Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 288
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМИИ МАҚСАДНОК ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ИНСОН, ТАЪМИНИ МИНБАЪДАИ ПРИНСИПҲОИ ДЕМОКРАТӢ ВА РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2028
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 02.07.2013
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ТАҲҚИҚОТИ ИЛМИИ МАҚСАДНОК ОИД БА

МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ИНСОН, ТАЪМИНИ МИНБАЪДАИ ПРИНСИПҲОИ ДЕМОКРАТӢ ВА

РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2028

 

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ ва мактабҳои таҳсилоти олӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028-ро таъмин намоянд.
  3. Назорати иҷрои Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028 ба зиммаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
  4. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои Консепсияи мазкур ҳисобот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 2 июли соли 2013, № 288

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ