Классификатор Барнома
Рақам 794
Ном БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИИ КАСБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 30.12.2015
Матн

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2015, № 794

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИИ КАСБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

 

  1. Муқаддима

 

  1. Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (минбаъд - Барнома) дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010, № 499 "Дар бораи Консепсияи раҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 373 "Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзии шаҳрвандони бекор" таҳия гардидааст.
  2. Барнома моҳиятан иҷтимоӣ буда, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат нақши муҳим дорад ва амалӣ гаштани он барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ, тақсимоти меҳнат, роҳандозии фаъолияти меҳнатии босамари одамон дар таносубҳои муайян байни соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти моддӣ ва маънавӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
  3. Барнома таҷассумгари иқдоми пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатии шаҳрвандон, баробарии байни меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ, таҷриба ва малакаи истеҳсолӣ, дониши умуминазариявӣ ва махсус, касбинтихобкунии ҷавонон, малакаю сифатҳои шахсии одамон ва рушди захираҳои меҳнатӣ мебошад.
  4. Барнома чорабиниҳоро оид ба таъмини кафолати иҷтимоӣ дар интихоби озоди касб, шакли машғулият ва роҳҳои худамалисозии шахсият, мувозинати байни шавқу ҳавас ва касби интихобкардаи шахсият хусусиятҳои психофизиологии он ва имкониятҳои бозори меҳнат, қаноатмандии шахсият аз меҳнат ва ноилшавӣ ба мақоми шахсии иҷтимоӣ, амалисозии нерўи фардӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва некўаҳволии арзанда дар бар мегирад.
  5. Барнома дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, арзишҳои миллию башарӣ, эҳёи дарки худшиносии таърихӣ, ҳуввият ва анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои илмию техникӣ ва ғайра таҳия шудааст, Он имконият медиҳад, ки ислоҳоти системаи роҳнамоии касбӣ ва кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихоби касб таъмин гардад. Тавассути ин Барнома роҳнамоии касбии шаҳрвандон новобаста аз мансубияти миллӣ, нажодӣ, ирқӣ, динӣ, қавмӣ, ҷинсӣ, забонӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк таъмин мегардад.

 

2. Вазъи кунунии соҳа

 

  1. Муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди низоми давлатии роҳнамоии касбӣ яке аз равандҳои асосии тараққиёти давлат ба ҳисоб рафта, он тамоми қаламрави ҷумҳуриро дар бар мегирад ва ба ҷавонон имконияти гуногуни хизматрасониро оид ба роҳнамоии касбӣ, таҳияи заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тайёр намудан, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисонро таъмин менамояд.
  2. Имрўз дар дунё беш аз 40 ҳазор намуди касб мавҷуд аст. Баробари тараққиёти босуръати илму техника, иқтисоди бозаргонӣ, талаботи бозори - меҳнат ва пешравии ҷомеа 500 намуди касб аз байн рафта, ҳамзамон зиёда аз он касбҳои наву ҷавобгўи талаботи давру замон ба миён меоянд. Оё ҷавонони имрўза касбро аз рўи хоҳиш ва қобилияти хеш интихоб мекунанд.
  3. Ҳоло на танҳо мардон, балки занон ииз дар ҷустуҷўи кор ва дарёфти ризқу рўзӣ ба кишварҳои дуру наздик рафта, ба корҳои вазнини каммузд машғул мешаванд ва дар он ҷо шароитҳои номусоиди зиндагӣ доранд. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои асосии чунин вазъият дар бозори меҳнат ва умуман дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ паст будани сатҳи дониш, соҳиби касбу ихтисос набудани шаҳрвандон, ҳамзамон ба иқтидори пурра фаъолият надоштани корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад.
  4. Интихоби касб ҳанўз аз овони мактабхонӣ оғоз меёбад. Аз ин рў, омўзгор бояд майлу хоҳиш, қобилият ва шавқу ҳаваси хонандагонро ба инобат гирифта, дар қалби онҳо нисбати касби дўстдоштаашон меҳру муҳаббатро бедор созад. Бо ин мақсад дар ҳамаи муассисаҳои томактабию таълимӣ гўшаҳои интихоби касб бо унвони "Ҳамаи касбҳо хубанд", "Касби ман - ифтихори ман", "Кӣ шудан мехоҳӣ," ва ғайраҳо ташкил шуда, вохўриву сўҳбатҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногун

гузаронида мешавад. Мутаассифона, ин чорабиниҳо мувофиқи мақсад ба роҳ монда нашудаанд. Масалан, дар аксарияти муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ҳангоми сўҳбат бо хонандагони синфҳои болоӣ маълум шуд, ки ба масъалаи касбинтихобкунии мактаббачагон сатҳи муносибат мекунанд. Хонандаро аз рўи касби интихобнамудааш омода намесозанд ва ба ў барои таваҷҷўҳ намудан ба кадом равияи муайян ҷиддан тавсия намедиҳанд. Махсусан ҷиҳати маълумотнокии шогирдон дар бораи дар куҷо ва чӣ гуна касб омўзонидан, аз ҷониби роҳбарони ин мактабҳо кўмак расонида намешавад.

  1. Аз таҳлилу таҳқиқоти гузаронидашуда бармеояд, ки масъалаҳои ба шуғл ҷалб кардани бекорон, тарбия намудани кадрҳои тахассусӣ дар самти роҳнамои касбӣ ба такмил ниёз доранд. Зеро пешравии илму техиика, рушди бемайлони муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ тарзу усулҳои нави корбарии ҷавобгў ба талаботҳои бозори меҳнатро талаб мекунад.
  2. Шавқу ҳавас ва рағбат надоштан ҳангоми интихоби касб боиси он мегардад, ки ҷавонон аз рўи касби саҳвану таваккалӣ интихобкардаашон фаъолият кардан намехоҳанду ба кор дилгармӣ надоранд ва оқибат корашон самар намедиҳад. Махсусан як чизро таъкид бояд кард, ки касб аз ҳунар фарқ дорад. Равоншиносон муайян кардаанд, ки дар интихоби касб ҷавонон ба чунин хатогиҳо роҳ медиҳанд: интихоби касб бо таъсири падару модар; интихоби касб бо таъсири рафиқон; аз ҷиҳати зоҳирӣ интихоб кардани касб ва бемақсад интихоб кардани касб.
  3. Дар ин самт волидайн бояд нақши муҳимро бозанд. Онҳо имконияту қобилияти фарзандро ба инобат гирифта, дар ҳамкории зич бо омўзгорону равоншиносон ба онҳо дар интихоби дурусти касб кўмак расонанду маслиҳат диҳанд.

 

3. Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома

 

  1. Роҳнамоии касбӣ бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- таъмини кафолати иҷтимоӣ дар интихоби озоди касб, шакли машғулият ва роҳҳои худамалисозии шахсият дар шароити муносибатҳои бозорӣ;

- ноил гаштан ба мувозинати байни шавқу ҳавас ва касби интихобкардаи шахсият, хусусиятҳои психофизиологии он ва имкониятҳои бозори меҳнат;

- пешбинии дастовардҳои касбии кормандон дар ин ё он соҳаҳои фаъолияти меҳнатӣ;

- мусоидат ба инкишофи бемайлони сатҳи омодагии маҳорати касбии шахсият ҳамчун омили (шарти) муҳимтарини қаноатмандии ў аз меҳнат ва ноилшавӣ ба мақоми шахсии иҷтимоӣ, амалисозии нерўи фардӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва некўаҳволии арзанда.

  1. Ташаккули роҳнамоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тибқи татбиқи вазифаҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- гузаронидани машварати касбӣ ва машварати равонӣ, таҳқиқоти сотсиологӣ ва равонӣ тибқи талаботи бозори меҳнат ба ҳама намудҳои касб ва ихтисосҳои коргарӣ;

- бо ҷалби коршиносони ватанию хориҷӣ таҳияи нақшаю пурсишномаҳои нави машваратӣ мутобиқи меъёрҳои касбӣ;

- гузаронидани машваратҳои касбӣ (инфиродӣ, гурўҳӣ) ва равонӣ (психологӣ);

- ҷорӣ намудани технология ва усулҳои нави машварати касбӣ ва бо воситаи компютер гузаронидани тест- машваратҳо;

- такмил ва таҳкими системаи роҳнамоии касбии ҷавонон, наврасон ва калонсолон (таҳия ва нашри маводҳои таблиғотӣ);

- тавассути ҷалби мутахассисон ташкили семинару вохўриҳо) таҳияи маводи методӣ доир ба роҳнамоии касбӣ дар интихоби бошууронаи касб ва дагар усулҳои интихоби касбҳои ҷаҳонӣ.

 

4. Натиҷаҳои мавриди интизор

 

  1. Татбиқи Барномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки ташкили таъмини иҷтимоиву иқтисодии самти роҳнамоии касбӣ ва аҳамияти ҷамъиятиву давлатии онро дар марҳилаи имрўза фаро гирад ва сиёсати ягонаи давлатиро дар ин самт амалӣ гардонад. Ҳамчунин татбиқи Барнома имконият медиҳад, ки мазмуни тарбияи меҳнатӣ, интихоби касб ва роҳнамоии касбии ҷавонон мувофиқи талаби бозори меҳнат тағйир дода шуда, бо усулу тарзҳои истифодаи технологияи муосир, ки барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси рақобатпазир ба бозори меҳнат мусоидат менамояд, шиносоӣ пайдо кунанд.
  2. Пешбинӣ мегардад, ки тавассути татбиқи чорабиниҳои Барнома дар солҳои 2016-2020:

- ба 128090 нафар хизмати касбӣ расонида мешавад; аз он ҷумла: -109779 нафар маълумот ва маслиҳатҳои касбӣ мегиранд;

- 6955 нафар аз интихоби касбӣ мегузаранд;

- 11356 нафар ёрии касбӣ мегиранд; 10552 нафар шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳодатномакунонӣ сафарбар карда мешаванд;

- 9521 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷўён ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар мешаванд;

- ба 10201 нафар шаҳрвандон хизматҳои маслиҳатӣ ва машваратӣ расонида мешавад;

- вобаста ба имконият дар сатҳи ҷумҳурӣ 25 маротиба таҳқиқотҳои сотсиологӣ гузаронида мешавад;

- таҷдиди сохтори маҳаллии мақомоти роҳнамоии касбӣ гузаронида мешавад.

  1. Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои Барнома сатҳи шуғлнокии аҳолӣ нисбат ба соли 2014 ба андозаи 0,8 фоиз зиёд мегардад. Барнома имконият медиҳад, ки дар ин муддат 150,2 ҳазор нафар шаҳрвандон, аз ҷумла ба 128,1 ҳазор нафар бевосита тавассути мусоидати мақомоти роҳнамоии касбӣ барои интихоби дуруст ва озодонаи касб, шакли машғулият ва роҳҳои худамалисозии шахсият дар шароити муносибатҳои бозорӣ хизматрасонӣ карда мешавад.

 

5. Таъмини молиявии Барнома ва назорати иҷрои он

 

  1. Маблағгузории чорабиниҳои Барнома дар доираи маблағҳои тасдиқгардидаи вазорату идораҳо амалӣ карда мешавад. Ҳамчунин дар назар аст, ки барои татбиқи Барномаи мазкур дигар маблағҳо, аз ҷумла грантҳо, маблағгузориҳои ихтиёрии ташкилоту созмонҳо истифода карда мешаванд.
  2. Дар асоси шартнома байни муассисаҳои таълимӣ, кордиҳандагон ва хонандагон, новобаста аз манбаъҳои маблағгузаронӣ тайёр намудани мутахассисон пешбинӣ шудааст. Ҷалби маблағҳои корфармоён ва дигар маблағҳои хайриявӣ бо роҳи бастани шартномаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
  3. Масъули таъмини иҷрои Барнома Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд, ки ҷараёни иҷрои онро ҳар нимсола дар ҷaласаҳои ҷамъбастӣ баррасӣ намуда, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол менамояд.
  4. Назорати иҷрои Барномаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ анҷом медиҳанд.
©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ