Матн |
Лоиҳа
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, №1 қисми 2, мод. 15; Қонуни ҶТ аз 01.08.2012с., №888)
Моддаи 1. Нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад (минбаъд - нишондиҳанда барои ҳисобҳо). (ҚҶТ аз 01.08.2012с., №888
Ҳар сол муқаррар намудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли дахлдор бояд ҳамчун қоида бо дарназардошти сатҳи беқурбшавӣ, ки барои соли дахлдор пешбинӣ карда мешавад, сурат гирад.
Моддаи 2. То мутобиқ намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни мазкур калимаҳои «ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат», «музди меҳнати ҳадди ақал», «ҳаҷми ҳадди ақали моҳонаи музди меҳнат», «музди меҳнати ҳадди ақали моҳона» барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, ҳамчун калимаҳои «нишондиҳанда барои ҳисобҳо» дониста шаванд.
Моддаи 3. Қонуни мазкур аз 1 июли соли 2008 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
5 январи соли 2008
№350
|