Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 314
Ном ДАР БОРАИ СЕРТИФИКАТСИЯИ МАҲСУЛОТ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 13.12.1996
Матн RОНУНИ

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1996, № 23, мод. 337; соли  2002, № 4, қисми 1, мод. 227

соли 2007, №7, мод.669)

 

Қонуни мазкур асосҳои сертификатсияи ҳуқуқӣ ва иқтисодии маҳсулот, кор, хизматрасонӣ ва дигар объектҳоро (минбаъд - маҳсулот) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти иштирокчиёни сертификатсияро муайян месозад.

ФАСЛИ I

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

  Моддаи 1. Мафҳуми умумӣ ва мақсади сертификатсия

Сертификатсияи маҳсулот (минбаъд - сертификатсия) фаъолиятест, ки мутобиқати маҳсулотро ба талаботи муқарраршуда тасдиқ менамояд.

Системаи давлатии (миллии) сертификатсия системаест, ки дар сатҳи давлатӣ амал намуда, дорои қоидаҳои худии усулу идораи гузаронидани сертификатсия мебошад.

Сертификати мутобиқат (минбаъд - сертификат) ҳуҷҷатест, ки мутобиқи қоидаҳои системаи сертификатсия барои тасдиқи мутобиқати маҳсулоти сертификатсияшуда ба талаботи санадҳои меъёрӣ дода мешавад.

Аломатҳои мутобиқат - нишонаест, ки ба тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст ва бо он мутобиқати маҳсулоти тамғадори сертификатсияшуда ба талаботи муқарраргардида тасдиқ карда мешавад.

Сертификатсия ба мақсадҳои зайл татбиқ мегардад:

ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон дар масъалаҳои бехатарии маҳсулот барои ҳаёту саломатӣ ва амвол, ҳифзи муҳити зист, мутобиқати ахборотӣ ва бо ҳам қобили табдил будани маҳсулот;

фароҳам овардани шароит барои фаъолияти корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва соҳибкорон дар бозори ягонаи моли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҷиҳати иштирок дар ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ ва тиҷорати байналхалқӣ;

мусоидат ба истеъмолкунандагон дар интихоби боэътибори маҳсулот;

тасдиқи нишондиҳандаҳои сифати маҳсулоте, ки истеҳсолкунанда (фурӯшанда) пешниҳод намудааст.

Сертификатсия метавонад дорои хусусиятҳои ҳатмӣ ва ихтиёрӣ бошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузорӣ оиди сертификатсия

Муносибатҳои соҳаи сертификатсия бо ин Қонун ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи он бароварда мешаванд, танзим мегардад.

 

Моддаи 3. Қарордодҳо ва мувофиқатномаҳои байналхалқӣ

Агар дар қарордодҳо ва мувофиқатномаҳои байналхалқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигари сертификатсия муқаррар шуда бошанд, он гоҳ қоидаҳои қарордодҳои байналхалқӣ истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 4. Системаи сертификатсия

Системаи сертификатсия аз тарафи мақомоти идораи давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳое, ки сертификатсия мекунанд, дар асоси қоидаҳои дар системаи мазкур муқарраршуда, тибқи ин Қонун, таъсис дода мешавад.

Сохтори ташкилии системаро инҳо созмон медиҳанд:

мақоми давлатӣ (миллӣ) оиди сертификатсия, мақомоти марказии минтақавӣ оиди сертификатсия, мақомоти сертификатсияи маҳсулот ва сифати он, лабораторияҳои (марказҳои) санҷиши корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ.

Системаи сертификатсия мутобиқи тартиби муқарраргардида бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.

 

Моддаи 5. Салоҳиятҳои мақоми давлатӣ (миллӣ) оиди сертификатсия.

Вазифаи мақоми давлатӣ (миллӣ) оиди сертификатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ин Қонун вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:

сиёсати давлатиро дар соҳаи гузаронидани сертификатсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва ҷорӣ намуда, расман дар бораи он хабар медиҳад;

дар бораи системаҳои сертификатсия ва аломатҳои мутобиқати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда маълумоти расмӣ нашр менамояд ва онро мувофиқи тартиби муқарраргардида ба ташкилотҳои байналхалқӣ (минтақавӣ) оид ба сертификатсия пешниҳод мекунад;

 

бақайдгирии давлатии системаи сертификатсия ва аломатҳои мутобиқат, мақомоти сертификатсия, лабораторияҳои (марказҳои) санҷишро мегузаронад;

тибқи тартиби муқарраргардида таклифҳоро оиди ҳамроҳ гардидан ба системаи байналхалқии (минтақавии) сертификатсия таҳия менамояд, инчунин метавонад тибқи тартиби муқарраргардида бо ташкилотҳои байналхалқӣ (минтақавӣ) оиди эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои сертификатсия мувофиқатномаҳо бандад;

тибқи тартиботи муқарраргардида Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналхалқӣ (минтақавӣ) оиди масъалаҳои сертификатсия намояндагӣ мекунад;

ба ташкилотҳои байналхалқӣ (минтақавӣ) оиди сертификатсия дар бораи системаҳои сертификатсия ва мақомоти сертификатсияи дар кишвар амалкунанда хабар медиҳад.

 

ФАСЛИ II

СЕРТИФИКАТСИЯИ  ҲАТМӢ

 

Моддаи 6. Сертификатсияи ҳатмӣ

Сертификатсияи ҳатмӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Ташкил ва гузаронидани корҳо оиди сертификатсияи ҳатмӣ ба зиммаи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баъзе ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди баъзе навъҳои малсулот метавонад ба зиммаи дигар мақомоти идораи давлатӣ гузошта шавад.

Шакли сертификатсияи ҳатмии маҳсулот аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҷрибаи мавҷудаи байналхалқӣ ва хориҷӣ сурат мегирад.

Реклама кардани маҳсулоте, ки бояд ҳатман сертификатсия шавад, вале сертификати мутобиқат надорад, манъ аст.

 

Моддаи 7. Иштирокчиёни сертификатсияи ҳатмӣ

Иштирокчиёни ҳатмии сертификатсия инҳо мебошанд: мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гузаронидани корҳои сертификатсияи ҳатмӣ салоҳият доранд, лабораторияҳои (марказҳои) санҷиш, истеҳсолкунандагони (фурӯшандагон, иҷрокунандагони) маҳсулот, инчунин мақомоти марказии систе­маи сертификатсия, ки дар ҳолатҳои зарурӣ барои ташкил ва ҳамоҳангсозии кор дар системаи сертификатсияи маҳсулоти якхела муайян кар­да мешаванд.

Барои гузаронидани корҳо оиди сертификатсияи ҳатмӣ иттиҳодия ва ташкилоти бақайдгирифташудаи ғайритиҷоратии шаклҳои гуногуни моликият, бо шарти аккредитатсияи онҳо аз ҷониби мақоми дахлдори идора, иштирок карда метавонанд.

 

Моддаи 8. Ҳуқуқҳои мақомоти идораи давлатӣ

Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти идораи давлатӣ, ки мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо, дар доираи салоҳияташон, ташкил ва гузаронидани корҳои сертификатсияи ҳатмӣ гузошта шудааст, чунин ҳуқуқҳо доранд:

системаи сертификатсияи маҳсулоти якхеларо таъсис дода, қоидаҳои тартиб ва идораи гузаронидани сертификатсияро дар ин системаҳо муқаррар менамоянд;

усули интихоби тарзи тасдиқи мутобиқати маҳсулотро ба талаботи санадҳои меъёрӣ (навъи сертификатсия) муайян месозанд;

мақомоти марказии системаи сертификатсияро муайян мемамоянд;

мақомоти сертификатсия ва лабораторияҳои (марказҳои) санҷиширо аккредитатсия намуда, ба онҳо иҷозат медиҳанд, ки корҳои муайянеро анҷом диҳанд;

феҳристи давлатии иштирокчиён ва объектҳои сертификатсияро тартиб медиҳанд;

қоидаҳои эътирофи сертификатсияҳои хориҷӣ, аломатҳои мутобиқат ва натиҷаи санҷишро муқаррар менамоянд;

тартиби аккредитатсияро муқаррар менамоянд;

назорати давлатиро амалӣ намуда, тартиби назорати инспектсиониро дар мавриди риояи қоидаҳои сертификатсия ва маҳсулоти сертификатсияшуда муайян мекунанд;

арзу шикоятҳоро оиди масъалаҳои сертификатсия баррасӣ мекунанд;

барои истифодаи аломати мутобиқат сертификат  медиҳад.

 

Моддаи 9. Вазифаҳои мақомоти марказӣ ва минтақавӣ оиди сертификатсия

Мақомоти марказӣ ва минтақавӣ оиди сертификатсия:

дар системаи сертификатсияи таҳти роҳбариашон қарордошта, корҳоро ташкил ва ҳамоҳанг месозанд, қоидаҳои тартибу идораро муайян менамоянд;

 

 

 

 

арзу шикояти аризадиҳандагонро оиди фаъолияти мақомоти сертификатсия, лабораторияҳои (марказҳои) санҷиш мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

 

Моддаи 10. Вазифаҳои мақоми сертификатсия

Мақоми сертификатсия:

маҳсулотро сертификатсия мекунад ва барои истифодаи аломати мутобиқат сертификатсия  медиҳад;

амали сертификатҳои додашударо бозмедорад ё аз эътибор соқит мекунад;

ба аризадиҳанда, мутобиқи дархости ӯ, дар доираи салоҳияти худ маълумоти зарурӣ медиҳад.

 

Моддаи 11. Вазифаҳои лабораторияи (марказӣ) санҷиш

Лабораторияи (марказӣ) санҷиш, ки мутобиқи тартиби муайяннамудаи сертификатсияи дахлдор аккредитатсия шудааст, маҳсулоти мушаххасро месанҷад ва ё намудҳои мушаххаси санҷишро анҷом медиҳад ва ба мақсади сертификатсия протоколҳои санҷишро тартиб медиҳад.

 

Моддаи 12. Вазифаҳои истеҳсолкунандагон (фурӯшандагон, иҷрокунандагон)

Истеҳсолкунандагони (фурӯшандагон, иҷрокунандагон) маҳсулоте, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шавад, вазифадоранд:

маҳсулотро танҳо дар сурати мавҷуд будани сертификати аз тарафи мақоми салоҳиятдор додашуда ва ё эътирофгардида метавонанд ба фурӯш расонанд;

мутобиқати маҳсулотро ба талоботи санадҳои меъёрӣ, ки аз рӯи онҳо сертификатсия сурат гирифтааст ва мувофиқати аломати онро ба аломати мутобиқат таъмин намоянд;

ба санадҳои пашниҳодкунандаи мол оиди сертификатсия маълумот дода, ба истеъмолкунандагон расонидани ин маълумотро таъмин намоянд;

агар маҳсулоти сертификатсияшуда ба санадҳои меъёрӣ мутобиқ набошад, дар ҳолати гузаштани мӯҳлати амали сертифкати мутобиқат ё дар ҳолате, ки амали сертификат бо қарори мақомоти сертификат боздошта шудааст ё бекор карда шудааст, фурӯши чунин маҳсулотро боздоранд ва ё қатъ намоянд;

ба шахсони соҳибмансаб ва мақомоте, ки сертификатсияи ҳатмии маҳсулот ва тафтиши маҳсулоти сертификатсияшударо ба ӯҳда доранд, барои иҷрои бемамонияти вазифаҳояшон шароит фароҳам оваранд;

мақомоти сертификатсияро оиди тағйироте, ки ба санадҳои техникӣ ва ё ҷараёни технологии истеҳсолоти маҳсулоти сертификатсияшуда ворид гардидаанд, огоҳ созанд.

 

Моддаи 13. Шартҳои воридоти маҳсулот

Дар шартҳои қарордодҳои (шартномаҳои) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоте, ки бояд ҳатман сертификатсия шавад, бояд мавҷудияти сертификат ва аломати мутобиқат, ки мувофиқати онро ба талаботи муқарраргардида тасдиқ  менамояд, пешбинӣ карда шавад.

Ин сертификатҳо бояд аз тарафи мақоми ба ин салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дода ё эътироф карда шаванд.

Сертификатҳо ва ё санаҳо дар бораи эътироф кардани сертификатҳо якҷоя бо декларатсияи гумрукии мол ба мақомоти гумрукӣ пешниҳод гардида, барои ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулот санади зарурӣ ба шумор мераванд.

Мақомоти назорати гумрукӣ дар сурати мавҷуд набудани санади тасдиқкунандаи бехатарии маҳсулоти воридотӣ, воридоти онро то ҳаллу фасл гардидани масъалаи гузаронидани сертификатсия ва ё эътирофи сертификати хориҷӣ манъ намуда, дар ин маврид мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ месозанд.

 

Моддаи 14. Назорати давлатии риояи қоидаҳои сертификатсияи ҳатмӣ ва маҳсулоти сертификатсияшуда

Назорати давлатӣ барои риояи қоидаҳои сертификатсияи ҳатмӣ ва маҳсулоти сертификатсияшудаи онҳо аз ҷониби истеҳсолкунандагон (фурӯшандагон, иҷрокунандагон), лабораторияҳои (марказҳои) санҷишӣ ва мақомоти сертификатсия аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё дигар мақомоти идораи махсуси салоҳиятдори давлатӣ, дар доираи салоҳияташ, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 15. Маблағгузорӣ барои кори сертификатсия ва контролу назорати давлатӣ

Маблағгузории ҳатмии давлатӣ бояд барои корҳои зайл карда шавад:

таҳияи пешгӯии инкишофи сертификатсия, қоида ва тавсияҳо оиди татбиқи он; таъмини маълумоти расмӣ дар соҳаи сертификатсия;

иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ (минтақавӣ) оид ба сертификатсия ва корбарӣ бо мақомоти миллии хориҷӣ оиди сертификатсия;

таҳия (ё) ва иштирок дар таҳияи санадҳои байналхалқӣ (минтақавӣ) оиди сертификатсия;

 

 

 

контролу назорати давлатӣ кардан ба риояи қоидаҳои сертификатсия ва маҳсулоти сертификатсияшуда;

тартиб додани феҳрасти давлатӣ оиди сертификатсия, аккредитатсия ва ҳифзи бойгонии материалҳо;

пардохти пули корҳои оид ба сертификатсияи ҳатмии маҳсулоти мушаххас аз ҷониби аризадиҳанда ба тартибе анҷом дода мешавад, ки мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризояти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

Маблағе, ки аризадиҳанда барои сертификатсияи ҳатмӣ ва аккреди­татсия сарф кардааст, ба арзиши маҳсулот зам мегардад.

 

ФАСЛИ I I I

СЕРТИФИКАТСИЯИ ИХТИЁРӢ

 

Моддаи 16. Сертификатсияи ихтиёрӣ

Маҳсулоте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди сертификатсияи ҳатмӣ қарор намегирад, бо ташаббуси шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон дар асоси қарордоди байни аризадиҳанда ва мақоми оид ба сертификатсия метавонад мавриди сертификатсияи ихтиёрӣ қарор гирад.

 

Моддаи 17. Ташкили сертификатсияи ихтиёрӣ

Сертификатсияи ихтиёриро ҳар шахси ҳуқуқие, ки вазифаи мақоми сертификатсияи ихтиёриро ба ӯҳда гирифтааст ва дар мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида системаи сертификатсияро аз қайд гузаронидааст, ҳақ дорад амалӣ намояд.

Дар сурати риояи шартҳои зикргардида сертификатсияи ихтиёриро мақомоти сертификатсияи ҳатмӣ низ ҳақ доранд анҷом диҳанд.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқи аризадиҳанда

Ҳангоми бастани қарордод барои гузаронидани сертификатсияи их­тиёрӣ аризадиҳанда ҳақ дорад аз мақоми оид ба сертификатсия дар хусуси қоидаҳои сертификатсияи маҳсулот маълумот гирад ва ҳамчунин шакли сертификатсияро муайян намояд.

 

ФАСЛИ IV

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОИДАҲОИ

ҚОНУНИ МАЗКУР

 

Моддаи 19. Ҷавобгарии ҷиноӣ, маъмурӣ ё гражданию ҳуқуқӣ

Ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин мақомоти идораи давлатие, ки барои вайрон намудани қоидаҳои сертификатсияи ҳатмӣ гунаҳкоранд, мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ, маъмурӣ ва гражданию ҳуқуқӣ кашида мешаванд.

 

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистои                                         Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанабе  13 декабри соли 1996

№ 313

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оид ба тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №23, мод. 338)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ» аз рӯзи нашр шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

бинобар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ» дар сурати зарурат оид ба даровардани тағйироту иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида таклифҳо пешниҳод намояд;

Қарору амрҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонида шаванд.

 

 

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                С. РАҶАБОВ

ш. Душанбе  13 декабри соли 1996

№314

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ