ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ АЗХУДКУНИИ ЗАМИНҲОИ НАВИ ОБЁРИШАВАНДА ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ЗАМИНҲОИ АЗ ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ БЕРУНМОНДА
ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
Мутобиқи моддаи 6 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
- Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи маблағҳои пешбининамудаи Буҷети давлатӣ, сармоя ва грантҳо, инчунин маблағҳо аз хизматрасонии об ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
- Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020-ро таҳти назорат гирифта, оид ба рафти иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шашмоҳа маълумот пешниҳод намояд.
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, №589 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2012, № 450
ш. Душанбе