Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 755
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАЛБ ВА ҲИМОЯИ САРМОЯГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 29.12.2012
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАЛБ ВА ҲИМОЯИ САРМОЯГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.
  3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 29 декабри соли 2012, № 755

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ