Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 1450
Ном ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 18.07.2017
Матн

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР БОРАИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии фаъолиятро дар соҳаи сайёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ташаккул ва рушди соҳаи мазкур равона шудааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- сайёҳии дохилӣ – саёҳати гуногунҷабҳаи шаҳрвандон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили хизматрасонии муносиб дар ин соҳа;

- сайёҳи дохилӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимидошта, ки берун аз ҷои сукунат ба дигар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саёҳат сафар анҷом медиҳанд;

- хизматрасонии сайёҳӣ – фаъолияти мақсадноке, ки дар шакли хизматрасонӣ, кор ва пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ тавассути субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои қонеъгардонии дархост, талабот ва манфиатҳои маънавӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии сайёҳон ва ё шаҳрвандони майли сайру саёҳат дошта дар дохили мамлакат амалӣ гардонида мешавад;

- субъекти хизматрасонии сайёҳӣ – шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар дохили мамлакат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматрасонии сайёҳӣ машғул мебошанд;

- инфрасохтори сайёҳӣ – молу мулки манқул ва ғайриманқуле, ки барои хизматрасонии сайёҳӣ истифода бурда мешаванд;

- маҳсулоти сайёҳӣ – маҷмӯи хизматрасонӣ, мол ва кори батанзимовардашуда ва бо ҳам пайваста, ки барои қонеъгардонии талабот ва манфиатҳои сайёҳон омода ва бо арзиши муайян амалӣ гардонида мешаванд; 

- бозори хизматрасонии сайёҳӣ – раванди муносибатҳое, ки иштироккунандагони он (истеъмолкунанда ё харидор, истеҳсолкунанда ё фурӯшанда) бо ният, мақсад ва шароитҳои пешниҳод ё қабул кардани (фурӯхтан ё харидани) маҳсулоти сайёҳӣ амалҳои муайян (расмӣ) ба анҷом мерасонанд;    

- субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) – шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродие, ки манзили истиқоматӣ дошта, ё ихтиёрдори ҳуҷра(ҳо)и муайяни манзили истиқоматии шахси дигар мебошанд, он(ҳо)-ро ҷиҳати хизматрасонӣ ба сайёҳон пешниҳод менамоянд;   

- захираҳои сайёҳӣ – маҷмӯи захираҳо ва падидаҳои табиии иқлимӣ, истироҳатӣ, маърифатӣ, маишӣ, техногенӣ, объектҳои табиию солимгардонӣ ва мероси фарҳангию таърихӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро барои қонеъ гардонидани маҷмӯи талабот ва манфиатҳои шахсӣ ҷалб месозанд;  

- сайёҳии иҷтимоӣ – намудҳои гуногуни сайёҳӣ, ки ба дастрасӣ ва васеъ гардонидани имкониятҳои субъектҳои навташкили хизматрасонии сайёҳӣ равона гардида, аз ҷониби давлат дар шакли муқаррар намудани имтиёзҳои андозбандӣ, кумаки молиявӣ ва маъмурӣ дар доираи маблағҳои буҷетии барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ҷудогардида, дастгирӣ карда мешаванд;    

- Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ – махзани ягонаи давлатии маълумот, ки фарогири иттилоот оид ба захираҳои сайёҳӣ, субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва фаъолияти онҳо, инфрасохтор ва мавзеъҳои сайёҳӣ, омор ва натиҷаҳои мониторинги захираҳои сайёҳӣ ва дигар падидаю ҷараёнҳои алоқоманд ба сайёҳии дохилӣ мебошад; 

- мавзеи сайёҳӣ – ҳудуди муайяни дорои захираҳои сайёҳӣ, ки барои сайёҳон ҷолиб ва барои сайру саёҳат муносиб ва мувофиқ мебошад;

- иншооти сайёҳӣ – маҷмӯи бино, толорҳо ва иншооти мансуб ба хизматрасонии сайёҳӣ;

- иттиҳодияҳои ҷамъиятии сайёҳӣ – шакли иттиҳодияи ҷамъиятие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шуда, аз рӯи як шакли фаъолияти сайёҳӣ амал менамояд;

- чорабиниҳои хусусияти ҷумҳуриявидошта – чорабиниҳое, ки бо фарогирии намояндагони беш аз 10 шаҳру ноҳия ва бо ҳамоҳангии бевоситаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар самти сайёҳии дохилӣ баргузор мегарданд;

- ҷойи ҷамъиятӣ – қисм ва ё ҷойҳои махсуси иншоот ва муҳити (майдони) барои саёҳат муносиб, ки доимо ё муваққатан барои ташриф ва истифодаи озоди шаҳрвандон тибқи даъват ва ё шартҳои муайян пешниҳод шудаанд;   

- роҳбаладӣ – намуди хизматрасоние, ки аз ҷониби шахси соҳиби малакаи касбӣ ва ё тахассуси дахлдор дар шакли роҳнамоӣ, маълумотноксозӣ ва фаҳмондадиҳии сайёҳон нисбат ба объекти муайян ба амал бароварда мешавад;

- ширкати сайёҳӣ – шахси ҳуқуқие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, намуди асосии фаъолияти он хизматрасонии сайёҳӣ мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сайёҳии дохилӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сайёҳии дохилӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур

Вазифаҳои Қонуни мазкур иборатанд аз:

- муайян намудани принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- ташаккули низоми сайёҳии дохилӣ;

- муқаррар намудани салоҳияти (ваколати) мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- амалӣ гардонидани тадбирҳо оид ба рушди сайёҳии дохилӣ;

- ташкили хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- муайян намудани ҳавасмандгардониҳои мусоидаткунанда ба рушди сайёҳии дохилӣ;

- муқаррар намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон ҳангоми саёҳат дар ҳудуди мамлакат;

- муқаррар намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;

- таъмини бехатарии шаҳрвандон ҳангоми саёҳат.

 

Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

  1. Давлат ташкил ва рушди соҳаи сайёҳиро дар дохили мамлакат дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, манфиатҳои сайёҳон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, бехатарии шаҳрвандон ҳангоми саёҳат, истифодаи мақсаднок ва ҳифзу нигоҳдории муҳити зист, захираҳои сайёҳӣ ва ёдгориҳои фарҳангию таърихиро кафолат медиҳад.
  2. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ тавассути таҳия ва амалӣ сохтани стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 5. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- эътирофи сайёҳии дохилӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти мамлакат;

- иштироки фаъоли мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккул ва рушди сайёҳии дохилӣ;

- тарғиботи васеи сайёҳии дохилӣ ба сифати муаррификунанда ва посдорандаи фарҳанг, анъана, таърих ва тамаддуни миллӣ;

- кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;

- ҳифзу нигоҳдории муҳити зист ва захираҳои сайёҳии мамлакат;

- таъмини истифодаи оммавӣ, муносиб ва пурмаҳсули захираҳои сайёҳӣ;

- дастгирии рушди маданияти сайёҳии шаҳрвандон;

- ба сифати мамлакати рақобатпазири сайёҳӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббускорӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ. 

 

БОБИ 2. НИЗОМИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 6. Низоми сайёҳии дохилӣ

  1. Ба низоми сайёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:

- субъектҳои идоракунанда, ҳамоҳангсоз ва мониторинг;

- субъектҳои хизматрасонӣ;

- субъектҳои истеъмолӣ;

- объектҳои сайёҳӣ.

  1. Субъектҳои идоракунанда, ҳамоҳангсоз ва мониторинги сайёҳии дохилӣ, ки ба танзим ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин соҳа масъул мебошанд, инҳоянд:

- мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

- шӯроҳои ҳамоҳангсозии миллӣ ва маҳаллии рушди сайёҳии дохилӣ;

- мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

- Маркази миллии баҳисобгирии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ё Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;

- муассисаҳои илмии тадқиқотӣ ва таълимию иттилоотӣ;

- ассотсиатсияҳои сайёҳӣ;

- иттиҳодияҳои ҷамъиятии сайёҳӣ.

  1. Субъектҳои истеъмолӣ, ки дар як вақт объекти сайёҳии дохилӣ мебошанд, инҳоянд:

- шаҳрвандоне, ки ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ муроҷиат намудаанд;

- шаҳрвандон (дар алоҳидагӣ ё бо гурӯҳ), ки бо маҷмӯи хизматрасонии сайёҳӣ фаро гирифта шудаанд.

 

Моддаи 7. Талабот оид ба амалӣ намудани хизматрасонии сайёҳӣ

  1. Талаботи асосӣ нисбат ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои машғул гардидан ба шакли фаъолияти хизматрасонӣ инҳоянд:

- доштани ҳайати касбӣ – як ё якчанд шахсони соҳиби малакаи касбӣ ва ё тахассуси соҳаи сайёҳӣ;

- озодона муошират карда тавонистани ҳайати мутахассисон бо забони давлатӣ;

- мавҷудияти макони доимии фаъолият бо назардошти шароити мусоиди хизматрасонӣ (ҷойи муайяни корӣ ва хизматрасонӣ);

- заминаи ҳуқуқии фаъолият (қарори муассисон, мувофиқаи расмӣ бо мақоми ваколатдор ё дигар ҳуҷҷати расмӣ);

- доштани хатсайри сайёҳии дохилӣ;

- доштани шаҳодатнома оид ба сатҳ ва сифати хизматрасонии сайёҳӣ. 

  1. Талаботи асосӣ нисбат ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои шакли фаъолияти пешниҳоди (истеҳсоли) мол ва маҳсулоти (маснуоти) сайёҳӣ инҳоянд:

- доштани ҳайати касбӣ – як ё якчанд шахсони соҳибтахассуси самти коркарди маҳсулоти сайёҳӣ;

- озодона муошират карда тавонистани ҳайати мутахассисон бо забони давлатӣ;

- мавҷудияти макони доимии фаъолият бо назардошти шароити мусоиди хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ (ҷойи муайяни корӣ ва хизматрасонӣ);

- мавҷудияти қитъаи замин ва ё дӯкони муайяни мувофиқашудаи пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ;

- заминаи ҳуқуқии фаъолият (қарори муассисон, мувофиқаи расмӣ бо мақоми ваколатдор ё дигар ҳуҷҷати расмӣ);

- доштани шаҳодатнома оид ба сатҳ ва сифати хизматрасонии сайёҳӣ. 

  1. Талаботи асосӣ нисбат ба субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ барои танзим ва тарғиботи саёҳати шаҳрвандон дар дохили мамлакат инҳоянд:

- доштани ҳайати касбӣ – зиёда аз ду шахсони соҳиби тахассуси соҳаи сайёҳӣ;

- озодона муошират карда тавонистани ҳайати мутахассисон бо забони давлатӣ ва доштани малакаи иттилоотонии омма;

- мавҷудияти макони доимии фаъолият бо назардошти шароити мусоиди хизматрасонӣ (ҷой муайяни корӣ ва хизматрасонӣ).

  1. Дар доираи қоидаҳои амалӣ намудани хизматрасонии сайёҳӣ муқаррароти дигар муайян карда мешаванд. Қоидаҳои амалӣ намудани хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
  2. Шахсони соҳиби малакаи касбӣ ва ё тахассуси соҳаи сайёҳӣ метавонанд хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва иловагӣ (соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатии дахлдор) бошанд.

 

Моддаи 8. Тартиб ва қоидаҳои стандартонӣ ва сертификатсияи хизматрасонии сайёҳӣ

  1. Тартиб ва қоидаҳои стандартонӣ ва сертификатсияи хизматрасонии сайёҳӣ тибқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои амалӣ намудани хизматрасонии сайёҳӣ ба амал бароварда мешаванд.
  2. Стандартонӣ ва ё сертификатсияи хизматрасонии сайёҳӣ бо тартиби муқарраргардида аз рӯи намудҳои зерини хизматрасонӣ ба роҳ монда мешаванд:

- роҳбаладӣ;

- тарҷумонӣ;

- пешхизматӣ;

- меҳмоннавозӣ.

  1. Намуди дигари хизматрасонӣ, ки бояд сертификатсия шавад, бо назардошти бозори хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Стандартонӣ ва ё сертификатсияи хизматрасонии сайёҳӣ бо тарзҳои зерин ба роҳ монда мешаванд:

- ба воситаи (зимни) муроҷиат ва пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ аз ҷониби субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ва дигар низоми дахлдор бо тартиби муқарраргардида, вале дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯз (пас аз қабули дархост);

- аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ва дигар низоми дахлдор бевосита зимни муроҷиат ва дархости (талаби) маҳсулоти сайёҳӣ ба (аз) субъекти хизматрасонии сайёҳӣ бо тартиби муқарраргардида, вале дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯз (пас аз дастрас гардидани маҳсулоти сайёҳӣ).

  1. Тартиб ва қоидаҳои стандартонӣ ва сертификатсияи хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Танзими низоми хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

  1. Барои танзими низоми хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ (минбаъд – Феҳристи давлатӣ) бо тариқи баҳисобгирӣ ташкил карда мешавад.

Баҳисобгирӣ дар Феҳристи давлатӣ дар ду шакл – муқаррарӣ ва электронӣ (тариқи шабакаи интернет) ба роҳ монда мешавад.

Аз рӯзи дар Феҳристи давлатӣ ба ҳисоб гирифта шудани (пайдо шудани ном ва дигар нишондиҳандаҳои зарурии) дархостдиҳанда (шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ё соҳибкорони инфиродии барои фаъолият дар соҳаи сайёҳии дохилӣ дархостдода) фаъолияти он ҳамчун субъекти хизматрасонии сайёҳӣ расмӣ ҳисобида мешавад.

Тартиби баҳисобгирӣ дар Феҳристи давлатӣ тибқи муқаррароти Қонуни мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.

Раванди баҳисобгириро дар Феҳристи давлатӣ Маркази миллии баҳисобгирии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ таъмин менамояд.

  1. Ҷиҳати таъмини самаранокии фаъолият дар соҳаи сайёҳии дохилӣ сатҳу сифати хизматрасонии сайёҳӣ тибқи Қонуни мазкур бо тариқи стандартонӣ ва ё сертификатсияи хизматрасонии сайёҳӣ ба танзим дароварда мешавад.
  2. Бо мақсади мониторинг ва баҳогузории вазъи сайёҳии дохилӣ раванди фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷониби субъектҳои дахлдор мониторинг ва баҳогузорӣ карда мешавад.
  3. Шакл ва намудҳои дигари танзими низоми хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.

 

Моддаи 10. Фаъолияти Маркази миллии баҳисобгирии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ

  1. Барои танзими раванди баҳисобгирӣ дар Феҳристи давлатӣ Маркази миллии баҳисобгирии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ (минбаъд – Маркази миллӣ) ба сифати шахси ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад.
  2. Вазифаҳои Маркази миллӣ иборатанд аз:

- пешбурди фаъолияти Феҳристи давлатӣ;

- баҳисобгирии фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;

- сабт ва паҳн намудани маълумоти дахлдор вобаста ба ташрифи гурӯҳи сайёҳон ба ҳудуд, мавзеъ, минтақа ва иншооти муайяни сайёҳӣ;

- қабул ва бозравонии дархост ва эродҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ оид ба сатҳ ва сифати хизматрасонии мақомоти дахлдори давлатӣ; 

- қабул ва бозравонии дархост ва эродҳои шаҳрвандон оид ба сатҳ ва сифати хизматрасонии сайёҳӣ;

- пахш намудани ахбор ва иттилоот оид ба раванди татбиқи хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ дар мамлакат;

- вазифаҳои дигаре, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.

  1. Вазифаҳои Маркази миллӣ дар сатҳи маҳал ба марказҳои хизматрасонии маҷмӯии сайёҳӣ вобаста карда мешаванд.
  2. Фаъолияти ҳисоботии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ тариқи пешниҳоди маълумот ба Маркази миллӣ ва воридсозии онҳо дар Феҳристи давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 11. Шакли фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ

  1. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд дар шакли шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, давлатӣ ва ғайридавлатӣ, гурӯҳӣ (корпоративӣ) ва фардӣ фаъолият намоянд.
  2. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд аз рӯи шаклҳо ва намудҳои сайёҳии дохилӣ, ки тибқи Қонуни мазкур муайян шудаанд, фаъолият намоянд.
  3. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ бо талабот ва тартиби содаи барасмиятдарории фаъолият аз рӯи шакл ва намудҳои муайяни сайёҳии дохилӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
  4. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд бе иҷозатнома, вале бо риояи муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти хизматрасонӣ аз рӯи шакл ва намудҳои сайёҳии дохилӣ машғул гарданд.

 

Моддаи 12. Шакл ва намудҳои сайёҳии дохилӣ

  1. Сайёҳии дохилӣ аз шаклҳои зерини фаъолият иборат мебошад:

- хизматрасонӣ;

- пешниҳоди (истеҳсоли) мол ва маҳсулоти (маснуоти) сайёҳӣ;

- танзим ва тарғиботи саёҳати шаҳрвандон дар дохили мамлакат.

  1. Сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:

- фарҳангӣ ва маънавию маърифатӣ (васеъ гардонидани ҷаҳонбинии маънавӣ тавассути ташриф ба осорхонаҳо, театрҳо, боғҳо ва дигар ҷойҳои таърихӣ, мавзеъҳо ва иншооти динӣ, инчунин ширкат дар чорабиниҳои гуногуни омӯзишӣ);

- варзишӣ (обӣ, зимистона, шикор ва моҳидорӣ);

- саргузаштдор (кӯҳнавардӣ, ҳавонавардӣ, фуруд омадан тариқи шаршара, аспсаворӣ, дучархаронӣ дар кӯҳсор, мототсиклронӣ, ғаввосӣ);

- корӣ ё хизматӣ (сафаре, ки аз 24 соат зиёд тӯл мекашад);

- намоишию тадқиқотӣ (иштирок дар ҳамоишҳои гуногуни маърифатӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва амалӣ);

- ҳавасмандгардонии гурӯҳӣ (сайру саёҳати гурӯҳи шаҳрвандони касбу кор ва шуғли ягона дошта);

- тандурустӣ (сайр (ташриф) ҷиҳати табобат ва барқароркунии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ);

- деҳотӣ (шиносоӣ бо тарзи зист, анъанаҳо ва урфу одатҳои маҳаллии деҳот);

- экологӣ (сайр ба ҷойҳои дурдаст, ҳифзи муҳити зист);

- динию таърихӣ (ташриф ба мавзеъҳо ва иншооти динию таърихӣ ва фарҳангӣ);

- мактабӣ (сайру саёҳати муташаккилонаи таълимгирандагон ба мавзеъҳо ва иншооти таърихӣ, фарҳангӣ ва муосир).

 

БОБИ 3. САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 13. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳии дохилӣ инҳоянд:

- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- тасдиқи стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- тасдиқи қоидаҳои амалӣ намудани хизматрасонии сайёҳӣ;

- тасдиқи Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ;

- таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 14. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ инҳоянд:

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти субъектҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- таҳлили вазъият, баррасӣ ва пешниҳоди масъалаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи қоидаҳои амалӣ намудани хизматрасонии сайёҳӣ;

- таҳия ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ намудани Тартиби фаъолияти амалию ташкилӣ ва ҳуқуқии роҳбалад ва тарҷумон;

- таҳлил ва муайян намудани талабот ба хатсайри сайёҳии дохилӣ;

- таҳия ва тасдиқ намудани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- таҳлил ва пешниҳоди масъалаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба амал баровардани фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар самти тадқиқ, таҳлил, мониторинг ва таҳкими равандҳои ташкили сайёҳии дохилӣ;

- мониторинг ва баҳогузории раванди фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;

- ташкили Феҳристи давлатӣ;

- таъсиси Маркази миллӣ;

- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 15. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ инҳоянд:

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ дар маҳал;

- тасдиқи барномаҳои маҳаллии рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- ба роҳ мондани фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи тадқиқ, таҳлил, мониторинг ва таҳкими равандҳои ташкили сайёҳии дохилӣ дар маҳал;

- тасдиқи Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии маҳаллии рушди сайёҳии дохилӣ;

- таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ дар маҳал;

- назорати раванди фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар соҳаи истифодаи самараноки захираҳои маҳаллии сайёҳӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 16. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии соҳаи сайёҳии дохилӣ

Ваколатҳои мақомоти маҳаллии соҳаи сайёҳии дохилӣ инҳоянд:

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;

- таҳлили вазъият, баррасӣ ва пешниҳоди масъалаҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- таҳия ва барои тасдиқ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод намудани лоиҳаи барномаҳои маҳаллии рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- таҳлил ва муайян намудани хатсайрҳои маҳаллии сайёҳии дохилӣ;

- мусоидат ба ташкили субъектҳои маҳаллии хизматрасонии сайёҳӣ аз рӯи намудҳои мувофиқи сайёҳии дохилӣ;

- таҳлил ва пешниҳоди масъалаҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ба амал баровардани фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар самти тадқиқ, таҳлил, мониторинг ва таҳкими равандҳои ташкили сайёҳии дохилӣ;

- мониторинг ва баҳогузории раванди фаъолияти субъектҳои маҳаллии хизматрасонии сайёҳӣ;

- пешниҳоди таклифҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи сайёҳии дохилӣ инҳоянд:

- татбиқи барномаҳои маҳаллии рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- назорати раванди фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар самти истифодаи самараноки захираҳои сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

БОБИ 4. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 18. Ташаккул ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ

  1. Барои рушди сайёҳии дохилӣ дар мамлакат инфрасохтори зерин ташкил карда мешавад:

- шӯроҳои миллӣ ва маҳаллии рушди сайёҳии дохилӣ;

- марказҳои маҷмӯии хизматрасонии сайёҳӣ;

- гӯшаҳои иттилоотии сайёҳӣ;

- меҳмонхонаҳои махсус (хурд);

- меҳмонхонаҳо;

- меҳмонхона барои сайёҳон дар манзилҳои (хонаҳои) истиқоматӣ – хизматрасонии хонагӣ (хонаист);

- марказҳои хизматрасонии нақлиётӣ;

- нуқтаҳои хизматрасонии маҷмӯии сарироҳӣ;

- дуконҳои фурӯши мол ва маҳсулоти сайёҳӣ;

- марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва дилхушӣ;

- истгоҳҳои нақлиётӣ ва дучарха;

- хадамоти табобатию истироҳатӣ;

- мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ (осорхонаҳо, китобхонаҳо, зиёратгоҳҳо);

- минтақаҳои моҳигирӣ ва шикор;

- ҷойҳо ва ҳудудҳои манъшуда барои сайру саёҳат.

  1. Намуди (номгӯи) дигари инфрасохтори сайёҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.

 

Моддаи 19. Ташкили фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ

  1. Барои ҳамоҳангсозии фаъолият, ҳамгироии имкониятҳо ва ҳал намудани масъалаҳои алоқаманд ба рушди сайёҳии дохилӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар асоси ҷамъиятӣ, шӯроҳои ҳамоҳангсозии миллӣ ва маҳаллии рушди сайёҳии дохилӣ таъсис дода мешаванд.
  2. Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқан низомномаҳои шӯроҳои ҳамоҳангсозии маҳаллии рушди сайёҳии дохилӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.
  3. Барои аъзогӣ ба шӯроҳои ҳамоҳангсозии миллӣ ва маҳаллӣ намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, соҳибкорон, ширкатҳо, ассотсиатсияҳои сайёҳӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд.

 

Моддаи 20. Банақшагирии инфрасохтори сайёҳӣ ҳангоми сохтмони иншооти калонҳаҷми ҷамъиятӣ

  1. Ҳангоми банақшагирии иншооте, ки на кам аз 500 метри мураббаъ масоҳат дорад, ба истиснои манзилҳои истиқоматӣ (иншооти калонҳаҷм), аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ дар он ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ба инобат гирифта мешавад.
  2. Инфрасохтори сайёҳӣ дар иншооти калонҳаҷм метавонад аз як ё якчанд номгӯи (нуқтаи) хизматрасонӣ иборат бошад.
  3. Молики иншооти калонҳаҷм барои ташкили фаъолияти пурсамари инфрасохтори сайёҳӣ масъул мебошад.
  4. Шакл ва намуди хизматрасонии инфрасохтори сайёҳӣ бояд ба шакл ва намуди фаъолият ва хизматрасонии иншоот мутобиқ бошад.
  5. Дар замина ва ё сохтори иншооти калонҳаҷм инфрасохтори мувофиқи сайёҳӣ ташкил карда мешавад.

 

Моддаи 21. Ба инобат гирифтани инфрасохтори сайёҳӣ ҳангоми таҳияи нақшаи генералии маҳалли аҳолинишин ва истифодаи қитъаҳои замин

  1. Ҳангоми таҳияи нақшаи генералии маҳалли аҳолинишин ва истифодаи қитъаҳои замин аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бунёди инфрасохтори сайёҳӣ бо риояи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта мешавад.
  2. Дар қитъаҳои замини фарогири иншооти калонҳаҷм, ба истиснои манзилҳои истиқоматӣ як ё якчанд инфрасохтори мувофиқи сайёҳӣ ташкил карда мешавад.
  3. Шакли тарҳи инфрасохтори сайёҳӣ бо мувофиқаи якҷояи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаҳои дахлдор муайян карда мешавад.

 

Моддаи 22. Амалисозии фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, грантҳо ва субсидияҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

  1. Барои ҳал намудани мушкилот ва ташаккули заминаи илмию амалӣ дар самти рушди сайёҳии дохилӣ фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, грантҳо ва субсидияҳо ба амал бароварда мешаванд.
  2. Фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, грантҳо ва субсидияҳо бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ муайян карда шуда, барои рушди намудҳои зерини фаъолият дар соҳаи сайёҳии дохилӣ равона карда мешаванд:

- ташкили корҳои таҳлилӣ ва илмию тадқиқотӣ;

- омодасозии касбӣ, такмили ихтисос, малака ва таҷрибаомӯзӣ;

- ташкили мониторинг ва баҳодиҳии раванди хизматрасонии сайёҳӣ;

- баҳисобгирӣ, стандартонӣ ва сертификатсияи фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар соҳаи хизматрасонӣ;

- таъминоти иттилоотӣ ва тарғиботи сайёҳии дохилӣ.

  1. Фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, грантҳо ва субсидияҳо бо тарзи мустақим (махсус) ва тавассути барномаҳои давлатии рушди сайёҳии дохилӣ ташаккул дода мешаванд.
  2. Барои амалисозии фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, грантҳо ва субсидияҳо субъектҳои хизматрасон (иҷрокунандагон) аз ҳисоби иттиҳодияҳои ҷамъиятии сайёҳӣ, муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла илмию тадқиқотӣ бо тартиби муқарраргардида ҷалб карда мешаванд.

 

Моддаи 23. Таъмини дастрасии иттилоот дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

  1. Бо мақсади тарғиботи сайёҳии дохилӣ бо ҳамоҳангии мақоми ваколатдори давлатӣ сомонаи миллии интернетӣ ташкил карда мешавад.
  2. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ вобаста ба фаъолияти худ сомонаи интернетӣ ва ё саҳифа(ҳо)и иҷтимоии интернетӣ ташкил намуда, мунтазам маълумоти дахлдорро дар он(ҳо) ҷойгир менамоянд.
  3. Шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ барномаҳои доимоамалкунандаи махсуси марбут ба рушди сайёҳии дохилиро ташкил менамоянд ва эълони (таблиғи) сайёҳии иҷтимоиро ройгон ба роҳ мемонанд.
  4. Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма бо назардошти имкониятҳои мавҷуда мунтазам тарғиботи сайёҳии дохилиро амалӣ менамоянд.
  5. Маводи иттилоотӣ ҳангоми мухолифат надоштани мазмуни он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарҳанги миллӣ, озодона паҳн карда мешавад.

 

Моддаи 24. Мониторинг ва баҳодиҳии сатҳи истифодабарӣ ва самаранокии инфрасохтори сайёҳӣ

  1. Бо мақсади таъмини сатҳу сифати истифодабарӣ ва самаранокии инфрасохтори сайёҳӣ раванди хизматрасонии сайёҳӣ мунтазам зимни мониторинг ва баҳодиҳӣ қарор дода мешавад.
  2. Мониторинг ва баҳодиҳии раванди хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷониби субъектҳои идоракунанда, ҳамоҳангсоз ва мониторинги сайёҳии дохилӣ амалӣ гардонида мешавад.
  3. Мониторинг ва баҳодиҳӣ ба воситаи иттиҳодияҳои ҷамъиятии сайёҳӣ (ассотсиатсияҳо) ва дигар субъектҳои дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ташкил карда мешавад.
  4. Натиҷаи амалиёти мониторинг ва баҳодиҳӣ дар шакли хаттӣ (коғазӣ) ва ё электронӣ – маводи таҳлилии иттилоотӣ ва тавсиявӣ тариқи воситаҳои ахбори омма пешниҳоди ҷомеа гардонида мешавад.

 

Моддаи 25. Иштироки муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ дар рушди сайёҳии дохилӣ

  1. Муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ дар рушди сайёҳии дохилӣ иштироки фаъол менамоянд.
  2. Муассисаҳои таълимӣ барои ташкили саёҳати мутташакилонаи таълимгирандагон (бо мизони ташрифи (саёҳати) як таълимгиранда дар як сол ҳадди ақал ба ду мавзеи (макони) сайёҳӣ) масъул мебошанд.
  3. Саёҳати мутташакилонаи таълимгирандагон бо тартиби муқарраргардида бо ҷалби субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ба роҳ монда мешавад.
  4. Дар муассисаҳои таълимӣ гӯшаи сайёҳӣ ташкил карда шуда, мавзӯъҳои гуногуни фарогири сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ ва тарғиботи захираҳои сайёҳии мамлакат ба таълимгирандагон омӯзонида мешавад.
  5. Муассисаҳои фарҳангию таърихӣ (осорхона, китобхона, театр) дар як сол на кам аз 10 рӯз рӯзҳои дарҳои кушод барои ташрифи ройгони сайёҳони дохилӣ, аз ҷумла таълимгирандагон ташкил менамоянд.
  6. Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ бо субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ бевосита ба роҳ монда мешавад.
  7. Барои дастрасии маълумоти мухтасар оид ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ махзани маълумот ташкил карда мешавад.
  8. Муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ уҳдадор мегарданд, ки барои ҳамкорӣ бо субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ шароит фароҳам оваранд.

 

Моддаи 26. Рушди маърифатнокӣ ва маданияти сайёҳии шаҳрвандон

  1. Барои рушди сатҳи маърифатнокӣ ва маданияти сайёҳии шаҳрвандон мунтазам тадбирҳои омӯзишӣ, таълимӣ ва маънавию тарғиботӣ баргузор карда мешаванд.
  2. Субъектҳои идоракунанда, ҳамоҳангсоз ва мониторинги сайёҳии дохилӣ аз рӯи маҳали фаъолият лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногуни омӯзишӣ, таълимӣ ва маънавию тарғиботиро дар байни ҷомеа ва бо иштироки фаъоли вакилони ҷамоатҳо таҳия ва татбиқ менамоянд.
  3. Бо мақсади иттилоотонии мунтазами шаҳрвандон оид ба масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳии дохилӣ тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои радио ва телевизионии давлатӣ тадбирҳо андешида мешаванд.
  4. Дар сатҳи субъектҳои идоракунанда, ҳамоҳангсоз ва мониторинги сайёҳии дохилӣ аз рӯи имконот маҷаллаи даврӣ ё ҳафтанома ва ё сомонаи махсусгардонидашудаи интернетӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ташкил карда мешавад.
  5. Дар низоми соҳаи маориф барномаҳои дахлдори таълимӣ бо назардошти ҷабҳаҳои сайёҳии дохилӣ тартиб дода мешаванд.

 

Моддаи 27. Тадбирҳо ҷиҳати мутобиқ гардонидани ҷойҳои ҷамъиятӣ ва шоҳроҳҳо ба талаботи сайёҳон ва меъёрҳои сифати муҳити зист

  1. Барои мутобиқ гардонидани ҷойҳои ҷамъиятӣ ва шоҳроҳҳо ба талаботи сайёҳон ва меъёрҳои сифати муҳити зист аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи соҳибкорон ва дигар шахсони хоҳишманд тадбирҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:

- дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки зиёда аз 100 нафарро дар як вақт фаро мегиранд, ташкил намудани фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ, хӯроки умумӣ, таваққуфгоҳи автомобилҳо, ташноб ва дигар ниёзҳои аввалӣ;

- дар шоҳроҳҳо ташкил намудани фаъолияти доимии нуқтаҳои тиббию тозагӣ (дастгоҳҳои худфаъолияти фурӯши доруворӣ, ташнобҳо ва нуқтаҳои дигар), хизматрасонии хӯроки умумӣ, истгоҳ ва таъмири автомобилҳо, таъмини сузишворӣ ва дигар ниёзҳои аввалӣ;

- дар фосилаи ҳар 100 км ҳудуди дахлдори шоҳроҳҳо ташкил намудани меҳмонхонаи хурд.

  1. Тадбирҳои дигари мутобиқгардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ ва шоҳроҳҳо ба талаботи сайёҳон ва меъёрҳои сифати муҳити зист тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.

 

Моддаи 28. Фароҳам овардани шароитҳои муносиб ҷиҳати ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорон дар рушди сайёҳии дохилӣ

  1. Барои ҷалб ва иштироки фаъоли соҳибкорон ва сармоягузорон дар амалӣ гардонидани тадбирҳо оид ба рушди сайёҳии дохилӣ шароитҳои муносиб фароҳам оварда мешаванд.
  2. Барои соҳибкорон, ки фаъолиятро дар соҳаи сайёҳии дохилӣ ба роҳ мемонанд, тибқи муқаррароти Қонуни мазкур имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд.
  3. Ташаббусҳои сармоягузорон барои ташкил ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, маблағгузории барномаҳо ва лоиҳаҳои марбут ба рушди сайёҳии дохилӣ аз ҷониби давлат дастгирӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд.
  4. Барои ҳавасмандгардонии соҳибкорон ва сармоягузорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳии дохилӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколати худ ва Қонуни мазкур имтиёзҳо муқаррар менамояд.

 

Моддаи 29. Татбиқи барномаҳои маҳаллӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ

  1. Дар сатҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо бо фарогирии нишондиҳандаҳои зерин барномаҳои маҳаллӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ татбиқ карда мешаванд:

- таҳлили вазъияти иқтисодию иҷтимоии маҳал ва муайян намудани мушкилоти мубрами ҳаётӣ;

- муқаррар намудани вазифаҳои мушаххас, дурнамои маҳал ва муҳлати татбиқи онҳо;

- муайян намудани манбаъҳои воқеии маблағгузории вазифаҳои интихобгардида;

- ҷалб намудани субъектҳои идоракунанда, ҳамоҳангсоз ва мониторинг дар амалисозии вазифаҳои интихобгардида;

- ба инобат (рӯйхат) гирифтани захираҳо ва имкониятҳои (фарҳангӣ, таърихӣ, табиӣ ва индустриалӣ) ҷолиби сайёҳии маҳал ва василаҳои ҳифз ва рушди онҳо;

- муқаррар намудани фармоиши иҷтимоии давлатӣ барои амалисозии вазифаҳои муҳими интихобгардидаи иҷтимоию иқтисодӣ;

- ба нақша гирифтани мониторинги мунтазами раванди татбиқи вазифаҳои интихобгардида;

- муқаррар намудани нишондиҳандаҳои дигар аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо инъикос намудани зарурати онҳо.

  1. Татбиқи барномаҳои маҳаллӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ барои тарғиботи сайёҳии дохилӣ, омодасозии касбӣ, таъмини иттилоотӣ, мониторинг ва баҳодиҳии вазъият ва ҳамоҳангсозии фаъолият равона мегарданд.

 

Моддаи 30. Тадбирҳо оид ба ҳифз ва нигоҳдории захираҳои сайёҳӣ

  1. Ҳифз ва нигоҳдории захираҳои сайёҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бевосита таъмин карда мешавад.
  2. Барои ҳифз ва нигоҳдории захираҳои сайёҳӣ, аз ҷумла эмин будани онҳо аз вайроншавӣ, куҳнашавӣ, хӯрдашавӣ, сармозанӣ, нобудшавӣ, ғоратшавӣ, суиистеъмолшавӣ ва поймолшавӣ тадбирҳои дахлдор амалӣ гардонида мешаванд.
  3. Афзалиятнокӣ, тартиб ва шароити ҳифз ва нигоҳдории захираҳои сайёҳӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.
  4. Ҳангоми саёҳат барои шаҳрвандон истифода ва ё тамошои захираҳои сайёҳӣ маҳдуд карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси вайроншавӣ, куҳнашавӣ, хӯрдашавӣ, сармозанӣ, нобудшавӣ, ғоратшавӣ, суиистеъмолшавӣ ва поймолшавии онҳо мегарданд.

 

БОБИ 5. ТАШКИЛИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 31. Фаъолияти марказҳои маҷмӯии хизматрасонии сайёҳӣ

  1. Марказҳои маҷмӯии хизматрасонии сайёҳӣ дар сатҳ ва ҳудуди шаҳр ва ё ноҳия дар шакли шахси ҳуқуқӣ ташкил ёфта, ба хизматрасонии зерин машғул мегарданд:

- ҷамъоварии омор ва ташкили иттилоот оид ба раванди хизматрасонии сайёҳӣ дар маҳал ва пешниҳоди он ба Маркази миллии баҳисобгирии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва мақомоти маҳаллии соҳаи сайёҳӣ;

- қабул ва равона кардани сайёҳон;

- таъмини иттилоот ва кумаки техникӣ ба сайёҳон ва шаҳрвандони майли сайру саёҳат дошта;

- пешбурди махзани маълумот оид ба захираҳои сайёҳии маҳал;

- бо тартиби муқарраргардида ташкили давраҳои (курсҳои) гуногуни дахлдори омӯзишӣ дар самти омода намудани кадрҳо, таълими (омӯзиши) малака, такмили ихтисос ва касби мутахассисони соҳавӣ, таҷрибаомӯзӣ;

- ташаккул ва рушди фаъолияти волонтёрии хизматрасонии сайёҳӣ; 

- додани машварати ташкилию ҳуқуқӣ.

  1. Марказҳои маҷмӯии хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд давлатӣ ва ғайридавлатӣ бошанд.
  2. Тобеияти марказҳои маҷмӯии хизматрасонии сайёҳӣ мувофиқ ба шакли ташкилию ҳуқуқии фаъолият бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  3. Ҳамкорӣ ва шарикии марказҳои маҷмӯии хизматрасонии сайёҳӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси созишномаи генералӣ ба роҳ монда мешавад.
  4. Намуди дигари фаъолияти марказҳои маҷмӯии хизматрасонии сайёҳӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 32. Хизматрасонии машваратию иттилоотӣ, меҳмоннавозӣ, пешхизматӣ ва сайёҳӣ

  1. Хизматрасонии машваратию иттилоотӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:

- суҳбати фардӣ ва гурӯҳӣ;

- вохӯриҳо ва мулоқотҳо;

- муроҷиат ё дархости хаттӣ ва электронӣ;

- муоширати мустақим ва фосилавӣ;

- таҳия ва паҳн намудани маводи хаттӣ, электронӣ, видеоӣ ва аудиоӣ;

- ташкили сомонаҳои махсуси интернетӣ.

  1. Хизматрасонии машваратию иттилоотии касбӣ аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони соҳибтахассус, ки на кам аз 2 сол таҷриба дар ин соҳа доранд, ба амал бароварда мешавад.
  2. Хизматрасонии машваратию иттилоотии амалӣ аз ҷониби субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ бо мақсади пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ ба роҳ монда мешавад.
  3. Барои хизматрасонӣ ба меҳмонон – сайёҳон танҳо ба шахсони соҳибтаҷриба, соҳибмалака ва ё соҳибтахассус рухсат дода мешавад.
  4. Сатҳ ва сифати меҳмоннавозӣ ва пешхизматӣ дар доираи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
  5. Барои шахсони меҳмоннавоз ва пешхизмат нишондиҳандаҳои зерин ҳатмӣ мебошанд:

- донистани забони давлатӣ;

- доштани малакаҳои касбӣ ва ё тахассуси муносиб;

- доштани либоси махсуси муносиб ба хизматрасонӣ;

- хушмуомилагӣ ва рафтору кирдори ботаҳаммул ҳангоми хизматрасонӣ.

  1. Бо мақсади тарғиботи мунтазами имконият ва захираҳои сайёҳӣ мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мувофиқан дар соҳа ва ҳудуди худ дар шаклҳои зерин гӯшаҳои иттилоотии сайёҳӣ ташкил менамоянд:

- лавҳаҳои видеоӣ ва тасвирӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва назди ташкилоту муассисаҳо;

- дастгоҳҳои компютерии доимоамалкунандаи берунӣ, ки ба шахсони хоҳишманд маълумоти заруриро таъмин намоянд (чунин дастгоҳҳо бояд дар ҷойи ҷамъиятӣ ва бехатар насб карда шаванд);

- гӯшаҳои дохилиидоравӣ дар ҷойи ҷамъиятии ташкилоту муассисае, ки зиёда аз 200 нафар корманди доимӣ ва ё ташрифоваранда доранд;

- гӯшаҳои мактабӣ дар саҳни (ҷойи ҷамъиятии) муассисаҳои таълимӣ бо назардошти воҳидҳои сохтории онҳо.

 

Моддаи 33. Хизматрасонии хонагӣ (хонаист)

  1. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид, беҳтар гардонидани тарзи зист ва дастрасии сайёҳон ба имкониятҳои маишӣ дар минтақаҳои мамлакат хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ба роҳ монда мешавад.
  2. Хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ба таври озод бо мақсади беҳтар гардонидани шароити иқтисодӣ аз ҷониби субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) дар ҳудуди манзилҳои (хонаҳои) истиқоматӣ ташкил карда мешавад.
  3. Барои пешниҳод намудани хизматрасонии хонагӣ (хонаист) субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) талаботи зеринро амалӣ мегардонад:

- дар манзилҳои (хонаҳои) истиқоматии хусусӣ ҳуҷраи алоҳида бо масоҳати зист дар ҳаҷми на кам аз 30 метри мураббаъ ҷудо (сохтмон) менамояд. Ҳуҷраи ҷудошуда бояд камаш аз се қисмат: ҷойи хоб, ҷойи хӯрок, ташноб ва ҷойи дастурӯйшӯӣ иборат бошад;

- барои сайёҳ, ҳангоми қабул кардан, бояд тартиби буду боши ӯ фаҳмонида шуда, рӯйхати таомҳо пешниҳод карда шавад.

  1. Талаботи дигари хизматрасонӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи Қонуни мазкур муайян карда мешаванд.
  2. Муроҷиати (пешниҳоди) хаттии субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) оид ба анҷом додани расмиёти дахлдор барои корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯз баррасӣ гардида, ҳуҷҷатҳои дахлдор ба субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) таъмин карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) оид ба анҷом додани расмиёти дахлдор ройгон машварати ҳуқуқӣ дода мешавад.
  3. Субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) метавонад дар шакли шахси воқеӣ, ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро ба роҳ монад.
  4. Доштани хатсайри сайёҳии дохилӣ ба субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) зарурат надорад.
  5. Фаъолияти пурсамари субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқарраргардида ҳавасманд гардонида мешавад.
  6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) имтиёзҳо пешбинӣ менамояд.

 

Моддаи 34. Хизматрасонӣ ҳангоми саёҳати кишоварзӣ

  1. Барои тақвият бахшидани фаъолияти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи маданияти кишоварзии шаҳрвандон дар мавзеъҳо, иншоот ва заминҳои (ҳудудҳои) ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (минбаъд – объекти кишоварзӣ) ташкили саёҳати муташаккилона ба роҳ монда мешавад.
  2. Саёҳати шаҳрвандон ба объекти кишоварзӣ тавассути субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар ҳамкории бевосита бо ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба роҳ монда мешавад.
  3. Объекти кишоварзӣ дар ҳолате объекти сайёҳӣ пазируфта (интихоб карда) мешавад, агар:

- фаъолияти хуб ва намунавии истеҳсолию ҳосилнокӣ дошта бошад;

- дар ҳудуди на кам аз 2 га замин ва на кам аз 500 метри мураббаъ иншооти кишоварзӣ дошта бошад;

- сомонаи интернетӣ ва ё саҳифаи иҷтимоии худро дар шабакаи интернетӣ дошта бошад;

- қобилият ва ё имконияти муаррифӣ намудани дастовардҳои кишоварзии худро дошта бошад.

  1. Талаботи дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 35. Хизматрасонии техникию нақлиётӣ

  1. Барои таъмини бехатарӣ ва коршоямии воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди мавзеъҳои сайёҳӣ хизматрасонии техникию нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
  2. Нуқтаҳои хизматрасонии техникию нақлиётӣ метавонанд дар шакли истгоҳи махсуси нақлиётӣ (барои автомобил ва дучарха), нуқтаи таъмири автомобил, нуқтаи барқароркунӣ ва таъмири техникаи электронӣ, маркази иҷораи автомобил, дучарха ва дигар воситаи техникӣ ташкил карда шаванд.
  3. Барои саёҳати шаҳрвандон ба воситаи нақлиёт (автомобил ё дучарха) дар ҳудуди мамлакат афзалият дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 36. Хизматрасонии сарироҳӣ ва таъмини тозагӣ

  1. Дар ҳудуди тамоми мавзеъҳои сайёҳӣ хизматрасонии сарироҳӣ дар шакли ошхона, нуқтаи савдои маводи ғизоӣ ва маҳсулоти сайёҳӣ, маркази иҷораи воситаҳои саворӣ, нуқтаи суратгирӣ ва наворгирӣ ба роҳ монда мешаванд.
  2. Тозагии ҳудуд ва дохили иншооти сайёҳӣ ҳамарӯза таъмин карда шуда, барои пешбурди он, вуруд ба намуди муайяни иншооти сайёҳӣ метавонад бо тартиби муқарраргардида пулакӣ муқаррар карда шавад.
  3. Дар ҳудуди мавзеъ ва иншооти сайёҳӣ нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ ва дорухонаи сайёр, истгоҳи автомобил ва ташноб ташкил карда мешаванд.
  4. Талаботи дигари хизматрасонии сарироҳӣ ва таъмини тозагиро мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида муайян менамояд.

 

Моддаи 37. Истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ

  1. Барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ бо роҳи пешбинӣ намудани имтиёзҳои дахлдор аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешавад.
  2. Ташкилоту муассисаҳо, бахусус субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ машғул шаванд.
  3. Ба фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ дар ҳудуди мавзеъҳо ва иншооти сайёҳӣ афзалият дода мешавад.
  4. Фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ карда шуда, бо роҳи ҷудо намудани қитъаи замин, иҷора додани толор ва биноҳо, ба анҷом расонидани тадбирҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида мешаванд.

 

Моддаи 38. Чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва дилхушӣ

  1. Бо мақсади ҳавасмандии шаҳрвандон ба саёҳат, рушди маданияти сайёҳӣ, таҳкими андешаи миллӣ ва ҷовидонии анъанаҳо, урфу одатҳои миллӣ ҳангоми саёҳати гурӯҳӣ дар мавзеъҳо ва иншооти сайёҳӣ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва дилхушӣ ташкил карда мешаванд.
  2. Чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва дилхушӣ бо назардошти муаррифии анъана ва урфу одатҳои миллӣ дар намудҳои зерин ташкил карда мешаванд:

- барномаҳои консертӣ ва рақсӣ;

- барномаҳои ҳаҷвнигорӣ ва тақлид;

- хониши шеъру ғазал;

- озмунҳои ҳозирҷавобӣ;

- намоишҳои дастовардҳо;

- намоишҳои театрӣ ва филм.

 

Моддаи 39. Хизматрасонии табобатию истироҳатӣ

  1. Хизматрасонии табобатию истироҳатӣ дар муассисаҳои махсусгардонидашуда бо ҷалби шахсони соҳиби малакаи касбӣ ва тахассуси дахлдор амалӣ гардонида мешавад.
  2. Масъулияти дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардидани уҳдадориҳои хизматӣ, ки ба саломатии сайёҳ метавонад зиён расонад ба уҳдаи субъекти хизматрасонии сайёҳӣ (ташкилкунандаи саёҳат) ва муассисаи хизматрасон вогузор мебошад.
  3. Сифати хизматрасонии табобатию истироҳатӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти санҷиш қарор дода мешавад.

 

Моддаи 40. Хизматрасонии роҳбаладӣ ва тарҷумонӣ

  1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки малакаи касбӣ ва ё тахассуси роҳбаладӣ ва тарҷумониро дорад, метавонад ба фаъолияти намуди хизматрасонии роҳбаладӣ ва тарҷумонӣ машғул гардад.
  2. Донишҷӯёне, ки малакаи касбӣ ва ё тахассуси роҳбаладӣ ва тарҷумониро доранд, дар вақтҳои берун аз таҳсил метавонанд ба фаъолияти намуди хизматрасонии роҳбаладӣ ва ё тарҷумонӣ ба сифати ихтиёрӣ (волонтёр) ё хизматрасон машғул гарданд.
  3. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ бояд дар сохторҳои идоракунии худ камаш як роҳбалад ва як тарҷумон дар шакли корманди доимӣ ё муваққатӣ (киро) ва ё ихтиёрӣ (волонтёр) дошта бошанд.
  4. Тартиби фаъолияти амалию ташкилӣ ва ҳуқуқии роҳбалад ва тарҷумон бо назардошти талаботи зерин аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ таҳия ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешавад:

Роҳбалад бояд:

- соҳиби малакаи касбӣ ва ё тахассуси дахлдор бошад;

- дар бораи минтақа ва ҳудуд, таърих ва фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои объекти муайяни фаъолият маълумоти дақиқ ва дуруст дошта бошад;

- малакаи муоширатию ровигӣ дошта бошад;

- забони давлатӣ ва таърихи халқи тоҷикро донад.

Тарҷумон бояд:

- забони муайяни хориҷиро донад ва дар ин хусус ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дошта бошад;

- забони давлатӣ ва таърихи халқи тоҷикро донад;

- малака ва маҳорати хатии тарҷумонӣ ва муоширатию ровигӣ бо забони муайяни хориҷӣ дошта бошад.

 

Моддаи 41. Хизматрасонии намоишию тарғиботӣ

  1. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиду рақобатпазир ва таблиғоти имкониятҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд маҳсулот ва хизматрасонии намоишию тарғиботии худро дар шаклҳои зерин ба роҳ монанд:

- дар кӯчаҳо ташкил намудани фаъолияти лавҳаҳои намоишию тарғиботӣ;

- фармоиш ва амалисозии наворҳои телевизионӣ ва сабтҳои радиоӣ;

- иштирок дар намоишгоҳҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ;

- ташкил намудани намоишгоҳҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ;

- таҳия ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ;

- таҳия ва ба кор андохтани сомонаҳои интернетии намоишию тарғиботӣ.

  1. Хизматрасонии намоишию тарғиботӣ аз ҷониби субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида дастгирӣ карда мешавад.

 

Моддаи 42. Шикор ва моҳигирӣ

  1. Шикор ва моҳигирӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳо ва ҳудудҳои муайян ба роҳ монда мешаванд.
  2. Ба намуди хизматрасонии шикор ва моҳигирӣ субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд машғул гарданд.
  3. Барои шаҳрванди (сайёҳи) қобили меҳнат моҳигирӣ озод мебошад.
  4. Барои шикор танҳо шаҳрвандоне (сайёҳоне) ҳуқуқ доранд, ки бо тартиби муқарраргардида иҷозатномаи шикорчӣ дошта бошанд.
  5. Тартиби ташкили хизматрасонии шикору моҳигирӣ ва рӯйхати мавзеъҳои муносибро барои шикор ва моҳигирӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 43. Ҷамъоварии растаниҳо, ҳосили растаниҳо ва ниҳолҳои мевагӣ аз ҷониби сайёҳони дохилӣ

  1. Ҷамъоварии растаниҳо, ҳосили растаниҳо ва ниҳолҳои мевагӣ аз ҷониби сайёҳони дохилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳо ва ҳудудҳои муайяншуда ба роҳ монда мешаванд.
  2. Ба намуди хизматрасонии ҷамъоварии растаниҳо, ҳосили растаниҳо ва ниҳолҳои мевагӣ субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд машғул гарданд.
  3. Барои шаҳрванди (сайёҳи) қобили меҳнат ҷамъоварии растаниҳо, ҳосили растаниҳо ва ниҳолҳои мевагӣ озод мебошад, агар тартиби дигареро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян накарда бошад.
  4. Ҷамъоварии растаниҳо, ҳосили растаниҳо ва ниҳолҳои мевагиро субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд тариқи ташкили гурӯҳҳои сайёҳӣ ба роҳ монанд.
  5. Сайёҳони дохилии қобили меҳнат зимни як сафари сайёҳӣ метавонанд дар ҳаҷми на зиёда аз 30 кг растаниҳо, ҳосили растаниҳо ва ниҳолҳои мевагиро барои худ ҷамъоварӣ намоянд.
  6. Тартиби ташкили хизматрасонӣ оид ба ҷамъоварии растаниҳо, ҳосили растаниҳо ва ниҳолҳои мевагӣ аз ҷониби сайёҳони дохилиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян менамояд.

 

БОБИ 6. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ МУСОИДАТКУНАНДА БА РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 44. Ташкили минтақаҳои рушди сайёҳӣ

  1. Бо мақсади ҳавасмандгардонии шаҳрвандон дар самти рушди сайёҳӣ дар ҳудуди мамлакат минтақаҳои рушди сайёҳӣ ташкил карда мешаванд.
  2. Минтақаҳои сайёҳӣ дар тамоми ҳудуд ё қисми ҳудуди шаҳр ё ноҳияҳо дар доираи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.
  3. Барои соҳиб гардидан ба мақоми минтақаи рушди сайёҳӣ тамоми ҳудуд ё қисми ҳудуди шаҳр ё ноҳияҳо бояд дорои нишондиҳандаҳои зерин бошанд:

- на кам аз 200 иншооти сайёҳӣ дошта бошанд;

- на кам аз 50 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ дошта бошанд;

- дар як сол дар онҳо ташрифи на кам аз 5000 нафар бо мақсади саёҳат ба қайд гирифта шуда бошанд.

  1. Талаботи дигар зимни муайян намудани тартиби додани мақоми минтақаи рушди сайёҳӣ ба шаҳр ва ноҳияҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии соҳаҳои илм, ҳифзи муҳити зист ва фарҳанг муқаррар карда мешавад.
  2. Минтақаи рушди сайёҳӣ дорои имтиёзҳои зерин мебошад:

- барои такмили фаъолият ва рушди инфрасохтор дар соҳаи сайёҳӣ дар маҳал Барномаи давлатӣ қабул карда мешавад;

- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташаббусҳои шаҳрвандон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳиро дар доираи ваколатҳои худ дастгирӣ менамояд;

- фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ тибқи низоми содагардонидашудаи батанзимдарорӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 45. Баҳисобгирии мустақими субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ

  1. Бо мақсади дастгирии соҳаи сайёҳӣ ва рушди он расмикунонии фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонад бо тартиби баҳисобгирии мустақим ба роҳ монда шавад.
  2. Баҳисобгирии мустақими фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ бо истифода аз шабакаи интернет (аз ҷониби шахсони вақеӣ ва ё ҳуқуқии хоҳишманд барои фаъолияти хизматрасонии сайёҳӣ) тариқи пур карда шудани пурсишномаҳои дахлдори Феҳристи давлатӣ бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 46. Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ташкили хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ва саёҳати кишоварзӣ

  1. Ташаббусҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ташкили хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ва саёҳати кишоварзӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бевосита дастгирӣ карда мешаванд.
  2. Муроҷиати (пешниҳоди) шаҳрвандон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ оид ба амалӣ гардонидани хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ва саёҳати кишоварзӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯз баррасӣ гардида, ҳуҷҷатҳои дахлдор ба онҳо дастрас гардонида мешаванд.
  3. Омӯзонидани шаҳрвандон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, ки хоҳиши амалӣ гардонидани хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ва саёҳати кишоварзӣ доранд, барои аз худ кардани малакаҳои касбии хизматрасонӣ дар доираи барномаҳои давлатии маҳаллии рушди сайёҳии дохилӣ ройгон ба роҳ монда мешавад.
  4. Субъектҳои хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ва саёҳати кишоварзӣ зимни намоиши дастовардҳо, захираҳо, имкониятҳо ва маҳсулоти сайёҳӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
  5. Эълони (таблиғоти) дастовардҳо, захираҳо, имкониятҳо ва маҳсулоти сайёҳии субъектҳои хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ва саёҳати кишоварзӣ тариқи шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва рӯзномаҳои даврии давлатӣ ройгон амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 47. Дастгирии сохтмони меҳмонхонаҳои хурд ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти сайёҳӣ бо роҳи таъмини қитъаи замин бо тартиби содагардонидашуда

  1. Дархосту ташаббусҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ оид ба сохтмони меҳмонхонаҳои хурд, нуқтаҳои савдои маҳсулоти сайёҳӣ ва ташкили дигар хизматрасониҳои сайёҳӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд.
  2. Барои сохтмони меҳмонхонаҳои хурд, ташкили нуқтаҳои савдои маҳсулоти сайёҳӣ ва амалӣ намудани дигар хизматрасонии сайёҳӣ ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ бо тартиби содагардонидашуда қитъаи замин ҷудо карда мешавад.
  3. Тартиби содагардонидашудаи ҷудо намудани қитъаи замин барои ташкили хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони меҳмонхонаҳои хурд ва ташкили нуқтаҳои савдои маҳсулоти сайёҳӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи зерин аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ муайян карда мешавад:

- дар муҳлати то 10 рӯз баррасӣ намудани дархости дахлдор;

- ташкил намудани Комиссияи доимоамалкунанда дар сатҳи минтақаҳо аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба баррасӣ ва ҳуҷҷатгузории (дастгирии) дархостҳо. Фаъолияти Комиссия ҳангоми зарурат дар доираи барномаҳои дахлдори давлатӣ маблағгузорӣ мегардад;

- ба анҷом расонидани корҳои ташкилию банақшагирӣ бо ташриф овардани ҳайати Комиссия ба маҳали (объекти) фаъолият.

  1. Кори Комиссия метавонад дар шакли анъанавӣ бо иштироки ҳамаи аъзо дар як вақт ва дар ҷои муайян, ё пурсиш – баррасии фардӣ ва ё мустақим тариқи шабакаи интернетӣ ба роҳ монда шавад.

 

Моддаи 48. Имтиёзҳо вобаста ба ташкили хизматрасонии сарироҳӣ ва тозагӣ

  1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои хизматрасонии сарироҳӣ ва тозагӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои махсуси замин ҷиҳати истифодаи оммавӣ ҷудо менамояд.
  2. Қитъаҳои махсуси замин барои истифодаи оммавӣ дар ҳудуди муайян ва дар фосилаи ҳар 100 км шоҳроҳ ҷудо карда мешаванд.
  3. Дар қитъаҳои махсуси замини барои истифодаи оммавӣ ҷудо кардашуда дар ҳудуди на кам аз 50 метри мураббаъ сарой (сохтмони болопӯшида) ташкил карда мешавад.
  4. Ҳама намуди хизматрасонӣ, бахусус савдои маҳсулоти маишӣ, хӯрок ва ташкили нуқтаҳои тозагӣ дар ин қитъаҳои (нуқтаҳои) ҷудошуда (ташкилшуда) ба истифодаи озод, ройгон (бе иҷора), вале мақсаднок ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 49. Имтиёзҳо барои субъектҳои хизматрасон дар самти истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ

Барои ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ, бахусус истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ имтиёзҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- бо тартиби содагардонидашудаи ҷудо намудани қитъаи замин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани қитъаи дахлдори замин барои коркард ва ё сохтмони иншооти зарурӣ;

- аз ҳисоби биноҳои бекорхобида ва ё нолозим дар муҳлати то ду сол ройгон таъмин намудани бино ва толорҳои зарурӣ;

- ҷудо намудани субсидия ва ё қарзи бефоиз барои фаъолияти истеҳсолӣ ва такмили иқтидори истеҳсолӣ;

- то се сол додани имтиёз барои фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ;

- то панҷ соли аввали фаъолият аз санҷиш озод намудан, ба истиснои ҳолатҳои ошкоршавии ҳуқуқвайронкуниҳо.

 

Моддаи 50. Дастгирии фаъолияти волонтёрӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

  1. Фаъолияти волонтёрӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар соҳаи сайёҳии дохилӣ бо мақсади таҳкими имкониятҳои сайёҳии мамлакат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешавад.
  2. Донишҷӯён бо мақсади тақвияти маҳорат, малака ва дониш метавонанд ба фаъолияти волонтёрӣ ва ё таҷрибаомӯзӣ ҳангоми хизматрасонии сайёҳӣ, тибқи муқаррароти Қонуни мазкур, машғул шаванд.
  3. Фаъолияти волонтёрӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён ҳангоми супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ба инобат гирифта мешавад.
  4. Собиқаи меҳнатии волонтёрии донишҷӯ (шаҳрванд) дар соҳаи сайёҳии дохилӣ ҳангоми қабул шудан ба кори мувофиқ ба соҳаи сайёҳӣ ба инобат гирифта шуда, дар дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар сабтҳои собиқаи меҳнатӣ дарҷ карда мешавад.

 

БОБИ 7. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОН ҲАНГОМИ САЁҲАТ

ДАР ҲУДУДИ МАМЛАКАТ

 

Моддаи 51. Ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми саёҳат дар ҳудуди мамлакат

Шаҳрвандон ҳангоми саёҳат дар ҳудуди мамлакат ҳуқуқ доранд:

- бо субъекти хизматрасонии сайёҳӣ шартнома ба имзо расонанд;

- дар доираи муқаррароти шартнома шароитҳои муносиби хизматрасониро талаб намоянд;

- маълумоти дахлдорро оид ба хатсайри сайёҳии дохилӣ ва шароитҳои саёҳат талаб намоянд;

- ҳангоми гирифтани зарари моддӣ ва ё маънавӣ ҷуброни онро талаб намоянд, агар сабаби он ба амалҳои худи онҳо ва ҳолатҳои ба иродаи онҳо вобастанабуда алоқамандӣ надошта бошад;

- риояи ҳуқуқҳои дигари худро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, талаб намоянд.

 

Моддаи 52. Уҳдадории шаҳрвандон ҳангоми саёҳат дар ҳудуди мамлакат

Шаҳрвандон ҳангоми саёҳат дар ҳудуди мамлакат уҳдадоранд:

- талабот ва фармоишу дархостҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳиро дар доираи шартномаи дахлдор иҷро намоянд;

- захираҳои сайёҳиро мақсаднок истифода намоянд, ба ҷойҳои манъшуда ворид нашаванд, роҳрав ва ҷойҳои ҷамъиятиро ифлос накунанд, ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ зарар нарасонанд, муҳити зистро ҳифз намоянд;

- ба мавзеъҳо ва иншооти хавфнок бе омодагии пешакӣ ворид нашаванд (набароянд);

- ҳуҷҷатҳои заруриро барои саёҳат ва тартиб додани шартномаи дахлдор саривақт пешниҳод намоянд.

 

БОБИ 8. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ САЙЁҲӢ

 

Моддаи 53. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба фаъолияти хизматрасонии сайёҳӣ

  1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ки ба синни 18 расидаанд ва қобили амал мебошанд, ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти хизматрасонии сайёҳиро доранд.
  2. Зимни ташкили фаъолияти хизматрасонии сайёҳӣ шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ба гурӯҳҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ассотсиатсияҳо муттаҳид шаванд.
  3. Ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ новобаста аз шакли фаъолияташон метавонанд ба фаъолияти хизматрасонии дахлдори (соҳавии) сайёҳӣ машғул шаванд.

 

Моддаи 54. Ҳуқуқи субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ

Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ҳуқуқ доранд:

- аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд;

- фаъолияти худро дар шакли муносиби ташкилию ҳуқуқӣ ба роҳ монанд;

- бо дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамкорӣ намоянд;

- бо ҷалби шаҳрвандони хоҳишманд ва зимни ҳамкорӣ (шарикӣ) бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гурӯҳҳои сайёҳӣ ташкил намоянд;

- аз хизматрасонии дигар субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ истифода намоянд;

- дар татбиқи фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, грантҳо ва субсидияҳо иштирок намоянд ва барои беҳбуди фаъолият қарз гиранд;

- ба хизматрасонии пулакӣ машғул гарданд;

- бо шаҳрвандон ҳамчун сайёҳ ва дигар субъектҳо ба сифати ҳамкор ва шарик шартнома ба имзо расонанд;

- намуди дигари фаъолиятро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд.

 

Моддаи 55. Уҳдадориҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ

Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ уҳдадоранд:

- тибқи Қонуни мазкур расмиёти баҳисобгириро дар Феҳристи давлатӣ ба анҷом расонанд;

- маҳсулоти хизматрасонии худро ба меъёр дароранд ва бо сифати баланд пешниҳоди шаҳрвандон гардонанд;

- хатсайри сайёҳии дохилӣ бо фарогирии мавзеъҳо, минтақаҳо ва иншооти муайян дошта бошанд;

- бо шаҳрвандони майли саёҳат дошта шартнома ба имзо расонанд ва талаботи шартномаро фаҳмонанд;

- бехатарии шаҳрвандонро ҳангоми саёҳат таъмин намоянд;

- ба шаҳрвандон (сайёҳон) маълумоти заруриро аз рӯи хатсайри сайёҳии дохилӣ ва дигар ҳолатҳои хавфнок ва тасодуфӣ пеш аз сафар таъмин намоянд;

- шаҳрвандонро оид ба зарурати суғурта ҳангоми беморӣ ва суғуртаи ҳаёт огоҳ созанд ва барои суғурта ҳангоми беморӣ ба онҳо мусоидат намоянд;

- маълумоти заруриро оид ба гурӯҳи сайёҳон ба мақомоти дахлдори ҳамоҳангсоз пешниҳод намоянд;

- зимни муроҷиат ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба мақомоти идоракунанда, ҳамоҳангсоз ва мониторингии сайёҳӣ пешниҳод намоянд;

- ҳангоми саёҳат ҳифзи захираҳои сайёҳӣ ва табииро таъмин намоянд;

- дар ҳолати фурӯхтани хатсайри сайёҳии дохилӣ ба дигар субъект маълумоти заруриро дар шартномаи иловагӣ ба шаҳрванд (сайёҳ) пешниҳод намоянд;

- уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкурро риоя намоянд.

 

Моддаи 56. Хатсайри сайёҳии дохилӣ

  1. Хатсайри сайёҳии дохилӣ ҷузъи асосии маҳсулоти сайёҳӣ буда, самти ҷуғрофии ҷойгиршавии сайёҳон ва ташрифи онҳоро ба объекти (мавзеъҳо ва маконҳои) сайёҳӣ дар дохили мамлакат муайян менамояд.
  2. Хатсайри сайёҳии дохилӣ бояд аз маълумоти умумӣ, харита, расмҳо, тарҳ (схема), дараҷаи эҳтимолии обу ҳаво ва дигар иттилооти тавсифдиҳандаи объекти интихобгардида иборат бошад.
  3. Хатсайри сайёҳии дохилӣ аз ҷониби субъекти хизматрасонии сайёҳӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур тартиб дода мешавад, вале бо ин иштироки дигар субъектҳо дар раванди тартиб додани хатсайри сайёҳии дохилӣ маҳдуд намегардад.

 

Моддаи 57. Шартнома оид ба амалисозии хизматрасонии сайёҳӣ

  1. Барои ҷалби шаҳрвандон ба саёҳат байни субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ва шаҳрванд(он) шартнома ба имзо расонида мешавад.
  2. Сохтори шартнома оид ба амалисозии хизматрасонии сайёҳӣ иборат аст, аз:

- нишонии тарафҳо боназардошти ному насаб ва суроғаи воқеӣ;

- маълумоти асосӣ (мавзӯъ) оид ба хизматрасонии сайёҳӣ ва хатсайри сайёҳии дохилӣ;

- ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо;

- арзиши (хароҷоти) хизматрасонӣ, ки аз ҷониби шаҳрванд пардохт карда мешавад;

- воситаҳои пардохти ҳаққи хизматрасонӣ;

- муҳлати амали шартнома ва давраи (рӯзҳои) ташкили саёҳат;

- шумораи сайёҳон барои ташкили гурӯҳ;

- воситаҳои ташкилии хизматрасонӣ, ба монанди нақлиёт, меҳмонхона ва хӯрок;

- таъмини бехатарии шаҳрванд ҳангоми хизматрасонӣ;

- талабот оид ба вазъи саломатии шаҳрванд, ки бо маълумотномаи тиббӣ тасдиқ шудааст;

- масъулияти тарафҳо, аз ҷумла барои расонидани зарари моддӣ, молиявӣ, асосҳо ва тартиби тағйир додан ва қатъ намудани  шартнома.

  1. Ҳангоми ба имзо расонидани шартнома субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба шаҳрванд(он) (сайёҳон) маълумоти зеринро пешниҳод менамояд:

- ҳолатҳое, ки сайёҳ наметавонад дар рафти саёҳат иштирок намояд;

- чораҳои бехатарӣ ҳангоми саёҳат;

- ҳолатҳое, ки субъекти хизматрасонии сайёҳиро аз ҷавобгарӣ озод менамояд;

- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои муайянгардида, ки риояи онҳо ҳатмӣ мебошад.

  1. Бекор намудани шартнома аз ҷониби ҳар ду тараф ва ё яке аз онҳо бо огоҳонидани хаттии тарафи дигар дар муҳлати то 10 рӯз пеш аз сафари сайёҳӣ ба амал бароварда мешавад.
  2. Дар сурати ташкил нагардидани гурӯҳи сайёҳон бо теъдоди муайяншуда субъекти хизматрасонии сайёҳӣ метавонад шартномаро қатъ намояд.
  3. Дар ҳолати қатъ гардидани шартнома бо сабаби ташкил нагардидани гурӯҳ субъекти хизматрасонии сайёҳӣ тамоми маблағи қаблан ҷамъ овардашударо ба сайёҳ дар муҳлати то 10 рӯз бар мегардонад.
  4. Дар ҳолати аз ҷониби сайёҳ қатъ гардидани шартнома субъекти хизматрасонии сайёҳӣ маблағи қаблан ҷамъ овардашударо бо нигоҳ доштани қисми маблағи хароҷотшуда ба сайёҳ дар муҳлати то 10 рӯз бар мегардонад.
  5. Пеш аз оғози саёҳат (сафар) сайёҳ метавонад ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шартномавии худро ба шахси сеюм супорад, зимнан субъекти хизматрасонии сайёҳиро оид ба қарори қабулгардида огоҳ созад.
  6. Субъекти хизматрасонии сайёҳӣ дар ҳолатҳои зерин метавонад шартномаро қатъ намояд:

- бемории сироятӣ доштани сайёҳ;

- машғул будани сайёҳ ба фаъолият ё амале, ки тартиботи ҷамъиятиро халалдор месозад ва ё меъёрҳои умумиахлоқиро вайрон менамояд;

- машғул будани сайёҳ ба фаъолият ё амале, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои сайёҳонро поймол месозад;

- ҳолатҳои дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд.

 

БОБИ 9. БЕХАТАРИИ САЁҲАТИ ШАҲРВАНДОН

 

Моддаи 58. Кафолатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба таъмини бехатарии сайёҳон

  1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба таъмини бехатарии саёҳати шаҳрвандон масъул мебошанд.
  2. Мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низоми огоҳонидани сайёҳонро аз хавфу хатарҳои муайяншуда ва ҳолатҳои фавқулода ба роҳ мемонанд.
  3. Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи ҳолатҳои фавқулода барои таъмини бехатарии сайёҳон бахши махсуси доимоамалкунандаи худро ташкил медиҳанд.
  4. Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулода ё садамавӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дарҳол тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти наҷотдиҳиро ба роҳ мемонанд.

 

Моддаи 59. Масъулияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ оид ба фароҳам овардани шароити бехатарӣ дар раванди ташкили саёҳати шаҳрвандон

  1. Ба фароҳам овардани шароити бехатарӣ дар раванди ташкили саёҳати шаҳрвандон субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ масъул мебошанд.
  2. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ уҳдадоранд, ки санадҳо ва меъёрҳои таъминкунандаи бехатарии истеҳсолӣ ва зиддисухториро риоя намоянд.
  3. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои такмили дониш ва иттилоотнокии кормандон ва таҷрибаомӯзони (волонтёрони) худ оид ба таъмини бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ мунтазам давраҳои (курсҳои) омӯзишӣ ташкил менамоянд ва ё барои гузаштани омӯзишҳои дахлдор онҳоро равона месозанд.
  4. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ тартиби истифодаи объектҳои сайёҳӣ, амалӣ гардонидани тадбирҳои бехатарӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода, хизматрасонӣ ба гурӯҳҳое, ки барои сайру саёҳат имконияти маҳдуд доранд, расонидани кумаки аввалия зимни садама ва ҳолатҳои фавқулода ва дигар ҳолатҳоро ба кормандон ва таҷрибаомӯзони (волонтёрони) худ меомӯзонанд.

                                                                                                                                            

Моддаи 60. Масъулияти шаҳрвандон оид ба риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми саёҳат

  1. Шаҳрвандон ҳангоми саёҳат уҳдадоранд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои таъминкунандаи бехатарии истеҳсолӣ ва зиддисухториро риоя кунанд ва аз рӯи ин масъалаҳо ба дастурҳои субъекти хизматрасонии сайёҳӣ итоат намоянд.
  2. Шаҳрвандон ҳангоми саёҳат бояд тартиботи ҷамъиятиро риоя намуда, дар доираи муқаррароти хатсайри сайёҳии дохилӣ амал намоянд.
  3. Шаҳрвандон ҳангоми саёҳат ба эҳтироми урфу одатҳо ва анъанаҳои маҳаллӣ ва зарар нарасонидан ба захираҳои сайёҳии маҳал масъул мебошанд.

 

БОБИ 10. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 61. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 62. Иштироки сармоягузорони хориҷӣ дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ иштирок намоянд.

 

Моддаи 63. Омӯзиши таҷрибаи мамлакатҳои хориҷӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

  1. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои такмили ихтисос, малака ва касб метавонанд кормандони худро барои таҷрибаомӯзӣ ба мамлакатҳои хориҷии дар ин соҳа пешрафта равона созанд ва ё барои омодасозии мутахассисони соҳавӣ бо ташкилотҳои дахлдори хориҷӣ ҳамкорӣ намоянд.
  2. Ҷиҳати омӯзонидан ва омода сохтани кадрҳои ватанӣ дар самти хизматрасонии сайёҳии стандарти байналмилалӣ аз хориҷи мамлакат машваратчиён ва коршиносони соҳаи сайёҳӣ ҷалб карда мешаванд.

 

БОБИ 11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 64. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 65. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                           Эмомалӣ РАҲМОН

 

      ш. Душанбе,

18 июли соли 2017,

          № 1450

 

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ