Матн |
Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2015 № 793
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
- Муқаддима
- Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ёфта, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд.
- Иқлими мусоиди минтақаҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки майдонҳои боғу токзорҳоро аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил ҳамасола зиёд намуда, талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои коркардро бо ашёи хом пурра таъмин ва қисми зиёди он ба содирот нигаронида шавад. Бо назардошти омилҳои мазкур Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (минбаъд - Барнома) таҳия гардидааст.
- Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, таъмин намудани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани дараҷаи некўаҳволии мардум ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009, № 683 "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014" амалӣ гардид.
- Баҳри иҷрои Фармони мазкур дар муддати 5 сол дар ҷумҳурӣ бунёди 46901 гектар боғу токзорҳои нав, аз он ҷумла 16714 гектар боғи зардолу ва 5015 гектар токзори нав ба нақша гирифта шуда буд.
- Мавриди таваҷҷўҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтани соҳаи боғу токпарварӣ ба пешравии соҳа мусоидат намуд.
- Натиҷаи амалишавии Фармони мазкур нишон дод, ки дар давоми 5 соли сипаригардида (солҳои 2010-2014) дар ҷумҳурӣ дар майдони 53232 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки он 115,6 фоизи иҷрои нақшаи 5 солаи Фармони мазкурро таъмин менамояд, ки аз ин майдони умумии боғҳои бунёдгардида 21192,3 гектар боғи зардолу, 4376 гектар токзор ва боқимонда дигар намудҳои боғ мебошад.
- Бояд қайд намуд, ки баҳри иҷрои Фармони мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои бунёд намудани боғу токзори нав маблағҳои муайяне ҷудо мегардид, ки аз ин ҳисоб дар панҷ соли амалигардонии Фармони мазкур дар майдони зиёда аз 257 гектар боғу токзорҳои нав бунёд гардида, аз ин майдон 5,8 гектараш боғҳои интенсивӣ мебошад.
2. Зарурати қабули Барнома
- Таҳияи Барнома аз самтҳои асосии рушд, ки дар Стратегияи миллии рушд то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, Барномаи амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 инъикос гардидааст, сарчашма мегирад.
- Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2014 дар ҷумҳурӣ майдони боғҳо 135,4 ҳазор гектар ва токзор 36,1 ҳазор гектарро ташкил дода, аз он боғҳои синну соли мевадиҳанда 85,4 ҳазор ва токзор 30,9 ҳазор гектар мебошад.
- Истеҳсоли мева дар соли 2014 - 341268 тонна ва ангур 188836 тоннаро ташкил дода, ҳосилнокии он мутаносибан ба 39,9 ва 61,1 сентнер аз як гектар мерасад, ки нисбати ҳосилнокии имкониятҳои онҳо хело паст мебошад.
- Ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи истеъмоли мардум мувофиқи меъёри физиологӣ, 200 грамм мева дар як рўз муқаррар гардидааст ва барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар як сол 570 - 580 ҳазор тонна меваю ангур лозим аст. Дар давлатҳои пешрафтаи дунё бошад ба ҳар як нафар дар як рўз 1,2-1,5 кг меваю ангур муқаррар карда шудааст, ки ин нишондод назар ба ҷумҳурии мо 6-7 маротиба зиёд мебошад.
- Афзоиши аҳолӣ, талаботи рўзафзуни бозор, кам будани замини обӣ, тағйирёбии иқлими сайёра олимону мутахассисони соҳаро водор менамояд, ки рушди соҳаи мазкурро пурмаҳсул ба роҳ монанд.
- Ҳалли ин масъала на бо роҳи зиёд намудани майдони боғу токзорҳо ва на бо истифодаи технологияи кўҳна, балки бо роҳи бунёди боғҳои замонавӣ (интенсивӣ) бо истифода аз технологияҳои нави пешрафта бояд амалӣ гардонида шавад.
- Афзалияти боғҳои тариқи интенсивӣ бунёдгардида дар истифодаи ниҳолҳои қадпаст мебошад, ки барои гузаронидани корҳои агротехникӣ ва ҷамъоварии ҳосил мувофиқ буда, хароҷотро барои ҷамъоварии ҳосил паст намуда, сифати меваи онҳо нисбатан беҳтар аст.
- Дар масоҳати як гектар дар чунин намуди боғҳо аз 1,5 то 3,5 ҳазор бех ниҳол ҷойгир карда мешавад. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 300-700 сентнериро ташкил медиҳад, ки ҳосили онҳо 8-10 маротиба нисбат ба боғҳои дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда баланд буда, усули обёрии қатрагии ин технология имконият медиҳад, ки оби полезӣ сарфакорона истифода шавад.
3. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
- Мақсади асосии Барнома бунёди боғу токзорҳои нав ва иваз намудани боғу токзорҳои кўҳна, навъҳои камҳосилу пастсифат ба навъҳои серҳосилу хушсифати ба содирот нигаронидашуда, дар асоси бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо бо роҳи ташкил намудани ниҳолхонаҳо, дарёфт намудани тухмӣ барои парвариши ниҳолҳои хасак, тагпайвандҳои нашвӣ ва қаламчаи ниҳоли дарахтон дар маҷмўъ зиёд кардани истеҳсоли умумии меваю ангур мебошад.
- Иҷрои мақсади мазкур тақозо менамояд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон, мувофиқи нишондиҳандаҳои ин Барнома ниҳолхона ташкил карда, парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ангурро бо истифода аз тагпайвандҳои аз тухмӣ сабзонидашаванда (хасак), қаламчаҳо ба роҳ монда, саҳми худро барои дар давоми 5 сол парвариш намудани зиёда аз 11,7 млн. бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ангур (замимаи 7) ва бунёди 20,1 ҳазор гектар боғу токзорҳои нав (замимаи 2), бунёди 6,9 ҳазор гектар боғу токзори нав дар заминҳои лалмӣ (замимаи 3), ивазкунии боғу токзорҳои кўҳна то 6,1 ҳазор гектарро (замимаи 4), бунёди 502 гектар боғҳои интенсивӣ (замимаи 5) ва дар майдони 207 гектар рушд додани соҳаи ситруспарварӣ (замимаи 6) гузоранд.
- Рушди минбаъдаи боғу токпарварӣ дар асоси истифодаи ниҳолҳои стандартии ба талабот ҷавогў имконият медиҳад, ки он на танҳо талаботи аҳолӣ, корхонаҳои коркарди ҷумҳуриро бо меваю ангур қонеъ гардонад, балки он як соҳаи пуриқтидори кишоварзӣ табдил дода шуда, бо маҳсулоти аълосифат дар бозори беруна роҳ ёфта, ҷиҳати суръатбахшии ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот ҳиссаи калони худро гузоранд.
- Бинобар ин, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҷиҳати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам ва аз худ кардани заминҳои нав, ташкили ниҳолхона бо истифода аз технологияи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ва ба даст овардани ҳосилнокии мева аз ҳар як гектар на кам аз 250-300 сентнерӣ ва ангур на кам аз 300-400 сентнерӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
- Ҷиҳати амалӣ гардонидани нишондодҳои Барнома барои зиёд намудани масоҳати боғу токзор вобаста ба ҷойгиршавии навъҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби заминҳои партов, аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, корами лалмӣ, чарогоҳ, алафзор ва ғайрикишоварзии минтақаҳои бо намнокӣ таъминбуда эътибори ҷиддӣ дода, чораҳои мушаххас андешидан лозим аст (замимаи 1). Бинобар ин Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар якҷоягӣ бо мақомоти махаллӣ оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва азхудкунии заминҳои бекорхобида тадбирҳои зарурӣ андешанд.
- Дар ин давра дар асоси Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда бояд 2850 гектар азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва 5400 гектар барқароркунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба роҳ монда шавад.
- Дар давраи нашъунамои боғу токзор барои инкишофёбӣ ва паҳншавии зараррасонҳо ва касалиҳо шароити мусоид фароҳам меояд. Дар натиҷа ҳар сол ба миқдори муайяни ҳосили боғу токзорҳо зарар оварда, дар баъзе мавридҳо ба нобудшавии дарахтон оварда мерасонад ва ҳифз намудани боғу токзор, ниҳолхонаҳо, боғҳои модарӣ аз касалию зараррасонҳо яке аз қисми асосии Барномаи мазкур мебошад.
- Барои пешгирии паҳншавӣ ва мубориза бар зидди касалию зараррасонҳои боғу ток тавсия ва пешниҳодҳои илман асосноки дастовардҳои илму техника зарур аст.
- Сабабҳои асосии зиёд паҳншавӣ ва зарароварии касалию зараррасонҳо дар боғу токзор аз як тараф дар сатҳи паст гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, вазнин будани вазъи молиявии хоҷагиҳо, надоштани таҷҳизоти техникии дорупошӣ, гаронии нархи сўзишворӣ ва заҳрхимикатҳо бошад, аз тарафи дигар дониши мукаммал надоштани роҳбарони хоҷагиҳо нисбати ҳифзи растаниҳо мебошад.
- Дар корхонаву идораҳои зертобеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Корхонаи воҳидн давлатии ҷумҳуриявӣ хоҷагиҳои ниҳолпарвар "Тоҷикниҳолпарвар"), хоҷагиҳои зертобеи Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шароити иқлим ва хоки минтақаҳои ҷумҳурӣ парвариш ва тайёр кардани ниҳолҳо бо истифода аз технологияҳои муосир зарур аст.
- Амалӣ гардонидани Барнома ва рушди соҳа ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷиро тақозо менамояд. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва, савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Точикистон ҷиҳати ворид намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳаҳои коркарди меваю ангур, бунёди боғу токзорҳо, ивазкунии боғҳои кўҳна, таъмини ниҳол, такмили ихтисоси мутахассисон ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва кўмакҳои техникӣ чораандешӣ намояд.
4. Тадбирҳои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳаи боғу токпарварӣ
- Рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ зиёд намудани майдон ва дар ин асос афзун намудани шумораи дарахтони мевадиҳанда ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникиро талаб менамояд.
- Дар давраи, амалигардонии Барнома мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати хариди ниҳолҳои навъҳои нави серҳосил, тагпайвандҳои қадпаст (интенсивӣ) мусоидат намоянд.
- Тайёр намудани замин (ҳамворкунӣ, шудгор дар ҷуқурии 50-80 см) барои бунёди боғу токзор, тоза намудани заҳкашу заҳбурҳо, таъмини нуриҳои минералию органикӣ, заҳрхимикатҳо, кашонидани меваю ангур ва ғайра техникаи пуриқтидорро талаб менамояд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) барои коркарди қитъаи начандон калон ба техникаи хурди камхарҷ эҳтиёҷ доранд.
- Дар айни ҳод аксари хоҷагиҳои боғу токпарварӣ дар ҳолати вазнини молиявӣ қарор дошта, қудрати харидорӣ намудани техникаи кишоварзии ҳозиразамонро надоранд ва яке аз роҳҳои дастрас гардидани трактор ба хоҷагиҳо ин хариди техника ба таври лизингӣ мебошад. Мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати додани қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок барои бунёди боғу токзорҳо ба мўҳлати на кам аз 5 сол чораҳои зарурӣ андешанд.
- Бинобар ин мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати ташкил намудани ширкатҳои лизингӣ дар ҷумҳурӣ чораҳои мушаххас андешида, гузаронидани амалиётҳои лизингиро ба роҳ монанд.
- Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи "Тоҷикматлубот", Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъминоти пурраи аҳолии мамлакат бо меваю ангури тару тоза ва маҳсулоти коркардшудаи он дар тамоми фаслҳои сол, содироти маҳсулот, сохтмони анборҳои меванигоҳдорӣ бо дастгоҳҳои махсуси оардкунонӣ, коргоҳҳои истеҳсоли зарфҳо, масолеҳ барои бастубандӣ ва сеху корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулот вобаста ба мавҷудияти ашёи хом ва талаботи бозор чораҳо андешанд.
- Дар ин самт ба вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, рушди нқтисод ва савдо, Иттифоқи "Тоҷикматлубот", мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо лозим аст, ки лоиҳаҳои сармоягузориро тартиб дода, барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба ташкилотҳои байналмилалӣ пешниҳод намоянд.
5. Маблағгузории Барнома
- Маблағузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, Фонди дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла пешкаш намудани қарзҳои имтиёзноки боҷетӣ, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, маблағҳои худи хоҷагиҳо дар назар гирифта шудааст (замимаи 8).
Замимаҳои 1-8
Замимаи 1
ба Барномаи рушди соҳаи
боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2016-2020
Тавсияҳои
олимон ва мутахассисони соҳа ҷиҳати ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда вобаста ба шароити иқлими минтақаҳои ҷумҳурӣ дар солҳои 2016 - 2020
Номгӯи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
|
Намудҳои митақабоби ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаи асосӣ (саноатӣ)
|
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|
Тухмакдорон: Себ:
навъҳои тобистона - "Шоҳисеб", "Шоҳҳусайнӣ", "Рангинкамон" (Боровинка ташкентская);
навъҳои тирамоҳӣ - "Маликӣ", "Зардсеби тирамоҳӣ", "Тирамоҳии сурх", "Рахшон" (Пармен зимний золотой), "Барҷаста" (Апорт Александр), "Заринтоб" (Голден делишес), "Ангубин" (Голден Грайма), "Ситораи кӯҳистон" (Стар кримсон);
навьҳои зимистона - "Холдор" (Ҷонатан), "Беназир" (Ренет Симиренко), "Хубонӣ" (Делишес), "Зимистона" (Корей).
Нок:
навъҳои тобистона - "Моҳлиқо" (Любимица Клаппа);
навъҳои тирамоҳӣ - "Дилрабо", "Нозанин" (Лесная красавица);
навъҳои зимистона - "Ноки Ғармӣ", "Ношпотӣ" ва "Сабзина" (Кюре).
Донакдорон: Зардолу:
"Хурмоӣ", "Мирсанҷалӣ", "Субҳонӣ".
Шафтолу:
"Лола", "Сунбула".
Гелос:
"Зардтоб" (Дрогана желтая), "Шаҳло" (Черная дайбера), "Сурхчатоби маҳаллӣ" (ноҳияи Дарвоз).
Олу:
"Сеҳрранг" (Венгерка Ажанская), "Гурдаолу" (Анна шпет).
Дурагаи олую олуча:
"Султонӣ" (Куксултон), "Дилоро" (Южная красавица), "Ҷигарӣ" (Малиновая), "Шараф" (Победа).
Олуболу:
"Ҷойдорӣ", "Мумтоз" (Подбельская), "Фарид" (Шпанка черная).
Чормағзиҳо: Чормағз:
"Вистон", "Навъҳои маҳаллӣ" (ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ).
Бодом:
"Пистабодом", "Гулбодом", "Миёнарас" (Дрейк), (Ҳимелӣ) (Нонпарел) (ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ).
Субтропикӣ: Анор:
"Мулоимдона" (Десертный), "Сурханор", (ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ).
Анҷир:
"Навъҳои маҳаллӣ", "Вахш" (ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ).
Ситрусӣ: Лимӯ:
"Вахш" (Мейер), "Дӯстӣ" (Диоскурия);
Хуч:
"Гулбутта" (ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ);
|
Вилояти Хатлон
|
Тухмакдорон: Себ:
навъҳои тобистона - "Шоҳисеб", "Шоҳҳусайнӣ", "Сафедсеб", "Ҳосилдор", "Нахустмеваи Самарқанд" (Первенец Самарканда), "Рангинкамон (Боровинка ташкентская), "Нордон" (Графенштейнская красная);
навъҳои тирамоҳӣ - "Ангубин" (Голден грайма), "Зарринтоб" (Голден делишес), "Хубонӣ" (Делишес), "Холдор" (Ҷонатан);
навъҳои зимистона - "Беназир" (Ренет Симиренко),
"Шабнами куҳсор" (Розмарин белый).
Нок:
навъҳои тобистона - "Моҳлиқо" (Любимица Клаппа), "Пешпазак" (Раняя из Треву);
навъҳои тирамоҳӣ - "Дилрабо", "Нозанин" (Лесная красавица).
Биҳӣ:
"Фаровон" (Изобилная), "Калонмева" (Крупноплодная Самаркандская).
Донакдорон: Зардолу:
"Хурмоӣ", "Мирсанҷалӣ", "Субҳонӣ", "Исфарак", "Ленинободӣ".
Шафтолу:
навъҳои барвақтӣ - "Лола", "Сунбулӣ", "Нозук" (Камберленд), "Пешпазак" (Александр ранний);
навъҳои миёнапаз - "Гулдор", "Фарҳод", "Зарнигор", "Анҷири сурх" (Инжирный красный), "Қирмизӣ" (Малиновый), "Серҳосил" (Обильный); дерпаз - "Анбарин" (Элберта), "Равғани гов",
Гелос:
"Баҳор", "Маҳалии зард", "Шаҳло" (Дайбера черная), "Зардтоб" (Дрогана желтая), "Сиёҳпуст" (Негритянка), "Гулобӣ" (Наполеон розовый) (минтақаи Кӯлоб).
Олу:
"Шараф" (Победа), "Қатраборон" (Венгерка италянская), "Сеҳрранг"
(Венгерка Ажанская) ва "Гурдаолу" (Анна шпет).
Дурагаи олую олуча:
"Султонӣ" (Куксултон), "Ҷигарӣ" (Малиновая), "Дилоро" (Южная
красавица), "Шараф" (Победа).
Олуболу:
"Ховалингӣ", "Пакана" (Любкая-15), "Мумтоз" (Подбелская), "Фарид"
(Шпанка черная) (минтакаи Кӯлоб).
Чормағзиҳо: чормағз:
"Вистон", "Навъҳои маҳаллӣ".
Писта:
"Серравған": (Албина), "Орзӯ", "Ақиқа" (Горная жемчужина), "Данғара" (Октябрский), "Сабоҳ".
Бодом:
"Гулбодом", "Пистабодом", "Ҳимелӣ" (Нонпарел), "Миёнарас" (Дрейк).
Субтропикӣ: Анор:
"Турушмазза", "Шириндона", "Сурханор", "Мулоимдона" (Десертный).
Анҷир:
"Вахш", "Сабзак" (Кадота), "Сабзинарӯ (Грин-Иская)".
Хурмо:
Дар мавриди обёрӣ - "Вахш", "Шакарин" (Зенҷӣ Мару), "Бохтар"
(Хиакумӣ), "Кулчарӯй" (Гошогакӣ).
Унабӣ:
Дар заминҳои лалмӣ - "Вахш", "Ҳисории дерпаз", "Калонмева" (Та-Ян-Сзао), "Хурмоӣ" (Финик).
Ситрусӣ: лиму:
"Вахш" (Мейер), "Хатлон" (Вила Франка).
Ангур:
"Ҳисории барвақтӣ", "Миёна", "Нимранг", "Зариф", "Кишмиши сиёҳ", "Кишмиши сафед", "Чилагӣ", "Тойфии гулобӣ".
|
Вилояти Суғд
|
Донакдорон: Зардолу:
"Аҳрорӣ", "Хурмоӣ", "Бобоии калонмева", "Хуҷандӣ" (шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод, Хуҷанд ва Спитамен), "Қандак", "Мирсанҷалӣ", "Нишонӣ" (ш. Конибодом), "Мирсанҷалӣ", "Рухи ҷавонон", "Субҳонӣ", "Серҳосил" (шаҳру ноҳияҳои Исфара, Ашт ва Айнӣ).
Шафтолу:
"Гулдор", "Анҷири сурх" (Инжирный красный), "Нозук" (Камберленд) (ба ғайр аз Кӯҳистони Мастчоҳ), "Лола", "Қирмизӣ" (Малиновая), "Серҳосил" (Обильный), "Равғани гов" (дар водиҳо), "Сумбулӣ", "Фарҳод", "Анбарин" (Эльберта).
Олу:
"Гурдаолу" (Анна-шпет), "Сеҳрранг" (Венгерка ажанская), "Қатраборон" (Венгерка италянская), "Нилуфар" (Венгерка фиолетовая) (дар водиҳо),
Олуча ва дурагаҳои олую олуча:
"Султонӣ" (Куксултон), "Ҷигарӣ" (Малиновая), "Дилоро" (Южная красавица).
Гелос:
"Шаҳло" (Дайбера черная) (ба ғайр аз ноҳияҳои Истаравшан, Ғончӣ, Панҷакент ва Айнӣ), "Зардтоб" (Дрогана желтая), "Сиёҳпуст"
(Негритиянка) (дар водиҳо).
Олуболу:
"Пакана" (Любская 15), "Мумтоз" (Подбелская), "Фарид" (Шпанка черная).
Тухмакдорон: Себ:
"Барҷаста" (Апорт Александр), "Рангинкамон" (Боровинка ташкентская), "Нордон" (Графенштейкое красное), "Зарринтоб" (Голден делишес), "Холдор" (Ҷонатан), "Хубонӣ" (Делишес), "Ангубин" (Голден Грайма), "Нахустмеваи Самарқанд" (Первенец Самарканда) (ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод, Мастчоҳ, Спитамен, Хуҷанд, Б. Ғафуров, Ҷабор Расулов, Ашт ва Исфара), "Рахшон" (Пармен зимний золотой), "Беназир" (Ренет Симиренко), "Шабнами куҳсор" (Розмарин белый) (ноҳияҳои Ғончӣ, Панҷакент ва Айнӣ).
Нок:
"Зарандуд" (Бере Бокс), "Парасту" (Ласточка) (ба ғайр аз ноҳияҳои Ғоичӣ, Панҷакент, Истаравшан Айнӣ), "Дилрабо", "Дилафрӯз", "Сабзнна" (Кюре) "Моҳлиқо" (Любимица Клаппа), "Нозанин" (Лесная красавитса),
"Пешпазак" (Раняя из Треву).
Биҳӣ:
"Изобильная" (Фаровон), "Калонмева" (Самаркандская крупноплодная), "Туруш" (Туруш Бухарская).
Субтропикӣ: Анор:
"Мулоидона" (Десертный), "Шириндона", "Сурханор".
Анҷир:
"Вахшский", "Сабзак" (Кадота), "Сабзинарӯ (Грин-Иская)".
Хурмо:
Дар мавриди обёрӣ - "Вахш", "Шакарин" (Зенҷӣ Мару), "Бохтар"
(Хиакумӣ), "Кулчарӯй" (Гошогакӣ).
Унабӣ:
Дар заминҳои лалмӣ - "Вахш", "Ҳисории дерпаз", "Калонмева" (Та-Ян-Сзао), "Хурмоӣ" (Финик).
Чормағзиҳо: чормағз:
"Вистон", "Навъҳои маҳаллӣ".
Бодом:
"Қоғатӣ" (Десертный), "Мулоимпучок," (Ялтинский), "Миёнарас" (Дрейк).
Ситрусӣ: Лимӯ:
"Вахш" (Мейер), "Тоҷикистон" (Греческий), "Дӯстӣ" (Диоскурия).
Ангур:
"Чилагӣ", "Сафо", "Ҳисории барвақтӣ", "Нимранг", "Зариф", "Ҳусайнии сиёҳ", "Ҳусайнии сафед", "Султонӣ", "Анзоб", "Ғалаба" (Победа), "Тойфии гулобӣ", "Нимранг", навъҳои кишмишӣ; -"Кишмиши сиёҳ", "Кишмиши сафед".
|
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
|
Водии Ҳисор:
Тухмакдорон: Себ:
"Барҷаста" (Апорт Александр), "Рангинкамон" (Боровинка ташкентская), "Нордон" (Графешитейкое красное), "Зарринтоб" (Голден делишес), "Холдор" (Ҷонатан), "Хубонӣ" (Делишес), "Ангубин" (Голден Грайма), "Нахустмеваи Самарқанд" (Первенец Самарканда).
Нок:
навъҳои тобистона - "Моҳлиқо" (Любимица Клаппа), "Пешпазак" (Ранняя из Треву);
навъҳои тобистонаю тирамоҳӣ - "Нозанин" (Лесная красавица) ва дар мавриди обёрӣ - "Шакарин" (Бере Лигеля), "Зарандуд" (Бере Боск); ҳамчун навъҳои ояндадор - "Тӯёна" ва "Дилрабо";
Навъҳои зимистона - "Сабзина" (Кюре), "Марҳабо" (Оливе де серр) (барои қисматҳои водигӣ), "Лазиз" (Жозефина Михелская) ва барои қисмати кӯҳӣ -"Ноки Ғармӣ", ҳамчун ояндадор - "Ношпотии зимистона" ва "Ношпотии сурх".
Биҳӣ:
"Фаровон" (Изобилная), "Калонмева" (Крупноплодная Самаркандская).
Донакдорон: Зардолу:
Барои қисмати наздикӯҳии минтақа - "Хурмоӣ", "Мирсанҷалӣ", "Субҳонӣ" ва навъҳои ояндадор -"Хуҷандӣ".
Олу:
навъи тезпаз - "Шафтолугин" (Персиковая), навҳои миёнапаз - "Сеҳрранг" (Венгерка Ажанская), "Нилуфар" (Венгерка фиолетовая), навъҳои дерпаз -"Қатраборон" (Венгерка италянская),. "Анна шпет" (Гурдаолу).
Дурагаҳои олую олуча:
"Султонӣ" (Куксултон), "Ҷигарӣ" (Малиновая) "Дилоро" (Южная красавица).
Олуболу:
"Подбелская" (Мумтоз), "Шпанка черная" (Фарид), (барои қисмати минтақаи водигӣ), дар мавриди обёрӣ - "Любская - 15" (Пакана).
Гелос:
Ба қисмати водигии минтақа - "Баҳор", "Маҳаллии зард", "Шаҳло" (Дайбера черная) ва "Сиёҳпӯст" (Негритянка) (дар мавриди обёрӣ).
Шафтолу:
навҳои миёнапаз - "Сунбула", "Нозук" (Камбердленд), "Пешпазак" (Александр ранний);
навъҳои миёнапаз - "Лола", "Анҷири сурх" (Инжирный красный), "Қирмизӣ" (Малиновый), "Обыльный" (Серҳосил), "Гулдор", "Равшан" ва "Озода";
навъҳои дерпаз - "Анбарин" (Эльберта), "Фарҳод", "Старт", "Равғани гов".
Хурмо:
Дар мавриди обёрӣ - "Вахш", "Шакарин" (Зенҷӣ Мару), "Бохтар" (Хиакумӣ), "Кулчарӯй" (Гошогакӣ).
Унабӣ:
Дар заминҳоии лалмӣ - "Вахш", "Ҳисории дерпаз", "Калонмева" (Та-Ян-Сзао), "Хурмоӣ" (Финик).
Бодом:
"Миёнарас" (Дрейк), "Қоғатӣ" (Десертный).
Чормагзиҳо: чормағз:
"Вистон", "Навъҳои маҳаллӣ".
Ангур:
"Чилагӣ", "Сафо", "Ҳисории барвақтӣ", "Зариф", "Ҳусайнии сиёҳ", "Ҳусайнии сафед", "Султонӣ", "Анзоб", "Победа", "Тойфии гулобӣ", "Нимранг", навъҳои кишмишӣ - "Кишмиши сиёҳ", "Кишмиши сафед".
Водии Рашт:
Тухмакдорон: Себ:
Навъҳои тирамоҳӣ - "Заринтоб" (Голден делишес), "Холдор" (Ҷонатан), "Ангубин" (Голден Грайма), "Рахшон" (Пармен зимний золотой), "Барҷаста" (Апорт" Александр), "Ситораи кӯҳсор" (Стар кримсон);
Навъҳои зимистона - "Беназир" (Ренет Симиренко), "Хубонӣ" (Делишес), "Зимистона" (Корей) ва навъҳои маҳаллии - "Маликӣ", "Ҳайдарӣ", "Шафеӣ" ва "Тирамоҳии сурх".
Нок:
Навъҳои тирамоҳӣ - "Дилрабо" "Нозанин" (Лесная красавица), зимистона: - "Ноки Ғармӣ" ва "Сабзина" (Кюре).
Донакдорон: Зардолу:
"Хурмоӣ", "Мирсанҷалӣ", "Субҳонӣ" ва "Аҳрорӣ".
Олу:
"Шафтолугин" (Персиковая), "Венгерка Ажанская", "Нилуфар", (Венгерка фиолетовая) ва "Анна шпет".
Дурагаи олую олуча:
"Дилоро" (Южная красавица), "Султонӣ" (Куксултон), "Ҷигарӣ" Малиновая).
Олуболу:
"Пакана" (Любская-15), "Фарид" (Шпанка черная).
Гелос:
"Баҳор", "Маҳалии зард", "Гулобӣ" (Наполеон розовый).
Шафтолу:
"Гулдор", "Сунбулӣ", "Фарҳод", "Равғани гов", "Анҷири сурх" (Инжирный красный), "Қирмизӣ" (Малиновый), "Серҳосил" (Обильный), "Анбарин" (Элберта).
|
Эзоҳ: Дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлон дарахтони мевадиҳандаи субтропикӣ, ситрусӣ ва донакдор (зардолу, шафтолу, олу, олуча ва олубол инчунин навъҳои тобистонаи дарахтони мевадиҳандаи тухмакдор (себ, нок, биҳӣ) ва дар заминҳои лалмӣ ва обёришавандаи ноҳияҳои наздикӯ (Хуросон, Ёвон ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб) навъҳои тирамоҳию зимистон себу нок ва чормағз тавсия карда мешавад.
Замимаи 2
ба Барномаи рушди соҳаи
боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2016-2020
Нишондод
оид ба бунёди боғу токзори нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
(гектар)
Номгӯи шаҳру ноҳияиҳои ҷумҳурӣ
|
Ҳамагӣ дар солҳои 2016-2020
|
Аз он ҷумла дар солҳои
|
Ҳамагӣ дар 5 сол
|
2016
|
2017
|
2018
|
2019
|
2020
|
|
|
Боғ
|
Ток
|
Боғ
|
Ток
|
Боғ
|
Ток
|
Боғ
|
Ток
|
Боғ
|
Ток
|
Боғ
|
Ток
|
Ҷумҳурӣ
|
20153
|
3545
|
536
|
3505
|
558
|
3581
|
550
|
3515
|
554
|
3236
|
574
|
17382
|
2771
|
ВМКБ
|
325
|
54
|
|
60
|
|
65
|
|
70
|
|
76
|
|
325
|
|
Суғд
|
5402
|
971
|
118
|
909
|
126
|
958
|
128
|
951
|
139
|
953
|
149
|
4742
|
660
|
Хатлон
|
5719
|
1050
|
96
|
1061
|
109
|
1069
|
102
|
1010
|
97
|
1020
|
106
|
5211
|
509.
|
НТҶ
|
8706
|
1470
|
322
|
1475
|
323
|
1489
|
321
|
1484
|
319
|
1493
|
320
|
7104
|
1603
|
Турсунзода
|
780
|
117
|
39
|
117
|
39
|
117
|
39
|
117
|
39
|
117
|
39
|
585
|
195
|
Ҳисор
|
2967
|
370
|
233
|
370
|
233
|
362
|
233
|
350
|
233
|
350
|
233
|
1802
|
1165
|
Шаҳринав
|
300
|
60
|
|
60
|
|
60
|
|
60
|
|
60
|
|
300
|
|
Рӯдакӣ
|
230
|
16
|
30
|
16
|
30
|
16
|
30
|
16
|
30
|
16
|
30
|
80
|
150
|
Варзоб
|
107,5
|
14
|
12
|
11
|
13
|
12
|
11
|
9
|
9
|
10
|
10
|
55
|
53
|
Ваҳдат
|
175
|
27
|
8
|
27
|
8
|
27
|
8
|
27
|
8
|
27
|
8
|
135
|
40
|
Файзобод
|
3029
|
667
|
|
667
|
|
667
|
|
667
|
|
361
|
|
3029
|
|
Нуробод
|
53
|
8
|
|
9
|
|
10
|
|
11
|
|
15
|
|
53
|
|
Тавилдара
|
114
|
20
|
|
18
|
|
24
|
|
26
|
|
26
|
|
114
|
|
Рашт
|
348
|
69
|
|
69
|
|
70
|
|
70
|
|
70
|
|
348
|
|
Тоҷикобод
|
99
|
17
|
|
18
|
|
21
|
|
21
|
|
22
|
|
99
|
|
Ҷиргатол
|
300
|
60
|
|
60
|
|
60
|
|
60
|
|
60
|
|
300
|
|
Роғун
|
204
|
25
|
|
33
|
|
43
|
|
50
|
|
53
|
|
204
|
|
Замимаи 3
ба Барномаи рушди соҳаи
боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2016-2020
Нишондод
оид ба бунёди боғу токзори нав дар заминҳои талу теппаҳои ба намнокӣ таъмин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
(гектар)
Номгӯи шаҳру ноҳияиҳои ҷумҳурӣ
|
Ҳамагӣ дар солҳои 2016-2020
|
Аз он ҷумла дар солҳои
|
2016
|
2017
|
2018
|
2019
|
2020
|
Ҳамагӣ ҷумҳурӣ
|
325
|
54,3
|
59,7
|
65
|
70
|
76
|
ВМКБ
|
2041
|
610
|
364
|
354
|
356
|
357
|
Хатлон
|
4904
|
1066
|
1061
|
1057
|
953
|
767
|
НТҶ
|
709
|
141
|
142
|
142
|
142
|
142
|
Файзобод
|
114
|
22
|
23
|
23
|
23
|
23
|
Тоҷикобод
|
2966
|
671
|
671
|
671
|
571
|
382
|
Ҳисор
|
300
|
60
|
60
|
60
|
60
|
60
|
Ҷиргатол
|
103
|
30
|
24
|
18
|
17
|
14
|
Шаҳринав
|
53
|
8
|
9
|
10
|
11
|
15
|
Нуробод
|
107
|
25
|
23
|
22
|
18
|
19
|
Варзоб
|
348
|
69
|
69
|
70
|
70
|
70
|
Рашт
|
204
|
40
|
40
|
41
|
41
|
42
|
ш. Роғун
|
325
|
54,3
|
59,7
|
65
|
70
|
76
|
Замимаи 4
ба Барномаи рушди соҳаи
боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2016-2020
Нишондод
оид аз нав барқароркунии боғу токзорҳои кӯҳна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
(гектар)
Номгӯи шаҳру ноҳияиҳои ҷумҳурӣ
|
Ҳамагӣ дар солҳои 2016-2020
|
Аз он ҷумла дар солҳои
|
Ҳамагӣ дар 5 сол
|
2016
|
2017
|
2018
|
2019
|
2020
|
|
|
Боғ
|
Ток
|
Боғ
|
Ток
|
Боғ
|
Ток
|
Боғ
|
Ток
|
Боғ
|
Ток
|
Боғ
|
Ток
|
Ҷумҳурӣ
|
6148
|
785
|
178
|
825
|
188
|
858
|
188
|
822
|
184
|
1750
|
374
|
5038
|
1110
|
ВМКБ
|
550
|
66
|
|
75
|
|
84
|
|
95
|
|
230
|
|
550
|
|
Суғд
|
2411
|
346
|
61
|
347
|
58
|
348
|
57
|
339
|
55
|
696
|
114
|
2076
|
345
|
Хатлон
|
1681
|
204
|
65
|
216
|
70
|
235
|
70
|
200
|
68
|
415
|
138
|
1270
|
411
|
НТҶ
|
1496
|
169
|
52
|
187
|
60
|
191
|
61
|
188
|
61
|
409
|
122
|
1142
|
354
|
Турсунзода
|
146
|
5
|
13
|
8
|
15
|
9
|
13
|
7
|
17
|
24
|
35
|
53
|
93
|
Ҳисор
|
96
|
12
|
6
|
10
|
6
|
11
|
8
|
10
|
7
|
16
|
11
|
58
|
38
|
Шаҳринав
|
162
|
11
|
5
|
19
|
8
|
21
|
9
|
24
|
11
|
40
|
17
|
114
|
48
|
Рӯдакӣ
|
200
|
22
|
12
|
26
|
14
|
18
|
15
|
17
|
10
|
36
|
30
|
119
|
81
|
Варзоб
|
33
|
3
|
1
|
3
|
2
|
4
|
1
|
4
|
1
|
10
|
4
|
24
|
9
|
Ваҳдат
|
205
|
20
|
15
|
20
|
15
|
20
|
15
|
20
|
15
|
40
|
25
|
120
|
85
|
Файзобод
|
31
|
4
|
|
6
|
|
7
|
|
5
|
|
9
|
|
31
|
|
Нуробод
|
60
|
б
|
|
7
|
|
8
|
|
8
|
|
31
|
|
60
|
|
Тавилдара
|
31
|
5
|
|
5
|
|
6
|
|
5
|
|
10
|
|
31
|
|
Рашт
|
240
|
40
|
|
40
|
|
40
|
|
40
|
|
80
|
|
240
|
|
Тоҷикобод
|
58
|
8
|
|
9
|
|
10
|
|
10
|
|
21
|
|
58
|
|
Ҷиргатол
|
36
|
7
|
|
5
|
|
6
|
|
4
|
|
14
|
|
36
|
|
ш.Роғун
|
198
|
26
|
|
29
|
|
31
|
|
34
|
|
78
|
|
198
|
|
Замимаи 5
ба Барномаи рушди соҳаи
боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2016-2020
Нишондод
оид ба бунёди боғҳои интенсивӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
|
|
|
|
|
|
(гектар)
|
Номгӯи шаҳру ноҳияҳо
|
Аз он ҷумла дар солҳои
|
Ҷамъ дар 5 сол
|
2016
|
2017
|
2018
|
2019
|
2020
|
Ҷумҳурӣ
|
56
|
83
|
104
|
106
|
153
|
502
|
ВМКБ
|
2
|
2
|
2
|
2
|
3
|
11
|
Вилояти Суғд
|
10
|
20
|
20
|
20
|
20
|
95
|
Вилояти Хатлон
|
5
|
10
|
20
|
22,5
|
22,5
|
80
|
НТҶ
|
39
|
51
|
62
|
80
|
85
|
316
|
Турсунзода
|
5
|
5
|
5
|
6
|
11
|
32
|
Ҳисор
|
10
|
10
|
20
|
25
|
25
|
90
|
Шаҳринав
|
3
|
5
|
5
|
6
|
6
|
25
|
Рӯдакӣ
|
5
|
10
|
10
|
12,5
|
12,5
|
50
|
Ваҳдат
|
5
|
10
|
10
|
12,5
|
12,5
|
50
|
Файзобод
|
3
|
3
|
3
|
б
|
6
|
21
|
Рашт
|
3
|
3
|
3
|
4
|
4
|
17
|
Тоҷикобод
|
3
|
3
|
3
|
4
|
4
|
17
|
Ҷиргатол
|
3
|
3
|
3
|
4
|
4
|
17
|
Замимаи 6
ба Барномаи рушди соҳаи
боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2016-2020
Нишондод
оид ба рушди соҳаи ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
(гектар)
|
Номгӯи шаҳру ноҳияҳо
|
Аз он ҷумла дар солҳои
|
Ҷамъ дар 5 сол
|
2016
|
2017
|
2018
|
2019
|
2020
|
Ҷумҳурӣ
|
26,8
|
37
|
46
|
48
|
50
|
207,8
|
ВМКБ
|
0,3
|
0,5
|
0,5
|
0,5
|
0,5
|
2,3
|
Вилояти Суғд
|
2,0
|
2,5
|
2,5
|
2,5
|
2,5
|
12
|
Вилояти Хатлон
|
15
|
20
|
25
|
25
|
25
|
110
|
НТҶ
|
9,5
|
14,0
|
18,0
|
20,0
|
22,0
|
83,5
|
Турсунзода
|
2,0
|
3,0
|
3,0
|
3,0
|
3,0
|
14
|
Ҳисор
|
2,0
|
3,0
|
3,0
|
3,0
|
3,0
|
14
|
Шаҳринав
|
1,5
|
2,0
|
2,0
|
2,0
|
2,0
|
9,5
|
Рӯдакӣ
|
2
|
3
|
5
|
6
|
7
|
23
|
Ваҳдат
|
2
|
3
|
5
|
6
|
7
|
23
|
Замимаи 7
ба Барномаи рушди соҳаи
боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2016-2020
|
Нишондод
оид ба парвариши ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ангур
|
|
|
Номгӯи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
|
Майдони парвариши ниҳол дар солҳои 2016-2020
|
Аз он ҷумла дар солҳои:
|
Ба ниҳолҳои сесолаи пайвандӣ тайёр карда шавад. (ҳазор бех)
|
2016
|
2017
|
2018
|
2019
|
2020
|
Дар ҷумҳурӣ
|
255
|
51
|
51
|
51
|
51
|
51
|
11765,1
|
Хатлон
|
53,5
|
10,7
|
10,7
|
10,7
|
10,7
|
10,7
|
2470,7
|
Сугд
|
104,5
|
20,9
|
20,9
|
20,9
|
20,9
|
20,9
|
4823,7
|
НТҶ
|
97,0
|
19,4
|
19,4.
|
19,4
|
19,4
|
19,4
|
4470,7
|
Эзоҳ: Дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иҷроиши таъминотро оиди парвариши ниҳол дар ҳама категорияҳои замин ба нақша гирифта шудааст.
Замимаи 8
ба Барномаи рушди соҳаи
боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2016-2020
Нақшаи чорабиниҳо
оид ба татбиқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2016 - 2020
р/т
|
Номгӯи чорабиниҳо
|
Мутасаддиён
|
Манбаҳои маблағгузорӣ
|
Мӯҳлати иҷро, солҳо
|
1
|
2
|
3
|
4
|
5
|
1.
|
Ба роҳ мондани бунёди боғу токзор бо назардошти боғҳои интенсивии муосир ва дар ин замина рӯйёнидани ҳосили на кам аз 250-300 сентнер аз ҳар як гектар
|
Вазоратҳои молия, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
|
Аз ҳисоби буҷети давлатӣ, сармояи ватанию хориҷӣ ва маблағҳои худӣ
|
Солҳои 2016-2020
|
2.
|
Андешидани тадбирҳои амалӣ
ҷиҳати азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида барои бунёди боғу
токзор
|
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Аз ҳисоби барномаҳои амалкунанда
|
Солҳои 2016-2020
|
3.
|
Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ бо мақсади
ҷалби сармояи хориҷи
|
Вазорати кишоварзин Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар
якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ
|
Аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва сармояи дохилию
хориҷи
|
Солҳои 2016-2020
|
4.
|
Ташкили нуқтаҳои махсуси нигоҳдорӣ ва фурӯши меваю ангур дар ш. Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
|
Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи "Тоҷикматлубот" ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
|
Аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сармояи дохилию хориҷӣ
|
Солҳои 2016-2020
|
5.
|
Вусъат бахшидани иқтидори марказҳои мавҷуда ва ташкили марказҳои нави хизматрасонии техникӣ ва лизингӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
|
Вазоратҳои молия, иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи
давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо.
|
Аз ҳисоби сармояи дохилию хориҷӣ, лизинг ва худӣ
|
Солҳои 2016-2020
|
6.
|
Тибқи тартибиӣ муқарраргардида равона намудани кормандону мутахассисони муассисаҳои соҳавии ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар барои таҷрибаомӯзӣ оид ба технологияи муосири парвариши боғу ток ва коркарди меваю ангур
|
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикнстон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур.
|
Сармояи дохилию хориҷӣ ва грантҳо
|
Солҳои 2016-2020
|
7.
|
Бунёди анборҳои меванигоҳдорӣ бо дастгоҳҳои махсуси сардкунӣ ва корхонаҳои истеҳсоли зарфҳо, масолеҳ барои бастубандкунӣ, борқуттиҳо ва корхонаҳои хурду миёнаи ҳозиразамон барои коркарди
|
Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва Иттифоқи Тоҷикматлубот"
|
Сармояи дохилию хориҷӣ ва грантҳо
|
Солҳои 2016-2020
|
8
|
Таҳия ва интишори тавсияномаҳо оид ба усулҳои муосири бунёд ва парвариши дарахтони мевадиҳанда ва ток
|
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
|
Аз ҳисоби Буҷети давлатӣ
|
Солҳои 2016-2020
|
|