Классификатор Фармони Президенти ҶТ
Рақам 1005
Ном ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2028
Мақомот ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 06.02.2018
Матн

 

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ

ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2028

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

  1. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ҳар ду сол нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд.
  3. Мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор иҷрои муқаррароти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028-ро таъмин намоянд.
  4. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣва ташкилоту муассисаҳоҷиҳати амалӣ намудани муқаррароти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои2018-2028 ва назорати иҷрои он ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

 

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

 

аз «6» феврали соли 2018,

№1005

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ