Матн |
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2015, № 792
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ ВА ХУШЗОТКУНИИ ЧОРВО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
- Муқаддима
- Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (минбаъд - Барнома) бо мақсади нигоҳ доштани сифатҳои ирсии зотҳои парваришёбандаи чорво, зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ, такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокӣ ва ба ин васила таъмин намудани талаботи хоҷагиҳои давлатӣ, ҷамоавӣ, кооперативӣ, деҳқонӣ ва аҳолӣ бо асбобу анҷоми бордоркунии сунъии чорвои зотӣ ва ҳосили (нутфаи) яхбандондаи буққа, такка ва қучқорҳои сермаҳсули зотӣ таҳия гардидааст.
- Кори зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво - маҷмўи чорабиниҳои зоотехникӣ, биотехнологӣ ва хоҷагидорӣ мебошад, ки ба ҳифз ва такмил додани зотҳои мавҷуда, инчунин офаридани ҷинсу зотҳои нави сермаҳсули чорво равона гардидааст. Айни замон рушди чорводорӣ аз иҷрои чорабиниҳои маҷмуӣ оид ба ташкил ва пешбурди корҳои зотпарварию хушзоткунии чорво бо истифода аз дастовардҳои ҳозиразамони соҳаи селексия ва ирсиятшиносӣ вобастагии калон дорад
- Ҳамзамон рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво барои афзун намудани саршумор ва маҳсулнокии чорво, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли гўшту шир ва дар ин замина ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат заминаи мусоид мегузорад. Инчунин рушди ин соҳа дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ҳиссаи арзанда дорад.
2. Вазъи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар марҳилаи ҳозира ва рушди он
- Аз рўи маълумоти ҳисоби зотҳои чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1990) саршумори чорвои калони зотӣ 360 ҳазор сар, аз ҷумла модагов 133 ҳазор сар, гўсфанду буз 1425,7 ҳазор сар, асп 34,7 ҳазор сарро ташкил медод.
- Ҳамзамон соли 2014 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2014, № 590 аттестатсияи хоҷагиҳои зотпарварӣ гузаронида шуд, ки аз рўи натиҷаи он дар хоҷагиҳои зотпарварии ҷумҳурӣ 13,2 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 4,1 ҳазор сар модагов, 162,1 ҳазор сар гўсфанду буз ва 1,0 ҳазор сар аспи зотӣ мавҷуд аст, ки нисбати солҳои пешин кам гардидааст.
- Айни замон аз рўи маълумоти оморӣ зиёда аз 92 фоизи саршумори чорвои калон ва 82 фоизи гўсфанду буз ба бахши аҳолӣ рост меояд, ки аз рўи вазни зинда ва маҳсулнокӣ ба талаботи стандартии зот ҷавобгў нестанд.
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз усули асосии беҳтар намудани зоти чорво бордоркунии сунъӣ ба ҳисоб рафта, бо роҳи бордоркунии сунъӣ аз истифодаи як сар буққа, кучқор ва таккаи зотӣ ҳазорҳо сар насли хушзот гирифтан мумкин аст.
- Бо ин мақсад солҳои 90 - уми асри гузашта дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 460 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорвои калон фаъолият дошта, ҳамасола тавассути ин нуқтаҳо 130-140 ҳазор сар чорво ба таври сунъӣ бордор карда шуда, аз бордоркунии сунъӣ ҳамасола аз 117 то 120 ҳазор сар насли хушзот гирифта мешуд.
- Дар баробари ин ҳар сол ба ҷумҳурӣ аз хориҷи мамлакат 3,54,0 ҳазор сар чорвои калон, 6,0 - 7,0 ҳазор сар моли майдаи зотӣ ва 100 ҳазор воя ҳосили (нутфаи) чорвои сермаҳсул ворид мегардид. Аз ин лиҳоз дар сатҳи зарурӣ қарор доштани бордоркунии сунъӣ, воридоти чорвои зотӣ ва ҳосили (нутфа) чорвои сермаҳсул аз хориҷи мамлакат ба рушди соҳа, зиёд гардидани саршумори чорвои зотӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ҳаматарафа мусоидат менамуд.
- Айни замон бошад, дар миқёси ҷумҳурӣ 285 нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво фаъолият менамоянд, ки соли 2014 дар ин нуқтаҳо 27,9 ҳазор сар чорвои калони шохдор бо таври сунъӣ бордор гардида, 21,2 ҳазор сар насли хушзот гирифта шудааст. Барои беҳтар намудани сифати зот ва маҳсулнокии чорвои калони шохдор дар нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ аз ҳосили (нутфаи) буққаҳои сермаҳсули зотҳои сиёҳало, голштинӣ, (селексияҳои амрикоӣ, австриягӣ, канадагӣ, олмонӣ) ва швитсу-зебумонанду селексияи ватанӣ истифода бурда мешавад.
- Аз натиҷаи таҳлилҳо маълум мегардад, ки саршумори чорво дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ нисбати солҳои 90 - уми асри гузашта зиёд гардида, вале сифати зот ва маҳсулнокии чорво дар сатҳи паст қарор дорад.
- Бинобар ин дар оянда зарур аст, ки барои беҳтар намудани сифати зот, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва амалигардонии корҳои селексионӣ, зотпарварӣ ва хушзоткунӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.
- Дар баробари ин заминаи хўрокаи чорво сол то сол суст гардида, айни замон вазни қиёсии зироатҳои хўроки чорво дар сохтори кишт аз 20,1 фоизи соли 2007 то 12 фоиз дар соли 2014 кам гардида, ба 1 сар чорвои шартӣ 0,05 гектар рост меояд. Ҳамзамон дар ин давра ҳосилнокии зироатҳои асосии хўроки чорво низ кам гардида истодааст. Аз ин рў таъминот аз рўи ҳаҷм ва ғизонокӣ ба андозаи 40-50 фоиз, моддаи хушк ва протеин вобаста ба фаслҳои тобистон ва зимистон аз 30 то 70 фоизро ташкил медиҳад.
3. Мақсад ва зарурати қабули Барнома
- Барнома барои пешбурди сиёсати ягонаи истеҳсолӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво таҳия гардидааст.
- Мақсади асосии Барнома таъмин намудани раванди бозтавлиди чорво баҳри такмил додани сифатҳои ирсию маҳсулнокӣ, ҳифзи хазинаи ирсии зотҳои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда ва беҳтар намудани корҳои селексионӣ мебошад. Дар баробари ин барои расидан ба мақсади асосии Барнома ҷорӣ намудани технологияи ҳозиразамон дар соҳаи зотпарварӣ, воридот ва фурўши маводҳои зотӣ (нутфа ва ҷанин) аз хориҷи мамлақат барои такмили зоти чорво мавқеи муҳим дошта, ба афзун гардонидани саршумори чорвои хушзот ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ мусоидат менамояд.
4. Роҳҳои иҷрои Барнома
- Барои таъмини иҷрои Барнома ҳалли масъалаҳои зерин зарур аст:
- таъминоти илмию методӣ ва назорати рафти пешбурди корҳои зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, новобаста аз шакли хоҷагидорӣ;
- ташкили нуқтаҳои нав, беҳтар намудани фаъолияти нуқтаҳои амалкунандаи бордоркунии сунъӣ, муассисаҳои (стансияҳои) бордоркунии сунъии чорво ва таъмини онҳо бо маводҳои зотӣ (нутфа);
- таҳлил ва арзёбии чорвои сермаҳсул аз рўи сифати насл ва маҳсулнокӣ;
- ворид намудани чорвои зотӣ ва ҳосили (нутфаи) буққаҳои сермаҳсули калон ва гўсфанду буз аз хориҷи мамлакат;
- таъсис додани маҳзани нутфаи яхбандонда ва маҷмўи низоми хизматрасонии маълумотӣ оид ба хазинаи ирсии чорво;
- тайёр намудани мутахассисони бордоркунии суньии чорво ва баланд бардоштани тахассуси онҳо.
5. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома
- Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ дар доираи Барномаи миёнамўҳлати хароҷоти давлатӣ, қарзҳои бонкӣ, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, инчунин грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст.
6. Дурнамои маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ҷалби маблағҳои хоҷагиҳои фермерӣ, грантҳои ташкилотҳои ватанию хориҷӣ ва қарзҳои бонкӣ дар солҳои 2016-2020
Ниг.ба ҷадвал
(бо ҳазор сомонӣ)
№
т/т
|
Нишондиҳанда
|
Солҳо
|
2016
|
2017
|
2018
|
2019
|
2020
|
аз ҳисоби сармояи ватанию хориҷӣ ва маблағҳои грантӣ
|
аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ
|
аз ҳисоби сармояи ватанию хориҷӣ ва маблағҳои грантӣ
|
аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ
|
аз ҳисоби сармояи ватанию хориҷӣ ва маблағҳои грантӣ
|
аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ
|
аз ҳисоби сармояи ватанию хориҷӣ ва маблағҳои грантӣ
|
аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ
|
аз ҳисоби сармояи ватанию хориҷӣ ва маблағҳои грантӣ
|
1.
|
Хариди ҳосили (нутфаи) буққа, қучқор ва таккаҳои зотҳои сермаҳсул аз хориҷи мамлакат
|
-
|
100,0
|
-
|
100,0
|
-
|
100,0
|
-
|
-
|
-
|
2.
|
Хариди асбобу анҷоми бордоркунии сунъии чорво
|
-
|
100,0
|
-
|
100,0
|
-
|
100,0
|
-
|
-
|
-
|
3.
|
Хариди техникаҳои каммасраф барои мутахассисони соҳаи хушзоткунии чорвои аҳолӣ
|
200,0
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
-
|
4.
|
Дастрас намудани техникаҳои кишоварзӣ барои муассисаҳои давлати хоҷагиҳои зотпарварӣ
|
-
|
-
|
500,0
|
-
|
-
|
-
|
500,0
|
-
|
-
|
5.
|
Ворид намудани чорвои хушзот аз хориҷи мамлакат
|
-
|
-
|
-
|
-
|
500,0
|
-
|
-
|
-
|
500,0
|
6.
|
Таъмири биноҳо, озмоишгоҳҳои филиалҳои муассиса ва бо таҷҳизоти ҳозирзамон муҷҷаҳаз намудани онҳо
|
-
|
-
|
500,0
|
-
|
200,0
|
-
|
-
|
-
|
-
|
7.
|
Хариди нақлиёти махсус (барои интиқол додани азоти моеъ)
|
-
|
-
|
-
|
-
|
300,0
|
-
|
-
|
-
|
-
|
|
Ҷамъ:
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Ҳамагӣ: Сармояи ватанию хориҷӣ ва маблағҳои грантӣ дар давраи солҳои 2016-2020 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар давраи солҳои 2017-2019 500 ҳазор сомонӣ
7. Дурнамои зиёд намудани чорвои сунъӣ бордоркардашуда ва гирифтани насли хушзот аз бордоркунии сунъӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар давраи солҳои 2016-2020
Ниг.ба ҷадвал
№
т/т
|
Нишондиҳандаҳо
|
Воҳиди ченак
|
Солҳо
|
2016
|
2017
|
2018
|
2019
|
2020
|
1.
|
Чорвои сунъӣ бордоркардашуда
|
сар
|
31000
|
33300
|
35800
|
37800
|
40300
|
2.
|
Гирифтани насли хушзот аз бордоркунии сунъӣ
|
сар
|
23000
|
25000
|
27000
|
30000
|
33200
|
8. Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барнома
Ниг.ба ҷадвал
№
|
Номгӯи чорабиниҳо
|
Мӯҳлати иҷро
|
Иҷрокунандагон
|
1.
|
Ташкили нуқтаҳои нави бордоркунии сунъӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ва назорати фаъолияти онҳо
|
2016-2020
|
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
|
2.
|
Бақайдгирии нишондиҳандаҳои соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво
|
2016-2020
|
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
3.
|
Таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо мақсади ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ
|
2016-2020
|
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
|
4.
|
Пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ ва татбиқи дастоварҳои илмӣ дар соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво
|
2016-2020
|
Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур
|
5.
|
Афзун намудани саршумор ва маҳсулнокии чорвои зотӣ
|
2016-2020
|
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
|
6.
|
Мустаҳкам намудани заминаи хӯрока ва мувофиқи талаботи саршумори чорвои зотӣ ҷудо намудани замини корам ва чарогоҳ
|
2016-2020
|
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
|
7.
|
Гузаронидани озмун-семинарҳои соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво
|
2016-2020
|
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
|
8.
|
Таҳия намудани барномаҳо дар воситаҳои ахбори омма оид ба моҳият ва самарабахшии бордоркунии сунъӣ :
|
2016-2020
|
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
9.
|
Ташкили маҳзани нутфаи зотҳои чорвои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда
|
2016-2018
|
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи иилмҳои кишоварзии Тоҷикистон
|
|