ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 271; ҚҶТ аз 19.07.2019 с., №1632)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мавзӯи танзим ва доираи амали Қонуни мазкур
- Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии онҳо ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян мекунад.
- Хусусиятҳои таҳия, тасдиқ, қабул, бақайдгирӣ, мавриди амал қарор додан, интишор, тағйир додан, ворид намудани илова, қатъ кардан ё боздоштани амали намудҳои алоҳидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ (шахсони мансабдори онҳо) - ро дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим мекунанд, муайян карда мешаванд.
- Қонуни мазкур муносибатҳои зеринро танзим намекунад:
- тартиби қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва қатъ намудани амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиби ба имзо расонидан, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, ҳамроҳшавӣ, бақайдгирӣ, интишор, иҷро намудан, бекор кардан (денонсатсия) ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиби қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва қатъ намудани амали санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ); (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- оид ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- санади меъёрии ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад;
- умумиҳатмӣ будани санади меъёрии ҳуқуқӣ – иҷрои ҳатмии санади меъёрии ҳуқуқии бо тартиби муқарраршуда қабулгардида ва мавриди амал қарордодашуда аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- қонунгузорӣ – санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар маҷмӯъ ё дар соҳаи муайян танзим мекунанд;
- низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – маҷмӯи санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, ки қувваи ҳуқуқӣ, ягонагӣ, гурӯҳбандӣ ва мутобиқатии онҳоро таъмин мекунад;
- санадҳои қонунгузорӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ – санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар асос ва барои иҷрои санадҳои қонунгузорӣ қабул мешаванд;
- ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ – аз тарафи мақомот ё шахсони мансабдори муайяннамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба баррасии мақоми қонунгузор пешниҳод намудани лоиҳаи қонун ё таклифҳои қонунгузорӣ;
- фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ – фаъолияти расмии субъекти ҳуқуқэҷодкунанда оид ба таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- субъектони ҳуқуқэҷодкунанда – халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, ки ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доранд;
- техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ – қоидаҳои таҳия, қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, тафсир, интишор, мураттабсозӣ, мавриди амал қарор додан, боздоштан ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- санади тафсири расмӣ – ҳуҷҷати расмии мақоми ваколатдор, ки дар он мазмуни санади меъёрии ҳуқуқӣ ё муқаррароти меъёрии он шарҳ дода мешавад;
- ихтилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – мухолифат ё номувофиқатии байни меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳамон як муносибати ҷамъиятиро танзим мекунанд;
- норасоӣ дар қонунгузорӣ – ҷой надоштани меъёри (меъёрҳои) ҳуқуқӣ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ё набудани санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятии дахлдор, дар ҳолати ошкор гардидани талабот ва зарурати танзими меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз шарту моҳияти мазмуни низоми ҷории ҳуқуқии давлат ва принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд;
- мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – фаъолият оид ба тартиб овардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба низоми ягонаи таркибан мувофиқашуда даровардани онҳо;
- қувваи ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ – хусусияти эътибори расмӣ ва умумиҳатмӣ пайдо намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ, имконияти танзими меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ, оқибатҳои ҳуқуқии он барои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ, инчунин таносуби байниҳамдигарии он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- қиёси қонун – бинобар набудани меъёрҳои қонуни танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ нисбати онҳо татбиқ намудани меъёрҳои қонуне, ки муносибатҳои ҷамъиятии шабеҳро танзим менамояд;
- қиёси ҳуқуқ – бинобар набудани меъёрҳои қонунгузории танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва меъёрҳои шабеҳи он нисбати муносибатҳои ҷамъиятӣ татбиқ намудани принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқ, мазмуни қонун, талаботи бовиҷдонӣ, хирад ва адолат;
- таҳлили таъсири танзимкунӣ – дар асоси далелҳои воқеӣ муайян намудани оқибатҳои мусбат ва манфии иқтисодию иҷтимоӣ ва бо дарназардошти таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои соҳибкорон ва давлат қабул намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ
Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- мутобиқат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- қонуният;
- бартарияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, нисбат ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ;
- адолатнокӣ;
- ошкорбаёнӣ ва шаффофият;
- илмият;
- касбият;
- ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ.
Моддаи 4. Афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ
- Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ монда мешавад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсаду мазмуни қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ҳамаи субъектони ҳуқуқэҷодкунандаро ташкил медиҳанд.
- Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, тавассути қонун танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
Моддаи 5. Ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ
- Ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:
- пешниҳоди маълумот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор оид ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
- интишори санади меъёрии ҳуқуқии қабулгардида дар нашрияҳои расмӣ, воситаҳои дигари ахбори омма ё бо тарзу воситаҳои дигар расонидани ин санад ба маълумоти омма, аз ҷумла бо воситаҳои электронӣ;
- муҳайё намудани имконият ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор барои шиносоӣ бо мазмуни санади меъёрии ҳуқуқии қабулгардида.
- Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ барои муҳокимаи умум тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин дар сомонаҳои расмии субъектони ваколатдори ҳуқуқэҷодкунанда мумкин аст интишор карда шавад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор ҳуқуқ доранд бо мазмуни чунин лоиҳа шинос шаванд. Таклифу пешниҳодҳои воридшуда ҳангоми такмили лоиҳа бояд аз ҷониби субъекти ваколатдори ҳуқуқэҷодкунанда баррасӣ гарданд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд, татбиқ намегардад.
Моддаи 6. Истифодаи технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ
- Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар асоси истифодаи васеи технологияи иттилоотӣ ба роҳ монда мешавад.
- Технологияи иттилоотӣ дар давраҳои банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи лоиҳа, қабул, интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастрас намудани маълумот оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода мешавад.
- Истифодаи технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ метавонад бо роҳҳои зерин амалӣ карда шавад:
- ҷойгир намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сомонаҳои расмии мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда (ба истиснои лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд);
- истифодаи сомонаҳои расмӣ бо мақсади муҳокимаи пешакии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда дар сомонаҳои расмии мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда (ба истиснои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд);
- истифодаи шаклҳои электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- истифодаи махзанҳои ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- истифодаи шакли электронии паҳн намудани иттилооти ҳуқуқӣ оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар ҳамаи давраҳои ҳуқуқэҷодкунӣ;
- паҳн намудани иттилоот оид ба ҷаласаҳои мақомоти қонунгузор, дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- паҳн намудани иттилооти дигар оид ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ.
Моддаи 7. Субъектони ҳуқуқэҷодкунанда ва ваколатҳои онҳо
- Ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда дохил мешаванд: халқи Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба нақшаи идоракунӣ ва номгӯи ташкилотҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, субъекти ҳуқуқэҷодкунанда намебошанд.
- Ваколатҳои субъектони ҳуқуқэҷодкунанда бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
- Субъектони ҳуқуқэҷодкунанда метавонанд якҷоя санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия, қабул ва интишор намоянд, агар он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шуда бошад. Тағйир додан, боздоштан ва қатъ намудани амали санади меъёрии ҳуқуқии якҷоя қабулгардида аз ҷониби субъектони ҳуқуқэҷодкунандаи онро якҷоя қабулнамуда амалӣ мегардад, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
- Субъектони ҳуқуқэҷодкунанда наметавонанд якҷоя санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул кунанд, агар як субъекти ҳуқуқэҷодкунанда дар муносибат бо дигар субъекти ҳуқуқэҷодкунанда мақоми болоӣ бошад.
Моддаи 8. Талаботи умумӣ нисбат ба санади меъёрии ҳуқуқӣ
Талаботи умумӣ нисбат ба санади меъёрии ҳуқуқӣ аз инҳо иборатанд:
- қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби субъекти ваколатдори ҳуқуқэҷодкунанда;
- қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ тибқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мутобиқати санади меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии эътибори ҳуқуқиашон баландтар;
- таҳия ва қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ бо дарназардошти принсипҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;
- сифатнокии санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун заминаи самаранокии танзими ҳуқуқӣ;
- интишор кардан ва ба маълумоти омма расонидани санади меъёрии ҳуқуқӣ.
Моддаи 9. Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тафовути намудҳои онҳо ва салоҳияти субъектони ҳуқуқэҷодкунанда муқаррар карда мешавад.
- Ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида;
- санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
- қонунҳои конститутсионӣ;
- кодексҳо, қонунҳо;
- қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармоишҳои вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарорҳои кумитаҳои давлатӣ Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- қарорҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- қарорҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
- Тартиби ҷойгиршавии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар қисми 2 моддаи мазкур қувваи ҳуқуқии онҳоро муайян менамояд.
- Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии (ҶШС) Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар қисмати ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат накарданашон, амал мекунанд.
Моддаи 10. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
- Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор мегиранд ва бевосита амал мекунанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
- Тартиби ба имзо расонидан, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, ҳамроҳшавӣ, бақайдгирӣ, интишор, иҷро намудан, бекор кардан (денонсатсия) ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Моддаи 11. Қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Агар барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани (имплементатсияи) меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар сатҳи дохилидавлатӣ зарур бошад, мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунанд.
- Барои иҷрои уҳдадориҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мавридҳои зерин қабул карда мешаванд, агар:
- мавзӯи танзими санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, масъалаҳои мансуб ба доираи танзими қонунгузориро дар бар гирифта, вале бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нашуда бошанд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолиф бошанд;
- иҷрои уҳдадориҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бе қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон бошад;
- иштироккунандагони шартномаи байналмилалӣ дар бораи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори миллӣ аҳду паймон карда бошанд.
Моддаи 12. Вогузории ваколати ҳуқуқэҷодкунӣ
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд қисме аз ваколатҳои ҳуқуқэҷодкунии худро, агар ин мухолифи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад, ба мақомоти давлатии дахлдор вогузор намоянд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Дар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба вогузории ваколат нишон дода мешавад, ки ба кадом мақомот ва ба кадом муҳлат ваколати мушаххас вогузор мегардад, ҳамчунин доирае, ки дар он мақомот ваколати ба он вогузоршударо татбиқ менамояд, муқаррар карда мешавад.
- Мақомоте, ки ба он ваколат вогузор карда шудааст, ҳуқуқ надорад онро ба мақомоти дигар вогузор намояд.
- Мақомоте, ки дар асоси ваколати вогузоршуда санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул менамояд, дар санади меъёрии ҳуқуқии худ ба қонун ва дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки мувофиқи он ваколати дахлдор ба он вогузор гардидааст, истинод меорад.
Моддаи 13. Вориси ҳуқуқӣ нисбати санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда
- Дар сурати азнавташкилдиҳии мақомоти давлатии (ворид намудани тағйирот ба салоҳияти шахси мансабдори ваколатдори давлатии) дорои ҳуқуқи қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ ба вориси ҳуқуқии он якҷоя бо салоҳияти қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ, салоҳияти тағйир додан, илова кардан ва қатъ намудани амали санади меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулшуда мегузарад.
- Агар ба мақомоти давлатии барҳамдодашуда (мансаби ихтисоргардида) ва ё аз нав ташкил кардашуда, ба вориси ҳуқуқӣ барои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор салоҳият дода нашуда бошад, салоҳияти тағйир додан ё қатъ кардани амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулшуда ба мақомоти болоӣ ё худ ба мақомоти дигари салоҳиятдори давлатӣ ё ин ки ба шахси мансабдори дар санади меъёрии ҳуқуқии барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳӣ пешбинишуда мегузарад.
- Тағйир ёфтани вазъи ҳуқуқии мақомоти давлатӣ (шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ), ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро қабул мекунад, сабаби қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулшуда намегардад.
- Дар мавриди дигар шудани номи мақомоти давлатӣ ва ё азнавташкилдиҳии он бо роҳи муттаҳидсозӣ, ҳамроҳкунӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ, ки дар натиҷа номи ин мақомот тағйир меёбад, бояд ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои номи пешина дар қисмати дигар шудани номашон тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. То ворид намудани чунин тағйиру иловаҳо амали санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки номи пешинаро доранд, пурра ба мақомоте паҳн мегардад, ки номаш дигар шудааст.
- Агар мақомоти давлатӣ тақсим ё ҷудо шавад, дар қарор оид ба азнавташкилдиҳии он бояд тақсими дақиқи салоҳият пешбинӣ карда шавад. Дар баробари ин мақомоти давлатие, ки дар бораи тақсим ё ҷудо шудани ин мақомот қарор қабул кардааст, уҳдадор аст дар давоми шаш моҳ тамоми тағйиру иловаҳои заруриро ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ворид намояд.
Моддаи 14. Амали бевоситаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё дар санади меъёрии ҳуқуқии мавриди амал қарор додани он тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, санади меъёрии ҳуқуқӣ бевосита амал мекунад.
- Барои татбиқи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардааст, ягон дастури иловагӣ талаб карда намешавад.
- Агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ таъкид шуда бошад, ки ягон меъёри ҳуқуқии он дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии иловагӣ татбиқ карда мешавад, пас ин меъёр мутобиқи санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ ва иловагӣ татбиқ карда мешавад. То қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқии иловагӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои дахлдорро қаблан ба танзим медароварданд ва беэътибор дониста нашудаанд, дар қисмати ба санади меъёрии ҳуқуқии нав мухолифатнадошта амал мекунанд.
Моддаи 15. Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон – номгӯи соҳаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешбурди Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад. Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
- Пешбурди Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
- Мақомоти давлатӣ уҳдадоранд Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ намоянд.
БОБИ 2. НАМУДҲОИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 16. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, набояд хилофи Конститутсия бошанд. Дар мавриди ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ё қисмҳои таркибии онҳо, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.
Моддаи 17. Қонуни бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида
- Қонуни бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида санади меъёрии ҳуқуқиест, ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардида, масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳуриро танзим мекунад.
- Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда ва ё бекор кардани он танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ амалӣ мегардад.
Моддаи 18. Қонуни конститутсионӣ
Қонуни конститутсионӣ санади меъёрии ҳуқуқиест, ки муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, мавзӯи танзим ва тартиби қабули он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Моддаи 19. Кодекс
Кодекс қонуни ягона ва мураттабгаштаест, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита ва бонизом танзим карда мешавад.
Моддаи 20. Қонун
Қонун санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақоми қонунгузор қабул мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим мекунад.
Моддаи 21. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки мувофиқан дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи салоҳиятҳои пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ қабул карда мешаванд.
- Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доранд, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намебошанд.
Моддаи 22. Фармон ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад.
- Санади меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли фармон бароварда мешавад.
- Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти фардӣ доранд ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намебошанд.
Моддаи 23. Қарор ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва фармоиш қабул мекунад.
- Санади меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
- Қарорҳои хусусияти фардидошта ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намебошанд.
Моддаи 24. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунанд.
- Вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш, кумитаҳои давлатӣ Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарор қабул мекунанд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Барои ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ роҳбарони вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳо, кумитаҳои давлатӣ Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои хусусияти меъёрӣ надошта қабул мекунанд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
Моддаи 25. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе
- Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташон санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли қарор қабул мекунанд.
- Қарорҳои хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доштаи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва амрҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намебошанд.
Моддаи 26. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия ва раисони шаҳру ноҳия
- Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия ва раисони шаҳру ноҳия дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар доираи салоҳияташон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли қарор қабул мекунанд.
- Қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия, ки хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доранд ва амрҳои раисони шаҳру ноҳияҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намебошанд.
Моддаи 27. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
- Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияташ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли қарор қабул мекунад.
- Қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доранд, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намебошанд.
Моддаи 28. Дастур, низомнома, оиннома
- Дастур санади меъёрии ҳуқуқиест, ки тартиби фаъолияти ягон мақоми давлатӣ ва ё воҳиди сохтории онро танзим менамояд.
- Низомнома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки ба таври дақиқ вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолияти мақомоти давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онҳо, ҳамчунин муносибатҳои мутақобилаи онҳоро бо дигар мақомот, ташкилот, муассисаҳо ва шаҳрвандон муайян менамояд.
- Оиннома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онҳо, ҳамчунин муносибати онҳоро бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон муайян менамояд.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешбининамудаи моддаи мазкур тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар моддаҳои 21–27 Қонуни мазкур пешбинишуда қабул ё тасдиқ гардида, бо онҳо дар якҷоягӣ воҳиди томро ташкил медиҳанд.
Моддаи 29. Қоида, дастурамал ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
- Қоида санади меъёрии ҳуқуқиест, ки меъёрҳои дорои хусусияти умумиро мушаххас мегардонад, тартиби ташкил ва амали намуди фаъолиятро оид ба масъалаҳои ҷорӣ дақиқ муайян менамояд.
- Дастурамал санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мазмун ва масъалаҳои муфассали танзимро дар соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ дақиқ муайян менамояд.
- Дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ, бо мақсади таъмини иҷрои меъёрҳои онҳо, мумкин аст тартиб, дастури техникӣ ва дигар намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шаванд.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешбининамудаи моддаи мазкур тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии бо моддаҳои 21–27 Қонуни мазкур пешбинишуда қабул ё тасдиқ мегарданд ва бо онҳо дар якҷоягӣ воҳиди томро ташкил медиҳанд.
БОБИ 3. БАНАҚШАГИРИИ ТАҲИЯИ ЛОИҲАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 30. Мақсади банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷузъи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ буда, бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- ташкили низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
- паҳн ва дастрас намудани иттилооти ҳуқуқӣ доир ба рушди низоми ҳуқуқии кишвар;
- ҷалби мақомоти дахлдор, муассисаҳои илмӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
- такмили раванди таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, возеҳ намудани доираи танзими ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектони ҳуқуқэҷодкунӣ.
Моддаи 31. Нақшаи таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро таҳия ва тасдиқ намоянд.
- Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки таҳияашон ба онҳо супорида шудааст ё нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки онҳо мақсади бо ташаббуси худ таҳия намуданашонро доранд, инчунин, нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби ҳамин вазорат, кумитаи давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшавандаро таҳия ва тасдиқ мекунанд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, инчунин, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки қабулашон ба салоҳияти онҳо дохил мешавад, тасдиқ мекунанд.
- Субъекти дахлдори ҳуқуқэҷодкунанда ҳуқуқ дорад нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар сомонаи расмии худ ҷойгир намояд.
Моддаи 32. Муҳлати амали нақшаҳо
- Нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонанд ҷорӣ ва дарозмуҳлат бошанд.
- Нақшаҳои ҷории таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба муҳлати то як сол таҳия карда мешаванд.
- Нақшаҳои дарозмуҳлати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба муҳлати зиёда аз як сол таҳия мегарданд. Дар нақшаҳои дарозмуҳлат мақсадҳо ва афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқэҷодкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳо, консепсияҳо, дурнамо ва самтҳои инкишофи қонунгузории ҷумҳурӣ ба инобат гирифта шуда, тадбирҳо дар соҳаи мураттабсозии қонунгузорӣ муайян карда мешаванд. Нақшаҳои дарозмуҳлат дар нақшаҳои ҷории фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мушаххас гардонида мешаванд.
Моддаи 33. Сохтори нақшаҳо
- Дар нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нишон дода мешаванд:
- номи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки намуд ва мавзӯи танзими онро инъикос мекунад;
- муҳлати таҳия;
- субъектоне, ки барои таҳияи лоиҳа масъуланд.
- Ҳангоми таҳияи нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳодҳои мақомоти дахлдор, муассисаҳои илмӣ, инчунин, пешниҳодҳои шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо метавонанд ба инобат гирифта шаванд.
- Субъектони ҳуқуқэҷодкунандае, ки нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тартиб медиҳанд ва тасдиқ менамоянд, метавонанд ба нақшаҳо дигар талаботро, ки таҳияи ин лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро инъикос менамояд, дохил намоянд.
- Нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии берун аз нақшаро бо пешниҳоди субъекти дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, супориши мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ё бо ташаббуси худи таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ истисно намекунанд.
БОБИ 4. ХУСУСИЯТҲОИ БАНАҚШАГИРӢ, ТАҲИЯ, ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНИИ
САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИЕ, КИ БА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ
ТАЪСИРИ ИМКОНПАЗИР ДОРАД
Моддаи 34. Банақшагирии таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад
- Ташаббуси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир доранд, ба Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид карда мешаванд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Таҳиякунанда пас аз қабули қарор дар бораи таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ огоҳиномаи дорои маълумоти зеринро ҷойгир менамояд:
- намуд ва номи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- маълумот дар бораи таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад;
- муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- муҳлате, ки дар муддати он аз ҷониби таҳиякунанда пешниҳодҳо вобаста ба ҷойгир намудани огоҳинома қабул карда мешаванд ва он наметавонад аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ҷойгир намудани огоҳинома дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кам бошад.
- Оид ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки барои субъектҳои соҳибкорӣ уҳдадорӣ ва ё маҳдудиятҳоро пешбинӣ менамоянд, инчунин, маълумоти зерин дарҷ карда мешаванд:
- тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад;
- баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда;
- тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад;
- тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ);
- арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор.
- Таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид карда нашудаанд, танҳо пас аз мувофиқа бо субъекти қабулкунандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иҷозат дода мешавад.
- Мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ метавонад ба таҳиякунанда огоҳиномаро баргардонад, агар дар огоҳинома маълумоти дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешбинишуда дарҷ нагардида бошад.
Моддаи 35. Машваратҳои оммавӣ оид ба огоҳинома дар бораи омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки боиси таҳлили таъсири танзимкунӣ мегардад
- Таҳиякунандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар муддати на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгиркунии огоҳинома оид ба омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки боиси таҳлили таъсири танзимкунӣ мебошад, машваратҳои оммавӣ мегузаронад.
- Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки то ба итмом расидани муҳлати баргузории машваратҳои оммавӣ пешниҳодҳои худро дар робита бо ҷойгир намудани огоҳинома оид ба омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ гузоранд.
- Аз рӯи натиҷаи баррасии пешниҳодҳои воридшуда, дар робита бо ҷойгир намудани огоҳинома, таҳиякунанда қарори асоснокро оид ба омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё даст кашидан аз омода намудани он қабул менамояд.
- Дар сурати қабули қарор оид ба рад намудани таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, таҳиякунанда маълумоти заруриро дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгир менамояд ва оид ба қарори қабулгардида мақомот ва шахсони дар қисми 2 ҳамин модда дарҷгардида, дигар шахсони қаблан оид ба ҷойгир намудани огоҳинома хабардодашуда, инчунин, шахсонеро, ки аз ҷониби онҳо дархостҳо пешниҳод гардида буданд, хабардор менамояд.
- Дар сурати қабули қарор оид ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, таҳиякунанда матни он ва таҳлили таъсири танзимкуниро тибқи талаботи моддаи 36 ҳамин Қонун омода менамояд. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳиякунанда метавонад пешниҳодҳоеро, ки аз рӯи натиҷаи машваратҳои оммавӣ қабул карда шудаанд, ба инобат гирад.
- Баъди гузаштани муҳлати машваратҳои оммавӣ, мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ ба таҳиякунанда дар бораи ба охир расидани он хулоса медиҳад.
Моддаи 36. Омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки боиси таҳлили таъсири танзимкунӣ мебошад
- Таҳлили таъсири танзимкунӣ аз ҷониби мақомоти давлатие, ки оид ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ масъул мебошад, омода карда шуда, аз ҷониби роҳбари он ба имзо расонида мешавад ва маълумоти зеринро бояд дар бар гирад:
- намуд ва номи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- маълумот дар бораи таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ нисбати онҳо татбиқ мегардад;
- муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- маълумот дар бораи ҷойгир намудани огоҳинома оид ба таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- маҷмӯи таклифҳои аз рӯи натиҷаи ҷойгиронии огоҳинома оид ба омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии воридгардида ва хулосаи таҳиякунанда оид ба онҳо;
- тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад;
- ифодаи мақсадҳои дахолати давлат;
- тавсифи мухтасари лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда, аз ҷумла чораҳои пешбининамудаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда, уҳдадорӣ ва маҳдудиятҳо барои субъектҳои соҳибкорӣ, асосноккунии интихоби роҳи ҳалли чунин мушкилот;
- тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилоти баррасишуда (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ);
- арзёбии муфассали хароҷоти буҷети давлатӣ эҳтимолияти оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҳолати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё роҳи дигари интихобшудаи ҳалли мушкилот;
- нишондиҳандаҳои арзёбии инкишоф ва даврияти ҷамъоварии он;
- санаи эҳтимолии мавриди амал қарор додани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар сурати қабули он.
- Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ ҷойгир карда мешавад.
- Дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ҷойгир намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ, машваратҳои оммавӣ гузаронида мешавад.
- Таҳиякунанда уҳдадор аст, ки таклифҳои дар муҳлати муқарраршуда воридшударо дар робита ба гузаронидани машваратҳои оммавии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ баррасӣ намояд.
- Аз рӯи натиҷаи машваратҳои оммавӣ, таҳиякунанда метавонад қарори асоснокро оид ба рад намудан аз таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё оид ба омода ва қабули минбаъдаи он қабул намояд. Дар сурати қабули қарор оид ба рад кардани таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳиякунанда дар сомонаи расмӣ маълумоти дахлдорро ҷойгир менамояд.
- Дар сурати қабули қарор дар бораи омодасозии минбаъдаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, таҳиякунанда бо дарназардошти натиҷаҳои машваратҳои оммавӣ, лоиҳаи ниҳоии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкуниро омода месозад.
Моддаи 37. Таҳлили таъсири танзимкунӣ
- Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба танзими муносибатҳо дар соҳаи соҳибкорӣ равона гардидаанд, мавриди таҳлили таъсири танзимкунӣ қарор дода мешаванд.
- Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки меъёри андоз, андозаи пардохтҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ муқаррар менамоянд, лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин, лоиҳаҳое, ки барои беэътибор донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё қисмҳои алоҳидаи он равона гардидаанд, мавриди таҳлили таъсири танзимкунӣ қарор дода намешаванд.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ лоиҳаи баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ озод намояд.
- Дастурамал оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 38. Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ
- Лоиҳаи ниҳоии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ ҷойгир карда мешавад.
- Дар давоми 5 рӯзи тақвимӣ аз санаи ҷойгир намудани лоиҳаи ниҳоии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ хулосаро оид ба гузаронидани расмиёти машваратҳои оммавӣ омода менамояд. Ба хулосаи мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ пешниҳодҳои аз рӯи натиҷаи машварати оммавӣ қабулшуда замима мегарданд.
- Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ ҷойгир карда мешавад.
- Лоиҳаи ниҳоии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст аз ҷониби мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда танҳо дар ҳолати мавҷуд будани таҳлили таъсири танзимкунӣ ва хулосаи мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкуние, ки дар қисми 2 ҳамин модда ва қисми 6 моддаи 35 Қонуни мазкур пешбинӣ карда шудаанд, баррасӣ гардад.
Моддаи 39. Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Портали интернетӣ) махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, дар шакли электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пеш бурда мешавад.
- Портали интернетӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пеш бурда шуда, аз фаслҳои зерин иборат мебошад:
- Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ;
- Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Паҳнкунии иттилоот, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо аз Портали интернетӣ тавассути шабакаи Интернет сурат мегирад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд ройгон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҷустуҷӯ кунанд, аз назар гузаронанд, дастрас ва чоп намоянд.
- Портали интернетӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
- Тартиби пешбурди Портали интернетиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 5. ТЕХНИКАИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ
Моддаи 40. Талаботи умумии техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ нисбат ба санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд мутобиқати дохилӣ дошта, аз рӯи мантиқ тартиб дода шавад ва ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ҷавобгӯ бошад.
- Ҳангоми навиштани матни санади меъёрии ҳуқуқӣ аввал қоидаҳои умумӣ ва сипас қоидаҳои махсус ҷойгир карда мешаванд.
- Мафҳумҳо ва истилоҳоти дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодашаванда бояд фаҳмо ва ҳаммаъно бошанд.
- Мазмуни матни моддаҳо, қисмҳо ё бандҳо дар дигар моддаҳо, қисмҳо ё бандҳо дар ҳамон як санади меъёрии ҳуқуқӣ набояд такроран баён карда шаванд.
- Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва қисмҳои таркибии он бояд возеҳу мухтасар ва фаҳмо бошад, мазмуни асосии матни онро дақиқ ифода намояд.
- Меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд мушаххас ва дар замони ҳозира ифода шуда, бештар дар шакли тасдиқӣ баён карда шаванд.
- Тартиби мавриди амал қарор додан ва эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар қоидаҳои хотимавии худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё санади меъёрии ҳуқуқии алоҳидаи намуди якхела дар бораи мавриди амал қарор додани он баён мешавад. Дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқии нав масъалаи беэътибор донистани санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар қоидаҳои хотимавии худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё санади меъёрии ҳуқуқии алоҳидаи намудашон якхела ифода мешавад.
Моддаи 41. Нишонаҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ
Санади меъёрии ҳуқуқӣ дорои нишонаҳои зерин мебошад:
- намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- мақоми ҳуқуқэҷодкунанда, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст;
- номе, ки мавзӯи танзими онро ифода мекунад;
- рамзи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- имзои шахсе (шахсоне), ки расман ваколатдори (ваколатдорони) имзо намудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор мебошад (ба истиснои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида);
- макон ва санаи қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- рақами санади меъёрии ҳуқуқӣ (ба истиснои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида);
- рақам ва санаи бақайдгирии давлатӣ барои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бояд дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд;
- муҳри дорои нишони давлатии мақомоте, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст.
Моддаи 42. Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ
Ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ ном дорад, ки дар маркази қисми болоии матн нишон дода мешавад. Номи санадҳои қонунгузорӣ бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Номи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ҳарфҳои хурд навишта шуда, бо ҳарфи калон оғоз меёбад. Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ мавзӯи танзими ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва мазмуни асосии онро инъикос менамояд. Дар охири номи санади меъёрии ҳуқуқӣ нуқта гузошта намешавад.
Моддаи 43. Таркиби санади қонунгузорӣ
- Таркиби санади қонунгузорӣ метавонад аз муқаддима, қисм, фасл, зерфасл, боб, параграф, модда, қисм дар модда, банд, зербанд ва сархат иборат бошад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Муқаддима қисми таркибии санади қонунгузорӣ буда, дар он мақсади қабул кардани санади қонунгузорӣ, мавзӯъ ва вазифаҳои асосии он инъикос карда мешаванд. Ба муқаддима амру дастурҳои меъёрӣ дохил карда намешавад.
- Қисм ҷузъи таркибии мустақили санади қонунгузорӣ буда, фаслҳои санадҳои қонунгузории ҳаҷман калонро дар бар мегирад. Қисм бо рақами римӣ ишора гардида, баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Қисм метавонад ном дошта бошад ва пас аз рақамҳо бо ҳарфҳои калон навишта шуда, дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи қисм нуқта гузошта намешавад.
- Фасл қисми таркибии санади қонунгузорӣ буда, бобҳо ё параграфҳои ин санади қонунгузориро дар бар мегирад. Фасл бо рақами римӣ ишора гардида, баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Вобаста ба ҳаҷм фасл метавонад ба зерфаслҳо тақсим шавад. Фасл дорои ном буда, бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Номи фасл дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи фасл нуқта гузошта намешавад.
- Зерфасл қисми таркибии фасли санади қонунгузорӣ буда, аз бобҳо ё параграфҳои санади қонунгузорӣ иборат аст. Зерфасл бо рақамҳои арабӣ ишора гардида, баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Зерфасл дорои ном буда, бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Номи зерфасл дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи зерфасл нуқта гузошта намешавад.
- Боб қисми таркибии санади қонунгузорӣ буда, моддаҳои мазмунан ба ҳам наздики ин санади қонунгузориро дар бар мегирад. Боб бо рақами арабӣ ишора гардида, баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Боб ном дошта, бо ҳарфҳои калон навишта шуда, дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи боб нуқта гузошта намешавад. Боби санади қонунгузории ҳаҷмаш калон мумкин аст ба параграфҳо тақсим карда шавад.
- Параграф қисми матни дохили фасл, зерфасл ё боб мебошад, ки бо аломати параграф «§» ифода мегардад. Параграф бо рақами арабӣ ишора гардида, пас аз он нуқта гузошта мешавад. Параграф дорои ном буда, бо ҳарфҳои хурд навишта мешавад, вале бо ҳарфи калон оғоз ёфта, дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи параграф нуқта гузошта намешавад.
- Модда қисми ҳатмии таркибии санади қонунгузорӣ буда, дорои муқаррароти меъёрии мукаммал мебошад. Модда бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ ишора мегардад ва пас аз он нуқта гузошта мешавад. Модда ном дошта, мазмуну моҳияти онро ифода мекунад, ба истиснои моддаи қонуне, ки тавассути он ба қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Номи модда пас аз рақамҳо бо ҳарфҳои хурд навишта мешавад, вале бо ҳарфи калон оғоз гардида, дар охири номи модда нуқта гузошта намешавад. Моддаҳо метавонанд дар боб ё параграф муттаҳид гардида, аз қисмҳо иборат бошанд.
- Қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, мазмуни ягона дорад. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ, ки баъд аз он нуқта гузошта мешавад, ишора мегардад ва метавонад ба бандҳо, зербандҳо ё як банд, як зербанд ё як сархат тақсим шавад. Қисми модда наметавонад аз як сархат иборат бошад. Агар модда аз як қисм иборат бошад, рақамгузорӣ карда намешавад. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ бо ҳарфи калон оғоз гардида, дар охири он нуқта гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Банди қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, баъд аз муқаддимаи қисм ва аломати баён «:» бо фосила огоз меёбад ва бо рақами арабӣ ишора гардида, пас аз он аломати қавси пӯшида «)» гузошта мешавад. Бандҳо метавонанд ба зербандҳо ё сархатҳо тақсим шаванд. Банд бо ҳарфи хурд огоз гардида, дар охири он нуқтавергул «;» гузошта мешавад, ба истиснои банди охирон, ки дар охири он нуқта гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Зербанди банди қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, баъд аз муқаддимаи қисм ё банд ва аломати баён «:» бо фосила огоз меёбад ва бо ҳарфҳои хурди алифбои тоҷикӣ ишора гардида, пас аз он аломати қавси пӯшида «)» гузошта мешавад. Зербандҳо метавонанд ба сархатҳо тақсим шаванд. Зербанд бо ҳарфи хурд огоз гардида, дар охири он нуқтавергул «;» гузошта мешавад, ба истиснои зербанди охирони қисми модда, ки дар охири он нуқта гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- 12. Сархатҳо ҷузъи таркибии қисм ё банд буда, пас аз муқаддимаи қисм банд ё зербанд ва аломати баён «:» бо аломати нимтире «-» ҷудо мегарданд ва бо ҳарфҳои хурд навишта мешаванд. Ҳар як сархат бо нуқтавергул «;» ба охир мерасад, ба истиснои сархати охирони қисми модда, ки дар охири он нуқта гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- 13. Рақамгузории қисм, фасл, боб ва моддаи санади қонунгузорӣ бояд пайдарпай бошад.
- 14. Рақамгузории қисмҳо ва бандҳо дар моддаҳо, параграфҳои ҳар як боб, зерфасл ва фасл, инчунин, зерфаслҳои ҳар як фасли санади қонунгузорӣ мустақил мебошад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- 15. Дар қисмҳои таркибии санади қонунгузорӣ истифодаи аломатҳои дар Қонуни мазкур пешбининашуда манъ аст.
- 16. Санади қонунгузории калонҳаҷм метавонад мундариҷа дошта бошад.
Моддаи 44. Таркиби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ
- Таркиби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ метавонад аз муқаддима, боб, параграф, банд, зербанд ва сархат иборат бошад.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуние, ки дар моддаҳои 21-27 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, бояд муқаддима дошта бошанд ва дар он ишора ба санади меъёрии ҳуқуқӣ (модда, қисм ё банди он), ки дар асос ва барои иҷрои он қабул мегардад, нишон дода шавад. Ба муқаддима амру дастурҳои меъёрӣ дохил карда намешавад.
- Боб чун қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ бандҳои мазмунан ба ҳам наздики санади меъёрии ҳуқуқии зерқонуниро дар бар мегирад. Боб бо рақами арабӣ ишора гардида, баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Боб ном дошта, бо ҳарфҳои калон навишта ва дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи боб нуқта гузошта намешавад. Боби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии ҳаҷмаш калон мумкин аст ба параграфҳо тақсим карда шавад.
- Параграф қисми матни дохили боб мебошад, ки бо аломати параграф «§» ифода мегардад. Параграф бо рақами арабӣ ишора гардида, пас аз он нуқта гузошта мешавад. Параграф дорои ном буда, бо ҳарфҳои хурд навишта мешавад, вале бо ҳарфи калон оғоз ёфта, дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи параграф нуқта гузошта намешавад.
- Банд қисми ҳатмии таркибии санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ буда, дорои муқаррароти меъёрии мукаммал мебошад. Банд ном надорад ва бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ ишора мегардад, ки баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Бандҳо метавонанд дар боб ё параграф муттаҳид гардида, ба зербандҳо ё сархатҳо тақсим шаванд. Банд бо ҳарфи калон оғоз гардида, дар охири он нуқта гузошта мешавад. Агар санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ аз як банд иборат бошад, рақамгузорӣ карда намешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Зербанди банди санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ ҷузъи таркибии он буда, баъд аз муқаддимаи банд ва аломати баён «:» бо фосила оғоз меёбад ва бо рақами арабӣ ишора гардида, пас аз он аломати қавси пӯшида «)» гузошта мешавад. Зербандҳо метавонанд ба сархатҳо тақсим шаванд. Зербанд бо ҳарфи хурд оғоз гардида, дар охири он нуқтавергул «;» гузошта мешавад, ба истиснои зербанди охирон, ки дар охири он нуқта гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Сархатҳо ҷузъи таркибии банд ё зербанд буда, пас аз муқаддимаи банд ё зербанд ва аломати баён «:» бо аломати нимтире «-» ҷудо гардида, бо ҳарфҳои хурд навишта мешаванд. Ҳар як сархат бо нуқта вергул «;» ба охир мерасад, ба истиснои сархати охирон банд ва ё зербанди охирон, ки дар охири он нуқта гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Рақамгузории бобҳо ва бандҳои санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ пайдарпай аст. Рақамгузории параграфҳои ҳар як боби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ мустақил мебошад.
- Дар қисмҳои таркибии санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ истифодаи аломатҳои дар Қонуни мазкур пешбининашуда манъ аст.
Моддаи 45. Таркиби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии қабул ё тасдиқкунанда ва бо дигар санад қабул ё тасдиқшаванда
- Таркиби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии қабул ё тасдиқкунандае, ки дар моддаҳои 21–27 ҳамин Қонун пешбинӣ гардидааст аз муқаддима ва банд иборат мебошад. Муқаддима дорои маълумот дар бораи асосҳои қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, ҳолатҳои воқеӣ ва асосҳое мебошад, ки боиси қабули ҳамин санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ гардидаанд. Ба муқаддима амру дастурҳои меъёрӣ ва истифодаи калимаҳои мураккаби ихтисоршуда дохил карда намешаванд. Муқаддима рақамгузорӣ карда намешавад. Банд қисми ҳатмии таркибии санади қабул ё тасдиқкунанда буда, дорои муқаррароти меъёрии мукаммал мебошад. Банд ном надорад ва бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ ишора мегардад, ки баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Санади қабул ё тасдиқкунандае, ки аз як банд иборат мебошад, рақамгузорӣ карда намешавад. Бандҳо метавонанд ба сархатҳо тақсим шаванд. Банд бо ҳарфи калон оғоз гардида, дар охири он нуқта гузошта мешавад. Дар банд, ки қабул ё тасдиқи санад пешбинӣ мегардад, номи санади қабул ё тасдиқшаванда дарҷ карда шуда, бо калимаҳои «қабул карда шавад (замима мегардад)» ё «тасдиқ карда шавад (замима мегардад)» ба итмом мерасад. Дар ҳолати қабул ё тасдиқи якчанд санадҳо номи санадҳои қабул ё тасдиқшаванда пайдарпай ё дар шакли алоҳида дарҷ карда шуда, бо калимаҳои «қабул карда шаванд (замимаҳои 1, 2, ...)» ё «тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, ...)» ба итмом мерасанд.
- Таркиби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии қабул ё тасдиқшаванда метавонад аз муқаддима, қисм, фасл, зерфасл, боб, параграф, банд, зербанд ва сархат иборат бошад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуние, ки дар моддаҳои 28-29 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, метавонанд муқаддима дошта бошанд. Муқаддима қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии қабул ё тасдиқшаванда буда, дорои маълумот дар бораи мақсади қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, мавзӯъ ва тарзи танзими ҳуқуқии он мебошад. Ба муқаддима дохил кардани амру дастурҳои меъёрӣ ва истифодаи калимаҳои мураккаби ихтисоршуда норавост. Муқаддима рақамгузорӣ карда намешавад. Тартиби ифодаи қисм, фасл ва зерфасли санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии қабул ё тасдиқшаванда мутобиқи талаботе, ки дар моддаи 43 Қонуни мазкур нисбати қисм, фасл ва зерфаслҳо пешбинӣ шудаанд, сурат мегирад. Тартиби ифодаи боб, параграф, банд, зербанд ва сархатҳои санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии қабул ё тасдиқшаванда мутобиқи талаботе, ки дар моддаи 44 Қонуни мазкур нисбати боб, параграф, банд, зербанд ва сархатҳо пешбинӣ шудааст, сурат мегирад.
- Дар кунҷи рости болои санадҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба санади қабул ё тасдиқкунанда, сана ва рақами қабул ё тасдиқ ишора карда мешавад. Дар навбати худ санадҳои мазкур низ мутобиқи моддаи 47 ҳамин Қонун метавонанд замима дошта бошанд.
- Санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии қабул ё тасдиқшавандаи калонҳаҷм метавонад мундариҷа дошта бошад.
Моддаи 46. Хусусиятҳои таркибии кодекс
- Кодекс дорои ном мебошад ва метавонад мундариҷа, қисми умумӣ ва қисми махсус дошта бошад.
- Қисми умумии кодекс муқаррароти ҳуқуқии умумиро, ки заминаи татбиқи меъёрҳои қисми махсус мебошанд дар бар гирифта, аз муқаррароти зерин иборат аст:
- муқаррароти умумӣ (принсипҳо, тафсири мафҳумҳо ва институтҳои асосӣ);
- муқаррароти махсуси меъёрӣ;
- дигар ҳолатҳои ибтидоии меъёрӣ, ки барои татбиқи меъёрҳои қисми махсус заминаи ҳуқуқӣ мегузоранд.
- Қисми махсуси кодекс ба таври мушаххас амали ҳуқуқӣ ё зиддиҳуқуқӣ, оқибатҳои ҳуқуқиро барои иҷро ва риоя накардани онҳо пешбинӣ намуда, метавонад дорои чунин муқаррарот бошад:
- меъёрҳои рафтори имконпазир, ҳатмӣ ва ё манъкунанда;
- қоидаҳои оқибатҳои ҳуқуқӣ барои риоя ва иҷро накардани меъёрҳои ҳуқуқӣ пешбиникунанда.
Моддаи 47. Эзоҳ ва замима
- Эзоҳ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақсади дақиқ намудани моҳияти меъёрҳои ҷудогона истифода бурда мешавад.
- Эзоҳ дар охири меъёр ё меъёрҳои ҷудогонае, ки нисбати онҳо эзоҳот дода мешавад, дар сатри алоҳида навишта, дар он дақиқ қайд карда мешавад, ки эзоҳот мафҳуми меъёри кадом қисмҳои таркибии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Агар дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷадвал, сурат, харита, нақша, номгӯй ва дигар маводи шарҳдиҳанда оварда шаванд, пас онҳо ҳамчун замима нишон дода мешаванд. Дар ин ҳолат моддаҳои (бандҳои) дахлдори он бояд ба ин замимаҳо ишора намоянд. Қисмҳои таркибии ҷадвал, номгӯй ва нақшаҳои замимашаванда вобаста ба ҳаҷм, мақсад, моҳият, гурӯҳбандӣ ва дигар хусусиятҳои онҳо мустақилона рақамгузорӣ карда мешаванд.
- Замимаи шарҳдиҳанда ва ё пурракунандаи муҳтавои санади меъёрии ҳуқуқӣ, қисми таркибии он мебошад, ки барои осон намудани кор дар варақҳои алоҳида оварда мешавад. Дар ин ҳолат истинод ба замима тавассути истилоҳи «мутобиқи» сурат мегирад.
- Замима бояд сарлавҳа ва рақами тартибӣ дошта бошад, ки робитаи онро бо матни асосии санади меъёрии ҳуқуқӣ нишон медиҳад. Нишонаҳои номбурда дар кунҷи рости болои замима навишта мешаванд.
- Санади меъёрии ҳуқуқӣ бо замимаҳо бояд рақамҳои пайдарпайи саҳифаҳоро дошта бошад.
Моддаи 48. Истифодаи истинод дар санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Истинод ба қисмҳои таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолате истифода мешавад, ки нишон додани робитаи мутақобилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё худ пешгирии такрори онҳо зарур бошад.
- Ҳангоми бори аввал истифода намудани истинод ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии онҳо) инҳо зикр карда мешаванд:
- ишора ба меъёри дақиқ (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (ҳангоми истинод кардан ба қисми таркибии алоҳидаи санади меъёрии ҳуқуқӣ);
- намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- рақам ва санаи қабул шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (ғайр аз санадҳои қонунгузорӣ);
- рақами бақайдгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштае, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;
- манбаи нашри расмӣ, аз ҷумла тағйиру иловаҳое, ки ба ин қисми таркибӣ ва ё ба масъалаи мазкур дахл доранд, дар ҳолати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- дар ҳолати мавҷуд набудани манбаи нашри расмӣ, санаи қабул ва рақами санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
- Ҳангоми бори аввал истинод кардан дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ба санади қабул ё тасдиқшуда (қисми таркибии он) инҳо зикр карда мешаванд:
- ишора ба меъёри дақиқ (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (ҳангоми истинод ба қисми таркибии алоҳидаи сохтории санади қабул ё тасдиқшуда);
- намуд ва номи санади қабул ё тасдиқшуда;
- намуд, санаи қабул ва рақами қайди санади меъёрии ҳуқуқие, ки бо он ин санад қабул ё тасдиқ карда шудааст.
- Дар мавриди истинод намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида, қонунҳои конститутсионӣ ва кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо зикр карда мешаванд:
- ишора ба меъёри дақиқ (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (дар сурати истифодаи истинод ба қисми таркибии алоҳида);
- ном.
- Дар ҳолати чандин бор истинод кардан (ғайр аз истиноди аввал) ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо номи он зикр меёбад. Дар ҳолати ба дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ чандин бор истинод кардан ном, санаи қабул, рақам ва ё рақами бақайдгирии он зикр карда мешавад. Дар сурати якчанд бор истинод кардан ба санади қабул ё тасдиқшуда намуд ва номи он, ҳамчунин санаи қабул ё тасдиқ шудан ва рақами қайди санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо он ҳамин санад қабул ё тасдиқ гардидааст, зикр карда мешавад.
- Ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ё худ ба қисми таркибии он дар ҳамин санади меъёрии ҳуқуқӣ танҳо бо истифодаи калимаҳои «мазкур» ва ё «ҳамин» истинод карда мешавад.
Моддаи 49. Талаботи забонӣ ба матни санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ қабул карда мешавад.
- Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо риояи услуби расмии забони адабӣ, сода ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд.
Моддаи 50. Истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм тартиб дода шавад.
- Ҳамон як истилоҳ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд як маъноро ифода намуда, мазмуни ягона дошта бошад.
- Дар ҳолати зарурати дақиқ намудани истилоҳот ва мафҳумҳои дар санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодашуда дар санад моддае (қисме, банде) оварда мешавад, ки дар он моҳияти ин истилоҳоту мафҳумҳо шарҳ дода мешавад.
- Истилоҳоти махсус мумкин аст дар санади меъёрии ҳуқуқӣ танҳо бо ҳамон маъное истифода гардад, ки он дар соҳаи махсуси дахлдор истифода мешавад. Истилоҳоти махсус бояд дар санади меъёрии ҳуқуқӣ шарҳ дода шавад.
Моддаи 51. Талабот ба сабку услуби санади меъёрии ҳуқуқӣ
Дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодаи чунин калимаву ибораҳо норавост:
- забони гуфтугӯи халқӣ (лаҳҷавӣ ва шевагӣ), ифодаҳои маҷозӣ ва пуробуранг;
- мафҳумҳои (истилоҳоти) гуногуни ҳаммаъно;
- истифодаи калима ва истилоҳоти бегонаи ғайримаъмул дар сурати дар забони давлатӣ мавҷуд будани чунин калима ва истилоҳот;
- ибора ва таркибҳои норавшан, мулоҳизот, хитобу даъватҳои умумӣ;
- калимаҳои мураккаби ихтисоршуда (аббревиатура), ба истиснои ҳолатҳои зарурӣ ва бо нишон додани шакли пурраи онҳо; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- истилоҳоти ғайримеъёрӣ.
Моддаи 52. Тартиби нишон додани номи мақомоти давлатӣ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Номи мақомоти давлатӣ, ки дар санади меъёрии ҳуқуқӣ зикр меёбад, дақиқ ва айнан мутобиқи номи пурраи расмиашон, ки дар оиннома ва низомномаи онҳо, дар қарор оид ба таъсис, номгузорӣ ва тағйири номи онҳо пешбинӣ шудаанд, навишта мешаванд.
- Мафҳумҳои умумӣ (калимаву ибораҳо), ки мақомоти давлатиро ифода менамоянд, дар санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолатҳое истифода мешаванд, ки ин мафҳуми умумӣ ҳар кадом мақомоти дахлдори давлатиро дар назар дошта бошад.
- Агар дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ чандин бор зикр кардани номи мақоми давлатӣ, ҳамчунин мафҳуми бо чанд калима ифодашавандаро чандин маротиба такрор кардан зарур бошад, номи мақомоти давлатӣ ё мафҳум дар муқаррароти меъёрӣ, ки он бори аввал истифода шудааст, пурра зикр меёбад, зимни ин дар қавсайн ифодаи шартии он, ки дар муқаррароти минбаъда ишора мегардад, навишта мешавад. Ҳамин қоида нисбати номи санади меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад, агар пурра зикр кардани номи он мақсаднок набошад.
Моддаи 53. Тартиби пешбинӣ намудани ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
Дар санади меъёрии ҳуқуқие, ки уҳдадории мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро муқаррар менамояд, кирдорҳое муайян карда мешаванд, ки барои онҳо қонунгузорӣ метавонад ҷавобгарии дахлдорро муқаррар намояд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
Моддаи 54. Тартиби пешбинӣ намудани муқаррароти интиқолӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонанд муқаррароти интиқолӣ дошта бошанд. Дар муқаррароти интиқолӣ ҳолати муносибатҳои ҳуқуқие, ки дар натиҷаи амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулгардида ба вуҷуд омадаанд, инъикос гардида, муҳлат ва тарзҳои гузариш ба муносибатҳои нав муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 55. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
- Дар мавриди қабули санади меъёрии ҳуқуқии нав, агар санади меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулгардида қисман ба меъёрҳои ба санади меъёрии ҳуқуқии нав воридшуда мухолиф бошад, ба он тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд. Матни чунин тағйиру иловаҳо дар шакли таҳрири нави моддаҳои дахлдор ва қисмҳои таркибии онҳо, ҳамчунин ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба ин моддаҳо ва қисмҳои таркибии онҳо ифода карда мешавад.
- Дар сурати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ зарурати таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ё аз эътибор соқит намудани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба вуҷуд ояд, ин лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар маҷмӯъ таҳия ва пешниҳод карда шаванд. Таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ё аз эътибор соқит намудани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баъди қабули санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ ба таври истисно дар мавридҳое иҷозат дода мешавад, ки таҳияи онҳо муҳлати тӯлониро талаб намояд. Дар ин маврид супориши мақомоти (шахси мансабдори) ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор дар бораи таҳияи лоиҳаи номгӯи мазкур тайёр карда, дар он мақомоти давлатии таҳиякунандаи ҳамин номгӯй ва муҳлати пешниҳоди он ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда муқаррар карда мешавад.
Моддаи 56. Техникаи ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо
- Агар тағйиру иловаҳои ба санади меъёрии ҳуқуқӣ воридшаванда аз нисфи матни санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) зиёд бошанд ва ё онро душворфаҳм гардонанд, санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) дар таҳрири нав баён карда мешавад.
- Агар тағйири меъёрҳоро дар таҳрири нав пурра баён кардан зарур набошад, матни онҳо бо роҳи хориҷ, илова ва иваз намудани баъзе калима, ибора, ҷумла ва рақамҳо ислоҳ карда мешавад. Ҳангоми илова, иваз ва хориҷ намудани калима, ибора ва рақамҳо дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ, тағйиру иловаҳо бо роҳи дар ҳар як қисми таркибӣ илова, иваз ва хориҷ намудани калима, ибора ва рақамҳо сурат мегирад. Дар сурати ҷой доштани зарурати чандин маротиба илова, иваз ва хориҷ намудани ҳамон як калима. ибора ва рақам дар матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаи мазкур метавонад истифода нашавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Дар сурати аз санади қонунгузорӣ хориҷ намудани фасл, зерфасл, боб, параграф, модда ва аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хориҷ кардани фасл, зерфасл, боб, параграф, банд рақами тартибии онҳо мувофиқан тағйир дода намешавад. Агар қисми таркибии модда ва ё банди санади меъёрии ҳуқуқӣ хориҷ карда шавад, дар ин сурат қисмҳои таркибии боқимондаи модда ва ё банд ба тартиб дароварда мешаванд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Дар сурати ба санади меъёрии ҳуқуқӣ илова намудани фасл, зерфасл, боб, параграф, модда ва ё банд ба онҳо рақамҳои тартибии фасл, зерфасл, боб, параграф, модда ва ё банди пешинаи санади меъёрии ҳуқуқӣ гузошта, дар тарафи рости қисми болои ин рақамҳо бо рақамҳои арабӣ аз рақами як сар карда рақамгузорӣ карда мешавад, ки ин намуд рақамгузорӣ (ишора) номида мешавад.
- Агар ба қисми таркибии модда ва ё банди санади меъёрии ҳуқуқӣ қисми таркибии нав илова карда шавад, рақамгузории қисмҳои боқимондаи таркибии модда ва ё банд ба тартиб оварда мешавад.
- Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти (шахси мансабдори) ҳуқуқэҷодкунанда, ки онро қабул намудааст, бо роҳи қабул намудани ҳамон намуд санади меъёрии ҳуқуқие, ки ин тағйиру иловаҳо ба он ворид карда мешаванд, сурат мегирад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Тағйиру иловаҳо ба кодекс бо роҳи қабул намудани Қонун ворид карда мешаванд.
- Тағйиру иловаҳоро ба санади меъёрии ҳуқуқии қабул ё тасдиқшуда мақомоти (шахси мансабдори) ҳуқуқэҷодкунанда, ки онро қабул ё тасдиқ намудааст, бо роҳи қабул кардани ҳамон намуди санади меъёрии ҳуқуқие, ки ин санади меъёрии ҳуқуқӣ бо чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ё тасдиқ шудааст, ворид менамояд.
- Дар сурати якчанд маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки онро душворфаҳм мегардонанд, мақоми (шахси мансабдори) ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул ё тасдиқ намудааст, метавонад онро бо дарназардошти тағйиру иловаҳои воридгардида ва воридшаванда дар таҳрири нав қабул ё тасдиқ намояд.
- Санади меъёрии ҳуқуқие, ки тавассути он тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад, вобаста ба матни тағйир ё илова метавонад дар алоҳидагӣ, якҷоя дар шаклҳои танҳо ва ё ҷамъ номгузорӣ карда шавад.
Моддаи 57. Тартиби аз эътибор соқит донистан ва боздоштани амали санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Агар санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ё қисми таркибии он ба меъёрҳои ба санади нав дохилшуда мухолиф ё худ ба воситаи он бекор шуда бошад, бояд аз эътибор соқит дониста шавад. Дар ҳолати аз эътибор соқит надонистани чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ он дар қисме амал мекунад, ки ба санади меъёрии ҳуқуқии нав қабулгардида мухолифат надошта бошад.
- Ҳангоми аз эътибор соқит намудани санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ, дар як вақт санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё қисми онҳо, ки тибқи онҳо ба ҳамин санади меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд, аз эътибор соқит дониста мешаванд.
- Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) дар ҳолатҳои зарурӣ мумкин аст ба муҳлати муайян боздошта шавад.
- Санади боздошт қабул мегардад:
- бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қарорҳои якҷояи онҳо;
- бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо фармоиш ва қарорҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии онҳо; (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- бо қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии онҳо ва қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- бо қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии онҳо.
БОБИ 6. ТАҲИЯ ВА БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ
ЛОИҲАИ САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 58. Таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби худи мақоми ҳуқуқэҷодкунанда ё бо супориши он аз ҷониби мақомот, муассиса ва ташкилоти тобеъ таҳия карда мешавад. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар мувофиқа бо мақомоти давлатии манфиатдор лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар метавонанд таклифҳои худро оид ба таҳияи санадҳои меъёрии хуқуқӣ ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Мақоми ҳуқуқэҷодкунанда метавонад дар асоси шартнома ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро супориш диҳад.
- Мақоми ҳуқуқэҷодкунанда метавонад таҳияи лоиҳаи алтернативии санади меъёрии ҳуқуқиро ба якчанд мақомот, муассиса, ташкилот ва шахсон супорад ё бо онҳо шартнома бандад, инчунин барои лоиҳаи беҳтарин озмун эълон намояд.
Моддаи 59. Таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Бо қарори мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ё мақомоти дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ барои таҳия ё такмили лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои дигар ва олимони алоҳида гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.
- Гурӯҳи корӣ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро мутобиқи нақшаи тасдиқгардида таҳия менамояд.
Моддаи 60. Мукаммал ва мушаххас намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
Агар барои мукаммал ва мушаххас намудани муқаррароти лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ қабули дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур бошад, дар лоиҳаи асосӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мавриди амал қарор додани он ба мақомоти дахлдор дар муҳлати муқарраркардаи мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда таҳия ва қабул намудани чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ супориш дода мешавад.
Моддаи 61. Ҷалб намудани мақомоти давлатӣ ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
Ҷиҳати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳаҳои ҷудогонаи иқтисодиёт ва соҳаҳои дигари идораи давлатӣ вазорату идораҳо, мақомоти дигари давлатӣ, ки барои ҳолат ва рушди ин соҳаҳо масъуланд, ҷалб карда мешаванд.
Моддаи 62. Тартиби мувофиқа кардани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ то қабул ё тасдиқи он бо мақомот ва идораҳои манфиатдор мувофиқа карда мешавад.
- Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ – узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд. Лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, бо тартиби муқаррарнамудаи онҳо бо мақомоти манфиатдор мувофиқа карда мешаванд.
- Тартиби мувофиқа кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигарро, ки аз ҷониби ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегарданд, Дастури ин мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда муайян мекунад.
- Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.
- Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо мақомоту идораҳо, корхона, муассисаю ташкилотҳои манфиатдор мувофиқа карда мешаванд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
Моддаи 63. Ирсоли лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ барои қабули минбаъдаи он
- Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи ваколатдори дахлдор бо замимаи чунин ҳуҷҷатҳо ирсол мегардад:
- мактуби ирсолӣ;
- маълумотномаи асосноккунандаи зарурати қабул намудани лоиҳаи дахлдор, номгӯи мақомот ва ташкилоте, ки лоиҳа бо онҳо мувофиқа гардидааст, дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- хулосаи экспертҳо, ки дар натиҷаи экспертизаи мустақил тайёр шудаанд - ҳангоми зарурат;
- асоснокгардонии молиявию иқтисодии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки амалисозии он хароҷоти молиявиро талаб мекунад;
- ҳуҷҷатҳои дигар, ки ба асосноккунии муқаррароти лоиҳа ё ба лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дахл доранд - бо хоҳиши мақоми ҳуқуқэҷодкунандае, ки лоиҳаро пешниҳод намудааст.
- Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақоми ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор дар як вақт ҳам дар ҳомили коғазӣ ва ҳам дар ҳомили электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пешниҳод карда мешавад.
- Масъалаҳои дигари тартиби пешниҳоди лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақоми ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор муайян карда мешаванд.
- Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо риоя накардани талаботи моддаи мазкур ба баррасии мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда пешниҳод мегардад, бидуни баррасӣ баргардонида мешавад. Баъди бартараф кардани норасоиҳо лоиҳа бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 64. Экспертизаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо қарори мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда метавонад мавриди экспертизаи ҳуқуқӣ, забонӣ, зиддикоррупсионӣ, таҳлили таъсири танзимкунӣ, молиявию иқтисодӣ, экологӣ, илмию техникӣ ва ё махсуси илмӣ қарор дода шавад.
- Ба сифати эксперт ташкилот ва шахсоне ҷалб карда мешаванд, ки дар таҳияи ҳамин лоиҳа бевосита иштирок накарда бошанд.
- Дар баҳодиҳии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ экспертҳо мустақил буда, ба мавқеи мақоми ҳуқуқэҷодкунандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо супориши он экспертиза гузаронида мешавад, вобаста нестанд.
- Лоиҳаи санади қонунгузорӣ, ки ба экспертизаи мустақили илмӣ пешниҳод карда шудааст, дар ҷаласаи мақомоти қонунгузор танҳо дар мавриди мавҷуд будани хулосаи экспертӣ баррасӣ мегардад.
- Экспертизаи зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» гузаронида мешавад.
БОБИ 7. ИНТИШОРИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 65. Интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба ғайр аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд, дар нашрияҳои расмӣ ройгон интишор карда мешаванд.
- Ҳангоми интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар воситаҳои ахбори омма истинод ба сарчашмаи нашри расмӣ ҳатмӣ мебошад.
- Интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ ва тарҷумаи онҳо ба забони русӣ сурат мегирад ва ҳангоми зарурат тарҷумаи онҳо ба дигар забонҳо аз тарафи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
- Интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли нопурра ё иқтибос аз онҳо мумкин нест, ба истиснои ҳолатҳои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои муқаррароти алоҳидае, ки набояд интишор шаванд.
Моддаи 66. Сарчашмаҳо ва тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
- Сарчашмаи расмии интишори санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум» мебошанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ба нашрияҳои расмӣ ворид шудаанд, бояд дар муҳлати на дертар аз 10 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ интишор гарданд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Сарчашмаи расмии интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе рӯзномаҳои вилоятӣ ва шаҳрии дахлдор мебошанд. Сарчашмаи расмии интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия, раисони шаҳру ноҳия ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот рӯзномаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии дахлдор мебошанд.
- Сарчашмаҳои матни расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида, инчунин Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
- Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
Моддаи 67. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳар моҳ як маротиба бо забони давлатӣ ва забони русӣ чоп мешавад.
- «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар намуди шумораҳои алоҳида дар ҳаҷми бемаҳдуд (дар мавридҳои алоҳида дар чанд қисм) чоп мешавад ва аз се фасл иборат аст.
- Дар фасли аввал санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешаванд.
- Дар фасли дуюм санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои тафсири расмии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешаванд.
- Дар фасли сеюм санадҳои хусусияти меъёринадоштаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маводи иттилоотӣ чоп карда мешаванд.
- Интишори расмӣ дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавассути нусхабардории матни пурра ва аниқи санади меъёрии ҳуқуқии нашршаванда, инчунин замимаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тартиби хронологӣ бо тамоми нишонаҳои он, ки моддаи 41 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, сурат мегирад.
- Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр шудаанд, чун асоси маҷмӯи хронологии қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мешаванд.
Моддаи 68. Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- «Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашрияи расмӣ буда, бо забони давлатӣ ва забони русӣ дар варақҳои ивазшаванда бо мақсади нав кардани маводи он ба қадри вусъатёбию такмили минбаъдаи қонунгузорӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.
- Матни санади меъёрии ҳуқуқии дар «Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойдодашуда бо тағйиру иловаҳое, ки санади меъёрии ҳуқуқии минбаъда ба он дохил кардааст, дарҷ мегардад ва аз рӯи мавзӯъ ҷой дода мешавад.
- «Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз фаслҳо ва фаслҳо аз бобҳо иборат буда, бобҳо вобаста ба ҳаҷм ва хусусияти мавод ба параграфҳо, бандҳо ва зербандҳо тақсим мешаванд.
- Иқтибосҳо аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба «Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудаанд дар фаслҳои дигари он ҷой дода намешаванд. Дар мавридҳои зарурӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар дигар фаслҳои «Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷой дода шудаанд, истинод оварда мешавад.
- Дар фаслҳо, бобҳо ва дигар унсурҳои таркибии «Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маъмулан бо тартибе ҷой дода мешаванд, ки он пайдарпайии мавзӯъро таъмин менамояд.
- Барои истифодаи дурусти мавод дар «Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилшуда ба таври хронологӣ ҷой дода мешавад.
Моддаи 69. Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашрияи расмӣ мебошад, ки ҳар моҳ як маротиба бо забони давлатӣ ва забони русӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда мешавад.
- «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар намуди шумораҳои алоҳида дар ҳаҷми бемаҳдуд (дар мавридҳои алоҳида дар чанд қисм) чоп мешавад ва аз чор фасл иборат аст.
- Дар фасли якум санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешаванд. Дар фасли дуюм фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар фасли сеюм қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда мешаванд. Фасли чорум санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, инчунин маводи иттилоотиро дар бар мегирад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Интишори расмӣ дар «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавассути нусхабардории матни пурра ва аниқи санади меъёрии ҳуқуқии нашршаванда, инчунин замимаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тартиби хронологӣ бо тамоми нишонаҳои он, ки моддаи 41 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, сурат мегирад.
- Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин сохторҳои дар маҳал фаъолияткунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъмин карда мешаванд.
Моддаи 70. Интишори ғайрирасмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонанд дар нашрияҳои чопӣ ва электронии ғайрирасмӣ низ интишор гарданд.
- Интишори ғайрирасмии санади меъёрии ҳуқуқӣ баъди интишори расмии он амалӣ мегардад. Дар ин маврид сарчашмаи нашри расмӣ ҳатман нишон дода мешавад.
Моддаи 71. Санаи интишори расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Санаи интишори расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ рӯзи аз чоп баромадани матни пурраи расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ дар нашрияи расмӣ ҳисобида мешавад.
- Дар ҳолати дар вақтҳои гуногун дар якчанд нашрияҳои расмӣ интишор гардидани санади меъёрии ҳуқуқӣ, рӯзи интишори расмӣ ва муҳлати эътибор пайдо кардани он аз рӯзи аввали интишори санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 72. Интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав
Санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба он якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, истифодабарии онро душвор мегардонад, бо қарори мақоми ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади мазкурро қабул кардааст, метавонад дар нашрияи расмӣ бо дарназардошти тағйиру иловаҳо дар таҳрири нав интишор шавад.
Моддаи 73. Шартҳои амалӣ гардонидани санади меъёрии ҳуқуқӣ
Баъд аз қабул ё тасдиқ кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ ва мавриди амал қарор додани он, бояд тарзи дурусти амалӣ гардонидани санади меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби субъектони ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул ё тасдиқ кардаанд, бо риояи талаботи зерин ба роҳ монда шавад:
- сари вақт ба маълумоти иҷрокунандагон расонидани санади меъёрии ҳуқуқии қабулшуда;
- таъмини молиявӣ, моддиву техникӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилию техникии амалисозии санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- таъмини риояи муҳлати дар амал татбиқ намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ.
Моддаи 74. Дастрасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
- Дастрасии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд, озод мебошад.
- Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор уҳдадоранд:
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дастрасии васеъро барои гирифтани маълумот оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин нусхаҳои онҳо аз матни расмӣ таъмин намоянд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар сомонаҳои Интернет ҷой диҳанд, дигар роҳҳои ба маълумоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидани маълумотро оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба онҳо дахл доранд, таъмин созанд;
- давра ба давра маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаашонро нашр кунанд.
БОБИ 8. АМАЛИ САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ДАР ЗАМОН,
МАКОН ВА НИСБАТ БА ШАХСОН
Моддаи 75. Тартиби мавриди амал қарор додани санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Тартиби мавриди амал қарор додани санади меъёрии ҳуқуқиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тартиби мавриди амал қарор додани он муқаррар менамоянд.
- Агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ муҳлати мавриди амал қарор додан муқаррар нашуда бошад, пас ин санад аз рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.
- Агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқие, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегирад, муҳлати мавриди амал қарор додан муқаррар нашуда бошад, пас ин санад аз рӯзи имзо, бақайдгирӣ, қабул ё тасдиқ мавриди амал қарор дода мешавад.
- Санади меъёрии ҳуқуқие, ки ҷавобгарии ҳуқуқиро муқаррар ё пурзӯр менамояд, андози навро муқаррар мекунад ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамояд, на кам аз як моҳ баъди интишори расмӣ мавриди амал қарор мегирад.
Моддаи 76. Қувваи бозгашти санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Санади меъёрии ҳуқуқӣ қувваи бозгашт надорад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳо.
- Ба санади меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст қувваи бозгашт дода шавад. Меъёр дар бораи додани қувваи бозгашт дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё дар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мавриди амал қарор додани он пешбинӣ мегардад.
- Агар санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудан ё вазнин кардани ҷавобгарии ҳуқуқиро пешбинӣ намояд, инчунин андози навро муқаррар кунад ё шароити андозсупорандагонро вазнин намояд, ба он додани қувваи бозгашт манъ аст.
Моддаи 77. Муҳлати амали санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Санади меъёрии ҳуқуқӣ амали бемуҳлат дорад, агар дар он ё дар санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи мавриди амал қарор додани он муҳлати дигари амал нишон дода нашуда бошад.
- Муҳлати муваққатии амали санади меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст барои тамоми санад ё қисмҳои таркибии алоҳидаи он муқаррар гардад. Дар ин ҳолат дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ё қисми таркибии дахлдори он ё дар санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи мавриди амал қарор дода шуданаш бояд муҳлати амали он нишон дода шавад. Бо гузаштани муҳлати нишондодашуда амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё қисми таркибии он қатъ мегардад.
- То ба охир расидани муҳлати амали санади меъёрии ҳуқуқии муваққатӣ (қисми таркибии он) мақоме (шахси мансабдоре), ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, метавонад дар бораи ба муҳлати нав тамдид намудани муҳлати амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ё оид ба додани хусусияти бемуҳлат ба он қарор қабул кунад.
Моддаи 78. Қатъи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
- ба охир расидани муҳлати амали санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он);
- бо тартиби муқарраршуда тибқи қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриконститутсионӣ донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он);
- аз эътибор соқит донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) ё боздошти амали санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) аз ҷониби мақомоте (шахси мансабдоре), ки санади мазкурро қабул намудааст ё дигар мақомоти (шахси мансабдори) барои ин амал ваколатдор.
- Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ тибқи санади меъёрии ҳуқуқии ҳамон дараҷа ё дараҷаи болоӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади суд қатъ мегардад.
Моддаи 79. Доираи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, агар дар онҳо ё дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи мавриди амал қарор додани онҳо тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳудуди дахлдор амал мекунанд.
Моддаи 80. Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба шахсон
- Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он қарор доранд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, инчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта (ба истиснои шахсоне, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда муқаррар кардаанд) татбиқ мегардад.
- Амали санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба намояндагони дипломатӣ ва кормандони ташкилотҳои ҳориҷӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад.
Моддаи 81. Мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
- Мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда бо мақсади пурракунӣ ва таҳлили иттилоот оид ба ҷараёни татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мушаххас гузаронида мешавад. Дар мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мақомоти дигари давлатӣ, ки вазифаҳои назоратӣ ва тафтиширо иҷро мекунанд, ширкат меварзанд. Мақомоти татбиқи ҳуқуқ барои мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолона мусоидат мекунанд, мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро бо иттилооти кофӣ оид ба ҷараёни татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмин менамояд.
- Натиҷаи мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, такмили ҳуқуқэҷодкунӣ, таъмини сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва самаранокии онҳо ба инобат гирифта мешавад.
- Мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷузъи мониторинги ҳуқуқӣ буда, барои иҷрои вазифаҳои умумии таҳлили мунтазам ва ҳаматарафаи рушди қонунгузории ҷумҳурӣ, ташаккули соҳаю институтҳои нави ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ, тағйири мавзӯъ ва усулҳои танзими ҳуқуқӣ, таъсири омилҳои объективӣ ва субъективӣ ба қонунгузорӣ мусоидат мекунад.
БОБИ 9. ТАФСИРИ РАСМИИ САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 82. Зарурат ва тартиби тафсири расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Дар сурати ошкор намудани носаҳеҳӣ ва гуногунфаҳмии санади меъёрии ҳуқуқӣ, амалияи ихтилофноки истифодаи он, мақомоти (шахси мансабдори) санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро қабулнамуда дар санади тафсир, ки хусусияти расмӣ ва ҳатмӣ дорад, тафсири меъёри онро пешниҳод менамояд.
- Санади тафсирии расмӣ метавонад аз тарафи дигар мақомоте низ қабул шавад, ки онҳо мувофиқи қонунгузорӣ барои тафсири ин ё он санади меъёрии ҳуқуқӣ ваколатдор карда шудаанд.
- Санадҳои тафсири расмии мақомоти дигар, ки ваколатдоранд ин ё он санади меъёрии ҳуқуқиро тафсир кунанд, дар он шакле қабул мегарданд, ки бо Қонуни мазкур қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор аз ҷониби онҳо пешбинӣ шудааст.
- Санади тафсири расмӣ бо санадҳои зерин қабул мегардад:
- бо қонуни конститутсионӣ барои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо қонун барои қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида;
- бо қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қарорҳои якҷояи онҳо;
- бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо фармоишу қарорҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутобиқан барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии онҳо. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи судиро оид ба амалияи татбиқи қонунгузорӣ ҷамъбаст намуда, тавзеҳоти дастурӣ медиҳанд ва онҳо барои судҳо, мақомоту шахсони мансабдоре, ки қонуни тавзеҳшударо татбиқ менамоянд, ҳатмӣ мебошанд.
- Ҳангоми тафсири санади меъёрии ҳуқуқӣ ба он ворид намудани тағйиру иловаҳо мумкин нест.
- Маънои санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ дар мавриди тафсир пурра мутобиқи қонун фаҳмонида ва дақиқ карда мешавад.
БОБИ 10. ТАРТИБИ ҲАЛЛИ ИХТИЛОФОТИ ҲУҚУҚӢ
ВА РОҲҲОИ БАРТАРАФСОЗИИ ОНҲО
Моддаи 83. Мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат кунанд ва аз ҷониби субъекти ҳуқуқэҷодкунанда дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гарданд.
Моддаи 84. Тартиби ҳалли ихтилофи байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
- Ихтилофи байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуногундараҷа тибқи низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, ҳал карда мешавад.
- Санади меъёрии ҳуқуқии баробардараҷа нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқии ҳамин дараҷа ҳангоми мавҷуд будани ихтилофҳо дар ҳолатҳои зерин қувваи бештари ҳуқуқӣ дорад, агар:
- ин санади меъёрии ҳуқуқӣ аз рӯи ҳамон як мавзӯи танзим нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ баъдтар қабул шуда бошад;
- мавзӯи танзими ин санади меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки умумӣ мебошад, махсус бошад.
- Дар сурати ба меъёрҳои қонунҳо ихтилоф доштани меъёрҳои қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот меъёрҳои қонунҳо амал мекунанд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
Моддаи 85. Роҳҳои бартараф намудани ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо роҳҳои зерин бартараф карда мешаванд:
- бо ҳам мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда;
- қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё боздоштани амали онҳо;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав;
- тафсири расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилидавлатӣ (ба истиснои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст.
Моддаи 86. Бартараф кардани норасоӣ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ
- Дар ҳолати пайдо кардани норасоӣ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ мақоми ҳуқуқэҷодкунанда, ки онро қабул кардааст, вазифадор аст ба он тағйиру иловаҳои дахлдоре ворид намояд, ки норасоиро бартараф месозанд.
- То ворид кардани тағйиру иловаҳои дахлдор норасоиҳо бо роҳи истифодаи қиёси қонун ва қиёси ҳуқуқ бартараф карда мешаванд.
- Истифодаи қиёси қонун ва қиёси ҳуқуқ дар мавриди маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон, инчунин муқаррар намудани ҷавобгарӣ манъ аст.
БОБИ 11. БАҲИСОБГИРӢ, БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТӢ
ВА МУРАТТАБСОЗИИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 87. Баҳисобгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди бақайдгирии давлатӣ, ба ҳисоб гирифта мешаванд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинигардида аз ҷониби мақоми (шахси мансабдори) онро қабул ё тасдиқнамуда ва қонунҳо пас аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар муҳлати на дертар аз 10 рӯз пас аз қабул ё тасдиқ дар шакли нусхаҳои қабул ё тасдиқшуда ва дар шакли электронӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирӣ, қайди давлатӣ ва дохил намудан ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шаванд.
Моддаи 88. Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ягонаи баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба он санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисми 2 моддаи 9 Қонуни мазкур номбаршуда, ворид карда мешаванд.
- Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин маълумот мебошад:
- номи мақоми қабул ё тасдиқнамудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- санаи қабул ва рақами санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- номи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- рамзи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маълумот дар хусуси бақайдгирии давлатӣ барои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бояд дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд;
- маълумот оид ба интишори расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- маълумот оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо, боздошти амал ё беэътибор донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби хронологӣ ворид карда мешаванд.
- Тартиби пешбурди Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 89. Санҷиш ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ба санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ месанҷад ва бақайдгирии давлатии онҳоро амалӣ мекунад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи мазкур танҳо баъд аз санҷиш, бақайдгирӣ ва интишори расмӣ эътибор пайдо менамоянд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, оқибати ҳуқуқӣ надоранд ва ҳамчун эътиборнадошта наметавонанд барои танзими муносибатҳои ҳуқуқии дахлдор ва татбиқи муҷозот барои иҷро накардани муқаррароти онҳо асос гарданд. Ҳангоми ҳалли баҳсҳо ба ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истинод овардан мумкин нест.
- Дар мавриди аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шудани бақайдгирии санади меъёрии ҳуқуқӣ вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардаанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намоянд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Дар сурати мухолифати санади меъёрии ҳуқуқии вазорат, кумитаи давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии навқабулшуда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани он қарор қабул намуда, онро барои маълумот ва аз эътибор соқит намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти онро қабулнамуда мефиристад. Қарор дар бораи аз Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мегардад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
Моддаи 90. Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 91. Назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи муқаррароти боби мазкурро аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мунтазам санҷиш ва назорат мекунад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Барои амалӣ намудани ваколати мазкур Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар се моҳ нақшаи гузаронидани санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро тасдиқ менамояд. Нусхаи нақшаи гузаронидани санҷишҳо ба воситаи почта ба вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар нақша дарҷ гардидаанд, фиристода мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати дастрас намудани маълумот оид ба қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ бе риояи тартиби муқарраршуда ва ё бидуни бақайдгирии давлатӣ дар амал татбиқ намудани ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳуқуқ дорад санҷиши ғайринақшавиро гузаронад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Дар сурати муайян намудани санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмие, ки аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул гардида, ба қайди давлатӣ гирифта нашудаанд, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи беэътибор донистани онҳо протокол тартиб дода, чопи онро дар нашрияи расмӣ таъмин менамояд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
- Барои риоя накардани муқаррароти боби мазкур аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шахсони мансабдори онҳо ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
Моддаи 92. Мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо дар маҳалҳо уҳдадоранд мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тибқи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд. Мақомоти мазкур нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисми 2 моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинишударо пеш мебаранд ва саривақт ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба онҳо таъмин менамоянд.
- Мақомоти давлатии дигар ва шахсони мансабдор уҳдадоранд мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба соҳаи фаъолияти онҳо дахл доранд, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи худро тибқи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, сари вақт ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба онҳо таъмин намоянд.
- Ҳангоми мураттабсозӣ тағйиру иловаҳои қабулгардида ба санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бо роҳҳои зерин ворид карда мешаванд:
- ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ, тағйиру иловаҳо бо ҳарфҳои сиёҳ навишта шуда, дар охири он дар қавсайн намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ, санаи қабул ва рақами он нишон дода мешаванд;
- ҳангоми дар таҳрири нав ифода намудани қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ, он бо ҳарфҳои сиёҳ навишта шуда, дар охири он дар қавсайн намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ, санаи қабул ва рақами он нишон дода мешавад;
- ҳангоми хориҷ намудани қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ, дар тарафи рости он ба ҳарфҳои сиёҳ калимаҳои «хориҷ карда шуд» навишта шуда, дар қавсайн намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ, санаи қабул ва рақами он нишон дода мешавад.
- Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор уҳдадоранд, ки дастрасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳои ба онҳо воридшударо ба воҳидҳои сохтории худ таъмин намоянд.
Моддаи 93. Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми электронии мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ мебошад.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд.
- Пешбурди Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда дар муҳлати 15 рӯз ба Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.
- Тартиби таъсис ва пешбурди Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 12. МУҚАРРАРОТИ ИНТИҚОЛӢ ВА ХОТИМАВӢ
Моддаи 94. Муқаррароти интиқолӣ
- Сохтори таркибии санади меъёрии ҳуқуқие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур қабул ё тасдиқ карда шудааст, дар шакли аввала то қабул ё тасдиқ намудани он дар таҳрири нав нигоҳ дошта мешавад.
- Дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур қабул ё тасдиқ карда шудааст, сохтори таркибии он мумкин аст тағйир дода нашуда, дар шакле ифода ёбад, ки ҳангоми қабул ё тасдиқи санади меъёрии ҳуқуқии мазкур амал мекард. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1632)
Моддаи 95. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 3, мод. 99; с. 2010, № 3, мод. 152; с. 2011, № 6, мод. 442) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 96. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе
30 майи соли 2017
№ 1414