот мумкин нест. Пеш аз кушодани қуттиҳои интихобот ҳамаи бюллетенҳои истифоданашудаи интихоботро комиссияи интихоботӣ ҳисоб карда, онҳоро ботил месозад ва дар ин бора санад тартиб медиҳад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Пеш аз кушодани қуттиҳои интихоботӣ аз тарафи комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури ҳамаи аъзоёни комиссияи участкавӣ лифофаҳои сарбаста бо варақаҳои интихоботӣ ба қуттиҳо партофта мешаванд.
Комиссияи участкавии интихобот мувофиқи рӯйхати асосии интихобкунандагон ва замимаи он шумораи умумии интихобкунандагони участка, инчунин шумораи интихобкунандагонеро, ки бюллетени интихоботӣ ва варақаҳо гирифтаанд, муайян мекунад. Дар асоси бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботӣ, ки дар қуттиҳои интихобот мавҷуданд, комиссия шумораи интихобкунандагонеро, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, шумораи овозҳои ба тарафдорӣ ва шумораи овозҳои зидди ҳар номзад додашуда, шумораи варақаҳо ва бюллетенҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад. Аз рӯи насабҳое, ки интихобкунандагон ба бюллетенҳо ва варақаҳо илова кардаанд, овозҳо ҳисоб карда намешаванд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботии намунаашон ғайримуқаррарӣ, инчунин бюллетенҳо ва варақаҳое, ки дар онҳо ҳангоми овоздиҳӣ насабҳои беш аз як номзад гузошта шудаанд, беэътибор дониста мешаванд. Дар вақти ба миён омадани шубҳа дар бораи ҳақиқӣ будани бюллетен ва варақаи интихобот масъала аз тарафи комиссияи участкавии интихобот бо роҳи овоздиҳӣ ҳал карда мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Натиҷаи ҳисобкунии овозҳо дар маҷлиси комиссияи участкавии интихобот муайян карда, ба протокол дохил карда мешавад.
Протокол дар ду нусха тартиб дода шуда, аз ҷониби раис, муовини раис, котиб ва ҳамаи аъзои комиссияи участкавии интихобот бо имзо ва муҳр тасдиқ гардида, нусхаи аслии протокол бо тартиби муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фавран ба комиссияи дахлдори ҳавзавии интихоботӣ дастрас карда мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 33. Муайянкунии натиҷаи интихобот дар ҳавза
Дар асоси протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот комиссияи ҳавзавии интихобот шумораи умумии интихобкунандагони ҳавза, шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетен ва варақаи интихобот гирифтаанд, шумораи интихобкунандагоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, шумораи овозҳое, ки ба тарафдорӣ ва шумораи овозҳое, ки зидди ҳар як номзад дода шудаанд, шумораи бюллетенҳо ва варақаҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад.
Натиҷаи интихобот дар ҳавза дар маҷлиси комиссияи интихоботӣ муайян ва ба протокол дохил карда мешавад. Протокол дар ду нусха тартиб дода шуда, аз ҷониби раис, муовини раис, котиб ва ҳамаи аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот бо имзо ва муҳр тасдиқ гардида, нусхаи аслии протокол бо тартиби муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фиристода мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 34. Муайянкунии натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар асоси протоколҳои аз комиссияҳои ҳавзавии интихобот расида, шумораи умумии интихобкунандагони ҷумҳурӣ, шумораи интихобкунандагоне, ки бюллетен ва варақаҳои интихобот гирифтаанд, шумораи интихобкунандагоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, шумораи овозҳое, ки ба «тарафдорӣ» ва шумораи овозҳое, ки «зидди» ҳар як номзад дода шудаанд, шумораи бюллетенҳо ва варақаҳоеро, ки беэътибор дониста шудаанд, муайян мекунад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Интихоботи Президент дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар сурате баргузоршуда дониста мешавад, агар дар он беш аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохил кардашуда, иштирок карда бошанд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Он номзаде ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисоб меёбад, ки дар интихобот беш аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифтааст.
Интихобот умуман ё аз рӯи ҳавзаҳои алоҳида ё участкаҳои алоҳида аз сабаби дар рафти интихобот ё ҳангоми ҳисобкунии овозҳо роҳ додан ба вайронкуниҳо, ки ба натиҷаи интихобот таъсир расонидааст, беэътибор дониста шуда метавонад. Қарор дар бораи беэътибор донистани интихобот аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қабул карда мешавад ва нисбати он ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати даҳ рӯз шикоят кардан мумкин аст. Ҳуқуқи шикоят кардан барои беэътибор донистани интихобот ба номзадҳои мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Дар сурати дар ҳавзаҳо ё участкаҳои алоҳида беэътибор донистани интихобот бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаи овоздиҳӣ дар ин ҳавзаҳо, участкаҳо аз натиҷаи умумии интихобот хориҷ карда мешавад, ба шарте ки бе онҳо ҳам умуман интихобот баргузоршуда дониста шавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Натиҷаи пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тавассути воситаҳои ахбори омма дар давоми 24 соати баъди ба охир расидани интихобот эълон мекунад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Натиҷаи ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ гардида, дар муддати на дертар аз даҳ рӯзи баъди ба охир расидани интихобот дар матбуот интишор мегардад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 35. Овоздиҳии такрорӣ
Агар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз ду нафар номзад ба овоз монда шуда бошанд ва ягон нафарашон шумораи даркории овозҳоро нагиранд, он гоҳ бо иштироки ду номзаде, ки шумораи бештари овозҳоро гирифтаанд, овоздиҳии такрорӣ гузаронида мешавад. Агар дар натиҷаи баромада рафтани номзадҳо як номзад боқӣ монад, овоздиҳии такрорӣ аз рӯи номзадии ӯ гузаронида мешавад. Комиссияҳои марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯзи овоздиҳии такрориро дар ҳудуди як моҳ, баъди рӯзи гузаронида шудани интихобот, вале на пештар аз понздаҳ рӯзи гузаронидани интихобот таъин мекунад.
Хабар дар бораи гузаронидани овоздиҳии такрорӣ дар матбуот чоп карда мешавад.
Номзаде интихобшуда ҳисоб меёбад, ки дар овоздиҳии такрорӣ назар ба номзади дигар шумораи бештари овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифтааст, ба шарте, ки дар овоздиҳӣ бештар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхат дохил кардашуда иштирок карда бошанд ва шумораи овозҳои ба ин номзад додашуда аз шумораи овозҳое, ки ба муқобили вай дода шудааст, зиёд бошад.
Агар дар вақти овоздиҳии такрорӣ ягон номзад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб нашуда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботи такрории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин мекунад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Моддаи 36. Интихоботи такрорӣ
Дар сурате, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузорнашуда ё беэътибор дониста шавад ё агар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на бештар аз ду номзад ба овоз монда шуда бошанду ягон нафарашон шумораи даркории овозҳои ннтихобкунандагонро нагирад ё ҳангоми овоздиҳии такрорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб нашуда бошад, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботи такрориро таъин мекунад. Зимнан вай метавонад дар бораи зарурати гузаронидани интихобот аз тарафи комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот дар ҳайати нав қарор қабул намояд. Овоздиҳӣ дар ҳамон участкаҳои интихоботӣ ва мувофиқи рӯйхатҳои интихобкунандагон, ки барои гузаронидани интихоботи асосӣ тартиб дода шудаанд, гузаронида мешавад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Ташкили комиссияҳо, пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои дигари вобаста ба гузаронидани интихоботи такрории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартибе, ки ин Қонуни конститутсионӣ муқаррар кардааст, сурат мегирад.
Хабар дар бораи гузаронидани интихоботи такрорӣ дар матбуот чоп карда мешавад. Интихоботи такрорӣ на пештар аз ду моҳ баъд аз гузаштани интихоботи асосӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 37. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
(Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Шахсоне, ки бо роҳи зӯрӣ, фиреб, таҳдид ё бо роҳи дигар ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардан ва интихоб шудан, бурдани ташвиқоти пешазинтихоботӣ мамониат мекунанд, инчунин аъзоёни комиссияҳои интихоботӣ, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки ба сохтакории ҳуҷҷатҳои интихобот роҳ дода, дидаю дониста овозҳоро нодуруст ҳисоб кардаанд, тартиби овоздиҳии пинҳониро вайрон кардаанд ё ба дигар вайронкунии Қонуни конститутсионии мазкур роҳ додаанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Инчунин шахсоне, ки дидаю дониста маълумоти бардурӯғро, ки шаъну эътибори номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро паст мезанад, чоп кардаанд ё ба тариқи дигар паҳн намудаанд, ё нисбати аъзоёни комиссияи интихоботӣ ба таҳқир роҳ додаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Ҳангоми аз тарафи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон кардани ин Қонуни конститутсионӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзадро огоҳ мекунад, дар сурати такроран вайрон намудан вай метавонад қарори ба қайдгирии номзади мазкурро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кунад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Аризаҳое, ки дар бораи вайрон карда шудани ин Қонуни конститутсионӣ ба комиссияи интихоботӣ, мақомоти давлатию ҷамъиятӣ дар давраи тайёрии интихобот ё баъди интихобот расидаанд, бояд дар мӯҳлати се рӯз ва аризаҳои дар рӯзи интихобот расида - фавран баррасӣ карда шаванд.
Моддаи 38. Ба иҷрои вазифа шурўъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданаш ба вазифа шурӯъ мекунад. (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., №1507)
Раиси
Шӯрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
21 июли соли 1994
№1042