Классификатор Барнома
Рақам 687
Ном БАРНОМАИ РУШДИ НЕРЎ ВА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНИИ ИНСОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 03.12.2012
Матн

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2012, № 687

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ РУШДИ НЕРЎ ВА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНИИ ИНСОН

ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020

 

Муқаддима

 

  1. Асоси таҳияи Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020 (минбаъд - Барнома)-ро банди 22 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2012, № 34 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо дар соли 2012" ва банди 16 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохўрӣ бо омўзгорон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ бахшида ба Рўзи дониш дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (1 сентябри соли 2011) ташкил медиҳад.
  2. Барнома аз маҷмўи қисмҳои қонунгузорӣ, сохторӣ, ташкилӣ ва вазифавӣ иборат мебошад, ки онҳо дастгирӣ ва рушди фаъолияти зеҳнӣ, ҳифзи самараноки моликияти зеҳниро таъмин мекунанд.

 

1. Тавзеҳи зарурати қабули Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020

 

  1. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишофи ҷомеаи тоҷик оғоз ёфт. Давлатро зарурат пеш омад, ки ба масъалаи рушди нерўи ақлонӣ ва моликияти зеҳнӣ диққати махсус диҳад. Дар ҷаҳони муосир, вақте ки илм ва технология бо суръат рушд мекунанд, рушди нерўи зеҳнӣ ва моликияти зеҳнӣ дар ҳар як мамлакат гарави таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди иқтисодиёти инноватсионии он мебошад. Вазифаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузариши марҳила ба марҳилаи иқтисодиёт ба роҳи инноватсионии рушд мебошад ва вобаста ба ин сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавасмандгардонии рушди нерўи инсон ва эҷодиёти зеҳнӣ нигаронида шудааст.

Солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати мамлакат чораҳое оид ба дастгирии неруи зеҳнӣ, рушди фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ, фаъолияти эҷодӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ андешида шудаанд. Ҳуҷҷати муайянкунанда дар ин соҳа Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар моддаи 40 он омадааст: "Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илми ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст".

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Низоми миллии ҳифзи моликияти зеҳнӣ таъсис ёфта ва он амал мекунад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 1993, № 242 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи ихтироот, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, ҳамоҳангсозии корҳои ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоотӣ таъсис дода шуда буд. Ҳамчунин ба мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муаллифон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи асарҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста таъсис дода шудааст.

Дар ин самт бештар аз 18 қонун ва 9 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд, ки ба меъёрҳои кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - гражданӣ, ҷиноӣ, гумрукӣ ва ҷавобгарии маъмурӣ -мувофиқ меоянд. Ҳамчунин даҳҳо санадҳои меъёрии зерқонунӣ дар намуди низомномаю қоидаҳо низ қабул гардидаанд, ки муносибатҳоро нисбат ба объектҳои алоҳидаи моликияти зеҳнӣ аниқ намуда, сиёсати давлатиро дар соҳаи илм муайян мекунанд ва ба дастгирии нерўи илмӣ ва таҳқиқоти илмии афзалиятдошта, фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ, андешидани чораҳо оид ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ нигаронида шудаанд, аз ҷумла:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020";

Дар ин ҳуҷҷатҳо ба андозаи муаяйн ҷиҳатҳое низ инъикос гардидаанд, ки ба масъалаҳои рушди инноватсионӣ дар мамлакат, ҳавасмандгардонии фаъолияти ихтироъкорӣ ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ муносибати бевосита доранд. Масалан, дар Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, дар қисми 5 "Ҷалби нерўи илмӣ дар равандҳои инноватсионӣ" таваҷҷўҳ ба зарурати қабули чораҳо оид ба беҳтарсозии тамоми низоми фаъолияти ихтироъкорӣ дар мамлакат махсусан таъкид карда шудааст: "Бо дарназардошти он, ки фаъолияти ихтироъкорӣ ва истифодаи амалии ихтироъот яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи фаъолияти инноватсионӣ мебошад, лозим меояд, ки барои беҳтарсозии ташкили таҳқиқоти патентӣ, корҳои патентии ҳуқуқӣ ва литсензионӣ, дастгирии олимон ва кормандони илмию техникӣ, ки ба фаъолияти ихтироъкорӣ машғуланд, корҳои зиёде ба сомон расонида шаванд".

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳое низ қабул гардидаанд, ки баъзе намудҳои фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсиониро ба танзим медароранд, аз ҷумла:

- "Дар бораи дастовардҳои селексионии растаниҳо";

- "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он";

- "Дар бораи намунаҳои саноатӣ";

- "Дар бораи ихтироот";

- "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ";

- "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол";

- "Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ";

- "Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ";

- Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ";

- "Дар бораи тухмипарварӣ";

- "Дар бораи ҳифзи навъҳо".

Дар қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон боби "Моликияти зеҳнӣ" ворид карда шудааст.

Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо дарназардошти стандарт ва меъёрҳои байналмилалӣ имкон доданд, ки дар ҷумҳурӣ барои ташаккул ва фаъолияти низоми мақсаднок ва фарогири қонунгузорӣ ҷиҳати таъмини рушди пайдарпаи моликияти зеҳнӣ замина ба вуҷуд оварда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифз ва идоракунии моликияти зеҳнӣ шомил гардид, ҳамчунин як қатор созишномаю конвенсия ва шартномаҳои байналмилалиро, ки масъалаҳои ҳифзи моликияти зеҳниро ба танзим медароранд, имзо намуд ва ба онҳо ҳамроҳ шуд, аз ҷумла:

- Конвенсияи Стокголм, ки Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳниро таъсис дод (1967);

- Конвенсияи Париж дар бораи ҳифзи моликияти саноатӣ (1883);

- Шартнома оид ба шарикии патентӣ (1970);

- Созишномаи Страсбург дар бораи таснифи байналмилалии патентӣ (1971);

- Созишномаи Нитсш дар бораи Таснифи байналмилалии молҳо ва хизматҳо барои бақайдгирии тамғаҳо (1957);

- Созишномаи Локарн, ки таснифи байналмилалии намунаҳои саноатиро муқаррар кардааст (1968);

- Шартномаи Будапешт дар бораи эътирофи байналмилалии маҳфуздории микроорганизмҳо бо мақсади расмиёти патентӣ (1977);

- Созишномаи Мадрид дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳо (1891);

- Конвенсияи умумиҷаҳонӣ дар бораи ҳуқуқи муаллиф (1952);

- Конвенсияи Берн дар бораи ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ (соли 1886);

- Созишнома дар бораи тадбирҳои ҳифзи моликияти саноатӣ ва таъсиси Шўрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи моликияти саноатӣ (соли 1993);

- Ташкилоти авруосиёии патентӣ (1994);

- Конвенсия оид ба ҳифзи манфиатҳои иҷрочиён, офарандагони фонограммаҳо ва ташкилотҳои барномаи эфирӣ (Рим, 1981);

- Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф (Женева, 1966);

- Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо (Женева,1966).

  1. Табиист, ки фаъолияти зеҳнӣ ба такмили доимии заминаи меъёрии ҳукуқие ниёз дорад, ки ин фаъолиятро ба танзим дарорад. Бо мурури солҳо, дар рафти амалишавии Барнома зарурати таҳияи санадҳои нави қонунгузорӣ ба миён омада, ба қонунгузорӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии фаъолияти зеҳнӣ дар соҳаи иқтисодиёт бо дарназардошти таҷрибаи аллакай андўхтаи фаъолияти низоми меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили амалия, самаранокии татбиқ ва тамоюли рушди қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ дар давлатҳои дигар тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.

Ба мақсади тафсири ҳолат ва ҷараёни рушди нерўи зеҳнӣ ва инноватсионӣ ва самаранокии ҷамъбастии соҳаи илмию инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъзе индикаторҳоеро (нишониҳандаҳоеро) таҳлил менамоем, ки онҳо дар амалияи ҷаҳонӣ ҷиҳати истифода қабул шудаанд.

Дар айни замон хароҷоти дохилӣ ба таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 0,12 фоизро аз Маҷмўи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) ташкил медиҳад. Дар давлатҳои мутараққӣ бошад, он дар ҳудуди 1-3 фоиз аз ММД қарор дорад. Бояд зикр намуд, ки хароҷот ба илм дар мамлакати мо ба таври доимӣ меафзояд: дар соли 2011 агар он 38 миллиону 150 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2012 он ба 50 миллиону 900 ҳазор сомонӣ расидааст. Вале, бо вуҷуди ин таъмини молиявии таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ ҳамоно нокифоя боқӣ мемонад.

Тибқи маълумотҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати то 31 декабри соли 2011 дар ҷумҳурӣ дар соҳаи илм 5756 нафар кормандони илмӣ фаъолият менамуданд, ки аз онҳо 2195 нафар соҳиби дараҷаи илмӣ (аз ҷумла, 630 нафар доктори илм ва 1565 нафар номзади илм) ва 2931 нафар бе дараҷаи илмӣ мебошанд. Тибқи маълумоти Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 дар 48 Шўрои диссертатсионие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, 336 рисола, аз ҷумла 26 рисолаи докторӣ ва 310 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудаанд.

Ҳайати кормандоне, ки бо таҳқиқ ва такмили илм машғуланд, аз рўи ҳисоби ба 10 ҳазор нафари машғул дар иқтисодиёт 24 нафарро ташкил медиҳад.

Миқдори дархостҳои патентӣ ба ихтироот, ки аз тарафи дархосткунандагони миллӣ дар мамлакат пешниҳод шудаанд, дар соли 2008 - 113 адад, соли 2009 - 116 ададро ташкил дод. Мувофиқи маълумоти Комиссияи навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъи назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори патентҳо ба дастовардҳои селексионӣ дар соли 2011 - 13 адад, дар соли 2012 - 4 адад ва мувофиқан дар ин солҳо шаҳодатномаҳои муаллифӣ 66 ва 12 ададро ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта хеле паст мебошанд.

Оид ба имкониятҳои истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию иртиботӣ бояд қайд кард, ки амалан ҳамаи муассисаву ташкилотҳое, ки дар онҳо таҳқиқоти илмӣ гузаронида мешаванд, ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд.

  1. Таъсири асноди меёърии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида, ки асоси заминаи қонунгузории фаъолияти соҳаи моликияти зеҳниро ташкил медиҳанд, ҳамчунин шарҳи баъзе индикаторҳои (нишондиҳандаҳои) муҳими ҳолат ва рушди низоми моликияти зеҳнӣ дар мамлакати мо ва муқоисаи онҳо бо мамлакатҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт мушкилиҳои ҳалталаб зиёданд. Ин мушкилотро ба мақсади ташаккул додани низоми муосири комил ва ба таври воқеӣ амалкунандаи моликияти зеҳнӣ, ки ҷавобгўи стандартҳои ҷаҳонӣ бошад, ҳал бояд кард.

Ба ҷумлаи чунин мушкилот инҳоро мансуб донистан мумкин аст: сатҳи пасти татбиқи амалии натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ; ҷалби сусти ҷавонон ба соҳаи эҷодиёти илмию техникӣ ва ихтироъкорӣ; ташаккул наёфтани низоми тайёр кардани мутахассисон дар идоракунии моликияти зеҳнӣ; сатҳи нокифояи ҳифзи ҳуқуқҳо ба объектҳои моликияти зеҳнӣ; самаранокии пасти тадбирҳо оид ба пешгирии гардиши маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ; норасоиҳо дар ҳамкории байниидоравӣ ва набудани ҳамоҳангии зарурӣ байни шарикҳо оид ба таъмини ҳимояи моликияти зеҳнӣ; истифодаи сусти имкониятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ барои дастгирии низоми эҷодиёти зеҳнӣ;

Ҳолати воқеӣ ва мушкилоти мавҷуда дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, аҳамияте, ки татбиқи мақсадноки натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ дар гузариши иқтисодиёт ба роҳи инноватсионии рушд дошта метавонад, ҳамчунин манфиатҳои стратегии миллӣ зарурати қабули Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсонро дар давраи то соли 2020 тақозо мекунанд.

 

2. Мақсад ва вазифаҳои асосӣ ва иҷрокунандагони Барнома

 

  1. Мақсади Барнома ин такмили низоми миллии дастгирӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифода ва тиҷоратигардонии объектҳои моликияти зеҳнӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ, фаъолияти эҷодӣ, мустаҳкамгардонии афзалияти дастовардҳои илмӣ ва техникии олимон ва мутахассисони ватанӣ, пешгирии гардиши маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ мебошад.
  2. Барои расидан ба мақсадҳои Барнома ҳал намудани вазифаҳои асосии зерин зарур аст:

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии ҳифзи моликияти зеҳнӣ;

- такмили низоми идораи моликияти зеҳнӣ ва ҳифзи он, ташаккули инфрасохтори зарурӣ;

- чораандешӣ оид ба ҳимояи бозори ҷумҳурӣ аз густариш ва истифодаи маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ;

- тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ихтироъкорӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои он дар гардиши иқтисодӣ;

- равнақ додани хадамот оид ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ дар вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилоту корхонаҳо, таъмини ин хадамот бо мутахассисон;

- истифодаи таҷрибаи байналмилалии фаъолияти низоми ҳифзи моликияти зеҳнӣ.

  1. Самтҳои асосии рушд ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ, рушди нерўи зеҳнӣ;

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ;

- ташаккул ва рушди инфрасохтори низоми ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва идораи он;

- пешгирӣ ва бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

- такмил ва равнақ додани низоми таҳсилот дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

- ҳамкории байналмилалӣ оид ба рушди низоми моликияти зеҳнӣ.

  1. Барои арзёбӣ кардани самаранокӣ ва натиҷадиҳии иҷрои чорабиниҳои Барнома нишондиҳандаҳои оморие истифода мешаванд, ки онҳо нерўи зеҳнӣ ва омилҳои рушди он, объектҳо ва фаъолият дар соҳаи моликияти зеҳниро тавсиф медиҳанд.
  2. Иҷрокунандагони Барнома вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистои, Маркази миллии патенту иттилоот, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, корхона ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

 

3. Самтҳои асосии татбиқи Барнома

§1. Дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорй, рушди нерўи ақлонӣ

 

  1. Натиҷаҳои назарраси эҷодиёт дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон - илм ва технология, адабиёт, фарҳанг, истеҳсолот - бевосита ба сатҳи умумии зеҳнии ҷомеа, самаранокии низоми таҳсилот, ташаккули нерўи илмӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди эҷодиёти ҷавонон алоқаманд аст. Маҳз дар давлатҳое, ки дар онҳо дар ин самт ба муваффақиятҳо ноил гардиданд, нишондиҳандаҳои моликияти зеҳнӣ бештар буда, иқтисодиёт бо роҳи инноватсионӣ тараққӣ мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самти стратегӣ ба рушди низоми таҳсилот, такмили нерўи илмию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи зеҳнии ҷомеа ҳамчун асос барои ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ равона карда шудааст.

Бинобар ин, он далел тасодуфӣ нест, ки дар солҳои охир Ҳукумати мамлакат якчанд асноди муҳими аҳамияти стратегӣ доштаро тасдиқ намуд: Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 ва Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020. Ниҳоят боз як ҳуҷҷати муҳиме, ки нақш ва аҳамияти нерўи зеҳниро дар рушди ҷомеа муайян мекунад, Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020 мебошад.

Дар ин Барнома, бо мақсади инкишоф додани муқаррароти асосии мавҷуда дар Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 ва Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, чорабиниҳое муайян карда шудаанд, ки ба мутамарказгардонии захираҳо ва нерўи илмӣ дар таҳқиқоти афзалиятдошта, яъне дар он таҳқиқоте, ки тавассути онҳо имконияти ба даст овардани далелҳои нави илмӣ ва ихтироот, тавлиди ғояҳои нави илмӣ ва донишҳои технологӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионии рақобатпазир, ҳавасмандгардонии фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ, тиҷоратигардонии натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва то татбиқи онҳо, фароҳам овардани шароит барои фаъолияти эҷодии олимон ва мутахассисони ҷавон зиёд аст, равона карда шудаанд.

  1. Бо дарназардошти эҳтиёҷоти рушди иқтисодиёти мамлакат, махсусияти фаъолияти мактабҳои илмӣ, таҷрибаи амалии ҷаҳонии табдили донишҳои илмӣ ба технологияҳои рақобатпазир, ба ҷумлаи самтҳои илмӣ ва илмию технологӣ инҳоро мансуб донистан мумкин аст: нанотехнологияҳо ва наномавод; маводи филизии созандагӣ, маводи композитсионии полимерӣ; манбаъҳои барқароршавандаи энергия; усулҳои моделсозии математикии мўътадилгардонии кори гидроузелҳо; биотехнология; селексияи навъҳои зироатҳои кишоварзӣ; технологияҳои биологии тиббӣ; ташхис, пешгирӣ ва табобати касалиҳои инсон; технологияи истеҳсоли доруҳои нави табобатӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ; пешгирии фоҷиаҳои табиӣ ва техногенӣ.

Аҳамияти бузургро барои мамлакати мо ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кори селексионерҳо, ки ба ҷорӣ намудани навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ ва зотҳои чорво, масъалаҳои танзим ва ҳифзи моликияти зеҳнии онҳо машғуланд, соҳиб аст. Нақши пешбарро дар иқтисодиёти мамлакат комплекси агросаноатӣ мебозад, бинобар ин, таваҷҷўҳи махсусро ба асосҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ - селексияи навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва зотҳои чорво равона кардан зарур аст.

Дар Тоҷикистон навъҳои олии сатҳи ҷаҳонии пунбадона, гандум ҷуворимакка, зироатҳои хўрока, мевагӣ ва сабзавотӣ ба даст оварда шудаанд. Навъҳои ватанӣ дар қисми зиёди масоҳатҳои киштбоби ҷумҳурӣ кишт мешаванд. Пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ тағйироти ҷиддӣ дар комплекси агросаноатии мамлакат рўй доданд, ки онҳо ба тамоми низоми селексияи навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва зотҳои чорво таъсир расониданд.

Тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ як қатор тадбирҳо ҷиҳати батартибдарорӣ ва дастгирии фаъолияти селексионӣ бо дарназардоштии тағйироте, ки дар комплекси агросаноатии мамлакат рўй доданд, ҳамчунин талабот ва меъёрҳое, ки ба фаъолияти селексионӣ дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои байналмилалӣ пешниҳод шудаанд, қабул гардиданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ", "Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ" қабул карда шуданд. Тамоми корҳои ташкилӣ оид ба арзёбии дастовардҳои селексионӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани навъҳои нав, озмоиши онҳо дар қитъаҳои навъсанҷии давлатӣ, ноҳиябандӣ ва додани шаҳодатномаҳои муаллифӣ ба дастоварди селексионӣ ба зиммаи Комиссияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

  1. Дар доираи амалисозии Барнома дар солҳои наздик зарураст, ки корҳои назаррасе оид ба такмили тамоми низоми фаъолияти селексионӣ, мувофиқ гардонидани он ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳифзи манфиатҳои селексионерҳои ватанӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ иҷро карда шаванд.

Пеш аз ҳама зарур аст, ки корҳои омодагӣ барои шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонӣ оид ба навъҳои растанӣ ва ҳамроҳшавии он ба Конвенсияи ин Созмон идома дода шаванд. Дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растаниҳо ба ҳифзи навъҳо ва ҳуқуқҳои селексионерҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, табодули навъҳо ва иттилооти илмӣ, шиносоӣ бо технология ва усулҳои нави селексия, таҳияи дурусти расмиёти муқарраргардида оид ба пардохти маблағ ба офарандагони навъҳо, мукофотдиҳӣ барои парвариши навъҳо мусоидат менамояд.

Ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъҳо, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зарур аст, ки оид ба роҳ надодан барои дар ҳудуди Тоҷикистон киштани тухмиҳои ноҳиябандинашуда, навъҳое, ки оид ба пайдоиши онҳо асноди мувофиқ вуҷуд надорад ё маҳсулоти қочоқ мебошанд, чораҳои муассир таҳия ва қабул намоянд. Набудани тартибот дар ин кор боиси омехташавии механикӣ ва ифлосгардонии навъҳои генотипии зироатҳои кишоварзӣ, пастшавии сифати маҳсулот гардида, навъҳо муаллифони худро гум мекунанд ва селексионерҳои ватанӣ бе ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба моликияти зеҳнӣ мемонанд.

Албатта, мубодилаи маводи генетикӣ ва муайян кардани имконияти кишти навъҳои селексияи хориҷӣ дар кишвари мо, ки аз рўйи ҳосилнокӣ ва сифат аз навъҳои маҳаллӣ камӣ надоранд ва ё аз онҳо бартарӣ ҳам доранд, амалияи оддиест, ки дар тамоми давлатҳо татбиқ мешавад. Вале ин чорабиниҳоро дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зери назорати Комиссияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудан мебояд. Танҳо ин муассисаҳо метавонанд оид ба имконияти кишти ин ё он навъ дар ҷумҳурӣ хулосаи дахлдор пешниҳод намоянд.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳалталаб муайян кардани тартиби аниқи муносибатҳо байни муаллифи навъ ва истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Талаб карда мешавад, ки бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ асноди зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва низомномаю шартномаҳои мувофиқ таҳия карда шаванд.

Муаллифони навъҳо бояд ба он эътимод дошта бошанд, ки моликияти зеҳнии онҳо зери ҳимоя қарор дорад ва барои истифодаи навъҳои офаридаи онҳо чӣ дар мамлакат ва чӣ дар хориҷ аз он ба онҳо бо тартиби муқарраргардида маблағи мувофиқ пардохт карда мешавад.

Пас аз коркарди ҷиддӣ ва ҳамаҷиҳатаи ин масъала зарур аст, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастовардҳои селексионии растаниҳо", "Оид ба тухмипарварӣ", "Оид ба ҳифзи навъҳои растаниҳо", тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд. Имкон дорад, ки ҳамаи ҷиҳатҳои ин масъала дар қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёбанд.

  1. Дар доираи амалисозии Барнома пешбинӣ мегардад, ки барои фаъолгардонӣ ва пешгирии ихтироъкорӣ, такмили низоми ташкили таҳқиқоти патентӣ, корҳои патентии ҳуқуқӣ ва иҷозатномадиҳӣ дар мамлакат бояд Маркази миллии патенту иттилоот, вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилоту корхонаҳо корҳои зиёдеро ба сомон расонанд.

Бояд ба назар гирифт, ки фаъолияти ихтироъкорӣ ва татбиқӣ амалии ихтироот яке аз омилҳои асосии пешрафти илмию техникӣ буданд, мебошанд ва хоҳанд буд. Ихтироъ қисми таркибии пешрафти инноватсионӣ мебошад, ки бе он рушди иқтисодиёти муосири инноватсионӣ тасаввурнашаванда аст.

Зимни арзёбӣ кардани фаъолияти вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, корхонаву ташкилотҳо ва роҳбарони онҳо мебояд, ки аз нишондиҳандаи фаъолияти ихтироъкорӣ истифода карда шавад.

 

§2. Такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ

 

  1. Фаъолияти зеҳнии инсон омили муайянкунадаи пайдоиш ва рушди ахлоқию моддии ҷомеаи инсонӣ, вазъи амволӣ ва некўаҳволии моддии шахси алоҳида, ҷамъияту давлат ва ҳамчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ буд ва боқӣ мемонад. Вобаста ба ин, танзими ҳуқуқии ин соҳаи ҳаётан муҳим нишондиҳандаи зарурӣ ва афзалияти ҷамъияту давлат мебошад.

Ба дарки чунин муҳимияти фаъолияти зеҳнии инсон, дар ҳар як давлат асосҳои ҳуқуқии ҳифзи дастовардҳои зеҳнӣ таҳия карда шудаанд, ки мақсади онҳо ба фаъолияти эҷодӣ, фурўхти тиҷоратии натиҷаҳои ин эҷодиёт ҳавасманд гардонидани одамон мебошад ва ин бешубҳа боиси рушди зеҳнӣ, беҳшавии ҳолати амволии онҳо мегардад ва, ниҳоят, ба устувории иқтисодии давлат бевосита таъсир карда, ба рушди иқтисодии он мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳавасмандгардонии фаъолияти зеҳнӣ, ҳамчунин таъмини рушди нерў сиёсати фаъолро оид ба фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои зеҳнӣ дар ҳудуди худ амалӣ менамояд.

  1. Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи зарурии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ мавҷуд аст, ки он аз асноди меъёрии ҳуқуқии сатҳ ва соҳаҳои гуногун иборат буда, дар давраҳои гуногуни истиқлолияти мамлакат таҳия ва қабул шудаанд. Зикр кардан зарур аст, ки асноди ҳуқуқӣ тибқи асноди ҳуқуқии байналмилалӣ ва аз рўйи натиҷаҳои машваратҳои зарурӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ қабул карда шудаанд.

Албатта, асоси ҳуқуқии ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи моддаи 40 он "Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст". Ҳамин тавр, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати ҷамъият ва давлатро нисбат ба моликияти зеҳнӣ муайян карда, мақомоти давлатиро ба таҳия ва қабули асноди меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, ба вуҷуд овардани шароити мусоид ва иҷрои амалиётҳои қодир ба таъмини ҳифзи ин навъи моликият ҳидоят менамояд.

Дар асоси ин муқаррароти конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқӣ ва танзими ҳуқуқии минбаъдаи моликияти зеҳнӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуногуне таъмин карда мешавад, ки онҳо хусусияти ҳуқуқи шахсӣ ва ҳуқуқи оммавӣ доранд.

Ҳифзи ҳуқуқи шахсӣ ва танзими моликияти зеҳнӣ дар сатҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумӣ ва махсуси қонунгузории гражданӣ таъмин карда мешавад. Дар низоми қонунгузории гражданӣ нақши муайянкунанда, умумӣ ва пешбар ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, ки дар он муқаррароти умумии ҳифз ва танзими моликияти зеҳнӣ баён карда шудаанд. Муқаррароти махсуси ҳифз ва танзими моликияти зеҳнӣ дар қонунҳои махсус ва санадҳои зерқонунӣ пешбинӣ гардидаанд. Санадҳои махсуси қонунгузории гражданӣ аз рўйи ниҳод (институт)-ҳо ё алоҳида ва гурўҳи объектҳои ба ҳам монанди моликияти зеҳнӣ таҳия ва қабул карда шудаанд.

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ