ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 1 марти соли 2018 №96
ш. Душанбе
ДАР БОРАИ НИЗОМНОМАИ НАМУНАВИИ КОМИССИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ
ОИД БА ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ
Мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
- Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
- Вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, дар фаъолияти худ Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ гиранд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон