Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 549
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАҲОИ ФАРҲАНГ, САНЪАТ ВА ТАБЪУ НАШРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 29.11.2017
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАҲОИ ФАРҲАНГ, САНЪАТ ВА ТАБЪУ

НАШРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022

 

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор амалисозии Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022-ро аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои рушди соҳаҳои фарҳанг ва илм пешбинишуда, маблағҳои махсус ва грантҳои созмонҳои байналмилалӣ таъмин намояд.
  3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 29 ноябри соли 2017 № 549

ш.Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ