Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 199
Ном ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАТБУОТ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Аз эътибор соқитшуда
Сана 14.12.1990
Матн

 

Бо Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 с., №961

АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТА ШУД

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАТБУОТ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

 

(Ведомостьҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1990, №24, мод. 421; соли 1992, №10, мод. 144; соли 1992, №11, мод. 175; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, мод. 48; соли 1997, №23-24, мод. 333; соли 1999, № 12, мод. 335; соли 2002, №4, қ. 1, мод. 269)

 

Боби I. Қоидаҳои умумӣ

 

Моддаи 1. Воситаҳои ахбори омма

Воситаҳои ахбори омма аз идораҳои матбуоти даврӣ, радиою телевизион, агентиҳои иттилооти, дигар муассисаҳое, ки ахбори омма нашр мекунанд, иборат аст.

Мувофиқи ҳамин Қонун воситаҳои ахбори омма рўзномаю маҷаллаҳо, бюллетенҳо ва дигар нашрияҳои даврӣ, ки барои дар байни мардум интишор кардан пешбинӣ шудаанд ва дар се моҳ на камтар аз як маротиба нашр мешаванд, ҳамчунин барномаҳои телевизиону радио, кинохроника, хабарҳои агентиҳои информатсионӣ, сабтҳо ва барномаҳои аудио ва аудиовизуалӣ мебошанд.

 

Моддаи 2. Озодии матбуот

Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд.

Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқ дорад фикру ақидаашро озодона баён кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намояд. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.

 

Моддаи 3. Забони воситаҳои ахбори омма

Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба забони давлатӣ ва ба забонҳои дигар тибқи Конститутсияи (Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

Давлат ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифодаи забони модарӣ ва забонҳои дигари халқҳои ҷумҳурӣ ҳангоми дастрасу интишори ахбори омма таъмин менамояд.

 

Моддаи 4. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма

Идораи воситаҳои ахбори омма дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ буда, дар асоси оинномаи худ амал мекунад.

Идора ҳақ дорад фаъолияти истеҳсолию хоҷагиашро аз рўи шартҳои мустақилияти иқтисодӣ ва ҳисоби хоҷагӣ ба роҳ монад.

Тартиби аз тарафи давлат ба воситаҳои ахбори омма расонидани кўмаки молиявиро (дотатсияро) қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

 

Моддаи 5. Воҷибии ахбор додан

Ташкилотҳои давлатию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳаракатҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти заруриро диҳанд.

 

Моддаи 6. Роҳ надодан ба суистифода аз озодии сухан

Интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахборе, ки ба зўран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват мекунад, шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозад, ҷанг, зулму зўроварӣ, терроризм бо ҳамаи зуҳуроташ, хусумати нажодию миллӣ ва динӣ, инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография)- ро таблиғ мекунад, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамояд, дар воситаҳои ахбори омма манъ аст.

Истифодаи воситаҳои ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, дидаву дониста чоп кардани хабару мақолаҳои дурўғин, маълумотҳои тўҳмату иғвоангез, шаъну шарафи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, манъ аст.

 

Моддаи 7. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бори матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

                                 Боби II. Ташкили фаъолияти воситаҳои ахбори омма

 

Моддаи 8. Ҳуқуқи таъсиси воситаҳои ахбори омма

Ҳокимияти маҳаллӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёси, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои оммавӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, иттиҳодияҳои кооперативӣ, динӣ ва дигар иттиҳодияҳои гражданинҳо, ки мувофиқи қонун барпо шудаанд, коллективҳои меҳнатӣ, ҳамчунин шахсони алоҳидае, ки синнашон ба 18 расидааст, ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инҳисори матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма роҳ дода намешавад.

Муассиси воситаҳои ахбори омма буда наметавонанд;

-шаҳрвандоне, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд, ё мувофиқи  тартиби муқаррарнамудаи қонун аз қобилияти амал маҳрум шудаанд, ё қобилияти амалашон маҳдуд карда шудааст;

-ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки фаъолияташон мувофиқи қонун манъ карда шудааст;

-шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд.

               

Моддаи 9. Бақайдгирии воситаҳои ахбори омма

Идораи воситаҳои ахбори омма баъди бақайд гирифта шудани воситаҳои ахбори оммаи дахлдор ба фаъолияти худ  шурўъ мекунад. Воситаҳои ахбори омма дар муддати як моҳ аз рўзи расидани ариза идораи давлатии нотариали маҳаллӣ воқеъияти онҳо ба қайд гирифта мешаванд.

Воситаҳои ахбори омма, ки дар  ҳудуди Тоҷикистон нашр мешаванду муассисонаш ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои оммавӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, кооперативҳо, созмонҳои динӣ ва дигар иттиҳодияҳои гражданӣ коллективҳои меҳнатӣ ё гражданинҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, танҳо баъди аз тарафи идораи давлатии нотариалии дахлдор ба қайд гирифта шуданашон ба фаъолияти худ шурўъ менамоянд.       

Ҳуқуқи нашри воситаҳои ахбори омма аз рўзи гирифтани шаҳодатнома дар давоми як сол эътибор дорад. Дар сурати гузаштани ин мўҳлат эътибори шаҳодатномаи бақайдгирӣ аз байн меравад.

Табдили муассис, тағйири ҳаммуассис, шакли интишори ахбори умум, ном ё забон (забонҳои) воситаҳои ахбори омма дар асоси аризаи муассис (ҳаммуассис) бо тартиби дар ҳамин модда баёнкардашуда сабт карда мешавад, аз сари нав ба қайд гирифта мешавад.

Сабти давлатии воситаҳои ахбори умум дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин ба ҷо оварда мешавад:

  • ариза дар бораи сабти давлатӣ;

-    шартномаи таъсиси(дар сурати мавҷуд будани якчанд муассис);

  • оиннома;
  • хулосаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсиси, ки вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад;
  • рамзи таснифгари (класификатори) мақомоти омор;
  • тасдиқномае, ки маҳали воқеияти корхонаро шаҳодат медиҳад;
  • ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ ;
  • хулосаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи  10. Ариза дар бораи бақайдгирии воситаҳои ахбори омма          

Дар аризаи бақайдгирии воситаҳои ахбори омма буда маълумоти зерин нишон дода шавад:

  • муассис (ношир);
  • ном, забон (забонҳо), ҷои воқеъшавии воситаҳои ахбори омма;
  • доираи тахминии хонандагон;
  • мақсаду вазифаҳои воситаҳои ахбори омма;
  • рўзҳои нашр, ҳаҷм ва манбаи таъминоти молиявӣ;

Дар вақти бақайдгирии воситаҳои ахбори омма талаб кардани маълумоти дигар манъ аст.

 

Моддаи  11. Мавридҳои бе қайд паҳн кардани ахбор

Мақомоти ҳокимияту идораи давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, ки ҳуҷҷатҳои нормативии расмӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, бюллетенҳои маҳкама ва ҳуҷҷатҳои арбитражро чоп мекунанд, ҳуқуқ доранд маълумоти худро бе қайд дар байни омма паҳн намоянд.

Корхонаҳо, ташкилотҳо, муассиасаҳои таълими ва илмӣ ҳуқуқ доранд материалҳои ахборӣ ва ҳуҷҷатҳои барои фаъолияташон заруриро бе қайд нашр ва паҳн намоянд. Ба қайд гирифтани фаъолияти бо ёрии воситаҳои техникии чоп, ауди ва аудиовизуалӣ таёр кардани материалҳо, ки барои дар байни омма паҳн намудан таъин нашудаанд, ё ҳамчун дастнавис нусхабардор карда мешаванд, талаб карда намешавад.

Ҳангоми бо теъдоди камтар аз сад нусха нашр гардидани маҳсулоти чопӣ бақайдгирии воситаҳои  ахбори омма талаб карда намешавад.

 

Моддаи 12. Рад кардани бақайдгирии воситаҳои  ахбори омма

Бақайдгирии воситаҳои  ахбори омма танҳо бо сабаби вайрон кардани қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби таъсиси корхонаҳо, ба талабҳои муқарраркардашудае, ки барои сабти ҳуҷҷатҳо заруранд мувофиқ набудан ва дар асоси зерин рад карда мешавад: 

1) агар номи ахбори омма, мақсад ва вазифаҳои барномавии он ба мазмуну  мундариҷаи қисми аввали моддаи шашуми ҳамин Қонун мухолиф бошад;

2) агар органи бақйдгиранда пештар бо ҳамин ном ба воситаи дигар ахбори омма шаҳодатнома дода бошад;

3) агар  ариза  як   сол  пеш аз анҷоми   рўзи  қонунан эътибор  пайдо  кардани  қарори қатъи  фаъолияти воситаи  ахбори омма пешниҳод шуда бошад.

Раддияи қайд дар асоси далелҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ менамояд, ба таври хаттӣ пешниҳод карда мешавад.

                              

Моддаи 13. Андоз барои қайди  воситаҳои ахбори  омма

Барои  додани шаҳодатномаи қайди воситаи ахбори омма ба ҳаҷме,   ки   қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян  кардаанд, андози  давлатӣ гирифта мешавад.

 

Моддаи 14. Қатъи табъу нашри воситаҳои ахбори  омма

Фаъолияти табъу нашри ахбори  омма дар асосҳои зерин метавонад қатъ гардад:

  1. бо қарори муассис;
  2. бо сабаби барҳам хурдан ё аз нав ташкил кардани воситаҳои ахбори омма;
  3. бо ҳалномаи суд, дар ҳолати вайрон кардани талаботи моддаҳои 6 ва 22 ҳамин Қонун.

Ҳангоми вайрон кардани муқаррароти ҳамин қонун прокурор ё Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон расман вайронкунандаи қонунро огоҳ менамояд, дар сурати такроран вайрон кардани ҳамин қонун барои қатъ намудани фаъолияти воситаҳои ахбори омма ба суд муроҷиат мекунад.

 

Моддаи 15. Тартиби шикоят дар ҳолати рад намудани бақайдгирии воситаи ахбори омма ва қарор дар бораи қатъи фаъолияти он

Муассис ё идораи воситаи ахбори омма дар ҳолати рад намудани қайди воситаи ахбори омма ё аз тарафи мақомоти давлатӣ риоя накардани мўҳлати дар муддати ба қайд гирифтани он, ҳамчун қарор дар бораи  қатъи воситаи ахбори омма ба маҳкама шикоят карда метавонад. Маҳкама шикояти онҳоро, аз ҷумла баҳсу мунозираро дар бораи моликият мувофиқи тартиби пешбининамудаи Кодекси процессуалии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мебарояд.

Эътирофи раддия дар бораи қайди воситаҳои ахбори омма ё қарор дар бораи қатъи фаъолияти он, ки мухолифи Қонун бошад, маънои бекор шудани қарорҳои ба маҳкама пешниҳодшударо дорад. Бекор намудани қарор дар бораи қатъи фаъолияти воситаҳои ахбори омма пардохти зарарҳоеро ба миён меорад, ки ба муассис, идора ва ношир, аз ҷумла аз даромадҳои нагирифтааш ворид шудааст.

                                

Моддаи 16. Муассис, муҳаррир, идора ва ношири воситаи ахбори омма

Муассис барномаи (принципҳои асосии) фаъолияти воситаи ахбори оммаро тасдиқ менамояд. Идора ё дигар муассисе, ки воситаи ахбори оммаро нашр мекунад, барномаро мувофиқи маҳорати касбиаш мустақилона дар амал татбиқ менамояд.

Муҳаррир (сармуҳаррир) аз тарафи таъсискунандаи воситаи ахбори омма таъин ва аз кор озод карда мешавад ва ё мувофиқи тартиби пешбиникардаи  оинномаи идора интихоб ва аз кор озод мегардад.

Муҳаррир (сармуҳаррир) ба фаъолияти ҳайати таҳририя ва идораи воситаи ахбори омма роҳбарӣ карда, манфиатҳои онро дар назди муассис, ношир, муаллифон, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дигар иттиҳодияи шаҳрвандҳо ва худи шаҳрвандҳо, хамчун дар маҳкама ҳимоя менамояд.

 Муҳаррир (сармуҳаррир) дар асоси ҳамин Қонун ва дигар ҳуҷҷатҳои қонунӣ барои иҷрои талаботе, ки ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма пешниҳод шудаанд, масъул мебошад.

Ҳайати таҳририя мувофиқи тартиби пешбиникардаи оинномаи идораи воситаи ахбори омма ташкил карда мешавад. Муҳаррир (сармуҳаррир) раиси ҳайати таҳририя мебошад.

Муассис, ҳамчунин  нашриёт ё дигар шахси ҳуқуқие, ки воситаи ахбори оммаро бо маводи моддию техникӣ таъмин менамояд, ношири он буда метавонад.

 

Моддаи 17. Оинномаи воситаҳои ахбори омма

Оинномаи идораи воситаҳои ахбори омма дар маҷлиси умумии коллективи журналистон бо аксарияти овозҳо дар ҳозирии аз се ду қисми ҳайати кормандон қабул карда мешавад ва муассис онро тасдиқ менамояд.

 Оинномаи идораи муносибатҳои таъсискунанда, муҳаррир (сармуҳаррир), идораи воситаҳои ахбори омма ва салоҳияти коллективи журналистонро муайян менамояд. Ба он қоидаҳои тартиби тақсим ва хароҷоти даромаде, ки аз фаъолияти ахбори омма ба даст меояд ва дигар қоидаҳо дохил карда мешавад.

 Оинномаи идораи воситаи ахбори омма набояд ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф бошад.

 

Моддаи 18. Муносибатҳои истеҳсолию молӣ ва пулии идора, муассис ва ношири воситаи ахбори омма

Муносибатҳои истеҳсолию молӣ ва пулии идора, муассис ва ношири воситаи ахбори омма мувофиқи қонунҳои мавҷуда ва шартнома муқаррар карда мешавад.

Шартнома нуқтаҳои зеринро дар бар мегирад:

1) маблағҳои барои фаъолияти идора пешбинишуда;

2) қисми даромад (фоида), ки аз фаъолияти воситаи ахбори омма ба даст омада, ба ихтиёри идора, муассис ва ношири он гузошта мешавад;

 Ӯҳдадориҳои муассис ва ношир дар бораи муҳайё кардани шароити истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва маишии кормандони идора.

 

Моддаи 19. Воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи муаллиф

 Воситаҳои ахбори омма ҳангоми истифодаи маводҳо бояд қонунҳо ва нормаҳои байнанхалқиро оиди ҳуқуқи муаллиф риоя кунад.

 Дар ҳолате, ки як муаллиф асари муаллифи дигарро аз худ менамояд (яъне медуздад), вай дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

Моддаи 20. Маълумотномаи воситаи ахбори омма

Ҳар як шумораи воситаи ахбори омма бояд маълумотҳои зерин дошта бошад:

1) номи нашрия;

2) таъсискунанда;

3) Ному насаби муҳаррир (сармуҳаррир);

4)  рақами тартибии шумора ва санаи ба табъ расидани нашрияи даврӣ, барои рўзнома бошад, ҳамчунин рўзи ба чоп имзо шуданаш;                                                       

5) индекс барои нашрияҳои даврие, ки тавассути дўконҳои алоқа фурўхта мешавад;

6) адади нашр;                               

7) нарх (дар мавриди ба нархи тиҷоратӣ фурўхтани нашрия);

8) нишонии идораи нашрия, ношир, матбаа;

9)рақами шаҳодатномаи бақайдгири ва номи мақоме, ки онро додааст.

Идораи телевизион ва радиошунавонӣ ҳангоми оғози ҳар як барнома ва дар мавриди мутассил намоиш додан ва шунавонидани барнома ҳар шабонарўз камаш чор бор номи идораи телевизион ва радиоро бояд эълон намояд.

 

Моддаи 21. Нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмӣ

Нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии матбуоти даврие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, баъди ба табъ расидан аз ҷониби муассисон, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўзи чоп шудан фавран ба идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдор фиристода мешаванд.

Нусхаҳои назоратӣ ва ҳатмии матбуоти даврие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шуда, дар хориҷи кишвар чоп мешаванд, ҳамчунин ба дигар идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдор фиристонида мешаванд.

Феҳристи муассисаҳои ҷумҳуриявиро, ки бояд нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии матбуоти давриро гиранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 22. Интишори воситаҳои ахбори омма

Маҳсули воситаи ахбори оммаро бевосита нашр ё дар асоси шартнома ва ё дигар воситаи қонунӣ муассисаҳои алоқа, ҳамчунин шаҳрвандон паҳн мекунанд.

Паҳн кардани адабиёт ва нашрияҳое, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахборе, ки ба зўран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти Конститутсионӣ даъват мекунад, шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозад, ҷанг, зулму зўроварӣ, хусумати нажодию миллӣ ва ё динӣ, терроризм бо ҳамаи зуҳуроташ инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография)-ро таблиғ мекунад, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамояд, манъ аст.

Бе нишон додани маълумотнома паҳн кардани маҳсули воситаи ахбори омма манъ аст.

Мамониати интишори қонунии маҳсули воситаи ахбори омма, ҳамчунин пурра ё қисман мусодира намудани он, агар оид ба он қарори суд мавҷуд набошад, манъ аст.

Ташкилотҳои интишоркунандаи нашрия ҳуқуқ надоранд, ки бо сабабҳои мухолифати андешаҳои сиёсӣ аз паҳн намудани он даст кашанд.

 

Моддаи 23. Нигоҳ доштани нусхаҳои ахбори паҳншуда

Ношир дастхатҳо ва нусхаҳои ба табъ расидаро бояд баъди интишор шуданашон на камтар аз як сол маҳфуз дорад.

Идораҳои телевизион ва радио бояд маводҳои барномаҳоро таи як моҳи баъди нашр шуданашон нигоҳ дорад, дафтари қайди барномаҳоеро, ки бидуни сабти пешаки нашр мегарданд, дошта бошад, ки дар он мавзўи барнома, сана, вақти оғозу анҷоми нашр, ному насаби баранда қайд карда мешавад. Дафтари қайди чунин барномаҳо таи як сол аз рўзи сабти охирин ҳифз мегардад.

               

Моддаи 24. Ҳуқуқи раддия ва ҷавоб 

Шаҳрванд ё ташкилот ҳақ дорад аз воситаи ахбори омма барои нашр кардани маълумоти аз ҳақиқат дур ва шаъну шарафи онҳоро пастзананда раддия талаб намояд.

Шаҳрванд ё ташкилоте, ки воситаи ахбори омма дар бораи онҳо маълумоти ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашонро пастзананда нашр намудааст, ҳақ дорад дар худи ҳамон воситаи ахбори омма ҷавоби худро нашр кунад.

Раддия ё ҷавоб бояд дар бахши махсус ё ки дар ҳамон саҳифа бо ҳамон ҳуруфе чоп шавад, ки маълумоти радшаванда ба табъ расида буд: дар рўзномаҳо- на дертар аз як моҳи баъди рўзи талаб намудан ва дар дигар нашрияҳои даврӣ дар шумораи навбатӣ.

Раддия ё ҷавоб аз тарафи наттоқи радио ё телевизион дар ҳамон барнома ё силсилаи намоишҳо, дар айни замон на дертар аз як моҳи баъди рўзи талаб намудан, хонда мешавад. Худи шаҳрванд ё намояндаи ташкилоте, ки ҷавобро талаб намудааст, ҳамчунин ҳақ дорад бо ҷавоб баромад кунад.

Идора вазифадор аст, ки ҷавобро ба табъ расонад. Таҳрири матни ҷавоб манъ аст.

 

Моддаи 25. Ахбори расмӣ

Воситаҳои ахбори омма, ки мақомоти ҳукуматӣ ва идораи давлатӣ таъсис додаанд, вазифадоранд, ки ахбори расмии ин мақомотро чоп кунанд.

Идораи нашрия вазифадор аст қарори суд ё худ мақомоти арбитражи давлатиро, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст ва дар бораи дар ҳамон воситаи ахбори омма чоп кардани қарор дастур дорад, бе пул ва дар мўҳлати муқаррашуда чоп намояд.

 

Моддаи 26. Аз тарафи суд дида баромадани ариза оиди нашри раддия ё  ҷавоб

Дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани чопи раддия ё ҷавоб  ва ё риоя  накардани мўҳлати якмоҳаи барои нашри чунин материалҳо муқарраршуда, шаҳрванд ё ташкилоти манфиатдор ҳақ дорад дар муддати як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиат намояд.

Суд аризаро дар бораи аз тарафи идораи воситаи ахбори омма чоп кардани раддия ё ҷавоб мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонуни процессуалии гражданӣ баррасӣ менамояд.

 

Боби  III. Муносибати воситаҳои ахбори омма бо шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

 

Моддаи 27. Ҳуқуқи гирифтани маълумот аз тариқи воситаҳои ахбори омма

Шаҳрванд ҳақ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма фавран дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор маълумоти аниқ ба даст орад.

Воситаҳои ахбори омма, ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор гирифтани ахборро дорад. Мақомоти давлатӣ,  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият муҳайё мекунанд.

Ташкилотҳои давлатӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳаракатҳо ва шахсони мансабдор фақат дар мавриде аз додани маълумот метавонанд худдорӣ намоянд, ки мувофиқи моддаи 6 ҳамин Қонун маълумоти онҳо барои интишор нораво бошад.

Агар онҳо аз додани маълумот саркашӣ намоянд, намояндаи воситаҳои ахбори омма ба мақомоти боло ё худ ба шахси мансабдор  ва баъд  мувофиқи нуқтаҳои пешбининамудаи қонун дар бораи шикоят кардан аз болои фаъолияти ғайриқонунии органҳои идораи давлатӣ, ва шахсони мансабдор, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол мекунанд, ба суд шикоят карда метавонанд.

 

Моддаи 28. Истифодаи эҷодиёт ва мактубҳои муаллифон

Воситаҳои ахбори омма эҷодиёти журналистон, адибон, санъаткорон ва олимонро бо риояи ҳуқуқи муаллифон истифода карда метавонанд.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки воситаҳои ахбори оммаро бо чопи маводҳои радкардаи идора вазифадор намояд, ба шарте, ки қонун чизи дигарро пешбинӣ накарда бошад.

Дар вақти чопи мактубҳои хонандагон ихтисор ва таҳрири матн ҷоиз ва равост, ба шарте, ки мазмуни мактуб таҳриф нашавад.

Дар ҳолати аз дигар воситаҳои ахбори омма гирифта чоп кардани материалҳо, мазмун ва мундариҷаи он набояд таҳриф гардад.

Нашри такрории маводҳо аз дигар воситаҳои ахбори омма бо нишондоди ҳатмии манбаи он мумкин аст.

 

Моддаи 29. Мавридҳои махсуси фош накардани ахбор

Идораи воситаҳои ахбори омма ва рўзноманигор ҳуқуқ надорад:

1) номи шахсеро зикр намояд, ки бо шарти ифшо намудани номи вай ахбор додааст, ғайр аз мавридҳое, ки инро суд талаб кунад.

2) маълумоти тафтиши пешакиро бе иҷозати хаттии прокурор, муфатиш ё шахсе, ки тафтиш мебарад, ошкор намояд; бе розигии ноболиғ ва намояндаи қонунии вай ҳар хабареро интишор кунад, ки боиси зикри шахсияти ноболиғи қонуншикан мешуда бошад.

3) дар ахбораш натиҷаи мурофиаи судии кори мушаххасро пешакӣ баён кунад ё пеш аз эътибор пайдо кадани ҳалнома ё ҳукум ба суд ба тарзи дигар таъсир расонад.

                 

                            Боби   IV. Ҳуқуқ  ва вазифаҳои журналист

               

Моддаи 30. Журналист

Дар ҳамин Қонун таҳти номи журналист шахсе дониста мешавад, ки барои воситаҳои ахбори омма мавод ҷамъ мекунад, менависад, таҳрир менамояд ё тайёр мекунад ва бо воситаи ахбор шартномаи меҳнатӣ дорад ё ин ки бо ваколати ҳамин воситаи ахбор ба ин кор машғул аст.

 

Моддаи 31. Ҳуқуқи журналист

Журналист ҳуқуқ дорад, ки:

1) ахбор дарёфт намояд, гирад ва интишор кунад;

2) вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсўҳбат шавад;

3) ҳамагуна фактро, аз ҷумла бо роҳи истифодаи воситаҳои техники аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, ғайр аз мавридҳое, ки қонун пешбини кардааст;

4) баъди нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалли офати табиӣ ҳузур дошта бошад;

5) зимни санҷиши факту ҳолатҳои вобаста ба маводҳои расида ба   мутахассисон муроҷиат намояд.                 6) аз навиштани мақолаи хилофи эътиқодаш даст кашад;

7) аз зери ахборе, ки мазмуни он, ба фикри вай дар рафти таҳрири идора таҳриф шудааст, имзояшро гирад;               

8) нигоҳ доштани сирри муаллифиро пешаки гуфтугў кунад;

Журналист аз ҳуқуқҳои дигаре ҳам  истифода мебарад, ки мувофиқи ҳамин Қонун муҳайё шудаанд.                                             

 

Моддаи 32. Вазифаҳои журналист

Журналист  вазифадор аст, ки:               

1) барномаи фаъолияти воситаи ахбори оммаро, ки бо вай муносибатҳои меҳнатӣ дорад, иҷро намояд, аз рўи оинномаи идора амал кунад;

2)   саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад;

3) хоҳиши шахсонеро, ки ахбор додаанд, дар бораи зикри муаллифиашон қонеъ кунонад, ба шарте, ки агар ин хабар бори аввал интишор мешуда бошад;

4) иҷрои супоришеро, ки муҳаррир (сармуҳаррир) ё идора додааст, рад намояд, ба шарте, ки он бо халалдор шудани Қонун алоқаманд бошад;

5) ҳуқуқу,  манфиати қонунӣ, қадру қимати миллӣ шаҳрвандон, ҳуқуқ ва мафиати қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунад.

Журналист вазифаҳои дигар ҳам дорад, ки аз ҳамин Қонун бар меоянд.

               

Моддаи 33. Ваколат

Воситаҳои ахбори омма бо маслиҳатҳои ташкилотҳои давлатӣ, сиёсӣ, ҷамъияти ва ҳаракатҳо метавонанд журналистони худро дар он муассисот вакил намоянд.

Журналисти ваколатдор ҳуқуқ дорад дар маҷлисҳо ва дигар чорабиниҳои ҳамин ташкилотҳо ширкат варзад; вай мувофиқи тартиби муқарраркардаи ҳамон ташкилот бо стенограмма, протокол ва ҳуҷҷатҳои дигар таъмин мегардад.

Воситаҳои ахбори омма бо иҷозати органҳои расмӣ метавонанд дар мамлакатҳои хориҷӣ мухбирони худро дошта бошанд.

 

Боби V. Ҷавобгари барои вайрон кардани қонуни матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма

 

Моддаи 34. Омилҳои ҷавобгарӣ

Интишор ва паҳн кардани адабиёт ва нашрияҳое, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахборе, ки ба зўран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват мекунад, шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозад, ҷанг, зулму зўроварӣ хусумати нажодию миллӣ ва ё динӣ, терроризм бо ҳамаи зуҳуроташ инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография) -ро таблиғ мекунад, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамояд, истифодаи ғаразноки ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон манъбуда, мутобиқӣ қонун  ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Шахсони мансабдори давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин нашрияҳо, муҳаррири (сармуҳаррири) воситаҳои ахбори омма, муаллифони хабару мақолаҳо, ки қонуни матбуот ва воситаҳои дигари ахбори оммаро вайрон мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 35. Мавридҳои озод кардан аз ҷавобгарӣ барои паҳн кардани маълумоти бардурўғ

Муҳаррири (сармуҳаррир) ва ҳамчунин журналист барои дар воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маълумоти бардуруғ дар чунин мавридҳо озод карда мешавад:

1) агар ин маълумот дар ахбори расмӣ бошад;

2) агар ин маълумот аз агентҳои ахбори иттилоотӣ ё умури матбуоти мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ гирифта шуда бошад.    

3) агар он такрори таҳтуллафзи нутқҳои вакилони халқ дар анҷуманҳо, ва ҷаласаҳо, маҷлисҳо, вакилони анҷуманҳо, конференцияҳо, раёсатҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин нуқтаҳои расмии шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бошад;

4) агар он дар нутқҳои муаллиф, ки мустақиман ба мавҷ мераванд, ё дар матнҳое бошад, ки мувофиқи ҳамин Қонун набояд таҳрир шаванд.

 

Моддаи 36. Норавоии монеъшавӣ ба фаъолияти қонунии касбии журналист

Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ў барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки ба таҳдиди зўроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани амвол, паҳн қардани дуруғи бофтае ё фош намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдида мехоҳад онро нигоҳ дорад  алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист боиси ҷавобгарӣ мегардад.

 

Моддаи 37. Ҷавобгарӣ барои ғайриқонунӣ  тайёр ва интишор намудани воситаҳои ахбори омма

Тайёр ва интишор намудани маҳсулоти воситаҳои ахбори омма бо вайрон кардани муқаррароти ҳамин Қонун ё баъди қабули қарор дар бораи қатъи нашри он мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

 

Моддаи 38. Товони зарари маънавӣ

Товони зарари маънавӣ (ғайримоддӣ), ки шаҳрванд аз нашри маълумоти бардурўғ дар  воситаҳои ахбори омма дидаасту он шаъну шарафи ўро паст мезанад ва ё ба вай дигар зарари ғайримоддӣ мерасонад, бо ҳукми суд аз тарафи воситаҳои ахбори омма, инчунин шахсони мансабдор ва шаҳрвандони гунаҳкор баргардонида мешавад. Андозаи зарари маънавиро (ғайримоддиро) ба ҳисоби пул суд муайян мекунад.

 

Боби VI. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ахбори омма

 

Моддаи 39. Фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ҳуқуқ доранд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд. Ин фаъолият бо роҳи кушодани намояндагиҳо ва ё акредитатсияи хабарнигорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Намояндагиҳои Воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин агентиҳои иттилоотии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мувофиқаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.

Аккредитатсияи хабарнигорони хориҷиро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиботи муқарраргардида амалӣ мегардонад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мувофиқаи  худро барои  кушодани намояндагиҳои воситаҳои ахбори хориҷӣ ва аккредитатсияи хабарнигорони хориҷиро дар сурати хилофи Конститутсияи (Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хилофи манфиатҳои миллии Тоҷикистон будани фаъолияти онҳо, бекор намояд.   

 

Моддаи 40. Шартномаҳои байналмилалӣ

Ҳамкории байналмилалии воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, инчунин дар асоси шартномаҳои бевосита ба амал бароварда мешаванд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

14 декабри соли 1990, ш. Душанбе                                                                           Қ. Маҳкамов

№199

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ