Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "20" феврали соли 2015, № 369
тасдиқ шудааст
КОНСЕПСИЯИ КОРҲОИ СИЁСИЮ ТАРБИЯВӢ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Муқаррароти умумӣ
- Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - "Консепсия") маҷмўи ғояҳо ва ақидаҳои муосир дар самти корҳои сиёсию тарбиявии мақсаднок дар байни ҳайати шахсӣ буда, қисми таркибии раванди такмилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
- Мақсади асосии Консепсия муайян намудани тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар самти амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию рўҳии ҳайати шахсӣ, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва баланд бардоштани мақом ва обрўю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеа мебошад.
- Дар давраи гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ, қисми зиёди аҳолӣ, махсусан ҷавонон, дар фазои холии маънавӣ қарор гирифтаанд, ки ин ба рафти инкишофи ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ таъсири манфӣ мерасонад. Чунин зуҳуроти манфӣ, ба монанди ҳодисаҳои терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурўши одамон, ҷиноятҳои трансмиллӣ, пастшавии ахлоқу маънавиёти ҷавонон, паст гардидани сатҳи корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни ҷавонон, ба таназзул дучор гардидани арзишҳои таърихию фарҳангӣ таъсири манфии худро ба ҷомеа ва коллективҳои ҳарбӣ низ расондаанд.
- Хусусиятҳои таҳдидҳои дохилӣ ва берунии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зарурати дар солҳои наздик андешидани тадбирҳои иловагии давлатиро дар таҳкими иқтидори маънавию психологии ҷомеа, баланд бардоштани нуфузӣ хизмати ҳарбӣ, ҳалли мушкилиҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳо талаб менамояд.
- Омилҳои мазкур зарурати ташкили системаи нави корҳои сиёсию тарбиявиро бо тамоми категорияҳои хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо ва ҳайати ғайринизомӣ талаб менамояд, ки ҷавобгўи марҳилаи кунунии сохтмон ва омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
- Дар Консепсия мафҳуми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мақомоти давлатии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбонии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар бар мегирад.
2. Қисмҳои таркибии Консепсия
- Консепсия аз қисмҳои таркибии зерин иборат аст:
- вазифаҳои асосии корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- самтҳои асосии корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- намудҳои корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- технологияи педагогии тарбияи ҳайати шахсӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкил ва идораи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Вазифаҳои аоосии корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванди таъсиррасонии мақсадноку системавӣ ба ҳамаи категорияҳои хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо ва ҳайати ғайринизомии Қувваҳои Мусаллаҳ буда, бо мақсади таъмини фаҳмиши ягона ва татбиқи устуворонаю мунтазами сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиа ва амният, иҷрои бечунучаро ва аниқи амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои командирон ва сардорон, ташаккул додани сифатҳои баланди ахлоқию психологӣ ва омодагии ҷангӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи ҳисси ватандўстиву ватанпарастӣ ва муҳаббат ба Ватан, муҳофизатгари боваринок ва боэътимоди Ватан, ҳисси баланди масъулияти шахсӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ гузаронида мешаванд;
- асоси корҳои сиёсию тарбиявиро дар Қувваҳои Мусаллаҳ тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат, садоқат ба Савганди ҳарбӣ, тайёр будан ба муҳофизати манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.
- корҳои сиёсию тарбиявӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо ва ҳайати ғайринизомӣ дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва фармонҳои командирони (сардорони) дахлдор амалӣ карда мешаванд.
- Вазифаҳои асосии корҳои сиёсию тарбиявӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо ва ҳайати ғайринизомӣ чунинанд:
а) бо афсарон:
- ташаккули омодагии иҷрои бечунучарои фармонҳои сардорони болоӣ ва масъулияти додани фармонҳо ба тобеон;
- рушди ҳисси қарзи афсарӣ, ифтихормандӣ аз касби пуршарафи афсарӣ ва хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ;
- рушди майлу рағбат барои такмили маҳорати касбӣ ва худтакмилдиҳӣ;
- баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ педагогӣ; ташаккули масъулияти шахсӣ барои омўзонидан ва тарбияи хизмтчиёни ҳарбӣ ва муносибати ғамхоронаю эҳтиромона нисбат ба онҳо;
- ташаккули масъулияти шахсӣ барои иҷрои ўҳдадориҳои вазифавӣ;
- рушди ҳисси эҳтиром ва риояи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва оинномаҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) бо прапоршикон:
- ташаккули масъулияти шахсӣ барои иҷрои бечунучарои фармонҳои командирон (сардорон), қарзи ҳарбӣ, талаботи оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ;
- рушди саъю кўшиш барои такмили маҳорати касбӣ, салоҳиятнокӣ ва намунаи шахсӣ будан дар иҷрои ўҳдадориҳои вазифавӣ, маҳорати педагогӣ, муносибати ғамхорона нисбат ба тобеон;
- ташаккули муносибати эҳтиёткорона вобаста ба нигоҳдории амволи давлатӣ;
- омўзонидани малакаю маҳорати худомўзӣ ва худтарбиякунӣ.
в) бо сержантон ва сарбозон:
- ташаккули омодагӣ барои ҳифзи Ватан, садоқат ба Савганди ҳарбӣ, омодагии иҷрои бечунучарои фармонҳои командирон (сардорон);
- ташаккули ифтихормандӣ аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, интизоми баланди ҳарбӣ ва масъулияти шахсӣ барои такмили маҳорати касбӣ;
- рушди саъю кўшиш барои рафъи душвориҳои хизмати ҳарбӣ, азхудкунии бовиҷдононаи ихтисоси ҳарбӣ;
- ташаккули муносибати эҳтиромона бо командирон (сардорон), рафоқату дўстӣ бо ҳамхизматон.
г) бо хизматчиёни ҳарбӣ-занон:
- ташаккули омодагии иҷрои бечунучарои фармонҳои командирон (сардорон), мақсадҳои мусбӣ ва муносибати даркшуда нисбат ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ;
- рушди ҳисси ифтихормандӣ барои ихтисоси интихобшуда, сифатҳои баланди маънавӣ, меҳнатдўстӣ ва маҳорати дар коллективи ҳарбӣ кор кардан;
- ташаккули масъулият барои иҷрои ўҳдадориҳои вазифавӣ, такмили маҳорати касбӣ.
д) бо ҳайати ғайринизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- тайёр будан барои иҷрои ўҳдадориҳои хизматчии давлатӣ, ки онро манфиатҳои Ватан талаб мекунад;
- ташкил намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ барои пайдо кардани майлу рағбат ба касби ҳарбӣ.
е) бо курсантони муассисаҳои таълимии ҳарбӣ:
- ташаккули ифтихормандӣ барои интихоби касби афсар, муҳаббат ба Ватан ва хизмати ҳарбӣ;
- тайёр будан барои иҷрои ўҳдадории ҳарбӣ, ки онро манфиатҳои Ватан талаб мекунад;
- майлу рағбат ба такмили донишҳои ҳарбӣ ва тайёр будан ба хизмати ҳарбӣ.
ж) бо оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ:
- муносибати эҳтиромонаи онҳо ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- майлу рағбат барои давом додани анъанаҳои оилавии хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- садоқат ба халқу Ватани худ ва тақвият додани эҳтиром ба касби пуршарафи ҳарбӣ.
- Самтҳои асосии корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд;
- тайёрии ҷамъиятию давлатии ҳайати шахсӣ ва гузаронидани ахбороти сиёсӣ бо онҳо;
- корҳо оид ба пешгирии қонунвайронкунӣ ва мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ;
- кор бо ҷавонон;
- корҳои ҳарбию иҷтимоӣ;
- корҳои психологӣ;
- корҳои фарҳангию маърифатӣ;
- ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ.
- Тайёрии ҷамъиятию давлатӣ ва ахбороти сиёсӣ дар байни ҳайати шахсӣ ин муҳимтарин шакли тарбия ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он ташаккул додани сифатҳои ахлоқии ҳайати шахсӣ, дарки амиқи ўҳдадории ҳарбӣ дар касби худ, омўзиши анъанаҳои таърихии халқу Ватан, донистани сиёсати давлатӣ, донистани муқаддасоти миллӣ(суруди миллӣ, парчам, нишони давлатӣ) ва эҳтиром овардан ба онҳо, иҷрои бечунучарои талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои командирон (сардорон), бархўрдор будан аз иттилоот оид ба воқеаҳои мамлакат ва хориҷи кишвар, андешидани чораҳои мушаххас барои пешгирии ҳама гуна амалҳои манфӣ, ки таъсири иттилоотию психологӣ доранд, мебошад.
- Корҳо оид ба мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ба омўзиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии қонунгузории ҳарбӣ, тарбияи ҳуқуқии ҳайати шахсӣ ва риояи талаботи оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини волоияти қонун дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад.
- Самти кори мазкур фаъолияти самараноки шахсони мансабдори муассиса ва қисмҳои ҳарбиро оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва интизоми ҳарбӣ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии хизматчиёни ҳарбӣ, роҳ надодан ба содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ нисбат ба аҳолии маҳаллӣ, пешгирии ҷиноятҳо, расонидани кўмак ба шахсони мансабдор дар нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими интизоми ҳарбӣ, таҳлили ҳолати онҳо, ошкор намудани сабабҳои ҳодисаҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо, рафторҳои ношоями ҷиддӣ, тайёр намудани хулосаҳо ва пешниҳодҳо барои пешгирии онҳоро дар бар мегирад.
- Кор бо ҷавонон - яке аз самтҳои асосии ин ҳуҷҷатро ташкил медиҳад, зеро аксарияти ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳро ҷавонон (афсарону прапоршикони ҷавон, сарбозон) ташкил медиҳанд.
- Вазифаҳои асосӣ дар тарбияи ҷавонон инҳоянд:
- корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҳайати шахсӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Сарвари давлат - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, оинномаҳои умумиҳарбӣ ва фармонҳои командирон (сардорон);
- баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, малакаи касбӣ ва эҷодии хизматчиёни ҳарбӣ;
- барои мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, ташкил ва гузаронидани вохўриҳои ҳайати шахсӣ бо аҳли зиё, аз ҷумла бо шоирон, нависандагон, оҳангсозон, рассомон, ҳуқуқшиносон, собиқадорони ҷангу меҳнат;
- ҳамкории мутақобила бо Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ;
- баланд бардоштани сатҳи маданиятнокии ҷавонон;
- тарбияи ҷавонон дар рўҳияи эҳтиром ва сипос ба таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои миллӣ;
- эҳтироми расму оин ва забони дигар халқу миллатҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд;
- гузаронидани вохўрии сарбозон бо падару модарон барои баланд бардоштани ҳолати ахлоқию маънавии онҳо;
- гузаронидани чорабиниҳои самаранок ҷиҳати беҳтар намудани муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ;
- баланд бардоштани ҳисси ҳарбию ватандўстии ҷавонон;
- тарғиби мунтазами ватандўстию ватанпарастӣ ва ифтихормандӣ аз зиндагии осоиштаи ҷомеа;
- тарғиби доимии хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷавонон.
- Корҳои ҳарбию иҷтимоӣ - ин системаи тадбирҳои тарбиявӣ ва ташаккули имтиёзҳои хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо ва ҳайати ғайринизомӣ тибқи қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.
- Мақсади ташкили корҳои ҳарбию иҷтимоӣ дар коллективҳои ҳарбӣ иборат аз фароҳам овардани шароиту кафолатҳои иҷтимоӣ, таъмини фаъолияти ҳаёти осоиштаи ҳайати шахсӣ, софдилона, босифат ва дар вақти муайяншуда иҷро намудани ўҳдадории вазифавии ба зиммаи онҳо вогузошташуда мебошад.
- Ба корҳои ҳарбию иҷтимоӣ дохил мешаванд: тавзеҳоти саривақтии қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо ва ҳайати ғайринизомии Қувваҳои Мусаллаҳ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои хизматчиёни ҳарбӣ, гузаронидани машваратҳои ҳуқуқӣ ва дар ҳолати ошкор намудани вайронкунии ҳуқуқи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ расонидани кўмаки ҳуқуқии зарурӣ, омўзиш ва пешбинии ҷараёнҳои иҷтимоӣ дар коллективҳои ҳарбӣ, андешидани тадбирҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо ва ҳайати ғайринизомӣ, риояи адолати иҷтимоии талаботи қонунҳо ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию маишии хизматчиёни ҳарбӣ.
- Корҳои психологӣ - ин фаъолияти мақсаднок оид ба ташаккули ҳолати психологии ҳайати шахсӣ, таъмини иҷрои вазифаҳо ва ўҳдадориҳои хизматӣ дар ҳама гуна шароит мебошад.
- Корҳои психологӣ бо мақсади таъмини устувории баланди ахлоқию психологии ҳайати шахсӣ ва тайёрии қўшунҳо (қувваҳо) барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда амалӣ карда мешаванд.
- Корҳои психологӣ омўзиш ва пешбинии ҷараёнҳои иҷтимоию психологӣ дар коллективҳои ҳарбӣ, пешгирии зуҳуроти манфӣ дар рафтори ҳайати шахсӣ, рафъи ҳолатҳои душвори ахлоқию психологӣ, омўзиши инфиродии хусусиятҳои психологии ҳайати шахсӣ ва иштирок дар интихоби касби хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.
- Корҳои психологӣ дар байни ҳайати шахсӣ баҳри иҷрои вазифаҳои зерин равона карда мешаванд:
- омўзиши хусусияти инфиродию психологии хизматчиёни ҳарбӣ;
- гузаронидани омўзиши ҳолати ахлоқию психологии хизматчиёни ҳарбӣ бо мақсади таъини дурусти онҳо ба вазифаҳои хизматӣ;
- таҳлили вазъи ахлоқию психологии ҳайати шахсӣ дар раванди корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва омодагии ҷангӣ;
- таъминоти ҳолати психологии ҳайати шахсӣ дар вақти иҷрои вазифаҳои таълимию ҷангӣ, навбатдории ҷангӣ, қаровулӣ, хизмати дохилӣ, бартараф намудани офатҳои табиӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ;
- пурзўр намудани корҳои психологӣ дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ва расондани кўмак ба онҳо ва аъзои оилаи онҳо;
- бо роҳи таъсиррасонии психологӣ пешгирӣ намудани вайронкунии интизоми ҳарбӣ.
- Корҳои фарҳангию фароғатӣ - ин таъсиррасонии самаранок оид ба ташаккули маънавиёти баланди фарҳангии ҳайати шахсӣ, ба роҳ мондани чорабиниҳои маърифатию истироҳатӣ, шиносоӣ аз таърихи миллату халқҳои Тоҷикистон, таърихи Артиши миллӣ ва ташкили корҳои маданию фароғатӣ мебошад.
- Корҳои фарҳангию маърифатӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ ба роҳ монда шуда, ташкили тарбияи зебоипарастӣ, рушди дастаҳои эҷодии худфаъолиятии бадеӣ, ташкил ва гузаронидани ҷорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ, ташриф овардани хизматчиёни ҳарбӣ аз осорхонаҳо, ҷойҳои таърихӣ, намоишгоҳҳо, театрҳо, китобхонаҳо, тамошои филмҳои ҳуҷҷатию бадеӣ ва барномаҳои телевизионию консертиро дар бар мегиранд.
- Ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангӣ, мақомоти фарҳангии маҳаллӣ, осорхонаҳо ва дигар марказҳои маданию маърифатӣ ба манфиати тарбияи ватандўстии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани ифтихормандӣ аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
- Ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи ҷаҳонбинии ҳайати шахсӣ, манфиату эътибори Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ва ватандўстии ҷавонон, инчунин ҳалли самараноки масъалаҳои иҷтимоию маишӣ, таъсиррасони ба бунёди заминаи васеи меъёрӣ - ҳуқуқии ҳарбӣ гузаронида мешавад.
- Дар доираи қонунгузории миллӣ, инчунин, ҳамкориҳо бо мақомоти давлатии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешаванд.
- Намудҳои корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- тарбияи ватанпарастӣ;
- тарбияи ҳарбӣ;
- тарбияи ахлоқӣ;
- тарбияи ҳуқуқӣ;
- тарбияи фарҳанги сиёсӣ;
- тарбияи иқтисодӣ;
- тарбияи эстетикӣ;
- тарбияи экологӣ;
- тарбияи ҷисмонӣ.
- Тарбияи ватанпарастӣ - ин таъсиррасонӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ бо мақсади ташаккул ва рушди шуури баланди ватандўстӣ, ҳиссиёти баланди муҳаббат ба Ватани худ, садоқат ба анъанаҳо ва ормонҳои олии он, ба Савганди ҳарбӣ, омодагӣ ва хоҳиши иҷрои шоистаи қарзи шаҳрвандӣ ва ҳарбӣ, ўхдадориҳои конститутсионӣ, дареғ надоштани ҷони худ барои ҳифзи Ватан - Модар, тарғибу ташвиқи онҳо барои худтакмилдиҳии маънавию ахлоқӣ ва касбӣ мебошад.
- Роҳҳои асосии тарбияи ватанпарастӣ инҳоянд: ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандии шахсияти хизматчии ҳарбӣ, ки ба ў имкон медиҳанд вазифаҳои давлатиро дар давраи осоиштагӣ ва ҷанг самаранок иҷро карда тавонад; афзоиши рўҳияи маънавии Қувваҳои Мусаллаҳ дар асоси анъанаҳои қаҳрамононаи халқи тоҷик ва Қувваҳои Мусаллаҳ; истифодаи эҷодкоронаи имкониятҳои тарбиявии ниҳодҳои динии миллӣ; такмили тарбияи хизматчиёни ҳарбӣ дар рўҳияи дўстии халқҳои Тоҷикистон.
- Тарбияи ҳарбӣ - ин раванди мунтаззам ва мақсадноки таъсиррасонӣ ба рушди маънавӣ ва ҷисмонии хизматчиёни ҳарбӣ бо мақсади омода намудани онҳо барои ҳифзи мусаллаҳонаи Ватан мебошад.
- Роҳҳои асосии тарбияи ҳарбӣ инҳоянд: таъмини иҷрои раванди ягонаи тарбия ва омўзиши хизматчиёни ҳарбӣ; риояи тартиби қатъии оинномавӣ дар ташкили хизмати ҳарбӣ ва зист дар қисмҳои ҳарбӣ; таъмини амнияти хизмати ҳарбӣ ва дастгирии маънавию психологии ҳар як хизматчии ҳарбӣ дар ҳар гуна намуди фаъолияти ҳарбӣ; намунасозии шароит ва муҳити воқеии ҷанги муосир дар раванди таълим; таъмини ибрати шахсии ҳама гуна категорияҳои шахсони мансабдор дар иҷрои қарзи ҳарбӣ; бо мақсадҳои тарбиявӣ истифодаи системаи анъана ва расму оинҳои ҳарбӣ.
- Тарбияи ахлоқӣ - ин таъсиррасонӣ ба шуур, ҳиссиёт ва иродаи хизматчиёни ҳарбӣ бо мақсади дар онҳо ташаккул додани хислат ва сифатҳои зарурии ахлоқию маънавӣ мебошад.
- Роҳҳои асосии тарбияи ахлоқӣ инҳоянд: мусаллаҳ намудани хизматчиёни ҳарбӣ бо дониш тибқи талаботи ҷамъият ба симои касбию маънавии онҳо; ба хизматчиёни ҳарбӣ фаҳмондани аҳамияти иҷтимоии хизмати ҳарбӣ; ҳавасмандкунии хоҳиш барои худтакмилдиҳии маънавӣ, кўшиши онҳо барои мақсадҳои мусбии маънавӣ; ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок барои баланд бардоштани сатҳи тарбияи ахлоқию рўҳии ҳайати шахсӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва нигоҳ доштани эътибори хизматчиёни ҳарбӣ; бо мақсадҳои тарбиявӣ омўзиш ва истифодаи хусусиятҳои инфиродии хизматчиёни ҳарбӣ, таъсири афкори умум ва муҳити солими ахлоқию иҷтимоӣ дар коллективҳои ҳарбӣ; истифодаи имкониятҳои ахлоқию маънавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои тарбияи хизматчиёни ҳарбӣ.
- Тарбияи ҳуқуқӣ - ин таъсиррасонии доимӣ ба шуури хизматчиёни ҳарбӣ бо мақсади дар онҳо ташаккул додани маърифати ҳуқуқӣ ва ба даст овардани маданияти баланди ҳуқуқӣ мебошад;
- Роҳҳои асосии тарбияи ҳуқуқӣ инҳоянд: ташкил намудани ташвиқоти ҳуқуқӣ; баланд бардоштани тайёрии назариявӣ ва усулии хизматчиёни ҳарбӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ; таъмини иштироки фаъолонаи ҳайати роҳбарикунандаи коллективҳои ҳарбӣ дар раванди тарбияи ҳуқуқии зертобеон; паҳн намудани таҷрибаҳои пешқадами тарбияи ҳуқуқӣ; назорати рйояи дақиқ ва қатъии қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва интизоми ҳарбӣ; ташкили вохўриҳо бо намояндагони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкил намудани ҳифзи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо.
- Бо мақсади фарогирии пайвастаи ҳайати шахсӣ бо дониши ҳуқуқӣ дар муассисаю қисмҳои ҳарбӣ рўзҳои ягонаи маърифатнокии ҳуқуқӣ ташкил карда мешаванд.
- Тарбияи фарҳангию сиёсӣ - ин фаъолияти мақсаднок оид ба ташаккули дониш ва шуури сиёсии хизматчиёни ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифатнокии сиёсии онҳо мебошад.
- Роҳҳои асосии тарбияи фарҳангию сиёсӣ инҳоянд: таъмини бархўрдории хизматчиёни ҳарбӣ аз таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва давлатдории он, сиёсати дохилӣ ва берунӣ, манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ ва зарурати ҳимояи онҳо; омўзиши сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиа ва амнияти кишвар; омўзиши вазъ ва муносибатҳои байналмилалию минтақавӣ ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онҳо; иттилоотонии хизматчиёни ҳарбӣ бо фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори онҳо.
- Бо мақсади фарогирии пайвастаи ҳайати шахсӣ бо донишҳои сиёсӣ дар муассисаю қисмҳои ҳарбӣ рўзҳои ягонаи маърифатнокии сиёсӣ ташкил карда мешаванд.
- Тарбияи иқтисодӣ - ин таъсирраоонӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ бо мақсади дар онҳо ташаккул додани донишҳои иқтисодӣ, малакаю маҳорат ва сифатҳои шахсӣ, ки барои иҷрои муваффақи ўҳдадориҳои вазифавӣ заруранд, мебошад.
- Роҳҳои асосии тарбияи иқтисодӣ инҳоянд: таъсиси шароити зарурӣ барои рушди бомуваффақияти муносибатҳои иқтисодӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ; ташаккули муносибати сарфакорона ба амволи давлатӣ, истифодаи оқилонаи воситаҳои моддию техникӣ ва таълимӣ; истифода бурдани ҳавасмандии иқтисодӣ дар корҳои тарбиявӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ; дар қисмҳои ҳарбӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ташкил намудани омўзиши донишҳои иқтисодӣ; тарғибу ташвиқи донишҳои иқтисодӣ оид ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории қисми ҳарбӣ; омўзиши хизматчиёни ҳарбӣ бо маҳорати пешбинӣ намудан ва баҳо додани оқибати иқтисодии фаъолияти шахсии худ.
- Тарбияи эстетикӣ - ии таъсиррасонӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ бо мақсади рушди ҳаматарафаи эҳсоси ҷаҳони маънавии онҳо мебошад.
- Роҳҳои асосии тарбияи эстетикӣ инҳоянд: ташаккули муносибати эстетикӣ ба хизмати ҳарбӣ, қарзи ҳарбӣ ва муҳити ҳарбӣ; тарбияи муносибати зебоипарастӣ нисбат ба либоси ҳарбӣ; шиносоӣ бо ҳаёти эҷодию бадеии Қувваҳои Мусаллаҳ, комёбиҳои эҷодию бадеии шоирону нависандагон, оҳангсозону рассомон; шиносоӣ бо масъалаҳои ҳарбӣ дар театр, синамо; адабиёт, рассомӣ.
- Тарбияи экологӣ - ин таъсиррасонӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ бо роҳи ташаккул додани дониши онҳо дар бораи табиат, ғамхорӣ нисбат ба муҳити зист мебошад.
- Роҳҳои асосии тарбияи экологӣ инҳоянд: корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба оқибатҳои манфӣ барои табиат ва муҳити зист аз фаъолияти ҳарбӣ ва имконияти пешгирӣ намудани он; ҷалб намудани хизматчиёни ҳарбӣ ба чорабиниҳои амалии ҳифзи табиат; такмили донишҳои экологии хизматчиёни ҳарбӣ.
- Тарбияи ҷисмонӣ аз таъсиррасонӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ бо мақсади таҳкими саломатию обутоби бадан ва ташаккули сифатҳои қавииродагӣ, боғайратӣ ва психологӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ мусоидат менамояд; иборат мебошад.
- Роҳҳои асосии тарбияи ҷисмонӣ инҳоянд: ташкили тайёрии ҷисмонии нақшавии категорияҳои гуногуни хизматчиёни ҳарбӣ тибқи вазифаҳои навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ; гузаронидани чорабиниҳои варзишию оммавӣ; ташкили фароғати фаъол дар рўзҳои истироҳатӣ; тарғиби тарзи ҳаёти солим; тарғиби комёбиҳои беҳтарини варзишӣ.
- Технологияи педагогии тарбияи ҳайати шахсӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми таркибии муҳими системаи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи педагогии татбиқи онҳо мебошад.
- Технологияи педагогӣ ин маҷмўи принсипҳо, усулҳо, воситаҳо ва шаклҳои бо ҳамдигар мувофиқащуда ва мунтазам истифодабарандаи татбиқи мақсадҳо ва вазифаҳои тарбиявӣ мебошад.
- Ҳангоми амалӣ намудани корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ бояд принсипҳои асосии зерин истифода бурда шаванд: хусусияти башардўстона доштан ва мақсаднок будани раванди тарбия; ташкили тарбия дар рафти фаъолияти ҳарбӣ ва корнамоиҳои ҷангӣ; пайвастагии серталабии баланд ба шахсият бо эҳтироми қадру қимат ва ғамхорӣ нисбат ба ў; ташкили тарбия дар коллектив ва тавассути коллектив; муносибати инфиродӣ ва фарқкунанда ба объекти тарбия; мувофиқат ва мунтазамӣ дар тарбия; муносибати маҷмўӣ ва муносиб; такя ба мисолҳо ва таҷрибаҳои ибратомез Дар тарбия; ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи иштирокчиёни раванди тарбия.
- Дар корҳои сиёсию тарбиявӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ гурўҳи усулҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- усулҳои омўзиши объектҳои тарбия: мушоҳидаи мақсадноки хизматчиёни ҳарбӣ, омўзиши шахсият мувофиқи ҳуҷҷатҳои шахсӣ, омўзиши шарҳи ҳол, таҳлили фаъолияти амалии хизматчиёни ҳарбӣ, омўзиш ва таҳлили хислатномаҳои мустақил, пурсиши ҳайати шахсӣ, сўҳбатҳои инфиродӣ ва гурўҳӣ ва дигар усулҳо;
- усулҳои таъсиррасонии тарбиявӣ ва ҳамкорӣ: боварӣ, ибрат, машқ, ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ба фаъолиятҳои гуногун, ҳавасмандкунӣ, танқид ва худтанқидкунӣ, маҷбурсозӣ;
- усулҳои пешгирӣ ва азнавтарбиякунии хизматчиёни ҳарбӣ: аз нав таълим додан, аз нав боварӣ кунонидан, "қатъи алоқаи номатлуб", танқид ва худтанқидкунӣ, худислоҳкунӣ ва дигар усулҳо.
- Дар корҳои сиёсию тарбиявӣ воситаҳои зерини тарбия нақши муҳимро мебозанд: намудҳои гуногуни фаъолияти ҳарбӣ дар қисми ҳарбӣ, ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавӣ, воситаҳои техникӣ, воситаҳои иттилоотӣ, воситаҳои педагогию таълимӣ ва дигар воситаҳо.
- Усулҳо ва воситаҳои дар боло зикргардида тавассути шаклҳои зерини корҳои сиёсию тарбиявӣ амалӣ мегарданд: дар сўҳбатҳои инфиродӣ ва коллективӣ, намудҳои гуногуни иттилоотонии хизматчиёни ҳарбӣ, маърўзаҳо, сўҳбатҳо, шабҳои саволу ҷавоб, ҷамъомадҳо ва маҷлисҳои машваратӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ, конференсияҳои илмию амалӣ, шабҳои эҷодӣ, мизҳои мудаввар ва викторинаҳо, вохўриҳо бо собиқадорони ҷангу меҳнат, экскурсия ва сайру гашт ба ҷойҳои таърихӣ ва ҷойҳои шарафи ҷангӣ, гузаронидани рўзҳои Муҳофизи Ватан, Ҷасорат, Даъватшаванда ва дигар идҳои касбӣ бо намоиши аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, кори клубҳои шавқовар ва дастаҳои худфаъолиятии бадеӣ, машғулиятҳо дар осорхонаҳо ва хонаҳои Шуҳрати ҷангии қисмҳои ҳарбӣ, таблиғу ташвиқи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавассути дигар шаклҳо.
- Амалӣ намудани маҷмўи принсипҳо, усулҳо, воситаҳо ва шаклҳои корҳои сиёсию тарбиявии ҳайати шахсӣ системаи сифатноки тарбияи хизматчиёни ҳарбиро таъмин намуда, барои ба даст овардани натиҷаҳои самарабахш мусоидат менамоянд.
- Ташкил ва идораи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ҳамаи сатҳои ташкил ва усулҳои тарбияи хизматчиёни ҳарбӣ субъектҳои он (ҷомеа, мақоми ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидора, васоити ахбори умум, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, оилаҳо ва хешовандони наздики хизматчиёни ҳарбӣ, командирон ва сардорони ҳамаи сатҳҳо, ситодҳо, хадамотҳо, мақомоти дигари идораи ҳарбӣ, мақомоти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, коллективҳои ҳарбӣ ва меҳнатӣ, мақомоти фарҳангии ҳарбӣ ва ғайраҳо) ду вазифаи алоқамандро иҷро менамоянд: тарбиявӣ ва идоравӣ. Ба фаъолияти шахсони мансабдори қисмҳои ҳарбӣ бештар вазифаи тарбиявӣ рост меояд, ба фаъолияти шахсони мансабдори зинаи олӣ бошад вазифаи идоравӣ (вазифаи роҳбарӣ) рост меояд.
- Ин вазифаҳо аз ҷониби командирон ва сардорон тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар маҷмўъ бо иҷрои вазифаҳои омодагии ҷангӣ ва сафарбарӣ, тайёрии ҷангӣ, хизмати қўшунҳо, фаъолияти ҳаррўзаи кўшунҳо анҷом дода мешаванд.
- Самаранокии корҳои сиёсию тарбиявӣ ба воситаи кўшишҳои ҳамоҳангсозандаи ҳама сатҳҳои мақомоти идораи ҳарбӣ ва мақомоти корҳои сиёсию тарбиявӣ, таъмини корҳои сиёсию тарбиявии пайдарпай ва муносибати фарқкунанда ҳангоми ташкили он бо категорияҳои гуногуни хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо ва ҳайати ғайринизомӣ, мавҷудияти кадрҳои аз ҷиҳати касбӣ тайёршуда ва заминаи зарурии моддӣ ба даст меояд.
- Корҳои сиёсию тарбиявӣ асосан аз ҷониби мақомоти идораи ҳарбӣ ва шахсони мансабдори ҳамаи сатҳҳои идоравӣ ба анҷом расонида мешаванд;
а) командирон (сардорон):
- барои роҳбарии корҳои сиёсию тарбиявӣ ва ташкили чунин корҳо мунтазам ҷиҳати иҷрои вазифаҳои мушаххас, ки барои нигоҳдории вазъи солими маънавию психологии ҳайати шахсӣ равон шудаанд, масъулияти шахсӣ доранд;
- ба мақомоти болоии идораи ҳарбӣ оид ба ҳолати маънавию психологӣ ва интизоми ҳарбӣ дар ҷузъу томҳои тобеъ ва рўҳияи ҳайати шахсӣ маълумоти воқеӣ пешниҳод менамоянд;
- моҳият, тартиби ташкил ва гузаронидани корҳои сиёсию тарбиявиро мавриди таҳлил қарор дода, ба шахсони мансабдор ва мақомоти идораи ҳарбии зертобеъ вазифагузорӣ менамоянд;
- сифати иҷрои вазифаҳои гузошташударо оид ба тарбияи ҳайати шахсӣ назорат намуда, натиҷаи корҳои сиёсию тарбиявиро ҷамъбаст менамояд, ба муовинони худ ва дигар зертобеон оид ба такмили ин корҳо вазифагузорӣ менамоянд.
б) ситодҳо:
- мутобиқатии нақшагузории тайёрии ҷангӣ (ҷараёни таълим) ва корҳои сиёсию тарбиявӣ; истифодаи расму оини ҳарбиро дар раванди тарбия таъмин меамоянд;
- чорабиниҳоро оид ба нигоҳдории тартиботи оинномавӣ ва таъмини амнияти хизмати ҳарбӣ ташкил менамоянд;
- чорабиниҳои вобаста ба таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи қўшунҳоро аз таъсири манфии иттилоотию психологӣ нақшагузорӣ карда, дар онҳо иштирок менамоянд;
- дар асоси таҳлили вазъи маънавию психологии ҳайати шахсӣ барои таҳкими он таклифҳо пешниҳод менамоянд ва дар татбиқи онҳо иштирок менамоянд.
в) сардорони навъи қўшунҳо ва хадамотҳо:
- барои ташкили корҳои сиёсию тарбиявӣ, пешниҳоди иттилооти воқеӣ ба командир (сардор) ва муовини ў оид ба корҳои сиёсию тарбиявӣ дар хусуси ҳолати интизоми ҳарбӣ (меҳнатӣ) ва вазъи ахлоқию маънавӣ дар воҳидҳо ва қисмҳои ҳарбии зертобеъ масъулияти шахсӣ доранд;
- шахсан дар чорабиниҳои сиёсию тарбиявӣ; ташкили онҳо дар муассисаю қисмҳои ҳарбии зертобеъ иштирок менамоянд;
- ҳаракат менамоянд, ки сифати иҷрои вазифаҳо оид ба ташкили таъминоти дахлдор барои нигоҳдории сатҳи баланди ҳолати маънавию психологии хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат намояд.
г) мақомоти корҳои сиёсию тарбиявӣ:
- барои нақшасозӣ, таъминоти услубӣ, ташкил ва гузаронидани бевоситаи корҳои сиёсию тарбиявӣ масъул мебошанд;
- фаъолияти муовинони командирон (сардорон) ва дигар шахсони мансабдорро оид ба ташкил ва гузаронидани корҳои сиёсию тарбиявӣ ҳамоҳанг месозанд;
- бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, коллективҳои меҳнатӣ, васоити ахбори умум бо мақсади ташаккули афкори воқеии ҷамъиятӣ оид ба фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ, муносибати мусбат ба хизмати ҳарбӣ фаъолона ҳамкорӣ менамоянд;
- ба командирон (сардорони бевосита) ва сардорони мақомоти болоии корҳои сиёсию тарбиявӣ оид ба ҳолати маънавию психологӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ, риояи ҳуқуқҳои конститутсионии хизматчиёни ҳарбӣ; аъзои оилаи онҳо ва ҳайати ғайринизомиён ҳисобот медиҳанд.
- Иҷрои бомуваффақияти корҳои тарбиявӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, яке аз нишондиҳандаҳои асосии арзёбии фаъолияти хизматии командирони (сардорони) тамоми зинаҳо мебошад.
- Чорабиниҳои сиёсию тарбиявӣ байни хизматчиёни ҳарбӣ дар мақомоти давлатии ҳарбӣ дар Нақшаи ягонаи корҳои сиёсию тарбиявӣ пешбинӣ мешаванд. Нақшаи мазкур аз ҷониби раёсатҳои корҳои сиёсию тарбиявии мақомоти давлатии ҳарбӣ таҳия ёфта, баъд аз мувофиқаи он бо ситодҳо ва дигар раёсату шўъбаҳои дахлдори мақомоти давлатии ҳарбӣ аз ҷониби роҳбарони ин мақомот тасдиқ карда мешавад. Тамоми дигар ҷузъу томҳои мақомотӣ давлатии ҳарбӣ нақшаҳои сиёсию тарбиявии худро дар асоси Нақшаи ягонаи корҳои сиёсию тарбиявии тасдиқшуда тартиб медиҳанд.
- Марҳилаи ҳозиразамони сохтмони ҳарбӣ ба масъалаҳои таъминоти кадрии корҳои сиёсию тарбиявӣ, бо назардошти эҳтиёҷоти қўшунҳо (қувваҳо) ва қисмҳои ҳарбӣ, таҷрибаи таълимию услубӣ ва таъмини илмии системаи тарбия, талаботи нав пешниҳод менамояд.
- Самтҳои асосии такмили таъминоти кадрии корҳои сиёсию тарбиявӣ чунин мебошанд: нигоҳдории кадрҳои баландихтисоси мақомоти корҳои сиёсию тарбиявӣ; нигоҳ доштани сатҳи зарурии пуррашавии мансабҳои ҳарбии дар мақомоти корҳои сиёсию тарбиявӣ аз ҷониби афсарон ивазшаванда; ташаккули насли сифатан нави командирон (сардорон) ҳамчун тарбиякунандагони ҳарбӣ; нигоҳдории иқтидори ҳарбию илмӣ, педагогӣ ва сиёсии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии ҳарбии кишвар.
- Интихоб, ҷобаҷогузорӣ, тарбия, бозомўзонӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни ҳарбии мақомоти сиёсию тарбиявӣ аз ҷониби раёсатҳои корҳои сиёсию тарбиявии мақомоти давлатии ҳарбӣ дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои кадр ба роҳ монда мешаванд.
- Интихоби кадрҳо барои ишғоли мансабҳои ҳарбии муовинони командирони (сардорони) қисмҳои ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсию тарбиявӣ ва ба онҳо баробар аз ҳисоби афсароне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии ҳарбии кишвар ва давлатҳои хориҷиро хатм намудаанд, анҷом дода мешаванд.
- Бозомўзонӣ ва такмили ихтисоси муовинони командирон (сардорон) оид ба корҳои сиёсию тарбиявӣ дар ҷамъомадҳо ва курсҳои такмили ихтисос сурат мегирад.
- Худомўзии касбии афсарони мақомоти корҳои сиёсию тарбиявӣ дар системаи тайёрии касбии ҳайати афсарон ташкил карда мешаванд.
- Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии ҳарбии мамлакат кафедраҳои дахлдор оид ба сиёсати давлатӣ ва корҳои тарбиявӣ таъсис дода шуда, амал менамоянд.
3. Муқаррароти хотимавӣ
- Консепсия ба талаботҳои асосии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҷавобгў буда, барои дар рўҳияи баланди ахлоқию маънавӣ, ҳарбию ватандўстӣ ва ҷаҳонбинии сиёсӣ тарбия намудани ҳайати шахсӣ мусоидат менамояд.
- Мақсади ниҳоии Консепсия ба танзим даровардани системаи корҳои сиёсию тарбиявии хизматчиёни ҳарбӣ ва таъмини сатҳи баланди самарабахшии ин корҳо буда, барои амалӣ намудани Консепсияи мазкур аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.