Классификатор Барнома
Рақам 382
Ном БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 01.08.2012
Матн

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи 2012, № 382

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

 

1. Муқаррароти умумӣ

 

  1. Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 дар асоси Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи нишондодҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 баён гардидаанд, бо мақсади такмили низоми тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии соҳаи таълиму тарбияи насли наврас, муҳайё намудани шароит барои беҳтар намудани шаклу усул ва воситаҳои тарбия, таъмини робитаи доимӣ миёни падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа дар тарбияи насли наврас мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" таҳия гардидааст.

 

  1. Мақсадҳои асосии Барнома

 

  1. Мақсадҳои асосии Барнома аз баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани хонандагону донишҷўён, эҳтиром нисбат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои дастгирӣ, сарпарастӣ ва тарбияи насли наврас, таъмини маҷмўи тадбирҳо ҷиҳати ҷалби аҳли ҷомеа ба масъалаҳои тарбия, ба роҳ мондани низоми корҳои тарбиявӣ бо аҳли ҷомеа, бунёди заминаи илмӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ, таъмини тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани ҳодиса ва рафторҳои номатлуб, ҷинояткорӣ ва ғайра иборат мебошанд, ки дар ҳолатҳои зерин ифода меёбанд:

-таҳкими низоми тарбияи насли наврас, такмили стандартҳои таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми тарбия дар ҷомеа дар асоси анъанаҳои миллӣ;

-ташаккул ва тақвияти вазифаву ўҳдадориҳои мутақобилаи оила ва муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳо ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ, иртиботи муассисаи таълимӣ бо оила ва муносибати боэҳтиромонаи падару модарон, омўзгорон ҷиҳати донишандўзӣ, хушахлокӣ, тавоноӣ ва нерўи ақлонию маънавии фарзандон;

-таҳия ва татбиқи барномаҳои махсус оид ба рушди зеҳнии насли наврас ва тарзи ҳаёти солими онҳо;

-ҷорӣ намудани усул ва шаклҳои нави низоми тарбияи насли наврас дар шароити муосир;

-таъмини ҳамоҳангии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ, таҳсилоти махсус, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳди ҷомеа дар тарбияи насли наврас (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66);

-ташаккули андешаву шуури миллӣ, гиромидошти анъанаҳои умумибашарӣ, ҳисси ватанпарастӣ, зеҳни солиму ақли расо, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз ҷумла рафтор, пиндор ва гуфтори нек;

-ташвиқ ва тарғиби пандномаи ахлоқии ниёгон, таҳаммулпазирӣ, муомилаву муошират ва фазилатҳои писандидаи инсонӣ;

-ба роҳ мондани тарғибу ташвиқот тариқи воситаҳои ахбори омма ҷиҳати рушду ташаккули тарбияи насли наврас дар шароити муосир;

-таъмини тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ва рафторҳои номатлуб;

-беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани таъминоти илмию методии раванди тарбия.

-тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ, ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати татбиқи навгониҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи тарбия.

 

3. Вазифаҳои асосии Барнома

 

  1. Вазифаҳои асосии Барнома иборатанд аз:

-амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, хусусан дар масъалаи тарбияи насли наврас аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66);

-амалӣ намудани тадбирҳои татбиқи Барномаи мазкур дар якҷоягӣ бо раёсатҳо ва шўъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин вазорату идораҳо ва мақомоте, ки дар Барнома зикр шудаанд;

-таҳияи дастурҳои тарбиявӣ барои хонандагону донишҷўён дар шароити муосир;

-гузаронидани семинарҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар бо олимони соҳаи омўзгорӣ;

-нашри китобчаҳо, плакатҳо ва дигар воситаҳои тарғибу ташвиқотӣ вобаста ба тарбияи насли наврас;

-кушодани сомонаи (сайти) алоҳида дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва дар он ҷойгир намудани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда вобаста ба тарбияи насли наврас;

-ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти марбута доир ба татбиқи чорабиниҳои Барнома.

  1. Мақсад ва вазифаҳои Барнома бо воситаҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:

-таҳияи дастур ва мавод оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд";

-таҳия ва пешниҳоди тағийроту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва китобу дастурҳои таълимию методӣ дар самти тарбияи ахлоқию маънавии насли наврас;

-таҳияи барномаи таълимӣ ва китоби дарсии "Одоби муошират ва рўзгордорӣ" ва "Маърифати оиладорӣ";

-ташкили барномаҳои радио ва телевизион оид ба тарбияи оилавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги психологӣ-педагогии падару модарон, ҳамкориҳои муассисаҳои таълимӣ ва оила, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои талабагӣ ва ҷавонон;

-таҳияи маҷмўи аёният ва филмҳо оид ба масоили тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, риояи одоби салом ва низоми либоспўшӣ дар муассисаҳои таълимӣ;

-ташкил ва гузаронидани конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзўи "Ҳамкории мактаб ва оила дар тарбияи насли наврас";

-таҳияи "Роҳнамои тарбия" барои расонидани кўмаки методию психологӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-ахлоқӣ ва педагогии оилаҳо ба кўдакону тарбиягирандагони дорои имконияти маҳдуд, душвортарбия ва васиву парастор;

-таҳияи филмҳо, намоишномаҳо, сенарияҳо ва барномаҳои радио оид ба эҳтироми калонсолон;

-гузаронидани семинарҳои методӣ ва дастурдиҳӣ дар муассисахои таълимӣ ва мақомоти ҷамоати деҳот оид ба масъалаҳои татбиқи самтҳои тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ бо дарназардошти муҳити фарҳанги миллӣ;

-ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии "Дастони моҳир", "Варзишгари сол", "Ихтироъкори беҳтарин", "Китобхони беҳтарин" ва "Оилаи ибратомўз";

-ташкили курсҳои такмили иктисос ва бозомўзии муаллимону мураббиён оид ба масъалаҳои тарбиявӣ, оилавӣ, ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим;

-ҷалби мутахассисони соҳавӣ барои таҳқиқи илмию методии такмили усул ва роҳҳои тарбияи маънавию ахлоқии наврасону ҷавонон, тарзи ҳаёти солим дар оила ва муҳити иҷтимоӣ;

-таҳияи барномаҳо, аёният ва маводи методии зидди нашъамандӣ, майпарастӣ, одамфурўшӣ, хатари одатҳои номатлуб ва тарғиби тарзи ҳаёти солим;

- ташкили мизҳои мудаввар ва курсҳои лексионӣ оид ба таъсири омилҳои нашъамандӣ, роҳҳои пешгирии нашъамандӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳамкории муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- инъикоси масъалаҳои мубориза бар зидди нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар рўзномаву маҷаллаҳои соҳаи маориф;

-таҷҳизонидани кабинетҳои технологӣ барои духтарону писарон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷиҳати тарбияи меҳнатӣ ва омўзиши ҳунарҳои мардумӣ;

-ташкили шуғли кўдакону наврасон дар давраи таътил ва фориғ аз таҳсил тавассути маҳфилҳои ҳунаромўзӣ, рассомӣ, мусиқӣ, рақс, дўзандагӣ, ихтироъкорӣ, омўзиши забонҳо ва компютер, клубҳои варзишӣ, ҳунармандӣ, хаттотӣ, барномасозӣ ва ғайра;

-ташкил ва гузаронидани машварати ҷумҳуриявӣ оид ба касбинтихобкунии хонандагон тавассути ҷалби корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорони хурду миёна;

-муҳайё намудани муҳити тарбиявӣ барои ташаккули сифатҳои иҷтимоию ахлоқӣ ва касбии хонандагони муассисаҳои таълимӣ;

-таҳияи нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои мушаххаси корӣ бо нишон додани хароҷот ва манбаъҳои маблағгузории онҳо;

-андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба амалӣ намудани нақшаю барномаҳои тарбияи маънавию ахлоқии кўдакон ва наврасону ҷавонон.

 

4. Таҳлили вазъи кунунии тарбияи насли наврас ва вазифаҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҳамчун омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат арзёбӣ шудааст. Тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҳамчун рукни асосии ғояи давлатдорӣ яке аз самтҳои асосӣ ва муҳимтарин дар раванди рушди ҷомеа маҳсуб меёбад.
  2. Халқҳои мутамаддин, аз ҷумла тоҷикон, ба тарбияи фарзанд аз замонҳои қадим таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати дар рўҳияи инсондўстӣ, ҳуввияти миллӣ, ҷавонмардию ватандўстӣ, маърифатпарварию хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамида ба воя расонидани насли наврас кўшиш менамуданд.
  3. Ин анъанаҳо дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, тавассути оила, муассисаҳои таълимӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, меъёрҳои ахлоқӣ, динӣ ва китобҳои муқаддас ба шаклҳои мухталиф рушд менамоянд. Дар замони муосир тарбия дар заминаи анъанаҳои миллӣ, ҳисси масъулияту вазифашиносӣ, худшиносии миллӣ, меҳнатдўстиву ватанпарварӣ, инсондўстиву поквиҷдонӣ, шарафмандӣ, ҳақиқатҷўӣ, кадршиносии миллӣ ва ғайра сурат мегирад.
  4. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмил ва танзими тарбияи кўдакону наврасон ва ҷавонон заминаҳои воқеӣ ба вуҷуд омад. Дар муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии корҳои тарбиявӣ, таъмини фароғати насли наврас, фаъолияти эҷодӣ ва тарзи ҳаёти солим корҳои муайян анҷом дода шуд. Соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба "Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кўдакон" ҳамроҳ шуд, ки дар он ҳуқуқ ва манфиатҳои кўдакон, ўҳдадориҳои падару модарон, давлат ва аҳли ҷомеа оид ба дуруст ба роҳ мондани раванди тарбияи насли наврас таъкид ва дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дарҷ гардидааст.
  5. Раванди тарбия дар асоси "Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамчун самти афзалиятноки соҳаи таҳсилот ва ҳаёти иҷтимоии кишвар эътироф гардид. Дар ин робита яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маориф муҳайё намудани шароит барои инкишофи ҳамаҷонибаи тарбияи насли наврас қарор гирифт.
  6. Тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ. Низоми таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ҷумҳурӣ аз 488 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 338 маркази инкишофи кўдакон, 3793 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 84 мактаб-интернат барои кўдакони ятиму бепарастор ва кўдакони дорои имконияти маҳдуд иборат мебошад, ки дар онҳо дар маҷмуъ 1765636 кўдакону наврасон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
  7. Вобаста ба ҷорӣ намудани барномаю усулҳои нави тарбияи кўдакон аз тарафи ташкилоту институтҳои байналмилалӣ барномаҳои "Қадам ба Қадам" ва "Аз кўдак ба кўдак" ҷорӣ карда мешавад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ фаъолияти 18 кўдакистон бо усули "Қадам ба Қадам" амалӣ шуда истодааст.
  8. Илова бар ин, тавассути барномаи "Аз кўдак ба кўдак" дар вилояти Хатлон 1078 кўдакони синни 6-сола барои омодагӣ ба мактаб таълиму тарбия дода мешаванд. Барномаю усулҳои нави таҳсилоту тарбия кўдаконро чӣ аз ҷиҳати ҷисмонӣ, чӣ аз ҷиҳати зеҳнию фикрӣ ва нутқ инкишоф дода, барои тайёр намудани онҳо ба мактаб замина фароҳам меоварад. Вале бо сабаби кам будани муассисаҳои томактабӣ ва амал накардани ин намуди муассисаҳои таълимӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, омода намудани кўдакон ба мактаб, дар онҳо тарбия намудани зебоипарастӣ, тарзи ҳаёти солим ва ғайра ба амал бароварда намешавад.
  9. Ҷиҳати ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани кўдакон дар ноҳия ва деҳаҳое, ки дар онҳо муассисаҳои томактабӣ фаъолият намекунанд, шароити зарурӣ фароҳам оварда нашудааст. Бо ин мақсад дар ин гуна минтақаҳо фаъолияти марказҳои инкишофи кўдакон ба роҳ монда шудааст. Марказҳои мазкур асосан дар ду баст ташкил карда шудаанд ва дар давоми 3-4 соат кўдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Вале ин марказҳо ҳам талаботи ҷомеаро дар робита ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани ҳамаи кўдакон қонеъ карда наметавонанд. Айни ҳол дар чунин марказҳо 6955 нафар кўдакон ба таълиму тарбияи кўтоҳмуддат фаро гирифта шудаанд.
  10. Тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. Ҳар сол теъдоди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мефзояд. Танҳо дар давоми ду соли охир шумораи онҳо бештар аз 100 000 нафар афзудааст. Афзоиши хонандагон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе зиёд буда, он зарурати сохтмони мактабҳои нав, таъмини мактабҳо бо кадрҳои омўзгорӣ, лаборатория ва кабинетҳои фаннӣ, мебелу дигар таҷҳизоти таълимӣ, таҳияи филмҳои тарбиявии мактабӣ, дастурҳои таълимиву методиро ба миён меоварад.
  11. Дар сурати ҳал нагардидани ин мушкилот, ба мактаб ҷалб гардидани насли наврас мушкил мешавад ва боиси аз тарбия дур мондан ва даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб задани онҳо мегардад. Вазъи қонуншиканӣ ва дур мондани кўдакону наврасон аз таълиму тарбия то ҳол дар ҷумҳурӣ ташвишовар боқӣ мемонад. Масалан, дар соли 2009 дар ҷумҳурӣ 211 ва дар соли 2010 327 қонуншиканӣ аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. Агарчи тамоюли камшавии ҷиноят дар соли 2011 ба мушоҳида расад ҳам, вале иштироки кўдакону ҷавонон дар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин гувоҳи то андозае суст гардидани тарбия дар оила, мактаб ва ҷомеа мебошад.
  12. Аз ин нуқтаи назар таҳияи барномаи мукаммали махсус оид ба тарбияи насли наврас ба мақсад мувофиқ мебошад ва он метавонад ба рушди тарбияи насли наврас мусоидат намояд.
  13. Тарбия дар муассисаҳои тахсилоти иловагӣ. Дар ҷумҳурӣ 80 маркази таҳсилоти иловагӣ ба таълиму тарбияи кўдакону наврасон машғул мебошанд, ки дар онҳо 1249 маҳфил амал намуда, 41432 нафар хонанда ба онҳо фаро гирифта шудаанд.
  14. Ворид гардидани фарҳангҳои мухталиф, равияву ҷараёнҳои гуногуни диниву мазҳабӣ ва экстремистӣ барои ба қонуншиканиҳо роҳ додани кўдакону ҷавонон замина гузоштааст, ки ин аз фаъолияти сусти марказҳои таҳсилоти иловагӣ, ба талабот ҷавобгў набудани корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, суст будани тарбия дар оила ва ҷомеа мебошад. Ба таҳсилоти иловагӣ ва фориғ аз дарс ба машғулиятҳои гуногуни тарбиявӣ ҷалб нагардидани кўдакон барои ба дигар корҳо, махсусан тамошои филмҳои ғайриахлоқиву зўроварӣ, дуздиву қаллобӣ, бозоргардиву дигар амалҳои ғайриинсонӣ даст задани кўдакону наврасон замина мегузорад.
  15. Аз теъдоди 1703028 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамагӣ ба таҳсилоти иловагӣ ҷалб шудани 41432, ки 4 фоизро ҳам ташкил намекунад, гувоҳи кам будани муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва маҳфилҳои онҳо мебошад.
  16. Машғулиятҳои беруназмактабиву беруназсинфӣ ва чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, ки дар тарбияи кўдакону наврасон саҳми бузург дорад, бо дарназардошти дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ набудани шароити зарурӣ, аз қабили синфхонаҳо, толорҳои варзишию фарҳангӣ гузаронида намешаванд. Маҳфилҳои гуногуни тарбиявӣ, техникӣ, варзишӣ, фарҳангӣ, ки дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ бояд ҷорӣ карда шаванд, бо сабаби набудани заминаи техникӣ ва норасоии кадрҳо ва камии музди меҳнати роҳбарони маҳфилҳо ташкил намегарданд.
  17. Дарсҳои тарбиявӣ, ки ҳар хафта як соат пешбинӣ гардидаанд, бо дарназардошти маблағгузорӣ нашудани онҳо, дар доираи талабот ҷараён намегиранд. Ғайр аз ин, ҷиҳати пешбурди корҳои тарбиявӣ норасоиҳои зиёде мавҷуданд, ки таҳияи як барномаи давлатӣ ва ҷалби ҳамаи сохторҳо ба раванди пешбурди таълиму тарбия метавонад ин мушкилотро ҳал ва амалӣ шудани тарбияро миёни наврасону ҷавонон дар кишвар ба бор орад.
  18. Тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ. Масъалаи тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мақоми муҳим дорад, зеро рушди маънавии ҷомеа ва дар ҳамин асос тараққиёти соҳаҳои гуногуии ҳаёти муосири давлату ҷамъият ба ҳаллу фасли дурусту мақсадноки ин масъалаи муҳим робитаи бевосита дорад. Низоми ин зинаҳои таҳсилот ҷавононро ба фаъолияти меҳнатии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ омода менамояд ва бо гирифтани ихтисос, таҳсилоти дараҷаи муайян ва диплом анҷом меёбад. Тарбия ва муайян намудани сифати он дар ташаккули шахсияти хонанда мавқеи муҳим дорад.
  19. Дар ҷумҳурӣ 67 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 22,3 ҳазор хонанда ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 41003 нафар донишҷўён таҳсил менамоянд.
  20. Нақши муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ташаккули шахсияти хонандагону донишҷўён ва пайдо намудани мақому манзалати онҳо дар коллективҳои меҳнатӣ ва ҷамъият басо бузург аст. Хонандагону донишҷўён дар баробари соҳибкасб гардидан, инчунин аз омўзгорон, ҳамсолони худ, муҳити атроф муносибатҳои нав меомўзанд тарбияи маънавӣ мегиранд, дар бобати хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дониши хуб мегиранд.
  21. Тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нимаи дуюми даҳсолаи аввали асри ҷорӣ тамоюли тараққиёти бомаромро касб кардааст. Ин манзурро далелҳои оморӣ тасдиқ менамоянд. Ба таври мисол, танҳо дар давоми панҷ соли охир - тайи солҳои 2006 -2011 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии нав - 6 донишкада ва 5 филиал таъсис дода шудааст.
  22. Ҳамин тариқ, дар соли таҳсили 2011-2012 дар ҷумҳурӣ 30 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 154832 нафар донишҷўён, аз ҷумла 100068 нафар дар шўъбаҳои рўзона ва 51621 нафар дар шўъбаҳои ғоибона (ба истиснои 3143 донишҷўёни муассисаҳои олии касби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) аз рўи 286 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
  23. Инкишофи босуръати воситаҳои ахбори омма ва технологияи коммуникатсионӣ ва ҳамзамон, кафолати конститутсионии озодии сухану матбуот фазои иттилоотиро, ки тавассути он раванди тарбия ба амал бароварда мешавад, ниҳоят васеъ ва мазмуну мундариҷаи онро дигаргун намуд. Дар шароити дастрасии фаррохи иттилоот ва маводе, ки ба воситаи нашрияҳои гуногуни матбуотӣ, телевизион, радио, Интернет ва дигар васоити ахбори умум паҳн мегардад, ба равонияти насли наврас тавассути маводи пастсифате, ки аз тарзи ҳаёти солим, ахлоқу одоби миллӣ фарсахҳо дуранд (зўроварӣ, ҷинояткорӣ фисқу фуҷур, нашъмандӣ ва амсоли ин зуҳуроти номатлуб), таъсири бевосита расонида мешавад.
  24. Ҳамзамон, ҷиҳати пешбурди фаъолият дар самти тарбия дар назди муассисаҳои таълимӣ то ҳанўз омилҳое мавҷуданд, ки барои ба таври таъсирбахшу манфиатовар ба роҳ мондани ин рукни муҳими фаъолият мамониат менамоянд. Аз ҷумла, ақибмонии рушди заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, таъминоти нокифоя ва ё умуман набудани дастурамалҳои илмӣ- методӣ, мавҷуд набудани воситаҳои молиявии зарурӣ ҷиҳати ташкилу баамалбарории тадбирҳои муассир дар бахши тарбия, шароити ноустувори моддӣ ва дар ҳолати камбизоатӣ қарор доштани теъдоди зиёди таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ ва ғайра.
  25. Дар низоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷўён ба намудҳои муайяни меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷомеа омода карда мешаванд. Раванди таълимгирӣ дар чунин муассисаҳои таълимӣ бо тартиби муқаррарашуда бо дарёфти тахассус, аттестатсияи омодагии касбӣ ва малакаю маҳорати касбӣ ба анҷом мерасад.
  26. Дар баробари ин, дар низоми таҳсилоти олии касбии замони муосир вазифаҳои марбут ба самти тарбияи донишҷўён дар сатҳи зарурӣ мавриди таҳлилу омўзиши васеъ қарор дода намешавад. Яке аз чунин масъалаҳои дар сатҳи кофӣ омўхтанашуда ин муайян кардани сифат ва рушди мақсадноки тарбия мебошад.
  27. Таваҷҷўҳи ками муассисаю корхонаҳои давлатӣ, масъуният надоштани корфармоён ҷиҳати омода кардани мутахассисони соҳибтахассус барои корхонаҳо, низоъҳои иҷтимоию зиддиятҳои дохилӣ дар муассисаҳои таълимӣ боиси вусъатёбии худазхудии иҷтимоишавии ҷавонон гардида, ба раванди тарбия дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ таъсири манфӣ мерасонад.
  28. Сарчашмаҳои асосии сар задании зиддиятҳо дар дохили муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, қабл аз ҳама, аз ташкили нодуруст ва сифати пасти раванди таълим, таъсиру нуфузи тарзи роҳбарии авторитарӣ ва муносибати мутакаббиронаи ҳайати роҳбарикунанда нисбат ба донишҷўён, ба эътибор нагирифтани манфиатҳои таълимгирандагони ҷавон, сарфи назар кардан аз ҳуқуқи интихоби шакли фаъолияти таълимӣ, роҳ наёфтан ҷиҳати иштирок дар идораи муассисаи таълимӣ ва ғайра иборат мебошад.
  29. Ҳамзамон, афзудани шавқу рағбати насли наврас ба равандҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва худшиносии шахсӣ бозгўи он аст, ки саъйю талошҳои ҷавонон дар ҷомеаи муосир танҳо дар қолаби ба даст овардани доираи танги дониш, тахассусу маҳорати касбӣ маҳдуд намегардад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки ҷиҳати рушди маънавии таълимгирандагон шароити мусоидро фароҳам оварда, барои тарбияи худшиносӣ, худтакмилгардии ахлоқӣ, азхуднамоии доираи васеи таҷрибаи иҷтимоии онҳо кўмак расонида шавад.
  30. Муҳимтарин самти фаъолияти тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд аз фароҳамоварии низоми бисёрзинагии омоданамоӣ ва азнавтайёркунии мутахассисони ташкилкунандаи кори тарбиявӣ бо донишҷўён иборат бошад.
  31. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги вазифаҳои ташкили низоми тарбияи маънавию ахлоқии кўдакону наврасон ва ҷавонон бояд ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи тарбия (муаллимон, мураббияҳо, психологҳо, педагогҳои таҳсилоти иловагӣ, мураббиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда шавад. Дар ин масъала ба дўши муассисаҳои таҳсилоти олии касбии омўзгорӣ барои тайёр кардани муаллимону мураббиёни ояндаи дорои ҷаҳонбинии васеъ масъулияти бузург вогузор мегардад.

 

5. Чорабиниҳое, ки ба татбиқи Барнома равона карда шудаанд:

 

  1. Дар самти тарбияи хонаводагӣ:

-ташкили низоми хизматрасонии иҷтимоӣ-педагогӣ ва психологӣ ба оилаҳое, ки ниёзманди кўмак дар тарбияи фарзандон мебошанд;

-таҳияи адабиёти педагогӣ, роҳнамо ва дастурҳои таълимию методӣ барои падару модарон ва парасторон;

-ташкили тарғиби донишҳои педагогӣ, оилаҳои ибратомўз тавассути телевизион, радио, рўзнома ва маҷаллаҳои соҳавӣ;

-ҷалби падару модарон ба муассисаҳои таълимӣ ва ташкили ҳамкориҳои мутақобилаи онҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссияи ҳуқуқи кўдак ва кор бо ноболиғон ҷиҳати пешгирии одатҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ дар байни кўдакону наврасон;

-тавассути мақомоти васоияту парасторӣ танзим ва таҳкими ҳамкории оила ва муассисаҳои таълимӣ;

-ташкили вохўриву сўҳбатҳо дар маҳаллу ҷамоатҳои деҳот, шаҳрак, муассисаҳои таълимӣ оид ба тарбияи насли наврас;

-ташкили Шўрои падару модарон, калонсолон ва модарони ҷавон оид ба масоили таълиму тарбия ва таъсири он ба ҷомеа;

-ташкили махфилҳои тарбиявӣ ва ҳунаромўзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва расонидани кўмаки методӣ ба онҳо.

  1. Дар самти тарбияи томактабӣ

-ташкили шаклҳои мухталифи шабакаи муассисаҳои томактабӣ;

-омўзиши барномаҳо ва технологияҳои муосире, ки мазмуни нави таълиму тарбияи кўдаконро инъикос мекунанд;

-таъмини муассисаҳои томактабӣ бо адабиёти методии муосир, ки ба мақсади тайёр кардани кўдакон ба зинаҳои минбаъдаи ҳаёти иҷтимоӣ нигаронида шудааст;

-дар асоси таҳқиқоти соҳаи тарбияи томактабӣ таҳия ва татбиқ намудани барномаҳо ва технологияи муосир ва сохтори тарбияи ахлоқӣ, ки бо мақсади тарбияи томактабӣ мутобиқат намоянд;

-таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба инкишофи тафаккури кўдакон дар бораи одам, ҷомеа, фарҳанг ва ғайра;

-таблиғи бозӣ ва бозичаҳо ҳамчун воситаи муҳими тарбияи кўдакони синни томактабӣ;

-таҳия ва татбиқи барномаҳои алтернативии таълимию тарбиявӣ барои кўдакони синни томактабӣ ва маҷмўи чорабиниҳо оид ба ёрии амалӣ ба оилаҳое, ки кўдаконашон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта нашудаанд;

-таҳияи барнома, дастурҳои методӣ ва таълимӣ барои кўдакистон, мактаб, оила ва амалигардонии онҳо;

  1. Дар самти таҳсилоти миёнаи умумӣ:

-муайян намудани мазмуни тарбия, шаклҳо ва усулҳои он дар асоси хусусиятҳои синнусолӣ, инфиродӣ ва психологии хонандагон бо назардошти имконият ва хусусияти муассисаҳои таълимӣ;

-ба мазмуни фанҳои таълимӣ ворид намудани мавзўъҳои хусусияти арзишҳои фарҳангӣ ва иҷтимоидошта;

-ташкили иттиҳодияҳои падару модарон ва ҷалби онҳо дар идоракунии муассисаҳои таълимӣ;

-тарғиби арзишҳои ахлоқию маънавӣ ва ҷалби наврасон ба касбу ҳунаромўзӣ;

-назорати доимии фарзандон аз ҷониби волидон ва парасторони онҳо ҳангоми вақти муайяншудаи шабона дар марказҳои дилхушӣ, интернет-кафеҳо, тарабхонаву толорҳо;

-назорати низоми либоспўшӣ дар муассисаҳои таълимӣ, манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми раванди таълим, пешгирии ҳодисаҳои зўроварӣ, экстремистӣ ва террористӣ, истеъмоли нўшокиҳои спиртӣ, воситаҳои нашъадор, тамоку ва маводи психотропӣ дар байни наврасону ҷавонон;

-ҷорӣ намудани воҳиди кории педагог-психолог, бо дарназардошти имконияти молиявӣ.

  1. Дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ -ташкили курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши касбҳои ҷавобгўи ба талаботи бозори меҳнат;

-тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби ба муҳити иҷтимоӣ мувофиқ ва ба талаботи муосири бозори меҳнат ҷавобгў;

-коркарди шакл, усул ва роҳҳои муосири тарбия дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

-тасдиқи муносибатҳои ҳамкории хонандагону донишҷўён ва омўзгорон дар идораи муассисаҳои таълимӣ;

-фароҳам овардани ҷанбаи илмӣ, маҷмуӣ, пайдарпаи ва бетанаффусии фаъолият дар самти тарбия;

-таъмин намудани риояи пурраи ҳуқуқ ва озодиҳои хонандагону донишҷўён, татбиқи усулҳои демократӣ дар ҳаллу фасли масоили ҷавонон;

-инкишофи минбаъдаи фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои донишҷўён;

-эҳё ва таҷаддуди марказҳои минтақавӣ, илмию техникии истеҳсолии ҷавонон, марказҳои иттилоотии барои татбиқи захираҳои эҷодии ҷавонон ва ҳамчун шуғли дуюмдараҷа пешбинишуда;

- шинос намудани ҷавонон бо намудҳои истеҳсолот, вазъи бозори меҳнат, талаботи иқтисодиёт ба кадрҳои ихтисосманд, мазмун ва дурнамои рушди касбҳо, роҳҳои фаро гирифтани касбҳо, шаклу шароити азхудкунии онҳо, талаботи касбҳо нисбат ба шахс, имконияти такмили касбии тахассусӣ ва худтакмилдиҳӣ дар ҷараёни фаъолият.

  1. Дар самти таҳсилоти олии касбӣ:

-такмили стандартҳо дар самти вусъатбахшии корҳои тарбиявӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳассилин, гуманитарикунонии фанҳои табиӣ-риёзӣ ва афзалиятнокии раванди тарбия дар он;

-таҳияи дастурҳо вобаста ба ахлоқ ва тарбияи чавонон дар ҷомеа;

-ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, клубҳо, марказҳои маърифатӣ ва татбиқи барномаҳои тарбиявӣ;

-гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ дар хобгоҳҳо, барқарор намудани муносибатҳои ҳамкорӣ байни донишҷўен, инкишофи худидоракунии онҳо тавассути созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои донишҷўён;

-ташкили марказҳои инкишофи фаъолияти беруназсинфии фаъолияти донишҷўён, клубҳо ва чорабиниҳои истироҳатию фароғатӣ ҳамчун самти муҳими тарбиявии наврасон ва ҷавонон;

-гузаронидани чорабиниҳо оид ба омодасозии ҷавонон ба бунёди оилаи солим ва ҷомеаи солим;

-вусъатбахшии ҳамкории падару модарон ва ташкили рўзҳои падару модарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

-ташкил кардани толорҳои истироҳатӣ-фароғатӣ;

-гузаронидани рейдҳои муштарак дар хобгоҳҳо;

-фароҳам овардани ҷанбаи илмӣ, маҷмўӣ, пайдарпаӣ ва бетанаффусии фаъолият дар самти тарбияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

-таъмин намудани риояи пурраи ҳуқуқ ва озодиҳои донишҷўен, татбиқи усулҳои демократӣ дар ҳаллу фасли масоили ҷавонон;

-омезиш додани усулу шаклҳои инфиродӣ ва оммавии корҳои тарбиявӣ;

-ташкил кардани марказҳои байнимуассисавии рушди фаъолияти ғайритаълимии донишҷўён;

-эҳё ва таҷаддуди марказҳои минтақавӣ, илмию техникии истеҳсолии ҷавонон, марказҳои иттилоотии барои татбиқи захираҳои эҷодии ҷавонон ва ҳамчун шуғли дуюмдараҷа пешбинишуда;

-таъсиси шабакаи хадамоти мададрасонии иҷтимоию равоншиносӣ барои ҷавонон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.

  1. Дар самти таҳсилоти иловагӣ

-таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳсилоти иловагӣ;

-таҳияи дастурҳои таълимию методӣ оид ба татбиқи таҳсилоти иловагӣ;

-нигоҳдорӣ ва васеъ намудани шабакаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар асоси талаботи хонандагон, падару модарон ва аҳли ҷомеа;

-мустаҳкам кардани заминаи кадрӣ ва моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ;

-ташкили такмили ихтисоси кормандони системаи таҳсилоти иловагӣ;

-омўзиш ва ҷамъбасти таҷрибаи педагогии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ;

-ташкили курсҳои кўтоҳмуддати муҳосиботӣ, компютерӣ, омўзиши забонҳо, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва чорабиниҳои варзишӣ ва солимгардонӣ;

-ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ-истироҳатӣ дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ;

-таъмини иштироки хонандагон дар созмонҳои талабагӣ, маҳфилҳои беруназсинфӣ, таҳсилоти иловагӣ ва таҳияи газетаҳои деворӣ.

 

6. Натиҷаҳои татбиқи амалии Барнома

 

  1. Татбиқи амалии Барнома ба ҳалли масъалаҳои зерин мусоидат менамояд:
  2. Ба эҳтиром ва таъмини иҷрои Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани хонандагону донишҷўён мусоидат мекунад.
  3. Татбиқ ва иҷрои муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин сохта, дар ташаккули инсони дорои тафаккури нав ва рушди босуботи ҷомеаи солим мусоидат намуда, заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ тарбияи насли наврасро такмил медиҳад.
  4. Талабот ва ниёзмандии кўдакон, наврасон ва ҷавононро дар заминаи дастовардҳои миллию башарӣ арзишҳои маънавию ахлоқӣ қонеъ гардонида, барои ташаккули инсон, вусъатёбии сифатҳои ахлоқии шахс, афкору ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ахлоқии шаҳрвандон, таҳаммулпазирӣ, тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардўстиву инсонпарварӣ ва таъмини тарзи ҳаёт ва ҷомеаи солим заминаҳои мусоид фароҳам месозад.
  5. Ба такмили усулҳои кор ва иштироки аҳли ҷомеа ба рушди ҷомеаи босубот, ваҳдату созандагӣ, худшиносии таърихию фалсафӣ, пойдории оилаи устувор, муносибату ҳамкории оила бо муассисаҳои таълимӣ ва мақомотҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъсир мерасонад.
  6. Риояи меъёрҳои ахлоқ, ташаккули арзишҳои маънавию ахлоқӣ, миллӣ ва умумибашарӣ, муқаддасоти миллӣ, ҳифзи ободӣ ва шукуфоии Ватан, эҳтироми забон, таърих ва расму ойини ниёгон ва ворисияти наслҳоро ба он таъмин менамояд.
  7. Низоми самарабахши таҳсилоти босифат ва гуманизатсиякунонии онро тақвият дода, ба танзими масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёт ва ҷомеаи солим, демография ва танзими оила кўмак мерасонад.
  8. Ба ташаккули шахсияти комил, масъулиятшинос ва ба ҷаҳони муосир рақобатпазир, қудрати фаъолияти мустақилона ва эҷодкорона дошта, соҳибмаърифат ва бунёдкору созанда мусоидат менамояд.
  9. Ҳамгироии таълиму тарбия, гуманизм, эҳтироми муқаддасоти милливу фарҳангӣ, ҳифзи муҳити зист, ташаккули тарбияи шаҳрвандӣ, масъулияти падару модар ва ҷомеа ба фарогирии фарзандон ба таҳсилоти ҳатмӣ ва интихоби касбу ҳунарро ба вуҷуд меоварад.
  10. Таъмини рушди ҷомеа ва соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро тавассути маълумотнокии босифат, камолоти маънавию ахлоқӣ, одоби муошират ва маданияти гуфтор, тафаккури эҷодӣ ва маҳорати баланди касбии кадрҳо батадриҷ беҳтар мегардонад.
  11. Талаботи шахсро ба интихоби таҳсилоти касбӣ, иловагӣ, махсус, бозомўзӣ, иттилоот, омўзиши техника ва технологияи муосир қонеъ мегардонад.
  12. Сатҳи маърифатию фарҳангӣ, раҳнамоии касбӣ ва тарбияи меҳнатии ҷавонон, бо дарназардошти хусусиятҳои фардӣ, психофизиологӣ ва вазъи саломатӣ, ташаккул ёфта, алоқамандии иҷтимоии тарбия бо ҳаёт ва фаъолияти меҳнатӣ дар ҷомеа пурзўр мегардад.
  13. Усулҳои технологияи муосир дар раванди тарбияи меҳнатӣ истифода мегардад, ки ба тайёр кардани кадрҳои ихтисосманди рақобатпазир дар бозори меҳнат мусоидат менамояд.
  14. Сатҳи маърифатию фарҳангии наврасону ҷавонон ташаккул ёфта, ҳамчун як инсони комили худогоҳу хештаншинос ба воя мерасанд.

7. Маблағузорин Барнома

  1. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои соҳаи маориф ҷудо мешаванд, маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағҳои махсус, грантҳо ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ