Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 55
Ном ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ БА МУНОСИБАТИ 50-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 07.04.1995
Матн

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ БА МУНОСИБАТИ 50-СОЛАГИИ ҒАЛАБА

ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №7-8, мод. 64)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар таҷлили ҷашни 50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал намуда, қарор мекунад:

 

Моддаи 1.

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба ғайр аз шахсони дар моддаи 3-юми ҳамин Қонун номбаршуда ва ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ, инчунин аз ҷазои новобаста бо маҳрум сохтан аз озодӣ озод карда шаванд.

 

Моддаи 2.

Новобаста аз вақти адои амалии мўҳлати ҷазо, қисми боқимондаи ҷазои категорияи зерини маҳкумшудагон, ки ба маҳрум кардан аз озодӣ, инчунин ба ҷазои новобаста бо маҳрум сохтан аз озодӣ марбут аст, нисфи кам карда шавад:

а) шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун номбаршуда, ки аз ҷазо озод карда намешаванд;

б) шахсоне, ки дар амалиётҳои ҷангии қаламрави дигар мамлакатҳо иштирок кардаанд;

в) шахсоне, ки то 9 маи соли 1945 таваллуд шудаанд.

 

Моддаи 3.

Шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун номбаршуда, ки барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан хавфноки давлатӣ ё ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, 105, қисми дуюми моддаи 111 ё қисми чоруми моддаи 121-уми Кодекси ҷиноӣ, инчунин шахсоне, ки реседивисти махсусан хавфнок ҳисобида шудаанд ё барои содир кардани ҷиноятҳои барқсдона се маротиба ва зиёдтар аз он ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанд, аз ҷазо озод карда нашаванд.

 

Моддаи 4.

Мувофиқи моддаи 2 ҳамин Қонун ҷазои шахсоне, ки пештар ба тариқи авф ё авфи умумӣ аз ҷазо озод шуда, боз барқасд ҷиноят содир намудаанд, инчунин шахсоне, ки пеш аз мўҳлат шартан озод шуда, дар давоми мўҳлати адо накардаашон боз ҷиноят содир намудаанд ё шахсоне, ки барои ҷинояти барқасдона ду ва бештар аз ин ба маҳрум намудан аз озодӣ маҳкум шудаанд, кам карда нашавад.

 

Моддаи 5.

Ба ғайр аз ҷиноятҳое, ки дар моддаи 3-юми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, ҳамаи корҳои тафтишотӣ ва парвандаҳои баррасинакардаи судҳо оиди ҷиноятҳое, ки шахсони дар моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда содир намудаанд, қатъ карда шавад.

 

Моддаи 6.

Ин Қонун нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то қабул кардани ҳамин Қонун ҷиноят содир намудаанд, татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 7.

Қонун аз рўзи чоп шуданаш эътибор пайдо мекунад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 7 апрели соли 1995

№ 55

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ