Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 сентябри соли 2017, № 456
тасдиқ шудааст
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ УСТУВОРИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2027
- Муқаддима
- Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Стратегия) аз тарафи шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба лоиҳаи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
- Рушди ғизои мактабӣ, ки барои расонидани кумак ба табақаи осебпазири аҳолӣ равона шудааст, намуди асосии фаъолияти Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Айни ҳол Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Барномаи кишварӣ (рамз: 200813) барои солҳои 2016-2020 беш аз 370 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоиро дар 2 ҳазор мактаби 52 ноҳия, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ бештар эҳтиёҷ доранд, бо маводи озуқаворӣ таъмии менамояд.
- Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад, самт, вазифаҳои асосӣ ва механизми амалӣ намудаии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи рушди ғизои мактабӣ муайян месозад. Амалӣ намудани он барои баҳодиҳии умумии шароит ва тайёр кардани қадамҳои минбаъда ҷиҳати таъмин намудани хонандагон бо ғизои солим, инкишофи нерўи таълимӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани некўаҳволии мардум, инчунин таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар замина гардид.
- Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 10 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2016, № 531 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017" таҳия гардидааст.
- Стратегия дар заминаи таҳлили умумии вазъи кунунӣ дар ғизои мактабӣ таҳия шуда, мақсад, вазифа, самтҳои асосии рушди минбаъдаи системаи ғизои мактабӣ, марҳалаҳои асосии амалигардонӣ, натиҷаҳо ва индикаторҳои банақшагирифташуда, инчунин тартиби ташкили мониторинг ва баҳодиҳии комёбиҳои натиҷаҳои банақшагирифташударо муайян месозад.
- Стратегия васеъшавии пайдарҳами иҳота намудани системаи ғизои мактабии муассисаҳои таълимиро дар вобастагӣ аз имкониятҳои иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ ва демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои алоҳида пешбинӣ менамояд.
- Стратегия бо дарназардошти имкони пешниҳод кардани ғизои ройгон ба кўдакони оилаҳои камбизоат ва қисман пардохт намудани маблағи ғизои мактабӣ барои оилаҳои даромади сатҳи пастдошта таҳия гардидааст.
- Натиҷаи амалӣ намудани стратегия ва барномаи миллии ғизои мактабии дар доираи муқаррароти он асосёфта бояд ташаккули соҳаи ҳозиразамони ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад.
- Муқаррароти стратегия ҳангоми таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар самти маориф, рушди иҷтимоӣ, тандурустӣ, комплекси агросаноатӣ, баланд бардоштанн некўаҳволии мардум ба назар гирифта мешаванд.
- Таҳлили умумии вазъ
- Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2017 8,74 миллион нафарро ташкил дод, ки 74 фоизи он дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва 34 фоизи аҳолӣ аз кўдакони то синни 14-сола иборат мебошанд.
Эзоҳ: Ҳангоми таҳия намудани стратегияи мазкур маълумоте, ки аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://www.stat.tj/) нашр гардидааст, истифода шудааст.
- Тахминан аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат дар хориҷи кишвар, асосан дар Федератсияи Россия фаъолият менамоянд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми бештари ҳаҷми зарурии озуқавориро аз хориҷ ворид менамояд, ки аҳолии кишварро ба тағйирёбии нархҳои ҷаҳонӣ мутеъ мегардонад.
- Сатҳи амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастрасии ҷисмонӣ ва иқтисодии маводи ғизоӣ тадриҷан боло меравад. Лекин ин дастрасӣ дар натиҷаи буҳрони иқтисодӣ ва ҳодисаҳои беисти табиӣ нокифоя боқӣ монда, сабаби зарурати рушди системаи истеҳсолот ва тақсими озуқаворӣ мегардад.
- Беҳтаргардонии ҳолати ғизои аҳолӣ ҳамчун мушкилоти мубрам боқӣ мемонад. Норасоии ғизои музмин мисли пешина 26 фоиз ва норасоии ғизои шадид (гипотрофия) 10 фоизи кўдакони то 5-соларо дар бар мегирад. Аксари занон ва кўдакон ҳамчунин аз камбудии микроэлементҳо, ки дар сатҳи баланди камхунӣ ва норасоии йод инъикос меёбанд, азият мекашанд. Фишори норасоии ғизо дар Тоҷикистон сабаби муҳими иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола 41 миллион доллари америкоиро бинобар талафи коршоямӣ ва самаранокӣ ташкил медиҳад.
Эзоҳ: Маълумот дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 оварда шудааст.
- Тахминан 40 фоизи бемориҳои кўдакони синну соли мактабӣ дар натиҷаи ғизои нодуруст, ки сабабҳои он асосан ташкили камсамари ғизои мактабӣ, камғизоӣ, дар оилаҳо набудани шароит барои тарзи ҳаёти солим ва риоя накардани меъёрҳои гигиенӣ мегарданд, ба вуҷуд меоянд.
- Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кўдакони синну соли мактабӣ дар навбати аввал бемориҳои вобаста ба норасоиҳои ғизо, аз қабили бемориҳои илтиҳоби қисмҳои болоии шоҳроҳи ҳозима, меъда ва рўдаи дувоздаҳангушта: гастрити музмин, гастродуоденити музмин, бемории захми меъда ва рудаи дувоздаҳангушта меистанд.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати аввали соли таҳсили 2016-2017 3874 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 3865 муассисаи таҳсилоти умумии рўзона ва 9 муассисаҳои шабона фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1837762 кўдакон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Хароҷоти буҷети давлатӣ барои маориф дар соли 2016 5,5 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ё 18,4 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил дод. Ба ҳолати аввали соли таҳсили 2016-2017 дар маҷмўъ ҷалби муассисаҳои таълимӣ барои синфҳои 1-11 94 фоиз ва муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ (синфҳои 1-4) 100 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, рушди системаи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолнокии фарогирии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, беҳтаргардонии хонандагон, коҳиш додани бемориҳои музмин мусоидат намуда, барои вусъатёбии тарзи ҳаёти солим замина фароҳам месозад.
- Мамлакат захираҳои хеле калон ва пурқудрат барои рушди бахши гуногунсоҳаи кишоварзӣ, ки аз истеҳсоли зироатҳои лубиёгиҳо, ғалладона, пахта, меваҷот, сабзавот ва маҳсулоти чорводорӣ иборат аст, дар ихтиёр дорад. Кишоварзӣ 21 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ва 43 фоизи шуғли аҳолиро таъмин менамояд.
- Бо мақсади ба ҳадди ақал расонидани хавфҳои истеҳсолӣ ва бозорӣ фермерҳо то андозае заминҳои на он қадар калонро шудгор карда, миқдори маҳдуди зироатҳои кишоварзиро парвариш менамоянд. Қисми зиёди заминҳои киштшаванда бинобар бад шудани ҳолати инфрасохтори обёрӣ ва дренажӣ, ботлоқшавӣ ва шурашавии хок истифода намешаванд. Дар мамлакат чарогоҳҳо барои истифодаи бисёрсола ва истеҳсоли хўроки чорво нокифоя буда, ҳаҷми онҳо барои рушди чорводорӣ норасогӣ мекунанд.
- Барои таъмин намудани ташаккул ва рушди устувори системаи ғизои мактабӣ ҳалли маҷмўи вазифаҳо оид ба рушди инфрасохтори истеҳсолӣ, нақлиёт ва маҳсулбарорӣ, бахши хусусӣ, васеъкунонии дастрасӣ ба захираҳои заминӣ, рушди системаи обёрӣ, барқӣ, гармидиҳӣ ва обтаъминкунонӣ тақозо карда мешавад. Инчунин зарур аст, ки соҳаи маориф, тандурустӣ ва иҷтимоӣ бр дарназардошти тафовутҳои муҳим дар рушди ноҳияҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, иштироки падару модаронро ҷоннок намуда, беҳтаркунонии сатҳи зиндагии аҳолӣ таъмин карда шавад.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори маориф ба сифати самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Ҳамин тавр, дар соли 2016 барои рушди соҳа 3,2 миллиард сомонӣ (соли 2014-2,5 миллиард сомонӣ, соли 2015 - миллиард сомонӣ) ҷудо гардидааст.
- Дар доираи амалӣ намудани Стратегияи баланд бардоштани некўаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ислоҳоти идоракунии давлатӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузориҳо амалӣ шуда, масъалаҳои бартарафсрзии норасогии ғизо, баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқаворӣ, беҳтаргардонии ғизои аҳолӣ, мусоидат намудани рушди устувори кишоварзӣ бомувафаққият ҳал гардиданд.
- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, №392) болоравии минбаъдаи самаранокии истифодабарии боигарии миллӣ, рушди иқтидори инсонӣ, таҳкими рушди институтсионалии кишварро бояд таъмин намояд.
- Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 болоравии сатҳи иекўаҳволии аҳолиро аз ҳисоби таъмин намудани рушди иҷтимоию иқтисодии устувор, инчунин ҳалли чунин масъалаҳои стратегӣ, ба мисли таъмин кардани истиқлолияти энергетикӣ, рушди коммуникатсия, болоравии минбаъдаи сатҳи амнияти озуқаворӣ пешбинӣ менамояд.
- Дар натиҷаи андешидани чораҳо таъмин намудани рушди иҷтимоию иқтисодии устувор, афзоиши ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, даромади пулии аҳолӣ, паст гардидани таваррум ва сатҳи камбағалӣ, зиёдшавиии шумораи аҳолӣ ва давомнокии миёнаи зиндагӣ, коҳиш ёфтани фавти кўдакон муяссар гардид. Иншооти нави энергетикӣ ва хатҳои интиқоли барқ ба кор андохта шуда, таъмири роҳҳои автомобилӣ, сохтмони роҳи оҳан, азнавсозӣ ва сохтмони шоҳроҳҳои автомобилии байналмилалӣ ва минтақавӣ гузаронида шуда, лоиҳаҳо оид ба таъмини аҳолӣ бо оби нўшокии босифат амалӣ гардида истодаанд.
- Маблағгузории ҳаматарафаи бахшҳои иқтисодии барои ғизои мактабӣ калидӣ амалӣ мегарданд. Ҳамин тавр, барои рушди комплекси агросаноатӣ дар солҳои 2010-2014 аз ҳисоби буҷети давлатӣ 1,7 миллиард сомонӣ ҷудо гардид. Барои (солҳои 20152017 ҷудо намудани 1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҷиҳати таъмин намудани оби нўшокии тозаи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2018 1 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
- Ҳамин тариқ, ба ҳолати имрўза барои ҳалли бомуваффақияти масъалаҳои рушди устувори системаи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи зарурӣ таъсис дода шудааст.
- Мақсад ва вазифаҳои Стратегия
- Амалӣ намудани стратегия тибқи мақсад, вазифа ва самтҳои асосии рушди системаи ғизои мактабӣ, ки дар Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, сурат мегирад.
- Мақсади стратегия таъмии намудани шароит барои ҳифз ва таҳкими саломатӣ ва такмили натиҷаҳои таҳсили хонандагон тавассути рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
- Барои таъмин намудани рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои зерин зарур аст:
- такмили сиёсати давлатӣ ва заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд;
- таъмини ташкилӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ашхос ва ташкилотҳои дахлдор;
- таъмин намудани маблағгузорӣ ва банақшагирии устувор;
- таҳия ва амалӣ намудани барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ;
- иштироки ҷомеа дар рушди ғизои мактабӣ ва бахшҳои иқтисодии ба он алоқаманд.
- Ҳал намудани масъалаҳои дар стратегияи мазкур пешбинигардида тавассути таҳия ва баамалбарории барномаҳои кўтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат, лоиҳаҳои пилотӣ ва дигар чорабиниҳо оид ба самтҳои алоҳидаи амалисозии стратегияи зикргардида амалӣ мегарданд.
- Самтҳои амалӣ намудани Стратегия
- 1. Такмили сиёсати давлатӣ ва заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Самтҳои асосии амал намудан оид ба такмили сиёсати давлатӣ ва заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, аз инҳо иборатанд:
- таҳия ва тасдиқ намудани тартиби маблағгузории ғизои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки он гурўҳҳои хонандагони барои гирифтани иловапулии ғизои мактабӣ ҳуқуқдошта, аз ҷумла гирифтани ғизои мактабии ройгон, қисман пардохтшуда ва тарзи пешниҳод кардани онҳоро муайян менамояд;
- дар доираи низоми амалкунандаи хариди давлатӣ таҳия ва тасдиқ намудани талаботи намунавии анҷом додани хариди молу хизматрасонӣ барои ташкил намудани ғизои мактабӣ;
- таҳия ва тасдиқ намудани меъёрҳои пешниҳод кардани кумакпулӣ барои қисман ҷуброни хароҷоти сохтмон, таъмир, навсозӣ ва таъсиси корхонаҳои нав, марказҳои истеҳсолӣ-логистикӣ ва комбинатҳои ғизои иҷтимоӣ, инчунии барои ҷуброн намудани хароҷоти логистикӣ, ки ба таъмин кардани молҳои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ вобастагӣ дорад.
- 2. Таъмини ташкилӣ ва ҳамоҳангсозӣ
- Самтҳои асосии амал намудан оид ба такмили таъмини ташкилӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ашхос ва ташкилотҳои дахлдор барои ҳалли масъалаҳои рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- пурзўр намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар таҳия ва иҷрои чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани стратегияи мазкур равонгардида;
- ҳамоҳангсозии таҳия ва баамалбарории барномаҳои кутоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат, лоиҳаҳои пилотӣ ва дигар чорабиниҳои равонгардида оид ба самтҳои алоҳидаи амалисозии стратегияи мазкур;
- омода гардонидани гузоришҳои солона оид ба амалӣ намудани стратегияи мазкур ва натиҷаҳои бадастомада ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- паҳн кардани таҷриба оид ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба ташкили ғизои мактабӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ба даст омадаанд;
- ташаккули системаи омодасозӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисон, ки дар соҳаи ғизои мактабӣ фаъолият менамоянд, гузаронидани семинарҳои таълимӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва дигар гурўҳҳои ашхос, тайёр кардани маводи иттилоотӣ ва муаллимон барои гузаронидани чунин семинарҳо.
- 3. Таъмин намудани маблағгузории устувор
- Самтҳои асосии амал кардан оид ба таъмин намудани маблағгузории устувор барои ҳалли масъалаҳои рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- муайян кардани ҳаҷми маблағҳои равонгардидаи буҷет барои амалӣ намудани чорабиниҳои вобаста ба рушди системаи ғизои мактабӣ, назорати хароҷоти самараноки онҳо;
- тасдиқ ва индексатсияи солонаи меъёрҳои маблағгузории ғизои мактабӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ;
- муайян кардани ҳаҷми кумакпулиҳо, ки барои қисман ё пурра ҷуброн намудани арзиши ғизои мактабӣ, бо мақсади расонидани ҳимояи фардии кўдакон аз оилаҳои камбизоат тибқи категорияҳои муқарраргардидаи ниёзмандии аҳолӣ ҷудо гардидаанд;
- таъмин намудани муттаҳидгардонии маблағҳои буҷетии сатҳҳои гуногун, кумаки молиявӣ ва маблағҳое, ки аз падару модарон ва дигар сарчашмаҳо барои маблағгузории барномаи ғизои мактабӣ ворид шудаанд;
- муайян кардани тартиби ҷалб, ҳисоб ва истифодаи маблағҳо, ки аз чониби падару модарон пешниҳод ё аз дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ворид шудаанд;
- таҳия кардани системаи механизми андозбандӣ ва дигар механизмҳо барои таъмин намудани системаи ғизои мактабӣ бо роҳи таъминоти устувори маҳсулоти истеҳсолоти маҳаллӣ;
- дар доираи низоми амалкунандаи хариди давлатӣ ташаккули низоми анҷом додани хариди муштараки молу хизматрасонӣ барои ташкил намудани ғизои мактабӣ, ба шумули муттаҳидгардонии манбаъҳои таҳвили мавзўи харид ва маблағҳои харидории он;
- таъмин намудани банақшагирии миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати хариди давлатии молу хизматрасонӣ барои ташкил намудани ғизои мактабӣ ва ташаккули фармоиши давлатӣ оид ба намуд, ҳаҷми истеҳсол ва таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ (озуқаворӣ) барои таъмини эҳтиёҷоти низоми ғизои мактабӣ дар давраи то панҷ сол.
- 4. Таҳия ва амалӣ намудани барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ
- Воситаи асосии амалӣ намудани стратегия ва комёбии мақсадҳо, ки дар Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, таҳия ва амалӣ намудани барномаи давлатии рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Барнома дар асоси таҳлили натиҷаҳои бадастомада таҳия гардида, ҳаҷми маблағгузорӣ, ҳудуд ва намуди ташкили ғизои мактабӣ, номгўи ипдикаторҳо ва нишондодҳои мақсаднок, инчунин тартиби мониторинг ва баҳодиҳии онро муайян месозад.
- Самтҳои асосии амал кардан оид ба таъмини таҳияи самаранок ва амалисозии барномаи давлатии рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- ошкор ва ҷорӣ кардани намудҳои аз ҳама бештару пешқадамйи ташкили ғизои мактабӣ барои гурўҳҳои алоҳидаи мактабҳо, аҳолӣ ва минтақаҳо, андешидани тадбирҳо ҷиҳати паҳн намудани онҳо;
- таҳия кардани вояҳои ғизо дар асоси тадқиқоти илмии гузаронидашуда бо дарназардошти зарурати қаноаткунонии талаботи физиологии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба моддаҳои асосии озуқаворӣ ва боқувват;
- таҳия намудани таомномаҳои зарурӣ ҷиҳати ташкили ғизои хонандагон мувофиқи навъҳои маҳсулоти асосӣ, ки барои истифода дар ғизои мактабӣ тавсия шудаанд, аз ҷумла бо дарназардошти хусусиятҳои минтақавӣ ва синну соли ғизо ва ҳолати саломатии хонандагон;
- таҳия кардани талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ нисбати ташкили ғизои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин тавсияҳо ҷиҳати ба вуҷуд овардани шароит, ки муҳофизат ва мустаҳкамии саломатии хонандагонро таъмин менамояд;
- таҳия кардани чорабиниҳо, ки ҷиҳати рушди системаи истеҳсолот, коркард, таъмин ва фурўши маҳсулот барои ғизои мактабӣ равона шудаанд;
- таҳия кардани чорабиниҳо оид ба дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллии маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар ғизои мактабӣ истифода мешаванд, ба шумули муайян намудани намудҳои чунин маҳсулот ва талабот ба онҳо;
- таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои пилотии тасдиқкунонии намунаҳои гуногуни рушди истеҳсолот ва коркарди маҳсулот дар сатҳи маҳаллӣ, ҷамъбаст ва паҳн кардани таҷрибаи аз ҳама арзишманд.
- 5. Иштироки падару модарон ва ҷомеа
- Самтҳои асосии амал намудан оид ба зиёдшавии иштироки падару модарон ва ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои рушди ғизои мактабӣ инҳо мебошанд:
- гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ, ташвиқ намудаии ақидаҳои ғизои солим, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма;
- ба кор ҷалб намудани донишҷўён ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии кишоварзӣ ҷиҳати расонидани кўмак дар ободонии хоҷагиҳои наздимактабӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муносиб гардонидани раванди истеҳсолот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва амалӣ кардани лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ алоқаманданд;
- таъмин кардани васеъшавии дониши кормандони маъмурӣ, муаллимон ва дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оид ба таъсири манфии ғизои нокифоя ба қобилияти таҳсил ва интихоби касб;
- ворид намудани тағйирот ба нақшаҳои таълимӣ бо мақсади ташаккули дониши хонандагон оид ба моҳияти ғизои мукаммал, маҳорати додани баҳои дурусти ғизои худ, малакаи тайёр кардани хўроки солим дар доираи курсҳои рўзғордорӣ, малакаи парвариш намудани маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи захираҳои маҳаллӣ дар доираи тарбияи меҳнатӣ ва дарсҳои биология;
- иштироки муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар чорабиниҳои алоқаманд ба интихоби роҳҳои ташкили ғизои мактабӣ ва назорати сифати он;
- ба падару модарон пешниҳод намудани маълумот оид ба навъҳои ғизои хонандагон, аз ҷумла дар таомномаи ҳаррўза нишон додани номгўи таом ва ҳаҷми воя, инчунин иваз кардани таом барои кўдакони дорои аллергияи ғизоӣ ва диабети қанд;
- амалӣ кардани бозомўзии кормандони хурди тиббӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла бо мақсади муайян кардани саривақтии кўдакон бо вазни паст, тафтиши шароити зиндагии оилаҳои хонандагон;
- таъмин кардани иштироки кормандони тиббӣ ба корҳои алоқаманд бо падару модарон (оилаҳо), бо дарназардошти андешидани чораҳо барои паҳн намудани малакаҳо дар самти ғизои солим ва беҳдоштӣ;
- таъмини паҳн кардани маълумот оид ба оқибатҳои ғизои номукаммал ва нодуруст, ташаккули малакаи ташкили ғизои солим, паҳн кардани маълумот оид ба тарзҳои имконпазири беҳтар кардани ғизо, аз ҷумла аз ҳисоби тағйири вояи ғизо ва дастрасии васеъ ба захираҳои таъминкунандаи истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ;
- иштироки падару модарон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ашхоси дахлдор дар маблағгузории барномаҳои ғизои мактабӣ;
- амалӣ кардани назорати ҷамъиятӣ аз ҷараёни амалишавии барномаи ғизои мактабӣ ва беҳтаргардонии сифати ғизо.
- Мониторинг ва баҳодиҳии амалӣ кардани Стратегия
- Мониторинг ва баҳодиҳии ҷараёни амалӣ кардани стратегия бо истифодаи индикаторҳо ва нишондодҳои зерини асосии бомақсад амалӣ мегардад:
- сатҳи комёбии меъёрҳои дурусти муқарраршудаи ғизои хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла аз рўи сифат, калориянокӣ, гуногунӣ, миқдори сафеда, равған, карбогидратҳо, витаминҳо, макро ва микроэлементҳо, ки аз ҷониби хонандагон бо дарназардошти ғизои мактабӣ истифода мешаванд;
- сатҳи фарогирии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ғизои мактабӣ, ки бо талаботи муқарраргардида мутобиқ аст;
- шумораи хонандагони бо ғизои мактабӣ таъминшуда, ки бо талаботи муқарраргардида, аз ҷумла бо дарназардошти ғизои мактабии қисман пардохтшуда ва ройгон мутобиқат мекунад;
- зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот барои таъмин намудани системаи ғизои мактабӣ, аз ҷумла маҳсулоти махсус (ғизои кўдакон ва табобатӣ), масолеҳи нимтайёри бо моддаҳо бойшуда;
- ҳаҷми хариди давлатӣ ва маҳаллии хурокворӣ ва хизматрасонӣ ҷиҳати таъмин намудани ғизои мактабӣ, аз ҷумла аз истеҳсолкунандагони маҳаллӣ;
- коҳиш додани хароҷот ҳангоми истеҳсол ва коркарди маҳсулоти хўрокворӣ барои ғизои мактабӣ, инчунин ҳангоми пешниҳод намудани ғизо ба хонандагон.
- Ҳангоми таҳия кардани барномаҳо, лоиҳаҳои пилотӣ ва дигар лоиҳаҳо, инчунин ҳангоми банақшагирии чорабиниҳои алоҳида, ки ҷиҳати амалӣ намудани стратегияи мазкур равона шудаанд, метавонанд индикатору нишондодҳои иловагии мақсаднок тасдиқ карда шаванд.
- Таҳия намудани методикаи муайян кардани индикатору нишондодҳои мақсаднок аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дигар сурат мегирад.
- Бо мақсади ташкил ва гузаронидани мониторинги амалӣ намудани стратегия Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- системаи комплексии индикатору нишондодҳои мақсаднок, ки ҳолат ва динамикаи рушди ғизои мактабиро инъикос мекунанд, таҳия менамояд;
- мониторинги амалӣ кардани стратегияи мазкурро дар асоси баҳодиҳии иҷрои чорабиниҳо, ки тавассути нақшаҳои тасдиқгардида ва баҳодиҳии комплексии дастовардҳои маъноҳои индикатору нишондодҳои мақсаднок пешбинӣ шудаанд, ташкил менамояд;
- мазмун, муҳлат ва тартиби пешниҳод намудани гузоришҳоро аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба амалӣ кардани нақшаҳои тасдиқшуда ва комёбиҳои индикатору нишондодҳои мақсадноки муқарраршуда, инчунин дигар маълумоти барои мониторинг зарурӣ муайян мекунад;
- дар асоси таҳлили иттилооти ҳангоми амалӣ намудани мониторинг бадастоварда, баҳодиҳии комплексии комёбиҳои маъноҳои индикатору нишондодҳои мақсаднокро дар давраҳои таҳлилгардида амалӣ карда, пешниҳодҳои равонашударо барои ҳалли вазифаҳо, ки тибқи стратегияи мазкур муайян мешаванд, таҳия менамояд;
- назоратро аз болои гигиенаи ғизо таъмин менамояд.
- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи меъёрҳои муқарраргардидаро тафтиш карда, назорати сифати маҳсулот ва хизматрасониҳоро вобаста ба ташкили ғизои мактабӣ таъмин менамояд.
- Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатиро ҷиҳати риоя кардани регламентҳои техникӣ, стандартҳои давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи ғизо, инчунин риояи қоидаҳои метрологӣ ва озмоиши таҷҳизоти истифодашавандаро барои коркарди маҳсулоти ғизоӣ амалӣ менамояд.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи ваколатҳои ба онҳо пешниҳодгардида:
- ҷамъоварӣ ва ҷамъбасти рақамҳои заруриро барои амалӣ кардани мониторинг ташкил менамоянд;
- ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришҳо оид ба амалӣ кардани нақшаҳои тасдиқгардида ва комёбии индикаторҳо ва нишондодҳои мақсадноки муайяншуда, инчунин дигар иттилооти заруриро барои мониторинг пешниҳод менамоянд.
- Давраҳои амалӣ намудани Стратегия
- Вазифаҳое, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 муайян гардидаанд, дар доираи давраҳои солҳои 2017-2026 амалӣ мешаванд (замима мегардад).
- Дар даври якум (солҳои 2017-2018) ташаккули шароити заминавӣ, ки барои рушди системаи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст ва ҳалли вазифаҳои муайянгардида тибқи стратегияи мазкур амалӣ мешавад:
- рушди заминаи меъёрии ҳуқуқии ғизои мактабӣ;
- ташаркули инфрасохтори ташкилию идоракунии босамар;
- таҳия намудани лоиҳаҳои пилотӣ оид ба ҷорӣ кардани намудҳои ташкили ғизои мактабӣ, муайян намудани шароит ва қимати фурўши онҳо;
- рушди иқтидори кадрӣ;
- рушди низоми мониторинг, таҳия кардани методикаи муайян кардани индикаторҳо ва нишондодҳои мақсаднок, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ.
- Дар давраи дуюм (солҳои 2019-2020) амалӣ мешаванд:
- ҷорӣ кардани намудҳои ташкили ғизои мактабӣ дар доираи лоиҳаҳои пилотии таҳиягардида бо дақиқ намудани қимати онҳо;
- монигоринг ва таҳлили натиҷаҳои бадастомада;
- интихоб кардани намудҳои пешқадамтари ташкил намудани ғизои мактабӣ ва вазифаҳои ба онҳо алоқаманд.
- Аз рўи натиҷаҳои амалисозии даври дуюм Барномаи миллии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад, ки асоси онро таҳлили натиҷаҳои бадастомада ташкил намуда, муайян кардани ҳаҷми маблағгузорӣ, ҳудуд ва намудҳои ташкили ғизои мактабӣ, номгўи индикатору нишондодҳои мақсаднок, инчунин тартиби ҷамъоварии иттилооти барои муайян кардани онҳо зарурӣ шомил мебошанд.
- Дар даври сеюм (солҳои 2021-2026) амалӣ мешавад:
- амалӣ намудани чорабиниҳои барномаи миллии ғизои мактабӣ мувофиқи нақшаҳои тақвимии тасдиқгардида;
- паҳн кардани системаи ғизои мактабӣ дар ҳамаи ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузариши тадриҷӣ ба мустақилона амалӣ намудани барномаҳои рушди ғизои мактабӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо пардохт карда мешаванд.
- Натиҷаҳои интизории амалӣ намудани Стратегия
- Рушди системаи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад таъмин намояд:
- беҳтар намудани ғизои хонандагон ва афзоиши сатҳи зиндагии оилаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус оилаҳои бо сатҳи ками даромад;
- зиёд кардани иштироккунандагон, баланд бардоштани сифати таълим ва хониши нағзи хонандагон;
- паст кардани сатҳи беморшавии хонандагон, бахусус бемориҳои музмин, пурқувват намудани саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби ташаккулёбии фарҳанги ғизои солим;
- таъсис додани бозори кафолатдори фурўши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, баланд бардоштани истеҳсолот ва сатҳи даромад дар кишоварзӣ;
- модернизатсия ва реструктуризатсияи технологии соҳа, рушди илфрасохтори истеҳсолию логистикии муосир;
- ташаккули робитаҳои хоҷагидории устувору дарозмуҳлат байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва муассисаҳои ғизои мактабӣ;
- рушди босуръати соҳаҳои алоқаманд бо коркард, интиқол, нигаҳдорӣ ва фурўши хўрокворӣ;
- афзоиши сатҳи муҳофизатӣ аз таҳдидҳои дохилию хориҷии амнияти озуқаворӣ.
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 сентябри соли 2017, № 456
НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО
ОИД БА АМАЛӢ НАМУДАНИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ УСТУВОРИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ
ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2027
№
|
Номгӯи чорабиниҳо
|
Масъулин
|
Муҳлати иҷро
|
Сарчашмаи маблағгузорӣ
|
Даври якум (солҳои 2017-2018)
|
1.
|
Таҳия ва тасдиқ кардани тартиби ташкили ғизои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Соли 2017
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
2.
|
Таҳия ва тасдиқ кардани тартиби хариди маҳсулот аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ
|
Агентии хариди давлатии мол, ко рва хизматрасонӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Соли 2018
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
3.
|
Таҳия ва тасдиқ кардани меъёрҳои пешниҳод намудани кумакпулӣ ҷиҳати қисман ҷуброн кардани хароҷот барои сохтмон, таҷдид, модернизатсия ва таъсиси корхонаҳои нав оид ба коркард ва тақсим намудани маҳсулот барои ғизои мактабӣ
|
Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Соли 2018
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
4.
|
Таҳия ва тасдиқ кардани вояҳои ғизо бо дарназардошти зарурати қаноаткунонии талаботи физиологии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба моддаҳои ғизоии асосӣ ва энергия
|
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Соли 2018
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
5.
|
Таҳия ва тасдиқ кардани талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ нисбати ташкили ғизои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
|
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Соли 2018
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
6.
|
Тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ кардани стандартҳои давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ барои ғизои мактабӣ
|
Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Соли 2018
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
7.
|
Таҳия кардани пешниҳодҳо оид ба муайян намудани категорияҳои хонандагоне, ки ба гирифтани кумакпулӣ барои ғизои мактабӣ, инчунин гирифтани ғизои мактабии ройгон ё қисман пардохтшудаи ғизои мактабӣ ҳуқуқ доранд ва тартиби пешниҳод кардани онҳо
|
Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
|
Соли 2018
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
Таъмини ташкилӣ ва ҳамоҳангсозӣ
|
8.
|
Таъсис додани мақомоти байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалӣ намудани стратегияи рушди ғизои мактабӣ
|
Вазорати тандурурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Соли 2017
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
9.
|
Таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои пилотӣ дар вилояти Хатлон, шаҳри Роғун ва ноҳияи Рашт:
- лоиҳа оид ба азнавтаҷҳизонидани блокҳои ғизоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
- лоиҳа оид ба таъсиси нонвойхонаҳои байнимактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
- лоиҳа оид ба таъсиси ошхонаҳои заминавии мактабӣ;
- лоиҳа оид ба таъсиси хоҷагиҳои наздимактабӣ
|
Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
|
Солҳои 2017-2018
|
Маблағҳои ғайрибуҷетии ҷалбгардида (Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид)
|
10.
|
Таҳия ва тасдиқ кардани вояҳои ғизои хонандагон мутобиқ бо намудҳои тавсияшудаи маҳсулоти асосӣ барои истифода дар ғизои мактабӣ, инчунин бо дарназардошти хусусиятҳои минтақавӣ ва синну соли ғизо ва ҳолати саломатии хонандагон
|
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2017-2018
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
11.
|
Таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ оид ба ташаккули фарҳанги ғизои солим
|
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2017-2018
|
Ҷалб намудани маблағҳои шарикон оид ба рушд
|
12.
|
Гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои ташкили ғизои мактабӣ барои мутахассисони дар соҳаи ғизои мактабӣ фаъолияткунанда, омода намудани маводи иттилоотӣ
|
Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2017-2018
|
Маблағҳои ғайрибуҷетии ҷалбгардида
|
13.
|
Таҳия кардани пешниҳодҳо оид ба рушди истеҳсоли маҳаллии маводи хом ва озуқаворӣ, таъмин ва амалӣ намудани маҳсулоти барои рушди устувори системаи ғизои мактабӣ зарурӣ
|
Вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2017-2018
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
Таъмин намудани маблағгузорӣ ва банақшагирии устувор
|
14.
|
Таҳия намудани пешниҳодҳо оид ба тартиби банақшагирии миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати хариди давлатӣ ва механизми ҷойгир намудани фармоиши давлатӣ барои хариди муштараки мутамаркази маҳсулоти кишоварзӣ (озуқаворӣ) ва хизматрасониҳо зимни ташкил кардани ғизои мактабӣ
|
Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2017-2018
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
15.
|
Таҳия кардани пешниҳодҳо оид ба ҳимояи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки барои ғизои мактабӣ истифода мешаванд, аз ҷумла муайян кардани намудҳои чунин маҳсулот ва талабот ба онҳо
|
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2017-2018
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Иштироки падару модарон ва ҷомеа
|
16.
|
Ташкил ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳию маърифатӣ оид ба тарғиби принсипҳои ғизои солим, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма
|
Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2017-2018
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
Мониторинг ва баҳодиҳӣ
|
17.
|
Таҳия кардани системаи комплексии индикатору нишондодҳо барои амалӣ намудани мониторинги рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2017-2018
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
18.
|
Таҳия кардани дастурамал оид ба тартиб, мазмун ва муҳлати пешниҳод намудани гузоришҳо ва дигар иттилооти барои амалисозии мониторинги ғизои мактабӣ зарурӣ
|
Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2017-2018
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
Даври дуюм (солҳои 2019-2020)
|
19.
|
Баҳодиҳии самараноки амалӣ намудани лоиҳаҳои пилотӣ оид ба ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон, шаҳри Роғун ва ноҳияи Рашт
|
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Соли 2019
|
Маблағҳои ғайрибуҷетии ҷалбгардида
|
20.
|
Ҷорӣ кардани намудҳои ташкили ғизои мактабӣ дар доираи лоиҳаҳои пилотии амалишаванда бо муайян намуданиарзиши онҳо
|
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2019-2020
|
Маблағҳои ғайрибуҷетии ҷалбгардида
|
21.
|
Гузаронидани баҳодиҳии арзиши ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Соли 2019
|
Маблағҳои ғайрибуҷетии ҷалбгардида
|
22.
|
Таҳия кардани пешниҳодҳо оид ба меъёрҳои маблағгузории ғизои мактабӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва индексатсияи онҳо дар доираи меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ
|
Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2019-2020
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
23.
|
Муайян кардани ҳаҷми зарурии сармоягузориҳо дар рушди инфрасохтори ғизои мактабӣ
|
Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2019-2020
|
Маблағҳои ғайрибуҷетии ҷалбгардида
|
24.
|
Ташкил ва гузаронидани мониторинги амалӣ намудани стратегия
|
Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2019-2020
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|
25.
|
Таҳия ва пешниҳод намудани барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027 ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсозӣ оид ба ғизои мактабӣ, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Соли 2020
|
Ба хароҷоти молиявӣ зарурат надорад
|