Классификатор Консепсия
Рақам 28
Ном КОНСЕПСИЯИ ТАҲСИЛОТИ МУТТАСИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2023
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 27.01.2017
Матн

 

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "25" январи соли 2017, № 28

 

КОНСЕПСИЯИ ТАҲСИЛОТИ МУТТАСИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2023

 

1. МУҚАДДИМА

  1. Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023 (минбаъд - Консепсия) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва талаботи банди 21 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 зикр шудаанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016, № 42, тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
  2. Чунонки маълум аст, ноил шудан ба сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳадафи стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар марҳилаҳои дарозмуҳлат ва миёнамуҳлат мебошад, ки ба мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мавқеи муайянро ишғолкарда мутобиқат дошта, амнияти миллӣ ва амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро таъмин месозад.
  3. Бо низом ноил шудан ба ҳадафи гузошташуда аз гузариши иқтисодиёти Тоҷикистон ба навъи инноватсионии рушд иборат аст. Ин имкон медиҳад, ки иқтидори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври оҷил аз ҳисоби афзалиятҳои нисбии он дар илм, маориф ва технологияи муосир тавсеа ёбад ва дар ин замина манбаъҳои нави рушди иқтисодӣ ва некўаҳволии аҳолӣ истифода карда шаванд. Ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ дар баробари ба таври назаррас баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ ва сармояи истеҳсолӣ, маънии ба омили асосии рушди иқтисодӣ ва рақобатпазирӣ табдил додани иқтидори зеҳнӣ ва эҷодии инсонро дорад.
  4. Ҷузъи асосии иқтисодиёти инноватсионӣ ин ташаккули бозори меҳнати ба таври самаранок амалкунанда аст. Рушди бозори меҳнат дар давраи дурнамои дарозмуҳлат аз ҳисоби болоравии зудҳаракатии меҳнатии аҳолӣ ва афзоиши сатҳи ҳосилнокии меҳнат ташаккул меёбад. Ҳамаи ин ба низоми таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи навро пеш мегузорад.
  5. Яке аз пояҳои бунёдии рушди инноватсиони ин таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати таълимӣ, гузариш аз низоми таълими оммавӣ ба низоми таълими таҳсилоти муттасили фардӣ барои ҳама аст, ки барои бунёдсозии иқтисодиёти инноватсионии ба иҷтимоиёт нигаронидашуда зарур мебошад.
  6. Консепсияи мазкур аз ҳуқуқҳои асосии инсон ба омўзиш дар тамоми тўли ҳаёт, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, манбаъ мегирад, вазъи кунунӣ ва тамоюлҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба эътибор мегирад, ба ғояҳои тахсилоти кушода ва муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф майл ва такя мекунад. Консепсияи мазкур барои ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти муттасил ва таъсиси низоми тағйирпазир ва аз ҷиҳати самту сатҳҳо гуногун равона карда шудааст, ки ҷавобгўи манфиатҳои ҳамаи гурўҳҳои шаҳрвандони қобили меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба вазифаҳои ташаккули ҷомеаи ба донишҳо асосёфта мутобиқат мекунад.
  7. Рушди таҳсилоти муттасил ташаккули шаҳрвандони фаъол ва амалишавии сифатҳои касбӣ ва шахсии онҳоро дар назар дорад, ки ба баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва таъмини вахдати иҷтимоӣ мусоидат мекунанд.
  8. Татбиқи Консепсияи мазкур ба сохтори амалкунандаи таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҷорӣ намудани таҳсилоти муттасил мусоидат менамояд, такя мекунад. Имрўз дар кишвар намудҳои зерини муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд (омори охири соли 2015):

- томактабӣ (578 муассиса бо фарогирии 92024 нафар; марказҳои инкишофи кўдакон - 1588 муассиса бо фарогирии 39789 нафар);

- таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, инчунин таҳсилоти махсус - 3855 муассиса бо фарогирии 1785763 нафар);

- таҳсилоти ибтидоии касбӣ (62 муассиса бо фарогирии 26973 нафар);

- таҳсилоти миёнаи касбӣ (65 муассиса бо фарогирии 68325 нафар);

- таҳсилоти олии касбӣ (38 муассиса бо фарогирии 184401 нафар);

- таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (бо фарогирии 2633 аспирант, докторанти PhD ва докторант);

- таҳсилоти иловагӣ (82 марказ бо 1421 маҳфил ва фарогирии 47528 нафар).

  1. Ҳамзамон дар кишвар муассисаҳои таълимии дигаре низ мавҷуданд, ки раванди таълиму тарбияро амалӣ мегардонанд. Аз ҷумла, марказҳои таълими калонсолон, донишкада ва марказҳои такмили ихтисос, курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ, омўзиши забонҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва ғайра фаъолият менамоянд, ки миқдори муайяни шаҳрвандонро фаро мегиранд. Дар хориҷи кишвар бошад, 12755 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
  2. Барои таҳияи барномаҳои таҳсилоти муттасил ва стандартҳои касбӣ оид ба таҳсилоти муттасил Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои аккредитатсия ва баҳогузории рейтингии барномаҳои таҳсилоти муттасил Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд мусоидат намоянд. Сохторҳои дигари зарурӣ, ки оид ба таҳсилоти муттасил вуҷуд надоранд, дар доираи татбиқи Консепсияи мазкур таъсис дода мешаванд.

 

2. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ

 

  1. Асосҳои меъёрии ҳуқуқии Консепсияи мазкурро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ" "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ", "Дар бораи таҳсилоти иловагӣ", "Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат" ташкил медиҳанд.
  2. Консепсияи мазкур ба талаботи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №227), Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №334), Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели 2012, №200), Барномаи рушди раҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри 2015, №794) ва дигар стратегия, консепсия, барномаҳои давлатии соҳавӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор такя мекунад.
  3. Зимни таҳияи Консепсияи мазкур талаботи умумии санадҳои ҳуқуқии зерини байналмилалӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд: Таълим дар тамоми тўли ҳаёт. Сиёсат ва стратегия (ЮНЕСКО, Маърўзаи Институти таълим дар тамоми тўли ҳаёт, 2014); Қувваи кории соҳибтахассусасоси болоравии бошиддат, устувор ва ботавозун. Гурўҳи бистгона: стратегия дар соҳаи тайёрии касбии кадрҳо (Маърўзаи Созмони байналмилалии меҳнат, СММ, 2011); Таълим дар тамоми тўли ҳаёт барои калонсолон (Маърўзаи Созмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, 2013); Эъломияи Форуми таҳсилотии ЮНЕСКО, 2015, 19-25.05.2015, Инчхон (Ҷумҳурии Корея) ва ғайра.
  4. Мафҳумҳои асосие, ки дар Консепсия истифода шудаанд:

- барномаи шабакавии таҳсилоти муттасил - барномаи таҳсилоти муттасил, ки аз ҷониби ду ва ё зиёда ташкилот дар якҷоягӣ амалӣ карда мешавад;

- воҳиди санҷишӣ - меъёри меҳнатталабии барномаи таълимӣ ва ё модули таълимӣ;

- инфрасохтори таҳсилоти муттасил - меъёрҳо, қоидаҳо ва захираҳои ба омма дастрас, ки барои тамоми соҳаи таҳсилоти муттасил ягонаанд;

- модули таълимӣ - як қисми барномаи таълимӣ ё фанни таълимӣ, ки вобаста ба ҳадафҳои гузошташуда ва натиҷаҳои омўзиш ҷамъбасти мантиқии мушаххас дорад;

- натиҷаҳои омўзиш - дониш ва малакаҳои азхудшуда, салоҳиятҳои бадастомада;

- салоҳият - қобилияти шахс барои мустақилона истифода намудани дониш ва малакаҳо дар шароити тағйирёбандагии меҳнат;

- сатҳи тахассусӣ - маҷмўи талабот ба сатҳи дониш, малака ва салоҳиятҳои корманд;

- сертификатсияи тахассусҳо - раванде, ки тавассути он мутобиқати дониш, малака ва салоҳиятҳои корманд ба талаботи тахассусӣ тасдиқ карда мешавад;

- соҳаи таҳсилоти муттасил - маҷмўи санадҳои меъёрӣ, барнома ва модулҳои таълимӣ, муассиса ва ташкилотҳои таълимӣ, марказҳои захиравӣ ва сертификатсиякунонӣ ва дигар субъекту объектҳо, ки бевосита ба таҳсилоти муттасил алоқамандӣ доранд;

- стандарти касбӣ - ҳуҷҷати меъёрӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, талаботро ба кормандон аз рўи сатҳи тахассусӣ бо дарназардошти таъмини сифат, самаранокӣ ва бехатарии корҳои иҷрошаванда инъикос менамояд;

- тахассус - дараҷаи омодагии корманд барои иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ, ки дониш, малака ва салоҳиятҳоро фаро мегирад;

- таҳсилоти ғайринақшавӣ (беихтиёрона, ғайрирасмӣ)омўзише, ки дар рафти ҳаёти муқаррарии инсон сурат гирифта, бо кор, ҳаёти оилавӣ ё фароғат алоқаманд аст ва сохтори он аз рўи ҳадафҳо, давомнокӣ ва кумак дар ҷараёни таълим муайян нагардидааст; худомўзӣ;

- таҳсилоти ғайрирасмӣ - таҳсилоте, ки сохтори он аз рўи ҳадафҳо, давомнокӣ ва кумак дар ҷараёни таълим муайян шуда, вале бе додани ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот хотима меёбад;

- таҳсилоти калонсолон - маҷмўи равандҳои таҳсилот, ки бо кумаки онҳо калонсолон қобилият ва дониши худро инкишоф дода, дараҷаи тахассуси касбӣ ва техникиашонро баланд мебардоранд ё самти навро интихоб менамоянд;

- таҳсилоти касбии заминавӣ - таҳсилоти касбии ҳамаи зинаҳо, ки барои воридшавии пурра ба фаъолияти меҳнатӣ зарур буда, дар нисбати онҳо стандартҳои давлатии таълимӣ амал мекунанд;

- таҳсилоти муттасил - дар тўли ҳаёт гирифтани таҳсилот ва мукаммал гардонидани донишу ҷаҳонбинӣ мебошад. Барои амалисозии ҳадафҳои консепсияи мазкур таҳти мафҳуми таҳсилоти муттасил таҳсилоти иловагии расмӣ ё ғайрирасмӣ, ҳамчунин таълими ғайринақшавии (беихтиёрона) кормандон ва таълимгирандагон фаҳмида мешавад, ки ба талаботи бозори меҳнат ба таври фаври мутобиқ гардонидани салоҳиятҳоро таъмин месозанд;

- таҳсилоти расмӣ - таҳсилоте, ки сохторн он аз рўи ҳадафҳо, давомнокӣ ва кумак дар ҷараёни таълим муайян шуда, бо додани ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот хотима меёбад;

- ТИК - технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;

- доираи миллии тахассусҳо - воситаи муқоисаи тахассусҳо, ки ба низоми меъёрҳо барои арзёбии онҳо асос ёфтааст.

 

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ КОНСЕПСИЯ

 

  1. Сатҳи рақобатпазирии иқтисодиёти инноватсионии муосир бештар ба сифати кормандони соҳибтахассус, сатҳи иҷтимоишавӣ ва муттаҳидшавӣ (кооператсия)-и онҳо вобаста аст. Шарти зарурии ташаккули иқтисодиёти инноватсионии ҳар як давлат ҳамчунин ташкили низоми навсозии пайвастаи дониш ва салоҳиятҳои кормандон мебошад. Ҷорӣ намудани технологияи муосири илмталаб дар иқтисодиёт тақозо менамояд, ки нисбати тахассуси кормандон, масъулиятнокии онҳо ва омодагии онҳо барои аз худ намудани усулҳои нави замонавӣ дар фаъолияти касбӣ талаботи баландтар гузошта шавад.
  2. Дар айни замон, ҳамаи давлатҳои рушдёфтаи ҷаҳон барномаи ташаккули низоми таҳсилоти муттасилро амалӣ месозанд (аз ҷумла, таълим дар тамоми тўли ҳаёт). Кишварҳои рушдёфта тавоннстанд, ки иштироки оммавии аҳолии калонсолро дар барномаҳои таълимӣ ва омўзишӣ таъмин намуда, раванди устувору мусбатро дар ин самт ба даст оранд.
  3. Дар раванди ташаккули захираҳом кадрӣ дар доираи муассиса ва корхонаҳо дар замони муосир тамоюли таъсиси марказҳо ва барномаҳои худии таълими кадрҳо назаррас мегардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки корфармоён ба таълим ва бозомўзии кормандон дар пояи сохторҳои худи афзалият медиҳанд. Дар маҷмўъ чунин вазъ ба тамоюли ҷаҳонӣ дар баланд гаштани нақши омодасозии дохилиширкатии кормандон ҷавобгў аст. Вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд табиати махсус дорад: чун қоида, ба сохторҳо ва барномаҳои таълимии худ такя намудан ба сабаби он аст, ки ташкилоту муассисаҳо наметавонанд дар бозор барномаҳои таълимии заруриро бо сифати баланд пайдо намоянд.
  4. Бо мақсади баланд бардоштани доираи таълими калонсолон, андозсупорандагон бояд дар хароҷоти худ арзиши омўзишро тибқи барномаҳои таълимии асосӣ ва иловагии касбӣ, омодагии касбӣ ва бозомўзии кормандон, аз ҷумла, барои гирифтани таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбии махсус пешбинӣ намоянд.
  5. Бо мақсади расидан ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зарур аст, ки барои иштироки миқдори муайяни шаҳрвандони қобили меҳнат ҳар сол дар таҳсилоти муттасил шароит фароҳам оварда шуда, ин миқдор ба талаботи сатҳи байналмилалӣ сол ба сол наздик карда шавад.
  6. Барои рушди таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки пешрафти заминаҳои мавҷуда батадриҷ таъмин ва ба талаботи муосир ҷавобгў карда шавад.

 

4. САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ МУТТАСИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

§1. Ташаккули пояҳои асосии низоми муосири таҳсилоти муттасил дар давраи солҳои 2017-2023

 

  1. Ташаккули пояҳои асосии низоми муосири таҳсилоти муттасил фароҳам овардани шароит, аз ҷумла, шароити ҳуқуқиро барои ҳалли вазифаҳои зерин, ки ба ҳам марбутанд, дар назар дорад:

- рушди муҳити таълимии рақобатпазир ва ғанигардонии он бо хизматрасониҳои гуногунсоҳаи таълимӣ;

- ташкил намудани инфрасохтори таҳсилоти муттасил;

- ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ дар таҳсилоти муттасил;

- ҷорӣ намудани низомҳои нави молиявӣ дар таҳсилоти муттасил.

 

§2. Рушди муҳити таълимии рақобатпазир ва ғанигардонии он бо хизматрасониҳои гуногунсоҳаи таълимӣ

 

  1. Зиёдшавии эҳтиёҷоти иқтисодиёт ба кадрҳои баландихтисос талаботро нисбат ба муассисаҳое, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти муттасилро амалӣ мегардонанд, боло мекунад. Бо мақсади ба даст овардани сатҳи матлуби тахассусии кормандон, ки иқтисодиёти инноватсионӣ дар пеш мегузорад, бояд барномаи дастгирии муассисаҳо (аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ) амалӣ карда шавад.
  2. Бояд амалияи иҷрои лоиҳаҳои таҷрибавӣ (пилотӣ), ки ба рушди бахшҳои минтақавии таҳсилоти муттасил равона карда шудааст, тавсеа ёбад. Ин лоиҳаҳо ташаккули иқтидори сохторҳои минтақавии таҳсилоти муттасилро ба назар мегиранд: марказҳои тахассусӣ дар пояи муассисаҳои мавҷудаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, марказҳои таълими калонсолон, марказҳои тайёрии муштарак, сомона ва даромадгоҳҳои (портал) махсус, марказҳои сертификатсиякунонӣ, стандартҳои касбӣ ва ғ.
  3. Низоми машваратҳои таълимӣ оид ба таҳсилоти муттасил ҳам дар заминаи хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ, ҳам дар бахши хусусӣ рушд меёбад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хадамоти шуғл мусоидат ба рушди касбии шаҳрвандон мегардад. Дар ин маврид барномаҳои таълимии таҳсилоти муттасил хеле фаъолтар аз ҷониби муассисаҳои такягоҳии таҳсилоти касбӣ пешниҳод гардида, онҳо доираи хизматрасониҳои таълимиро мутобиқи талаботи шаҳрвандон ва бозори меҳнат тавсеа мебахшанд.
  4. Зарурати истифодаи бештар аз таълими мақсаднок барои омода намудани кадрҳо барои соҳаи буҷетӣ ва соҳаҳои афзалиятноки иқгисодиёт дар асоси барномаҳои таҳсилоти муттасил ба миён меояд, ки онҳо ба тариқи озмун аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои дигари таҳсилоти касбӣ амалӣ карда мешаванд.

 

§3. Ташкил намудани инфрасохтори таҳсилоти муттасил

 

  1. Эътирофи расмии дараҷаи тахассус, ки зимни таҳсилоти ғайрирасмӣ ва таълими ғайринақшавӣ (спонтанӣ) гирифта шудаанд, яке аз механизмҳои самарабахш дар самти рушди рақобат дар расонидани хизматрасониҳои таҳсилоти муттасил гардида, натиҷаҳо ва самтгирии амалии барномаҳои таълимиро баланд мебардорад. Бо инмақсад, зарур аст, ки низоми тартиботи сертификатсиякунонии тахассусҳои касбӣ (аз ҷумла барои кормандони таҳсилоташон олии касбӣ ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ) ташкил гардад. Дар баъзе соҳаҳо марказҳои сертификатсиякунонӣ метавонанд хусусияти байналмилалӣ дошта бошанд. Низоми сертификатсиякунонӣ бояд барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас бошад. Сертификатсиякунонӣ бояд мутобиқи талаботи ояндадори тахассусӣ (стандартҳои касбӣ), ки бо иштироки корфармоён таҳия шудаанд, гузаронида шавад.
  2. Барои муназзамгардонии хусусиятҳои умумии талабот ба кормандони ҳамаи сатҳҳои тахассусӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, бояд доираи миллии тахассусҳо татбиқ гардида, он мунтазам нав карда шавад. Доираи миллии тахассусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тавсифи умумии сатҳҳои тахассусӣ бо дарназардошти стандартҳои касбӣ мебошад. Доираи миллии тахассусҳо имкон медиҳад, ки талаботи мубрам ба дониш, малака ва салоҳиятҳои кормандон ва натиҷаҳои барномаҳои таълимии таҳсилоти муттасил мутаносиб карда шуда, он ҳамчун фишанги амалисозии робитаи воқеии стандартҳои касбӣ ва таълимӣ хизмат кунад.
  3. Давлат ба бунёдсозии низоми таъмини алоқаҳои байниҳамдигарии созмонҳои иҷтимоӣ-касбӣ ва иттиҳодияҳои корфармоён бо ташкилоте, ки хизматрасониҳои таҳсилоти муттасилро амалӣ месозанд, мусоидат менамояд. Ин амал ҷорӣ намудани низоми аккредитатсия ва ташаккули баҳогузории рейтингии барномаҳои таҳсилоти муттасилро дар назар дорад.

 

§4. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ дар таҳсилоти муттасил

 

  1. Методҳои таълимӣ, ки асоси низоми таҳсилоти иловагии касбиро ташкил медиҳанд, ташаккули қобилияти амалии шунавандагонро барои амал намудан дар шароити зудтағйирёбандаи иқтисодӣ таъмин намесозанд. Дар қисмати асосии худ таҳсилоти иловагии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол ба методҳои анъанавии таълимӣ такя мекунад.
  2. Дар доираи амалисозии Консепсияи мазкур бояд мушкилоти гузариши таҳсилоти муттасили касбӣ ба технологияҳои нави таълимӣ ҳал карда шавад. Бо мақсади тавсеаи бештари истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ дар низоми таҳсилоти муттасил бояд хазинаи миллии модулҳои таълимӣ ва захираҳои таълимии электронӣ таъсис дода шавад.
  3. Технологияҳои нави таълимӣ дар заминаи методҳои фаъоли таълимӣ (таҳсилоти фосилавӣ дар асоси тик, маҷмааҳои омўзишӣ, бозиҳои корӣ, таълим бо усулҳои лоиҳавӣ ва коромўзӣ ва ғайра) самаранокии таълимро баланд мебардоранд. Ин амал дар шунавандагони барномаҳои таҳсилоти муттасил на танҳо дониши устувор, балки қобилияти татбиқ кардани ин донишҳоро дар фаъолияти амалӣ ташаккул медиҳад.

 

§5. Ҷорӣ намудани механизмҳои нави молиявӣ дар таҳсилоти муттасил

 

  1. Баланд бардоштани самаранокии бахши буҷетии иқтисодиёт хеле муҳим аст. Ин пурра ба татбиқи барномаҳои таълимӣ ва бозомўзии касбии кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ, муассисаҳои тобеи онҳо, ннчунин захираҳои кадрӣ барои хизмати давлатӣ тааллуқ дорад. Барои ин низоми маблағгузории таҳсилоти муттасил таҳия ва амалӣ карда мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои буҷетӣ ва худи шунавандагон бояд ба интихоб кардани барномаҳои таълимии таҳсилоти муттасил дар асоси тарзу усулҳои гуногуни маблағгузории таълим ҳуқуқ дошта бошанд.
  2. Барои баланд бардоштани таъмини молиявии барномаҳои таҳсилоти муттасил зарур аст, ки аз принсипҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷумла, истифодаи амсилаҳои гуногуни маблағгузории якҷояи шунавандагони барномаҳои таҳсилоти муттасил аз ҳисоби манбаъҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои рушди муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти муттасилро амалӣ мегардонанд, бештар истифода карда шавад.

 

5. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРӣ ВА МЕХАНИЗМҲОИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯ

 

  1. Манбаи асосии маблағгузории татбиқи Консепсия аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, саҳмгузориҳо ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳо, ҷалби маблағҳои бахши хусусӣ иборат мебошад. Маблағгузории Консепсия дар доираи Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ барои соҳаҳои дахлдор анҷом дода мешавад.
  2. Барои татбиқи Консепсия механизмҳои ҳуқуқӣ, ҷамъиятӣ, ташкилӣ ва захиравӣ истифода карда мешаванд. Таваҷҷуҳи махсус ба таъминоти ҳуқуқии тағйироти ниҳодӣ ва инфрасохторӣ дар соҳаи таҳсилоти муттасил дода мешавад. Дар таҳияи қонунгузорӣ муқаррароти асосии Консепсия ба инобат гирифта мешаванд.
  3. Татбиқи механизми ҷамъиятии идоракуиии рушди таҳсилоти муттасил иштироки васеи намояндагони иттиҳодияҳои корфармоён ва созмонҳои ҷамъиятии касбиро дар таҳияи талабот ба натиҷаҳои барномаҳои таълимии таҳсилоти муттасил, арзёбии сифати татбиқи онҳо дар назар дорад.
  4. Дар доираи ташкили тадбирҳои рушди муҳтаво ва технологияи таҳсилоти муттасил таъсиси марказҳои худмаблағгузори такягоҳии рушди таҳсилоти муттасил дар ҳамаи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст. Мақсади асосии ин марказҳо таъмини дастгирии илмию методии ташаккули соҳаи муосири таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  5. Ҳамчун усули таъмини захиравии татбиқи Консепсия дар баробари усулҳое, ки дар иҷрои барномаҳои соҳавӣ истифода мешаванд, ҳамзамон усулҳои нави амалишудае мавриди истифода қарор мегиранд, ки самаранокии баланди худро дар доираи татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ дар соҳаи таҳсилоти муттасил собит сохтаанд, инчунин аз принсипҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ истифода бурда мешавад.
  6. Дар навбати аввал, ин механизм дар таҳсилоти муттасил тавассути озмун дастгирӣ кардани барномаҳои инноватсионӣ ва таҷрибавӣ (пилотӣ), лоиҳаҳои аз ҷониби муассисахои таълимӣ ва ташкилотҳо амалишудае мебошад, ки ҳалли вазифаҳои гузошташуда ва иҷрои талаботи супоридашударо таъмин месозанд.

 

6. АРЗЁБИИ САМАРАНОКИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯ

 

  1. Самаранокии иҷтимоию иқтисодии татбиқи Консепсияи рушди низоми таҳсилоти муттасил тавассути низоми нишондиҳандаҳои мақсаднок, ки афзалиятҳои кишварро инъикос мекунанд, муайян карда мешавад.
  2. Ҳангоми интихоби нишондиҳандаҳо ва шохисҳо (индикаторҳо) маълумоти боэътимод, муқоисашаванда ва дастрас истифода карда мешавад. Нишондиҳандаҳое, ки самаранокии иҷтимоию иқтисодии татбиқи Консепсияро инъикос мекунанд, чунинанд:

- зиёд шудани ҳиссаи аҳолии ба кор машғулбудаи аз 25-сола боло, ки аз такмили ихтисос ё бозомўзӣ дар тўли соли охирин гузаштаанд, дар байни шумораи умумии аҳолии дар иқтисодиёт ба кор машғулбуда дар ҳамин гурўҳи синнусолӣ - на камтар аз 5 фоиз ҳар сол;

- зиёд шудани ҳиссаи дар давоми сол аз худ намудани барномаи тайёркунӣ ё бозомўзӣ, гузаштан аз такмили ихтисос аз ҳисоби маблағгузории ташкилотҳо ва корхонаҳо дар байни шумораи умумии дар чунин барномаҳо таҳсилгирифта - на камтар аз 5 фоиз ҳар сол;

- шумораи марказҳои сертификатсиякунонии дараҷаи тахассусҳо дар саросари кишвар - ташкили на камтар аз 5 маркази худмаблағгузор ҳар сол.

  1. Дар натиҷаи татбиқи Консепсия ноилшавӣ ба нишондиҳандаҳои мақсадноки самаранокии иҷтимоию иқтисодии рушди низоми таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 41 Консепсияи мазкур ба нақша гирифта мешавад.

 

7. НАТИҶАҲОИ ИНТИЗОРӣ АЗ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯ

 

  1. Ташаккули заминаҳои асосии низоми муосири таҳсилоти муттасил то соли 2023 барои дар оянда таъсис додани низоми таҳсилоти муттасиле, ки мушкилоти таъмини кадрҳои иқтисодиёти инноватсионӣ ва рушди ҳамаҷонибаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл хоҳад кард, имкон медиҳад.
  2. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ амалисозии барномаҳои таълимии модулиро ба роҳ монда, бояд қисми муҳими низоми таҳсилоти муттасил гардад. Як қатор муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчун "марказҳои такмили тахассус" эътироф карда мешаванд. Дар пояи чунин марказҳо дар қатори барномаҳои таълимӣ барои гирандагони таҳсилоти касбӣ бори нахуст барномаҳои таълимии такмили дараҷаи тахассус ва бозомўзии коргарон ва мутахассисон амалӣ карда мешаванд. Дар ташаккули чунин марказҳо ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти муосир метавонанд корхонаҳо ва ташкилотҳо низ иштирок намоянд. Дар муайян намудани самтҳои асосии омўзиш дар чунин марказҳо намояндагони корфармоён, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои иттифоқҳои касаба метавонанд ширкат кунанд.
  3. Навсозии босуръати технологияҳо тақозо мекунад, ки ба ташкилотҳое, ки таҳсилотӣ намебошанд, минбаъд тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳуқуқ ба таълим, бозомўзӣ ва такмили дараҷаи тахассус дода шавад. Барномаҳою тренингҳои пурмаҳсул (интенсивӣ) танҳо дар он ҷое, ки технологияҳои амалкунандаи муосир ва беҳтарин усулҳои ташкили кор ва идоракунӣ мавҷуданд, амалӣ карда мешаванд.
  4. Бояд низоми мукаммали аккредитатсияи барнома ва модулҳои таълимии таҳсилоти муттасил ташкил карда шавад.
  5. Махсусияти фаъолияти меҳнатии муосир гузариш ба принсипҳои модулии ташкили барномаҳои таҳсилоти муттасилро талаб мекунад. Бояд заминаи меъёрие, ки ба таъмини давомнокии омўзиш мусоидат мекунад, бо барномаҳои кўтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат ташкил карда шуда, ин барномаҳо ба рушди салоҳиятҳое, ки иқтисоди муосир ба онҳо талабот дорад, нигаронида шаванд. Дар зарурат имконияти гузаронидани модулҳои алоҳидаи барномаҳои таҳсилоти муттасил дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва ташкилотҳое пешбинӣ мегардад, ки сатҳи баландтарини тайёриро таъмин менамоянд. Низоми воҳидҳои санҷишие таҳия карда мешавад, ки барои пурра ба ҳисоб гирифтани натиҷаҳои таълимӣ дар таҳсилоти муттасил ва дар барномаҳои таҳсилоти такягоҳии касбӣ имкон медиҳад. Низоми воҳидҳои санҷишӣ дар ҳолатҳои алоҳида имкон медиҳад, ки таҷрибаи амалии тасдиқшудаи кормандон ҳамчун натиҷаи таълимӣ ҳисоб карда шавад.
  6. Унсури ҷудонашавандаи рушди таҳсилоти касбии муттасил низоми тайёркунӣ ва бозомўзии омўзгорон, сертификатсиякунонии онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, табодули донишҳои касбӣ ва таҷрибаи таълимӣ буда, ташкилотҳои давлатӣ ва хусусиеро, ки хизматрасониҳои таҳсилоти муттасилро амалӣ месозанд, фаро мегирад.
  7. Самти ояндадори рушди таҳсилоти муттасил, инчунин, бояд дар асоси озмун, бо такя ба принсипҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис додани марказҳои худмаблағгузор дар соҳаи таҳияи технологияҳои таълимӣ эътироф карда шавад. Ин марказҳо аз ҳисоби мутгаҳидгардонии захираҳои зеҳнӣ ва ташкилӣ бояд таъсиси технологияҳои рақобатпазири таълимиро барои истифодаи васеи онҳо дар низоми таҳсилоти муттасил таъмин намоянд.

 

Замима

 

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "25" январи соли 2017, № 28

 

Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Консепсияи

таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023

Чорабиниҳо

Мутасаддӣ

Муҳлати иҷро

1.

Таҳияи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии таҳсилоти муттасил

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2017-2018

2.

Таъсиси марказҳои худмаблағгузор ва барномаҳои худии таълими кадрҳо дар доираи муассиса ва корхонаҳо

Вазорату идораҳои дахлдор

2017-2019

3.

Дар харҷномаҳои суратҳисоби махсуси худ аз ҷониби ҳамаи андозсупорандагон пешбинӣ намудани хароҷотҳои омӯзиш тибқи барномаҳои таълимии асосӣ ва иловагии касбӣ, омодагии касбӣ ва бозомӯзии кормандон, аз ҷумла барои гирифтани таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбии махсус

Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия, вазорату идораҳои дахлдор

2017-2023

4.

Таҳия ва иҷрои барномаҳои дастгирии муассисаҳо (аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ)-е, ки барномаи таҳсилоти муттасилро амалӣ месозанд

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2018-2019

5.

Иҷрои лоиҳаҳои таҷрибавӣ (пилотӣ), ки ба рушди бахшҳои минтақавии таҳсилоти муттасил равона карда мешаванд

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2018-2023

6.

Дар заминаи муассисаҳои мавҷудаи. таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, марказҳои таълими калонсолон ва тайёрии муштарак таъсис додани марказҳои худмаблағгузори такмили тахассус

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, вазорату идораҳои дахлдор

2017-2023

7.

Таъсиси сомона ва даромадгоҳҳои порталҳои махсус оид ба таҳсилоти муттасил

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2018-2023

8.

Таъсиси марказҳои худмаблағгузори сертификатсиякунонӣ оид ба таҳсилоти муттасил

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2018-2023

9.

Таҳияи стандартҳои касбӣ оид ба таҳсилоти муттасил

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2017-2023

10.

Таъсиси низоми машваратҳои таълимӣ оид ба таҳсилоти муттасил дар заминаи хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ ва дар бахши хусусӣ

Вазорати маориф ва илм, Вазоратн меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2018-2023

11.

Ба тариқи озмун аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои дигари таҳсилоти касбӣ амалӣ кардани таълими мақсаднок барои омода намудани кадрҳо барои соҳаҳои буҷетӣ ва соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2018-2023

12.

Таъсиси низоми расмиёти сертификатсиякунонии тахассусҳои касбӣ (аз ҷумла барои                      кормандони таҳсилоташон олии касбӣ  ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ)

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2017-2018

13.

Ташкили доираи миллии тахассусҳо ва таҷдиди мунтазами он

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2017-2018

14.

Ҷорӣ намудани низоми аккредитатсия ва ташаккули баҳогузории рейтингии барномаҳои таҳсилоти муттасил

Вазората маориф ва илм, Вазорати меҳнат; муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2017-2018

15.

Тавсеаи бештари истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ дар низоми таҳсилоти муттасил

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2017-2023

16.

Таъсиси хазинаи миллии модулҳои таълимӣ ва захираҳои таълимии электронӣ оид ба таҳсилоти муттасил

Вазорати маориф ва илм, Вазорати

меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2018-2023

17.

Ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ оид ба таҳсилоти муттасил бо истифода аз ТИК

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2018-2023

18.

Таъминоти ҳуқуқии тағйироти ниҳодӣ ва инфрасохторӣ дар соҳаи таҳсилоти муттасил

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2019-2023

19.

Таъмини иштироки васеи намояндагони      иттиҳодияҳои корфармоён ва созмонҳои ҷамъиятии   касбӣ дар таҳияи талабот ба натиҷаҳои барномаҳои                таълимии таҳсилоти муттасил ва мониторинги   сифати татбиқи онҳо

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, вазорату идораҳои дахлдор

2018-2023

20.

Таъсиси марказҳои худмаблағгузорӣ такягоҳии рушди таҳсилоти муттасил дар ҳамаи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2019-2023

21.

Эътирофи як қатор муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчун "марказҳои такмили тахассус"

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2020-2023

22.

Таъсиси низоми мукаммали аккредитатсияи барнома ва амсилаҳои таълимии таҳсилоти муттасил

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2019

23.

Таҳияи низоми воҳидҳои санҷишие, ки барои пурра ба ҳисоб гирифтани натиҷаҳои таълимӣ дар таҳсилоти муттасил ва дар барномаҳои таҳсилоти такягоҳии касбӣ имкон медиҳанд

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

2018

24.

Бо такя ба принсипҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҳисоби муассисон таъсис додани марказҳо дар соҳаи таҳияи технологияҳои таълимӣ

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолӣ, вазорату идораҳои   дахлдор

2020-2023

25.

Гузаронидани конференсия,

семинар, машварат ва тренингҳо оид ба таҳсилоти муттасил

Вазорати маориф

ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, вазорату идораҳои дахлдор

Мунтазам

26.

Арзёбии самаранокии иҷтимоию иқтисодии татбиқи Консепсия тибқи нишондиҳандаҳо ва шохисҳо

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии омор

Ҳар сол

 

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ