Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 94
Ном ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАНЪИ ХУДСАРОНА ҶАМЪОВАРӢ КАРДАН ВА Ё ФУРЎХТАНИ МЎМИЁ ВА МАВОДИ МУМИЁДОР
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Аз эътибор соқитшуда
Сана 28.08.1990
Матн

Бо Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 с., №713

АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТА ШУД

  

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР БОРАИ МАНЪИ ХУДСАРОНА ҶАМЪОВАРӣ КАРДАН

ВА Ё ФУРЎХТАНИ МЎМИЁ ВА МАВОДИ МУМИЁДОР

 

(ВСОРССТ с.1990, №16, м.252)

 

Бо мақсади дар ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳифз намудани мумиё ва маводи мумиёдор Совети Олии Республикаи Советии Соиалистии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Дар ҳудуди худсарона ҷамъоварӣ кардани мумиё ва маводи мўмиёдор, инчунин фурўши онҳо манъ карда шавад.
  2. Муқаррар карда шавад, ки барои худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мумиё ва маводи мумиёдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба маблағи аз панҷсад то ҳазор сўм ҷарима андохта, мумиё ва маводи мумиёдор мусодира карда мешавад.

Барои худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мумиё ва маводи мумиёдор, агар он аз тарафи шахсе содир шуда бошад, ки дар давоми як сол барои чунин амалиёт ҷазои маъмурӣ гирифтааст, бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати то як сол, ё бо корҳои ислоҳкунӣ ба худи ҳамон муддат, ё ки бо ҷарима ба маблағи аз як ҳазор то ду ҳазор сўму мусодираи мумиё ва маводи мумиёдор ҷазо дода мешавад.

  1. Ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки Совети Оли РСС Тоҷикистон 5 декабри соли 1985 қабул кардааст, (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон,  с.1985, № 24; с.1986, № 8, мод. 72, № 12, мод. 101, № 17, мод. 155; с.1987, № 5, мод. 73, № 11, моддаҳои 163-164, № 15, моддаҳои 206-207, № 24, мод.334; с.1988, № 3, мод. 25, № 5, мод. 54, № 11, мод. 161, № 17, мод. 235; с.1989, № 3, мод. 27, № 9, мод. 56, № 13, мод. 80; с. 1990, № 7, мод. 53, иловаҳои зайл дохил карда шаванд:

а) ба Кодекс моддаи 501 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«Моддаи 501. Худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мумиё ва маводи мумиёдор.

Барои худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мумиё ва маводи мумиёдор-

ба маблағи аз панҷсад то як ҳазор сўм ҷарима андохта, мумиё ва маводи мумиёдор мусодира карда мешавад»;

б) дар қисми якум ва дуюми моддаи 217 баъди рақами «50» рақами «501» илова карда шавад;

в) дар қисми якуми моддаи 218 баъди раками «50» ва «501» илова карда шавад.

  1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки бо Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 17 августи соли 1961 тасдиқ шудааст, моддаи 1752 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«Моддаи 1752. Барои худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мумиё ва маводи мумиёдор, агар он аз тарафи шахсе содир шуда бошад, ки дар давоми як сол барои чунин амалиёт ҷазои маъмурӣ гирифтааст,-

бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати то як сол, ё бо корҳои ислоҳкунӣ ба худи ҳамон муддат, ё ки бо ҷарима ба маблағи аз як ҳазор то ду ҳазор сўму мусодираи мумиё ва маводи мумиёдор ҷазо дода мешавад».

 

 

Раиси Совети Оли РСС Тоҷикистон                                                                         Қ. Маҳкамов

 

28 августи соли 1990, шаҳри Душанбе.

№ 94

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ