Классификатор Барнома
Рақам 600
Ном БАРНОМАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ ТИББӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 31.10.2009
Матн

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2009 № 600

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ ТИББӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2020

 

Пешгуфтор

 

Ба таври мақсаднок тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббии ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгў, яке аз самтҳои афзалиятноки Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин, тайёр намудан ва мақсаднок бурдани кадрҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки норасогии онҳо ба мушоҳида мерасад, самти афзалиятнок буда, аҳамияти махсусро талаб менамояд.

Миқдори умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 13909 ва 30445 нафарро ташкил медиҳанд. Таъминнокии табибон ба 10000 аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 18,6 ва ба кормандони миёнаи тиббӣ 41,1-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо ба ҳисоби миёна дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мутаносибан 28,2 ва 75,5-ро ташкил медиҳанд.

Гуфтаҳои боло гувоҳи кам будани теъдоди табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ нисбат ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя Ўзбекистон (мутаносибан 26,6 фоиз ва 101,2 фоиз) ва Қирғизистон (мутаносибан 23,8 фоиз ва 54,3 фоиз) мебошад.

Дар ҷумҳурӣ дар 7 беморхонаи минтақавӣ ва 90 маркази саломатии деҳот умуман нарасидани табибон мушоҳида мешавад. Дар беш аз 25 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи наркологӣ, рўҳшиносӣ, бемориҳои сил, дил, саратоншинос, чашм, эндокринология, табибони оилавӣ, техникҳои тиббӣ, ташхиси шуоӣ ва ренгенологҳою паталоганатомҳо намерасанд. Имрўз тибқи ҷадвали штатӣ дар ҷумҳурӣ 4195 воҳиди кории табибон ва 7630 воҳиди кори кормандони миёнаи тиббӣ холӣ мебошад. Бо ҷойи кор таъмин будани штатҳои табибон ва кормандони миёнаи тиб мутаносибан 82,1 фоиз ва 84,1фоизро ташкил медиҳад. Таҳлил нишон медиҳад, ки миқдори умумии кормандон тиббӣ коҳиш ёфта истодааст. Дар соли 2007 дар муқоиса бо соли 2002 таъминнокии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ мутаносибан 6 ва 12,6 фоиз кам шудааст. Ҳол он, ки дар ин муддат шумораи аҳолӣ 10,8 фоиз зиёд шудааст.

Талаботи кадрҳои тиббӣ тибқи меъёрҳои амалкунанда барои солҳои 2010-2020 дар замима нишон дода шудааст. Талабот бо дарназардошти ворид намудани меъёру ихтисосҳои нав дар рафти амалисозии ислоҳоти соҳа метавонад тағйир ёбад.

Нишондиҳандаҳои таъминнокӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиб дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутаносибан аз 3,6 фоиз то 82,5 фоиз ва 14,5 фоиз то 201,5 фоизро ташкил медиҳад. Таъминнокӣ бо табибон аз ҳама зиёд дар шаҳри Душанбе (67,2 фоиз) ва вилояти Суғд (20,4 фоиз) ва аз ҳама кам дар вилояти Хатлон (9,1 фоиз) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (11 фоиз) мебошад. Ин нишондиҳанда вобаста ба кормандони миёнаи тиббӣ низ нобаробарии ҷуғрофиро нишон медиҳад. Таъминнокӣ бо кормандони миёнаи тиббӣ аз ҳама зиёд дар ВМКБ (73,4 фоиз) ва шаҳри Душанбе (60,2 фоиз) ва аз ҳама кам дар ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ (29,5 фоиз) ва вилояти Хатлон (30,1 фоиз) мебошад. Дараҷанокии табибон дар ҷумҳурӣ 40,8 фоизро ташкил медиҳад. Дараҷанокии касбӣ аз ҳама зиёд дар шаҳри Душанбе (51,6 фоиз) ва ВМКБ (41,0 фоиз) ва аз ҳама кам дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (20,5 фоиз) ва вилояти Суғд (38,6 фоиз) мебошад.

Таҳлил нишон медиҳад, дар он минтақаҳое, ки сатҳи таъмини аҳолӣ бо табибон паст аст, миқдори довталабони дохилшуда ва донишҷўён дар муассисаҳои таълимии тиббӣ кам ва баръакс дар ҷойҳое, ки таъминнокӣ бо табибон нисбатан хуб аст, миқдори довталабони дохилшуда ва донишҷўён зиёд аст. Чунин ҳолат дар оянда барои аз байн бурдани номутаносибии ҷуғрофии таъмини аҳолӣ бо табибон мусоидат намекунад ва андешидани чораҳои заруриро талаб менамояд.

Ҳамин тавр дар системаи банақшагирӣ ва тарбияи кадрҳо масъалаҳои нобаробарии ҷуғрофӣ, вобаста ба ихтисос ва шуғл, инчунин нобаробарии ташкилӣ (дар доираи як шаҳр ё як ноҳия теъдоди зиёди кормандони тиб ва норасоии онҳо дар муассисаҳои дигар шаҳру ноҳияҳо) ба мушоҳида мерасад.

Мутахассисони дорои таҳсилоти олии тиббӣ ва фармасевтӣ дар ҷумҳурӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимии клиникии тибби оилавӣ ва мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ ва фармасевтӣ дар 4 коллеҷ ва 10 омўзишгоҳҳои тиббӣ тайёр карда мешаванд.

Теъдоди донишҷўён дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино 5611 ва коллеҷу омўзишгоҳҳо 15999 нафарро ташкил медиҳад. Миқдори хатмкунандаҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино 753 ва коллеҷу омўзишгоҳҳои тиббӣ 4327 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди ҳарсолаи кадрҳои тиббии тайёркардашуда, бо дарназардошти ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва зиёдшавии аҳолӣ, талаботи кишварро таъмин карда наметавонад ва зиёд намудани нақшаи қабулро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ тақозо менамояд.

Тайёр намудани кадрҳои илмии соҳаи тандурустӣ дар 13 муассисаи илмию таълимӣ ба роҳмонда шудааст. Имрўз дар ҷумҳурӣ аз рўи ихтисосҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, педиатрия ва гастроэнтерология тайёр кардани докторони илм ва аз рўи ихтисосҳои пўст ва узвҳои таносул, гигиена, эпидемиология, физиология, анатомияи одам, тандурустии ҷамъиятӣ, анестезиология ва реаниматология, фармакология ва фармакалогияи клиникӣ номзадҳои илм тайёр карда мешаванд. Аз рўи ихтисосҳои бемориҳои дил, психиатрия, осебшиносӣ, наркология, нефрология, офталмология, трансплантология ва узвҳои сунъӣ, ҷарроҳии дилу раг, ташхиси озмоиши клиникӣ, анатомия ва физиологияи паталогӣ, заҳршиносӣ, генетики тиббӣ, тибби судӣ, вирусология ва иммунология норасоии кадрҳои илмӣ ба назар мерасанд.

Ҳамзамон, масъалаҳои рушди заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимию илмӣ, нерўи иқтидори кадрии онҳо, беҳбудии сифати тайёр намудани ва бозомўзии кадрҳои тиббӣ, баланд будани сатҳи касбии кормандони педагогӣ ниқоят мубрам ба шумор меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда қарорҳои "Дар бораи тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ" аз 4 ноябри соли 2002 №420; "Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ" аз 31 марти соли 2003 №112; "Дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравии қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ" аз 24 апрели соли 2004 №152; фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2005 №1574 "Дар бораи таъсиси Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ", "Дар бораи қабули донишҷўён ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010" аз 31 январи соли 2006 №58; "Дар бораи тасдиқи Консепсияи ислоҳоти тақсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 31 октябри соли 2008, №512; "Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015" аз 2-юми июли соли 2008 №296; "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 2 июли соли 2008 №308; "Дар бораи Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои тахсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ" аз 2 апрели соли 2009 №207; "Дар бораи тасдиқи Низомномаи стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 2 апрели соли 2009 № 208 қабул намуд, ки дар кори ба низом даровардани қабули шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои таҳсил дар мактабҳои олии дохилӣ ва хориҷи кишвар аз рўи талаботи иқтисодиёти миллӣ ба кадрҳо бешубҳа саҳми назаррас доранд.

Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 (минбаъд Барнома) бо мақсади таъмин намудани соҳаи тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос бо дарназардошти ихтисосҳои мушаххас ва мувофиқи талаботи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, инчунин тайёр намудани кадрҳои илмӣ аз рўи ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои илмию таълимии кишвар тайёр карда намешаванд, тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифодадиҳии бинои навтаъмири Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино 25 ноябри соли 2008 таҳия карда шудаст.

 

1. Зарурияти таҳияи Барнома

 

- ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгў набудани раванди банақшагирии захираҳои кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ;

- ҷой доштани камбудиҳо дар системаи банақшагирӣ ва тайёр намудани кадрҳо вобаста бо нобаробариҳои ҷуғрофӣ аз рўи ихтисос ва шуғл;

- ба таври зарурӣ ҳавасманд нагардонидан ва ба кор ҷалб накардани мутахассисони ҷавон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки боиси кам ба ҷои кор рафтани онҳо шудааст;

- вобаста ба талабот бо таври мақсаднок тайёр накардани мутахассисон барои шаҳру ноҳияҳое, ки таъмини онҳо бо кадрҳои тиббӣ дар сатҳи паст қарор дорад;

- мавҷуд набудани имконияти тайёр намудани кадрҳои илмию педагогии соҳаи тандурустӣ аз рўи баъзе ихтисосҳо дар муассисаҳои илмию таълимии кишвар.

 

2. Мақсадҳои асосии Барнома

 

- тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ва илмӣ мутобиқи самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ;

- таҳия ва татбиқи усулҳои банақшагирии захираҳои кадрӣ, ки ба талаботи воқеии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ҷавобгў мебошанд;

- пуртақвият ва афзоиши имконияти тайёр кардани кадрҳои тиббӣ дар заминаи муассисаҳои таълимию илмии системаи тандурустӣ;

- аз байн бурдани нобаробарии ҷуғрофӣ бо кормандони тиббӣ таъмин намудани вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

- мақсаднок тайёр намудани мутахассисони тиббӣ дар муассисаҳои таълимии тиббии ҷумҳурӣ аз шаҳру ноҳияҳое, ки таъмини онҳо бо кадрҳои тиббӣ паст мебошад;

- таҳия ва татбиқи воситаҳои ҳавасмандгардонӣ барои ба кор ҷалб кардан ва нигоҳдории кадрҳои тиббӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, махсусан дар деҳот;

- тайёр кардани кадрҳои илмии соҳаи тандурустӣ дар муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар аз рўи ихтисосҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти тайёр намудани онҳо вуҷуд надорад.

 

3. Вазифаҳои Барнома

 

- ҳамасола тибқи талабот тайёр ва таъмин намудани муассисаҳои соҳаи тандурустии мамлакат бо мутахассисони тиббӣ;

- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати тибқи роҳхати Вазорати тандурустӣ ба ҷои кор рафтани мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ;

- таҳия ва татбиқи низоми банақшагирӣ ва тайёр кардани кадрҳои тиббии ба талабот ҷавобгў, ки имкон медиҳад нобаробарии ҷуғрофӣ, нобаробарӣ дар ихтисос ва шуғлро паст гардонад;

- рушди минбаъда ва такмили низоми тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар давлатҳои хориҷӣ бо мақсади тарбияи онҳо дар заминаи муассисаҳои илмию таълимии мамлакат;

- додани имтиёз ба довталабон ҳангоми супоридани имтиҳонҳои қабул аз шаҳру ноҳия бо мутахассисони тиббӣ камтаъмин;

- фароҳам овардани шароити мусоид ва истифодаи самараноки имкониятҳои ҷавонони болаёқат дар рушди соҳаи тандурустӣ ва илми тиб;

- гузариши зина ба зинаи омўзонидани кадрҳои тиббӣ дар заминаи муассисаҳои таълимию илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи ихтисосҳое, ки тайёр кардани онҳо айни ҳол вобаста ба набудани имконият дар хориҷи кишвар амалӣ гардонида мешаванд.

 

4. Самтҳои татбиқи Барнома

 

Татбиқи Барнома самтҳои зеринро дар бар мегирад:

- рушди низоми тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва илмии соҳаи тандурустӣ бо самтҳои афзалиятнок мутобиқи эҳтиёҷоти мамлакат;

- такмили мазмун ва сифати таълим, бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани стандартҳои касбӣ, дониш, маҳорат ва малакаи касбии мутахассисони тиббӣ;

- додани имтиёз ба довталабон аз шаҳру ноҳияҳои бо мутахассисони тиббӣ камтаъмин ҳангоми супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ;

- ҳамасола тибқи эҳтиёҷот тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва кадрҳои илмии тиббӣ дар муассисаҳои илмию таълимии дохилӣ ва хориҷи кишвар;

- дар зинаҳои баъдидипломӣ (интернатура, ординатура (резидентура), магистратура) тибқи талабот тайёр намудани кадрҳои тиббӣ аз рўи ихтисосҳое, ки мутахассисон намерасанд;

- дар заминаи муассисаҳои таълимии тиббӣ таъсис додани кафедраҳо оид ба тахассусҳои тиббие, ки ҳоло тайёр намудани онҳо дар хориҷи кишвар амалӣ гардида истодааст;

- дар оянда ба роҳ мондани раванди омўзонидани кадрҳои тиббӣ аз рўи ихтисосҳое, ки имконияти тарбияи онҳо алҳол дар ҷумҳурӣ мавҷуд нест;

- фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати мустаҳкам гардонидани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимии тиббии ҷумҳурӣ баҳри зиёд намудани имкониятҳои қабул ва тайёр намудани кадрҳои тиббӣ;

- қабули мақсадноки довталабон аз шаҳру ноҳияҳои бо кадрҳои тиббӣ камтаъмин;

- аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии ташкилотҳои тандурустӣ ва муассисаҳои таълимию илмӣ тайёр кардани кадрҳои тиббӣ дар давлатҳои хориҷӣ;

- зиёд намудани нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ тибқи талабот бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ;

- аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба таври ғайринавбатӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин ҷиҳати сохтмони манзил барои кадрҳои тиббӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию маишӣ барои ҳавасмандгардонӣ ва ба кор ҷалб намудани мутахассисони ҷавон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, махсусан дар деҳот.

 

5. Манбаъҳои маблағгузории Барнома

 

Манбаи асосии маблағгузории таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ мебошад.

Манбаъҳои дигари маблағгузории Барнома маблағҳои буҷети давлатии барои тайёр намудани мутахассисони тиббӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ пешбинишуда ва инчунин маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ мебошанд.

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ