Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 95
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМНОМАИ НАМУНАВИИ КОМИССИЯҲОИ ДОИМИИ МАҲАЛЛӢ ОИД БА ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 01.03.2018
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

аз 1 марти соли 2018                                                    №95

ш. Душанбе

 

ДАР БОРАИ НИЗОМНОМАИ НАМУНАВИИ КОМИССИЯҲОИ ДОИМИИ МАҲАЛЛӣ ОИД БА ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ

 

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар фаъолияти худ Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ гиранд.

 

           Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

        Тоҷикистон                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ