Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 1505
Ном ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 21.02.2018
Матн

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ

ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ

(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.04.2019 с., № 1601)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- мораторий ба санҷишҳо - муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;

- молу маҳсулот - натиҷаи ниҳоии фаъолияти субъектҳои соҳибкорие, ки талаботи истеҳсолӣ - истеъмолӣ ё шахсиро таъмин мекунанд;

- субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул мебошад;

- санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ - намуди фаъолияти мақомоти давлатии санҷишӣ оид ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601);

- мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки барои мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳо масъул мебошад;

- давраи мораторий ба санҷишҳо - муҳлате, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, манъ карда шудаанд;

- мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш - мақомоти давлатие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколати гузаронидани санҷишҳои фаъолиятисубъектҳои соҳибкорӣ мебошанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ба санҷишҳои

фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий басанҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ

Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ мақоми машваратӣ ва доимоамалкунандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи талаботи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» фаъолият менамояд.

 

Моддаи 4. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дорои чунин ваколатҳо мебошад:

- гузаронидани мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;

- пешбурди феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ.

 

Моддаи 5. Мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

  1. Мақомоти омори давлатӣ рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро, ки ҳисоботи оморӣ оид ба истеҳсолотро месупоранд, ба шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод менамояд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601).
  2. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ рӯйхати пешниҳодшударо баррасӣ намуда, барои ворид намудани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣқарор қабул мекунад.
  3. Субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ дар асоси қарори шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлати на дертар аз 3 рӯзи қабули қарор ба феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ворид карда мешавад.
  4. Шакли феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва тартиби пешбурди онро шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 6. Истисно аз татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

  1. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин таъин ва бо огоҳонидани шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ гузаронида мешавад:

- (хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601);

- агар аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандагони молу маҳсулот) нисбат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ аризаи хаттӣ ворид гардад, санҷиш дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601);

- агар санҷиш ба таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин истеҳсоли маводи доруворӣ алоқаманд бошад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601);

- дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣҳангоми қатъ кардани фаъолияти онҳо;

- тибқи талаботи қисми 6 моддаи 28 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Санҷишҳое, ки тибқи қисми 1 моддаи мазкур гузаронида мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайд карда мешаванд.

 

Моддаи 7. Боздоштани амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур, боздошта мешавад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601).
  2. Баъди анҷоми мораторий ба санҷишҳо, фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи мораторий ба санҷишҳо тибқи моддаи 6 Қонуни мазкур мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи мораторий ба санҷишҳо манъ аст (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601).

 

Моддаи 8. Ҳалли баҳсҳо

Баҳсҳо вобаста ба татбиқи мораторий ба санҷишҳо аз ҷониби шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601).

 

Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 91. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»

(ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601)

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» аз 3 июли соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012, №7, мод.709; с.2015, №3, мод.214) аз эътибор соқит дониста шавад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601).

 

Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

           Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

         ш. Душанбе

21 феврали соли 2018

             №1505

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ