Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 395
Ном ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ
Мақомот ШӮРОИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 10.09.1991
Матн

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР БОРАИ АВФ

 

 (Ахбори Шўрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №18, мод. 242)

 

Нисбати эълон кардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

 

  1. Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо озод карда мешаванд:

а) мардони аз 55 сола боло ва занҳои аз 50 сола боло;

б) шахсоне ки мувофиқи тартиби муқараркардаи Қонун маъюбони гўруҳи 1 ва 2 дониста шудаанд;

в) занҳое,ки кўдакони ноболиғ доранд ва занҳои ҳомила;

г) иштирокчиени Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда.

  1. Занҳо ва ноболиғоне, ки ба муҳлати то 3 соли пурра аз озодӣ маҳрум шудаанд ё ба ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста нест, аз ҷазо озод карда шаванд.
  2. Аз ҷазои адои иловагӣ дар шакли бадарға аз ҷои муайян ва ба ҷои муайян шахсони дар моддаҳои 1 ва 2 Қонуни номбаршуда озод карда шаванд.
  3. Нисфи мўҳлати ҷазои боқимондаи шахсоне, ки бори аввал барои ҷиноятҳои зайлро содир карданашон маҳкум шудаанд (ба ғайр аз шахсони дар моддаи 6 ҳамин Қонун нишон додашуда), кам карда шаванд:

а) барои беэҳтиёти аз озодӣ маҳрум шудаанд;

б) қасдан вале на ҷинояти сахт агар, онҳо барои ин ҷинояташон ба муҳлати 5 соли пурра аз озоди маҳрум шуда бошанд;

в) аз рўи беэҳтиётӣ ё қасдан, ки барои ин онҳо аз озодӣ шартан бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳкум шудаанд ё бо маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанду вале аз ҷойҳои маҳруми аз озодӣ шартан бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат озод карда шудаанд;

г) аз рўи беэҳтиёти ё қасдан ки барои ин ҳоно ба меҳнати ислоҳотӣ бидуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум гаштаанд.

  1. Истеҳсоли ҳамаи делоҳои тафтишотӣ ва делоҳои зайл, ки аз тарафи судҳо барраси нагардидаанд, қатъ карда шаванд:

а) дар бораи ҷиноятҳое, ки то эътибор пайдо кардани  ҳамин Қонун  аз тарафи шахсони дар моддаи 1 Қонун номбаршуда, содир гардидаанд;

б) дар хусуси ҷиноятҳое, ки барои он аз тарафи Қонун ҷазо ба шакли маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати 5 соли пурра ё ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста несту онҳо то эътибор пайдо кардани  ҳамин Қонун аз тарафи шахсони дар моддаи 2 Қонун номбаршуда содир гаштаанд;

в) дар хусуси ҷиноятҳое, ки барои онҳо Қонун дар шакли аз озодӣ маҳрум кардан ба муҳлати 3 соли пурра ҷазо пешбинӣ кардааст ё ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста несту то эътибор пайдо кардани  ҳамин Қонун аз тарафи шахсони дар  моддаи 3 Қонун номбаршуда содир гардидаанд.

  1. Авф нисбат ба шахсони дар моддаҳои 1,2,3 ва 5 Қонуни номбаршуда аз ҷумла:

а) ба шахсоне, ки бораи ҷиноятҳои махсусан хатарноки давлатӣ (моддаи 61-70): вайрон кардани баробарҳуқуқии миллӣ ва нажодӣ (моддаи 71); фош кардани сири давлатӣ (моддаи 72); бандитизом (моддаи 74); ҳаракатҳое, ки кори идораю муассисаҳои ислоҳоти меҳнатиро вайрон мекунанд (моддаи 75); контрабанда (моддаи 76); бетартибиҳои омаваӣ (моддаи 77); тайёр кардан ё ба муомилот гузаронидани пул ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ (моддаи 85); вайрон кардани қоидаҳои опарацияҳои асъори (моддаи 86); қасдан одам куштан (моддаи 104); қасдан одам куштан бе ҳолатҳои вазнинкунанда (моддаи 105); фарзанди навтаваллудшудаи худро қасдан куштани модар (моддаи 106); қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ (моддаи 111); таҷовуз кардан ба номус (моддаи 121); сўиқасд ба ҳайёти судья, прокурор, муфаттиш, коркуни милиция. дружиначии халқи ва машваратчии халқӣ (моддаи 2061); маҷбуран рози кардан ба додани молу мулки давлатӣ, коперативи ё ҷамъиятӣ (моддаи 95); дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъияти бо роҳи тасаруф (қисмҳои ду, се ва чори моддаи 89); дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъияти бо роҳи ғоратгари (моддаи 90); роҳзани бо мақсади тасарруф молу мулки давлатӣ ё ҷамъияти (моддаи 91); дуздидани молу мулки давлатӣ ё ҷамъияти миқдораш калон ва махсусан калон (қисми сеюми ( моддаи 2033); хулигандии сахт ва махсусан сахт (қисми дуюм ва сеюми ғоратгарӣ (моддаи 155); роҳзани (моддаи 156); бачабозӣ бо ҳолатҳои вазнин (қисми дуюми моддаи 125); маҷбуран рози кардан (моддаи 160); гирифтани пора (моддаи 186); додани пора (моддаи 187); миёнаравӣ дар порахўрӣ (моддаи 1871); ташкил ё иштироки фаъолона дар амалиёти гурўҳие, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд (моддаи 2033); хулигандии сахт ва махсусан сахт (қисми дуюм ва сеюми моддаи 220); дуздида ронда бурдани воситаҳои нақлиети автомобилию моторӣ, ки дар ҳолатҳои сахт ба амал омадааст (қисми сеюми моддаи 227); дуздида ронда бурдан ё ғасби нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои ё баҳрӣ, вокзал, аэродром ё дигар корхона, муассиса, ташкилот, инчунин бороҳи нақлиёт (моддаи 2282); вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар корхонаҳо ё цехҳое, ки хатари таркиш доранд (моддаи 231); дуздии яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ё моддаҳои тарканда  (моддаи 233); ғайриқонуни тайёр кардан, ба даст овардан, нигоҳ доштан, кашондан, фиристодан ва ё фурўхтани моддаҳои наъшадор (қисмиҳои якум ва дуюми моддаи 240); дуздидани моддаҳои наъшаовар (2401), ба наъшакашӣ майл кардан (моддаи 2402); ташкил кардан ва ё нигоҳ доштани кўкнорхона  барои истеъмоли моддаҳои наъшаовар (моддаи 2411) маҳкум шудаанд;

б) рецидивисте, ки махсусан хатарнок дониста шудаанд;

в) якчанд маротиба барои ҷиноятҳои дар банди «а» ҳамин моддаи Қонун нишондодашуда суд шудаанд;

г) нисбат ба онҳое ки пештар санадҳои авф ё аз ҷазо озод шудан истифода шудаасту боз ҷиноят содир кардаанд;

д) шахсоне, ки курси пурраи табобат аз майзадагӣ ва наъшамандиро нагузаштаанд;

е) шахсоне ки дар давраи адои ҷазо тартибро қасдан вайрон кардаанд, татбиқ намегардад.

  1. Қонун аз рўзи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад ва танҳо ба шахсони аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкумшуда ва тавассути мақомоти тафтишотии ҷумҳўрӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда паҳн мегардад ва дар муддати се моҳ воҷиби татбиқ аст.

 

И.в. Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                          Қ. АСЛОНОВ

 

ш. Душанбе, 10 сентябри соли 1991,

№395

 

 

  

ҚАРОРИ

ШӮРОИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР ХУСУСИ ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

«ДАР БОРАИ АВФ»

 

(Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №18, мод. 243)

 

Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 1991 «Дар бораи авф» ба зиммаи мақомоти зайл гузошта шавад:

1) ба зиммаи судҳо нисбати шахсоне, ки:

Делоҳо ва материалҳои марбуташон то қабули Қонун баррасӣ нагардидаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки делоҳои марбуташон баррасӣ шудаанд, вале ҳӯқv қонунӣ нагардидааст;

шартан маҳкум гардиданд ва иҷрои ҳӯқv нисбаташон мавқуф гузошта шудааст (суд масъалаи истифодаи авфро аз рўи аризаи ҳамон муассисаи корҳои дохилие ҳал мекунад, ки аз болои рафтори маҳкумшуда назорат мебарад);

ба ҷарима маҳкум шудаанд, агар то рўзи қабули Қонун ҷарима ситонда нашуда бошад (масъалаи татбиқи авфро суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал мекунад);

шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд ва нисбати онҳо то рўзи қабули Қонун ҷазояшон ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи истифодаи авфро суди маҳалли зисти авфшаванда ҳал мекунад).

Делоҳо ва материалҳои дар ҳами зербанд зикршударо нисбати шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд;

2) ба зиммаи муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ – нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ва колонияҳои табъид ҷазоро адо мекунанд;

3) ба зиммаи комендатураҳои махсус – нисбати маҳкумшудагоне, ки шартан аз озодӣ бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳрум шудаанд, инчунин аз ҷойҳои маҳруми аз озодӣ бо ҷалби ҳатмӣ ба меҳнат шартан озод гардидаанд;

4) ба зиммаи шўъбаҳои корҳои дохилии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) – нисбати шахсони ба маҳрумӣ аз озодӣ маҳкумшуда ё шартан ба маҳрумӣ аз озоди маҳкумшуда бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат, ки дар ҳабс қарор надошта ё ба ҷои кор фиристода нашудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки бидуни маҳрум шудан аз озодӣ ба кори ислоҳотӣ маҳкум шудаанд;

5) ба зиммаи мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ – нисбати шахсоне, ки делоҳо ва материалҳои ҷиноятиашон дар истеҳсолоти ин мақомот мебошад.

  1. Дар ҳолатҳои дар зербанди 2 – 5 банди 1 ҳамин Қарор зикрёфта авфро аз рўи қарорҳои иҷозатдодаи прокурорҳо раисони муассисаҳои дахлдори ислоҳотию меҳнатӣ, колонияҳои табъидӣ, комендатураҳои махсус шўъбаҳои корҳои дохилии ноҳиявӣ (шаҳрӣ), мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ татбиқ мекунанд.

Ҳангоми татбиқи Қонун «Дар бораи авф» дар судҳо иштирок кардани прокурор ҳатмист.

  1. Қонун танҳо нисбати шахсони аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷиноятҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ то қабули Қонун содиршуда маҳкум гардидаанд, татбиқ мегардад.
  2. Ҳангоми татбиқи моддаҳои 1, 2 ва 3 Қонун доғӣ судӣ, ки мувофиқи тартиби муқараргардидаи Қонун адо ё гирифта шудааст, ба назар гирифта намешавад.
  3. Агар шахс дар моддаи 1, 2 ва 3 Қонун зикршуда барои содир кардани якчанд ҷиноят аз озодӣ маҳрум карда бошад ва агар ба ин шахс нуқтаҳои қонун «Дар бораи авф» танҳо нисбати содир намудани як ҷиноят паҳн гардад, дар он сурат авф нисбати ў қабул карда намешавад.
  4. Ноболиғони авфшаванда мувофиқи моддаи 2 Қонун онҳое дониста мешаванд, ки баъди 9 сентябри соли 1973 таввалуд шудаанд.
  5. Банди «а» моддаи 1 Қонун ба шахсоне, ки то 10 сентябри соли 1991 ба сини 55 ва 50 – солагӣ расидаанд, пурра паҳн мегардад.
  6. Банди «б» моддаи 1 Қонун «Дар бораи авф» нисбат ба шахсони татбиқ мегардад, ки мувофиқи тартиби муқараршуда то қабул гардидани Қонун «Дар бораи авф» маъюб эътироф шудаанд.
  7. Банди «в » моддаи 1 Қонун «Дар бораи авф» нисбат ба заноне татбиқ мегардад, ки то вақти қабул шудани Қонун ҳомиладор шудаанд ва бо хулосаи тиббии дахлдор тасдиқ шудааст. Занҳои бачагони ноболиғ дошта инчунин занҳоеро донистан лозим аст, ки то вақти қабул шудани Қонун фарзандхонди ноболиғ доранд.

Ин банд нисбат ба занҳое, ки аз фарзандонашон даст кашида. Онҳоро ба муассисаҳои давлатии бачагон супоридаанд ва дар нигоҳубин ва тарбияи он иштирок намекунанд, инчунин нисбат ба занҳое, ки аз ҳуқуқи волидӣ нисбат ба ҳамаи бачагони ноболиғ маҳрум шудаанд, татбиқ намегардад.

  1. Қасдан вайронкунандагони режими нигаҳдори ё тартиби адои ҷазо инҳоро донистан лозим аст:

1) маҳкумоне, ки мунтазам талаботи режимро вайрон мекунанд ва на камтар аз се ҷазои интизоми муҳлаташ адонашуда ё бардоштанашуда бо назардошти дараҷаи вазнини вайронкорӣ доранд;

2) шахсоне, ки дар вақти адои ҷазо қасдан ҷиноят содир кардаанд;

3) шахсоне, ки нисбати онҳо корҳои ислоҳоти бо маҳрум кардан аз озодӣ иваз карда шуда бошад;

4) шахсоне, ки ба маҳалҳои маҳрумӣ аз озодӣ аз комендатураҳои махсус ё калонаҳои табъид фиристода шуда бошанд;

5) шахсоне, ки ба маҳалҳои маҳрумӣ аз озодӣ аз сабаби бекор кардани мавқуф гузоштани муҳлати иҷрои ҳукм ё маҳкумии шарти фиристода шудаанд.

Нисбат ба шахсони дар зербанди 1 ҳамин банд нишондодашуда дар бораи татбиқ нагардидани авф қарор қабул карда мешавад.

  1. Шахсе ба анҷомрасондаи мўҳлати табобати маҷбурии таъинкардаи суд аз майзадагӣ ва наъшамандӣ ба ҳисоб меравад, ки нисбат бо он дар бораи қатъ намудани табобати маҷбурӣ таъиноти суд мавҷуд бошад.
  2. Авф нисбат ба ҷиноятҳое, ки то қабул гардидани Қонун «Дар бораи авф» содир кардаанд, татбиқ намегардад.
  3. Нисбат ба шахсоне. ки ҷиноятҳои тулонӣ ва бардавом содир кардаанд, авф танҳо дар мавриде татбиқ мегардад, ки агар ҷиноятҳо то қабул гардидани Қонун «Дар бораи авф» анҷом ёфта бошанд.
  4. Татбиқи авф доғи судиро тоза намекунад.
  5. Кумитаҳои иҷроияи Шўроҳои депутатҳои халқи вилоятӣ, Шуроӣ депутатҳои халқи ноҳияву шаҳрҳо татбиқи масъалаҳои зайлро таъмин намоянд:

а) сари вақт ташкил намудани баҳисобгирии ҳамаи шахсони дар асоси Қонун «Дар бораи авф» аз адои ҷазо озодшуда, бокортаъминкунии ҳатмии онҳо дар мўҳлати на дертар аз понздаҳ рўзи баъди омадани онҳо ба ҷои истиқоматашон;

б) дар хонамаъюбон ҷойгир намудани маъюбон пиронсолони озодшудае, ки хешу табори ба таъминот мегирифтагӣ надоранд.

  1. Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон рафиқ Ҳувайдуллоев Н. оиди ташдиди назорат аз болои истифодаи дурусти Қонун «Дар бораи авф» тадбир андешад.
  2. Кумитаҳои иҷроияи Шўроҳои депутатҳои халқи вилоятӣ, Шўрои депутатҳои халқи Вилояти Автономии Бадахшони Кўҳӣ, Шуроҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии депутатҳои халқ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 декабри соли 1991 ба Президиуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои кор оиди амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 1991 ҳисобот пешниҳод намоянд.

 

 

Раиси

Шўрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                  Қ. АСЛОНОВ

 

ш. Душанбе, 10 сентябри соли 1991

№396

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ