Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 793
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 30.12.2015
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар, баланд бардоштани дараҷаи некўаҳволии аҳолӣ ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи мазкур чораҳои мушаххас андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдода мунтазам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
  3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентни хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини хоҷагиҳо, новобаста аз шакли хоҷагидориашон ва аҳолӣ бо ниҳолҳои лозимии ба иқлими минтақаҳои ҷумҳурӣ мувофиқ чораҳои саривақтӣ андешида, аз натиҷааш ҳар сол дар моҳҳои июл ва ноябр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
  4. Вазоратҳои кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор дар доираи маблағҳои давлатӣ, сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ, ҷалби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва маблағҳои худӣ бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ тадбирҳо андешида, аз натиҷааш ҳар сол дар моҳи декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 30 декабри соли 2015, № 793

ш. Душанбе

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ