Классификатор Барнома
Рақам 78
Ном БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2025
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 01.03.2018
Матн

 

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" марти соли 2018, № 78

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2025

 

 

ПЕШГУФТОР

 

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 (минбаъд - Барномаи мазкур) бо мақсади иҷрои банди 1 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ки дар вохўрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017 баён доштанд, тарҳрезӣ гардидааст.

Ҳангоми таҳияи Барномаи мазкур талаботи Дастури методӣ оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда, ба ҳадаф ва афзалияти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 мутобиқ карда шудааст.

Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие, ки дар асоси онҳо таҳияи Барномаи мазкур ба роҳ монда шудааст, инҳоянд: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва ҳадафҳои рушди устувор.

Фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи Барномаи мазкур минбаъд низ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии муайянгардидаи кишвар, аз ҷумла ба таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул нигаронида мешавад.

Барномаи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ самтҳои афзалиятнок ва сиёсати ояндаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро барои давраи дарозмуҳлат муайян менамояд ва барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ, рифоӣ, инфрасохтори замонавӣ, шароити шоистаи зиндагии аз лиҳози экологӣ мутобиқ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва инчунин, зиёд шудани табақаи миёнаи аҳолии шаҳр заминаи босазо хоҳад гузошт.

Ба Барномаи мазкур 431 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 35,9 млрд сомонӣ ворид шудааст.

Маълумоти ҷуғрофӣ. Шаҳри Душанбе дар маркази водии ҳисор дар байни қаторкўҳҳои ҳисор дар баландии аз 750 то 950 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Аз шимол водиро қаторкўҳҳои ҳисор, аз ҷануб шохаҳои шимолии қаторкўҳҳои начандон баланди Боботоғ, Актау, Рангон ва Қаратау, ки баландиашон аз сатҳи баҳр 1400-1700 метр мебошад, иҳота кардаанд. Аз ҳудуди шаҳр дарёҳои Варзоб, Душанбе, Кофарниҳон ва Лучоб мегузаранд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2017 тибқи ҳисоботи дақиқи давлатии замин ҳудуди шаҳри Душанбе масоҳати 12865,32 гектар муайян шудааст.

Дар асоси Нақшаи генералии тасдиқшуда ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рўдакӣ васеъ карда мешавад. Аз ҷумла, дар марҳилаи аввал то соли 2025 ба масоҳати 7443 гектар, ки дар натиҷа масоҳати шаҳр ба 20308 гектар мерасад. Дар марҳилаи дуюм, то соли 2040  ба ҳудуди шаҳри Душанбе 4692  гектар аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рўдакӣ хоҳад гузашт, ки дар натиҷа масоҳати он 25000 гектарро ташкил хоҳад дод. Дар марҳилаи сеюм, масоҳати шаҳри Душанбе баъд аз  соли 2040 бо илова шудани 5000 гектар замин аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рўдакӣ ба 30000 гектар мерасад, ки ин ба рушди ояндаи шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад кард.

Иқлими шаҳр. Иқлими шаҳр континенталӣ ва хушк буда, ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи январ +20С ва дар моҳи июл +280-ро ташкил медиҳад. Давомнокии равшании рўз то ба 15 соат дар моҳи июл ва то 9,5 соат дар моҳи декабр мерасад. ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво 14,70 С ва ҳарорати максималии ҳаво 430С-ро ташкил медиҳад. Боришот дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна 30-40 мм мебошад.

ҳолати демографӣ. Шумораи аҳолии шаҳри Душанбе ба 816,8 ҳазор нафар расида (ба ҳолати 31.12.16), нисбат ба соли 1991 40 фоиз ё 232,3 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Аз шумораи умумии аҳолӣ 418,1 ҳазор нафар мард ва 389,3 ҳазор нафар зан мебошанд. Афзоиши табиии аҳолӣ 12,0 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

 

Аз шумораи умумии аҳолӣ 66,4 фоизро (541,7 ҳазор нафар) захираҳои меҳнатӣ ташкил медиҳанд. Аз захираҳои меҳнатӣ  34,7 фоиз аҳолии дар иқтисодиёт машғулбуда (188,0 ҳазор нафар) мебошад, ки аз ин 30,2 фоиз (56,8 ҳазор нафар) дар истеҳсолоти моддӣ, 51,3 фоиз (96,4 ҳазор нафар) дар соҳаи ғайриистеҳсолӣ ва 18,4 фоиз (34,7 ҳазор нафар) дар соҳаҳои гуногун (тибқи патенту шаҳодатнома) фаъолият мекунанд.

Масъалаҳои демографӣ.  Дар ҳамбастагӣ бо равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ раванди демографӣ барои рушди дарозмуҳлат хеле муҳим мебошад. То соли 2025 аҳолии шаҳр бемайлон афзоиш ёфта, ба беш аз 1,0 млн нафар хоҳад расид. Афзоиши шумораи аҳолии синни қобили меҳнат барои суръат бахшидан ба рушди иқтисодӣ дар шаҳр имконият фароҳам меоварад. Аксарияти аҳолиро (66,4 фоиз) сокинони  қобили меҳнат (аз 15 то 64-сола) ташкил хоҳанд дод, ки дар сурати таъмин гардидани нерўи баланди касбии меҳнатӣ, онҳо ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди иқтисодиёт истифода хоҳанд шуд. 

Дар баробари суръати баланди афзоиши аҳолии шаҳр суръати афзоиши истеҳсолот низ бояд таъмин карда шавад. Ин тамоюл барои пешгирӣ намудани коҳишёбии сатҳи некуаҳволии мардум, коҳишёбии қобилияти низомҳои мавҷуда ва самаранокии онҳо зарур мебошад. Чунин масъала дар асоси усулҳои анъанавии ғайрисамарабахши хоҷагидорӣ наметавонад ҳалли худро пайдо намояд. Зарурати суръатбахшии урбанизатсия, сохтмони манзил дар миқёси калон, сармоягузориҳо ба инфрасохтори коммуналӣ, иҷтимоӣ ва роҳ ба миён омада истодааст.

 

 

БОБИ 1. ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2025

 

1.1. Маълумоти мухтасар оид ба дастовардҳои шаҳр дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

 

Дар давоми 25 соли истиқлолият шаҳри Душанбе ба дастовардҳои назаррас дар аксар бахшҳои калидии ба нақшагирифташуда (аз ҷумла, комплекси сўзишворию энергетикӣ, саноат, нақлиёт, сохтмон, телекоммуникатсия, низоми бонкию қарзӣ ва иҷтимоӣ) муваффақ гашт. Афзоиш ёфтани нишондиҳандаҳои асосӣ собит мекунанд, ки пешравиҳои назарраси бадастомада суботи иқтисодиро дар шаҳр таъмин намуданд. Аз ҷумла:

- сатҳи камбизоатӣ беш аз 2 баробар коҳиш дода шуд (дар соли 2016 ба 20,7 фоиз расид); 

- ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ 20 баробар афзоиш ёфта, аз 483 млн сомонии соли 2001 ба 10,1 млрд сомонӣ дар соли 2016 расид;

- маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ ба ҳар нафар аҳолӣ 15 баробар афзоиш ёфта, ба 12,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд;

- музди миёнаи меҳнат 5 маротиба, андозаи миёнаи нафақа 2 маротиба, даромади пули аҳолӣ 92 маротиба ва ҳаҷми пасандозҳо 89 маротиба зиёд гардид.

Саноат. ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2000 беш аз 7 баробар афзоиш ёфта, шумораи корхонаҳои саноатӣ 2,4 баробар зиёд шуд ва аз 195 корхона ба 486 адад расид. Болоравии маҳсулнокӣ дар натиҷаи ба кор даровардани корхонаҳои нави бо техникаи муосир муҷаҳҳазшуда ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ба даст омад. Тамоюли диверсификатсияи сохтори истеҳсолоти соҳа ба назар мерасад. Танҳо дар даҳ соли охир шумораи коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ 2 маротиба зиёд шуда, ҳиссаи маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ аз 3,3 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар дар соли 2000 ба 9,2 фоиз дар соли 2016 расонида шуд.

Комплекси сўзишворию энергетикӣ. Барои бо барқ ва гармӣ таъмин намудани сокинони шаҳр маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 450 МВт бунёд карда шуд, ки ин ба рушди соҳаи истихроҷи ангишт мусоидат намуд. Сохтмону таҷдиди маркази барқу гармидиҳӣ, хатҳои интиқоли неруи барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, истгоҳҳои трансформаторӣ, ҷорӣ намудани низоми нави баҳисобгирии истифодаи неруи барқ (низоми "Биллинг") ва иваз намудани ноқилҳои луч ба ноқилҳои худбари изолятсияшуда 1 кВт имкон дод, ки таъминоти аҳолии шаҳр бо барқ ба таври назаррас беҳтар гардад.

Таъмини неруи барқ. Дар ин давра, бо ҷалби сармояҳои ташкилоти молиявии байналмилалӣ як қатор лоиҳаҳо дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида, хатҳои барқии 0,4-6-10 кВт ба масофаи 12 км иваз, 77 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10 кВт таҷдид, 75 км ноқилҳои луч ба ноқилҳои худбари изолятсяшуда 1 кВт иваз, 170 416 ҳисобгирак, кабелу ноқилҳо ва 3612  трансформатор васлу насб карда шуд (бо маблағи беш аз 31 млн доллари  ИМА).

Сохтмон ва фаъолияти сармоягузорӣ. Дар давоми 25 соли сипаришуда дар шаҳри Душанбе  2254,6 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ, беш аз 28 мактаб ва биноҳои нави таълимӣ бо миқдори 23984 ҷои нишаст, дармонгоҳ барои 2125 қабул дар як баст, беморхонаҳо барои 1389 кат, муассисаҳои томактабӣ барои 1287 ҷой бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин давра, чандин иншооти бузург (аз ҷумла: "Маҷмааи Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ" - 14,7 млн сомонӣ, "Душанбе-Плаза" - 184,8 млн сомонӣ, "Боғи Пойтахт" - 153,3 млн сомонӣ, "Маркази саломатии шаҳрии №14" - 30,6 млн сомонӣ, "Боғи Наврўзгоҳ" - 72,9 млн сомонӣ, "Мактаб (1354 ҷой) дар заминаи мактаби №8 ноҳияи Исмоили Сомонӣ" - 29,0 млн сомонӣ, "Маркази савдои муосири "Пойтахт-90" -191,9 млн сомонӣ, "Бинои истиқоматии баландошёна, воқеъ дар кучаи Беҳзод 32" - 19,4 млн сомонӣ, "Сохтмони 56 майдончаи варзишӣ ва бозии кўдакон" - 26,9 млн сомонӣ ва "Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" - 644,9 млн сомонӣ) бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

ҳамзамон, тўли солҳои 2007-2016 барои рушди иқтисодиёти шаҳр 5,4 млрд доллари ИМА сармоя ҷалб шудааст, ки аз ин 1,9 млрд доллари ИМА сармояи мустақим ва 3,5 млрд доллари ИМА қарзҳои гирифтаи корхонаву ташкилотҳо мебошад. Барои рушди бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии шаҳр 20 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 405 млн доллари ИМА татбиқ гардид.

Нақлиёт. Дар бахши мазкур 2 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ шуда, беш аз 84 км роҳи дохилии шаҳр  таҷдид гардид. Дар натиҷаи таҷдиду таъмири инфрасохтори нақлиётӣ хизматрасонии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе ба таври назаррас беҳтар гардид. Тўли солҳои 1992-2016 дар шаҳр 184,6 км хиёбону кўча, 123,2 км пиёдароҳ ва 64 иншооти роҳсозӣ ба дарозии 84,5 км (ба масоҳати 1264,9 ҳазор м2) бунёду азнавсозӣ ва таъмири асосӣ карда шуданд.

Танҳо дар давоми чор соли охир дар 68 қитъа чароғаки роҳнамо ва 4154 адад аломатҳои бехатарӣ, 44,5 км хатти нақлиёти барқӣ, 138,8 км хатти равшании беруна, 33,4 км қубури обу корезӣ, 36,8 км қубури оби гарм, 111,5 км хатти баландшиддати барқӣ, 161,5 км хатти алоқа, 3 адад кўпрук бо дарозии 75,0 м, селпарто дар масофаи 4,6 км ва 4,2 км канал, азнавсозӣ ва бунёд карда шуданд.

ҳамчунин, харидории воситаҳои нави нақлиётӣ (автобус, троллейбус, таксӣ) имкон дод, ки боркашонӣ ва мусофиркашонӣ дар қиёс ба соли 2000 мутаносибан 6,6 баробар ва 4,9 баробар зиёд гардад.

 

1.2. Биниш, ҳадаф ва вазифаҳо

 

Биниш. Шаҳри Душанбе шаҳри бисёрсоҳаи дорои шароити бароҳат ва сифати баланди зиндагӣ, маркази илму фарҳанг, маорифу сайёҳӣ ва саноатию технологияҳои муосир, маркази ислоҳоту ҳамкориҳои байналмилалӣ, муҳаррики навовариҳо, ғояҳои ҷадид ва арзишҳои миллӣ, нахустҷорисозанда ва таҷассумгари орзуву ормонҳои миллӣ мебошад.

ҳадафи олии Барномаи рушди ииҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони шаҳр тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад.

Барои ноилшавӣ ба ин ҳадафи олӣ зерҳадафҳои зерин барои давраи то соли 2025 муайян шудаанд:

- фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои сокинони шаҳр;

- тақвияти рушди неруи инсонӣ.

 

1.2.1. Афзалиятҳои асосӣ:

- таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ;

-.беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ;

- ба роҳ мондани истифодаи самараноки неруи барқ;

- тақвият додани фаъолияти шаҳрсозӣ ва сохтмон;  

- беҳтар сохтани муҳити зист ва экология;

- беҳтар намудани низоми хизматрасонии коммуналӣ;

- таҳкими хизматрасониҳои;

- иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони шаҳр.

Барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар доираи Барномаи мазкур вазифаҳои зерин гузошта шудаанд:

1.2.2. Дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои сокинони шаҳр:

- фароҳам овардани замина барои бунёди Smart-City;

- баланд бардоштани дастрасӣ ба манзил;

- дастрасии сокинони шаҳр ба шабакаҳои алоқаи электронӣ;

- ҷорӣ намудани принсипҳои "иқтисодиёти сабз";

- таҳкими ҳавасмандсозии аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист;

- ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани меъёрҳои бунёди иншоот;

- истифодаи шаклҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқ (энергияи офтоб ва биомаҳсулот);

- коҳиш додани талафоти неруи барқ;

- кам кардани сарбории нақлиётӣ тавассути беҳ кардани сифати роҳҳои дохилишаҳрӣ ва берун аз он;

- бо реҷа ва фосилаҳои муайян ба роҳ мондани ҳаракати мунтазам ва бонизоми нақлиёти мусофиркашонии шаҳр;

- беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи савдо ва бозори истеъмолӣ;

- ба роҳ мондани низоми шарикии давлат ва бахши хусусӣ;

- таҷдиди соҳаи саноат ва диверсификатсияи маҳсулоти он;

- таъмини аҳолӣ бо неруи гармӣ ва газ;

- таъмини беҳтару бештари сокинони шаҳр бо оби нўшокӣ, баланд бардоштани сатҳи санитария ва беҳдошт;

-.ташаккули низоми мавҷудаи идоракунии хизматрасонии коммуналӣ.

 

1.2.3. Дар самти тақвияти рушди неруи инсонӣ:

- коҳиш додани нобаробарии иҷтимоӣ (аз ҷумла, масъалаҳои гендерӣ);

- таъмини дастрасӣ ба шуғли шоиста;

- таъмини дастрасии сокинони шаҳр ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ (маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва фароғат, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ);

-.роҳандозии чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ;

- шаҳр - дўстдори кўдак.

Барои иҷро ва амалӣ гардидани вазифаҳои гузошташуда андешидани тадбирҳои зерин дар назар дошта шудааст:

- нигоҳ доштани суръати афзоиши рушди устувори иқтисоди шаҳр ҳамасола дар сатҳи 7-8 %;

- то 2 маротиба афзоиш додани маҷмўи маҳсулоти минтақавии шаҳр;

-.афзоиши маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ ба ҳар нафар аҳолӣ то 21,3 ҳазор сомонӣ;

-.паст кардани сатҳи камбизоатӣ то 13,0 фоиз ва пурра аз байн бурдани фақри шадид;

-.ба таври назаррас зиёд намудани хароҷоти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи нобаробариҳои иҷтимоӣ;

- мусоидат ба афзоиши даромади аҳолӣ;

-.ворид ва ҷорӣ намудани техникаю технологияи муосир дар бахши коммуналӣ;

-.ба вуҷуд овардани низоми назорат ва таъмини амнияти озуқаворӣ.

 

БОБИ 2. РУШДИ ИНФРАСОХТОР

 

2.1. Хоҷагии манзилию коммуналӣ

Фаъолияти муназзами корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр яке аз масъалаҳои асосии шаҳрдорӣ маҳсуб гашта, аз нигоҳдории фонди манзил, ҷамъоварӣ, баровардан ва безараргардонии партовҳои сахти маишӣ, анҷом додани хизматрасониҳои коммуналии дохилии хонаҳои бисёрошёна (обтаъминкунӣ, гармидиҳӣ, истифодаи лифт, нигоҳубин ва таъмиру тармими боми биноҳои истиқоматӣ ва ғайра) иборат мебошад.

Дар соҳаи нигоҳдории фонди манзил. Дар шаҳри Душанбе 37734 хонаҳои баландошиёна ва истиқоматӣ (ҳавлӣ) мавҷуд буда, аз ин 3238 адад бинои истиқоматии баландошиёна ва 34496 ҳавлӣ мебошад.

Хизматрасонии 3238 бинои истиқоматии баландошиёна аз ҷониби сохторҳои идоракунии фонди манзил анҷом дода мешавад (аз ҷумла: 56 адад аз ҷониби ширкати соҳибмулкони манзил, 228 адад бевосита  аз ҷониби худи соҳибмулкон ва 47 адад аз ҷониби ташкилоти идоракунанда). Дар биноҳои истиқоматии баландошёна 598 лифт мавҷуд буда, аз ин 502 адад коршоям ва 96 адад дар ҳолати корношоям қарор доранд. Хизматрасонии гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ, ки тавассути ташкилоти идоракунанда ба роҳ монда шудааст, ба талабот ҷавогўй нест.

Таъминоти миёна бо манзил барои як нафар  аз 11,6 м2 дар соли 2016 то ба 12,5 м2 дар соли 2025 расонида мешавад. Барои расидан ба ин нишондиҳанда масъалаи таҳия ва қабули  Барномаи манзили дастрас барои сокинони шаҳр барои давраи то соли 2025 ба миён омадааст.

Дар шаҳр қаноатмандии аҳолӣ аз сифати хизматрасонии коммуналӣ дар соли 2016 аз 58 ба 90,0 фоиз, оби хунук аз 75 ба 100 фоиз ва оби гарм то 70 фоиз дар соли 2025 расонида мешавад.

 

2.2. Коркарди партовҳои сахти маишӣ

 

Коркарди партовҳои сахти маишӣ самти асосии фаъолияти хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр мебошад. Вобаста ба ин, барои беҳтар намудани хизматрасонии соҳа ва риоя гаштани меъёру талаботи санитарӣ дар ноҳияҳои шаҳр корхонаҳои воҳиди давлатии "Партовҳои сахти маишӣ" ташкил карда шудаанд, ки онҳо мустақилона фаъолият намуда, бо 92 адад техникаи махсуси партовкашонӣ таъмин мебошанд. ҳамарўза тавассути техникаи мавҷуда аз ҳудуди шаҳр беш аз 700 тонна партов интиқол дода мешавад, вале ҳоло ҳам миқдори техникаи мавҷуда барои кашонидани партовҳо кифоя нест. Барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии коммуналӣ ва сари вақт баровардани партовҳо зарурияти бо 65 адад техникаи махсуси партовкашонӣ таъмин намудани соҳа ба миён омадааст.

Барои таъмини фаъолияти мунтазаму самараноки соҳаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ, таъмини амнияти санитариву экологӣ ва саломатии сокинони шаҳр зарурияти дар заминаи 4 корхонаи партовкашонии ноҳияҳои шаҳр таъсис додани сохтори ягонаи корхонаи воҳиди давлатии "Идоракунии партовҳои сахти маишӣ шаҳри Душанбе" ба миён омадааст. Ин амал имконият медиҳад, ки сиёсати ягона дар соҳаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ, баланд бардоштани сатҳи назорату идоракунӣ ва фаъолияти самараноки соҳа ба роҳ монда шавад.

Дар шаҳр миқдори партовҳо ба атмосфера сол аз сол афзуда, ба ҳар нафар 0,048 тонна партов рост ояд. Дар ҳолати чунин идома ёфтан дар соли 2025 ин миқдор ба 0,057 тонна ба сари ҳар як нафар мерасад.

Бинобар ин, зарурияти безараргардонии партовҳои сахти маишӣ ва ҳолати санитарию экологии партовгоҳ водор месозад, ки ҳарчи зудтар дар оянда барқарорсозии партовгоҳҳои мавҷуда дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда дар бахши ҳифз ва беҳдошти муҳити зист ва меъёрҳои сохтмонӣ ба низом  дароварда шаванд.

Ба ин мақсад, дар доираи Барномаи мазкур ҷиҳати безарар гардонидан ва беҳтар намудани фазои муҳити зист дар асоси партовҳои сахти маишии баровардашуда бунёди корхонаҳои коркарди партовҳои сахти маишӣ дар назар дошта шудааст.

 

2.2.1. Мушкилоти асосӣ:

- нарасидани техникаҳои коммуналӣ дар корхонаи воҳиди давлатии "Партовҳои сахти маишӣ"-и ноҳияҳои шаҳр;

- нарасидани мутахассисони техникию санитарӣ дар корхонаҳои идоракунандаи фонди манзил;

- ба таври зарурӣ сари вақт таъмир нагаштани системаҳои коммуникатсионии хонаҳои баландошёна аз тарафи соҳибмулкон;

- паст будани ҳамкорӣ миёни истиқоматкунандагон ва сохторҳои маҳаллии коммуналӣ вобаста ба ҳалли масъалаҳои бамиёномада.

 

2.2.2. Вазифаҳои асосӣ:

- таъмин намудани корхонаҳои коммуналии соҳа бо техникаҳои махсуси коммуналӣ;

- мунтазам ба роҳ мондани корҳои васеъ ва тозакунии каналу селпартоҳои ҳудуди шаҳр;

- ба роҳ мондани системаи ба навъҳо ҷудокунии партовҳои сахти маишӣ бевосита аз тарафи шаҳрвандон;

- ҷорӣ намудани низоми ҷамъоварии партовҳо ва дар ин замина  ташкили коркарди онҳо;

- бунёди корхонаҳои коркарди партовҳои сахти маишӣ;

- таъсиси сохтори ягонаи корхонаи воҳиди давлатии "Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе".

 

2.3. Таъмини оби нўшокӣ ва масъалаҳои корезӣ

 

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти  хоҷагидории шаҳр таъмини аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ бо оби нўшокӣ ва хизматрасониҳо дар самти корез ба ҳисоб меравад. Масофаи умумии шабакаи оби нўшокии шаҳр тақрибан 720 километр ва масофаи шабакаи корезӣ 506 километрро ташкил медиҳад.

Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" ба ҳолати 1 июли соли 2017 бо 188 ҳазор нафар муштариён шартнома дорад (аз ин, аҳолӣ 181,5 ҳазор ва корхонаҳо 6,5 ҳазор). Барои таъмини муштариён беш аз 74 млн м3 оби ошомиданӣ интиқол ва 31 млн м3 хизматрасонии корезӣ анҷом дода шудааст. ҳамагӣ дар иншооти таснифоти корезӣ 42 фоизи оби истеҳсолшуда қабул ва безарар гардонида мешавад. Иншооти мазкур иқтидори пурраи безараргардонии оби истеҳсолшударо надорад. Дар шаҳр барои пурра безарар гардонидани оби корезӣ бунёди иншооти ба талаботи муосир ҷавобгў ба миён омадааст. Инчунин, тибқи нақшаи генералии шаҳр дар давоми ҳашт соли минбаъда сохтмони иншооти зиёди баландошёна ва корхонаву муассисаҳо ба нақша гирифта шудааст, ки ин талаботро ба оби корезӣ дар оянда боз ҳам дучанд мегардонад. Иншооти мавҷуда бошад ҳамагӣ барои таъмини 560 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ гардида буд, ки ҳоло аҳолии шаҳр 820 ҳазор нафарро ташкил дода, дар соли 2025 он ба 1,0 млн нафар мерасад.

Барои таъмини оби нўшокӣ ба биноҳои баландошёна 114 истгоҳҳои барориши сеюм хизматрасонӣ карда истодаанд, ки дар он 240 адад насоси гуногунтамғаи обдиҳанда мавриди истифода қарор доранд. Дар баробари ин, таҷҳизоти насосӣ ва барқии истгоҳҳо (бахусус насосҳои барориши сеюм), ки барои дастрасии оби нўшокии биноҳои баландошёна хизмат мерасонанд сол то сол корношоям мегарданд ва  талаботи пурраи аҳолиро ба оби нўшокӣ таъмин карда наметавонанд.

Мушкилоти ҷойдошта ба он оварда расонид, ки дар бештари маҳалаҳои шаҳр оби нўшокӣ ба истиқоматкунандагони хонаҳои баландошёна аз рўи реҷа дода мешавад (6-18 соат дар як шабонарўз), вале ҳаққи хизматрасонии оби нўшокӣ барои муштариёни беобҳисобкунак аз рўи қоидаҳои истифодабарии об ва барои дорандагони обҳисобкунак аз рўи нишондод ҳисобу китоб карда мешавад.

 Мутобиқи меъёрҳои мавҷуда барои як нафар дар як шабонарўз ба ҳисоби миёна 360 литр об зарур аст, истеъмоли оби ошомиданӣ дар хонаҳои бе ҳисобкунакҳои обӣ қариб се маротиба зиёд мебошад, вале дар хонаҳои ҳисобкунакҳои обӣ васлгардида тақрибан 140 литрро ташкил медиҳад. 

 

2.3.1. Мушкилоти асосӣ:

- фарсуда ва ивазталаб будани 500 км қубури оби нўшокӣ ва 105 км қубурҳои корезӣ;

-..бинобар ба пуррагӣ насб нашудани обҳисобкунакҳо дар қубурҳои муштариён, ҳаҷми зиёди талафоти оби нўшокӣ;

- пурра ба талаботи стандартӣ ҷавобгў набудани оби нўшокии истгоҳи обтаъминкунии "Худҷореъ";

- куҳнаю фарсуда будани иншооти таснифи корезӣ, нақлиёту таҷҳизотҳои соҳа, аз ҷумла насосҳои барориши сеюм;

- зиёд будани хароҷоти воридоти коагулянт аз хориҷи кишвар, бинобар набудани истеҳсоли он дар ҳудуди ҷумҳурӣ;

- таъмир ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳубин нашудани қубурҳои дохили биноҳои истиқоматӣ аз тарафи шаҳрвандон.

 

2.3.2. Вазифаҳои асосӣ:

- таъмиру таҷдиди шабакаҳои обтаъминкунӣ;

- харид ва васли обҳисобкунакҳо ба ҳамаи муштариён;

- харидории нақлиёти махсуси коммуналӣ;

- таҷдиди таҷҳизоти насосӣ ва барқии истгоҳҳои барориши сеюм;

- сохтмони истгоҳи обтозакунии Варзоб;

- бунёди иншооти нави таснифоти корезӣ;

-.то соли 2025 пурра бо оби нўшокӣ таъмин намудани тамоми сокинони маҳаллаҳои шаҳр.

 

2.4. Роҳҳо

Дарозии роҳҳои дохилии шаҳр 1087 километрро ташкил дода, аз ин 734 км роҳи автомобилгард ва 353 км пиёдароҳ мебошанд. Масоҳати умумии онҳо қариб ба 21 млн м2 баробар аст, ки аз ин 18,3 млн м2 ба роҳҳои автомобилгард ва 2,7 млн м2 ба пиёдароҳҳо рост меояд.

Дар шаҳр 562 хиёбону кўча (76 адади он  ба роҳҳои магистралии аҳамияти шаҳрӣ, 78 адад ба роҳҳои магистралии аҳамияти ноҳиявӣ, 170 адад ба роҳҳои маҳаллӣ, 205 адад ба гузаргоҳҳо ва 33 адад ба роҳҳои шаҳраку маҳаллаҳо), 46 кўпрук (масофаи умумӣ 2079 м ё ба  масоҳати онҳо 39657 м2) ва 14 адад гузаргоҳи зеризаминӣ мавҷуданд.

Дар шаҳр 549 км кўчаю роҳҳо ва 230,0 км пиёдароҳҳо барои таҷдид ва таъмири асосӣ эҳтиёҷ доранд. ҳоло дар 12 иншооти роҳсозӣ бо дарозии тақрибан 24 км (бо масоҳати 586,9 ҳазор м2) ва 5 иншооти ирригатсионӣ корҳои сохтмонию азнавсозӣ амалӣ шуда истодааст (аз ҷумла, сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дар майдони "Сарҳадчиён", азнавсозии хиёбонҳои Ҷаббор Расулов, Борбад, Саъди Шерозӣ, кўчаҳои Амир Хусрави Деҳлавӣ, Мирзо Турсунзода бо гузаргоҳи якум, роҳи автомобилгарди маҳаллаи Қаротегин, кўчаи Саид Носиров, Миралӣ Маҳмадалӣ, роҳи автомобилгарди партовгоҳи шаҳрӣ, иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 4301 м сохтмонӣ, обпарто дар маҳаллаи Қўҳдоман, азнавсозии канали Қазоқон, селпартои Куйбишев, Коргар ва Свириденко). Инчунин, корҳои сохтмонӣ  дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ "Таҷдиди роҳи автомобилгарди дар доираи хиёбони Нусратулло Махсум, аз пайкараи Абўалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе" ба масофаи 4,6 км бо паҳноии 68 метр, 8 хат ва 4 хатти иловагӣ ва сохтмонӣ пулҳо дар сатҳи гуногун бо иваз намудани иншооти коммуникатсионӣ (ба маблағи 276,0 млн сомонӣ аз ҷониби ширкати хитоии "Синдзян Бейсин") оғоз гардидаанд. Инчунин корҳои сохтмонӣ барои бунёди эстакада дар чорроҳаи шаҳраки 82 идома дошта, таҷдиди чорроҳаи назди ҳайкали Аабўалӣ ибни Сино дар назар аст.

Тибқи меъёрҳои роҳсозӣ муҳлати байнитаъмири роҳҳо дар 12 сол як маротиба мебошад ва аз рўи ин меъёр ба ҳисоби миёна дар шаҳри Душанбе дар як сол бояд 61 км роҳ ва 29 км пиёдароҳ таъмиру азнавсозӣ карда шаванд (тақрибан арзиши миёнаи 1 м2 сохтмон, азнавсозию таъмири асосии пиёдароҳ 266,5 сомонӣ ва 1 м2 сохтмон, азнавсозию таъмири асосии роҳ 366,4 сомонӣ баробар аст).

Аз рўи ҳисобҳои пешакӣ барои таҷдид ва аз таъмири асосӣ баровардани кўчаю роҳҳои шаҳр тақрибан зиёда аз 5,5 млрд сомонӣ маблағ лозим аст.

Рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе талаботи навро нисбати фаъолияти тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла соҳаи роҳсозиро пеш овардааст. Дар самти бехатаргардонии роҳҳо мушкилоти зиёд мавҷуд аст, ки барои бартараф намудани онҳо корҳои сохтмону азнавсозиро дар солҳои минбаъда ба роҳ мондан лозим аст.

Зиёд шудани нақлиёти автомобилӣ, болоравии гардиши бор ва мусофирон дар кўчаю роҳҳои шаҳри Душанбе тавассути нақлиёти автомобилӣ сабаби афзудани шиддатнокӣ ва танбашавии воситаҳои нақлиёт, паст гардидани суръати ҳаракат дар кўчаю роҳҳо гардида, хароҷоти иловагиро талаб менамояд.

Барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва боз ҳам беҳтар намудани ҳолати кўчаю гулгаштҳо, хиёбонҳо, роҳҳо ва паст намудани ҳолатҳои тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар шаҳр зарурияти сохтмону таҷдиди роҳҳои ҳалқавии атрофи шаҳр, чорсўҳои нақлиётии сатҳашон гуногун, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, пулҳо, васеъ намудани  роҳҳои дохилӣ, хиёбону кўчаҳо ба миён омадааст.

Ба ин мақсад, барои давраи то соли 2025 лоиҳаҳои инвеститсонии сохтмону азнавсозии роҳу пулҳо, хиёбону кўчаҳо бо назардошти амалисозии ҳадафҳои стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия ва татбиқ карда мешаванд.

Татбиқи лоиҳаҳо ва тадбирҳои андешидашаванда барои ҳалли масъалаҳои рушди минбаъдаи шабакаи роҳҳои шаҳрӣ, сохтмони роҳҳои ҳалқавии атрофи пойтахт, сохтмони чорсўҳои нақлиётии сатҳашон гуногун, сохтмону азнавсозии пулҳо, хиёбон, кўчаю роҳҳои шаҳр дар асоси лоиҳаҳои тарҳрезишудаи сохтмони пулҳо, эстакадаҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ мусоидат менамояд.

 

2.4.1. Мушкилоти асосӣ:

- фарсуда ва танг будани роҳҳои хиёбону кўчаҳои шаҳр;

- дар зери роҳ ҷойгир будани системаи коммуникатсияи шаҳр ва фарсуда гардидани онҳо;

- танг будани роҳҳои автомобилгард дар баъзе кўчаҳои шаҳр;

- таъмирталаб будани пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ;

- набудани роҳҳои велосипедронӣ дар роҳҳои автомобилгарди дохили шаҳрӣ.

 

2.4.2. Вазифаҳои асосӣ:

- сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мавҷудаи дохилишаҳрӣ;

- бунёди эстакада ва роҳҳои ҳалқавии атрофи шаҳр.

 

2.5. Нақлиёти мусофиркаш

 

Барои идоракунии фаъолияти нақлиёти шаҳри Душанбе 4 корхонаи коммуналӣ ва 24 ташкилоти нақлиёти мусофиркашӣ амал мекунад. Айни замон, дар шаҳр 19 хатсайри автобус, 11 хатсайри троллейбус ва 63 хатсайри микроавтобусҳо мавҷуд аст. Дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе ҳамарўза то 165 автобус, 71 троллейбус, 40 микроавтобуси давлатӣ ва 1970 микроавтобуси бахши хусусӣ  фаъолият менамоянд. Бо мақсади риоя намудани вақти ҳаракати нақлиёти мусофиркашии истифодаи умум 39 танзимгоҳ гузошта шудаанд.

ҳаҷми интиқоли мусофирон тавассути тамоми намуди нақлиёти мусофиркаш дар соли 2016 ба 260 млн нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991 ба андозаи 43,6 фоиз зиёд аст.

Барои фароҳам овардани шароити хуб вобаста ба ҳамлу нақли бор, мусофирон ва ба роҳ мондани хизматрасонии босифат ба сокинону меҳмонони шаҳр андешидани чораҳои зерин, ба мисли харидории автобусҳои наву замонавӣ, мошинҳои сабукрави махсусгардонидашуда (такси), электробусҳои замонавӣ ва ба талаботи муосир ҷавобгўй намудани хатсайрҳои дохилишаҳрӣ ба мақсад мувофиқ аст, ки ин барои бартараф намудани анбўҳи мусофирон ва фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонӣ мусоидат менамояд.

 

2.5.1. Мушкилоти асосӣ:

- рақобати носолими мусофирбарӣ ва бенизомӣ дар самти фаъолияти мусофирбарӣ аз тарафи сектори хусусӣ;

- таъмин набудани корхонаҳои нақлиётӣ ба воситаҳои нақлиётии замонавӣ;

- паст будани сатҳи автоматикунонии корҳои дастӣ дар муқоиса ба стандартҳо ва меъёрҳо дар соҳа;

- мавҷуд набудани фонди захиравии нигоҳдории қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар лавозимоти нақлиёти мусофирбар;

- номукаммал будани нақшаҳои ҳаракат дар нақлиёти мусофирбарӣ аз рўи хатсайрҳо ва номунтазам ҳаракат намудани нақлиёти мусофирбар дар хатсайрҳо;

- муайян набудани хатти ҳаракати транзитӣ барои автомобилҳои боркаш дар дохили шаҳр;

- ба роҳ мондани идоракунии худкори нақлиёти истифодаи умум (мусофирбарӣ) дар шаҳр;

- таъмин намбудани нақлиёти мусофирбарӣ бо таҷҳизоти махсус барои шаҳрвандони имконияти маҳдуди ҷисмонӣ дошта.

 

  • Вазифаҳои асосӣ:

- ба роҳ мондани танзими ҳаракати нақлиёти шаҳрӣ;

- ба меъёр даровардани ҳаҷми интиқоли мусофирон дар тамоми хатсайрҳои шаҳр тавассути тамоми намудҳои воситаҳои нақлиёт;

- муайян намудани таносуби истифодаи хатсайрҳои шаҳр аз рўи намудҳои гуногуни воситаҳои нақлиёт;

- ворид намудани воситаҳои нақлиёти мухталифи мусофирбар;

- барқарор намудани инфрасохтори нақлиёти истифодаи умум, нақлиёти барқӣ ва заминаи истеҳсолию техникии корхонаҳои коммуналии соҳаи нақлиёт;

- дар ҳамбастагӣ бо мақомоти марбутаи назоратӣ ва муассисаҳои нақлиёти мусофирбарӣ ба нақша гирифтани чорабиниҳои мушаххас оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар шаҳр;

- ташкил ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба масъалаҳои экологияи нақлиётӣ ва ҳифзи муҳити зист;

-.ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба системаи нави хизматрасонии чиптавии электронӣ;

- мутобиқ намудани истгоҳ ва нақлиёти мусофирбарӣ барои шаҳрвандони имконияти маҳдуди ҷисмонӣ дошта.

 

2.6. Таъмини барқ

 

Дар тавозуни ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе" зеристгоҳҳои барқии 110-35-6-10 кВ ба миқдори 34 адад қарор дошта, ба системаи ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ тавассути хатҳои баландшиддати 35-110 кВ пайваст мебошанд. Аз ин зеристгоҳҳои барқӣ 28 адад бо шиддати 110 кВ ва 6 адад бо шиддати 35 кВ хизмат мерасонанд.

Тавоноии умумии зеристгоҳҳои барқӣ 1335,8 мВА-ро ташкил медиҳанд. Зиёда аз 30 фоизи таҷҳизоти сохторҳои тақсимотии 6-10 кВ зеристгоҳҳо бо сабаби солҳои тулонӣ дар истифода қарор доштанашон (аз 26 то 64 сол) фарсуда шуда, ба таъмиру азнавсозӣ эҳтиёҷ доранд. Аз ҷумла, дар натиҷаи истифодаи тўлонӣ хатҳои кабелии 6-10 кВ бори номиналии худро гирифта наметавонанд ва аз ин ҳисоб садамаҳои барқӣ ба амал меоянд.

Барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар доираи Барномаи мазкур таҷдиди зеристгоҳи барқии "Промышленная" 110/35/10 кВ ва сохтмони зеристгоҳи барқии нав дар назди иншооти Радиостансия ба нақша гирифта шудааст (аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Япония).

Дар ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе" ба миқдори 1727,6 км хатҳои барқии зеризаминии 0,4-6-10 кВ мавриди истифода қарор доранд (аз ҷумла, 9,9 км хати барқии зеризаминии 35 кВ, 935,1 км хатти барқии зеризаминии 6-10 кВ ва 778,6 км хатти барқии зеризаминии 0,4 кВ). Дар воқеъ, 346,3 км хатти барқии зеризаминии 0,4 зиёда аз 35 сол ва 133 км хатти зеризаминии 6-10 кВ зиёда аз 30 сол истифода бурда шудаанд, ки дар ҳоли ҳозир ба талаботи рўз пурра ҷавобгўй намебошанд, зеро қисми зиёди хатҳои барқии зеризаминӣ дар ин муддат ба садамаҳо дучор гашта, айни ҳол, аз 10-15 бастак (муфта) зиёд доранд. Дар мавсими сармо ин ноқилҳои кабелӣ иқтидори гузаронидани неруи муқарраршударо надоранд ва эҳтиёҷ ба азнавивазкунӣ доранд.

Инчунин дар шаҳр ба миқдори 862,7 км хатҳои барқии ҳалқавӣ мавриди истифодабарӣ қарор доранд (аз ҷумла хатҳои барқии ҳалқавии - 253,6 км ва - 534,4 км, хатҳои барқии ҳалқавии - 0,4 кВ ва - 0,4 кВ бо ноқили худбари изолятсияшуда 1кВ 74,72 км). Қисмати зиёди хатҳои барқии ҳавоии 0,4-6-10 кВ ба таҷдиду таъмир ва иваз эҳтиёҷ доранд.

Шумораи умумии истгоҳҳои трансформатории 0,4/6-10 кВ дар мувозинаи ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе" 1507 ададро ташкил медиҳанд. Истгоҳҳои трансформатории дорои як трансформатор, ки зиёда аз 30-40 сол дар истифода қарор доранд, дар маркази шаҳр ҷойгир буда, ба талаботи техникӣ ва меъморию шаҳрсозӣ ҷавобгў нестанд.

 

2.6.1. Мушкилолти асосӣ:

- фарсуда шудани зиёда аз 345 км хатҳои барқии кабелӣ;

- ба талаботи имрўза ҷавобгўй набудани беш аз 30 фоизи шабакаҳои тақсимотии барқ, зеристгоҳҳои барқии баландшиддат, хатҳои барқии ҳавоӣ, истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ, шабакаҳои дохили биноҳо;

- мавҷуд набудани фонди гардиши ҳисобгиракҳои барқии электронӣ;

- истифодаи ғайриқонунии барқ аз тарафи муштариён дар хатҳои интиқоли барқ ва талафоти зиёди нерўи барқ;

- тўл кашидани ивазкунии тамоми хатҳои интиқолии барқ то 1 кВ ба ноқилҳои худбари изолятсионӣ;

- тўл кашидани корҳо дар самти кам кардани талафоти барқ тавассути ба роҳ мондани барномаи "Билинг" ва системаи автоматии назорат ва идоракунии нерўи барқ;

- норасогии воситаҳои нақлиётии махсуси хизматрасонӣ.

 

2.6.2. Вазифаҳои асосӣ:

- таҷдид, барқарорсозӣ ва иваз намудани хатҳои интиқоли нерўи барқ (345 км), зеристгоҳҳои барқӣ ва дигар инфрасохтори барқтаъминкунӣ;

- бақайдгирии (инвентаризатсия) тамоми истифодабарандагони неруи барқ;

- кам кардани талафоти барқ тавассути амалӣ намудани низоми "Билинг" ва системаи автоматии назорату идоракунии нерўи барқ;

- иваз кардани 30 фоизи шабакаҳои тақсимотии барқ, зеристгоҳҳои барқии баландшиддат, хатҳои барқии ҳавоӣ, истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ ва шабакаҳои дохили биноҳо;

- марҳила ба марҳила иваз намудани тамоми хатҳои интиқолии барқ то 1 кВ ба ноқилҳои худбари изолятсионӣ;

- баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои соҳаи барқ;

- ба роҳ мондани истифодаи панелҳои офтобӣ;

- ҷорӣ намудани технологияи муосир барои трансформатсияи маводи биологӣ ба неруи барқ.

 

БОБИ 3. РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ

 

3.1. Соҳаи саноат

Дар давраи аз соли 2000 то соли 2016 дар саноати шаҳр тамоюли мусбии рушд нигоҳ дошта шуда, суръати устувори рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид. Дар соли 2016 ин нишондиҳанда 36 баробар нисбат ба соли 2000 ва 2,1 баробар дар қиёс ба соли 2010 афзоиш ёфтааст. Дар соли 2016 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 1461,8 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба солҳои 2000 ва 2010 мутаносибан 1421,6  млн сомонӣ ва 755,6  млн сомонӣ зиёд аст. Соли 2016 корхонаҳои саноатии шаҳр ҳамагӣ дар сатҳи 85,3 фоизи соли 1991 маҳсулот истеҳсол намудаанд.

 

 

Дар воқеъ, дар давоми шонздаҳ соли охир истеҳсоли нерўи барқ 2,2 маротиба, истеҳсоли семент 4,1 маротиба, маҳсулоти макаронӣ 2,0 маротиба, маҳсулоти қаннодӣ 50,4 маротиба, маҳсулоти гўштӣ 9,0 фоиз ва  маҳсулоти ширӣ 3,1 маротиба  зиёд шуд. Рушди бадастомада, асосан аз ҳисоби ташкили корхонаҳои нави бо техника ва технологияи муосир муҷаҳҳаз таъмин карда шуд. 

Шумораи корхонаҳои саноатии шаҳр аз 91 адади соли 1992 ба 486 адад дар соли 2016 расонида шуд (аз ин, 7 корхонаи калон, 143 корхонаи миёна ва 254 корхонаи хурд мебошанд), ки ин нисбат ба соли 1991-ум  395 корхона зиёд аст. Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр зиёд шуда бошад ҳам, дар муқоиса ба соли 1991 (22700 ҷойи корӣ) ҳамагӣ 1800 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст (24500 ҷойи корӣ дар соли 2016). Дар корхонаҳои саноатии шаҳр ҳамагӣ 17512 нафар фаъолият доранд.

Соли 2016 аз 486 корхонаи саноатӣ 251 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда, 160 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро кам кардааст ва 57 корхона маҳсулот истеҳсол накарданд (15,4%). Илова ба ин, соли 2016 шумораи корхонаҳои зараровари саноатӣ 40 фоизро ташкил медиҳад.

Дар корхонаҳои саноатии шаҳр 90 намуди маҳсулот тавлид мешавад, ки истеҳсоли 20 намуди он дар муқоиса бо соли 1991 маҳсулоти нав мебошад.

Дар тўли даҳ соли охир ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 37 фоиз, саноати истихроҷ 5,8 фоиз, саноати коркард 64 фоиз ва истеҳсоли неруи барқ 8,2 маротиба зиёд шудааст. 

 

 

 

Соли 2016 дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои барқӣ 19,0 фоиз, металлургияи ранга 100 фоиз, мошинсозӣ ва металл 26 фоиз, коркарди чўбу тахта 71,0 фоиз, саноати сабук 52,0 фоиз ва дигар бахшҳои саноат 11,0 фоиз коҳиш ёфтааст. Вале истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ 2,2 маротиба ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ 2,5 маротиба афзудааст.

Тайи ин солҳо сохтори истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ диверсификатсия  гардида, дар ин замина истеҳсоли трактор, лампаҳои каммасраф, комбайнҳои хурд, маҳсулот аз пластика (дару тирезаҳо) ва алюминий, сафолак аз оҳан, сементу рег, қоғази ташноб, картошкаи бирён, уребчаҳо, обҳои нўшокӣ, маҳсулоти заргарӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шуд.

Дар соли 1991 вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 25,9 фоизи корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ баробар буд, вале ин нишондиҳанда дар соли 2016 ҳамагӣ 3,3 фоизро ташкил медиҳад, ки 22,6 банди фоизӣ кам шудааст.

 

Бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, ҷалби сармоя ба иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, таъмини низоми бомароми молиявӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна дар давоми ҳашт соли минбаъда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудан лозим аст.

Дар давоми солҳои 2017-2025 таъсиси корхонаи истихроҷ, коркард ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонию роҳсозӣ аз сангҳои ороишӣ ва табиӣ дар заминаи корхонаи воҳиди давлатии "Ободонӣ", таъсиси корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ  ва рангҳо, ворид намудани таҷҳизоти нав барои истеҳсоли семент бо тарзи хушк ва сохтмони бинои коргоҳи нави сементбарорӣ дар ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик", коргоҳи нави консервабарорӣ ва таҷҳизонидани коргоҳи ҳасиббарорӣ дар ҷамъияти саҳомии пушидаи "Кобинати гўшту консерва", сохтмони бинои нави озмоишгоҳ дар ҷамъияти дорои маҳсулияти маҳдуди "Фабрикаи ширии "Саодат", таъсиси коргоҳи истеҳсоли пойафзоли кўдакона дар ҷамъияти дорои маҳсулиятша маҳдуди "Тоҷик-чарм" ва коргоҳҳои дигар ба нақша гирифта шудааст.

Дар давоми солҳои минбаъда афзалияти асосӣ ба соҳаҳои зерин дода мешавад;

- саноати коркард, аз ҷумла саноати сабук, хўрокворӣ, дўзандагӣ ва умуман коркарди маҳсулот;

- коркарди ашёи хоми ватанӣ (маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот, чарм ва ғ.).

ҳамчунин, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ низ яке аз самтҳои афзалиятноки ояндаи  шаҳр ба ҳисоб меравад.

Дар солҳои 2017-2025 тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ танҳо дар минтақаи саноатӣ пешбинӣ шудааст (дар қисмати ҷанубӣ - ғарбии шаҳр).

Тадбирҳои дар соҳаи саноат пешбинигардида имконият медиҳанд, ки дар ҳашт соли минбаъда беш аз 3000 ҷойҳои кории нав, аз ҷумла ҷойҳои кории инноватсионӣ ташкил карда шавад, ки шуғли пурмаҳсулро дар саноат ва дар дигар соҳаҳои дахлдор таъмин намояд. 

 

3.1.1. Мушкилоти асосӣ:

- куҳнаю фарсуда, энергияталаб ва меҳнатталаб будани дастгоҳу таҷҳизоти корхонаҳои саноатӣ;

- сатҳи пасти фаъолияти инноватсионӣ ва сармоягузорӣ;

-.рақобатнопазир ва ғайрисамаранок будани маҳсулоти истеҳсолнамудани корхонаҳои саноатӣ;

- таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодӣ;

- фоизҳои баланди бонкӣ ва гаронии нархҳои иҷора;

- пайваста афзоиш ёфтани арзиши ашёи хоми саноатӣ ва захираҳои энергетикӣ;

- нарасидани маблағҳои озоди гардони корхонаҳо;

-.ба таври лозима ҳимоя нагардидани манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ;

- набудани бозори фурўши маҳсулот дар хориҷи кишвар.

 

3.1.2. Вазифаҳои асосӣ:

- баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли саноатӣ тавассути ворид ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир;

- ба роҳ мондани диверсификатсияи истеҳсоли саноатӣ ва таъмини раванди содирот ва воридотивазкунанда;

- бо мақсади афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир таҳия ва қабули барномаи махсус дар сатҳи шаҳр;

- ташкил кардани фонди молиявӣ барои дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда;

- ба роҳ мондани тадқиқоти илмӣ оид ба рушди соҳаи саноат дар ҳудуди шаҳр;

- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ пешбинӣ намудани имтиёзҳо оид ба дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ. 

 

3.2. Соҳаи меъморӣ ва сохтмон

 

3.2.1. ҳолати кунунӣ

Сохтмон яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти шаҳр ба ҳисоб рафта, нақши он дар пешрафти иқтисодиёт ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ баланд арзёбӣ мегардад. Дар шаҳр 328 адад муассисаи сохтмонӣ фаъолият менамояд ва дар соҳаи мазкур зиёда аз 6 ҳазор нафар коргар машғули кор мебошад. Фаъолияти соҳаи сохтмон дар шаҳр барои бунёди иншооти гуногуни соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, истеҳсолию инфрасохторӣ, ба анҷом расонидани сохтмони иншооти нотамом ва таъмиру тармими биною иншооти соҳаҳои мухталиф нигаронида шудааст.

Тайи солҳои охир афзоиши нишондиҳандаҳои соҳаи сохтмон ба мушоҳида расида, хусусан, дар давоми 6 соли охир ҳаҷми сармоягузориҳои асосӣ дар сохтмон зиёда 3,1 маротиба, корҳои сохтмонию васлкорӣ 2,2 маротиба, ба кор андохтани фондҳои асосӣ 2,6 маротиба афзудааст.

ҳамзамон, дар соли 2017 аз ҷониби муассисаҳои сохтмонӣ дар шаҳр корҳои сохтмонӣ-васлкунии иншооти Қасри теннис барои 3000 ҷой ва Қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000 ҷой, Аквапарк, сохтмони корпусҳои иловагӣ барои 640 ҷой дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38, пуримораткунии шаҳракҳои 7 ва 12 маҳаллаи Ховарон, соҳилмустаҳкамкунии дарёи Варзоб ва дигар иншоот идома меёбанд.

Барои таъмин намудани эҳтиёҷи аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор бо масолеҳи сохтмонӣ бунёди 26 субъекти истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст, ки онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти пардоз ва рангуборкунӣ, дару тирезаҳои пластикӣ ва алюминӣ, қубурҳои полиэтиленӣ, ноқилҳои алюминӣ, коркарди чўб ва ғайра машғул хоҳанд шуд.

Яке аз вазифаҳои калидӣ дар доираи Барномаи мазкур табдил додани шаҳри Душанбе ба шаҳри  ҳушманд (Smart-City) мебошад. Шаҳри ҳушманд унсури шаҳрест, ки дар асосии охирин назарияҳо такмил ёфта, мудирияти шаҳр бар пояи фановарӣ, иттилоот ва иртиботот (коммуникатсия) ба роҳ монда шуда, дорои шаш меъёри аслии зайл мебошад:

- ҳукумати ҳушманд (Smart Government);

- Шаҳрванди ҳушманд (Smart Сitizen);

- Муҳит ва маҳалли зиндагии ҳушманд (Smart Environment, Smart Home);

- Иқтисоди ҳушманд (Smart Economy);

- ҳамлу нақли ҳушманд (Smart Mobility);

- Неруи ҳушманд (Smart Energy).

Шаҳри ҳушманд ҳамгироии низоми фановарӣ, иттилоот ва иртиботот барои идораи моликияти шаҳр мебошад (аз ҷумла, мактаб, китобхона, нақлиёт, беморхонаҳо, истгоҳҳои барқӣ, шабакаҳои обу корезӣ, мақомоти ҳуқуқӣ ва дигар хадамоти иҷтимоӣ).

ҳадаф аз бунёди шаҳри ҳушманд баланд бардоштани сифати зиндагӣ бо истифодаи иттилооти шаҳрӣ барои баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ ва қонеъ сохтани талаботи сокинон мебошад.

Дар баробари он ки соҳаи мазкур сол то сол рушд ёфта истодааст, аммо як қатор мушкилоте мавҷуд аст, ки садди роҳи пешрафти соҳа мегарданд.

 

3.2.2. Мушкилоти асосӣ:

- фарсудашавии техника ва таҷҳизоти ташкилотҳои пудратӣ;

- заминаи сусти моддӣ ва техникии ташкилотҳои пудратӣ;

- мавҷуд набудани иқтидорҳои худӣ барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ (вобастагӣ аз воридоти масолеҳи сохтмонӣ);

- нокифоягии маблағгузориҳо барои ташаккули фондҳои асосӣ;

- норасоии маблағҳои гардони корхонаю ташкилотҳои сохтмонӣ, бинобар баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ ва кутоҳ будани муҳлати истифодаи онҳо;

- суст будани низоми менеҷмент ва маркетинг дар раванди истеҳсолот;

- норасогии кадрҳои баландихтисоси сохтмон ва меъморӣ;

- то ҳол вуҷуд надоштани зинапояҳои махсус ва роип (пандус) барои шаҳрвандони имконияти маҳдуди ҷисмонӣ дошта дар бино ва иншооти шаҳр.

 

3.2.3. Вазифаҳои асосӣ:

- тақвияти низоми институтсионалӣ дар самти санъати меъморӣ ва шаҳрсозӣ;

- такмили меъёрҳои сифат, санъати меъморӣ ва шаҳрсозӣ;

- бунёди манзили дастрас;

- таҳкими механизмҳои пешниҳоди манзил;

- ба ихтиёри бахши хусусӣ ё моликони манзил додани ҳалли масоили хонаҳои бисёрошёна ва бисёрхонадор;

- таҳияи барномаи алоҳидаи "Манзил - 2025"

- таҳия ва тасдиқи нақшаҳои муфассал ҷиҳати банақшагирии сохтмони иншоот дар маҳаллаҳои аҳолинишин;

- марҳила ба марҳила амалӣ намудани азхудкунии заминҳо мувофиқи талаботи воқеӣ ва ҳаҷми сохтмон дар ҳудуди шаҳри Душанбе то соли 2025;

- якҷоя бо вазорату идораҳо то соли 2025 амалӣ намудани нақшаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва мавзеъҳои гирду атрофи он, омодакунии муҳандисии ҳудуд, инчунин барқарорсозии шабакаҳо ва иншооти муҳандисии мавҷуда тибқи талаботи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе;

- заминасозӣ барои бунёди Smart-City;

- ҷорӣ намудани технологияи муосири электронӣ ва рақамӣ;

- истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар дигаргунсозии муҳити шаҳр;

- ҳамкорӣ дар ташкил ва ба роҳ мондани кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ;

-.такмили фаъолияти сохтмонӣ дар доираи татбиқи раванди "равзанаи ягона";

- омода намудани мутахассисони сатҳи баланд аз ҳисоби ҷавонон;

-.такмили меъёрҳои стандартӣ, сифатӣ ва санъати меъморӣ ва шаҳрсозӣ (бо дарназардошти фароҳам оварадани шароити мусоид барои шаҳрвандони имконияти маҳдуди ҷисмонӣ дошта).

 

3.3. Фазои сармоягузорӣ

 

3.3.1. ҳолати кунунӣ

Афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ ва ташаккули фазои сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе чун вазифаи стратегӣ ва шарти муҳимтарини таҷдиди иқтисодиёти шаҳр муайян шудааст. Дар баробари қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин шўрои машваратии назди раиси шаҳри Душанбе оид ба рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ ташкил гардидааст.

Солҳои охир дар фаъолияти сармоягузорӣ тамоюли мусбӣ ба назар мерасад. ҳаҷми сармоягузориҳо ба сармояи асосӣ дар давоми 10 соли охир қариб се маротиба зиёд гашт. Инчунин ҳиссаи воридоти сармоягузории хориҷӣ ба шаҳри Душанбе дар ҳаҷми умумии сармоягузории ба кишвар воридгардида (7,3 млрд доллари ИМА) ба 74 фоиз баробар гардид.

Танҳо дар соли 2016 воридоти сармоягузории хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ба 358,6 млн доллари ИМА баробар шуд, ки аз ин 302,3 млн доллари ИМА қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардида ва 56,3 млн доллари ИМА сармоягузории мустақим мебошад. Дар умум барои рушди иқтисодиёти шаҳр 20 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 405 млн доллари ИМА татбиқ гардид. ҳоло дар шаҳри Душанбе 9 лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши 567,7 млн доллари ИМА амалӣ карда мешавад.

 

3.3.2. Афзалиятҳои асосӣ:

- баланд намудани сатҳи ҷолибияти шаҳр барои сармоягузорон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;

- такмили заминаи ҳуқуқии дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароит барои баромадани субъектҳои соҳибкорӣ ба бозорҳои байналмилалӣ;

-.ташкили фаъолияти самараноки ҳамкории муштарак миёни сохторҳои тиҷоратӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

-.мусоидат барои рушди соҳибкории инноватсионӣ ва ташкили технопаркҳо ва бизнес-инкубаторҳо.

 

3.3.3. Мушкилоти асосӣ:

- нокифоягии имтиёзҳо ба сармоягузорон;

- мавҷуд набудани механизмҳои маблағгузорӣ барои соҳибкорӣ, (иттиҳодияҳои қарздиҳӣ, ҷамъиятҳои суғуртавии мутақобила);

- рушди сусти ташкилотҳои инфрасохтории инкишофи соҳибкорӣ;

- сатҳи нокифояи таҷриба, дониш ва малакаи банақшагирии бизнес, идоракунӣ ва бозоромўзии (маркетингӣ) соҳибкорон;

- номукаммал будани механизми ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ.

 

3.3.4. Вазифаҳои асосӣ:

- таҳияи низоми (механизми) дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар бахши коркарди ашёи хоми ватанӣ;

- беҳдошти фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар комплекси агросаноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;

- ҳавасмандсозии сармоягузориҳо дар бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хушкмева, нўшокиҳо ва саноати сабук;

- ташкили дастрасӣ ба маблағгузорӣ тавассути хатҳои қарзии кутоҳмуҳлат ва дарозмуҳлат;

- фароҳам овардани шароити мусоид ва дастгирии соҳибкорони шаҳри Душанбе ҷиҳати таъсиси сардхонаҳои ҳозиразамон ҷиҳати захира ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе;

- ташкили Феҳристи электронии ба гарав гузоштани амволи манқул бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ;

- баланд намудани самаранокии татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ;

- мукаммалгардонии сиёсати давлатӣ оид ба рушд ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ;

- содагардонии танзими соҳибкорӣ дар бахши иҷозатномадиҳӣ;

- бартараф намудани монеаҳои рушди тиҷорати байналмилалӣ барои соҳибкории хурд ва миёна, аз ҷумла масъалаҳои танзими гумрукӣ.

 

3.4. Соҳибкории хурд ва миёна

 

3.4.1 ҳолати кунунӣ

Дар раванди гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ, соҳибкории хурду миёна муҳаррики асосии пешбарандаи инкишофи соҳаҳои иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Соҳибкории хурду миёна дар баланд бардоштани самаранокии ҷараёни идоракунӣ, такмили низоми банақшагирию фаъол намудани таркиби истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Соҳибкории хурду миёна дар шаҳри Душанбе бештар дар соҳаҳои тиҷорат, сохтмон, саноат, хизматрасониҳои маишӣ, хизматрасониҳои бонкӣ (ташкилотҳои қарздиҳии хурд), нақлиёт, алоқа ва сайёҳӣ ба назар мерасанд.

Саҳми бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёти шаҳр, махсусан дар рушди инфрасохтори аввалиндараҷа, идомаи корҳои бундёкорию созандагӣ, беҳтар намудани ҳолати хизматрасониҳо дар соҳаҳои гуногун, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои кории нав назаррас мебошад. Дар ду соли охир ҳиссаи бахши соҳибкорӣ дар ташаккули қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз 22,7 фоиз то 27,5 фоиз зиёд шудааст. 

Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ зиёд шуда бошад ҳам, мутаассифона рушди соҳибкории хурду миёна (ба истиснои соҳибкории ба саноат дахлдошта) аз нигоҳи иқтисодӣ дар шаҳр фаъолияти самаранок надорад.

 

Маълумот оид ба шумораи соҳибкорони инфиродӣ

ва хурду миёна фаъолияткунанда аз Феҳристи ягонаи давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2016

 

Номгўи шаҳру ноҳияҳо

Фаъолияткунанда тариқи:

Шаҳодатнома

Хоҷагии деҳқонӣ

Патент

ҳамагӣ

Шаҳри Душанбе

9 541

7

21 575

31 123

ноҳияи Шоҳмансур

2 244

4

3 189

5 437

ноҳия Исмоили Сомонӣ

1 092

-

1 187

2 279

ноҳия Фирдавсӣ

3 046

-

11 805

14 851

ноҳияи Сино

3 159

3

5 394

8 556

 

Дар доираи захираҳои дохилии шаҳр имконияти таъсис додани корхонаҳои хурд ва миёнаи истеҳсолие, ки маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва хушсифат истеҳсол менамоянд, мавҷуд аст. Тасмим гирифта шудааст, ки дар раванди татбиқи Барномаи рушди шаҳр барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла сехҳои консервакунонии меваю сабзавот, коркарди гўшту шир ва чарм, коркарди сабзавот, (сабзавоти хушккардашуда, маҳсулоти қаннодӣ ва истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ ва мебел) шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

 

Соли 2016 саҳми соҳаҳои сохтмон, саноат, хизматрасонии молиявӣ ва савдо дар воридоти маблағ ба буҷети маҳаллӣ назррас буда, ба буҷети маҳаллӣ 272,4 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки ин 22,7 фоизи қисми даромади буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад.

 

Маълумот
оид ба шумораи субъект
ҳои хоҷагидории

фаъолияткунанда аз Феҳристи ягонаи давлатӣ дар

шаҳри Душанбе ба ҳолати 1 январи соли 2017

Шаҳру ноҳияҳо

Фаъолияткунанда

Шахсони ҳуқуқӣ

Филиал/намояндаги-ҳои шахсони

ҳуқуқии хориҷӣ

Соҳибкорони инфиродӣ

ҳамагӣ

Шаҳри Душанбе

7 316

299

31 123

38 738

Шоҳмансур

1 777

79

5 437

7 293

Иисмоили Сомонӣ

1 880

144

2 279

4 303

Фирдавсӣ

1 417

23

14 851

16 291

Сино

2 242

53

8 556

10 851

 

 Дар сурати ташкил намудани субъектҳои нави соҳибкории инфиродӣ ва хурду миёна эҳтимолияти таъсис додани 24400 ҷойи нави корӣ мавҷуд аст.

 

Номгўи соҳаҳо

Шумораи субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна дар соли 2016

(адад)

Шуғли аҳолӣ

Саҳм дар буҷети маҳаллӣ

Миқдори ҷойҳои кории таъсисшаванда то соли 2025

(адад)

Шумораи ҷойҳои корӣ

ҳисса дар шуғли умумӣ

% аз ҳаҷми умумии андозбандии соҳибкории хурд ва миёна

Саноат

115

10179

56,0

12,2

12600

Сохтмон

21

710

2,0

1,3

1040

Нақлиёт ва алоқа

17

1886

6,0

14,7

2080

Савдо (хизматрасонии маишӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо)

2147

5214

23,9

57,7

7490

Хизматрасонии бонкӣ ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд

222

1102

4,1

5,2

1200

ҳамагӣ

12704

20533

100,0

100,0

24400

Шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳамчун механизми ҳамкории мақомоти давлат ва ҷомеаи соҳибкорӣ дар мавриди ҳалли самараноки вазифаҳои давлатӣ ҳангоми маҳдуд будани имкониятҳои буҷет, муттаҳид намудани хароҷот ва тақсим намудани хавфҳо байни давлат ва бахши хусусиро таъмин мекунад. Мақсади асосии ҳамкории шарикии давлат ба бахши хусусӣ ин ҷалби сармоягузории бахши хусусӣ ба иқтисодиёт, таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои инфрасохторӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо мебошад ва дар раванди рушд метавонад ҷиҳати амалӣ намудани нақша ва барномаҳои сатҳи маҳал нақши муҳимро бозад.

ҳоло, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" амал мекунад, ки асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тартиби амалӣ намудани лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар бахши инфтрасохтор ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ муайян карда, манфиатҳои давлат ва бахши хусусиро ҳимоя менамояд.

Яке аз вазифаҳои асосии стратегии шаҳр дар ҳашт соли оянда афзоиш додани ҳаҷми сармоягузорӣ ва ташаккули фазои сармоягузорӣ мебошад. Ба ин мақсад дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шўрои машваратии назди раиси шаҳри Душанбе оид ба рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис дода шудааст.

Зимнан он яке аз воситаҳои муҳими созмондиҳии инфрасохтор ва хизматрасонии сифати баланди механизми шарикии давлат бо бахши хусусӣ ба шумор меравад. Бинобар назаррас будани нақши соҳибкории хурду миёна дар рушди иқтисодиёти шаҳр, таъсис ёфтани муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" метавонад ба рушди минбаъдаи он заминаи устувор гузорад.

 

Дар давраи солҳои 2013-2016 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони бахши хусусӣ ба муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамагӣ 153 лоиҳаи тиҷоратӣ бо маблағи умумии 123,8 млн сомонӣ пешниҳод гардида, 5 лоиҳа ба маблағи умумии 29,0 млн сомонӣ дастгирӣ пайдо намудааст.

 

3.4.2. Мушкилоти асосӣ

Сарфи назар аз қабули тадбирҳои андешидашуда, дар соҳаи рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ мушкилоти зерин ҷой доранд:

- баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ ва кўтоҳ будани муҳлати истифода ва баргардонидани онҳо (махсусан, дар самти соҳибкории истеҳсолӣ);

- маҳдудияти бозори дохилӣ;

- сатҳи баланди фарсудашавии сармояи асосӣ;

- рушди суст ва ғайриқаноатбахши алоқаҳои интегратсионӣ;

- норасоии захираҳои молиявӣ, номукаммалии механизмҳои дастгирии молиявию қарзӣ ва суғуртаи хавфҳои соҳибкорӣ, шароитҳои номусоиди қарздиҳӣ, рушди нокифояи механизми лизинг;

-.дастрасии маҳдуди субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва биноҳои корхонаҳои бекорхобида;

-.номукаммалии қонунгузории андоз, самарабахш набудани назорати андоз ва ғайриқаноатбахш будани сатҳи иттилоотнокии соҳибкорон оид ба талаботи қонунгузории андоз;

-.мушкилоти алоқаманд бо таъмини боэътимоди корхонаи истеҳсолӣ бо неруи барқ ва дигар захираҳои неру, бахусус дар фасли зимистон;

- монеаҳо вобаста ба муроҷиат ба суди иқтисодӣ;

- нокифоягӣ ва фаъолияти ғайрисамараноки бизнес-инкубаторҳо;

-.мавҷуд набудани ҳифзи иҷтимоии боэътимод ва амнияти соҳибкорон;

-.мавҷудияти масъалаҳои ташкилии аксуламали соҳибкории хурду миёна бо бозор ва сохторхои давлатӣ;

- рушди нокифояи зерсохтори бозории соҳибкорӣ, номукаммалии низоми андозбандӣ ва нақши ҳавасмандкунандагии он барои васеъ намудани истеҳсолот;

- номукаммалии механизмҳои молиявию қарзӣ, заминаи бонкӣ ва суғуртаи таваккалҳои соҳибкории хурд;

-.мавҷуд набудани механизмҳои худмаблағтаъминкунӣ (иттифоқҳои қарзӣ, ҷамъиятҳои азнавсуғуртакунӣ ва норасоии воситаҳои молиявӣ ва имкониятҳои маҳдуди субъектҳои соҳибкории хурд нисбат ба иқтидорҳои истеҳсолӣ ва дороии корхонаҳои сохторашон тағйирёбанда;

-.мавҷуд набудани ҳифзи умедбахши иҷтимоӣ ва бехатарии соҳибкорон;

- номукаммалии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ;

- мавҷудияти монеаҳои сершумори маъмурӣ;

-.мавҷуд набудани рақобати озод ва шаффофияти баробарии низом, афзоиши бартарияти сохторҳои инҳисорӣ дар бозор;

- сатҳи пасти касбият ва донишу таҷриба дар ташкили фаъолияти самараноки соҳибкорӣ.

 

3.4.3. Вазифаҳои асосӣ:

- таҳияи барнома ва чорабиниҳои мушаххас, ки ҳадафу вазифаҳоро оид ба рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар шаҳр пешбинӣ менамоянд;

- андешидани тадбирҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои бахши хусусӣ дар лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷумла масъалаҳои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, кафолатҳо ва ҳаммаблағгузории лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр;

- таҳияи расмиёт ва ҳуҷҷатҳо оид ба ҷалби ширкатҳои амалиётӣ ба татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ;

- омўзиши мушкилоте, ки шаҳр дар раванди ҷалби сармояи бахши хусусӣ барои рушди инфрасохтор ба онҳо дучор гардида метавонад.

 

3.4.4. Афзалиятҳои асосӣ:

- такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ барои рушди соҳибкорӣ;

-.фароҳам овардани шароитҳои имтиёзноке, ки онро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим мешуморад;

-.ташкили шароити мусоиди андозбандӣ, гумрукӣ ва сармоягузорӣ;

-.барқарор намудани тартиби содакардашудаи андозбандӣ, бақайдгирии соҳибкорӣ, иҷозатномадиҳӣ ва ё патент ба фаъолияти онҳо, сертификатсиякунонии маҳсулоти истеҳсол ва ё воридкардаи онҳо ва пешниҳоди ҳисоботи оморию муҳосибӣ;

-.додани қитъаи замин ва амволи давлатӣ ба шарту тартиби содакардашуда;

-.дастгирии фаъолияти берунии иқтисодии соҳибкорӣ, инчунин мусоидат ба пешрафти алоқаҳои тиҷоратӣ, илмию техникӣ, истеҳсолӣ ва иттилоотии онҳо бо давлатҳои хориҷӣ;

- мусоидат ба ташкили фондҳои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ.

 

3.5. Бозори истеъмолӢ

 

3.5.1. ҳолати кунунӣ

Савдо ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ" ва "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" фаъолият мекунад ва  аз масъалаҳои марбут ба назорату танзими савдо, бозори истеъмолӣ,  хизматрасонӣ, хўроки умумӣ, мониторинги нархҳо, ҳимояи  ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, хариди давлатии молҳо, корҳо ва захираи молҳои аввалиндараҷаи истеъмолии мардум иборат мебошад.

Вазни қиёсии корхонаҳои савдо, хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ 15,6 фоизи шумораи умумии корхонаҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияткунандаро ташкил медиҳад (шумораи умумии корхонаҳои савдои чакана 699 адад). Дар чор соли охир шумораи ҷойҳои корӣ дар нуқтаҳои савдои чакана 10,3 фоиз зиёд шуда, аз 34,9 ҳазор ҷойи соли 2012 ба 38,5 ҳазор ҷой дар соли 2016 расонида шуд.

ҳаҷми гардиши савдо дар понздаҳ соли охир 14,6 маротиба зиёд гардида аз 227,4 млн сомонии соли 2000 ба 3321,8 млн сомонӣ дар соли 2016 расидааст.

 

3.5.2. Мушкилоти асосӣ:

- мавҷуд набудани стандартҳои ягонаи хизматрасониҳо дар соҳаи хўроки умумӣ;

- набудани қоидаҳои техникии стандартии фаъол дар бозор;

- вуҷуд доштани монополистҳо дар баъзе аз намудҳои фаъолияти савдо ва хизматрасонӣ;

- мавҷуд будани миёнаравҳо дар бозори истеъмолӣ;

- бо таври сунъӣ ва бе асоси иқтисодӣ баланд гардидани нархи маҳсулотҳои ниёзи аввалия;

- зиёд гардидани сафи миёнаравҳо дар бозорҳои истеъмолӣ;

- мавҷуд будани маҳсулоти сифаташ паст ва муҳлаташ гузашта дар нуқтаҳои савдо;

- дар сатҳи паст қарор доштани сифати маҳсулоти воридотӣ дар бозори истеъмолӣ;

- зиёд гардидани савдо дар ҷойҳои муқаррарнашуда (савдои кўчагӣ);

- дақиқ набудани махзани ягонаи иттилотии шаҳри Душанбе мутобиқи ҳолати миқдорӣ ва сифатии бозори истеъмолӣ.

 

3.5.3. Вазифаҳои асосӣ

- баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшавандаи ватанӣ ва мутобиқ кардани он ба стандартҳои байналмилалӣ ба монанди ISO, HAССP, GlobalGap;

- рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда;

- такмилдиҳии низоми маркетинг ва брендинги маҳсулоти ватанӣ;

- рушди саноати заргарӣ;

- рушди саноати коркарди мева ва сабзавот;

- рушди истеҳсоли шакар ва қанд;

- рушди истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ;

- захираи гиёҳҳои шифобахш

- афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ордӣ;

- рушди саноати мошинсозӣ ва микроэлектроника.

 

3.6. Бахши молиявӢ

 

Ба санаи 31 декабри соли 2016 дар қаламрави  шаҳри Душанбе 61 ташкилоти қарзӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла 17 бонк, 30 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 9 фонди қарзии хурд. Инчунин миқдори филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ дар пойтахт 55 ададро ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2016 таъсири буҳрони геосиёсӣ-иқтисодӣ ва ноустувории молиявӣ дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, ҳамчун шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, таъсири манфии худро ба соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба низоми бонкии кишвар расонид.

Дар давоми соли 2016 ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар ҷумҳурӣ 8,0 млрд сомониро ташкил намуд, ки аз ин 46,4 фоиз ё 3,7 млрд сомонӣ ба шаҳри Душанбе рост омада, нисбат ба соли қаблӣ 42,5 фоиз кам мебошад.

Инчунин, дар ҳамин давра ҳаҷми умумии қарзҳои хурди додашуда дар ҷумҳурӣ  3,6 млрд сомониро ташкил намуда, аз он 729,2 млн сомонӣ ба шаҳри Душанбе рост меояд, ки нисбат ба соли гузашта 37,3 фоиз кам мебошад.

ҳаҷми умумии пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ соли 2016 дар шаҳри Душанбе 6,2 млрд сомониро ташкил намуда нисбат ба соли сипаригардида 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст (дар ҷумҳурӣ 9,2 млрд сомониро ташкил дод).

Дар ин давра дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ дар шаҳр ба таври назаррас беҳтар шуда, ба ин рушди шабакаи филиалҳо ва дигар воҳидҳои бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд дар ҳудуди шаҳр мусоидат намуданд. ҳамин тариқ, шумораи филиалҳои бонкҳо беш аз се маротиба зиёд шуда бошад ҳам, хизматрасонии онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Пасандозҳо ба асъори хориҷӣ дар соли 2016 дар муқоиса ба соли 2015 ба андозаи беш аз 40,0 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар давраи дарозмуҳлат зарур аст, ки бахши молиявии шаҳри Душанбе ва дар маҷмўъ, дар ҷумҳурӣ  ба низоми муосири серамалиёти муассисаҳои рақобатпазири молиявие табдил дода шавад, ки барои пешниҳоди намудҳои васеи хизматрасонии молиявӣ ва маҳсулоти босифат ва инноватсионӣ ба истеъмолкунандагон қодир буда, барои рушди устувори иқтисоди миллӣ шароити мусоид фароҳам оварад ва ба таъсири ҳамаи намудҳои омилҳои номусоид устувор бошад.

 

3.6.1. Буҷети маҳаллӣ

Даромади умумии буҷети шаҳр аз 11 сарчашмаи даромад асос ёфтааст. Сарчашмаҳои асосии ташаккули буҷети шаҳр ин андози даромад аз шахсони воқеӣ, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ва андоз аз амволи ғайриманқул мебошанд.

Дар шаш соли охир даромади буҷети шаҳр 2 маротиба зиёд гардидаааст ва дар муқоиса ба соли 2000 ба андозаи 54,6 фоиз зиёд мебошад. Ин имконият фароҳам овард, ки музди миёнаи меҳнати моҳона ба як корманд дар муқоиса ба соли 2000 беш аз 2,3 маротиба афзоиш ёфта, дар соли 2016 ба 1619,5 сомонӣ расонида шуд. 

ҳамзамон, дар соли 2016 беш аз 37,8 фоиз ё 780,4 млн сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва 6,6 млн сомонӣ ба фонди стабилизатсионӣ (устуворщавӣ) пардохт карда шудааст. Дар соли 2016 саҳми субъектҳои соҳибкорӣ дар ғанӣ гардонидани буҷети шаҳр 80 фоизро ташкил дод.

 

 

Динамикаи афзоиши қисми даромади буҷети

шаҳри Душанбе дар солҳои 2000-2016 (млн сомонӣ)

 

Дар сохтори қисмати даромади буҷети шаҳр андози даромад аз шахсони воқеӣ, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз тибқи низоми содакардашуда ва андоз аз молу мулки ғайриманқул нақши бештар доранд.

 Буҷети шаҳр хусусияти иҷтимоӣ дошта, дар қисми хароҷот ҳиссаи зиёдро хароҷоти соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ташкил медиҳанд. ҳаҷми маблағгузории буҷети ин соҳаҳо дар асоси ҳисобу китоби харҷномавӣ муайян мегардад. Дар соли 2016 ба ҳисоби миёна ҳиссаи соҳаҳои иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ) дар буҷети маҳаллӣ 30,1 фоизро ташкил дод, ки аз ин хароҷот барои соҳаҳои маориф 18,4 фоиз, тандурустӣ 9,9 фоиз, фарҳанг 1,2 фоиз ва ҳифзи иҷтимоӣ  0,6 фоиз равона шудааст.

Сохтори хароҷоти буҷети шаҳри Душанбе аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ, асосан аз категорияҳои музди маош ва суғуртаи давлатӣ, хароҷот барои коргузории молу хизматҳо ва хароҷоти асосӣ иборат мебошад. Хароҷоти асосӣ барои бунёди иншооти нав, сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, таъмири биноҳо ва харидории таҷҳизот 47,1 фоиз равона мешавад.

Тибқи нишондиҳандаҳои пешакии дурнамо  буҷети шаҳр  дар соли 2025 дар муқоиса ба соли 2016  2  маротиба зиёд гардида, аз 2253,5 млн сомонӣ ба 4566,3 млн сомонӣ расонида мешавад.

Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда дар соҳаи мазкур рушди мушкилоти зерин ҷой дорад:

 

3.6.3. Мушкилоти асосӣ:

- мавҷуд набудани системаи ягонаи иттилоотӣ байни сохторҳои шаҳр;

-..алоқамандии нокифояи корхонаҳои коммуналӣ барои ҷамъоварии маблағи хизматрасонӣ аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тариқи терминалҳо;

- аз ҷониби соҳибкорон ва сармоягузорон истифода нашудани имтиёзҳои пешбинишуда тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла, имтиёзи андозии пешбининамудаи қисми 9 моддаи 313 барои коркарди саноатии пўст ва пашм);

- кам будани таносуби воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷети шаҳр нисбат ба ҷамъоварии сад дар сади андозҳо (60%);

- нокифоя будани сатҳи фарҳанги андозсупорандагони шаҳр ва самаранок истифода нашудани воситаҳои ахбории электронии иттилоотӣ аз ҷониби нозироти андози шаҳр ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги андозсупорандагон;

- набудани маркази тамоси алоҳида (CALL-center) дар шаҳри Душанбе.

 

3.6.4. Вазифаҳои асосӣ:

- таъсиси системаи ягонаи иттилоотӣ байни сохторҳои шаҳр;

пайвасти корхонаҳои коммуналӣ барои ҷамъоварии маблағи хизматрасонӣ аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тариқи терминалҳо;

- беҳтар намудани маъмуригардонии андоз ва сатҳи ҷамъоварии андозҳо;

- дарёфти механизми нав ва ҳавасмандгардонии соҳибкорон барои пешбурди баҳисобгирии дуруст ва пурраи муҳосибот;

- ташкили корхонаи коркардаи саноатии пўст ва пашм дар шаҳри Душанбе;

- ташкили сомонаи андози раёсати андози шаҳри Душанбе ва бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги андозсупорандагон самаранок истифода кардан аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ;

-..ташкили маркази тамос барои андозсупорандагони шаҳри Душанбе ва зиёд кардани марказҳои хизматрасонӣ дар тамоми ҳудуди шаҳр;

- дар сатҳи дахлдор ба роҳ мондани мубодилаи иттилоот оид ба масъалаҳои андозбандӣ байни мақомоти марбутаи шаҳри Душанбе;

- мунтазам баланд бардоштани сатҳи дониши соҳавӣ, аз ҷумла иттилоотии кормандони мақомоти андоз, ки ин метавонад, дар давраи дарозмуддат фаъолияти нозироти андоз дар шаҳрро ба фаъолияти хизматрасонӣ ба андозсупорандагон мубаддал намояд;

- бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият доир ба ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ кам кардани хароҷоти буҷети давлатӣ барои нигоҳдории мақомоти амалкунанда, инчунин бо назардошти таҷрибаи давлатҳои дигар ва истифодабарии ҳаматарафаи технологияҳои иттилоотӣ, шакли ташкилию ҳуқуқии мақомоти ваколатдор ва заминаи ҳуқуқии фаъолияти онҳо.

 

 

БОБИ 4. РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ

 

4.1. Маориф ва илм

 

4.1.2. ҳолати кунунӣ

Маориф яке аз соҳаҳои муҳимест, ки дар пешбурди ҷомеа ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Таъминоти маълумоти босифат омили муҳимми расидан ба рушди устувор аст. Барои таъмини маълумоти босифат дар доираи Барномаи рушди шаҳр корҳои зеринро ба сомон расонидан лозим аст: а) пурра барқарорсозии инфраструктураи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ; б) таъмини хонандагони ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо китобҳои дарсӣ ва лавозимоти таълимӣ; в) идома додани сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва томактабии замонавӣ бо дар назар доштани ба таълим фаро гирифтани кўдакони имконияташон маҳдуд; г) ҷалби ҷомеа- волидайн, омўзгорон, талабагон ва намояндагони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ба идоракунии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ташкили таълими босифат ва таъмини фаъолияти хуби онҳо; д) зиёд намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ ва гимназияҳои замонавии дастрас барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа.

Муассисаҳои томактабӣ. Тайи солҳои охир тағйирёбии вазъи демографӣ ба афзоиши шумораи хонандагон дар ҳудуди шаҳр таъсир расонида, андешидани тадбирҳои заруриро дар доираи Барномаи мазкур талаб менамояд. Афзоиши пайвастаи демографӣ боиси зиёд шудани шумораи кўдакон ва ҷавон мегардад.

Дар соли 2016 шумораи кўдакони синни томактабӣ 112,0 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ин ҳамагӣ 28,0 фоизи он ба муассисаҳои томактабӣ фарогир буда (31,6 ҳазор нафар), 72,0 фоиз дастрасӣ надоранд (теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар шаҳр 127 адад барои 25,5 ҳазор ҷой аст).

 

Маълумот оид ба миқдори ҷойҳои нишаст дар муассисаҳои

таҳсилоти томактабӣ дар солҳои 1996-2016

Солҳо

Шумораи муассисаҳои томактабӣ

Шумораи тарбиятгирандагон (ҳазор нафар)

Шумораи ҷой

Коэффитсиенти норасоӣ

1996

141

19,2

-

-

2000

127

17,1

-

-

2005

116

19,9

18,1

0,91

2010

108

18,6

18,5

0,99

2015

125

27,4

24,3

0,89

2016

127

26,2

25,5

0,97

 

Шумораи кўдакони синни аз 3 то 6 - сола дар соли 2025 беш аз 152 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод, ки 40,0 ҳазор нафар нисбат ба соли 2016 афзунтар аст. Фарогирии кўдакон ба муассисаҳои томактабӣ бояд аз 23 то 60 фоиз зиёд шавад.

Гарчанде аз шумораи умумии муассисаҳои томактабӣ 72 фоизи онҳо пурра бо таҷҳизот ва ашёҳои зарурӣ муҷаҳҳазанд, вале системаи гармидиҳии онҳо ба талаботи замон ҷавобгўй набуда, ба таъмиру барқарорсозӣ ниёз дорад.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. Дар шаҳри Душанбе, айни замон, 141 муассисаи таълимӣ барои 114,4 ҳазор ҷойи нишаст, аз ҷумла, 122 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 9 муассисаи таҳсилоти асосӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти шабона бо фарогирии 185,8 ҳазор нафар хонанда (аз ҷумла, духтарон 85,7 ҳазор ё 46,3 фоиз) фаъолият доранд. Аз сабаби нарасидани ҷойи нишаст дар бештари муассисаҳои таълимӣ таҳсили хонандагон дар ду ва баъзан дар се баст гузаронида мешавад (тақрибан 71,4 ҳазор ҷойи нишаст намерасад).

Мушкилоти асосие, ки боиси ба таври зарурӣ рушд наёфтани соҳаи маориф гардидааст, ин набудани заминаи моддию техникии лозима дар муассисаҳои таълимӣ, норасогии мутахассисони баландихтисоси соҳа ва пурра ҷорӣ нагардидани низоми таълимоти фарогир дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр мебошад. Сабаби пурра ба таълим фаро гирифта нашудани кўдакони маъюб дар таваҷҷуҳи сусти аҳли ҷомеа ҷиҳати бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда, набудани инфрасохтори лозима, робитаи сусти  сохторҳои дахлдор оид ба ҳамкорӣ бо кўдакони дорои имконияти маҳдуд, норасогии асбобу таҷҳизоти махсусгардонидашуда ва воситаҳои таълимии ташаккули зеҳнӣ мебошад.

Барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар доираи Барномаи мазкур дар солҳои минбаъда бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ, аз ҷумла  2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4000 ҷойи нишаст (ҳар кадоме барои 2000 ҷойи нишаст) дар як баст, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  барои 480  ҷойи нишаст дар маҳаллаи Дўстӣ (дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти ибтидоии № 99, кўчаи Борбад 97), муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 200 нафар дар ноҳияи Сино (маҳаллаи Комсомол), бинои иловагӣ барои 320 хонанда дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 ноҳияи Фирдавсӣ ва сохтмони бинои иловагӣ барои 640 хонанда дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ноҳияи Шоҳмансур пешбинӣ шудааст.

Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олӣ ва касбӣ. Дар соли хониши 2016-2017 дар миқёси шаҳри Душанбе 14 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 11 адад муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамоянд, ки ба зиёда аз 10 ҳазор донишҷў аз рўи ихтисосҳои гуногун таълим дода мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки биноҳои таълимии баъзе аз муассисаҳои мазкур таъмирталаб буда, дар баъзи онҳо адабиёти таълимӣ, асбобу айёниятҳои хониш ва мутахассисони баландихтисос намерасанд.

Аз 38 адад муассисаи таҳсилоти олии кишвар 24 адади он дар шаҳри Душанбе воқеъ мебошад, ки онҳо аз рўи ихтисосҳои гуногун барои соҳаҳои иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ мутахассис тайёр мекунанд. Муассисаҳои таҳсилоти олии воқеъ дар шаҳри Душанбе низ мушкилот доранд.

 

4.1.3. Мушкилоти асосӣ:

- норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ;

- ба талаботи муосир ҷавобгў набудани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ;

- норасоии кадрҳои баландихтисоси соҳаи маориф;

-.таъмирталаб будани биноҳои таълимӣ, китобхона, ошхона ва майдончаҳои варзишии муассисаҳои муассисаҳои таълимӣ;

- норасогии адабиётҳои тозанашр;

-.нокифоя будани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кўдакистонҳо;

-.сатҳи пасти дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, бахусус барои қишри осебпазири аҳолӣ;

-.такмил наёфтани заминаи меъёрӣ барои фароҳам овардани фазои рақобатнок дар низоми маориф.

 

4.1.4. Вазифаҳои асосӣ:

- беҳтар намудани инфрасохтори хизматрасониҳои соҳаи маориф;

- пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоту лавозимоти хониш;

- таъсиси муассисаҳои таълимии муосири ғайридавлатӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

-.ташкили ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар самти хизматрасониҳои соҳаи маориф.

 

4.2. ТандурустӢ

 

4.2.1. ҳолати кунунӣ

Дар шаҳри Душанбе 59 муассисаи табобатию профилактикӣ фаъолият мекунад, ки аз ин 45 беморхона бо иқтидори 5482 кат (аз ин 19 беморхона бо иқтидори 2416 кат дар сохтори раёсати тандурустии шаҳр) ва 16 муассисаи тиббии ёрии амбулаторӣ мебошанд. Дар муассисаҳои тиббӣ 6546 табиб, аз ҷумла дар сохтори зертобеи раёсати тандурустии шаҳр 2939 табиб фаъолит мекунад. Инчунин бо мақсади таъмини кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе 71 муассисаи  кумаки аввалияи тиббию санитарӣ  (аз ҷумла, 37 муассиса ба сохтори зертобеи раёсати тандурустии шаҳр) хизмат мерасонад. 

Дар шаҳр ба 10000 аҳолӣ 33,6 кат рост меояд, ки дар муқоиса ба нишондиҳандаи сатҳи ҷумҳурӣ 12 кат камтар мебошад (45,6 кат). Талабот ба катҳои кўдакон пурра таъмин карда шуда, ба 10000 нафар кўдак 25,0 кат рост меояд.

Таъмини аҳолӣ бо мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ  ба 10000 аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ба 80,6 ва (дар сатҳи ҷумҳурӣ 55,9) ва бо кормандони миёнаи тиббӣ ба 93,8 (дар сатҳи ҷумҳурӣ 53,7) баробар аст, ки аз нишондиҳандаи сатҳи ҷумҳурӣ зиёд мебошад.

Дараҷанокии табибон 86,3 фоиз ва кормандони миёнаи тиббӣ 89,0 фоизро ташкил медиҳад.

Шумораи умумии норасогии кадрҳо дар муассисаҳои тиббии шаҳр 246 нафарро ташкил медиҳад (аз ҷумла, табибон - 142 нафар ва кормандони миёнаи тиббӣ - 104 нафар). Дар шаҳр норасоии табибон аз рўи ихтисосҳои бемориҳои сил 16 нафар, ташхисгар 3 нафар, рентгенолог 5 нафар, эндокринолог 2 нафар, физиотерапевт 3 нафар, бемориҳои рўҳӣ 5 нафар, нарколог 5 нафар, бемориҳои кўдакони навзод  15 нафар, осебшинос ва раддод 2 нафар, бемориҳои чашм 2 нафар, наҷот ва беҳискунӣ 13 нафар, бемориҳои сироятӣ 1 нафар ва тибби оилавӣ 70 нафар ва норасогии кормандони миёнаи тиббӣ аз рўи ихтисосҳои кори умумитиббӣ  82 нафар ва кори ҳамширагӣ  22 нафар ба назар мерасад.

Омили асосие, ки ба паст гардидани сатҳи неруи кадрии бахши тандурустӣ таъсир мерасонад, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ  аз сабаби паст будани музди меҳнат мебошад, ки дар натиҷа аксари кормандони тиб, бахусус кадрҳои ҷавон барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоӣ тарки касбу кор карда, ба дигар корҳои баландмузд мераванд.

ҳарчанд, сатҳи хароҷоти умумии соҳаи тандурустии шаҳр аз 11 фоизи соли 2010 ба 13 фоиз дар соли 2016 расидааст, вале дар шароти кунунӣ чунин тарзи маблағгузорӣ бо назардошти  афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани ҳаҷми хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи мушкилиҳои соҳаро ҳал карда наметавонад. Дар воқеъ, беш аз 70 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузориҳо аз пардохти шахсии аҳолӣ ва танҳо 30 фоиз ҳиссагузории буҷет ва ташкилотҳои кумакрасон мебошад. 

Тибқи меъёр ҷиҳати дастрасии ёрии авалиндараҷаи тиббӣ ба 10000 аҳолӣ 1 нақлиёти санитарӣ муқаррар шудааст ва барои ноил шудан ҷиҳати дастрасӣ ба нишондиҳандаи мазкур ба Хадамоти ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе бо назардошти бригадаҳои махсусгардонидашудаи ёрии таъҷилӣ, таъминоти муассисаҳои табобатию профилактикӣ зиёда аз 500 нақлиёти санитарӣ лозим аст.

Тадбирҳои дар доираи Барномаи мазкур дар солҳои минбаъда барои соҳаи тандурустӣ пешбинигардида имконият медиҳанд, ки соли 2025 дар муқоиса бо соли базавӣ нишондиҳандаҳои фавти модарон то 20 ҳолат ба 100000 навзод, ҳиссаи кўдаконе, ки бо вазни ками бадан таваллуд шудаанд (камтар аз 2500 г) то 4 фоиз аз шумораи умумии кўдакони навзод, сатҳи фавти неонаталӣ (фавти кўдакони навзод дар давоми 28 рўзи аввал) то 17 ҳолат ба ҳар 1000 нафар тифли зинда таваллудшуда коҳиш ёбад.

 

4.2.2. Мушкилоти асосӣ:

- рафтани  кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ба хориҷи кишвар ва ба дигар корҳои музднок;

-.набудани воҳидҳои кории доимии кормандони тиб дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва боғчаҳои бачагона;

- кифоя набудани амбулаторияҳои тибби оилавӣ;

- норасогии шифохонаҳои парастории ҳамшираҳои шафқат;

- набудани шуъбаи ҷарроҳии дармонгоҳӣ дар назди Маркази саломатии шаҳрӣ;

- норасогии зеристгоҳҳои ёрии таъҷилии тиббӣ;

- норасогии марказҳои саломатии шаҳр;

- нокифоя будани маблағҳои сармоягузорӣ.

 

4.2.3. Вазифаҳои асосӣ:

- зиёд намудани шумораи амбулаторияҳои тибби оилавӣ;

- ташкили то 10 рахти хоб дар статсионарҳои рўзонаи назди марказҳои саломатии шаҳрӣ;

- таъсиси шуъбаҳои ҷарроҳии дармонгоҳӣ дар назди марказҳои саломатии шаҳрӣ;

-..ташкили маркази ташхисии шаҳрӣ дар базаи маҷмааи тандурустии "Истиқлол" бо муҷаҳҳазгардонии дастгоҳҳои муосир;

- барқарорсозии шифохонаҳои парастории ҳамшираҳои шафқат (кўмаки таскинӣ);

- ташкили маркази ташхиси радиологӣ бо табобат (сканирование органов) барои бемориҳои саратон;

-..ташкили хадамоти кумаки патронажӣ ва дигар хадамоти дастгирии иҷтимоию тиббӣ;

- барқарорсозии зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои шаҳр (вақти дастрасӣ бояд 15 дақиқа бошад).

- ҷорӣ намудани моделҳои пешбурди тарзи ҳаёти солим дар шаҳр;

-.ташкили ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар самти хизматрасониҳои тандурустӣ ва таъсиси муассисаҳои тиббии муосири ғайридавлатӣ;

- тадриҷан аз таъмири асосӣ баровардани муассисаҳои мавҷудаи бистаринамоӣ ва бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ ҷиҳозонидани онҳо;

- ташкили зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияи Сино;

- ташкили маркази саломатии шаҳрӣ дар ноҳияи Сино, бахусус, дар маҳаллаҳои 102, 104, Чортут ва шаҳраки Гипрозем;

-..барои беҳтар намудани дастрасии тиббӣ дар биноҳои баландошёнае, ки сохта мешаванд, ҷудо намудани ҳуҷра барои табибони оилавӣ (чунки дар биноҳои 12 ошёнаи аҳолинишин ва аз он зиёд   1 нафар табибӣ оилавӣ рост меояд);

- ташкили корхонаҳои хурд барои истеҳсоли ғизои кўдакон;

- ворид намудани воҳидҳои кории табиби кўдакон дар марказҳои саломатии шаҳр (ба ҳар 4 нафар табиби оилавӣ 1 воҳиди кории табиби кўдакон).

 

4.3. Фарҳанг

 

4.3.1. ҳолати кунунӣ

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе 42 муассисаи фарҳангию фароғатии зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 муассисаи табъу нашр, 4 корхонаҳои воҳиди давлатии "Таъминот ва савдои "Китоб", меҳмонхонаҳои "Фарҳанг", "Созтарош", 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии соҳавӣ (муассисаи давлатии "Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов", Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон), 3 адад коллеҷи соҳавӣ, 2 мактаб - интернат, 5 театри касбӣ фаъолият менамоянд.

Инчунин, дар тобеияти шаҳри Душанбе 39 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла клуби марказонидашуда, китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ бо хазинаи  646790 китобу маводи чопӣ (13 шуъбаи он), китобхонаи муосири пойтахт, 7 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, боғи ҳайвонот, амфитеатр, 2 театри касбӣ (Театри намунавӣ-минётурии "Ойина" ва Театри таҷрибавии тамошобини ҷавони ба номи М.Қосимов), 6 мактаби бачагонаи мусиқӣ ва санъат, муассисаи давлатии "Фурўш, паҳни китоб ва нашрияҳои даврӣ", "Маркази дониш ва хизматрасонӣ", 25 мағозаи китобфурўшии хусусиву давлатӣ ва ғайра фаъолият мекунанд.

Дар баробари дастовардҳо дар соҳаи фарҳанг мушкилоти ҳалталаб низ мавҷуданд. Дар оянда мебояд фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ ва ниёзҳои доимоафзояндаи аҳолӣ нисбат ба театр, санъат, китоб ва дастёбӣ ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ ба талаботи рўз мутобиқ карда шавад. Дар шаҳр бештари бинои муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат, китобхонаҳо кўҳна буда, ба талаботи замон мувофиқ нестанд.

Дар таркиби фонди китобхонаҳои шаҳри Душанбе теъдоди китобҳо ба забонҳои хориҷӣ афзалият дошта, танҳо 38 фоизи фонди онҳоро адабиёт ба забони давлатӣ ташкил медиҳад.

Дар таъмини рушди бемайлони соҳаи фарҳанг ҳиссаи сармояи соҳибкорони ватанӣ, ҳавасмандии эҳсонкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо баҳри ҷалби сарчашмаҳои маблағгузории ғайрибуҷетӣ чандон назаррас нест.

Роҳи ҳалли мушкилоти соҳаи фарҳангро танҳо дар доираи имкониятҳои иқтисодии давлат маҳдуд накарда, балки баҳри пешрафти соҳа ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ, ҷоринамоии хизматрасониҳои музднок, рушди бозори сарватҳои фарҳангӣ, ривоҷу равнақи соҳибкорӣ ва ҳавас­манд­гардонии эҳсонкориро ба роҳ мондан зарур аст.

 

4.3.2. Мушкилоти асосӣ:

- ҷавобгў набудан ҳолати фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ ва ниёзҳои доимоафзояндаи аҳолӣ нисбат ба театр, санъат, китоб ва дастёбӣ ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ;

- куҳна ва фарсуда шудани баъзе биноҳои муассисаҳои фарҳангӣ;

-.назаррас набудани ҳиссаи сармояи соҳибкорони ватанӣ дар таъмини рушди соҳаи фарҳанг ва татбиқи  лоиҳаҳо он;

-.муҷаҳҳаз набудани баъзеи боғҳои фарҳангию фароғатӣ бо таҷҳизоти муосир ва атраксиону чархофалакҳои замонавӣ. 

 

4.3.3. Вазифаҳои асосӣ:

-.беҳтар намудани инфрасохтори хизматрасониҳои соҳаи фарҳангу фароғат;

-.пурра таъмин намудани муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва фароғати шаҳр бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ;

-.ташкили ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар самти хизматрасониҳои соҳаи фарҳанг ва фароғат;

- беҳтар намудани инфрасохтори хизматрасониҳои соҳаи фарҳанг ва фароғат;

- бунёди боғҳои нави замонавии фарҳангию фароғатӣ;

-.ташкили тифлокабинетҳо, толорҳои махсус барои шахсони дорои нуқсониҳои ҷисмонӣ (маъюбон, нобиноён ва дигарҳо);

-.таъсиси кохи фарҳанги шаҳри Душанбе ва дар заминаи он ташкили ансамблҳои вокалӣ - инструменталӣ, рақсӣ ва созҳои мусиқии халқӣ;

-.бунёди заминаи моддӣ-техникии замонавии муассисаҳои фарҳанг, аз ҷумла таҷҳизонидани онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ, таъминот бо дастгоҳҳои тақвияти овоз, созҳои мусиқӣ, либосҳои саҳ­навӣ, нақлиёти хизматӣ, мебелҳо ва адабиёти тозанашр.

 

4.4. Варзиш ва сиёсати давлатии ҷавонон

 

4.4.1. ҳолати кунунӣ

Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои стратегии сиёсати иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе ба шумор меравад, зеро зиёда аз 60 фоизи аҳолии пойтахтро ҷавонони то 30 сола ташкил медиҳад ( 308,7 ҳазор нафарро шахсони аз 14 то 30 сола (37,8 %), 406,0 ҳазор нафар шахсони аз 30 сола боло (50%) ва 102 ҳазор нафар то 14 сола (2%)). Инкишофи ҳамаҷонибаи неруи ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир андешидани тадбирҳои саривақтиро бо иштироки васеи мақомоти идораи давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тақозо менамояд.

Маблағгузорӣ барои гузаронидани чорабиниҳои соҳаи ҷавонон аз ҳисоби буҷети шаҳр дар шаш соли охир  6 маротиба зиёд шуда, аз 85,1 ҳазор сомонии соли 2010 ба 284,7 ҳазор сомонӣ дар соли 2016 расидааст. Дар маҷмўъ маблағгузорӣ ба соҳаи варзиш бо назардошти сармояи мутамарказ 2,7 маротиба зиёд гардидаааст (аз 1,9 млн сомонии соли 2010 ба 5,1 млн сомонӣ дар соли 2016). Шумораи мактабҳои варзишӣ аз 2 адади соли 1995 ба 10 адад дар соли 2016 ва ин нишондиҳанда дар соли 2025 ба 20 адад расонида мешавад.

Шумораи умумии машқварзон дар тамоми муассисаҳои варзишии моликияти давлативу ҷамъиятии ҳудуди пойтахт аз 21,0 ҳазор нафари соли 2010 ба 48,2 ҳазор нафар дар соли  2016 расонида шуд. ҳоло дар ҳудуди шаҳр 654 адад иншооти варзишии гуногунтаъинот  фаъолият дорад ва вазъи қиёси аҳолии мунтазам ба варзиш машғулбуда аз 10,2 фоизи соли 2016 ба 27,4 фоиз дар соли 2020 ва 51,4 фоиз дар соли 2025 расонида мешавад. Аз рўи нишондиҳандаи дурнамо шумораи машқварзон дар соли 2025 ба 260,0 ҳазор нафар расонида мешавад.

Дар доираи Барномаи мазкур то соли 2025 марҳила ба марҳила сохта, ба истифода додани марказҳои ҷавонон дар ноҳияҳои  шаҳр пешбинӣ шудааст (аз рўи таҳлилҳо, агар дар як сол 1 маркази ҷавонон ба ҳисоби миёна  то 10 ҳазор нафарро фаро гирад, пас дар чор маркази ҷавонон то 40 ҳазор нафар дар як сол фаро гирифта мешавад).

 

4.4.2. Мушкилоти асосӣ:

- ба таври алоҳида ва таҳти сарпарастӣ қарор надоштани намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла олимпӣ;

- норасоии маблағ барои омода намудани варзишгарони касбӣ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ;

- набудани барномаҳои алоҳидаи оммавигардонии варзиш, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва тайёрии варзишгарон барои иштирок дар бозиҳои олимпӣ;

- заиф гардидани сатҳу сифати баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва камтаҷриба будани мураббиёни соҳа;

- кам будани мактабҳои варзишӣ ва надоштани шароит барои талаботи машқварзӣ;

- набудани марказҳои ҷавонон ва маблағгузорӣ нагардидани барномаҳои соҳавӣ дар ноҳияҳои шаҳр.

 

4.4.3. Вазифаҳои асосӣ:

- сохта ба истифода додани марказҳои ҷавонон дар ноҳияҳои шаҳр;

- таҳияи лоиҳа оид ба таъсиси технопаркҳо;

- таҳияи Барномаи алоҳида ҷиҳати мусоидат ба дастрасии қарзҳои имтиёзнок, таъмин ба замину манзил (имтиёзҳо ба омўзгорони ҷавон);

- таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ барои ҷавонон баҳри таъмини ҷавонон бо ҷойҳои корӣ;

- таъсиси грантҳои раиси шаҳри Душанбе барои ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва марказҳои ҷавонон;

- таҳким бахшидани чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ;

- баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонон;

- шароити дар руҳияи солиму созанда ва ҳамқадами ҷаҳони муосир таълиму тарбия гирифтани насли ҷавон;

- низоми самаранок ва доимоамалкунанда аз зинаи мактаби миёна ба мактаби олӣ интиқол додани толибилми босавод ва аз мактаби олӣ ба истеҳсолот пешкаш намудани кадри дорои сатҳи баланди касбӣ;

- омода намудани кадрҳо дар самти варзиш аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар ва аз ҳисоби фондҳои махсус дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ;

- бо истифода аз иншооти нави варзишии мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор намудани мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ дар шаҳр;

- омода намудани варзишгарони касбӣ дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ бо роҳи маблағгузории давлатӣ;

- зиёд намудани мактабҳои варзиши ва муҳайё намудани шароит барои талаботи машқварзӣ.

 

4.5. СайёҳӢ

 

4.5.1. ҳолати кунунӣ

Дар шаҳри Душанбе барои хизматрасонии соҳа инфрасохтори замонавӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, дар шаҳр фурудгоҳи байналмилалӣ ва вокзали роҳи оҳан  фаъолият мекунанд, ки ҳамарўза тавассути онҳо сайёҳону меҳмонон ба шаҳр ворид мегарданд. Инчунин, дар шаҳри Душанбе 61 ширкати сайёҳӣ, 40 меҳмонхона, 66 тарабхона, 69 маркази савдо, 26 бозор, 4 ёдгории меъморӣ, 3 ёдгории таърихӣ, 30 ҳайкалу муҷассама, осорхонаҳо ва дигар марказҳои муосири хизматрасонию маишӣ фаъолият мекунад, ки ба сокинони шаҳр ва сайёҳон хизмат мерасонанд.

Истифодаи самаранок ва оқилонаи мероси ғании таърихию фарҳангӣ  ва  дигар ҷойҳои тамошобоби шаҳр яке аз ҳадафҳои асосии соҳа маҳсуб меёбад.

Беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ яке аз омилҳои муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ дар солҳои минбаъда ба ҳисоб меравад. Вазифаи аввал дар се соли оянда барои рушди соҳаи сайёҳии шаҳр ташкил намудани марказҳои бозомўзӣ ва дар ин замина омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад.

 

4.5.2. Мушкилоти асосӣ:

- дар сатҳи зарурӣ набудани сифати хизматрасонӣ барои сайёҳон;

- набудани менеҷерҳои дипломдори меҳмонхонаҳо;

- пурра таъмин набудан бо роҳбаладҳои сатҳи баланд, тарҷумонҳо, пешхизматҳо, роҳнамоҳо ва мутахассисон оид ба хизматрасонӣ;

- дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳр набуди низоми раводид ва иҷозатдиҳӣ барои сайёҳонӣ хориҷӣ.

 

4.5.3. Вазифаҳои асосӣ:

- баланд бардоштани сифати хизматрасонии сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи низоми танзими техникӣ;

   - баланд бардоштани иттилоотонии ҷомеаи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, маконҳои фароғативу истироҳатӣ, боғҳо ва истгоҳҳои калони нақлиёт;

- омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, ҷалби бештари аҳолӣ ва дар ин замина беҳтар намудани хизматрасонии соҳа;

- ба танзим  даровардани низоми раводид ва иҷозатдиҳии сайёҳонӣ хориҷӣ дар фурудгоҳ ва дар ин замина афзоиш додани шумораи сайёҳон;

   - таъсиси марказҳои иттилоотии сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе;

   - бунёди иншоот дар шакли маҷмааҳои сайёҳию этнографӣ, киоскҳои махсус барои сайёҳон барои фурўши туҳфаҳои (савғоҳои) миллӣ;

   - бунёди инфрасохтори нави сайёҳӣ дар ноҳияҳои шаҳр (аз ҷумла, ошхона, ташнобхона ва дар ҳолати санитарӣ нигоҳ доштани онҳо;

   - ташкил ва тақвияти интернет-портали ягонаи давлатии муаррификунандаи имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе (масалан, www.visitdushanbe.tj) бо ҷойгир намудани маълумоти зарурӣ оид ба иқтидори саёҳии шаҳри Душанбе, фарҳанг ва таърихи бою ғанӣ, ташкилоти сайёҳӣ ва хизматрасонии меҳмонхонаҳо, шабакаҳои нақлиётӣ ва алоқа, тартиби гирифтани раводид, расмиёти бақайдгирӣ ва маъмурӣ бо пайвастшавӣ ба сомонаи расмии сайёҳии кишвар www.visittajikistan.tj;

   - таъсиси гўшаҳои расмгирӣ дар нуқтаҳои қабули сайёҳон (фурудгоҳ, вокзали роҳи оҳан, терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе) бо дастрасӣ ба интернети ройгон (Free WiFi ). 

 

4.6. Коҳиш додани нобаробарии иҷтимоӣ

 

Бартарафсозии сабабҳои нобаробарӣ ва табдили монеаҳои сохторӣ ба имкониятҳои нав барои бартараф намудани он шарти калидии таъмини афзоиши фарогир, собит ва устувори иқтисодӣ мебошад.

ҳамзамон, баробарии гендерӣ ҳам мавзўи нигаронкунандаи муҳим ва ҳам қисми таркибии рушди инсон мебошад. Фарқияти асосӣ дар нишондиҳандаҳои гендерӣ, ки тавсифдиҳанда индекси рушди гендерӣ мебошад, ба давомнокии пешбинишудаи ва даромад ба ҳар сари аҳолӣ вобаста мебошанд. Аз рўи нишондиҳандаҳои сатҳи саводнокӣ ва фарогирӣ ба таҳсилоти мактабӣ, бахусус духтарон дар шаҳр ақиб мемонанд (махсусан баъд аз синфи 9).

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи имкониятҳои баробар, таъмини баробарии гендерии духтарону писарон ҳангоми гирифтани таҳсилот, баланд бардоштани иштироки занон дар раванди қабули қарорҳо дар доираи Стратегияи фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2011-2020, Барномаи давлатии пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқаманд барои солҳои 2017-2020, Консепсия рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи миллӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2020 амалӣ карда мешаванд.

Дар доираи Барномаи мазкур вобаста ба инкишоф ва ҳуқуқи кўдакон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Хусусиятҳои асосии ҳамаи фаъолият ва чорабиниҳои аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба беҳтар намудани некўаҳволии кўдакон қабулгардида, барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад. Масъалаҳои некўаҳволии кўдакон дар барномаҳои давлатии аз ҷониби ҳукумати кишвар қабулгардида ба таври возеҳ инъикос ёфтаанд. Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе комиссия оид ба ҳуқуқи кўдакташкил ёфтаанд, ки дар кори онҳо якчанд тарафҳои манфиатдори маҳаллӣ иштирок менамоянд. Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак парвандаҳоро оид ба ҳифзи кўдакон барои баррасӣ қабул менамояд ва пешбурди минбаъдаи онро ҳамоҳанг менамояд.

 

4.6.1. Шаҳр - дўстдори кўдак  

Дар доираи мафҳуми "Шаҳр - дўстдори кўдак" ҳафт принсипи муносибати дуруст бо кўдак инъикос меёбад: а) мақоми кўдак; б) беҳтарин манфиатҳо; в) бидуни табъиз; г) ҳаёт, зиндагӣ ва рушд; ғ) мушорикат; д) ҳамбастагӣ ва ҷудонопазирӣ ва е) шаффофият ва масъулиятпазирӣ.

Дар доираи Барномаи рушди шаҳр ҷиҳати амалӣ намудани  ҳафт усули муносибати дуруст бо кўдак чорабиниҳои мушаххас пешбинӣ гардида, барои татбиқи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

 

4.6.2. Мушкилоти асосӣ:

- тамоюли сусти паст намудани нобаробариҳои иқтисодӣ ба афзоиши шиддати нобаробарии иҷтимоӣ мусоидат карда метавонад;

- маҳдуд будани имкониятҳои бапуррагӣ маблағгузорӣ намудани тадбирҳо оид ба татбиқи сиёсати гендерӣ, бахусус дар бахши шуғл;

- сатҳи нокифояи истифодаи муносибатҳои гендерӣ дар сиёсати татбиқшавандаи иқтисодиву иҷтимоӣ, такмили идоракунии давлатӣ;

- суст будани низоми таҳлили гендерӣ ва меъёрҳои арзёбии баробарии гендерӣ бо дарназардошти хусусиятҳои маҳаллӣ, ки ба механизми устувори ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили омори гендерӣ такя менамояд;

- мавҷудияти стереотипҳои гендерӣ ва патриархалӣ дар шуури оммавӣ ва дар сатҳи қабули қарор;

- осебпазирии калони кўдакон нисбати таҳдидҳои ноустувории иқтисодиву иҷтимоӣ;

- ба мушоҳида расидани меҳнати кўдакони ноболиғ.

 

4.6.3. Вазифаҳои асосӣ:

- амали намудани низомномаҳои методӣ оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти марказӣ дар ташаккули барномаҳои маҷмўии рушд (аз ҷумла барномаҳои рушди сармояи инсонӣ);

- омода намудани ҳисоботи оморӣ оид ба ташхиси афзоиш ва фарогир будани рушд (як маротиба дар давоми се сол).

- амалӣ намудани кафолатҳои давлатӣ оид ба фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои занон ва мардон тавассути андешидани маҷмўи тадбирҳо оид ба инкишофи низоми меъёрӣ ва иҷроияи амалисозии сиёсати гендерӣ;

- гузаронидани мониторинг ва арзёбии мунтазами сиёсат оид ба таъмини баробарҳуқуқии воқеии гендерӣ дар асоси инкишофи омори гендерӣ;

- баланд бардоштани неруи гендерӣ ва ҳассосияти гендерии кормандони ҳамаи шохаҳои ҳокимият;

- таҳия ва татбиқи нақшаи миллии амалҳо дар масъалаҳои пешбурди баробарии гендерӣ;

- таъсиси ниҳодҳо оид ба ҳамоҳангсозӣ ва тавсеаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар бахши пешгирии зўроварӣ ва расонидани кумак ба ҷабрдидагони зўроварӣ;

- такмили омори гендерӣ ва таъсиси махзани маҷмўии маълумот оид ба ҳамаи шаклҳои зўроварӣ;

- таҳия ва татбиқи нақшаи амал баҳри таъмини некуавҳолии кўдакони Душанбе;

- таҳияи нақшаи чорабиниҳои шаҳр оид ба татбиқи барномаи мақсадноки миёнамуҳлати истеҳсоли молҳои кўдакона;

- омода намудани гузоришҳо дар бахши некуаҳволии кўдакон ва бартарии иҷтимоии онҳо (як маротиба дар се сол);

- пурра аз байн бурдани меҳнати кўдакони ноболиғ;

-.бунёди заминаи амалӣ барои рушди принсипҳои "Шаҳр - дўстдори кўдак".

 

4.7. Зан ва оила

 

4.7.1. ҳолати кунунӣ

Дар солҳои охир шумораи занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи мақомоти маҳаллии ҳокимият давлатӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодии шаҳр тамоюли зиёдшавӣ дорад. ҳоло дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1081 хизматчии давлатӣ фаъолият менамоянд, ки аз 560 нафар занони роҳбарикунанда мебошанд. Инчунин дар дигар соҳаҳо 2132 зан фаъолият мекунад. Фаъолияти занон бештар дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба назар мерасад. Дар асал 78 фоизи кормандони соҳаи тандурустии шаҳрро занон ташкил медиҳанд.

Яке аз мушкилоти соҳа дар солҳои охир зиёд шудани коэффитсенти талоқ дар шаҳр мебошад. Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ақди никоҳи 1950 ҷуфт ба қайд гирифта шуд, дар баробари ин ақди никоҳи 746 ҷуфт тариқи судӣ бекор карда шуд.

 

4.7.2. Мушкилоти асосӣ:

- ҷоннок намудани татбиқи сиёсати давлатии кор бо занон ва оила аз ҷониби шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оила, инчунин  шўроҳои кор бо занону духтарон дар ноҳияҳои пойтахт;

-.мавҷуд набудани маркази ёрирасон (паноҳгоҳ) дар назди муассисаи давлатии "Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе";

- ҳаҷми назарраси меҳнати хонагии пардохтнакардашудаи занон, дар натиҷаи иҷрои функсияҳои репродуктивӣ, шуғли паст, рушд наёфтани инфрасохтори иҷтимоӣ; 

- номукаммал будани фаъолият дар самти коҳиш додани сатҳи бадахлоқӣ (фоҳишагӣ) дар пойтахт;

- паст кардани сатҳи муҳоҷирати занон бо мақсади ба роҳ мондани  тарбияи дурусти фарзандон;

- зиёд шудани шумораи бекоршавии ақди никоҳ миёни оилаҳои пойтахт;

- бесарпаноҳ мондани занону кўдакон баъд аз бекоршавии ақди никоҳ;

- номукаммал будани фаъолият дар самти ҷалби ҷавондухтарон ба илмҳои замонавӣ, касбомўзӣ ва такмили донишу маҳорат.

 

4.7.3. Вазифаҳои асосӣ:

- фаъолсозии механизмҳои таъмини саводнокии ҳуқуқӣ ва фарогирии иҷтимоии занон;

- таҳия ва пешбурди барномаҳо оид ба тайёркунӣ ва бозомўзии заноне, ки пас аз танаффуси дарозмуддат ба бозори меҳнат бармегарданд;

- таъсис ва таъмини фаъолияти сомонаи интернетии www.gender.stat.tj бо имконияти рушди механизми мониторинги мунтазами масъалаҳои гендерӣ дар соҳаҳои шуғл, тандурустӣ, маориф, фаъолнокии сиёсӣ ва иҷтимоӣ;

- ҷорӣ намудани барномаҳои омўзиши занон ба малакаи сарварӣ ва роҳбарикунӣ.

 

4.8. Муҳити зист

 

4.8.1. ҳолати кунунӣ

Аз рўи нақшаи муосири равандҳои геологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 9 навъи раванди геологӣ вуҷуд дорад. Аз ҷумла, омадани сел, лағжиши замин (ярчфароӣ), ҷарӣ, фурўравӣ, обҳои зеризаминӣ, обхезӣ, шустани соҳили дарёҳои Лучоб, Душанбе, Кофарниҳон ва заминҷунбӣ ба нуқтаҳои аҳолинишини шаҳр таҳдид мекунанд.

Яке аз ҳолатҳои ташвишовари равандҳои геологӣ дар шаҳри Душанбе шусташавии соҳили дарёҳое мебошад, ки аз ҳудуди шаҳр мегузаранд. Ин ҳодисаҳо бештар дар минтақаи марказии ноҳияҳои Сино (қисмати шимолӣ), Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсӣ, ки дар соҳили дарёҳои Варзоб, Лучоб, Душанбе ҷойгиранд, рух медиҳанд. ҳолати шуста бурдан ва вайроншавии соҳил тақрибан дар тамоми соҳилҳои ин дарёҳо рух медиҳад.

ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ барои рушди устувори шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии сокинони он монеаи ҷиддӣ шуда истодаанд.

Ифлосшавии ҳавзаи ҳавои шаҳри Душанбе ҳам манбаи антропогенӣ (таъсири инсон ба муҳити зист) ва ҳам табиӣ дорад. Масалан, манбаи ифлосшавии ҳавои атмосфера бо чангу ғубор на танҳо аз объектҳои истеҳсолӣ (корхонаи сементбарорӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ) ва нақлиёти автомобилӣ (зиёда аз 39 ҳазор тонна дар як сол), инчунин тўфонҳои чангу ғубори афғонӣ (2-3 маротиба аз меъёр зиёд) мебошад (аз 7000 тонна дар маҷмўъ ба ҳавои атмосфера хориҷ шудани партовҳо 6000 тоннаи онҳо танҳо ба 2 корхона: маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик" рост ояд).

Соли 2016 аз рўи маълумоти расмӣ 67 ҳазор воситаҳои нақлиёт дар шаҳр ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 61,0 ҳазори он мавриди истифода қарор доранд. Бо сабаби аз шаҳри Душанбе гузаштани тақрибан 160-170 ҳазор нақлиёти боркашон ва мусофирбар 80 дарсади ҳаҷми умумии партовҳои атмосферӣ ба воситаҳои нақлиёти автомобилӣ рост меояд.

Дар   соли 2016 миқдори хориҷшавии партовҳо ба ҳавои атмосфера 7051 тоннаро ташкил дод, ки аз ин  3,1 ҳазор тонна партовҳои сахт, 1,1 ҳазор тонна ангидриди олтингўгирд, 1,4 ҳазор тонна оксидҳои карбон, 0,31 ҳазор тонна оксидҳои нитроген ва 1,1 ҳазор тоннаро дигар намуди газҳо ташкил дод.

Таҳлил нишон медиҳад, ки аз ҳаҷми умумии партовҳои истеъмолӣ дар саросари ҷумҳурӣ ҳосилшаванда 15 фоиз, аз ҷумла партовҳои саноатӣ 20 фоиз ба  шаҳри Душанбе рост меояд, ки зарурияти андешидани чорабиниҳои аввалиндараҷаро бобати кам намудани ин нишондиҳандаҳо тақозо менамояд.

 

4.8.2. Мушкилоти асосӣ:

- риоя накардани талаботи қонунгузории соҳаи муҳити зист дар сатҳи маҳал;

-.таваҷҷуҳи нокифояи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҳифзи муҳити зист;

- набудани нуқтаҳои қабули лампаҳои каммасраф;

- нокифоя будани нуқтаҳои назорати ҳолати сифати муҳити зист ва мониторинги экологӣ.

 

4.8.3. Вазифаҳои асосӣ:

- роҳандозӣ намудани чорабиниҳо барои баланд бардоштани дараҷаи иттилоотии сокинони шаҳр оид ба талаботи  нигоҳдории муҳити зист;

- ташкил намудани нуқтаҳои қабули лампаҳои каммасраф ва дигар маводи таъсиррасони муҳити зист ва дар ин замина бунёди корхонаи коркарди партовҳои пластикӣ, сахти маишӣ ва лампаҳои каммасрафи аз кор баромада;

- таъсиси нуқтаҳои назорати ҳолати сифати муҳити зист ва мониторинги экологӣ дар шаҳр;

- барқарор ва зиёд намудани нуқтаҳои мушоҳидавии ҳолати ҳавои атмосфера;

- зина ба зина ба роҳ мондани ба навъҳо ҷудокунии партовҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин;

- ҷудо намудани маҳалҳои аҳолинишин аз минтақаҳои саноатӣ;

-.аз ҳудуди шаҳр баровардани корхонаҳое, ки бештар ба ифлосшавии муҳити зист таъсир мерасонанд;

- ба роҳ мондани обпошии кўчаҳои шаҳр;

- бунёди роҳҳои гирдишаҳрӣ барои нақлиёти боркаш.

 

 

БОБИ 5. ИДОРАКУНИИ ҶАРАЁНИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

 

5.1. Сарчашмаҳои маблағгузории татбиқи барнома

 

Татбиқи ҳадаф ва афзалиятҳои Барномаи мазкур аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои рушд таъмин мегардад. Яке аз сарчашмаҳои асосии молиявӣ ин маблағҳои Буҷети давлатӣ (буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ) мебошанд, ки дар чорчўбаи таҳияи буҷетҳои миёнамуҳлат барои давраи амалисозии Барномаи мазкур мунтазам тадбирҳо дар доираи ҳадаф ва  афзалиятҳои муайяншуда мушаххас карда мешаванд.

Сарчашмаи дигари муҳимми Барномаи мазкур ин маблағҳои бахши хусусӣ, дастгирии сармоягузории шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои  манфиатдор мебошанд.

ҳаҷми пешбинишудаи захираҳо аз рўи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории Барномаи мазкур зиёда аз 35,9 млрд сомонӣ, аз он захираҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 9,0 фоиз, буҷети маҳаллӣ 24,0 фоиз, сармояи хориҷӣ 35,8 фоиз ва маблағҳои бахши хусусӣ 31,2 фоизро ташкил медиҳад.

Норасоии маблағҳо аз ҳисоби ҷалби сармоягузориҳои мустақими хусусӣ пўшонида мешавад. Барои ин чорабинии Барнома беҳтар намудани муҳити фаъолияти сармоягузорони хориҷию дохилӣ дар назар дошта шудааст, ки дар навбати худ ба имкониятҳои иловагии буҷет таъсир мерасонад. ҳамзамон, барои татбиқи тамоми афзалиятҳо, хусусан дар самти рушди устувор маблағҳо аз ин сарчашмаҳо нокифоя мебошанд, бинобар ин мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе ба дастгирии афзалиятҳои Барномаи мазкур дар доираи ташаббусҳои нав оид ба ҳадафҳои рушди устувор умед мебандад.

 

5.2. Низоми мониторинг ва арзёбӢ

 

Низоми мониторинг ва арзёбӣ унсури муҳим дар татбиқи Барномаи мазкур ба ҳисоб рафта, мушоҳидаи ҷараёни корҳо, мушкилоти ҷойдошта ва натиҷаҳои бадастомадаро ошкор месозад. Низоми мониторинг ва арзёбӣ имкон медиҳад, ки робитаи мутақобила ва муттасил дар сиёсати қабулнамуда ва натиҷаҳои татбиқи амалии Барнома таъмин гардида, омилҳои зерин ошкор карда шаванд:

- то кадом андоза ба ҳадафҳои Барнома муваффақ мешавем;

- татбиқи лоиҳаҳои дар Барнома воридгардида ва натиҷаи онҳо.

Низоми мониторинги Барномаи рушди шаҳри Душанбе аз рўи ду унсур (мониторинги натиҷавӣ ва мониторинги татбиқи лоиҳаҳо) гузаронида мешавад.

Мониторинги натиҷавӣ аз рўи индикаторҳо гузаронида шуда, тавассути он то кадом андоза ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда муайян карда мешавад (як маротиба дар охири сол гузаронида мешавад).

Мониторинги татбиқи лоиҳаҳо аз рўи ҷойгиршавӣ, муҳлат, сарчашмаи маблағғузорӣ ва масъулин гузаронида мешавад. Барои гузаронидани он ҷадвали электронӣ бо формати "Eхcel" тартиб дода шуда, ҳангоми зарурӣ ҳар семоҳа ба таври синхронӣ бо ҳисоботи лоиҳаҳо аз нав тасҳеҳ карда мешавад.

Арзёбии таъсиррасонӣ аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ ва мустақил (коршиносон) гузаронида мешавад.

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ