ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 273)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини бехатарии сейсмикиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- заминҷунбӣ – такони зеризаминӣ ва ҷунбиши сатҳи замин, ки дар натиҷаи ҷойивазкунии ногаҳонӣ ва кафидаҳо (тарқиш, роғҳо) бо бавуҷудоии равандҳои тектоникӣ дар қишр ё қисми болоии замин ба вуҷуд меояд ва ба масофаи зиёд (дур) ҳаракат мекунад;
- заминҷунбии шадид – заминҷунбие, ки шиддатнокиаш аз рӯи ҷадвали сейсмикии 12 балла зиёда аз 5,0 балл мебошад;
- рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ – маҷмӯи корҳои бартарафсозӣ, садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои баъди ба вуқӯъ омадани заминҷунбӣ гузаронидашуда, ки ба наҷоти одамон, кам намудани андозаи зарар ва талафи молу мулк равона карда шудаанд;
- пешгӯии эҳтимолии заминҷунбӣ – муайян ё дақиқ намудани ҷой, вақт ва магнитудаи заминҷунбии эҳтимолӣ;
- муҳофизати сейсмикӣ – маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, таълимӣ, ташкилӣ, илмӣ, муҳандисию техникӣ ва дигар чорабиниҳои махсусе, ки барои таъмин намудани бехатарии сейсмикӣ равона карда шудаанд;
- бехатарии сейсмикӣ – муҳофизати ҳаёти одамон, инфрасохторҳо, объектҳои хоҷагии халқ ва муҳити зист аз хатарҳои дар натиҷаи заминҷунбӣ бавуқӯъомада;
- ноҳиябандии сейсмикӣ – муайян намудани манбаъҳои заминҷунбӣ бо эҳтимолияти магнитудаи максималӣ дар асоси маҷмӯи маълумоти геологӣ, сейсмологӣ ва геофизикӣ;
- хатари сейсмикӣ – эҳтимолияти таъсири заминҷунбӣ бо бузургии муайян дар нуқтаи мушаххас дар ҷараёни фосилаи вақти муқарраршуда;
- хавфи сейсмикӣ – эҳтимолияти талафот аз заминҷунбӣ дар фосилаи вақти муайян бо назардошти хатари сейсмикӣ ва осебпазирии объектҳо (миқдори эҳтимолии талафоти одамон, зарари иқтисодӣ, экологӣ);
- тобоварӣ ба заминҷунбӣ – қобилияти тобоварии биноҳо ва иншоот ба заминҷунбӣ, таъмини бехатарии ҳаёти одамон ва беосеб нигоҳ доштани таҷҳизоти арзишнок ҳангоми ба вуқӯъ омадани заминҷунбӣ;
- системаи огоҳкунии пешакӣ оид ба заминҷунбӣ – муттаҳидсозии ташкилию техникии қувваҳо ва воситаҳои махсуси огоҳкунӣ, системаи алоқа, инчунин воситаҳои шабакаҳои алоқаи ҳудудӣ, идораҳои таъминкунандаи таҳвили бонги хатар ва маълумотдиҳӣ оид ба заминҷунбӣ;
- ҳолати эҳтимолии заминҷунбӣ – баҳодиҳии пешгӯии оқибатҳои заминҷунбӣ бо таҳияи нақшаи амал оид ба рафъи он.
Моддаи 2. Асосҳои таъмин намудани бехатарии сейсмикӣ
- Лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ бо истифодаи маводҳои сохтмонӣ ва конструксияҳои таъминкунандаи ҳисобкунии ба заминҷунбӣ тобоварии объектҳо гузаронда мешавад.
- Ҳангоми аз нав ба шакли муайян даровардан, тарҳсозӣ ва таҷдиди биноҳо ва иншооти ба заминҷунбӣ ноустувори мавҷудбуда, барои таъмини бехатарии сейсмикӣ, корҳо аз рӯи мустаҳкамкунии конструксияҳои борбардор гузаронида мешаванд. Дар ин ҳолат тағйирдиҳии конструктивӣ вобаста аз шароити таъмини ба заминҷунбӣ тобоварии биноҳо ва иншоот, дар асоси натиҷаҳои санҷиш бо тартиби муқарраргардида қабул карда мешавад. Биноҳои куҳнасохт, ба ғайр аз ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, шаҳрсозӣ ва меъморӣ, ки таҷдид ва таъмири онҳо ғайриимкон аст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон карда мешаванд.
- Таъмини бехатарии сейсмикии биноҳо ва иншоот бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовари амалкунанда, инчунин шартҳои техникӣ, нақшаи рушди ҳудудӣ ва нақшаҳои генералӣ иҷро карда мешавад.
- Пойгоҳҳои муҳандисӣ-сейсмометрӣ дар объектҳои махсусан муҳим, ки рӯйхати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, барои назорати рафтори ин объектҳо ҳангоми заминҷунбӣ бояд насб карда шаванд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии сейсмикӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии сейсмикӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Мақсад ва принсипҳои бехатарии сейсмикӣ
- Мақсади асосии бехатарии сейсмикӣ аз инҳо иборатанд:
- пешбурди сиёсати давлатӣ доир ба бехатарии сейсмикӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ;
- таъмин намудани афзалияти принсипҳои омодагӣ, огоҳкунии пешакӣ ва рафъи оқибатҳо дар сиёсати давлатӣ ва байналмилалӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ;
- афзалияти баробари ҳамаи унсурҳои пасткунандаи хавфи сейсмикӣ;
- ҷалб намудани мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва байнидавлатӣ оид ба паст кардани хавфи сейсмикӣ;
- ҷалб намудани ташкилотҳои байналмилалӣ ба амалишавии барномаҳои давлатӣ оид ба паст намудани хавфи сейсмикӣ.
- Таъмини бехатарии сейсмикӣ дар асоси принсипҳои зерин иҷро карда мешаванд:
- ҳалли маҷмӯии вазифаҳо оид ба паст намудани хавф барои ҳаёт ва молу мулки шаҳрвандон аз заминҷунбӣ;
- аз ҷиҳати илмӣ асоснок намудани ҳамбастагии тарз ва усулҳои муҳандисию техникӣ, ташкилию иқтисодӣ оид ба паст намудани хавф;
- чорабиниҳои ҳавасмандгардонӣ оид ба баланд бардоштани тобоварии биноҳо ва иншоот ба заминҷунбӣ ва эътимоднокии фаъолияти онҳо ҳангоми заминҷунбиҳо;
- таъмин намудани шароит барои суғуртакунии ихтиёрии ҳаёт ва молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон аз заминҷунбӣ;
- танзими давлатӣ ва назорат аз болои фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ;
- шиносномадиҳии иморатҳо бо мақсади муайян намудани тобоварии онҳо ба заминҷунбӣ, осебпазирии биноҳо ва иншоот ба таъсири сейсмикӣ ва муқаррар кардани низоми истифодабарӣ;
- экспертизаи давлатӣ ва мустақил, илмӣ, ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ва асосноккунии иқтисодии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба таъмини ба заминҷунбӣ тобоварии биноҳо, иншоот ва комплексҳо;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба таъмини эътимоднокии ба заминҷунбӣ тобоварии иморатҳои мавҷуда.
Моддаи 5. Вазифаҳои танзими давлатии бехатарии сейсмикӣ
Вазифаҳои танзими давлатии бехатарии сейсмикӣ инҳоянд:
- ҳифзи ҳаёти одамон, биноҳо ва иншоот, низоми таъмини ҳаёт ҳангоми заминҷунбӣ;
- аз тарафи мақомоти давлатӣ иҷро кардани чорабиниҳо оид ба паст намудани хатар барои ҳаёт ва молу мулки шаҳрвандон аз заминҷунбӣ.
Моддаи 6. Пешгӯии эҳтимолии заминҷунбӣ, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ва огоҳкунии пешакии аҳолӣ оид ба заминҷунбӣ
Пешгӯии эҳтимолии заминҷунбӣ, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ, огоҳкунии пешакии аҳолӣ оид ба заминҷунбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 7. Объектҳои фаъолият оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ
Объектҳои фаъолият оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ аз нуқтаи назари баҳодиҳӣ ва паст намудани хавфи сейсмикӣ инҳоянд:
- ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- воҳидҳои маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маҷмааҳои давлатӣ, мудофиавӣ, саноатӣ, агросаноатӣ, энергетикӣ, илмию техникӣ, иншооти гидротехникӣ, маҷмааҳои тандурустӣ ва маориф;
- биноҳо, иншоот, ёдгориҳои ғайриманқули таърихӣ ва фарҳангӣ;
- низоми роҳҳои муҳандисӣ-нақлиётӣ, лӯлаҳои газӣ, хати обкашонӣ ва таъминоти барқӣ.
Моддаи 8. Таснифи объектҳои фаъолият оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ
- Объектҳои фаъолият оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ аз рӯи аҳамият чунин таснифот мешаванд:
- аҳамияти умумидошта;
- муҳим;
- махсусан муҳим.
- Феҳристи объектҳои фаъолият оид ба таъмини бехатарии сейсмикиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКӢ
Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии сейсмикӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии сейсмикӣ мансубанд:
- пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ;
- тасдиқ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба паст кардани хавфи сейсмикӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ;
- муқаррар намудани тартиби додани иҷозатномаҳо барои кор ҷиҳати таъмини бехатарии сейсмикӣ;
- амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ):
- самтҳои асосии сиёсати давлатиро оид ба бехатарии сейсмикӣ таҳия менамояд:
- корҳои гузаронидашавандаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ва хавфи сейсмикӣ ҳамоҳанг месозад;
- харитаҳои баҳодиҳии хатарҳои сейсмикиро барои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
- пешгӯии имконпазирии заминҷунбии шадидро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар масофаи хатарноки аз ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойдошта тасдиқ менамояд;
- дар баҳодиҳии осебпазирии фаврии биноҳо ва иншоот бо мақсади паст кардани хатари сейсмикӣ дар минтақаҳои дорои хатари баланди сейсмикӣ иштирок менамояд;
- барномаҳои давлатиро оид ба бехатарии сейсмикӣ таҳия менамояд;
- тавсияҳоро барои омодасозӣ ва омӯзиши аҳолӣ оид ба рафтор дар вақти заминҷунбиҳо таҳия менамояд;
- барномаҳои илмию техникиро дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва истифодаи бехатари биноҳо ва иншоот таҳия менамояд;
- дараҷаи хавф ва зарарро аз заминҷунбии эҳтимолӣ муайян менамояд;
- корҳоро оид ба гузаронидани мониторинги муҳандисию сейсмометрӣ ташкил ва назорат менамояд;
- таҳқиқ ва баҳодиҳии тобоварии сейсмикии бино ва иншоот, махзани маълумотҳо ҷиҳати осебпазирии бино ва иншоотро зери таъсироти сейсмикӣ ташкил менамояд;
- назорати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маҳсулот ва конструксияҳоро амалӣ менамояд;
- ҳамоҳангсозии коркарди илмиро дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар амалӣ менамояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ
- Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода:
- фаъолияти ташкилотҳоро дар татбиқи низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ ҳамоҳанг месозад;
- нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудро аз заминҷунбӣ таҳия менамояд;
- ҷамъоварӣ ва мубодилаи иттилоот оид ба ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва иттилоотонии ҷомеаро дар бораи хатари сейсмикӣ иҷро менамояд;
- захираҳои моддиву молиявӣ, маблағгузориро барои пешгирӣ ва рафъ намудани оқибатҳои заминҷунбӣ таъмин менамояд;
- нақшаи фаврии вокунишро оид ба заминҷунбиҳои эҳтимолӣ таҳия менамояд;
- омодагии доимии қувваҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва таҷҳизот (аз ҷумла сохторҳои вокуниши фаврӣ), сохторҳои махсус барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар амалиётҳои фавқулодаро дар минтақаҳои эпимарказии заминҷунбӣ ташкил менамояд;
- бо ташкилотҳои дигар оид ба муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва гузаронидани тадқиқот ва корҳои лоиҳакашӣ вобаста ба омодагӣ ба заминҷунбиҳои эҳтимолӣ ҳамкорӣ менамояд;
- барои коркардҳои нав оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ мусоидат менамояд;
- корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазирро ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо оид ба бехатарии сейсмикӣ ташкил ва амалӣ менамояд;
- якҷоя бо ташкилотҳои манфиатдор ҳолатҳои эҳтимолии заминҷунбиҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд;
- миқёс ва минтақаҳои паҳншавии оқибатҳои заминҷунбиро муайян менамояд.
- Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм:
- дар мувофиқа бо муассисаҳои махсусгардонидашуда дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар барномаҳои идоравиро таҳия менамояд;
- корҳоро ҷиҳати ташаккули барномаҳои мақсаднок оид ба таҳия ва нашри дастурҳои таълимӣ барои муассисаҳои таълимӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ, омӯзиш ва рафтори аҳолӣ ҳангоми заминҷунбии эҳтимолӣ ташкил менамояд;
- таҳияи барномаи илмию тадқиқотӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ ва татбиқи онро таъмин менамояд;
- фаъолияти муассисаҳои таълимиро, сарфи назар аз тобеияти идоравии онҳо оид ба тайёр намудани мутахассисон барои барномаҳои таълимии касбӣ бо мақсади таъмини бехатарии сейсмикӣ ҳамоҳанг месозад;
- номгӯи адабиёти таълимӣ ва методиро барои муассисаҳои таълимӣ оид ба таъмин намудани бехатарии сейсмикӣ омода менамояд;
- китобхонаҳо ва муассисаҳои таълимиро бо иттилооти илмию техникӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ таъмин менамояд;
- низоми ягонаи таълимиро оид ба бехатарии сейсмикӣ барои муассисаҳои таълимӣ ташкил менамояд;
- тайёр ва бозомӯзии кадрҳоро оид ба сейсмологияи муҳандисӣ ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар таъмин менамояд.
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ:
- корҳоро оид ба паст кардани хавфи сейсмикӣ ва омода намудани аҳолӣ ба заминҷунбии шадид дар ҳудуди дахлдор ташкил менамояд;
- ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ дар ҳудуди дахлдор мусоидат менамояд;
- ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
Моддаи 13. Вазифаҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи давлатӣ
- Муассисаи махсусгардонидашудаи давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ:
- тадқиқотҳои илмӣ, мушоҳидаҳо, назорати вазъ, пешгӯӣ ва огоҳкунӣ оид ба хавфи сейсмикӣ мегузаронад;
- мониторинги сейсмикии доимӣ, мушоҳидаҳои геофизикӣ, гидродинамикиро дар пойгоҳҳои статсионарӣ ва сайёр амалӣ менамояд;
- махзани маълумотҳо оид ба мушоҳидаҳои заминҷунбиҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷудомадаро пешгӯӣ ва онҳоро ташкил медиҳад;
- дар ҳолати рух додани заминҷунбии шадид бо ҷунбиши сатҳи замин бо шиддатнокии 5 балл ва зиёда аз он мутобиқи ҷадвали сейсмикии 12 балла дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадқиқотҳои макросейсмикиро дар минтақаҳои эпимарказӣ бо мақсади баҳодиҳии деформатсияи сатҳи замин, дараҷаи вайроншавии биною иншоот мегузаронад;
- пешгӯӣ ва баҳодиҳии хавфи сейсмикӣ, харитаҳои хавфи сейсмикии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, барномаҳои давлатиро оид ба хатари сейсмикӣ амалӣ менамояд;
- баҳодиҳии озмоишии хавфи сейсмикии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегузаронад, аз усулҳои муосири пешгӯии заминҷунбиҳо, эҳтимолияти оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва усулҳои огоҳкунии онҳо истифода мебарад;
- низоми муосири огоҳкунии пешакии аҳолиро оид ба хавфи заминҷунбиҳо таҳия менамояд.
- Муассисаи махсусгардонидашудаи давлатӣ дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар:
- барномаҳои давлатиро дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва хавфи сейсмикӣ тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд;
- дар баҳодиҳии фаврии осебпазирии биною иншоот бо мақсади коҳиш додани хавфи сейсмикӣ иштирок мекунад;
- баҳодиҳии экспертии сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва хавфи сейсмикиро мегузаронад;
- бо тартиби муқарраргардида корҳоро оид ба омӯзиши қоидаҳои сохтмони ба заминҷунбӣ тобоварро ба аҳолӣ мегузаронад;
- низоми муҳофизати сейсмикии биною иншоотро ҷиҳати тобовар будани онҳо ба заминҷунбӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар таҳия менамояд.
Моддаи 14. Ташкили хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ
Ташкили хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ мутобиқи тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 15. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба бехатарии сейсмикӣ
Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба бехатарии сейсмикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.
БОБИ 3. БАҲОДИҲИИ ХАТАРИ СЕЙСМИКӢ
Моддаи 16. Баҳодиҳии хатари сейсмикӣ
- Баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ҳисобкунии шиддатнокии ҷунбиши сейсмикиро дар сатҳи замин бо эҳтимолияти зоҳиршавии он дар бар мегирад.
- Тибқи натиҷаи баҳодиҳии хатари сейсмикӣ харитаҳои хатари сейсмикии ҳудудҳо бо нишон додани шиддатнокии ҷунбиши сейсмикӣ тартиб дода мешаванд.
- Харитаҳои хатари сейсмикӣ барои таҳияи меъёрҳои ба лоиҳагирии сохтмонҳои ба заминҷунбӣ тобовар, нақшаи истифодабарии замин ва ҷойгиркунии аҳолии кишвар асос мебошанд.
- Ҳангоми сохтмони шаҳрҳо ва маҳалҳои дигари аҳолинишин, лоиҳабандии объектҳои аҳамияти умумидошта, муҳим ва махсусан муҳим харитаҳои сейсмикӣ (харитаҳои сейсмикии микроноҳиябандӣ) бо назардошти нишон додани таркиби хокҳои маҳалҳо тартиб дода мешаванд.
Моддаи 17. Пешгӯии заминҷунбӣ
- Бо мақсади пешгӯии заминҷунбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани мушоҳидаҳо, ҷамъоварӣ, интиқол ва таҳлили маълумоти сейсмикӣ, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ шабакаи ягонаи давлатӣ ташкил карда мешавад.
- Шабака аз пойгоҳҳои мушоҳидавии сейсмикии миллӣ ва байналмилалӣ иборат буда, ба шабакаи умумиҷаҳонӣ ҳамроҳ карда мешавад. Мушоҳидаҳои шабонарӯзии бисёрҷанбаи (бисёрпараметрии) сейсмикӣ бевосита дар пойгоҳҳои сейсмикӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои бадастомада ба мақоми ваколатдори давлатӣ, Маркази ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти сейсмикӣ расонида мешаванд. Пас аз гузаронидани таҳлили дақиқи экспертӣ, иттилооти мазкур, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод карда мешаванд.
- Бо мақсади таъмин намудани иттилооти эътимоднок оид ба ҳодисаҳои табиӣ ва осебнопазирии мушоҳидаҳо дар атрофи пойгоҳҳои мушоҳидавӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи муҳофизатӣ ташкил карда мешавад.
БОБИ 4. БАҲОДИҲӢ ВА ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ СЕЙСМИКӢ
Моддаи 18. Баҳодиҳии хавфи сейсмикӣ
- Пешбинии имконпазири талафоти ҷонӣ, моддӣ ва талафоти дигар, ки бар асари заминҷунбии шадид рух медиҳад, баҳодиҳии хавфи сейсмикӣ ба ҳисоб меравад.
- Тибқи натиҷаи баҳодиҳии хавфи сейсмикӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ харитаҳои гуногунмиқёси хавфи сеймикӣ тартиб дода тасдиқ карда мешаванд, ки онҳо ҳамчун асос барои барномаҳо оид ба паст намудани оқибатҳои эҳтимолии заминҷунбӣ (хавфи иқтисодӣ) истифода мешаванд.
Моддаи 19. Вазифаҳои асосии паст кардани хавфи сейсмикӣ
- Вазифаҳои асосии паст кардани хавфи сейсмикӣ инҳоянд:
- паст кардани осебпазирии ҳудуд ва иншоот;
- баланд бардоштани огоҳонӣ ва омодагии аҳолӣ;
- омода намудани мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои идоракунии хавфи сейсмикӣ;
- ташкил намудани низоми огоҳкунии пешакии аҳолӣ оид ба заминҷунбӣ;
- омодагии тиббӣ;
- тақвият додани қувваҳои зудамал;
- барқарор намудани минтақаҳои аз заминҷунбии шадид зарардида ва офияти аҳолӣ.
- Паст намудани хавфи сейсмикӣ мутобиқи барномаҳои комплексии давлатӣ оид ба паст кардани хавфи сейсмикӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 20. Тартиби рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ
- Рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ марҳила ба марҳила, мутобиқи барномаҳои давлатӣ амалӣ карда мешавад.
- Барномаҳои давлатии рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ бо ҷалб намудани муассисаҳои илмию таҳқиқотии махсусгардонидашуда, идораҳои дахлдор, мутахассисони соҳаи сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таҳия гардида, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
- Барномаҳои давлатии рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ дар асоси таҳлили ҳолатҳои эҳтимолии заминҷунбӣ, маълумот оид ба эҳтимолияти зарари расонидашуда аз таъсири заминҷунбӣ таҳия гардида, барқароркунии бонавбати биною иншооти осебдидаро муқаррар менамояд.
- Рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ ба таври зерин амалӣ гардонида мешавад:
- гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва пешгирию садамавӣ;
- гузаронидани муоинаи фаврӣ ва дақиқи иншооти шаҳрҳо ва маҳалҳои дигари аҳолинишине, ки аз заминҷунбӣ зарар дидаанд;
- муайян намудани зарари бевосита аз заминҷунбӣ расида;
- мутобиқи натиҷаи муоина муайян намудани биною иншооте, ки бояд вайрон, барқарор ё мустаҳкам карда шаванд, бо таҳия намудани лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва мустаҳкамкунӣ;
- бунёди сохтмонҳои нав, барқарор ва мустаҳкамкунии бино ва иншооти аз заминҷунбӣ зарардида, гузаронидани азнавсозии нақшавии сохтмон, бо назардошти оқибатҳои заминҷунбӣ.
Моддаи 21. Чорабиниҳо оид ба баҳодиҳии зарар аз заминҷунбӣ
- Баҳодиҳии зарари моддӣ аз заминҷунбиҳо бо роҳи ташкил намудани ситоди зудамал оид ба муайян намудани зарар бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ситоди зудамал оид ба муайян намудани зарар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
- Дар минтақаҳое, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, бо қарори якҷояи ситоди зудамал ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияҳо оид ба муайян намудани зарари расонидашуда ташкил карда мешаванд.
- Ба ҳайати комиссияҳо намояндагони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба меъморӣ ва сохтмон, оид ба ҳолатҳои фавқулода, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони ташкилотҳои суғурта, молия ва мутахассисони ташкилотҳои лоиҳакашӣ, илмию тадқиқотӣ оид ба сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар шомил карда мешаванд.
Моддаи 22. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба барқароркунии объектҳои зарардида
- Маблағгузории чорабиниҳо оид ба барқароркунии объектҳои зарардида аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин манбаъҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, таъмин карда мешавад.
- Ҷуброни зарари ба молу мулки суғурташуда расонидашуда, аз тарафи ташкилотҳои суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғурта пардохт карда мешаванд.
- Маблағгузории чорабиниҳо оид ба барқароркунии биноҳо ва иншоот, ки ба рӯйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ворид карда шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
БОБИ 5. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ
ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКӢ
Моддаи 23. Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ
- Шахсони воқеӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқҳои худро барои ҳаёт, ҳифзи саломатӣ ва моликият бо роҳҳои зерин амалӣ менамоянд:
- дастраси иттилооти пурра ва дақиқ оид ба сатҳи хатари сейсмикӣ барои ҳудуди дахлдор;
- дастрасии маълумот оид ба қоида ва меъёри рафтор ҳангоми заминҷунбӣ ва омодагӣ ба он;
- Шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд:
- мутахассисонро дар ҳолати зарурӣ барои ба кормандон омӯзонидани тарзҳои ҳимоя ва амалиёт ҳангоми заминҷунбӣ ҷалб намоянд;
- мутобиқи тартиби муқарраргардида оид ба таҳдид ё рух додани заминҷунбӣ баъд аз гирифтани иттилои расмӣ кормандонро сари вақт огоҳ ва хабардор намоянд;
- дар ҳолати зарурӣ сохтмони иншооти муҳандисии муҳофизатӣ ва нигоҳдории онҳоро дар ҳолати омодагӣ, сари вақт маблағгузорӣ намоянд.
- Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҷуброни зарари аз заминҷунбӣ расида, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Моддаи 24. Уҳдадориҳои шахсони воқеӣ оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ
Шахсони воқеӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, уҳдадоранд:
- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бехатарии сейсмикӣ риоя намоянд;
- оид ба омодагии пешакӣ ба заминҷунбиҳо бо мақсади ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва моликият чораҷӯӣ намоянд;
- ба шаҳрвандони муҳтоҷ дар вақти заминҷунбиҳо ёрӣ расонанд;
- талаботи қонунии кормандони давлатиро ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабиашон дар омодагӣ ба заминҷунбиҳо ва рафъи оқибатҳои он иҷро намоянд.
Моддаи 25. Уҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ
Шахсони ҳуқуқие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, уҳдадоранд:
- иттилоотро ба мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба гузаронидани чорабиниҳои бехатарии сейсмикӣ пешниҳод намоянд;
- чораҳои заруриро оид ба ҳифзи кормандон ва объектҳои таъйиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ аз заминҷунбӣ ба нақша гиранд, маблағгузорӣ намоянд ва амалӣ созанд;
- омӯзиши кормандонро оид ба усулҳои ҳифз ва рафтор дар ҳолатҳои фавқулода ҳангоми таъсири сейсмикӣ ба роҳ монанд;
- низоми огоҳкуниро дар маҳалҳо ташкил дода, дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доранд, кормандонро оид ба таҳдиди эҳтимолӣ ё рух додани заминҷунбӣ сари вақт огоҳ намоянд;
- устувории фаъолияти объектҳо ва кормандонро ҳангоми заминҷунбиҳо таъмин намоянд;
- мутобиқи тартиби муқарраргардида манбаъҳои моддӣ ва захираҳои молиявиро барои таъмини бехатарии сейсмикӣ ташкил намоянд;
- барои гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар объектҳои тобеи муассиса мутобиқи нақшаҳои огоҳкунӣ ва рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ мусоидат намоянд;
- мутобиқи тартиби муқарраргардида чорабиниҳо оид ба тахлия ва омодагии пешакиро вобаста ба ҷойгиркунии одамон дар ҳудуди корхонаҳо амалӣ намоянд;
- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бехатарии сейсмикӣ риоя намоянд.
БОБИ 6. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ОИД БА БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКӢ
Моддаи 26. Ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ бо назардошти принсипҳои зерин иштирок менамояд:
- пешниҳод намудани иттилоот ба давлатҳои ҳамсарҳад оид ба пешгирии заминҷунбиҳои шадид ва рафъи оқибатҳои онҳо;
- кумаки байниҳамдигарии давлатҳо дар рафъи оқибатҳои заминҷунбиҳо;
- ҳалли баҳсҳои бамиёномада дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ.
Моддаи 27. Фаъолияти ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати огоҳкунии пешакӣ ва рафъи оқибатҳои заминҷунбиҳо
Фаъолияти ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати огоҳкунии пешакӣ ва рафъи оқибатҳои заминҷунбиҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе
30 майи соли 2017
№ 1416
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе,
22 феврали соли 2017, № 706
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,
18 майи соли 2017, № 385