Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 259
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ ТАНЗИМИ ТАРИФ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКАИ БАРҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 27.05.2017
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ ТАНЗИМИ ТАРИФ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКАИ БАРҚИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Консепсияи танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои марҳилаи якуми амалигардонии он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
  2. Вазорати энергетика ва захирахои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои саривақтии Консепсияи танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 27 майи соли 2017, № 259

ш. Душанбе

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ