Классификатор Барнома
Рақам 450
Ном БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ АЗХУДКУНИИ ЗАМИНҲОИ НАВИ ОБЁРИШАВАНДА ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ЗАМИНҲОИ АЗ ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ БЕРУНМОНДА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 31.08.2012
Матн

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 августи соли 2012, №450

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ АЗХУДКУНИИ ЗАМИНҲОИ НАВИ ОБЁРИШАВАНДА ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ЗАМИНҲОИ АЗ ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ БЕРУНМОНДА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020

 

Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 (минбаъд - Барнома) бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзии мамлакат, бо ҷои кор таъмин намудани аҳолии деҳот ва дар ин замина беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

 

  1. Муқаррароти умумӣ

 

1.Мавсими гармои тўлонӣ, захираҳои оби ғанӣ ва заминҳои ҳосилхез, асоси нерўи биоиқлими Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Захираҳои замин маҳдуд буда, ҳамагӣ 7 фоизи қаламрави онро ташкил медиҳад. Майдони умумии заминҳои қобили обёрӣ дар кишвар ба андозаи 1570 ҳазор гектар арзёбӣ мешавад, ки аз онҳо то соли 2011 743,7 ҳазор гекгар азхуд шудааст. Бо шумораи аҳолии 7,6 млн. нафар, майдони заминҳои обёрӣ ба ҳар сари аҳолии кишвар 0,09 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба дигар давлатҳои минтақа ба маротиб камтар аст. Дар мамлакат баробари фаровонии захираҳои об норасоии замини обӣ шадидан эҳсос карда мешавад.

  1. Маҳдудияти майдонҳои заминҳои обӣ ба шароити душвори ҷуғрофӣ алоқаманд аст. Заминҳои кишоварзӣ 32,1 фоизи қаламрави кишварро ташкил медиҳад.
  2. Таҳлили муқоисавии дурнамои инкишоф, нуфузи аҳолӣ ва суръати ҳозираи азхудкунии заминҳои нав нишон медиҳад, ки то соли 2025 майдони қиёсии заминҳои обёришаванда то 0,08 гектар ба як нафар коҳиш меёбад. Бо дарназардошти шўрзании як қисми заминҳои обӣ, сатҳи ғайриқаноатбахши обҳои зерзаминӣ, норасоии об дар минтақаи обёрии мошинӣ, сохтмони иншооти таъиноти шаҳру деҳот ва истеҳсолӣ аз ҳисоби заминҳои обӣ, майдони воқеии қиёсии замини обӣ дар мамлакат то соли 2025 мумкин аст ба 0,06 гектар ба як нафар расад.
  3. Амнияти озуқаворӣ на танхо аз майдони умумии обёришаванда, балки аз маҳсулнокии он низ вобаста аст. Аммо дар сатҳи мамлакат захираи майдони кофии заминҳои обӣ ба ҳар ҳол ҳалкунанда боқӣ хоҳад монд.
  4. Азхудкунии заминҳои нав дар шароити норасоии шадиди захираҳои молиявӣ кори басо мушкил мебошад. Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №517 ва аз 26 декабри соли 2008, №620 азхудкунии 4942 гектар заминҳои нави обӣ дар ноҳияҳои водии Рашт то охири соли 2010 ва 1767 гектар дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ то охири соли 2011 пешбинӣ гардида буд. Тибқи ҳисобҳои мутахассисон, дар шароити душвори вобаста ба ҷойгиршавии манбаъҳои об ва замини обӣ, барои азхудкунии заминҳои нав бо шумули сохтмони тамоми инфрасохтори лозима маблағгузории қиёсии капиталӣ дар андозаи қариб 50-70 ҳазор сомониро ба як гектар ташкил хоҳад дод.

 

2. Барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 бо сабабҳои гуногун 15297 гектар замини обӣ холӣ монда, 23897 гектар заминҳои обӣ дар ҳолати партов аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии аз гардиши кишоварзӣ берун мондани қисми зиёди ин заминҳо, дар ҳолати корношоям мондани иншоотҳои гидротехникӣ ва пойгоҳҳои обкашии дохилихоҷагӣ мебошанд, ки дар мувозинаи хоҷагиҳои таҷдидгардида қарор доранд. Хоҷагиҳои таҷдидгардида солҳои дароз иншоотҳои гидротехникӣ, шабакаҳои оберӣ ва заҳбурҳоро бе таъмиру назорат мондаанд.
  2. Дар баробари барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда азхуд намудани заминҳои нави оберишаванда барои рушди кишоварзии мамлакат аҳамияти стратегӣ дорад. Мувофиқан ба болоравии нуфузи аҳолии Тоҷикистон азхудкунии заминҳои нав бояд ба ҳазорҳо гектар дар як сол баробар бошад. Аммо, вобаста ба маҳдудияти маблағ дар Барнома миқдори майдони заминҳои обии азхудмешуда ба дараҷаи мантиқӣ маҳдуд карда шудааст.

 

3. Мақсади Барнома

 

  1. Мақсади асосии Барномаи мазкур ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва васеъ намудани майдони заминҳои обии мамлакат дар солҳои 2012-2020 мебошад. Барномаи мазкур бо мақсади барномаҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани сатҳи зиндагонии мардум мувофиқ буда, барои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳмгузор мебошад.

 

4. Натиҷаҳои Барнома

 

  1. Татбиқи Барномаи мазкур имконият медиҳад, ки дар натиҷаи азхудкунии 18890 гектар заминҳои нави обёришаванда, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ 3890 гектар, аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ 15000 гектар ва барқарорсозии 7800 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, дар маҷмўъ 26690 гектар замин ба истеҳсолоти кишоварзӣ ҷалб карда шавад. Мавриди зикр аст, ки дар ҳар як гектар замини обӣ вобаста аз зироат ва мавқеи ҷойгиршавии он аз 4 то 8 нафар аҳолии деҳот бо ҷои кор таъмин мегарданд. Ба ҳисоби миёна татбиқи Барнома имконият медиҳад, ки дар саросари деҳоти мамлакат зиёда аз 160 ҳазор ҷои кории нав ташкил шавад.

 

5. Маблағгузории Барнома

 

  1. Маблағгузории Барнома асосан ба барқарор намудани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо, хариди қисмҳои эхтиётӣ барои пойгоҳҳои обкашии хоҷагиҳои таҷдидшуда ва Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмир намудани он пойгоҳҳо ва дигар корҳои барои иҷрои Барнома мувофиқбуда равона карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки таҷҳизоти пойгоҳҳои обкашӣ аз дигар мамлакатҳо ворид карда мешавад. Барнома дар асоси нақшаи маблағгузориҳо барои 9 сол пешбинӣ шуда, тадбиқи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ сурат мегирад.
  2. Нақшаҳои "Азхудкунии заминҳои нави оберишаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ", "Азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ" ва "Барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20122020" замима карда мешавад, ки тибқи онҳо маблағи умумии Барнома 1028,4 млн. сомониро ташкил медиҳад (замимаҳои 1, 2 ва 3).

 

6. Назорати татбиқи Барнома

 

  1. Назорати татбиқи Барномаи давлатии ҷиҳати азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20122020-ро Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ