Матн |
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАЪСИСИ РЕГИСТРИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Регистри аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, корбарии он ба зимаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
- Муқаррар гардад, ки ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Регистри аҳолии ноҳияи маъмурӣ буда, дар хусуси дигар кардани маҳалли истиқомат ва дигар маълумотҳое, ки бояд аз назари юридикӣ ба расмият дароварда шаванд, хабар медиҳад.
- Аз 1 январи соли 1993 ба ҳар шахси маскуни доимии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки барои истиқомати муваққатӣ ё таъҷилӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома доранд, ба сифати ҳаммонанди аломати рақами он коди ягонаи шаҳрванди дода шавад ва он ҳангоми таҳлили автоматикунонидашудаи маълумоти Регистри аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда шавад.
- Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июни соли 1992 тартиб додани коди шаҳрвандӣ ва ба ҳуҷҷатҳо дохил кардани онро тасдиқ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. НАБИЕВ
ш.Душанбе, 11 марти соли 1992
№ 563
|