Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 1635
Ном ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРИИ ҒАНИГАРДОНИДАШУДА
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 19.07.2019
Матн

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРИИ ҒАНИГАРДОНИДАШУДА

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда танзим намуда, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ намудани норасоиҳои микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба онро муайян мекунад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда – хусусияти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки истифода ва ё нигоҳдории барои ҳаёт ва саломатии аҳолӣ бехавфро дар давоми муҳлати истифодаи муқарраргардида таъмин намуда, барои саломатии насли ҳозира ва оянда бехатар мебошад; 

- бемориҳо вобаста ба норасоии йод дар организм – ҳолатҳои номуътадиле, ки аз вайрон шудани фаъолияти ғадуди сипаршакл дар натиҷаи норасоии йод дар ҷисми инсон пайдо мешаванд (паст шудани қобилияти зеҳнӣ, камақлӣ, бачапартоӣ, таваллуди кӯдаки мурда ва ғайра);

- ғанигардонӣ – раванди ворид (илова) намудани як ва зиёда аз он микронутриентҳои зарурӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ;  

- йодноккунии намак ва маҳсулоти хӯрокворӣ – раванди ғанигардонии намак ва маҳсулоти хӯрокворӣ бо йод бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои норасоии йод;

- микронутриентҳо – моддаҳои ғизоии ивазнопазир, яъне сарчашмаҳои ҳаётан муҳим, ки арзиши ғизоии маҳсулоти хӯроквориро муайян намуда, барои сохти дуруст, рушд, навшавии узвҳо, бофтаҳо, мубодилаи моддаҳо ва рушди ҷисми инсон ба таври умумӣ зарур мебошанд; 

- маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда – маҳсулоти хӯрокворие, ки ба он бо дар назар доштани меъёрҳои мувофиқи истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар раванди (давраи) истеҳсол (омодасозӣ) як ва ё зиёда микронутриенти зарурӣ ворид карда шудаанд;

- норасоии микронутриентӣ – ҳолати ҷисми инсон, ки дар натиҷаи ба қадри кофӣ қабул накардани витаминҳо, оҳан ва микроэлементҳои дигари ба онҳо ҳамарӯза ҷисми инсон эҳтиёҷдошта, ба воситаи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба пайдошавӣ ва инкишофи бемориҳои норасоии оҳан, йод ва бемориҳои дигар боис мегардад;

- намаки ошӣ – намаки барои истеъмоли инсон ва ҳайвонот пешбинигардида;

- премикс – маҷмӯи витаминҳо ва минералҳо, ки барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешавад; 

- пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он – маҷмӯи чораҳои бартарафсозии омилҳои хавфи пайдошавӣ ва авҷгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он равонагардида;

- шиносномаи истеҳсолот – ҳуҷҷати шакли муқарраргардида, ки нишондиҳандаҳои иқтидори истеҳсолии истеҳсолкунанда, хусусиятҳои асосӣ ва танзимкунандаи истифодаи таҷҳизоти мавҷудаи онро барои риоя намудани раванди технологии истеҳсолот нишон медиҳад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Вазифаҳо ва доираи амали Қонуни мазкур 

  1. Вазифаҳои Қонуни мазкур иборатанд аз:

- мусоидат намудан ба пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он бо роҳи ғанигардонии маҳсулоти хӯроквории аз ҷиҳати ғизонокӣ босамар ва дорои хусусияти пешгирикунӣ;  

- фароҳам овардани шароит барои бартарафсозии норасоии микронутриентӣ, пешгирӣ намудани бемориҳои гуногун, пешгирии  фавти модару кӯдак ва афзун намудани дарозумрии инсон;

- таҳия намудани механизму чораҳои дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва паҳнкунандагони (дистрибюторон ва фурӯшандагони) маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, тақвият додани оқибатҳои дар натиҷаи амалигардонии барномаҳои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ бадастомада.

  1. Амали Қонуни мазкур ба ҳамаи тайёркунандагон, истеҳсолкунандагон, содиркунандагон, дистрибюторон ва фурӯшандаҳо, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар, ки барои фаъолият оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ва муомилоти онҳо, аз ҷумла премиксҳо ҷалб карда мешаванд, паҳн мегардад. 
  2. Амали Қонуни мазкур нисбат ба фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба омодасозӣ, истеҳсол ва муомилоти иловаҳои ғизоӣ, аз ҷумла иловаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол машғуланд, паҳн намегардад.  

Моддаи 4. Принсипҳои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ 

Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:  

- мутобиқи меъёр будани мавҷудияти ҷузъҳои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, раванди (усулҳои) истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва истифода;

- ҳатмӣ будани риоя ва иҷро намудани талаботи қонунгузорӣ, регламентҳои техникӣ (ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ), қоидаю меъёрҳои санитарӣ, дастурамалу дастурҳои технологӣ ва санадҳои дигари меъёрӣ дар соҳаи ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ;

- ҳатмӣ будани пешбурди назорати истеҳсолӣ, истифодаи шаклу усулҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи мониторинги ғанигардонӣ ва истеъмоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;

- таъмини мавҷудияти витаминҳо, моддаҳои минералӣ ва моддаҳои дигар дар сатҳи на камтар аз меъёри барои муҳлати нигоҳдории маҳсулоти ғанигардонидашуда тавсияшаванда;

- самарабахшии тасдиқгардидаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки бехатарии пурра, сифатҳои муносиби таъм, ҳазмшавии хуби онҳо, хусусияти ба таври назаррас беҳтар намудани таъмини ҷисми инсон бо витаминҳо, минералҳо ва моддаҳои дигари ба таркиби маҳсулоти ғанигардонидашуда воридгардида ва нишондиҳандаҳои солимии ба моддаҳои мазкур вобастаро нишон медиҳад;

- роҳ надодан ба бадшавии хусусиятҳои истеъмолии маҳсулоти хӯрокворӣ;

- баҳисобгирии эҳтимолияти таъсири мутақобилаи кимиёии иловаҳои ғаникунанда ва ҷузъҳои маҳсулоти ғанигардонидашаванда, муносибӣ, шакл, усулҳо ва марҳилаҳои илова намудани онҳо.

Моддаи 5. Сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии  микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он 

Сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад: 

- амалӣ намудани чораҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии ба ғанигардонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда равонагардида;

- амалӣ намудани назорати давлатии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва шароити нигоҳдории он;   

- дастгирии давлатии тадқиқоти илмӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он;

- амалисозии чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба таъмини кӯдакон ва занони синни қобили таваллуд бо маводи дорувории дорои йод ва оҳан; 

- мониторинги самарабахшии чорабиниҳо оид ба  ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он;

- такмили низоми иттилоотию таҳлилӣ ва омории бақайдгирӣ дар самти пешгирию табобати норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он;

- рушди ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва табобати норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он.

БОБИ 2. ТАНЗИМ, ИДОРАКУНӢ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРИИ ҒАНИГАРДОНИДАШУДА

Моддаи 6. Назорати давлатӣ ва санҷиш дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда

Назорати давлатӣ ва санҷиши фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, аз ҷумла премиксҳо ва хизматрасонӣ оид ба савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва хӯроки умумӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. 

Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда мансубанд:

- таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он; 

-  назорати фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ва пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он; 

 - тасдиқи барномаҳои илмию тадқиқотӣ оид ба пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ташкил намудани захираҳои давлатии маҳсулоти ғанигардонидашуда ва муайян намудани манбаи маблағгузории онҳо; 

- бамеъёрдарории давлатӣ дар самти муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва андешидани чораҳо оид ба дастгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор, ки маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашударо истеҳсол мекунанд;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дохил мешаванд:

  • ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати амалисозии барномаҳои давлатӣ оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда; 
  • муқаррар намудани талаботи санитарию эпидемиологӣ оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, меъёрҳо ва сатҳи тавсияшавандаи ингредиентҳо дар таркиби маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда; 
  • ташкил, таъмин ва иҷрои корҳо дар соҳаи танзими техникӣ, ки ба талаботи ҳатмӣ нисбат ба бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва премиксҳои ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ таъйингардида вобастаанд; 
  • тасдиқ намудани номгӯйи бемориҳои ба норасоии микронутриентӣ вобаста; 
  • тасдиқ намудани номгӯйи витаминҳо, минералҳо, омехтаю моддаҳои витаминию минералӣ ва минералӣ, ки барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд;
  • тасдиқ намудани номгӯйи минералу моддаҳое, ки истифодабарии онҳо ҳангоми ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ манъ аст; 
  • тасдиқи тартиби анҷом додани тадқиқоти озмоишгоҳӣ бо мақсади арзёбии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, даврияти назорати давлатӣ дар объектҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
  •  гузаронидани мониторинги сифат, истеҳсол, нигоҳдорӣ, воридот ва фурӯши намаки йодноккардашуда ва маҳсулоти ғизоӣ;
  •  гузаронидани корҳои санитарию эпидемиологӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолӣ;
  •  таҳияи дастурҳои методӣ барои истеҳсолкунандагон, фурӯшандаҳо ва истеъмолкунандагони маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда; 
  •  гузарондани чорабиниҳо оид ба огоҳкунии аҳолӣ дар хусуси хавфу оқибатҳои бемориҳои вобаста ба норасоии витамину микроэлементҳо дар маводи ғизоӣ ва зарурати истеъмол намудани маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда; 
  •  тасдиқ намудани талаботи санитарию гигиенӣ барои объектҳое, ки истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашударо амалӣ менамоянд;
  •  гузарондани ташхиси санитарию эпидемиологии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва додани сертификати гигиенӣ ба маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
  •  мувофиқасозии шарту меъёрҳои техникӣ, қоидаю меъёрҳо, дастуру дастурамалҳои технологӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, риоя намудани меъёрҳо, қоидаю чораҳои дахлдори санитарӣ;
  •  тасдиқ намудани номгӯйи усулҳои андозагирӣ ва тадқиқи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, озмоишгоҳҳои ҳаммонандкунӣ, тадқиқ ва арзёбии самарабахшии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
  •  арзёбӣ ва пешгӯйи дараҷаи паҳншавии норасоии микронутриентӣ дар байни аҳолӣ;
  •  назорати давлатии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
  •  амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Моддаи 9. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими техникӣ ва метрология дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими техникӣ ва метрология дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дохил мешаванд:

  • татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ, стандартонӣ ва сертификатсияи ҳатмии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва премиксҳо; 
  • амалигардонии сертификатсияи низоми бехатарии истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, назорати метрологӣ ва ташхиси таҷҳизоти корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
  • анҷом додани назорати давлатӣ нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба риоя гардидани талаботи ҳатмии санадҳои меъёрӣ дар соҳаи танзими техникӣ ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва премиксҳои барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ пешбинигардида;
  • амалигардонии назорати давлатии риояи ҳатмии талаботи регламентҳои техникӣ (ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ) ва арзёбии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ (ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ) дар самти муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда; 
  • амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда

Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дохил мешаванд:

  • таҳия ва амалигардонии барномаҳои маҳаллӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он; 
  • дастгирӣ намудани истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва премиксҳо;
  • иштирок дар раванди истифодаи ҳатмии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дар муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ;
  • ташкил ва амалигардонии корҳои огоҳӣ ва пешгирикунанда оид ба пешгирии норасоии микронутриентӣ, ошкор намудани гурӯҳҳои мақсадноки дорои норасоии микронутриентӣ;
  • таъмини дастрасии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ба аҳолӣ;
  • андешидани чораҳо оид ба таъмин намудани сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, премиксҳои барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ пешбинигардида ва шароити нигоҳдории онҳо;
  • амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 11. Самтҳои асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, дастгирии давлатии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он 

  1. Самтҳои асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда чунин мебошанд:
  •  муқаррар намудани номгӯйи маҳсулоти хӯрокворие, ки ҳатман ғанӣ гардонида мешаванд;
  • таъмин намудани истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
  • таъмини мувозинати содироту воридоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда; 
  • хариди давлатии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бо мақсади ташаккул, навкунӣ ва пурра намудани захираҳои дахлдори давлатӣ;  
  • мониторинги мунтазами вазъи бозори маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда. 
  1. Тартиби амалисозии дастгирии давлатии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба онро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.

Моддаи 12. Мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва саломатии аҳолӣ

  1. Бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳифзи саломатии аҳолӣ ва таҳияи тадбирҳо оид ба пешгирии ворид шудани маҳсулоти хӯроквории ба саломатии аҳолӣ зарарнок аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мониторинги (мушоҳида, арзёбӣ ва пешгӯйи) амалисозии барномаҳои мавҷуда, бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, премиксҳо, инчунин ҳолати норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он ташкил ва гузаронида мешавад.
  2. Шахсони воқеӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар баргузории мониторинги ҳолати норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он, инчунин пешгирии ба бозори истеъмолӣ ворид гардидани маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашудаи зарарнок ва премиксҳоро, ки ба саломатии инсон зарар мерасонанд, иштирок намоянд.

БОБИ 3. ПЕШГИРИИ НОРАСОИИ МИКРОНУТРИЕНТӢ ВА БЕМОРИҲОИ ВОБАСТА БА ОН

Моддаи 13. Самтҳои асосии пешгирии норасоии микронутриентӣ ва пешгирии бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолӣ 

Самтҳои асосии пешгирии норасоии микронутриентӣ ва пешгирии бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолӣ аз инҳо иборат мебошанд: 

  • амалисозии чораҳои ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ,  иттилоотӣ ва чораҳои дигари ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда равонагардида;
  • танзими меъёрии техникии ғанигардонии орди гандум ва маҳсулоти ғизоии дигар бо витаминҳои дорои оҳан, минералҳо ва моддаҳои дигар, аз ҷумла йодноккунии намаки ошӣ ва маҳсулоти хӯроквории дигар; 
  • таъмин, риоя ва иҷро намудани талабот нисбат ба муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, аз ҷумла таъмини шахсони дорои норасоии микронутриентӣ бо дорувории йод ва оҳандошта; 
  • таъмини дастрасии кумаки тиббӣ ба шахсони мубталои  бемориҳои норасоии йод ва оҳан дар ташкилотҳои тандурустӣ;
  • таъмини назорати давлатии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва премиксҳои барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ пешбинигардида; 
  • дастгирии давлатии истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва премиксҳо барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин тадқиқоти илмӣ оид ба ташкил намудани технологияи инноватсионии барои ошкорсозии барвақтии норасоии микронутриентӣ ва усулҳои пешгирии он; 
  • мониторинг ва арзёбии амалигардонии барномаҳои давлатии ба пешгирии норасоии микронутриентӣ дар байни аҳолӣ равонагардида.

Моддаи 14. Чораҳои пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолӣ 

Пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зеринро пешбинӣ менамояд: 

  • ташкил намудани муоинаи аҳолӣ, ошкор кардани шахсони гирифтори бемориҳои норасоии йод ва оҳан;
  • арзёбӣ ва мониторинги ҳамасолаи раванди паҳншавии бемориҳои норасоии йод ва оҳан, самарабахш будани тадбирҳои гузаронидашавандаи пешгирӣ;
  • ташкил ва тавассути матбуоти даврӣ, воситаҳои дигари ахбори омма ва рекламаи иҷтимоӣ амалӣ намудани таблиғи фарҳанги санитарӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ намудани норасоии микронутриентӣ;
  • риояи ҳатмии талаботи қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ оид ба таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
  • муайян намудани эҳтиёҷот ва таъмини истеъмоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
  • таҳкими малакаҳои гигиенӣ оид ба истеъмоли ғизо ва фарҳанги истеъмоли ғизо аз ҷониби кӯдакон, таъмини ғизои солим дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ;
  • таъмини устувори гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ бо дорувории дар таркибаш оҳандошта ва витаминҳо, беҳбудӣ бахшидан ба гигиена ва санитария дар байни аҳолӣ барои пешгирии бемориҳо ва вайроншавии мубодилаи ғизо;
  • афзун намудани дастрасии сарчашмаҳои иттилоот оид ба истеъмоли ғизои солим бо мақсади беҳтар намудани нигоҳубин ва таҷрибаи ғизодиҳӣ, солимии репродуктивӣ, пешгирии бемориҳои дигари вобаста ба норасоии микронутриентӣ, инчунин истифодаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
  • таҳия ва амалисозии маҷмӯи корҳои огоҳӣ ва пешгирикунанда бо мақсади ривоҷ додани малакаҳои падару модарон барои беҳтар намудани солимии ҷисмонию равонӣ, инчунин рушди равонию иҷтимоии кӯдакону наврасон; 
  • чораҳои дигари санитарию гигиенӣ ва фаҳмондадиҳӣ.

БОБИ 4. ТАЛАБОТ НИСБАТ БА ҒАНИГАРДОНИИ  МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ

Моддаи 15. Шартҳои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ 

  1. Ғанигардонии маҳсулоти хӯроквории пешбининамудаи Қонуни мазкур танҳо бо ҳиссаҳои микронутриентӣ, ки барои истифода аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷозат дода шудааст, ба роҳ монда мешавад. Арзиши ғизоии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки талаботи физиологии инсонро ба моддаҳо ва неруи зарурӣ қонеъ мегардонад, бояд ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй бошад.
  2. Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ бо усулҳое сурат мегирад, ки таъсири номатлубро ба муҳити зист аз байн мебаранд ё маҳдуд месозанд. 

            Моддаи 16. Талаботи умумӣ нисбат ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ 

  1. Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ бо дарназардошти намуди маҳсулоти хӯрокворӣ ва технологияи истифодашаванда ҳатман дар шароити аз ҷиҳати гигиенӣ тоза амалӣ мегардад.
  2. Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ набояд хусусиятҳои истеъмолии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашаванда, моддаҳои дигари дар таркиби он бударо кам кунад ё ҳазмшавии онҳоро халалдор созад. Дар ин сурат, намнокии таркиби маҳсулот набояд аз меъёри муқарраргардидаи ниҳоӣ зиёд бошад ё дар баробари ин муҳлати нигоҳдорӣ ё истифодабарии онҳоро кам кунад. 
  3. Маҳсулоти хӯровории ғанигардонидашуда набояд дар таркиби худ моддаҳои зараровар дошта бошанд. Онҳо бояд тавре баркаш ва борпеч карда шаванд, ки ҳангоми нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯш сифат ва бехатарии маҳсулотро таъмин карда тавонанд. 
  4. Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ бо дар назар доштани намуд ва арзиши ғизоии онҳо мутобиқи  регламентҳои техникии (ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ мегардад. Раванди ғанигардонии маҳсулоти хӯроквориро қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ, шартҳои техникӣ, дастуру дастурамалҳои технологӣ ва санадҳои меъёрии дигар танзим менамоянд. 
  5. Миқдори умумии витаминҳо, минералҳо ва моддаҳои дигари ба маҳсулоти хӯрокворӣ иловашуда набояд аз меъёри муқарраргардидаи ниҳоӣ зиёд бошад. Миқдори ниҳоии микронутриентҳо дар маҳсулоти серғизо ва хушккардашуда бояд ба миқдори дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ ҷойдошта, ки барои истеъмол омода шудаанд, баробар бошад. 
  6. Миқдори витаминҳо ва моддаҳои минералии таркиби маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бояд бо воҳидҳои бузургии низоми байналмилалии воҳидҳо (миллиграмм ё микрограмм) ё бо воҳидҳои бузургии дигар, ки барои истифода мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини ченаки ягона иҷозат дода шудаанд, нишон дода шаванд.
  7. Сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бояд ба талаботи регламентҳои техникӣ (ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ), қоидаю меъёрҳои санитарӣ, байторӣ, фитосанитарӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ бошанд. 

Моддаи 17. Намудҳои маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашаванда

Намудҳои зерини маҳсулоти хӯрокворӣ ғанӣ гардонида мешаванд:

  • орди гандумии навъи олӣ ва якум;
  • хамирмояи (дрожжи) нонпазӣ, маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ;
  • шир ва маҳсулоти ширии туршмаза, аз ҷумла барои ғизои кӯдакон пешбинигардида;
  • шарбат, шаҳди мева ва (ё) сабзавот, нӯшокиҳои мевагӣ ва (ё) сабзавотии шарбатдор;
  • оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойгиршуда ва нӯшокиҳои ғайримашруботӣ;
  • намаки ошӣ.

Моддаи 18. Талабот ба сертификатсия ва тамғагузории маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда

  1. Маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки барои фурӯш пешбинӣ гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳодиҳии мутобиқат сертификатсия карда мешавад. 
  2. Тамғагузории маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ҳатмӣ мебошад.
  3. Дар варақаҳои борпечӣ – замимавии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, тамғакоғаз ё тамғаи бор бояд ба забони давлатӣ маълумоте, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, дарҷ карда шавад. 
  4. Борҷомаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бояд имконияти нигоҳ доштани моддаҳои ба он иловагардидаро ба миқдори пешбининамудаи стандарт ва регламентҳои техникӣ таъмин намояд.
  5. Аломатҳои тамғагузории маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бояд маълумот оид ба навъ, қайди ҳуҷҷате, ки мутобиқи он ҳаммонандкунӣ анҷом дода мешавад, маълумот дар хусуси тасдиқ намудани мутобиқат, калимаҳои «Ғанигардонидашуда», «Йодноккардашуда»-ро бо ҳарфҳои калон дар бар гиранд.
  6. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамғагузории намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда метавонад талаботи иловагиро муқаррар намояд.

БОБИ 5. ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРИИ ҒАНИГАРДОНИДАШУДА

Моддаи 19. Хусусиятҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда

  1. Истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
  2. Муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дар ҳолати  мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати он ба талаботи сифат ва бехатарӣ роҳ дода мешавад. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда сертификатҳое мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ дар асоси натиҷаи сертификатсияи бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашуда дода шудаанд. 

Моддаи 20. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда

  1. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дар асоси саноатӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие амалӣ карда мешавад, ки объекти истеҳсолӣ (сохт, ҷойгиршавӣ, андоза), асбобу анҷом ва таҷҳизоти технологии онҳо бо асбобҳои назоратии дахлдоре таҷҳизонида шудаанд, ки ба талабот нисбат ба маводи бо маҳсулоти ғизоӣ робитадошта пешниҳодшаванда сохта шудаанд ва шиносномаи истеҳсолотро доранд. 
  2. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда уҳдадоранд назорати  истеҳсолии бехатарии онҳоро дар ҳама марҳилаҳои истеҳсол ташкил кунанд ва анҷом диҳанд, намунаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашударо гиранд, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро нисбат ба шартҳои муомилоти маҳсулоти ғизоӣ риоя кунанд. Бо мақсади таъмин намудани сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда истеҳсолкунандагон уҳдадоранд санҷиши сатҳи премиксҳо, назорати таҷҳизот, раванди омехтакунӣ, мониторинг, назорати баркаш ва борпечкунӣ, тамғагузорӣ, инчунин таъмин намудани фурӯшандагонро бо сертификати миқдори муайяни маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки ба фурӯш бароварда шудаанд, ба роҳ монанд. 
  3. Истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда уҳдадор аст дақиқии ба вояҳо тақсим карданро бо ҳаҷми (вазни) муайяншудаи маҳсулоти ғизоӣ риоя кунад, ба миқдори муқарраргардида ҷой доштани премиксҳои дахлдорро дар таркиби маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда кафолат диҳад. Дар ин сурат, мавҷудияти премиксҳо дар таркиби маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки аз ҷониби истеҳсолкунанда кафолат дода мешавад, бояд ба меъёрҳои муносиби истеъмол асос ёфта, эҳтиёҷоти тавсияшавандаро ба чунин микронутриентҳо қонеъ гардонад. 
  4. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда барои исбот кардани сифат ва бехатарии маҳсулоти мазкур, ки ба фурӯш мебароранд, масъул мебошанд. 

Моддаи 21. Нигоҳдории маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда

  1. Нигоҳдории маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда низоми равандҳои технологиро оид ба фароҳам овардани шароит барои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, нигоҳдорӣ ва ҳифзи хусусиятҳои истеъмолии онҳо дар бар мегирад.
  2. Нигоҳдории маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дар биною иншооти махсус таҷҳизонидашуда, ки ба талаботи қоидаю меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯй мебошанд, бо риояи талаботи экологӣ, зиддисӯхторӣ, фитосанитарӣ ва талаботи дигари муқаррарнамудаи қонунунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
  3. Бо мақсади ба ҳадди ақал расонидани талафоти эҳтимолии премиксҳо, аз ҷумла йод, маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бояд аз таъсири бевоситаи нурҳои офтоб ё сарчашмаи равшании барзиёд, ҳарорат ё намнокии баланд, олудашавӣ бо чангу ифлосиҳои дигар аз муҳити зист ё таъсироти дигари номатлуби пешбининамудаи регламентҳои техникӣ ҳифз карда шаванд. 

Моддаи 22. Фурӯши маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда

  1. Фурӯши маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
  2. Намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашудаи муҳлати нигоҳдориашон гузашта барои хӯроки чорво ва парандагон коркард ё бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешаванд. 

Моддаи 23. Воридоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда

  1. Воридоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ба муомилоти озод баровардани маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда танҳо дар ҳолати мавҷуд будани сертификати мутобиқат амалӣ карда мешавад, агар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
  2. Ба воридоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бе сертификати дахлдор танҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба намоишҳо гузоштан ва бо мақсади гузаронидани тадқиқот ё озмоиш иҷозат дода мешавад.  

Моддаи 24. Маҳдуд намудани муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда

  1. Фурӯши маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки ба талаботи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию байторӣ ва фитосанитарӣ ҷавобгӯй намебошанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
  2. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, инчунин истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бе сертификати   мутобиқат, шартҳои барои интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯш зарурӣ, инчунин тамғагузоринашуда манъ аст. Аз ҷумла, иҷро намудани амалҳои зерин манъ аст:
  • ба муомилоти озод баровардан ва содироти орди гандумии воридотии ғанигардониданашудаи навъи олӣ ва якум;
  • истеҳсол ва фурӯши орди гандумии ғанигардониданашудаи навъи олӣ ва якум; 
  • фурӯхтани маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, аз ҷумла намаки йодноккардашуда ва маҳсулоти ғизоии йодноккардашудаи муҳлати нигоҳдориашон гузашта;
  • воридоти намаки йодноккарданашуда;  
  • воридот, содирот ва фурӯши маҳсулоти қалбакӣ;
  • истифодаи намаки йодноккарданашуда барои саноати хӯрокворӣ;
  • аз ҷониби истеҳсолкунандагон ё воридкунандагон таҳвил намудани намаки йодноккардашуда барои истеъмоли инсон ва барои эҳтиёҷоти саноати хӯрокворӣ, ки миқдори йод дар таркиби он аз сатҳи муқаррарнамудаи регламентҳои техникӣ (ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ) камтар аст;
  • фурӯхтани маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашудаи дар таркибаш премиксдошта, аз ҷумла намаки йодноккардашуда, ки миқдори йод дар таркиби он аз сатҳи муқаррарнамудаи регламентҳои техникӣ (ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ) дар натиҷаи аз ҷониби субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ риоя нагардидани қоидаҳои ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ё фурӯши муайяннамудаи истеҳсолкунанда кам шудааст;  
  • савдои яклухт ва чаканаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашудаи баркаш ва борпечнашуда. 

Моддаи 25. Рекламаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда

Рекламаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 

Моддаи 26. Партовкунии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда

  1. Партовкунии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашудаи барои истеъмол ношоям бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ анҷом дода мешавад. 
  2. То партовкунии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда моликони (соҳибони) он уҳдадоранд чораҳоеро андешанд, ки истифодаи минбаъдаи онро аз рӯи таъйинот истисно мекунанд. Дар ин ҳолат имконияти истифодаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ба сифати хӯроки чорво ва паранда бо хулосаи ташхис муайян карда шуда, бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи байторӣ мувофиқа карда мешавад.
  3. Молики (соҳиби)  маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуб усулу шартҳои партовкунии онро интихоб менамояд.

БОБИ  6. ХУСУСИЯТҲОИ ҒАНИГАРДОНИИ НАМУДҲОИ АЛОҲИДАИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ

Моддаи 27. Ғанигардонии орди гандумии навъи олӣ ва якум

  1. Орди гандумии навъи олӣ ва якум, ки барои фурӯш дар бозори дохилии истеъмолӣ таъйин гардидааст, бояд ғанӣ гардонида шавад. 
  2. Орд бо витаминҳои дар таркибашон оҳан, минералҳо ва моддаҳои дигардошта дар асоси ягонагии қоидаҳои бамеъёрдарории таркиби ҳиссаҳои ғанигардонӣ, равандҳои (усулҳои) истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва истифода ғанӣ гардонда мешавад. Меъёрҳои мавҷудияти витаминҳо, минералҳо ва моддаҳои дигар дар таркиби орд, сифат, бехатарӣ ва усулҳои ғанигардонии он бояд ба қоидаю меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, инчунин талаботи дигари меъёрӣ мутобиқ бошанд.
  3. Ғанигардонии орд аз тарафи корхонаҳои ордбарории дорои раванди пурра ташаккулёфтаи технологии истеҳсоли орд дар ҳолати мавҷудияти таҷҳизоти дахлдори технологӣ барои ба вояҳо тақсим кардан ва омехтакунӣ, инчунин мавод ва ашёи хоми ба талаботи регламентҳои техникӣ (ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ) ҷавобгӯй анҷом дода мешавад. 
  4. Корхонаҳои истеҳсолкунандаи орд ҳуқуқ доранд, ки тибқи шартномаҳои баимзорасонидашуда орди гандумии ғанигардониданашударо барои содирот истеҳсол кунанд.
  5. Дар борҷомаи орди ғанигардонидашуда навиштаҷоте қайд мегардад, ки мутобиқи он ҳаммонандкунӣ анҷом дода мешавад ва маълумот оид ба тасдиқ намудани мутобиқат бо дарҷи номгӯйи иловаҳои воридкардашуда (премиксҳо) сабт мегардад.

Моддаи 28. Ғанигардонии шир, маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳои дар асоси шир истеҳсолшуда

  1. Шир, маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳои дар асоси шир истеҳсолшуда, ки барои истеъмоли умум пешбинӣ шудаанд, дар алоҳидагӣ ё дар маҷмӯъ бо витаминҳо, микро ва макроэлементҳо, нахҳои ғизоӣ ва дигар маводи барои истифода иҷозатдодашуда дар корхонаҳои саноатии коркарди шир бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғанӣ гардонда мешаванд. Намудҳои алоҳидаи маҳсулоти ширӣ бо йод ғанӣ гардонда мешаванд.
  2. Дар борпечи маҳсулоти хӯроквории зикршуда бояд маълумот оид ба таркиби микро ва макроэлементҳо, витаминҳо дар маҳсулоти тайёри ғанигардонидашуда, маводи дигари барои ғанигардонии маҳсулот истифодашуда, моддаҳои дигари бо зикри мансубияти миқдори ба маҳсулот иловашуда, моддаҳои ба вояи шабонарӯзии истеъмоли онҳо ва хусусиятҳои истеъмоли маҳсулот (ҳангоми зарурат) ҷойгир карда шавад. Миқдори моддаҳое, ки ба маҳсулоти ширии ғанигардонидашуда илова карда шудаанд, бо дар назар доштани таркиби онҳо дар маҳсулоти зикршуда бо қайд намудани муҳлати охири истифодабарии он нишон дода мешавад. 

Моддаи 29. Ғанигардонии маҳсулоти ғизои кӯдакон 

  1. Аз маҳсулоти барои ғизои кӯдакон пешбинишуда маҳсулоти дар асоси шир истеҳсолгардида барои ғизои кӯдакони навзод омехтаҳои ширии мутобиқгардондашуда ё қисман мутобиқгардондашудаи аввалия ё баъдина (аз ҷумла омехтаҳои ширии хушк), омехтаҳои хушки ширии туршмазза, нӯшокиҳои ширӣ (аз ҷумла, хушккардашуда) барои кӯдакони навзод, омехтаҳои хушк барои шӯла (дар шароити хона бо истифодаи оби нӯшокӣ тайёр кардашаванда) ғанӣ гардонда мешаванд. Миқдори мавҷудияти витамину минералҳо дар таркиби омехтаҳои моеъ ва хушки ширӣ барои ғизои кӯдакони навзод бо регламентҳои техникӣ (ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ) муқаррар карда мешаванд.
  2. Дар борҷомаи маҳсулоти ширии барои ғизои кӯдакони навзод пешбинигардида маълумоти иловагӣ оид ба арзиши ғизоии маҳсулот, аз ҷумла миқдори витаминҳо, моддаҳои минералӣ ва арзиши неруии он дарҷ мегардад.

Моддаи 30. Ғанигардонии шарбат, шаҳди мева ва (ё) сабзавот, нӯшокиҳои мевагӣ ва (ё) сабзавотии шарбатдор

  1. Барои ғанигардонии шарбат, шаҳди мева ва (ё) сабзавот, нӯшокиҳои мевагӣ ва (ё) сабзавотии шарбатдор витамину моддаҳои витаминмонанд, моддаҳои минералӣ, кислотаҳои органикӣ, нахҳои ғизоӣ, кислотаҳои чарбуии пурранашуда, маҷмӯи қандҳо (полисахарид) ва моддаҳои дигари пешбининамудаи регламентҳои техникӣ (ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ), ки бо тартиби муқарраргардида барои истифодабарӣ дар саноати хӯрокворӣ пешбинӣ шудаанд, истифода бурда мешаванд.
  2. Дар борҷомаи шарбат, шаҳди мева ва (ё) сабзавот, нӯшокиҳои мевагӣ ва (ё) сабзавотии шарбатдори ғанигардонидашуда ҳатман ҳама микронутриентҳои ба таркиби он дохилгардида дарҷ карда мешаванд. 

Моддаи 31. Ғанигардонии хамирмояи (дрожжи) нонпазӣ, маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ 

  1. Хамирмояи (дрожжи) нонпазӣ, маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ бо ингредиентҳои дахлдор, инчунин йод, ки истифодаи онҳоро мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ иҷозат додааст, аз ҷониби истеҳсолкунанда ғанӣ гардонда мешаванд. 
  2. Ғанигардонӣ ва йодноккунии хамирмояи нонпазӣ, маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ аз ҷониби регламентҳои техникӣ (ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ) муқаррар карда шуда, мувофиқи дастуру дастурамалҳои технологӣ ба миқдори пешбининамудаи меъёрҳои пешгирии аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи миқдори онҳо дар таркиби маҳсулот анҷом дода мешаванд. 

Моддаи 32. Йодноккунӣ ва ғанигардонии оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойгиркардашуда ва нӯшокиҳои ғайримашруботии ташнагишикан

  1. Оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойгиркардашуда барои истифодабарӣ дар маҳсулоти хӯрокворӣ бо иҷозати мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ йоднок карда мешавад.
  2. Ғанигардонии оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойгиркардашуда бо микро ва макроэлементҳо ва нӯшокиҳои ташнагишикани ғайримашруботӣ бо микроэлементҳо дар сатҳи меъёрҳои гигиении сифати онҳо анҷом дода мешавад, ки бо талаботи санитарию эпидемиологӣ ва гигиенӣ нисбат ба моли таҳти назорати санитарию эпидемиологӣ қарордошта муқаррар гардидааст. 

Моддаи 33. Йодноккунии намаки ошӣ

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намаки барои истеъмол таъйингардида йоднок карда мешавад. Истеҳсолкунандагони намаки ошӣ уҳдадоранд, ки йодноккунии намаки аз ҷониби онҳо истеҳсол, тайёр, фурӯхташаванда ё тақсимотшавандаро анҷом диҳанд. Намаки ошии йодноккардашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта ва ё тақсимот карда мешавад, новобаста ба мамлакати истеҳсол, бояд сертификатсия ва тамғагузорӣ шуда, сифату бехатарии он ба талаботи регламентҳои техникӣ (ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ) ва қоидаю меъёрҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда мувофиқ бошад. Талабот ба сифат ва бехатарӣ инчунин ба намаки ошии йодноккардашудаи воридшаванда бояд риоя шаванд. 
  2. Намаки ошии йодноккардашуда ба сифати ҳомили иловаҳои ғизоӣ дар саноати хӯрокворӣ, хӯриши мустақил, ҷузъи маҳсулоти ғизоӣ, инчунин якҷоя бо маҳсулоти ғизоии дигар, моддаҳои минералӣ ҳангоми пухтани хӯрок дар хонаводаҳо, корхонаҳои хӯроки умумӣ ва саноати хӯрокворӣ истифода бурда мешавад. 
  3. Усули йодноккунии намаки ошӣ, сифат ва бехатарии он, ғилзати йод, нишондиҳандаҳои мониторинги раванди технологии йодноккунии намак ва дараҷаи мавҷудияти йод дар таркиби намак дар марҳилаи нигоҳдорӣ то истеъмол, истифодаи он бояд ба ҳама талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии амалкунанда ҷавобгӯй бошанд. Равандҳои истеҳсолию технологӣ, яъне  тозакунӣ, майдакунӣ ва йодноккунӣ, баркаш ва борпечкунӣ, тамғагузорӣ, инчунин интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши намак бояд ба меъёрҳои амалкунандаи санитарию гигиенӣ оид ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва пешгирӣ намудани ҳама гуна хавфҳои олудашавии онҳо қатъиян мутобиқ бошанд. 
  4. Намаки ошии йодноккардашуда бояд ба халтаҳои бофтаи полипропилении тоза, халтаҳои ҷутии истифоданашуда ё маводи дигари дорои дарунхалтаи полиэтилении ғафс, ки нигоҳдории йодро дар давоми муддати истеъмол дар сатҳи дахлдор нигоҳ медорад, ҷойгир карда шавад. Борҷомаи намаки йодноккардашуда бояд нигоҳдории сифат ва  миқдори камтарини муқарраргардидаи йодро дар таркиби намак то гузаштани муҳлати истеъмоли он таъмин кунад. 
  5. Таҳвили намаки ошии йодноккардашуда барои фурӯши чакана ё нуқтаҳои ниҳоии тақсимкунии он на дертар аз 12 моҳ аз рӯзи истеҳсоли он анҷом дода шуда, баъд аз он муҳлати нигоҳдорияш гузашта ҳисобида мешавад. Намаки муҳлати нигоҳдорияш гузашта бояд иваз ё ба таҳвилгари (фурӯшандаи) он баргардонда шавад. 
  6. Истеҳсолкунандагон, тайёркунандагон, аз ҷумла субъектҳое, ки дар соҳаи хӯроки умумӣ хизматрасониро анҷом медиҳанд ва намаки оширо истифода мебаранд, уҳдадоранд ҳангоми истеҳсол намудани маҳсулоташон намаки ошии йодноккардашударо истифода баранд. 
  7. Вобаста ба пайдоиш ва усули истеҳсоли намаки ошӣ ба таркиби он ба ғайр аз йод метавонанд моддаҳои дигари минералие, ки барои истифода дар маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷозат дода шудаанд, бо миқдори гуногун илова карда шаванд. 
  8. Ба муомилоти намаки йодноккарданашуда, яъне намаки саноатӣ, ки барои коркард, коркарди дубора ва (ё) истеҳсоли маҳсулоти тиҷоратии ба маҳсулоти хӯрокворӣ дохилнабуда истифода мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии техникӣ иҷозат дода шудааст.
  9. Дар самти йодноккунии намак бо мақсади пешгирии бемориҳои вобаста ба норасоии йод дар Ҷyмҳypии Тоҷикистон тадбирҳои зерин андешида мешаванд:
  • ташкили муоинаи аҳолӣ, пешгирӣ ва ошкор кардани шахсоне, ки гирифтори бемориҳои норасоии йод гардидаанд;
  • баҳодиҳии ҳарсола бо мақсади мониторинги раванди паҳншавии бемориҳо аз норасоии йод, самаранокии чораҳои пешгирӣ ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои он;
  • гузаронидани тадқиқоти илмии ба пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод равонагардида;
  • огоҳ кардани аҳолӣ дар бораи чораҳои пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод ва ташкили воситаҳои маърифати санитарӣ тавассути матбуот, радио ва телевизион оид ба масъалаҳои пешгирии бемории норасоии йод, нашри варақаҳо, маълумотномаҳо ва дигар тадбирҳо;
  • ҳатмӣ будани риояи стандартҳо, талаботи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва қоидаҳои таъмини сифат ва бехатарии намаки ошии йодноккардашуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсол, содирот, воридот ва фурӯши намаки ошии йодноккардашуда машғул мебошанд.

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 «Дар бораи йоднокгардонии намак» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002,  №11, мод. 738; с. 2007, №5, мод. 369) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 36.Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

 

                     Президенти

             Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Эмомалӣ РАҲМОН

 

      ш. Душанбе,

19 июли соли 2019,

       № 1635

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ