Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 61
Ном ДАР БОРАИ ҶОВИДОН СОХТАНИ ХОТИРАИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОК ГАРДИДААНД
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 07.04.1995
Матн

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне,

ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд

 

(Ахбори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, № 7 - 8, мод. 69; с. 2011, № 3, мод.179;

Қонуни ҶТ аз 27.11. 2014 с., № 1142)

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, муайян мекунад ва ваколатҳои мақомоти давлатиро, ки ин вазифаҳоро ба ҷо меоваранд, муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1142)

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон сохтани хотираи

                      шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гар­дидаанд

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон  онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

 

Моддаи 2. Сиёсати давлатӣ дар роҳи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми

                       муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд

 

Сиёсати давлатӣ дар роҳи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, системаи тадбирхои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, маданию маърифатӣ, ахлоқӣ, ташкилӣ ва тадбирҳои дигарест, ки ҷиҳатҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

тартиб додани Барномаи давлатии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд;

дар ҷамъият пойдор шудани эҳтироми хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд;

ба қайдгирифтани мазорҳои ҳарбиён, комплексҳои ёдбуд, ҷойҳои таърихии корнамоии шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ободу маъмур сохтани онҳо;

тадбирҳои дигари ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд.

 

Моддаи 3. Ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок

                     шудаанд

 

Хотираи шаҳрвандони зайл бояд ҷовидон карда шавад:

шаҳрвандоне, ки дар рафти муҳориба, ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷангӣ ё худ вазифаҳои дигари хизматӣ баҳри муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд;

шаҳрвандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ (хизматӣ) дар қаламрави давлатҳои дигар ҳалок шудаанд;

шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ё худ дар қаламрави давлатҳои дигар дар рафти иҷрои вазифаи ҳарбӣ (хизматӣ) аз ҷароҳат, контузия, маъюбӣ ё беморӣ, сарфи назар аз вақти фаро расидани оқибаташон, вафот кардаанд, ҳамчунин дар рафти муҳориба, иҷрои вази­фаҳои дигари ҷангӣ бедарак шудаанд;

шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи муҳориба дучори асорат гашта, ҳалок шудаанд (вафот кардаанд), вале шаъну шарафи худро нигоҳ дошта, ба Ватан хиёнат накардаанд.

 

Моддаи 4. Ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандони хориҷие, ки ҳангоми муҳофизати

                     Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон хотираи шаҳрвандони хориҷиеро, ки ҳангоми муҳофизати манфиату амниятӣ Тоҷикистон ва шаҳрвандони он ҳалок шудаанд, пос медорад.

 

Моддаи 5. Ҷовидон гардонндвни хотираи қисмҳо, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва муҳорибагоҳҳо

 

Агар қисмҳо, ҷузъу томҳо ҳангоми муҳофизати Ватан корнамои карда бошанд, ҳамчунин муҳорибагоҳҳои, ки дар таърих чун рамзи қаҳрамонӣ, матонату мардонагии халқ машҳур гардида бошанд, лоиқи онанд, ки хотираи онҳо ҷовидон гардонда шавад.

 

Моддаи 6. Ӯҳдадории шаҳрвандон баҳри ҷовидон сохтани хотираи онҳое, ки ҳангоми

                     муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд

 

Эҳтиром доштани хотираи онҳое, ки ҳангоми муҳофизати ватан ҳалок гаштаанд, вазифаи муқаддас ва муҳофизати муҳорибагоҳҳое, ки хо­тираи онҳоро ҷовидон гардонидаанд, қарзи ҳар шаҳрванд аст.

 

Моддаи 7. Шаклҳои ҷовидон гардонидаки хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати

                    Ватан ҳалок шудаанд.

 

Шаклҳои асосии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, инхоанд:

ҳифз ва ободу маъмур кардани мазори ҳарбиён, рост кардани сангу муҷассамаи мазор, сутуни ёдбуд, иншооту объектҳои дигари ёдбуд;

ҳифз ва ободу маъмур кардани масоҳати ҷудогона, ки таърихан бо корнамоии онҳое алоқаманданд, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд;

навиштани насаби онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гаштаанд ва маълумоти дигари оиди онҳо дар китобҳои Ёдбуд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1142)

таъсиси осорхонахои ёдбуд, ташкили намоишгоҳҳо, рост кардани нишонҳои ёдбуд дар муҳорибагоҳҳо;

дар воситаҳои ахбори умум чоп кардани мақолаҳо аз корнамоии онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, эҷод кардани асарҳои санъат ва адабиёт бахшида ба корнамоии онҳо;

гузоштани ному насаби касони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда ба маҳалҳо, кӯчаю майдонҳо, иншоотҳои физикию географӣ, ба корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, аз ҷумла ба муассисаҳои маърифатӣ ва қисмҳои ҳарбӣ; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1141)

шаҳрванди фахрии ҷумҳурӣ ё худ воҳиди маъмурию марзии он эътироф кардани касоне, аз ҷумла шаҳрвандоии хориҷие, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд;

муқаррар кардани санаҳои ёдбуд ва рӯзи Ёдбуд.

Бо қарори мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё худ бо ташаббуси шаҳрвандон барои ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, тадбирҳои дигар низ андешидан мумкин аст.

 

БОБИ 2

МАЗОРИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОК ШУДААНД

 

Моддаи 8. Мазори ҳарбиён

 

Мазори шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, бо сангу муҷассамаи мазор, бо сутуни ёдбуду панҷара ва иншооту объ­ектҳои дигараш мазори ҳарбиён мебошад.

Ба мазори ҳарбиён қитьаҳои гӯри ҳарбиён дар қабристонҳои умумӣ, қабристонҳои ҳарбӣ, қитъаҳои алоҳидаи гӯри ҳарбиён дар қабристонҳои умумӣ ва берун аз он, ҷойҳои афтодаи ҳавопаймоҳои ҳарбӣ бо сарнишинонашон мансубанд.

 

Моддаи 9. Тартиби дафн кардани (аз нав ба хок супоридани) онҳое, ки ҳангоми муҳофизати

                     Ватан ҳалок шудаанд

 

Ҷасади шаҳидони роҳи муҳофизати Ватан бо адои эҳтиромоти ҳарбӣ дафн карда (аз нав ба хок супурда) мешавад. Дар ин ҳол ба ҷо овардани расму оини динӣ манъ карда намешавад. Масъулияти дафн кардан, ҷиҳозондан ва зебу оро додани гӯру қабристони шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати ватан ҳалок шудаанд, ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идораи ҳарбӣ гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с ., №712)

Ҷасади ҳарбиён бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия аз нав ба хок супурда, хешовандони онҳо ҳатман аз ин огоҳ карда мешаванд.

Ҷасади ҳарбиёни дар рафти муҳорибаҳо ҳалокгашта мутобиқи талаби ойинномаҳо, амру дастурҳои фармондеҳӣ дафн карда мешавад.

 

Моддаи 10. Ба қайд гирифтан, нигоҳубни ва ободу маъмур кардани мазори ҳарбимён

 

Мазорҳои ҳарбиён бояд дар қайди давлат бошанд. Онҳоро бо шарту тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар қаламрави давлатҳои дигар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд мегиранд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

Ба ҳар мазори ҳарбиён нишони ёдбуд рост карда, ҳуҷҷат тартиб дода мешавад.

Мазорҳои ҳарбиён мутобиқи низомномаҳои Конвенсияи муҳофизати қурбониёни ҷанг, ки 12 августи соли 1949 дар Женева ба имзо расидааст ва мутобиқи меъёрҳои аз тарафи умум эътирофгардидаи ҳуқуқибайналмилалӣ нигоҳубин карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

Нигоҳубин ва ободонии мазорҳои ҳарбиён, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ воқеанд, ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳост. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

Мазорҳои воқеи қаламрави давлатҳои дигар аз рӯи тартиби дар қарордоду созишномаҳои-байнидавлатӣ муайянгардида нигоҳубин ва обо­ду маъмур карда мешаванд.

 

Моддан 11. Эҳтиёт кардани мазорҳои ҳарбиён

 

Бо мақсади эҳтиёт кардани мазорҳои ҳарбиён мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалли воқеъ гардидани онҳо бо тартиби муай­янкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои посбонишаванда муқаррар менамоянд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

Мазорҳои ошкоргардидаи ҳарбиён то ҳаллу фасл шудани масъалаи ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо мувофиқи талабҳои ҳамин Қонун ҳифз карда мешаванд.

Лоиҳаҳои ба нақша гирифтан, сохтан ва навсозии шаҳру маҳалҳои дигар, иншоотҳои бинокорӣ бо назардошти ҳифзи мазорҳои ҳарбиён тартиб дода мешаванд.

Корҳои заминканӣ, сохтмон, роҳсозӣ ва ғайра, ки дар натиҷаи онҳо мазорҳои ҷарбиён осеб дида метавонанд, танҳо бо мувофиқаи мақотмоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ва мақомоти идораи ҳарбӣ ба ҷо оварда мешаванд.

 

Моддаи 12. Барқарор кардани мазорҳои ҳарбиён

 

Мазорҳои харобгардидаи ҳарбиён, объекту иншоотҳои ёдбуде, ки хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшударо ҷовидон мегардонанд, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барқарор карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

 

БОБИ 3.

КОРҲОИ ҶУСТУҶӮӢ

 

Моддаи 13. Ташкили корҳои ҷустуҷӯӣ

 

Корҳои ҷустуҷӯиро иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатии ба ин корҳо ваколатдоршуда бо мақсади дарёфтани мазорҳои номаълуми ҳарбиён ва осори ҷасадҳои гӯрнашуда, муқаррар кар­дани номи шаҳидон ё худ бедаракшудагон ба ҷо меоваранд.

 

Моддаи 14. Тартиби иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ

 

Корҳои ҷустуҷӯӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз рӯи тартиби дар ҳамин Қонун муайянгардида ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.

Корҳои ҷустуҷӯӣ дар хоки давлатҳои дигар бо тартиби муайянкардаи қарордодҳои (созишномаҳои) байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомон расонида мешаванд.

 

Моддаи 15. Тартиби сарукордорӣ бо объектҳое, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ёфт шудаанд

 

Ҷасади шаҳидоне, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ёфт шудаанд, мувофиқи моддаи 9-уми ҳамин Қонун ба хоксупурда, мазорҳои ёфтгардидаи пештар номаълуми ҳарбиён баъди тадқиқ намудан, ба ҳисоб гирифтан ва қайд кардан аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки қисмҳои ҳарбии воқеи ин ё он қаламрав ободу маъмур карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

Аслиҳа, ҳуҷҷат ва молу мулки дигари ёфташудаи шаҳидон санад карда, ба мақомоти идораи ҳарбии маҳалли дарёфти онҳо барои тадқиқу омӯзиш ва бақайдгирӣ супурда мешаванд. Дар ин ҳол ҳуҷҷат, ҷизҳои шахсӣ ва мукофотҳои шаҳидонро ба хешовандони онҳо ё ба осорхона ва аслиҳаи оташфишонро ба мақомоти корҳои дохилӣ медиҳанд. Силоҳи оташфишон ва силоҳи дигарро баъди барои истифодаи ҷангӣ корнооям кардани онҳо метавон барои намоиш ба осорхона супурд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1142)

Дар бораи пайдо кардани ҷизҳое, ки хавфи таркидан доранд, зуд ба мақомоти идораи ҳарбӣ хабар дода мешавад, ки онҳо бо тартиби муқарраргардида барои безарар ё несту нобуд кардани онҳо чора мебинанд.

 

БОБИ 4

МАҚОМОТИ ИДОРАИ ДАВЛАТИИ АНҶОМДИҲАНДАИ КОРИ ҶОВИДОНСОЗИИ ХОТИРАИ ШАҲРВАНДОНИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОКШУДА ВА ВАКОЛАТҲОИ ОНҲО

 

Моддаи 16. Мақомоти идораи давлатии анҷомдиҳандаи кори ҷовидонсозии хотираи

                       шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда

 

Роҳбарии кори ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

Кори ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо ташкил карда, ба ҷо мебаранд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

 

Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти анҷомдиҳандаи кори ҷовидонсозии хотираи шаҳрвандони

                      ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба кори ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳамгоми муҳофизати Ватам ҳалок гардидаанд, роҳбарӣ менамояд;

барномаи даалатӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои дигарро, ки дар асоси онҳо тадбирҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳидон андешида мешаванд, тартиб медиҳад, барои ин тадбирҳо ҷудо кардани маблағро муайян менамояд;

таклифу пешниҳоди шаҳрвандон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои диниро оид ба масъалаҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, баррасӣ менамояд ва дар роҳи иҷрои онҳо тадбирҳо меандешад;

бо давлатҳои дигар оиди нигоҳубин ва ободонии мазорҳои ҳарбиён ҳамкори мекунад, лоиҳаи қарордоду созмшномаҳоро оиди статуси мазорҳои ҳарбиён ва ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки дар хоки давлатҳои дигар дафн шудаанд, манзури баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон менамояд; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

аз як марказ ба қайд гирифтан ва тартиб додани ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиёнеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, аз ҷумла мазорҳои воқеи қаламрави давлатҳои дигарро ташкил мекунад;

ба корҳои нашри китоби Ёдбуд роҳбарӣ мекунад.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

нақшаю барномаҳои кори ёдбуди ҳарбиро тартиб медиҳад;

мазорҳои ҳарбиён ва низомиёни ҳалокшударо ба қайд мегирад;

тадбирҳои ба роҳ мондани кори ҷустуҷӯӣ ва тартиб додани ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиёнро танзим мегардонад;

дархости шаҳрвандонро оиди муайян кардани қисмати сарбозони хеши бедаракшудаи онҳо баррасӣ менамояд, дар таҳияи лоиҳаи созишномаҳои байналхалқӣ оиди статуси мазорҳои ҳарбиён, тартиби ба ҷо овардани корҳои ҷустуҷӯӣ дар қаламрави ин давлатҳо, дар ташкили тар­тиби корнамоии хизматчиёни ҳарбӣ, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, дар дафни ҷасадӣ хизматчиёни ҳарбӣ иштирок мекунад;

дар таҳияи маводи китобҳои Ёдбуд иштирок менамояд, тартиби дар системаи Вазорат нашр кардани китобҳои Ёдбудро муайян мекунад.

Мақомоти маҳаллии идораи ҳарбӣ:

дар корҳои дафни (аз нав ба хок супурдани) ҷасадӣ муҳофизони Ватан ширкат меварзанд;

ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва дафни (аз нав ба хок супурдани) осори ҷасадҳои шаҳидон ва ободу маъмур сохтани мазори ҳарбиён кӯмаки амалӣ мерасонанд; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

силох, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои дигари моддиро, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ёфт шудаанд, қабул карда, ҳуҷҷат тартиб медиҳанд, онҳоро таҳқиқ менамоянд, ба ҳисоб мегиранд ва минбаъд истифода шудани онҳоро месанҷанд;

барои муқаррар кардани маълумоти оид ба шаҳидон ва бедакашудагон кор мебаранд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

кормандони ҳалокгардидаи худро ба қайд мегирад;

дар муқаррар намудани маълумоти оид ба бедаракшудагон иштирок мекунад;

тартиби нашри китобҳои Ёдбудро дар системаи Кумита муайян мекунад. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ҳангоми корҳои ҷустуҷӯӣ тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамояд;

аслиҳаи оташфишонро, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ёфт шудааст, бо тартиби муқарраргардида қабул карда мегирад;

хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардидаи қӯшуни дохилӣ, аскарони қаторӣ ва сардорони ҳалокшудаи мақомоти корҳои дохилиро ба қайд мегирад;

дар муқаррар кардани маълумоти оид ба бедаракшудагон ширкат менамояд;

тартиби нашри китобҳои Ёдбудро дар системаи Вазорат муайян менамояд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

лоиҳаи қарордоду созишномаҳои байнидавлатии эҳтиёт ва ободу маъмур кардани мазорҳои ҳарбиёнро дар қаламрави давлатҳои дигар тартиб медиҳад ва дар амалӣ гардонидани ин қарордоду созишномаҳо иштирок менамояд;

барои муқаррар намудани маълумоти оид ба бедаракшудагон дар рафти муҳорибаҳо, ҷангҳои мусаллахона ва ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ (хизматӣ) дар хоки давлатҳои дигар тадбирҳо меандешад ва оиди мазорҳои ҳарбиён дар қаламрави давлатҳои дигар ҳуҷҷат тартиб меди­ҳад;

бо ташкилотҳои дахлдори давлатҳое, ки дар қаламрави онҳо мазорҳои ҳарбиён воқеъ гардидаанд, масъалаҳои дар мазорҳо рост кар­дани нишонҳои ёдбуд, ҳамчунин масъалаҳои маъмуру обод сохтани онҳоро мувофиқа менамояд;

тартиби аз тарафи хешовандон зиёрат кардани мазорҳои ҳарбиёнро, ки дар хоки давлатҳои дигар шаҳид гаштаанд, танзим менамояд;

тартиби ба зиёрати мазори шаҳрвандони давлатҳои дигар, ки дар қа­ламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалокшудаанд (вафот кардаанд), омадани хешовандони онҳоро муқаррар мекунад.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

барои чопи китобҳои Ёдбуд заминаи табъу нашр муҳайё мекунад;

таблиғу тарғиби корнамоии шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизти Ватан ҳалок гардидаанд, ба роҳ мемонад, машри рӯйхати шаҳидон (бедаракшудагон)-ро, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ёфт шудаанд, ба­рои воситаҳои ахбори омма таҳия менамояд; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

гузаронидани тадбиру чорабиниҳоро барои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, ташкил мекунад;

дар сохтмони муҷассамаву ёдбудҳо, ташкили намоишу экспозитсияҳои осорхонаҳо, дар ободу маъмур, гардонидани гирду атрофи мазорҳои ҳарбиён, навсозии сангу муҷассамаи мазор, таснифу тартиб додани ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиён ширкат менамояд.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо:

барномаҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, ба нақша мегиранд ва амалӣ мегардонанд;

барои нигоҳубин ва ободону маъмур кардани мазорҳои ҳарбиён, иншооту объектҳои ёдбуди воқеи қаламравашон, ки хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшударо ҷовидон мегардонанд, тадбирҳо андешида, амалӣ месозанд;

ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиёнро тартиб медиҳанд ва онҳоро ба қайд мегиранд;

иттиҳодияҳои ҷамъиятиро барои корҳои ҷустуҷӯӣ ҷалб менамоянд;

бо ташкилотҳои давлатҳои дигар барои эҳтиёт ва ободу маъмур кардани мазорҳои ҳарбиён алоқа муқаррар намуда, ҳамкорӣ мекунанд;

барои мазорҳои нави ҳарбиён замини эҳтиётӣ ҷудо менамоянд;

ба нашри китобҳои маҳаллии Ёдбуд роҳбарӣ мекунанд.

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 18. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии тадбирҳои ҷовидонгардонии хотираи

                       шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда

 

Хароҷоти тадбирҳои ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, аз ҷумла хароҷоти ободу маъмур кардани минтақаю иншоотҳои ҷудогонае, ки таърихан бо корнамоии муҳофизони Ватан алоқаманданд, ҳамчунин хароҷоти ташкили намоишҳо ва тадбирҳои дигар аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ, фондҳои ғайрибуҷетӣ, инчунин аз ҳисоби саҳмияи ихтиёрӣ ва ҳайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда метавонад. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

Барои хароҷоти ҷорабиниҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷовидон сохтани хотираи шаҳидони роҳи Ватан меандешад, маблағ аз буҷети ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад.

Барои нигоҳубин ва ободу маъмур кардани мазорҳои ҳарбиён, ки дар хоки давлатҳои дигар воқеанд, маблаг дар асоси қарордоду созишномаҳои байнидавлатӣ харҷ карда мешавад.

Тартиби таъминоти моддию техникии бо ҳамин Қонун пешбинишудаи тадбирҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Эмомалӣ Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 7 апрели соли 1995

№61

 

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ