ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ САНЪАТИ ТЕАТРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2019
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2019 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкурро таъмин намояд.
- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 -2019 дар анҷоми ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
- Дар банди 19 Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2012, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, № 316 тасдиқ шудааст, калимаҳои "давлатии мақсадноки" хориҷ карда шуда, калимаҳои "театрии Тоҷикистон" ба калимаҳои "театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 декабри соли 2012, № 675
ш. Душанбе