Классификатор Қарори Ҳукумати ҶТ
Рақам 600
Ном ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ ТИББӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2020
Мақомот ҲУКУМАТИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 31.10.2009
Матн

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ ТИББӢ

БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2020

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

 

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", бо мақсади банақшагирии тайёр намудани кадрҳои тиббӣ бо дарназардошти ихтисосҳои мушаххаси соҳаи тандурустӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ ҳамасола ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристонии мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустиро аз рўи ихтисосҳои афзалиятноки тиббӣ тибқи дархости Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.
  3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумхурии Тоҷикистон:

- баҳри амалисозии Барномаи мазкур тибқи талаботи соҳаи тандурустӣ ҳамасола дар дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр намудани кадрҳои тиббиро барои солҳои 2010-2020 пешбинӣ намояд.

- ҳамасола бо дарназардошти таъмини вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони соҳаи тиб ва дархости Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи умумии қабули донишҷўёнро ба муассисаҳои таълимии тиббӣ, нақшаи қабули духтарон ва писарон ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ, номгўи ихтисосҳои тиббиеро, ки аз рўи онҳо дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ кадр тайёр намудан лозим меояд, таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешииҳод намояд.

  1. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хамасола ҳангоми таҳияи нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии тиббӣ барои довталабони ноҳияҳои бо кадрҳои тиббӣ кам таъминбуда, коэффитсиент муқаррар намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).
  2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66):

- якҷоя бо вазоратҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва ҷалби сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ оид ба амалисозии Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

- тайёр намудани кадрҳои тиббиро дар зинаҳои интернатура ва ординатура (резидентура) аз рўи ихтисосҳои афзалиятдошта амалӣ намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 31 октябри соли 2009 № 600

ш. Душанбе

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ