Матн |
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" сентябри соли 2017, № 457
БАРНОМАИ РУШДИ КИНОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20182022 (минбаъд - Барнома) самтҳои афзалиятнок, вазифа ва механизмҳои амалишавии сиёсати давлатиро дар соҳаи кино муайян намуда, барои баланд бардоштани сифати истеҳсол ва намоиши филмҳо шароит фароҳам меоварад.
- Кинои тоҷик ҳамчун ниҳоди иҷтимоию фарҳангӣ барои ташаккули худшиносии мардум нақши арзанда мегузорад.
- Кинои тоҷик бояд бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва ҷавобгў ба талаботи замони муосир таваҷҷуҳи тамошобинонро ҷалб намуда, рақобатпазирии худро нигоҳ дорад. Барои филмсозони боистеъдод, низоми босамари идоракунӣ, техника ва технологияҳои муосир зарур мебошанд.
- Кинои тоҷик айни замон ба истеҳсоли филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки гузаштаву имрўзаро воқеъбинона инъикос намоянд ва масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро тасвир сохта, ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои неки халқи тоҷикро тарғиб кунанд, ниёз дорад.
- Тибқи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 23 январи соли 2015 дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои давлатӣ метавонад ба рушди соҳаи кино заминаи устувор гузорад.
- Амалишавии Барнома дар киностудияи давлатии "Тоҷикфилм" (минбаъд - "Тоҷикфилм") ва корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" (минбаъд - "Тоҷиккино") низоми идоракунӣ ва ҷобаҷогузории мутахассисонро ба танзим дароварда, мазмуну моҳияти истеҳсоли филмҳои гуногунжанри миллӣ ва намоиши киноро ғанӣ мегардонад ва барои офаридани филмҳои миллии баландғояи дар бозори кино рақобатпазир шароити муносиб фароҳам меоварад.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҲОЗИРАИ КИНОИ ТОҶИК
- "Тоҷикфилм" ва "Тоҷиккино" дар сохтори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, сиёсати давлатиро дар соҳаи кино пеш мебаранд.
- Ба ҳолати 1 январи соли 2017 дар тавозуни "Тоҷиккино" 30 кинотеатр бо 4100 ҷой, 13 синамонурафкан ва 16 дастгоҳи сайёри кинонамоишдиҳӣ мавҷуд мебошад.
9 Дар солҳои 2012-2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ барои соҳаи кино "Тоҷикфилм" 50 филми нав, аз ҷумла 12 филми ҳунарӣ, 22 филми мустанад, 9 филми кўтоҳметраи ҳунарӣ, 1 филми кўдакон ва 6 филми тасвириро истеҳсол ва пешкаши тамошобинон гардонид.
- Новобаста аз он, ки сол то сол маблағгузорӣ афзоиш меёбад, вале ин талаботи имрўзаи соҳаро қонеъ гардонида наметавонад. Чунки дар шароити муосир талаботи тамошобинон ба таҳияи филмҳо ва истифодаи техникаю технологияи инноватсионӣ бакуллӣ тағйир ёфта, истеҳсоли ин гуна филмҳо маблағгузории бештарро талаб менамоянд.
- Пешрафти илму техника, пайдо гардидани шабакаи ҷаҳонии интернет ва зиёд шудани видеои хонагӣ низ омили коҳиш ёфтани шумораи тамошобинон дар кинотеатрҳо гардид. Ҳоло беш аз 70 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд, дар бештари маҳалҳои аҳолинишин ҷойҳои ҷамъиятии дорои толорҳои кино, ки бо таҷҳизоти рақамии замонавӣ барои намоиши филмҳо ҷиҳозонида шуда бошанд, дида намешаванд.
- Новобаста аз ин, ба ҳолати 1 январи соли 2017 дар захираи кинои тоҷик 1069 нусха филмҳои гуногун мавҷуд мебошанд, ки як қисми онҳо ба фонди тиллоии "Тоҷиккино" дохил карда шудаанд, вале шароити нигоҳдорӣ ва барқарорсозии онҳо ба талабот ҷавобгў нест.
- "Тоҷиккино" ҳоло назорати фаъолияти нуқтаҳои намоиши кино ва видео, фурўшу кироя, инчунин сабти маводи шунавоӣ-биноӣ ва бозиҳои компютериро амалӣ менамояд. Вале бо сабаби нарасидани маблағҳои зарурӣ корхона фаъолияти оинномавии худ, яъне паҳн кардан ва намоиши филмҳои миллӣ, таъмири бинои кинотеатрҳо ва харидории таҷҳизотро ба таври самаранок ва пурра иҷро карда наметавонад,
- Кинотеатрҳои "Ватан", "Орлёнок", "Зебуннисо" ва "Ситора", ки дар шаҳри Душанбе ҷойгиранд ва дар тавозуни "Тоҷиккино" мебошанд, ба таъмири асосӣ ва ҷорӣ эҳтиёҷ доранд.
3. ОМОДА НАМУДАНИ КАДРҲО ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ МУТАХАССИСОН
- Дар сохтори "Тоҷикфилм" 36 мутахассис, аз ҷумла 3 филмноманавис, 12 коргардон, 3 садобардор, 4 танзимгари синамо ва танзимгари садо, 3 оташбоз, 3 наворбардор, 2 коргардони овоз, 2 пардозгари филм ва 2 рассом намерасад.
- Дар сохтори "Тоҷиккино" 178 корманд, аз ҷумла 35 нафар дар дастгоҳи марказӣ ва 143 нафар дар сохторҳои тобеи он фаъолият менамоянд.
- Айни замон "Тоҷиккино" ба 26 мутахассис, аз ҷумла 3 корманди техникӣ, 3 киномеханик, 2 тарҷумони филмҳо, 4 танзимгари симо ва садо, 4 киношинос, 3 менеҷер, 2 коргардони овоз, 4 муҳандис, 2 рассом ва 2 тарроҳ ниёз дорад.
- Бинобар ин яке аз афзалиятҳои асосии Барномаи мазкур омода намудани кадрҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, ҳамчунин ҷалби бештари мутахассисони соҳа ба фаъолияти филмофарӣ маҳсуб меёбад.
- Бо ин мақсад зарур аст, ки дар давоми солҳои 2018-2022 мутахассисони соҳаи кино дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, ба монанди Донишкадаи давлатии синамонигории ба номи С. А. Герасимов (шаҳри Москва), Донишкадаи давлатии кино ва телевизиони шаҳри Санкт-Петербург, ҳамчунин дар донишгоҳу донишкадаҳои кинои давлатҳои Франсия, Англия, Италия ва дигар кишварҳо омода карда шаванд.
- Яке аз муассисаҳои таълимии асосие, ки дар дохили кишвар ба омода кардани кадрҳои соҳа машғул аст, муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода" мебошад. Айни замон дар шуъбаи коргардонии филмҳои бадеии он 23 нафар донишҷў таълим мегиранд.
- Мутаассифона, то ҳол омода кардани кадрҳои баландихтисос ва истеҳсоли филмҳои дар бозори кино рақобатпазир ба роҳ монда нашудааст.
4. ПЕШРАВӣ ВА АЗ ХУД НАМУДАНИ ТАҶРИБАИ ҶАҲОНӣ
- Тайи солҳои охир саноати филмофарии тоҷик ба марҳилаи нави инкишоф ворид гардида, истеҳсол ва мазмуну мундариҷаи филмҳо беҳтар гардид. Аз ҷумла филмҳои "Оинаи беҷило", "Гунҷишки сафед", "Хоби ҳамдуна" ва "Муаллим" дар кинофестивалҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳои гуногун гардиданд.
- Бо мақсади мусоидат ва беҳтар намудани мониторинг, арзёбии ҳуҷҷатҳои стратегии соҳа, ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, № 355 Шўрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ таъсис дода шуд.
5. НАТИҶАИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМАИ РУШДИ КИНО БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2015
- Дар доираи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010, №572 тасдиқ гардидааст, як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
- Аз ҷумла солҳои 2012 - 2013 азнавсозии заминаи моддию техникии "Тоҷикфилм" беҳтар гардид ва ин имконият фароҳам овард, ки дар як вақт фаъолияти ду гурўҳи банаворгирӣ таъмин карда шавад.
- Дар доираи амалисозии Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 зиёда аз 44 филми гуногунмазмун истеҳсол карда шуд, ки ин 19,4 фоизи нақшаи амалишавии Барномаро ташкил менамояд.
6. МУШКИЛИҲОИ АСОСӣ ДАР СОҲАИ КИНО
- Дар соҳаи кино мушкилиҳои зерин мавҷуд мебошанд:
- заминаи сусти моддию техникӣ, аз ҷумла нарасидани техника ва технологияи замонавӣ;
- нарасидани воситаҳои молиявӣ ҷиҳати рушди соҳа;
- ба талаботи муосир ҷавобгў набудани фаъолияти инфрасохтори мавҷудаи кино, махсусан дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ;
- ба талаботи стандартҳои муосири ҷаҳонӣ мутобиқат накардани истеҳсоли филмҳо;
- норасоии кадрҳои баландихтисос ва паст будани ҳавасмандгардонии моддию маънавии мутахассисони соҳа;
- ба талаботи муосир ҷавобгў набудани низоми харид ва фурўши билетҳои кино;
- набудани шароити муносиб барои нигаҳдорӣ ва барқарорсозии филмҳо;
- суст будани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои қочоқи маводи аудиовизуалӣ.
- Дар доираи амалигардонии Барномаи мазкур роҳҳои бартарафсозии мушкилиҳои номбаршуда ба назар гирифта мешаванд.
7. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ СТРАТЕГИИ БАРНОМА
- Ҳадафи асосии Барнома, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самараноки соҳаи кинои ватанӣ дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат ва дар ин замина таъмини дастрасии баробари ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ мебошад.
- Барои ноил гардидан ба мақсадҳои асосии соҳа ва амалӣ намудани онҳо "Тоҷиккино" ва "Тоҷикфилм" тадбирҳои заруриро меандешанд.
Дар бахши "Тоҷиккино":
- мураттаб сохтани меъёрҳои муосири танзими давлатӣ дар соҳаи кино бо дарназардошти талаботи ҷомеа;
- такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии асосии соҳа;
- беҳтар намудани заминаи моддию техникии соҳаи кино ва рушди инфрасохтори он;
- фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ;
- муҳайё намудани шароити зарурӣ ҷиҳати фаъолияти ширкатҳо ва муассисаҳои муштарак дар соҳаи кино ва намоиши филмҳо. Дар бахши "Тоҷикфилм":
- таҳким ва навсозии заминаи моддию техникӣ бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти истеҳсолӣ, тадриҷан ҷорӣ намудани технологияи муосир;
- бозсозӣ ва мукаммалгардонии сохтори эҷодӣ дар асоси талаботи имрўзаи кинои ҷаҳонӣ;
- зиёд намудани истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ, воқеанома ва мустанади ҷавобгўи сатҳи байналмилалӣ;
- омўзиш ва таълими мутахассисони ҷавон дар дохил ва хориҷи кишвар:
- ҷалб намудани мутахассисони боистеъдод ба иттиҳодияҳо ва гурўҳҳои эҷодӣ;
- ташкил ва гузаронидани фестивал, конференсия ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
- такмили майдони наворбардорӣ дар мавзеи Симиганҷи дараи Ромит, бунёди майдончаҳои махсуси наворгирии филмҳо, барқарорсозии коргоҳи сохтмони ороишӣ ва сохтмони манзил барои аъзои гурўҳҳои наворбардорӣ;
- таҳкими ҳамкориҳо бо ташкилотҳои синамоии кишварҳои хориҷӣ, омўзиш ва табодули таҷриба дар соҳаи филмофарии муосир ва офаридани филмҳои муштарак;
- фароҳам овардани шароити дахлдор барои риояи қоидаҳои нигаҳдории филмҳо, маводи аслии филмҳои миллӣ, киносолномаҳо дар бойгонии филмҳои КД "Тоҷикфилм".
8. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
- Манбаъҳои асосии маблағгузории Барнома инҳо мебошанд:
- маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ;
- маблағҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- воситаҳои маблағгузории мақсадноки барномаҳои соҳавӣ ва лоиҳавӣ;
- маблағҳои грантӣ ва қарзҳои хазинаҳои байналмилалии ёрирасон, шахсони ҳуқуқӣ ва фондҳои хайриявӣ;
- сармояи дохилию хориҷӣ;
- маблағҳои ғайрибуҷетӣ (маблағҳои аз ҳисоби пешниҳоди хизматрасониҳо ва дигар пардохтҳои иҷоравӣ воридшаванда).
9. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШАВАНДА
- Барномаи мазкур марҳила ба марҳила амалӣ гардида, дар назар аст, ки дар натиҷаи амалишавии саривақтӣ ва самараноки он як қатор мушкилоти соҳа бартараф гардида, барои рушди соҳаи кинои тоҷик заминаи мусоид фароҳам меояд. Натиҷаҳои асосӣ аз амалӣ намудани Барномаи мазкур, пеш аз ҳама, дар ҷанбаҳои зерин дар назар аст:
- таъсис ёфтани низоми самарабахши идоракунӣ дар соҳаи кино (барои офаридани филмҳои пурмазмун ва намоиши онҳо дар кинотеатрҳои ба талаботи муосир ҷавобгў);
- беҳтар гардидани заминаи моддию техникӣ ва вазъи сохторҳои "Тоҷикфилм" ва "Тоҷиккино";
- истеҳсоли филмҳои миллии баландғоя ва дар бозори синамо рақобатпазир;
- баланд гардидани сатҳи касбии кормандони соҳа ва ҷалб намудани мутахассисони ҷавони ояндадор;
- рушди фаъолияти эҷодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи кино;
- беҳтар гардидани сатҳи дастрасии аҳли ҷомеа ба филмҳои баландсифати истеҳсоли ватанӣ;
- беҳтар гардидани маблағгузории соҳа ва ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба рушди он;
- беҳтар гардидани ҳолати нигаҳдорӣ ва таъмини филмҳои ватанӣ;
- бештар гардидани шумораи мутахассисони ҷавон ва кордони соҳа;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳа, пайдо гардидани истеъдодҳои нав ва муҳайё намудани шароити хуби корӣ барои мутахассисони соҳа.
- Барои минбаъд дар тасмаи кино офаридани филмҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
- Дар натиҷаи амалисозии Барнома 10 филми ҳунарӣ, 9 силсилафилми ҳунарӣ, 15 филми мустанад, 10 филми кўтоҳи бадеӣ, 8 филми тасвирӣ, 5 силсилафилми тасвирӣ, 10 филми кўтоҳи омўзишии мактаби синамогарони ҷавон офарида шуда, 25 филми бадеӣ тарҷума карда мешавад.
Замима
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" сентябри соли 2017, № 457
Нақшаи чорабиниҳо
оид ба амалисозии Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022
|
Мақсади асосӣ
|
Вазифаҳо
|
Тадбирҳо
|
Воҳиди ченак
|
Маблағҳо
(ҳаз.
сомонӣ)
|
Солҳо
|
Масъулон
|
Сарчашмаи маблағгузорӣ
|
|
2018
|
2019
|
2020
|
2021
|
2022
|
|
|
1. Дар бахши киностудияи давлатии «Тоҷикфилм»
|
Фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори соҳаи кинои тоҷик
|
Зиёд намудани шумораи истеҳсоли филмҳои ватании ба талаботи муосир ҷавобгў (бо дарназардош-ти хусусиятҳои хоси фарҳанги миллӣ)
|
Филмҳои ҳунарӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
7683
|
1800
|
1872
|
1946
|
1012
|
1053
|
Вазорати молия, Кумитаи телевизион ва радио, «Тоҷикфилм»
|
Буҷети
ҷумҳуриявӣ
|
адад
|
8
|
2
|
2
|
2
|
1
|
1
|
Иттиҳодияи эҷодии филмҳои мустанад ва киномаҷал-лаи «Тоҷикис-тон»
|
ҳазор сомонӣ
|
750
|
240
|
250
|
260
|
|
|
Кумитаи телевизион ва радио
|
Маблағҳои
худӣ
|
адад
|
9
|
3
|
3
|
3
|
|
|
Филмҳои кўтоҳ
|
ҳазор сомонӣ
|
515,5
|
140
|
146
|
151
|
78,5
|
|
Вазорати молия, Кумитаи телевизион ва радио, «Тоҷикфилм»
|
Буҷети
ҷумҳуриявӣ
|
адад
|
7
|
2
|
2
|
2
|
1
|
|
Ташкили филмҳои тасвирии 3D
|
Баланд бардоштани завқи тамошоби-нони наврас ба филмҳои тасвирӣ аз рўи асарҳои классикони тоҷик
|
Филмҳои тасвирӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
336,5
|
90
|
94
|
48,5
|
51
|
53
|
Вазорати молия, Кумитаи телевизион ва радио, «Тоҷикфилм»
|
Буҷети
ҷумҳуриявӣ
|
адад
|
7
|
2
|
2
|
1
|
1
|
1
|
Силсила- филмҳои тасвирӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
974
|
180
|
187
|
195
|
202
|
210
|
Кумитаи телевизион ва радио, «Тоҷикфилм»
|
Ҷалби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ва кумакҳои беруна
|
адад
|
5
|
1
|
1
|
1
|
1
|
1
|
Ҷалби бештари ҷавонони завқманд ба курсҳои сенарияна-висӣ
|
Барои ҳавасманд-гардонии ҷавонони завқманд ҳамасола ташкили наворбардо-рии беҳтарини филмномаи навқаламон
|
Идтиҳодия эҷодии синамога-рони ҷавон «Дебют»
|
ҳазор сомонӣ
|
541
|
100
|
104
|
108
|
112
|
117
|
Кумитаи телевизион ва радио, «Тоҷикфилм»
|
Ҷалби манбаъҳои иловагӣ ва кумакҳои беруна
|
адад
|
10
|
2
|
2
|
2
|
2
|
2
|
Тарҷума ва дубляжи филмҳои баландмаз-муни ҳунарӣ, ҳуҷҷатӣ ва илмӣ-оммавии дигар кишварҳо бо забони тоҷикӣ
|
Шинос намудани тамошобини тоҷик бо фарҳангу тамаддуни халқҳои гуногуни ҷаҳони муосир
|
Студияи тарҷума ва дубляж
|
ҳазор сомонӣ
|
406
|
75
|
78
|
81
|
84
|
88
|
«Тоҷикфилм»
|
Маблағҳои
худӣ
|
адад
|
25
|
5
|
5
|
5
|
5
|
5
|
|
|
Ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи филмофа-рӣ, табодули таҷриба
|
Даъват ва қабули синамога-рони кишварҳои гуногун, ташкили намоиши филмҳо дар сатҳи баланд
|
Фестивали филмҳои ҳунарии кўтоҳ, мустанад ва тасвирӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
918
|
|
450
|
|
468
|
|
Кумитаи телевизион ва радио, «Тоҷикфилм»
|
Ҷалби манбаъҳои иловагӣ ва кумакҳои беруна
|
адад
|
2
|
|
1
|
|
1
|
|
Фароҳам овардани шароити муосири филмбардорӣ, харидории нақлиёти соҳавӣ
|
Азнавсозии боғи автомобилӣ бо доштани нақлиёти махсус
|
Харидории воситаҳои нақлиёт
|
ҳазор сомонӣ
|
1557,5
|
252
|
853,5
|
140
|
207
|
105
|
Кумитаи телевизион ва радио, «Тоҷикфилм»
|
Ҷалби манбаъҳои иловагӣ кумакҳои беруна
|
адад
|
8
|
2
|
3
|
1
|
1
|
1
|
Беҳдошти ҳолати имрўзаи нақлиёт
|
Истифода аз имкониятҳои захиравии мавҷуда
|
Таъмири воситаҳои нақлиёт
|
ҳазор сомонӣ
|
49,5
|
17
|
22,5
|
0
|
0
|
10
|
«Тоҷикфилм»
|
Маблағҳои
худӣ
|
адад
|
6
|
2
|
3
|
0
|
0
|
1
|
Беҳдошти шароити корӣ
|
Ба талаботи имрўза мувофиқ намудани иншооти мавҷуда
|
Таъмири асосӣ ва ҷории зерсохтори мавҷуда
|
ҳазор сомонӣ
|
1030
|
-
|
600
|
430
|
-
|
-
|
Кумитаи телевизион ва радио
|
Маблағҳои
худӣ
|
адад
|
4
|
-
|
2
|
2
|
-
|
-
|
Беҳтар намудани сифати филмбар-дорӣ
|
Таъмини коргоҳи рўшноидиҳӣ бо дастгоҳҳои пуриқтидори рўшноиди-
ҳанда
|
Таҷҳизоти рўшноиди-ҳӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
600,6
|
600,6
|
|
|
|
|
Вазорати молия, Кумитаи телевизион ва радио, «Тоҷикфилм»
|
Буҷети
ҷумҳуриявӣ
|
адад
|
4
|
4
|
|
|
|
|
Ворид намудани технологи-яи нави танзим
|
Ҷорӣ намудани роҳҳои нави пешрафтаи танзими филм
|
Таҷҳизоти истеҳсоли кино
|
ҳазор сомонӣ
|
529,84
|
|
302,64
|
113,6
|
113,6
|
|
Вазорати молия, Кумитаи телевизион ва радио, «Тоҷикфилм»
|
Буҷети
ҷумҳуриявӣ
|
адад
|
7
|
|
5
|
1
|
1
|
|
Мустаҳкам намудани базаи филмбар-дорӣ, ворид намудани дастгоҳҳои навтарини филмбар-дории аврупоӣ
|
Баробар намудани сифати филмбарорӣ бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон
|
Тачҳизот ва дастгоҳи киногирӣ ва видеоии рақамӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
3496,2
|
784,1
|
2237,4
|
422,6
|
33,6
|
18,5
|
Кумитаи телевизион ва радио, «Тоҷикфилм»
|
Ҷалби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ва кумакҳои беруна
|
адад
|
41
|
14
|
12
|
7
|
5
|
3
|
Ворид намудани таҷҳизоти сабти садои замонавӣ
|
Тоза навиштани овози ҳунармандон ва сабти садои табиӣ
|
Таҷҳизоти сабти садо
|
ҳазор сомонӣ
|
334,6
|
120,7
|
72,7
|
|
141,2
|
|
Вазорати молия, Кумитаи телевизион ва радио, «Тоҷикфилм»
|
Буҷети
ҷумҳуриявӣ
|
адад
|
34
|
4
|
11
|
|
19
|
|
Ворид намудани маводи замонавии пардозгарӣ
|
Ташкили шароити мусоиди пардозгарӣ
|
Маводи пардозгарӣ (барои ҳар як филм дар назар гирифта шудааст)
|
ҳазор сомонӣ
|
100
|
20
|
20
|
20
|
20
|
20
|
«Тоҷикфилм»
|
Маблағҳои
худӣ
|
адад
|
50
|
10
|
10
|
10
|
10
|
10
|
Таъмини коргоҳҳои киносту-дия бо кадрҳои баланд-ихтисос
|
Дар асоси созишнома, шартнома, ёддошти тафоҳуми давлатӣ ба таври шартномавӣ ва тибқи саҳмия фиристонид-ани кадрҳо барои таҳсил дар хориҷи кишвар
|
Омода намудани кадрҳо барои рушди соҳа дар хориҷи кишвар.
|
нафар
|
36
|
8
|
6
|
8
|
5
|
9
|
Дар асоси созишнома, шартнома, ёддошти тафоҳуми давлатӣ ба таври шартномавӣ ва тибқи саҳмия дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио
|
|
|
|
Ҷамъ
|
ҳазор сомонӣ
|
19822
|
4419
|
7290
|
3916
|
2523
|
1675
|
|
|
2. Дар бахши корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино»
|
Роҳандо-зии низоми ягонаи фаъоли мутамар-казкунан-даи соҳаи идоравии кино
|
Пешиниҳоди лоиҳа, харҷнома ва ҷамъоварии маблағҳо аз ҳисоби даромадҳо
|
Таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди корхонаҳои фаръии давлатии кино дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, барқарор-созӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии соҳа
|
ҳазор сомонӣ
|
2500
|
500
|
500
|
500
|
500
|
500
|
«Тоҷиккино»
|
Маблағҳои
худӣ
|
Мувофиқ-гардонии тарҳи биноҳо, иншоотҳо ба санъатҳои меъмории замонавӣ
|
Таъмин намудани шароит барои зиёдгардонии марказҳои фарҳангиву фароғатӣ
|
Таъмиру тармими иншооти мавҷуда ва бунёди биноҳои замонавӣ аз рўи лоиҳа ва харҷномаи муайян
|
ҳазор сомонӣ
|
5000
|
1000
|
1000
|
1000
|
1000
|
1000
|
Вазорати молия, Кумитаи телевизион ва радио,
«Тоҷиккино»
|
Буҷети
ҷумҳуриявӣ
|
Замонавӣ ва мувофиқ- гардонии сатҳи хизматра-сониҳо
|
Муҳайё намудани шароити мусоид ва ҷалб намудани тамошобинон ба кино
|
Харидории таҷҳизот ва дигар муҳимот барои толорҳо (таҷҳизоти садо, чароғҳои равшаниди-ҳанда, курсӣ, қандилҳои барқӣ ва пардаҳо)
|
ҳазор сомонӣ
|
7000
|
1400
|
1400
|
1400
|
1400
|
1400
|
Кумитаи телевизион ва радио, «Тоҷиккино»
|
Ҷалби манбаъ-ҳои ғайрибуҷетӣ ва кумакҳои беруна
|
Ба кор дароварда-ни низоми фаъоли самарано-ки кори кинотеатр-ҳо
|
Ба даст овардани маблағҳои даромад аз ҳисоби фурўши билети кино
|
Харидории филмҳои баландғоя ва рақобатпа-зир
|
ҳазор сомонӣ
|
1400
|
600
|
-
|
400
|
200
|
200
|
Кумитаи телевизион ва радио
|
Маблағҳои
худӣ
|
Таъмини коргоҳҳои «Тоҷикки-но» бо кадрҳои баланд-ихтисос
|
Дар асоси созишнома,
шартнома, ёддошти тафоҳуми давлатӣ ба таври шартномавӣ ва тибқи бурсияҳо фиристонида-ни кадрҳо барои таҳсил дар хориҷи кишвар
|
Омода намудани кадрҳо барои рушди соҳа дар хориҷи кишвар
|
нафар
|
26
|
6
|
6
|
5
|
5
|
4
|
Дар асоси созишнома, шартнома, ёддошти тафоҳуми давлатӣ ба таври шартномавӣ ва тибқи бурсия дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио
|
|
|
|
Ҷамъ
|
ҳазор сомонӣ
|
15900
|
3500
|
2900
|
3300
|
3100
|
3100
|
|
|
|
|
Ҳамагӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
35722,2
|
7919,36
|
10189,7
|
7215,7
|
5622,9
|
4774,5
|
|
|
|
|
аз ҷумла:
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
15000
|
3751
|
3487
|
3259
|
2396
|
2106
|
|
|
|
|
Маблағҳои худӣ
|
ҳазор сомонӣ
|
6235,5
|
1452
|
1470,5
|
1691
|
804
|
818
|
|
|
|
|
Ҷалби манбаъҳои ғайрибу-ҷетӣ ва кумакҳои беруна
|
ҳазор сомонӣ
|
14486,7
|
2716,1
|
5231,9
|
2265,6
|
2422,6
|
1850,5
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|