Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 594
Ном ДАР БОРАИ ИСЛОҲОТИ ЗАМИН
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 05.03.1992
Матн

 

 

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи ислоҳоти замин

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992, №10, мод 139; соли 1994, №15-16, мод 252; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995, №22, мод 276; соли 1997, №9, мод. 117; соли 2006, №3, мод. 165)

 

Фасли  1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Вазифаҳо ва мақсади ислоҳоти замин

Вазифаҳои ислоҳоти замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳайё намудани шароит барои тараққиёти баробарҳуқуқи шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин, ташаккули иқтисодиёти бисёрсоҳа, истифодаи оқилона ва ҳифзи замин иборат буда, мақсадаш зиёд намудани махсулоти кишоварзӣ мебошад.

                  1

Моддаи 1 . Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти замин

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти замин ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқӯқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст.

 

Моддаи 2. Мундариҷаи ислоҳоти замин

1. Ислоҳоти замин маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилию техникӣ мебошад, ки ба муносибатҳои сифатан нави заминистафодабарӣ гузаштанро таъмин менамояд.

2. Дар ҷараёни гузаронидани ислоҳоти замин ҳуқуқӣ ҳар як шаҳрванд ва коллективи меҳнатӣ дар интихоби ихтиёрии шакли заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар замин таъмин мегардад.

Талаб кардани заминҳои бобоӣ ва вакф ба эътибор гирифта намешавад.

 

Моддаи 3. Самтҳои асосии ислоҳоти замин

Самтҳои асосии ислоҳоти замин аз инҳо иборатанд:

Ба  рӯйхатгирии  тамоми заминҳо аз рӯи гурӯҳҳо, тарзҳои заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва намудҳои замин;

муайян кардани заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашаванда барои ташкили фонди махсуси заминимақоми ҳокимияти иҷроияи мaҳаллӣ (ҳукумати ноҳия)бо мақсади азнавтақсимкунии он  баҳри самаранок истифода бурдани замин;

додани замин ба истифодаи якумраи меросӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва касбҳои анъанавии мардумӣ, инчунин қитъаи замини назди ҳавлигӣ;

аз нав тақсимкунии замин дар ҳолатҳои таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ;

муқаррар ва аниқ кардани cарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мaҳалҳои, аҳолинишин ва сохтори замину хоҷагидории онҳо;

ба расмият даровардан ва аз нав ба қайд гирифтан ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро муайян менамоянд.

 

Моддаи 4. Марҳилаҳои гузаронидани ислоҳоти замин

Ислоҳоти замин марҳила ба марҳила гузаронида  мешавад.

Дар марҳалаи аввал ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқи ихтиёрдории замин, аниқ намудани cарҳадҳои маъмурӣ, муайян намудани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба замин, ташкил кардани фонди махсуси замин барои аз нав тақсим намудани он дода мешавад.

Дар марҳалаи дуюм мақомоти иҷроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодабарӣ додани заминро амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 5. Мақомоте, ки ислоҳоти заминро амалӣ мегардонанд

1. Гузаронидани ислоҳоти замин ба ӯҳдаи мақомоти иҷроияи  мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад;

2. Хадамоти давлатии танзими замини  мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар мaҳалҳо оиди таъмини ислоҳоти замин вазифаҳои зайлро анҷом медиҳанд:

бақайдгирии давлатии заминистифодабарӣ ва ба рас­мият даровардани ҳуқуқи истифодаи замин;

баҳисобгирии давлатии замин, кадастри замин ва мониторинги за­мин;

амалӣ гардондани корҳои танзими замин, мураттаб сохтани нақшаҳои куллӣ истифодаи замин, нақшаю лоиҳахои танзими замин, баҳодиҳии замин ва ба харита даровардани гурӯҳи заминҳо;

назорати давлатӣ ба истифодаи замин;

Шӯроҳои депутатҳои халқ дар доираи салоҳияти худ оиди масъалаҳои ислоҳоту танзими замин дар асоси маводи пешниҳодкардаи аз тарафи Хадамоти давлатии танзими замини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамоянд;

 

Моддаи 6. Таъмини  молиявии    ислоҳоти замин

Ислоҳоти замин аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, заминистифодабарандагон ва дигар манбаъҳо гузаронида мешавад.

 

Фасли П. БАҲИСОБГИРИИ ЗАМИН

 

Моддаи 7. Вазифаҳо ва гузаронидани баҳисобгирии замин

Баҳисобгирии замин бо мақсади аниқ кардани маълумотҳо оиди мавҷудият ва тақсимоти фонди замини Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаро­нида мешавад.

Баҳисобгирии замин аз рӯи гурӯҳ, заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва намудҳои он гузаронида мешавад.

 

Фасли III. ФОНДИ МАХСУСИ ЗАМИНИ МАҚОМИ ҲОКИМИЯТИ ИҶРОИЯИ МAҲАЛЛӢ (ҲУКУМАТИ НОҲИЯ)

 

Моддаи 8. Ташкили фонди махсуси замин

1. Фонди махсуси замин аз ҳисоби заминҳои зайл ташкил карда мешавад:

заминҳое, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо мутобиқи моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад;

заминҳои кишоварзии аз истифода баромада ё ба қатори замин­ҳои қиматашон пасттар гузаронидашуда;

заминҳои эҳтиётӣ;

заминҳoи бе дарахту буттазори фонди ҷангал, ки барои истифода дар истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқанд;

заминҳое, ки ғайриоқилона  истифода бурда мешаванд;

заминҳои дигари ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, ки пештар дар ислоҳоти кишоварзӣ истифода нашудаанд;

2. Заминҳои фонди махсуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар соли ҷорӣ пурра тақсим нашудаанд, ба фонди захираи давлатӣ дохил карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Таъминоти фонди махсуси замин

Фонди махсуси заминро мақомоти иҷроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақсади истифодаи кишоварзӣ ва дигар мақсадҳо медиҳанд;

 

Моддаи 10. Муайян намудани заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашаванда

1. Заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашавандаро мақоми  давлатии  заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи баҳисобгирӣ, инчунин мувофиқи тартиби назорат ба риояи қонунҳои замин, тартибдиҳии нақшаю лоиҳаҳои танзими замин, бурдани кадастри замин ва мониторинга он муайян менамоянд.

2. Ҳуҷҷатҳо оиди муайян намудани заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашаванда барои ҳалли масъалаи мусодира ва ба фонди махсуси замин дохил намудани онҳо ба мақоми ҳокимияти иҷроияи мaҳаллӣ (ҳукумати ноҳия) пешниҳод карда  мешаванд.

 

Моддаи 11. Гирифтан ва ба фонди махсус дохил намудани замин

Қитъаҳои заминро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз                           заминистифодабарандагон ба фонди махсус дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад.

Барои мусодира намудани қитъаҳои замин ва ба фонди махсус дохил намудани онҳо розигии заминистифодабарандагон талаб карда намешавад.

Ҳангоми ба қарори мусодираи замин розӣ набудан истифодабарандаи замин метавонад ба суд ё суди иқтисодӣ  шикоят кунад;

То вақти ба заминистифодабарандагони нав супурдани заминҳо онҳоро заминистифодабарандагони собиқ истифода мебаранд.

 

Моддаи  12. Шартҳои тақсимкунии фонди махсуси замин

1. Қитъаҳои замин аз фонди махсус мувофиқи тартиби танзими замин, чун қоида, яклухт ҷудо карда мешаванд.

2. Қитъаҳои замин аз фонди махсус дар навбати аввал ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодаи кишоварзӣ дода мешаванд.

3. Шаҳрвандони дар мaҳалҳои дахлдор истиқоматдоштае, ки дорои донишу ихтисоси махсуси кишоварзӣ мебошанд ва дар соҳаи ки­шоварзӣ таҷрибаи кори амалӣ доранд, барои гирифтани қитъаи замин, ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

Ба хоҷагиҳои кишоварзии ёрирасони корхонаю иттиҳодияҳо ва муассисаю ташкилотҳои саноатӣ ва дигар корхонаю идтиҳодияҳо ва муассисаю ташкилотҳо қитъаҳои замин дар асоси озмун дода мешаванд.

 

Фасли IV. ТАҶДИДИ СОХТОРИ ТАШКИЛОТУ  КОРХОНАҲОИ  КИШОВАРЗӢ ВА ИСЛОҳОТИ ЗАМИН

 

Моддаи 13. Шаклҳои хоҷагидорӣ

Таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ новобаста аз тобеияташон бо роҳи ташкил намудани хоҷагии деҳконӣ, ширкати хоҷагидорӣ, кооперативи истеҳсолӣ ва дигар шаклҳои хоҷа­гидорӣ бо розигии коллективҳои меҳнатӣ гузаронида мешаванд.

 

Моддаи 14. Ба расмият даровардани қитъаҳои замин ҳaнгоми таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ

1. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, ширкати хоҷагидорӣ, кооперативӣ, истеҳсолӣ, дигар намуди  хоҷагидорӣ, ки дар ҷараёни таҷдид ташкил меёбанд, қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои таҷдидгардида дода мешаванд.

2. Андозаи қитъаи замине, ки барои хоҷагии деҳқонӣ, кооперативҳои кишоварзӣ, коллективҳои иҷоравӣ дода мешавад, аз рӯи миқдори заминхои мавҷудаи хоҷагӣ муайян мегардад, ки он ба фонди тақсимшаванда ҷудо карда мешавад.

3. Мақомоти  иҷроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси лоиҳаи заминсозӣ оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин ба заминистифодабарандагони  нав қарор қабул мекунад;

Баъди қабули қарор лоиҳаи заминсозӣ амалӣ мегардад ва ҳуқуқи истифодаи замин барои заминистифодабаранда ба расмият дароварда мешавад.

 

Моддаи 15. Ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии хоҷагиҳои муассисаҳои илмӣ

Ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии пойгоҳҳои кишоварзӣ,нуқтаҳои ёрирасонии муассисахои илми- тадқиқотӣ ва хоҷагиҳои ба онҳо баробар эътирофшуда, хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ, растанипарварӣ ва зотпарварӣ танҳо ба розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Фа сл и V. МУҚАРРАР НАМУДАНИ САРҲАДИ ВОҲИДҲОИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ ВА  МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН

Моддаи 16. Аниқ ва муқаррар намудани ҳудудҳои мaҳалҳои аҳолинишин

Аниқу муқаррар намудан ва ё тағйир додани cарҳади мaҳалҳои аҳолинишин дар мавридҳои зайл сурат мегирад:

набудани cарҳадҳои мaҳали аҳолинишин;

тағйир ёфтани нақшаи генералии мaҳали аҳолинишин;

додани замини иловагӣ барои эҳтиёҷоти мaҳали аҳолинишин.

Барои ҳар як мaҳали аҳолинишин ва воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ cарҳадҳоро тафсир намуда, маводи нақшаю харита тартиб дода мешавад.

Сарҳади мaҳалҳои аҳолинишини деҳотро мақомоти иҷроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд.

Сарҳадҳои мaҳалҳои аҳолинишин ва воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, ки мувофиқи тартиби муайяншуда тасдиқ шудаанд, дар асл, бо аломатҳои марзӣ ҷудо карда мешаванд.

 

Моддаи 17. Додани замин дар мaҳалҳои аҳолинишини деҳот

Додани замин ва дигар муносибат дар ҳудуди мaҳалҳои аҳолинишини деҳот мутобиқи моддаи 8 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Фасли VI. БАРАСМИЯТДАРОРӢ ВА ТАҶДИДИ РАСМИЯТИ ҲУҶЧАТҲОИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАБАРИИ  ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН

 

Моддаи 18.Тартиби азнавбақайдгирии ҳуҷҷатҳо

1.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар истифодаашон қитъаи замин доранд,дар ҳолати надоштани ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ба мақомоти иҷроияи мaҳаллӣ ҳокимияти давлатӣ бо дархост муроҷиат менамоянд.

2. Мақомоти иҷроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ дархости воридшударо ба қайд гирифта, барои тайёр намудани пешниҳодот ба мақомоти маҳаллии заминсозӣ мефиристад.

3. Мақомоти иҷроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд дар муддати як моҳ дархости аз нав барасмиятдарории ҳуҷҷатҳоро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул намоянд.

4. Мақомоти маҳаллии заминсозӣ оид ба муайян намуданиҳудудҳои заминистифодабарӣ бо дарназардошти гирифтани қитъаи замин ба фонди махсус, инчунин тағйир додани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин корҳои заруриро иҷро менамояд ва ҳуҷҷатҳоро (лоиҳаи заминсозиро) барои тасдиқ ба мақомоти иҷроияи мaҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод менамояд. Баъди тасдиқи ҳуҷҷатҳо (лоиҳаи заминсозӣ) ва дар маҳал нишон додани сарҳадҳо ба заминистифодабаранда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин дода мешавад.

5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қитъаи замин доранд, дар сурати доштани ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандаи ҳуқуқи истифодаи замин, барои бақайдгирӣ ба мақомоти маҳаллии заминсозӣ бо дархост муроҷиат менамояд.

6. Мақоми маҳаллии заминсозӣ дархостро баррасӣ намуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи истифодаи заминро ба қайд мегирад ва ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин медиҳад.

 

Моддаи 20. Ба расмият даровардани ҳуҷҷати ҳуқуқи истифодаи якумраи меросии замин

1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ истиқомат мекунанду дар ихтиёри худ замин доранд ва ин замин ба онҳо ба мақсадҳои дар моддаи 12 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷи­кистон зикршуда дода шудааст, асноди тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи якумраи меросии замин.

2. Ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ба замине, ки барои боғдорӣ ва обчакории дастҷамъӣ ҷудо шудааст ва ба қитъаҳои замине, ки мавриди истифодаи инфиродии аъзоёни рафоқат мебошанд, санадҳои давлатии ҳуқуқи соҳибии якумрии меросӣ дода мешавад.

3. Аъзои рафоқати боғдорӣ ва обчакорӣ ҳуқуқ дорад мувофиқи хоҳиши худ иморату дарахтони ба ӯ тааллуқдоштаро дар қитъаи за­мине, ки ба соҳибии якумрии меросӣ дода шудааст, ба шахси дигар фурушад ё ройгон диҳад. Дар ин маврид розигии рафоқат талаб кар­да намешавад.

 

Моддаи 21. Нигоҳ доштани ҳуқуқи истифодабарии замин то ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо

То барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои исти­фодаи замин,шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии қаблан муайяншуда ҳуқуқи  истифодаи қитъаҳои заминро нигоҳ медоранд.

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                       Р. НАБИЕВ

5 марти соли 1992  шаҳри Душанбе.

№ 594.

 


ҚАРОРИ ШӮРОИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар хусуси татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин»

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992, №10, мод 140)

 

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» аз лаҳзаи ба нашр расиданаш татбиқ карда шавад.

 

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    С. КЕНҶАЕВ

5 марти соли 1992  шаҳри Душанбе.

№ 595.

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ