Матн |
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" марти соли 2018, № 80
БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2020
- МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 (минбаъд - барнома) бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои амалисозии сиёсати давлатӣ дар бахши сайёҳӣ, баланд бардоштани рақобатнокии бозори сайёҳии кишвар дар минтақа, инчунин хориҷаи дуру наздик таҳия гардида, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи сайёҳӣ дар давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.
- Зимни таҳияи барнома таҷрибаи амалисозии Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017, инчунин хусусиятҳои вазъи кунунии сайёҳии дохилию байналмилалӣ, тамоюлҳои нав дар заминаи ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии минтақавӣ ба инобат гирифта шудаанд.
- Дар асоси натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашудаи соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти асосӣ, омилҳои боздорандаи рушди соҳа, сабабҳои рақобатпазир набудани бахши сайёҳии мамлакат муайян карда шуданд.
- Мушкилоти рушди институтсионалии воридот ва содироти сайёҳон дар барнома мавқеи асосиро касб намуда, роҳҳои ҳалли онҳо дар нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, соддагардонии расмиёти дастрас намудани раводиди сайёҳӣ, аз ҷумла раводиди гурўҳӣ, соддагардонии расмиёти гирифтани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти сайёҳиву меҳмондорӣ, ба роҳ мондани муколамаи мунтазами давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳамкориҳои самарабахш бо ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва мақомоти дигари ба фаъолияти сайёҳӣ ва сайёҳон алоқаманд, шарикони рушд, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, коркард ва интишори маводи иттилоотӣ, рушди нерўи инсонӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон барои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ инъикос ёфтаанд.
- Дастгирии давлатии рушди сайёҳӣ дар доираи барномаи мазкур чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:
- истифодаи самараноки имкониятҳо барои инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ;
- беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ;
- дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва ҷалби сармоя дар ин самт;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти сохтору мақомоти дахлдор;
- таҳияи маҳсулоти нави сайёҳӣ ва хатсайрҳои он;
- омода кардани кадрҳои соҳибихтисос, гузаронидани омўзишҳо барои кормандони соҳаи сайёҳӣ;
- амалигардонии имтиёзҳо вобаста ба андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизоти иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва иншооти дигари сайёҳӣ пешбинигардида;
- амалигардонии имтиёзҳо вобаста ба панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод кардани ширкатҳои сайёҳӣ.
- Баланд бардоштани рақобатнокии соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ҳамчун омили муҳими рушди сайёҳӣ бо амалисозии тадбирҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани имиҷи сайёҳии кишвар мутобиқи меъёру талаботи байналмилалӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳӣ ҷиҳати ба сайёҳон ва муштариён пешкаш намудани маҷмўи хизматрасониҳо таъмин карда мешавад.
- Такмил додани низоми иҷозатномадиҳӣ барои ширкатҳои сайёҳӣ тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, стандартикунонии фаъолияти осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, пансионатҳо, хонаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои дигари сайёҳӣ дар маҳалҳо, ба таври доимӣ таъмин намудани вазъи хуби санитариву эпидемиологӣ ва экологӣ дар инфрасохтори минтақаҳои сайёҳӣ (меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, ташнобхонаҳо ва љайра) бамаврид ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин маврид дар тамоми шоҳроҳҳои кишвар ва хатсайрҳои сайёҳӣ насб намудани аломатҳои ишоравии роҳнамо бо забонҳои давлатӣ ва англисӣ бо нишон додани мавзеъҳои аҳолинишин, истгоҳи пешомад, меҳмонхона, нуқтаи хизматрасонии мошинҳо, нуқтаи фурўши сўзишворӣ барои таъмини воқеии рушди сайёҳӣ замина мегузоранд.
- Дар қисми хотимавии барнома параметрҳои асосии дурнамои рушди сайёҳӣ дар солҳои 2018-2020, таносуби воридот ва содироти сайёҳон, саҳми даромадҳо аз ҳисоби сайёҳон ба иқтисодиёти миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, рафъи монеа ва мушкилот, механизмҳои амалигардонӣ, инчунин мониторинг ва назорати ҷараёни амалигардонии барнома муайян карда шудаанд. Барнома дар асоси ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, мутобиқи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" ва дигар сарчашмаҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳаи сайёҳӣ таҳия гардидааст.
- Дараҷаи ноилшавӣ ба вазифаҳои пешбинигардидаи мақсаднок бо индикаторҳои оморӣ, нишондиҳандаҳои таҳлилӣ ва воқеӣ, ки ҷанбаҳои асосии рушди соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои марбутаро дар бар мегиранд, назорат карда мешавад.
- Дурнамои рушди фаъолияти соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 таљйироти мусбати шумораи сайёҳон, беҳтар гардидани инфрасохтори мавҷуда, таъсиси ҷойҳои кории мавсимиву доимӣ дар сенарияи "воқеъбинона" ва "некбинона" (оптимистӣ) бо сатҳи таъмини сармоя ва дараҷаи қаноатмандонаи дастгирии молиявии чорабиниҳои барномаро дар бар мегирад.
- Амалигардонии чорабиниҳои асосии барнома дар нақшаи чорабиниҳо инъикос ёфта, ба се самти ба ҳам алоқаманд - такмили асосҳои институтсионалии рушди сайёҳӣ, тақвияти дастгирии давлатии рушди сайёҳӣ ва баланд бардоштани имиҷи сайёҳии кишвар мутобиқи меъёру стандартҳои байналмилалӣ асос меёбад.
- Дар раванди амалигардонии барномаи мазкур самаранокӣ ва рақобатпазирии соҳаи сайёҳии мамлакат, рушди неруи инсонӣ, тақвияти институтсионалӣ ва ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ афзалияти асосӣ дорад.
- ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ: САМТҲОИ СТРАТЕГӢ, ҶАНБАҲОИ ҚАВӢ ВА ЗАИФИ СОҲА
- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна имкониятҳои бештареро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардида, мувофиқи рейтинги ҷаҳонӣ аз рўи хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ мавқеи мусбатро касб кард:
- оҷонсии "ВВС" (Британияи Кабир, соли 2012) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои сайёҳон эълон кард;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии "Глоб Спотс" ("Globe Spots", соли 2014) дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷои дуюмро ишљол намуд;
- нашрияи русии маҷаллаи маъруфи "Нейшнал Ҷеографик" ("National Geographic", соли 2016) шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро ба 10 роҳи кўҳии зеботарини дунё шомил намуд;
- дар соли 2015 маҷаллаи Топ - 100 дар соли 2015 3 минтақаи Тоҷикистон ва дар соли 2016 кўҳҳои Помирро ба рўйхати мавзеъҳои ҷолиб дохил намуд;
- пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар соли 2015 аз рўи сайругашти шабонаи сайёҳон аз ҳама шаҳри бехатар дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) эътироф гардид;
- аз рўи таҳлилҳои омори расмӣ дар соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки сайёҳии он дар ҳоли рушд қарор дошта, миёни кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ҷои дуюмро ишљол менамояд;
- аз рўи баҳогузории Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дараҷаи 7 холи имконпазир 3,2 хол гирифта, дар давоми ду сол аз мавқеи 119 ба 107 боло рафт. Баҳои беҳтаринро Тоҷикистон аз рўи категорияҳои "амният" ва "тандурустӣ" (5,7) соҳиб шуд. Боиси хушнудист, ки миёни мамлакатҳои бо суръат рушдкунандаи сайёҳӣ Тоҷикистон алоҳида зикр шудааст. Дар ин рўйхат Тоҷикистон баъд аз Япония ва Озарбойҷон ҷои сеюмро ишљол намуд.
- Соли 2015 дар тамоми ҷаҳон қариб 1 миллиард сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ анҷом дода шудаанд ва мувофиқи пешбинии мутахассисон ин нишондиҳанда то соли 2022 ба 1,6 миллиард ва то соли 2030 ба 2 миллиард сафарҳои сайёҳӣ мерасад. Дар ин радиф, суръати солонаи рушди иқтисодии мамлакатҳои тараққикарда 2,2 фоиз ва дар мамлакатҳои рў ба тараққӣ ду маротиба зиёд, яъне 4,4 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки то соли 2020 шумораи сайёҳони мамлакатҳои рў ба тараққӣ нисбат ба мамлакатҳои тараққикарда афзоиш меёбад.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ мебошад ва намояндагони бахши сайёҳии мамлакат дар чорабиниҳои ин созмон иштирок менамоянд.
- Бо таваҷҷуҳ ба захираҳои бойи таърихию фарҳангии кишвар, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ва Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ Тоҷикистонро ба рўйхати "Тарљиби мероси таърихии давлатҳои Шоҳроҳи Абрешим" шомил намуданд. Иштирок дар ин барнома имкон медиҳад, ки иншоотҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеъҳои сайёҳӣ муаррифӣ карда шаванд.
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалигардонии босамари Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017, паҳн намудани маводи тарљиботӣ миёни дўстдорони сайру саёҳат боиси таваҷҷуҳу ташрифи сайёҳони хориҷӣ ва қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони хориҷӣ ба иттилоот аз мавзеъҳои сайёҳӣ гардидааст.
- Тартиби нави додани раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ яке аз тадбирҳои калидӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ арзёбӣ мегардад.
- Рўйхати мамлакатҳое, ки шаҳрвандонашон раводидро бо расмиёти соддакардашуда дар се фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон гирифта метавонанд, аз 68 то 78 мамлакат боло рафт. Ҳамзамон, бо 15 давлати дунё тартиби бераводид амал мекунад. Аз моҳи июни соли 2016 тартиби нави электронии раводид бо мақсади таъмини ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ољоз гардид. Ҷуљрофияи ташрифоти сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ васеъ гашта, аз 59 давлат дар соли 2015 ба 109 давлат дар соли 2016 расид.
- Сарфи назар аз таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ташрифоти шаҳрвандонии хориҷӣ ҳамчун сайёҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гашта истодааст.
- Фарсудашавӣ ва таҷдиди нокифояи инфрасохтори сайёҳии мамлакат, норасоии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар фурудгоҳҳо, гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар самти бақайдгирӣ, омор ва маълумот омилҳои асосии боздорандаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Сарфи назар аз он, ки айни замон зиёда аз 10 муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар ба омода намудани мутахассисон дар соҳаи сайёҳӣ машљуланд, аксари хатмкунандагони ин муассисаҳо бинобар сабаби сатҳи нокифояи донишҳои касбӣ ва забонӣ дар бозори меҳнат мавқеи худро ишљол карда наметавонанд. Нарасидани мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи сайёҳӣ барои расонидани хизматрасонии муносиб ба шумораи афзоишёбандаи сайёҳони хориҷӣ имкон намедиҳад. Новобаста аз мавҷудияти шумораи зиёди иншооти кумакрасони сайёҳӣ, сатҳ ва сифати хизматрасонӣ танҳо дар 20 фоизи онҳо ба талаботи сайёҳони хориҷӣ ҷавобгў мебошад.
- Бо мақсади васеъ намудани инфрасохтори қабули сайёҳони ватанӣ ва хориҷӣ, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақоми пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ оид ба бунёди инфрасохтори нави сайёҳӣ дар минтақаҳо, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ошхона, ташнобхона ва љайра, ҳамзамон дар ҳолати мутобиқ ба меъёрҳои санитарӣ нигоҳ доштани онҳо таклифҳо пешниҳод намоянд.
- ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
- Барои ноил шудан ба ҳадафҳои барнома вазифаҳои зерин, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян гардидаанд, муқаррар карда мешаванд:
- таъсиси механизми самараноки танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ;
- ташаккули стратегияи маркетингӣ оид ба таҳия ва рушди минбаъдаи маҳсулоти сайёҳии миллӣ дар бозорҳои дохилӣ ва беруна;
- рушди ҳамкории байналмилалӣ;
- ба роҳ мондани муколама ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш бо ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва мақомоти дигари бо фаъолияти сайёҳӣ ва сайёҳон алоқадошта;
- таҳкими фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ;
- густариши ҳамкориҳо бо воситаҳои ахбори омма вобаста ба коркард ва интишор дар порталҳои иттилоотӣ оид ба иқтидори сайёҳии кишвар;
- рушди инфрасохтори сайёҳӣ;
- тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони рушд;
- тақвияти неруи инсонӣ (таъсис додани маркази омўзишии хизматрасонӣ ва сайёҳӣ);
- ташкили саноати сайёҳии рақобатпазир барои таъмини шуљли аҳолӣ, рушди устувори даромади давлат ва аҳолӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми даромад аз сайёҳии воридотӣ ва дохилӣ;
- баланд бардоштани иқтидори сайёҳӣ;
- ташаккули имиҷи ҷолиби сайёҳии кишвар;
- рушди низоми дастгирии иттилоотӣ ва машваратии ширкатҳои сайёҳӣ;
- такмили омор.
- ИСЛОҲОТ ВА НАВГОНИҲОИ СОҲАИ САЙЁҲӢ
- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки барои истифодаи самараноки имкониятҳо, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат замина мегузорад.
- Барои ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ андешидани тадбирҳои зерин зарур аст:
- баланд бардоштани иттилоотонии ҷомеаи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин самт рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба воситаи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ;
- такмили қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои соддакунонии тартиби додани раводид ва бақайдгирӣ;
- фаъол кардани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо кишварҳои хориҷӣ бо мақсади васеъ намудани заминаи шартномавии байналмилалии соҳаи сайёҳӣ;
- баланд бардоштани сифати хизматрасонии сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи низоми танзими техникӣ;
- мусоидат ба сармоягузории лоиҳаҳои сохтмони иншооти сайёҳӣ бо ҷалби институтҳои байналмилалии молиявӣ;
- ташкил ва тақвияти интернет-портали ягонаи давлатӣ бо ҷойгир намудани маълумоти зарурӣ оид ба иқтидори сайёҳии ҷумҳурӣ.
- МАРКЕТИНГ ВА МУАРРИФИИ МАҲСУЛОТИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ
- Барои амалӣ гардонидани маркетинг ва муаррифии маҳсулоти миллии сайёҳӣ дар бозорҳои дахлдор ва намоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалии сайёҳӣ баргузории чорабиниҳои зерин зарур аст:
- амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ташаккули имиҷи ҷолибнокии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи фаъолонаи омилҳои рушди таърихии кишвар, арзишҳои миллии он, анъанаҳо, хўрокҳо, маданияту санъат бо ҷалби неруҳои фарҳангӣ ва илмии ҷумҳурӣ;
- тадбирҳои самараноки тарљиботию иттилоотии давлатӣ (љайритиҷоратӣ) оид ба муаррифии маҳсулоти сайёҳии миллӣ дар бозорҳои дохилӣ ва берунаи хизматрасонии сайёҳӣ (иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ ва нашри маводи тарљиботӣ);
- ташкил ва баргузории чорабиниҳои гуногуни миллӣ ва байналмилалии сайёҳӣ дар дохили ҷумҳурӣ бо ҷалби ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонии сайёҳӣ ва созмону ассотсиатсияҳои соҳавӣ;
- андешидани тадбирҳо оид ба рушди саноати маҳсулоти сављотии сайёҳӣ.
- САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ - ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР
- Рушди саёҳати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама аз захираҳои табиӣ ва омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳои дурдаст вобастагӣ дорад.
- Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ саёҳати экологӣ дар 10 соли охир байни сайёҳон бештар машҳур гашта, яке аз намудҳои устувори рушд дар мамлакатҳои дахлдор ба ҳисоб меравад.
- Натиҷаҳои омўзиши иқтидори сайёҳии мамлакат нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусиятҳои ҷуљрофии худ (93 фоиз кўҳҳо) дорои имкониятҳои зиёд барои рушди саёҳати экологӣ мебошад, ки асоси онро табиати нодир, манзараҳо, обҳои мусаффо, кўлҳо ва сарчашмаҳои обҳои шифобахш, бољҳо, наботот, ҳайвоноти нодир ташкил медиҳанд.
- Иқтидори иқтисодии саёҳати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемаҳдуд аст, вале барои ташаккул ва рушди он маблаљгузории муайян ва хароҷоти мақсаднок зарур аст. Таъсиси инфрасохтори зарурӣ барои саёҳати экологӣ имкон медиҳад, ки дастрасии гўшаҳои нодири табиӣ барои сайёҳон таъмин карда шавад.
Барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар иншооти сайёҳии экологӣ фароҳам овардани шароит муфид аст.
- Тадбирҳое, ки барои фаъолнокии ҷараёни мазкур равона шудаанд, чунин мебошанд:
- беҳтар кардани нақшаҳои генералии бољи миллӣ, мамнўъгоҳҳои давлатии табиӣ бо мақсади ташаккули инфрасохтор барои саёҳати экологӣ дар ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда;
- рушди ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саёҳати экологӣ;
- иҷрои уҳдадориҳои конвенсияҳо оид ба нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ ва ҳифзи ёдгориҳои ҷаҳонии табиӣ ва мероси фарҳангӣ, ки Тоҷикистон эътироф намудааст.
- Амалисозии ин тадбирҳо ва таъмини талаботи махсуси саёҳати экологӣ дар ҳудудҳои табиии муҳофизатшаванда, нигоҳдории намудҳои нодири ҳайвонот ва наботот дар ҳамоҳангӣ бо фарҳангу анъанаҳои нодири аҳолӣ, тавсеаи баробари хатсайрҳои ҷуљрофӣ барои таъмини бомуваффақонаи рушди саёҳати экологӣ дар мамлакат имкон медиҳад.
- ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ САЙЁҲОН
- Яке аз шартҳои асосии рушди сайёҳӣ ин таъмини бехатарии сайёҳон ба ҳисоб рафта, он дар Хартияи сайёҳӣ, ки соли 1985 дар иҷлосияи VI Ассамблеяи Генералии Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ дар шаҳри София (Булљория) тасдиқ карда шудааст ва дар Кодекси этикаи сайёҳӣ, ки соли 1999 дар шаҳри Сантяго (Чили) қабул гардидааст, инъикос шудааст.
- Бехатарии сайёҳ аз тадбирҳои андешидаи субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ ҳангоми ташкили хатсайрҳо вобастагӣ дорад. Барои таъмини бехатарии сайёҳон ба инобат гирифтани масъалаҳои зерин зарур аст: таълими сайёҳон бо қоидаҳои бехатарӣ, назорати риояи қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарӣ, беҳтар кардани фаъолияти субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати хизматрасонии сайёҳон ва таъмини маълумотнокии сайёҳон оид ба масъалаҳои бехатарии онҳо ҳангоми ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ.
- ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ
- Яке аз омилҳои муҳими рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмон бояд ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои худ дар чорабиниҳое, ки таҳти сарпарастии Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ баргузор мегарданд, ширкати фаъолона намояд.
- Нақши сохтори мазкур ҳамчун муассисаи махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид барои ҳамаи аъзои он дар самти рушди сайёҳӣ ва ташаккули ҳамкории байни мамлакатҳои ҷомеаи ҷаҳонии сайёҳӣ басо муҳим аст.
- Самтҳои асосии рушди сайёҳии байналмилалӣ тавсеаи робитаҳои байналмилалии сайёҳӣ ва амалисозии созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошанд.
- Бинобар ин, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси гўшаҳои сайёҳӣ ва андешидани тадбирҳо барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар мамлакатҳои минтақа оид ба амалигардонии хатсайрҳои транзитии сайёҳӣ зарур аст.
- ЗАХИРАҲОИ ЗАРУРӢ ВА МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ОНҲО
- Чорабиниҳо оид ба амалигардонии барнома аз ҳисоби маблаљҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида ва манбаъҳои дигари љайрибуҷетӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
- НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШУДА ВА НИШОНДИҲАНДАҲОИ БАРНОМА
- Амалигардонии самараноки барнома ба баланд бардоштани ҷолибияти маҳсулоти сайёҳии миллӣ барои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои сайёҳӣ ва таҳкими рақобатпазирии саноати сайёҳӣ, ки минбаъд метавонад ба яке аз бахшҳои даромадноки иқтисодиёти давлат мубаддал гардад, мусоидат менамояд.
Замимаи 2
ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «1»_марти_соли 2018, №80
НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА АМАЛИШАВИИ БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲӢ
ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018 - 2020
№
|
Чорабиниҳо
|
Иҷрокунандагон
|
Хароҷоти молиявӣ
(1 -аз буҷети ҷумҳуриявӣ, 2 - аз дигар манбаъҳо)
бо ҳазор сомонӣ
|
2018
|
2019
|
2020
|
1
|
2
|
1
|
2
|
1
|
2
|
1. РУШДИ НИЗОМИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ВА ДАСТГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ САЙЁҲӢ
|
1.
|
Андешидани тадбирҳо оид ба такмили қонунгузории соҳаи сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он омехта ҷиҳати беҳдошти фаъолият
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ,
Вазорати адлия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
2.
|
Ташкили муколама оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ,
бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳавӣ, шарикони рушд
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
3.
|
Баргузор намудани семинарҳо вобаста ба таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳие, ки ба муштариён маҷмўи хизматрасониҳоро таъмин менамояд
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳавӣ,
шарикони рушд
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
4.
|
Дар раванди рушди соҳаи сайёҳӣ такмил додани низоми иҷозатномадиҳӣ барои ширкатҳои сайёҳӣ тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳои дахлдор
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
5.
|
Стандартикунонии фаъолияти осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, пансионатҳо, истироҳатгоҳҳо ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ дар маҳалҳо
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
6.
|
Сохтмони таваққуфгоҳҳо барои сайёҳон бо фарогирии хўроки тезтайёр, ташноб, шустушўйгоҳ, ҷои истироҳат ва ғайра. Ба таври доимӣ таъмин намудани вазъи хуби санитарию эпидемиологӣ дар инфрасохтори минтақаҳо ва шоҳроҳҳои сайёҳӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
7.
|
Пешниҳод ва баррасии масъалаҳои мубрами соҳа дар ҷаласаҳои Шўрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи сайёҳӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳои дахлдор
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
8.
|
Тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ба имзо расонидани санадҳои ҳамкорӣ ва иштирок дар чорабиниҳои дахлдор
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод
ва савдо
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
9.
|
Ташкил ва баргузор намудани озмунҳо дар байни ҳунармандони кишвар оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва савғотии беҳтарин ба сайёҳон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, инчунин таҳияи феҳристи ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
|
8,0
|
6,0
|
10,0
|
6,0
|
12,0
|
6,0
|
10.
|
Ташкил ва баргузор намудани озмуни «Мақолаи беҳтарин» вобаста ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ
Вазорати маориф ва илм,
муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
|
5,0
|
5,0
|
6,0
|
7,0
|
7,0
|
8,0
|
11.
|
Андешидани тадбирҳо барои рушди сайёҳии дохилӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби коршиносони дохилию хориҷӣ бо мақсади ташкили на камтар аз 10 хатсайри сайёҳӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
12.
|
Бо мақсади беҳдошти фазои сармоягузорӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ таҳияи нақшаҳои тиҷоратии соҳибкорӣ аз ҷониби донишҷўён
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ,
Вазорати маориф ва илм,
муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
|
5,0
|
2,0
|
5,0
|
2,0
|
6,0
|
2,0
|
2 . МАРКЕТИНГ, ПЕШРАФТИ МАҲСУЛОТИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ ВА ТАЪМИНИ ИТТИЛООТИИ САЙЁҲӢ
|
13.
|
Бо мақсади муайян намудани бозори сайёҳии кишвар баргузор намудани намоишгоҳи сайёҳии «Сайёҳӣ дар Тоҷикистон» бо иштироки ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоию сайёҳӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
|
30,0
|
20,0
|
30,0
|
30,0
|
40,0
|
30,0
|
14.
|
Бо мақсади муайян намудани иқтидори воқеии рушди сайёҳии кишвар баргузор намудани форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ,
вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,
Кумитаи телевизион
ва радио
|
100,0
|
50,0
|
110,0
|
60,0
|
120,0
|
70,0
|
15.
|
Таъсиси гўшаҳои иттилоотии сайёҳӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва гузаргоҳҳои наздисарҳадии нақлиётӣ ва таъмини ин гўшаҳо бо маводи иттилоотиву таблиғотии сайёҳӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ
|
10,0
|
8,0
|
10,0
|
8,0
|
10,0
|
8,0
|
16.
|
Ташкили гўшаи сайёҳӣ ва иштироки намояндагони соҳаи сайёҳӣ дар чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ (Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), аз ҷумла намоишгоҳҳои байналмилалии ҷаҳонӣ (ЭКСПО)
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ,
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Палатаи савдо
ва саноат
|
50,0
|
20,0
|
50,0
|
20,0
|
50,0
|
20,0
|
17.
|
Таъсиси бренди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар асоси захираҳои табиӣ, мероси таърихию фарҳангӣ, саёҳати саргузаштӣ (намудҳои сайёҳии фаъол: саёҳати кўҳӣ, қаиқронӣ, кўҳнавардӣ, лижаронӣ ва ғайра) инчунин ҳамчун мавзеи баргузории чорабиниҳо, маросим, конфронсҳо ва рўйдодҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, нақлиёт, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»,
ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ
|
5,0
|
4,0
|
5,0
|
4,0
|
5,0
|
4,0
|
18.
|
Таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба бунёд ва беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ ва пешниҳод ба сармоягузорон
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ,
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
19.
|
Ташкили гўшаи ҷумҳурӣ дар ярмаркаи сайёҳии «International Travel Berlin»-и шаҳри Берлин (Олмон) дар майдони на зиёда аз 40 метри мураббаъ бо таваҷҷуҳ ба иштироки намояндагони мақомоти ваколатдори соҳаи сайёҳӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, ассотсиатсияҳои соҳавӣ
|
150,0
|
100,0
|
150,0
|
110,0
|
155,0
|
120,0
|
20.
|
Ташкили гўшаи ҷумҳуриявӣ дар ярмаркаи сайёҳии Интурмаркети шаҳри Москва, Федератсияи Россия (International Travel Forum) дар майдони на зиёда аз 40 метри мураббаъ бо дар назар доштани иштироки намояндагони мақомоти ваколатдори соҳаи сайёҳӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Ассотсиатсияи мададгор ба рушди ташкилотҳои сайёҳӣ
|
50,0
|
40,0
|
50,0
|
40,0
|
50,0
|
40,0
|
21.
|
Таъмини иштироки намояндагони ҷумҳурӣ дар ҷаласаҳои навбатии комиссияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ барои Аврупо (ҳамчун узв)
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ
|
20,0
|
-
|
20,0
|
-
|
20,0
|
-
|
22.
|
Таъмини иштироки намояндагони ҷумҳурӣ дар ҷаласа ва семинарҳои Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ
|
20,0
|
-
|
20,0
|
-
|
20,0
|
-
|
23.
|
Таъмини иштироки намояндагони ҷумҳурӣ дар сессияҳои Ассамблеяи Генералии Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ
|
20,0
|
-
|
20,0
|
-
|
20,0
|
-
|
24.
|
Таъмини иштироки намояндагони ҷумҳурӣ дар иҷлосияи Ассамблеяи Шўрои рушди сайёҳии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ
|
20,0
|
-
|
20,0
|
-
|
20,0
|
-
|
25.
|
Ташкили инфотурҳо дар хориҷи кишвар
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ
|
30,0
|
20,0
|
40,0
|
20,0
|
50,0
|
20,0
|
26.
|
Такмили ихтисоси кормандони соҳаи сайёҳӣ дар давлатҳои пешрафта аз лиҳози сайёҳӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ
|
30,0
|
20,0
|
40,0
|
20,0
|
50,0
|
20,0
|
27.
|
Таъмини истеҳсол ва пахши маводи таблиғотӣ-иттилоотӣ оид ба захираҳои сайёҳии кишвар дар воситаҳои ахбори оммаи миллӣ
|
Кумитаҳои рушди сайёҳӣ,
телевизион ва радио
|
40,0
|
20,0
|
50,0
|
20,0
|
50,0
|
20,0
|
28.
|
Таъмини истеҳсол ва пахши маводи таблиғотӣ-иттилоотӣ оид ба захираҳои сайёҳии кишвар дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ
|
Кумитаҳои рушди сайёҳӣ,
телевизион ва радио
|
30,0
|
20,0
|
40,0
|
20,0
|
50,0
|
20,0
|
29.
|
Такмил ва нигоҳдории Интернет-портали давлатӣ оид ба захираҳои сайёҳии кишвар ва дигар маълумоти зарурӣ (www.visittajikistan.tj)
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, бахши сайёҳӣ, шарикони рушд
|
10,0
|
8,0
|
10,0
|
8,0
|
10,0
|
8,0
|
30.
|
Ташкил ва таъмини иттилоотии лавҳаҳои сайёҳӣ дар биноҳои муассисаҳои хориҷии ҷумҳурӣ ва намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ (коркарди роҳнамои «Guidebook»)
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ,
вазоратҳои корҳои хориҷӣ, нақлиёт (сохторҳои дахлдор)
|
10,0
|
10,0
|
15,0
|
10,0
|
20,0
|
10,0
|
31.
|
Таҳия ва паҳн намудани DVD- роликҳои сайёҳӣ дар муассисаҳои консулии ҷумҳурӣ дар хориҷа ва намоишгоҳҳои сайёҳӣ бо забонҳои англисӣ ва арабӣ
|
Кумитаҳои рушди сайёҳӣ,
телевизион ва радио, Вазорати корҳои хориҷӣ
|
40,0
|
20,0
|
50,0
|
25,0
|
60,0
|
30,0
|
32.
|
Таҳия, нашр ва паҳн намудани «Ёддоштҳои сайёҳӣ» дар муассисаҳои хориҷии ҷумҳурӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва ҳавопаймоҳои миллии мусофиркашонӣ бо маълумоти пурра оид ба қоидаҳои будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ва суроғаҳо барои муроҷиат дар ҳолатҳои ғайричашмдошт
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, нақлиёт, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ
|
15,0
|
-
|
15,0
|
-
|
15,0
|
-
|
33.
|
Таҳия, нашр ва паҳн намудани роҳнамоҳои сайёҳӣ, маҷаллаҳо, нақшаи хатсайрҳо, харитаҳо, маълумотномаҳои сайёҳӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ,
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ
|
100,0
|
80,0
|
100,0
|
90,0
|
100,0
|
90,0
|
34.
|
Таъмини меҳмонони расмии хориҷӣ бо маводи савғотӣ дар рафти баргузории чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ
|
14,0
|
5,0
|
14,0
|
7,0
|
16,0
|
9,0
|
3. ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КАДРҲО ВА ТАЪМИНОТИ ИЛМӢ-МЕТОДИИ СОҲАИ САЙЁҲӢ
|
35.
|
Гузаронидани семинарҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бо иштироки роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ оид ба масъалаҳои рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ,
Вазорати маориф ва илм
|
10,0
|
5,0
|
10,0
|
5,0
|
10,0
|
5,0
|
36.
|
Нашр ва интишори маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ, варақаҳои иҷозатномаҳо ва шаҳодатномаҳои тахассусӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ
|
5,0
|
-
|
5,0
|
-
|
5,0
|
-
|
37.
|
Мусоидат ба муассисаҳои таҳсилоти касбии дахлдор дар таъминоти адабиёти муосири соҳаи сайёҳӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ,
Вазорати маориф ва илм
|
20,0
|
15,0
|
20,0
|
15,0
|
20,0
|
15,0
|
38.
|
Ташкили курсҳои омўзишӣ байни кормандони субъектҳои хоҷагидорӣ соҳаи сайёҳӣ дар маҳалҳои дурдаст
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ,
Вазорати маориф ва илм, ассотсиатсияҳои соҳаи сайёҳӣ
|
10,0
|
5,0
|
10,0
|
5,0
|
10,0
|
50
|
39.
|
Баргузор намудани конфронсҳои миллии сайёҳӣ вобаста ба имкониятҳои рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ
|
100,0
|
60,0
|
100,0
|
60,0
|
100,0
|
60,0
|
40.
|
Таҳияи барномаҳои таълимӣ барои донишҷўёни риштаи сайёҳии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ,
Вазорати маориф ва илм, ассотсиатсияҳои соҳаи сайёҳӣ
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
4. ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ САЙЁҲОН
|
41.
|
Таъмини низоми самарабахши корҳои наҷотдиҳӣ дар шароити ба вуқўъ омадани ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми доир намудани чорабиниҳо дар самти сайёҳии варзиши кўҳӣ, экологӣ ва навъҳои экстремалӣ (треккинг, велотурҳо, рафтинг, ҷиптурҳо, шикори хориҷӣ ва дигарҳо), инчунин дар давоми баргузории экспедитсияҳои байналмилалии кўҳнавардӣ тавассути бастани шартнома бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», пешакӣ мувофиқа намудан бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар ташкилотҳои таъминкунандаи назорат ва бехатарӣ ҳангоми гузаронидани чорабинӣ (бо пешниҳод намудани полиси суғуртавии иштирокчиёни чорабинии сайёҳӣ)
|
Кумитаҳои рушди сайёҳӣ,
ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати нақлиёт
(Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр»)
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
42.
|
Гузаронидани семинарҳо дар сатҳи маҳаллӣ оид ба риояи меъёр ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонии сайёҳон
|
Кумитаҳои рушди сайёҳӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ
|
10,0
|
5,0
|
10,0
|
5,0
|
10,0
|
5,0
|
43.
|
Таъминоти иттилоотонии саривақтии сайёҳон оид ба масъалаҳои техникаи бехатарӣ
|
Субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
5. САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ - ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ САЙЁҲӢ
|
44.
|
Баргузор намудани семинарҳо вобаста ба рушди сайёҳии экологӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ бо мақсади беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ
|
Кумитаҳои рушди сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
|
20,0
|
15,0
|
20,0
|
15,0
|
20,0
|
15,0
|
45.
|
Омўзиши таҷрибаи пешрафтаи мамлакатҳои дигар дар самти рушди сайёҳии экологӣ, экстремалӣ ва варзишӣ
|
Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии хоҷагии ҷангал
|
-
|
20,0
|
-
|
20,0
|
-
|
20,0
|
46.
|
Гузаронидани семинарҳои омўзишӣ ва курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи сайёҳӣ бо дар назар доштани роҳбаладҳои сайёҳӣ, аз ҷумла барои ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ва боғи миллӣ
|
Кумитаҳои рушди сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
|
5,0
|
4,0
|
5,0
|
4,0
|
5,0
|
4,0
|
Ҷамъ:
|
992
|
587
|
1,060
|
636
|
1,136
|
709
|
|