Классификатор Барнома
Рақам 287
Ном БАРНОМАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ АЗ СЎХТОР БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 02.07.2013
Матн

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2013, № 287

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ АЗ СЎХТОР БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017

 

1. Муқаддима

 

Хадамоти давлатии оташнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарӣ аз сўхтор", Қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 234 тасдиқ шудааст ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Таъмини бехатарӣ аз сўхтор ва паст намудани зарарҳои моддӣ ва маънавии сўхторҳо яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 инҷониб 5710 сўхтор ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 138 нафар фавтидаанд, ки 49 нафари онҳо ноболиғон мебошанд. 151 нафар зарари ҷисмонӣ бардоштаанд, 304 нафар шаҳрванд аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ аз доми оташ наҷот дода шудааст. Зарари умумии сўхторҳо 55477205 сомониро ташкил дод. Зиёда аз 74 фоиз сўхторҳо дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ба амал меоянд.

Сўхторҳои калон ва душвор дар бозорҳо, марказҳои савдо, ғаллазорҳо, ҷангалҳо ва дигар иншооти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Барои барқарор намудани иншоот ва хонаҳои истиқоматии сўхтаву харобгардида ҳамасола даҳҳо миллион сомонӣ хароҷот мешавад, ки ин ҳолат ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Яке аз сабабҳои чунин вазъ норасоии маблағ, ки барои иҷрои чорабиниҳои таъмини бехатарӣ аз сўхтор ҷудо карда мешавад, нисбат ба соли 1990 зиёда аз 3 маротиба ихтисор карда шудани воҳидҳои кории ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ, аз талаботи меъёрҳои амалкунанда якчанд маротиба кам будани воҳидҳои корӣ дар ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Дарвоз, Рўшон, Ишкошим ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Вахш, Қумсангир, Ҷиликўл, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Мўъминободи вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ғончӣ, Мастчоҳ, Ашт, Шаҳристон ва Айнии вилояти Суғд, ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Нуробод, Тавилдара ва Ҷиргатол, инчунин вуҷуд надоштани биноҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва то ҳол таъсис дода нашудани Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Бохтар, Хуросон, Қубодиён ва Балҷувони вилояти Хатлон, ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва ноҳияи Тоҷикобод, инчунин нарасидани таҷҳизоти техникию оташнишонӣ дар қисмҳои амалкунандаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад.

Барои беҳтар намудани таъмини бехатарӣ аз сўхтор ва оқибатҳои он дар ҷумҳурӣ, ҳал намудани мушкилоти дар вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳо, хоҷагиҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо вуҷуддошта зарур мебошад.

Бо сабаби вуҷуд доштани маҳдудиятҳои қатъии маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, дар маҷмўъ ҳалли бобарори масъалаҳои зикршуда танҳо бо роҳи истифодаи усулҳои мақсадноки барномавӣ имкон дорад.

 

2. Асоснокии ҳалли мушкилот бо усули қабули Барномаи мақсаднок

 

  1. Дар айни замон амалисозии чорабиниҳо дар соҳаи таъмини бехатарӣ аз сўхтор асосан аз ҳисоби маблағҳое, ки барои амалӣ намудани фаъолияти ҳаррўзаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо ҷудо гардидаанд, маблағгузорӣ карда мешаванд.
  2. Ҳалли мушкилот истифодабарии механизми ҳамкории ташкиливу молиявӣ, ҳамоҳангсозии кўшишҳо ва ҷамъшавии манбаъҳои иқтисодиёт ва таъсис додани системаи ягонаи идоракунии бехатарӣ аз сўхторро дар ҷумҳурӣ талаб менамояд. Камшавии шумораи сўхторҳо, фавт ё бардоштани зарари ҷисмонии одамон, маблағи зарар аз сўхторҳо ва дигар оқибатҳои манфии онро дар алоҳидагӣ дар як шаҳр, ноҳия ба даст овардан ғайриимкон мебошад.
  3. Бо дарназардошти ҳолатҳои ба амал омадани сўхторҳо дар ҷумҳурӣ, таъмини самаранокии бехатарӣ аз сўхтор бо роҳи мутамарказкунонии манбаъҳои зарурӣ дар самтҳои асосии истифодабарии механизмҳои банақшагирӣ ва идоракунӣ ба даст оварда мешавад.
  4. Дар идоракунии давлатӣ оид ба таъмини бехатарӣ аз сўхтор дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, ҳамоҳангсозии идоракунӣ дар байни онҳо амалӣ карда намешавад.
  5. Барои ҳал намудани мушкилоти пешбинишуда таъсис додани низоми нави ҳамаи самтҳои таъмини бехатарӣ аз сўхтор зарур мебошад.
  6. Хомўш намудани сўхторҳои баамаломада дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ асосан аз тарафи қисмҳо ё ин ки дидбонгоҳҳои алоҳидаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ амалӣ карда мешаванд, ки мувофиқи меъёрҳои амалкунанда аз ҳама дуртарин нуқтаи хизматрасонӣ бояд дар масофаи на зиёда аз 5 км ҷойгир шуда бошад. Мутаассифона, бо сабаби кам будани қисмҳои оташнишонӣ дар шаҳрҳо ва умуман вуҷуд надоштани онҳо дар ҷамоатҳо, қисмҳо ва дидбонгоҳҳои амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо, барои хомғш намудани сўхторҳо масофаи то 6080 километр тай мекунанд.
  7. Барои рафта расидан ба ҷои ҳодисаи сўхтор вақти бисёр сарф мешавад ва дар ин мўҳлат дар сўхторҳо одамон мефавтанд, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардоранд, масоҳати сўхтор калон шуда, зарари моддии сўхтор низ зиёд мегардад.
  8. Барои ҳозиршавии саривақтӣ ба ҷои ҳодисаи сўхтор, бартараф кардани он, пешгирии фавти одамон ва ҷароҳатбардории ҷисмонии онҳо, кам кардани зарари моддию маънавии онҳо зарурати дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил ва таъсиси биноҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва воҳидҳои кории онҳо мувофиқи меъёрҳои амалкунанда ба миён меояд.

 

3. Самаранокии иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии Барнома

 

  1. Барои амалӣ намудани Барнома иҷрои як қатор чорабиниҳо пешбинӣ карда шудаанд.
  2. Ҳангоми иҷро намудани ҳар як чорабиниҳои Барнома натиҷаҳои аниқи миқдорӣ ва сифатии иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодӣ дида мешавад.
  3. Зимнан, таҳти мафҳуми натиҷаҳои амалисозӣ фаҳмида мешавад:

- пастшавии хатари сар задани сўхторҳо ва сабукшавии оқибатҳои эҳтимолии онҳо;

- пурзўр намудани бехатарии аҳолӣ ва ҳимояи иншоотҳои муҳим аз хатари сар задани сўхторҳо.

  1. Оқибатҳои иҷтимоии амалисозии чорабиниҳои Барнома дар нишондодҳои сифатнокӣ ва миқдорӣ оид ба беҳтар намудани ҳолатҳои демографӣ, саломатӣ ва қобилиятнокии аҳолӣ ба меҳнат дида мешаванд.
  2. Оқибатҳои экологӣ дар нишондодҳои сифатӣ ва миқдории беҳтар намудани ҳолати муҳити зист, инчунин бо миқёсу ҳаҷми корҳои барқарорсозӣ дида мешавад.
  3. Сифатнокии иқтисодии чорабиниҳои Барнома вобаста ба хусусиятҳои мушкилоти ҳалшаванда метавонанд бевосита ва бавосита шаванд.
  4. Самаранокии иқтисодии бевосита - пастшавии хароҷот барои ба даст овардани мақсадҳои чорабиниҳои Барнома ва самаранокии иқтисодии бавосита бошад, пастшавии зарари иқтисодии дар натиҷаи сўхторҳо баамаломада дар назар дошта мешавад.
  5. Самаранокии иқтисодии чорабиниҳои Барнома, пастшавии хавфи сар задани сўхторҳо, беҳтаршавии бехатарии аҳолӣ ва муҳофизати иншоотҳо бо роҳи муқоисаи андозаи зарари пешгиришуда аз оқибатҳои иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодии сўхторҳо бо андозаи хароҷот ба ин чорабиниҳо ва андозаи зарари пешгиринашуда муайян карда мешавад.

 

4. Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома, мўҳлатҳои татбиқи он

 

  1. Мақсади Барнома пешгирӣ ва бартараф намудани сўхторҳо ва оқибатҳои он, паст намудани зарари моддӣ аз сўхторҳо, рушди соҳаи Хадамоти оташнишонӣ, ки яке аз омилҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  2. Вазифаҳои асосие, ки ҳалли онҳоро Барнома пешбинӣ намудааст, инҳо мебошанд:

- такмили инфрасохтори Хадамоти давлатии оташнишонӣ, аз ҷумла дар маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар иншоотҳо ва гузаронидани таҳқиқот оид ба такмили системаҳои муҷаҳҳазгардонӣ ва мутобиқсозии системаи идоракунӣ;

- такмили системаи тайёрии кадрҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва гузаронидани таҳқиқот оид ба коркард ва ҷорӣ намудани технологияи нави таълимӣ;

- такмили заминаи таҷрибавии муассисаҳои оташнишонию техникӣ, илмию таҳқиқотӣ ва таълимӣ, инчунин коркард ва ҷорӣ намудани технологияи нави инноватсионӣ дар соҳаи таъмини бехатарӣ аз сўхтор;

- такмили заминаи моддию техникии воҳидҳои зиддисўхтории иншоотӣ (идоравӣ) ва муҷаҳҳазгардонии онҳо ба воситаҳои нави наҷотдиҳӣ ва оташнишонӣ, ошкорсозии сўхторҳо ва воқифгардонии аҳолӣ;

- амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба таъмини таҷҳизоти оташнишонӣ, аз ҷумла гузаронидани таҳқиқот оид ба такмили муҳофизати зиддисўхтории иншоот ва тайёрии ҳайати хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва муассисаҳои маълумоти умумӣ;

- коркард ва амалӣ намудани чорабиниҳое, ки ба риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор аз ҷониби аҳолӣ равона гардидааст, аз ҷумла гузаронидани таҳқиқот оид ба масъалаҳои таъмини бехатарӣ аз сўхтори биноҳое, ки дар онҳо шумораи зиёди одамон ҳозир мешаванд ва ҷорӣ намудани технологияи нав дар самти омўзиши аҳолӣ оид ба масъалаҳои бехатарӣ аз сўхтор.

  1. Ҳангоми иҷрои чорабиниҳои дар Барнома қайдгардида таъмини устувори камсозии хавфи сўхтор, бунёди системаи ҳамоҳангсозии самарабахши таъмини бехатарӣ аз сўхтор, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии фаъолияти намудҳои гуногуни Хадамоти оташнишонӣ пешбинӣ карда мешавад.
  2. Татбиқи Барнома дар муддати 5 сол пешбинӣ мегардад, вобаста ба ин чорабиниҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва аз ҳисоби маблағҳои молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо ба нақша гирифта мешавад, ки бояд дар солҳои 20132017 иҷро карда шавад.
  3. Вазифаҳои асосии Барнома, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ мешаванд, инҳо мебошанд:

- гузаронидани корҳо оид ба ташкили инфрасохтори системаи таъмини бехатарӣ аз сўхтор дар маҳалҳои аҳолинишин, аз ҷумла ҷудо намудани заминҳо дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, иншооти ҳаётан муҳим ва истеҳсолӣ барои сохтмони биноҳои сохторҳои оташнишонӣ, манораҳои таълимӣ, варзишгоҳҳои махсус барои тамрин ва гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, заминаҳои муҳофизат аз газу дуд, хатҳои тайёрии рўҳии оташнишонҳо, камераҳои гармию дудии Хадамоти оташнишонӣ, ҷиҳозонидани синфхонаҳои таълимии оташнишонҳо дар қисмҳои оташнишонӣ бо воситаҳои аёнӣ, лавҳаҳо ва ҷойҳои кории автоматикунонидашудаи таълимгирандагон;

- ташкили асосҳои илмии банақшагирии фаъолияти ташкилӣ ва таҷҳизонидани захиравии ҷузъу томҳои профилактикӣ ва фаврии Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ба вуҷуд овардани механизмҳои таъмин ва назорати сатҳи бехатарӣ аз сўхтор дар иншооти ниҳоят муҳим (нисбатан хавфнок);

- гузаронидани таҳқиқот оид ба такмили системаи муҷаҳҳазгардонӣ ва мутобиқсозии системаи идоракунии ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ;

- коркард ва ҷорӣ намудани технологияи нави инноватсионӣ дар соҳаи ошкорсозӣ ва хомўш намудани сўхторҳо, воқифгардонии аҳолӣ оид ба сўхторҳо, инчунин харидорӣ намудани техника ва воситаҳои нави махсуси оташнишонӣ ва наҷотдиҳии одамон ҳангоми сўхторҳо;

- такмили заминаи моддию техникӣ ва системаи тайёр намудани оташнишонҳо;

- такмили заминаи таҷрибавии муассисаҳои оташнишонию техникӣ, илмию таҳқиқотӣ ва таълимӣ;

- гузаронидани таҳқиқот дар соҳаи такмили талаботи (стандартҳои) давлатӣ ба ҳаҷми донишу малакаи роҳбарон, шахсони вазифадор ва мутахассисон, омўзгорон, мураббиён, инчунин хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор;

- коркарди воситаҳои таълимӣ оид ба асосҳо ва масъалаҳои бехатарӣ аз сўхтор, инчунин маҷмўи барномавию дастгоҳӣ бо ҷузъҳои санҷишӣ барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва барои омўзонидани кўдакон;

- коркарди системаи воқифгардонии шахсии (пейҷингии) одамон (аз ҷумла онҳое, ки ҳисси шунавоии паст доранд ва нобиноён) оид ба сўхторҳо дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ;

- гузаронидани таҳқиқот доир ба масъалаҳои ташкили кор оид ба пешгирии сўхторҳо ва ҳалокати одамон, пешгирӣ ва бартараф намудани вайронкунии талаботи бехатарӣ аз сўхтор дар байни табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ номувофиқ;

- такмили системаи пешгирии сўхторҳо, коркарди технологияи инноватсионӣ, ки ба инкишофи истеҳсолоти воситаҳои ҳозиразамони муҳофизати зидди сўхтор нигаронида шудаанд, техникаи оташнишонӣ ва таҷҳизоти техникии оташнишонӣ;

- ба анҷом расонидани корҳо оид ба бунёди инфрасохтори системаи таъмини бехатарӣ аз сўхтор, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят муҳим мебошанд;

- такмили системаи омодагии кадрҳо барои Хадамоти давлатии оташнишонӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии он;

- бунёди системаи автоматикунонидашудаи идоракунии фаврии ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ, аз ҷумла таҷдиду азнавсозии системаи алоқа ҳангоми хомўш намудани сўхторҳо;

- ҷорӣ намудани лоиҳаҳои идоракунӣ оид ба муҳофизати зидди сўхтори муассисаҳои таълимӣ;

- бунёди системаи мониторинги таъмини бехатарӣ аз сўхтори муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ;

- ҷорӣ намудани лоиҳаҳои таҷрибавӣ оид ба муҳофизати зидди сўхтори муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ;

- бунёди системаи ошкорсозии сўхторҳо ва мониторинги вазъият дар минтақаҳои сўхторҳои калони техногенӣ ва ҷангалҳо.

  1. Вазифаҳои асосии Барнома, ки танҳо аз ҳисоби маблағҳои молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо амалӣ карда мешаванд, инҳо мебошанд:

- такмили инфрасохтор ва заминаи моддию техникии ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо ташкил карда шуданд;

- сохтмони иншооти сохторҳои оташнишонӣ;

- гузаронидани чорабиниҳое, ки ба қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор риоя намудани аҳолӣ равона гардидаанд;

- амалӣ намудани чораҳои махсус оид ба муҷаҳҳазгардонии Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилот.

- амалӣ намудани чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба таъмини бехатарӣ аз сўхтори муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ;

- гузаронидани корҳо оид ба такмилдиҳӣ ва ҷорӣ намудани чораҳои ҳозиразамони муҳофизати аҳолӣ доир ба пешгирӣ ва хомўш намудани сўхторҳо;

- муҷаҳҳазгардонии Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо техникаи оташнишонӣ ва таҷҳизоти техникии оташнишонӣ;

- гузаронидани корҳо оид ба такмилдиҳӣ ва ҷорӣ намудани чораҳои ҳозиразамони ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва дигар чораҳо оид ба пешгирӣ ва хомўш намудани сўхторҳо, аз ҷумла сўхтори ҷангалҳо.

 

5. Системаи чорабиниҳои Барнома

 

  1. Барои ҳалли масъалаҳои Барнома амалӣ намудани чорабиниҳои асосии зерин дар назар дошта мешавад:

- гузаронидани таҳқиқот оид ба такмили таъмини ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ, иншоотҳо ба воситаи нақлиёти махсус ва асосии оташнишонӣ, таъсис додани маҷмўи воситаҳои нақлиёти асосӣ ва махсуси оташнишонӣ барои хомўш намудани сўхторҳои калон;

- гузаронидани таҳқиқот оид ба муносиб кардани масъалаҳои системавию техникӣ оид ба таъмини алоқа ва бехатарии ахборот дар ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии аз нав таъсис додашаванда дар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин дар иншооти муҳими ҷумҳурӣ;

- ҷудо намудани заминҳо барои сохтмони биноҳои (депоҳои) қисмҳои оташнишонӣ ва гузаронидани таъмири асосии биноҳои ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти ҳаётан муҳими ҷумҳурӣ;

- бо таҷҳизоти муҳандисию техникӣ (воситаҳои алоқа, бехатарӣ ва ғайра) таъмин намудани ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ, иншоотҳои ҷумҳурӣ;

- гузаронидани таҳқиқот барои таъсис додани системаи таълими фосилавии (дистанционное) ҳайати роҳбарикунанда, оташнишонон, наҷотдиҳандагон ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва хомўш намудани сўхторҳо;

- тартиб додани технологияи нави иттилоотию таълимӣ ва ташкил намудани барномаҳо оид ба дастгоҳҳои машқӣ ва бозиҳои таълимию компютерӣ барои раванди таълим дар соҳаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ;

- гузаронидани таҳқиқот ва тартиб додани талаботи давлатӣ оид ба ҳаҷми дониш ва малакаи роҳбарон, шахсони мансабдор ва мутахассисони соҳаи бехатарӣ аз сўхтор;

- такмил додани заминаи таълимию моддӣ ва системаи омодагии касбии дастаҳои ихтиёрии оташнишонӣ;

- сохтани тахтаҳои намунавӣ барои тайёрии оташнишонон барои кор дар шароитҳои махсусан мураккаб ва муҳити номусоид;

- такмил додани заминаи таҷрибавии илмию таҳқиқотии муассисаҳо дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор (сохтани тахтаҳои лабораторӣ ва маҷмўъҳо барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор);

- такмил додани тарғиботи зидди сўхторӣ ва таъминоти иттилоот оид ба масъалаҳои бехатарӣ аз сўхтор.

 

6. Мустаҳкам намудани иқтидори кадрӣ ва мукаммал намудани сохтори хадамоти оташнишонӣ

 

  1. Дар давраи аз соли 1992 то соли 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби вуҷуд надоштани омўзишгоҳ ва донишгоҳҳои махсуси соҳавӣ, кадрҳо барои Хадамоти давлатии оташнишонӣ тайёр карда нашудааст. Дар ин давра барои кор дар Хадамоти давлатии оташнишонӣ мутахассисони дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ҷалб карда шудаанд, ки бо сабаби нарасидани дониши касбӣ, малака ва тайёрии махсус теъдоди зиёди онҳо баъди 1-2 соли фаъолияти кориашон бо хоҳиши худ аз давом додани кор дар Хадамоти мазкур даст кашидаанд ва аз Хадамот хориҷ шудаанд. Аз соли 2008 то айни ҳол бо тайёрии кадрҳо барои Хадамоти давлатии оташнишонӣ Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул аст, ки ў ҳам дар навбати худ барои омода намудани кадрҳои баландихтисос бо дониши аниқ ва таҷрибаи касбӣ ба мустаҳкам намудани манбаи моддию техникӣ мўҳтоҷ аст. Яъне сохтмони бинои қисми таълимӣ, манораи таълимӣ, майдончаҳои махсуси машқию варзишӣ, заминаи муҳофизат аз газу дуд, хатҳои тайёрии равонии шунавандагон, камераҳои гармию дудӣ, ҷиҳозонидани синфхонаҳои таълимӣ бо воситаҳои аёнӣ, лавҳаҳо ва ҷойҳои кори автоматикунонидашудаи таълимгирандагон, озмоишгоҳи фанҳои ихтисосӣ.
  2. Тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунандаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ мувофиқи квотаи давлатӣ дар муассисаҳои олии таълимии давлатҳои хориҷӣ то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
  3. Дар айни замон воҳидҳои кории ҳайати роҳбарикунанда ва қатории ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба талаботҳои меъёрҳои амалкунанда ҷавобгў нест ва 3 маротиба кам мебошад. Бо ҳамин сабаб дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои сари вақт хомўш намудани сўхторҳои баамаломада қувваи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ намерасад. Ин ҳолат сабаби асосии зиёдшавии фавти одамон, бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ, зарарҳои моддию маънавӣ аз сўхторҳо мебошад.

 

7. Такмили тарғиботи бехатарӣ аз сўхтор

 

  1. Дар воситаҳои ахбори омма тартиб додан ва ҷойгир намудани маводи таблиғотӣ оид ба масъалаҳои риоя намудани талаботи бехатарӣ аз сўхтор дар манзилҳои истиқоматӣ ва дар мавзеъҳои ҷамъшавии оммавии одамон, инчунин иттилооти робитаи мутақобилаи оқибатҳои харобиоварӣ, аз ҳад зиёд истеъмол намудани нўшокиҳои спиртӣ ба шумораи сўхторҳо.
  2. Дар воситаҳои ахбори омма тартиб додан ва ҷойгир намудани барномаҳо дар мавзўи масъалаҳои таъмини бехатарӣ аз сўхтор, оммафаҳм намудани касби оташнишонӣ ва наҷотдиҳанда. Тайёр ва ҷойгир намудани барномаҳо барои кўдакон, оид ба омўзиши малакаи рафтору кирдоре, ки барои манъи сар задани сўхтор равона карда шудааст.
  3. Тартиб додан ва ҷойгир намудани иттилооти бехатарии сўхтор бо истифодабарии манбаъҳои ахборотӣ дар шабакаи Интернет хеле муҳим мебошад.

 

8. Пешгирии сўхтор

 

  1. Пешгирии сўхтор маҷмўи тадбирҳои бехатарӣ мебошад, ки барои истиснои имконияти сар задани сўхтор ва маҳдуд сохтани оқибатҳои он равона шудаанд.
  2. Дар тараққиёти муносибатҳои моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсӣ, дар воситаҳои истеҳсолот таъмин намудани бехатарӣ аз сўхтори корхона, иншоот ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷои махсусро мегирад. Ин бо худ мушкилоти маҷмўиро ифода мекунад. Ҳалли он дар қатори таъмин намудани фаъолияти хуби ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳимояи ҳаёт ва саломатии одамон, моликияти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон, хоҷагии халқ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, инчунин муҳити зист ва боигариҳои табиӣ аз сўхтор ва хатарҳое, ки ба он вобаста аст, таъмин намояд.
  3. Дар ҳама сохтҳои ҷамъиятиву иқтисодӣ ва сохти муносибатҳо ҷои асосиро муносибати молу мулк бо олоти иқтисодӣ мегирад. Чунки онҳо асоси иқтисодиёти давлатро ташкил медиҳанд. Муҳимтарин тарзи ҳимояи ҳаёт, саломатии шаҳрвандон ва тарзи ҳимояи молу мулк ин пешгирии ҳодисаҳои сўхтор мебошад. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили пешгирии сўхтор, назорати риояи талаботи бехатарӣ аз сўхтор ва роҳ надодан ба риоя накардани он ва гузаронидани тарғиботи бехатарӣ аз сўхтор, омўзонидани "Қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор" ба аҳолӣ, таҳия намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба бехатарӣ аз сўхтор ва таҳқиқи сўхторҳо ба зиммаи назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор вогузор карда шудааст.
  4. Мутобиқи санадҳои амалкунандаи меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 10-12 ҳазор нафар аҳолӣ дар шаҳрҳо ва 8-10 ҳазор нафар аҳолӣ дар деҳот як нозири назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор муқаррар карда шудааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1 нозири назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор ба 23-24 ҳазор нафар аҳолӣ хизмат мерасонад. Новобаста ба ин дар бисёр ҷойҳои дурдасти аҳолинишини ҷумҳурӣ нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор аз ҷиҳати таъмини нақлиёти сабукрав, техника ва технологияи муосир танқисӣ мекашанд. Инчунин аз сабаби набудани муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба пешгирии сўхтор дар ҷумҳурӣ ҳангоми гузаронидани таҳқиқи сўхторҳо ва таҳия намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бо кормандони назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор мушкилиҳои зиёд ба миён меорад.
  5. Бинобар ин бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ ва иншооту корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, тағйир ёфтани шакли моликияти онҳо дар шаҳру ноҳияҳо, пурра таъмин намудани нозирону муҳандисони назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор ва таҷҳизонидани онҳо бо воситаҳои нақлиёт ва технологияи муосир, инчунин фиристодани кормандони назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор барои таҷрибаомўзӣ ба хориҷи кишвар шарт ва зарур мебошад.

 

9. Паст намудани талафоти иловагӣ ҳангоми хомўш намудани сўхторҳо

 

  1. Таҳлили сўхторҳои дар давраи соли 2008 то ин ҷониб баамаломада аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳангоми хомўш намудани сўхторҳо талафоти иловагӣ зарари бевоситаро аз оташ зиёд мегардонад.
  2. Бо мақсади паст намудани талафоти иловагӣ аз сўхторҳо дар Барнома пешбинӣ гардидааст:

- ҷудо намудани қитъаҳои замин дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, иншооти муҳим ва истеҳсолӣ барои сохтмони биноҳои қисмҳо, манораи таълимӣ, варзишгоҳҳои махсус барои гузаронидани мусобиқаҳо, майдончаҳои махсуси машқию варзишӣ, заминаҳои муҳофизат аз газу дуд, хатҳои тайёрии равонии оташнишонҳо, камераҳои гармию дудии Хадамоти давлатии оташнишонӣ;

- муҷаҳҳаз гардонидани Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо техникаи оташнишонӣ ва таҷҳизотҳои техникии оташнишонию наҷотдиҳӣ.

 

10. Рушди заминаи моддиву техникии Хадамоти давлатии оташнишонӣ

 

  1. Айни замон ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ техникаҳои оташнишоние, ки зарфҳои об ва моеъи кафкҳосилкунандаи ғунҷоиши калонҳаҷм доранд ва нақлиёти нардбондори оташнишонӣ бо дарозии 60 метр барои наҷот додани одамон аз биноҳои баландошёна ва хомўш намудани сўхторҳо заруранд.
  2. То таърихи 1 августи соли 2012 ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ бо васоити техникию оташнишонӣ барои мубориза бар зидди сўхторҳо ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 69,3 фоиз таъмин карда шуданд, инчунин:

- автомобилҳои асосии оташнишонӣ (автосистернаҳо) 62,8 фоиз;

- автомобилҳои махсуси оташнишонӣ, аз ҷумла автомобилҳои нардбондор ва борбардор 67,1 фоиз;

- таҷҳизоти оташнишонӣ 45,1 фоиз;

- моддаҳои сўхторхомўшкунӣ 82 фоиз;

- либосҳои махсуси оташнишонӣ ва асбобу анҷом 80 фоиз;

- воситаҳои муҳофизат аз газу дуд 76 фоиз;

- васоити алоқа ва идоракунӣ 72 фоиз.

  1. Дар ҳолати сохта шудани биноҳои ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва таъсис додани қисмҳои давлатии оташнишонӣ мувофиқи меъёрҳои амалкунанда рақамҳои нишондодашуда боз ҳам паст шуда, талаботи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба техника ва таҷҳизоти оташнишонӣ зиёд мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо сабаби истифодаи дурударози автомобилҳои оташнишонӣ аз 18 то 42 сол (мувофиқи меъёр мўҳлати истифодабарӣ 11 сол муқаррар карда шудааст) 17,7 фоиз онҳо дар ҳолати таъмирталаб қарор доранд, ки барои гузаронидани таъмири асосии онҳо маблағи калон лозим аст.
  2. Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ биноҳои баландошёнае, ки баландии онҳо то 60 метр ва зиёда аз онро ташкил медиҳад, сохта шудааст ва сохтмони ин гуна биноҳо давом дорад. Аммо Хадамоти давлатии оташнишонӣ то ҳол барои наҷот додани одамон аз ин биноҳо дар ҳолати сар задани сўхтор нақлиёти нардбондори оташнишонӣ надорад. Айни ҳол Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ ба таъминот бо техника, таҷҳизот, рўдаҳои оташнишонӣ ва маводҳои сўхторхомўшкунӣ эҳтиёҷи калон дорад.

 

11. Сохтмони асосии биноҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ

 

  1. Дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сабаби нарасидани шумораи биноҳо ва ҷудо карда нашудани воҳидҳои кории зарурӣ доираи (ҳудуди) хизматрасонии қисмҳои оташнишонӣ 10-15 маротиба аз меъёр зиёд аст, ки ин ҳолат вақти аз гирифтани хабар то расида рафтани ҳайати шахсӣ ва техникаи оташнишониро ба ҷои ҳодисаи сўхтор зиёд намуда, ба зиёдшавии шумораи фавти одамон, бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ ва афзоиши зарар аз сўхторҳо оварда мерасонад. Барои таъмин намудани фаъолияти самаранокии Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва кам намудани оқибатҳои сўхторҳо, сохтани биноҳои лозимаи ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ мувофиқи меъёрҳои амалкунанда зарур аст.
  2. Дар ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Бохтар, Хуросон, Қубодиён, Носири Хусрав, Ховалинг ва Балҷувони вилояти Хатлон, ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, ноҳияи Тоҷикобод биноҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ умуман вуҷуд надошта, дар ноҳияҳои Вахш, Қумсангир, Панҷ, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Мўъминободи вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ғончӣ, Мастчоҳ, Ашт, Шаҳристон ва Айнии вилояти Суғд, ноҳияҳои Варзоб, Файзобод ва Тавилдара биноҳои амалкунандаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба талаботи қоидаҳои меъёри сохтмонӣ мувофиқат намекунад.
  3. Сохтмони бинои оташнишонӣ ва ташкили қисмҳои оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва нақбҳои "Истиқлол", "Шаҳристон", "Чормағзак" ва "Шар-шар" мувофиқи меъёрҳои амалкунанда зарур мебошад.
  4. Чорабиниҳои асосӣ барои баамалбарории Барнома пешниҳод карда мешаванд.
  5. Иҷрокунандагони чорабиниҳоро фармоишгари давлатӣ дар асоси озмун аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки ҷудогардида дар соли навбатии молиявӣ ва натиҷаҳои интихоби он муайян мекунад.

 

12. Маблағгузории Барнома

 

  1. Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба амал бароварда мешавад. Андозаҳои тахминии маблағгузории чорабиниҳо дар солҳои 2013-2017 62 миллиону 964 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла маблағи сохтмони асосӣ 38 миллион сомониро ташкил медиҳад.
  2. Маблағи иҷрои чорабиниҳои Барнома дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли дахлдор бо тартиби муқарраргардида, пешбинӣ карда мешавад. Ҳаҷми маблағ ва номгўи чорабиниҳои барнома ҳар сол бо назардошти андозаи буҷети солҳои дахлдор аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо омода карда шуда, бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад.

 

13. Механизми амалисозии Барнома

 

  1. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи асосии чорабиниҳои аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ амалишаванда ба ҳисоб рафта, иҷрои ин чорабиниҳоро таъмин менамояд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо чорабиниҳое, ки аз ҳисоби буҷет ва маблағҳои онҳо амалӣ мешаванд, иҷрокунандаи Барнома ба ҳисоб рафта иҷрои ин чорабиниҳоро таъмин менамоянд.
  2. Фармоишгари давлатии Барнома ташкил намудани маҷмўи дархостҳоро барои иштирок дар амалисозии чорабиниҳои мушаххаси Барнома ва пеш аз мушаххас намудан кори лоиҳавии шартномаҳоро ба иҷро мерасонад.
  3. Таъмини эҳтиёҷоти давлатӣ дар доираи амалисозии Барнома тавассути анҷом додани Барнома дар асоси озмуни шартномаҳои давлатӣ барои харид ва расонидани мол ба корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ба иҷро расонида мешавад.
  4. Фармоишгари давлатӣ дар мўҳлатҳои муқарраргардида ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти амалисозии Барнома иттилоъ медиҳад.
  5. Шаклу усулҳои ташкили идораи амалисозии Барнома аз ҷониби фармоишгари давлатӣ муайян мегарданд. Идораи навбатиро низ фармоишгари давлатии Барнома амалӣ менамояд. Дар фаъолияти худ мувофиқи тартиби коркард ва амалисозии Барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва Барномаҳои қудратии байнидавлатӣ, ки дар иҷрои онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дорад, амал менамояд.
  6. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои Барнома, истифодаи дурусти воситаҳои ҷудогардидаи буҷетӣ ва иҷрои фармоишҳо барои расонидани молҳои оташнишонию техникӣ масъул мебошад.
  7. Ҳангоми зарурат Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фармоишгари давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тафтиши рафти амалисозии Барномаро ташкил менамоянд, ки дар он диққати асосӣ ба истифодаи мақсадноку босамари васоити ҷудогардида ва натиҷаҳои ниҳоӣ дода мешавад. Аз рўи натиҷаҳои тафтишот, пешниҳоду таклифҳо оид ба мувофиқи мақсад будани идомаи корҳо ва ислоҳи андозаҳои маблағгузорӣ, муайян намудани имтиёз ба иштирокчиёни амалисозии Барнома тайёр карда мешаванд.
©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ