Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2012, № 678
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ ТАЪЛИМ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
1. Муқаддима
Ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маданияти баланди ҳуқуқиро талаб менамояд, ки бе он чунин арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, ба монанди волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд пурра амалӣ шаванд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2001 "Барномаи Системаи давлатии омўзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардида буд. Он бо дарназардошти принсипҳо ва мақсаду вазифаҳои Даҳсолаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 1995-2004, ки бо қатъномаи 49/184 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) эълон гаштааст, таҳия шуда буд. Барномаи мазкур доираи васеи ҳадафҳоро муқаррар намуда, шаклҳои гуногуни таълими ҳуқуқи инсонро барои тамоми қишрҳои ҷомеа фаро мегирифт.
Бинобар ба анҷом расидани вазифаҳои асосии Барномаи зикргардида ва бо мақсади такмили низоми таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон зарурати таҳия ва қабули Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон пеш омадааст.
Барномаи мазкур мутобиқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд ва бо дарназардошти принсипҳо, мақсаду вазифаҳои марҳилаи дуюми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2010-2014 таҳия гардидааст.
Барнома тавсеа ва такмили марҳилавии низоми иттилоотӣ, маърифатӣ ва таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, гузаштан ба сатҳи сифатан нави тайёр кардани кадрҳо мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ равона гаштааст.
Доираи амали Барномаи мазкур таълими (омўзишӣ) соҳаи ҳуқуқи инсон дар системаи маориф, курсҳои омўзишӣ ва азнавтайёркунии омўзгорон, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбиро фаро мегирад.
2. Мақсадҳои асосии Барнома
- Мақсадҳои асосии татбиқи Барнома аз мусоидат ба инҳо иборатанд:
а) баланд бардоштани маданияти ҳуқуқи инсон;
б) риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
в) ҳамкории байни мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
г) ҷорӣ намудани омўзиши фанни ҳуқуқи инсон дар системаи маориф, барномаҳои таълимии судяҳо ва низоми хизмати давлатӣ;
д) тавсеаи доираи татбиқи арзишҳо ва стандартҳои ҳуқуқи инсон бо дарназардошти иқдомҳои амалишуда дар низоми таҳсилоти миёна, махсус ва олӣ барномаҳои таълимии судяҳо ва низоми хизмати давлатӣ;
е) таъмини принсипҳои роҳбарикунандаи қисмҳои асосии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар низоми маориф ва дар барномаҳои таълимии судяҳо ва низоми хизмати давлатӣ;
ё) муттаҳид ва равона намудани саъю кўшишҳои якҷоя барои амалӣ кардани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
ж) мусоидат ба фаъолият ҷиҳати таъсис додани шабакаҳо ва ба танзим даровардани ҳамкориҳо байни ташкилотҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ;
з) таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои дурнамои дарозмўҳлат ва тайёр кардани кадрҳо барои ҷорӣ намудани низоми таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон.
3. Самтҳои асосии Барнома
- Барои системаи маориф:
а) шарҳи маводи мавҷудаи таълимӣ ва методӣ барои муайян намудани мувофиқати онҳо ба стандартҳои ҳуқуқи инсон, инчунин банақшагирии таҷдиди назари мунтазами онҳо;
б) ҷорӣ намудани фанни таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар нақшаҳои таълимии ҳамаи тахассусҳои омузишӣ бо тамоюли касбӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66);
в) таҳияи барномаи намунавӣ ва ё стандартҳои кўтоҳтарини нақшаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66);
г) бо дарназардошти самтҳои тахассусӣ таълиф намудани китобҳои дарсӣ ва дигар мавод оид ба ҳуқуқи инсон;
д) дастгирии нашр ва паҳни дубораи китобу брошюраҳо доир ба ҳуқуқи инсон;
е) мусоидат намудан ба таъсиси шабакаи байни мактабҳои олии таълимӣ вобаста ба мубодилаи доимии таҷриба дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
ё) фаъолгардонии муассисаҳои олии таълимӣ ҷиҳати истифодаи васоити ахбори омма дар ҷараёни таълим;
ж) дастгирии ташкилӣ- маҳфилҳо, клубҳои музокиравӣ, марказҳои машваратӣ, курсҳои тобистонаи донишҷўён ва талабагон, гузаронидани олимпиадаҳо, озмунҳо, конференсияҳои илмию амалӣ оид ба ҳуқуқи инсон;
з) таъминоти мунтазами китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотии муассисаҳои олии таълимӣ бо маводи вобаста ба ҳуқуқи инсон;
и) мусоидат ба баланд бардоштани сифати усул (метод) ва методикаи таълими ҳуқуқи инсон;
й) таҳия ва нашри фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи инсон бо забони давлатӣ;
к) мусоидат намудан ба таъсиси грантҳои давлатӣ ва банақшагирии ҷалби грантҳои хориҷӣ барои тадқиқот дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
л) ҷорӣ намудани курси таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон барои ҳамаи омўзгорони фанҳои гуманитарӣ дар сохторҳои такмили тахассуси омўзгорон;
м) таъмини баҳодиҳии даврии сифати таълим ва сифати такмили ихтисос оид ба ҳуқуқи инсон.
- Барои судяҳо:
а) аз ҷониби Маркази таълимии судяҳои назди Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии мақсадҳои асосии Барномаи ислоҳоти судии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистои барои солҳои 2011-2013, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, № 976 тасдиқ шудааст;
б) тақвияти сатҳи тахассусии судяҳо оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон;
в) бо мақсади татбиқи якхелаи стандартҳои ҳифз дар амалияи судӣ ворид намудани ҳамаи стандартҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон дар барномаҳои таълимии мавҷудаи судяҳо дар барномаҳои таълимӣ барои дигар гурўҳҳои мақсаднок (системаи маориф, хизмати давлатии шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ).
- Барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ:
а) дар сатҳи касбӣ тайёр намудани мураббиҳо ва устодон оид ба ҳуқуқи инсон аз доираи васеи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва сохторҳои ҳарбӣ, ки барои риоя, ҳифз ва татбиқи ҳуқуқи инсон масъулияти хос доранд;
б) омодагии ибтидоии омўзгорон дар ҳамаи сатҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ;
в) омодагии ибтидоӣ ва муттасили касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, системаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ;
г) тартиб додани барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла шарҳи мухтасари масъалаҳои асосии дар ҷараёни таълим баррасишаванда.
- Барои хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ:
а) тафсири методҳои таълимӣ бо мақсади ҷорӣ намудани курсҳои махсусгардонидашуда оид ба ҳуқуқи инсон барои шунавандагони мушаххас;
б) таҷдиди назари барномаҳои мавҷудаи таълимӣ бо мақсади муайяни якҷоя кардани принсипҳо ва меъёрҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҳама фанҳои дахлдор;
в) таҳияи курсҳои махсусгардонидашудаи бозомўзӣ ва такмили ихтисос оид ба ҳуқуқи инсон;
г) расонидани ёрии методӣ ва амалӣ ба мақоми ваколатдори хизмати давлатии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
д) муносибати дақиқ дар омодасозии дастурдиҳандаҳо, ки баъди баргаштан ба муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ё ҷои хизмат барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳуқуқи инсон, тавсеаи маводи дахлдор ва дониш ваколатдор мебошанд;
е) андешидани тадбирҳо оид ба тайёр кардани шахсони мансабдоре, ки қобилияти муносибат кардан бо гурўҳҳои мақсаднокро доранд;
ё) ниҳодикунонии омодагирӣ оид ба ҳуқуқи инсон тавассути таъсиси сохтори устувори омодагирӣ, ки ба таркиби он ҳам бахши хизмати давлатӣ ва ҳам гурўҳҳои мақсадноке, ки барои таълими ҳуқуқи инсон пешбинӣ щудаанд, шомиланд;
ж) таъсиси механизми мониторинг, таҳлил ва арзёбии таълим оид ба ҳуқуқи инсон дар бахши хизмати давлатӣ.
4. Воситаҳои татбиқи Барнома
- Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва таҳкими он истифодаи муносибати томро ба омўзиш ва андўхтани донишҳо тавассути муттаҳидсозии маҷмўи мақсадҳо ва мундариҷаи барномаҳо, захираҳо, методологияҳо, арзёбии миқдорӣ ва сифатӣ, баҳисобгирии омилҳои ҷамъиятии берун аз синфҳои таълимӣ ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳои шарикиро байни иштирокчиёни гуногун ҳам дар дохили ҷомеаҳои таълимӣ (академикӣ) ва ҳам берун аз он талаб менамояд.
- Ҳар як мақомот ва воҳидҳои сохтории он барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсонро, аз ҷумла шарҳи масъалаҳои асосии дар рафти омўзиш баррасишаванда ва иттилоотонии талабагон, донишҷўён, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, судяҳо, кормандони дастгоҳҳои судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбиро тартиб медиҳад.
- Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон бо роҳи ташкили семинару курсҳои кўтоҳмуддат бо истифодаи филмҳо, мубоҳисаҳо, брошюраҳо ва бо муҳокимаи мисолҳои таҷрибавӣ гузаронида мешавад.
- Низоми таълим ва иттилоотонии ҳама мақомот бояд назорати сатҳи дониш ва истифодаи донишҳои андўхтаро дар амалия пешбинӣ намояд. Шакли назорати сатҳи донишҳо дар охири ҳар курси таҳсил бо роҳи тестӣ ва дар амалия бо роҳи санҷиш (мониторингҳо) аз ҷониби роҳбарияти ҳар як мақомот муайян карда мешавад.
- Зимни назорат ва санҷиши (мониторинги) низоми таълим бояд санҷиши (мониторинги) мунтазами риояи меёрҳои конунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон гузаронида шуда, дар асоси ин санҷишҳо ба барномаҳои такмили ихтисос, ки мундариҷаи таълим ба онҳо асос ёфтааст, тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд.
5. Мақомоти роҳбарикунандаи татбиқи Барнома
- Рафти татбиқи Барнома аз ҷониби Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ, ки аз ҷумлаи намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор таъсис дода мешавад, таъмин мегардад.
- Ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти иҷрокунандагони Барнома ба зиммаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
6. Мақомоти масъули татбиқи Барнома
- Барои пешбурд ва риояи стандартҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ба таълими мураттабу босифати тахассусӣ оид ба ҳуқуқи инсон фаро гирифтани доираи васеи мутахассисон аз ҳисоби омўзгорони муассисаҳои таълимӣ, марказҳои бозомўзӣ ва донишкадаҳои такмили ихтисоси вазорату идораҳо, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ҳамчун сохторҳои давлатӣ барои риоя, ҳифз ва татбиқи ҳуқуқи инсон масъуланд, зарур аст.
а) мақомот ва муассисаҳои масъул барои иҷрои Барнома дар соҳаи маориф
Масъулияти асосӣ барои иҷрои Барнома дар соҳаи маориф ба зиммаи муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқиашон вогузор карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
б) мақомот ва муассисаҳои масъул барои иҷрои Барнома дар соҳаи таълими судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ
Таҳияи тавсияҳои илмию методӣ ва воситаҳои таълимӣ оид ба истифодаи шакл ва методҳои фаъоли таълим ва иттилоотонӣ, тартиб додани барномаҳои ягона оид ба ҳуқуқи инсонро дар соҳаи таълими судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ таъмин менамоянд.
Кормандон дар доираи машғулиятҳои мунтазами такмили ихтисос ва тайёрии ҳуқуқӣ бо ҷалби профессорону омўзгорони муассисаҳои таълимии (Маркази таълимии судяҳои назди Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарҳо) ин мақомот, ҷалби ҳуқуқшиносон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқи инсон таълим дода мешаванд.
Муассисаҳои таълимии ин мақомот манбаи асосии таълими соҳаи ҳуқуқи инсон мебошанд.
в) мақомот ва муассисаҳои масъул барои иҷрои Барнома дар соҳаи таълими хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ
Иҷрои Барномаро дар соҳаи таълими хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Таҳия ва татбиқи Барномаи давлатии таълим дар соҳаи хуқуқи инсон барои хизматчиёни давлатӣ ба зиммаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад. Ҳайати омўзгорони Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ барои иҷрои Барнома модулҳои таълимӣ таҳия менамоянд.
Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зичро бо мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин бо муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ба монанди марказҳои бозомўзӣ ва донишкадаҳои такмили ихтисоси вазоратҳо ва идораҳо, сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак, бахш оид ба корҳои занон ва оила, бахш оид ба корҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шўъбаи таъминоти иҷтимоӣ ва ғайра), кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ, инчунин воситаҳои ахбори омма ба роҳ мемонад.
7. Чорабиниҳои иттилоотӣ
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ба тариқи доимӣ барномаҳои телевизионӣ ва радиошунавониро оид ба ҳуқуқи инсон амалӣ менамоянд.
8. Марҳилаҳои татбиқи Барнома
Марҳилаи якум (солҳои 2013-2014):
а) таъсиси Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ;
б) тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барнома;
в) таҳия ва тасдиқи барномаҳои мақсаднок оид ба самтҳои асосии иҷрои Барнома;
г) таҳия ва тасдиқи дастурҳои методӣ оид ба иҷрои Барнома;
д) тайёр кардани кадрҳо барои амалӣ намудани низоми таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
е) мусоидат дар ташкили шабакаҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни ташкилоту идораҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ. Марҳилаи дуюм (солҳои 2015-2018):
а) татбиқи самтҳои асосии Барнома;
б) таҳлили ҳарсолаи кори анҷомдода ва ҳангоми зарурат таҷдиди назар намудани чорабиниҳои дар Барнома пешбинигардида. Марҳилаи сеюм (солҳои 2019-2020):
а) ба анҷом расонидани чорабиниҳои нақшавӣ ва барномавӣ оид ба самтҳои асосии пешбиникардаи Барнома;
б) таҳлили арзёбии татбиқи Барнома.
9. Идоракунӣ ва ташкили таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон
Ҳамоҳангсозии умумии Барномаро Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ аз ҷумлаи роҳбарони сохторҳои таълимии вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳои олии таълимӣ ва дигар ташкилотҳо, ки дар банди 11 Барномаи мазкур пешбинӣ шудаанд, таъсис дода мешавад.
Таҳияи Низомнома дар бораи Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ ва Нақшаи муфассали татбиқи Барнома, инчунин санҷиши иҷрои Барнома ба зиммаи гурўҳҳои кории таъсисдодаи Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ ва дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар маърўзаи ҳарсолаи худ оид ба рафти татбиқи Барномаи мазкур низ маълумот пешниҳод менамояд.
Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ маълумотро дар бораи ҳолати иҷрои Барнома ба Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи ўҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон пешниҳод менамояд.