Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 322
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ АДОЛАТИ СУДӢ НИСБАТИ КЎДАКОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 29.06.2017
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ АДОЛАТИ СУДӢ НИСБАТИ КЎДАКОН

 БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кўдакон барои солҳои 2017-2021 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамоҳангсоз) якҷо бо вазорату идораҳои марбута ҷиҳати амалигардонии Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои донорӣ чораҳои зарурӣ андешад.
  3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 29 июни соли 2017, № 322

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ