Матн |
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" ноябри соли 2017, № 549
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАҲОИ ФАРҲАНГ, САНЪАТ ВА ТАБЪУ НАШРИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
- МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 (минбаъд - Барнома) самтҳои афзалиятнок, вазифа ва механизмҳои амалишавии сиёсати давлатиро дар омода кардани кадрҳои соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашр муайян намуда, ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон шароити зарурӣ фароҳам меоварад.
- Барнома низоми ягонаи тайёр намудани мутахассисони соҳа, ташаккули низоми устувори такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои соҳа, баланд бардоштани самаранокии таҳсилот дар соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашр тақвияти заминаи моддию техникӣ ва илмию методии муассисаҳои таълимиро ба роҳ мемонад.
- Барнома барои мукаммалгардонии шаклҳои тарбияи кадрҳои соҳаи фарҳанг, баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ, такмили касбияти кормандони педагогӣ ва эҷодии муассисаҳои таълимӣ, рақобатпазирӣ ва ҷолибияти сармоягузории соҳаи таҳсилот мусоидат менамояд.
- ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ИМРЎЗАИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ФАРҲАНГӢ
- Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳанги кишвар ва маҷмўи мушкилоти мавҷуда як силсила қонун ва барномаҳои давлатӣ қабул шуданд, ки боиси беҳбуди фаъолияти муассисаҳои соҳа гардиданд.
- Дар даврони истиқлолияти давлатӣ Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, коллеҷи хореографӣ, Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ"и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода табдил дода шуд.
- Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳа ба шабакаи ягонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷаҳонӣ пайваст гардиданд, ки ин раванд ба ҷараёни таълим, корҳои илмӣ-методӣ, тадқиқотӣ, инчунин ба робитаҳои таълимию эҷодӣ ва омўзиши таҷрибаи пешқадам мусоидат менамояд.
- Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар таҳрири нав қабул гардида, дар асоси онҳо барнома ва нақшаҳои нави таълимӣ таҳия ва тасдиқ карда шуданд.
- Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба низоми бисёрзинагии таҳсилот пурра гузаштанд ва айни замон гузариш ба низоми кредитии таҳсилот мутобиқи меъёрҳои миллӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ идома дорад.
- Тайи солҳои охир заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳа тақвият дода шуд. Ягона сози арғунун дар кишвар таъмир, муассисаҳои таълимӣ бо компютер, ҷиҳози нави синфхонаҳо, асбобҳои мусиқӣ, фортепиано, кондитсионер, гармкунакҳои барқӣ, молҳои канселярӣ ва дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин гардиданд. Дар баробари ин таваҷҷуҳ ба сифати таълим ва тарбияи мутахассисон меафзояд.
- Новобаста аз ин дастовардҳо ҳанўз ҳам мушкилоти таъминот бо мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаҳои фарҳангу санъат, муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва эҷодӣ-касбӣ ба назар мерасад. То ҳол мониторинги воқеии таъминот бо кадрҳо дар муассисаҳои соҳа бапуррагӣ анҷом дода нашудааст.
- Дар 84 мактаби мусиқӣ ва бадеии кишвар 11 123 нафар тарбиятгирандагони синни аз 7 то 15-сола ҷалб гардидаанд, ки ҳамагӣ 16% онҳо минбаъд таҳсилро дар низоми таҳсилоти миёнаи касбии соҳа идома медиҳанд.
- Дар ҷумҳурӣ 3 865 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 1 миллиону 837 ҳазору 762 хонанда таҳсил менамоянд ва аз ин шумора ҳамагӣ 0,56 % ба мактабҳои мусиқӣ ва бадеӣ фаро гирифта шудаанд.
- Илми соҳаҳои фарҳангу санъат ҳамчунин ниёз ба таваҷҷуҳи хоса дорад. Айни замон, гарчанде дар муассисаҳои соҳаи фарҳанг 1 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 доктори илм, 53 номзади илм, 20 профессор ва 8 дотсент фаъолият дошта бошанд ҳам, гузаронидани пажўҳишҳои илмӣ дар соҳаҳои осорхонашиносӣ, таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, таъмиру тармим, санъатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
- Муассисаҳои фарҳангу санъат дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо кадрҳои касбии соҳавӣ пурра таъмин нестанд.
- Нарасидани мутахассисон дар муассисаҳои фарҳангӣ боиси он гардидааст, ки чорабиниҳо хусусияти мавсимӣ доранд, шумораи маҳфилҳои гуногун дар муассисаҳои фарҳангӣ дар маҳалҳо коҳиш ёфта, ташаббусҳои нави эҷодӣ кам ба назар мерасанд.
- Дар мамлакат 17 муассисаи театрии касбӣ, 5 муассисаи консертӣ, 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, аз ҷумла 3 мактаби олӣ, 6 коллеҷи санъат, фарҳанг, хореографӣ ва рассомӣ, 2 мактаб- интернати миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат, 84 мактаби мусиқии кўдакон, санъат ва рассомӣ ва 3 маркази методии вилоятӣ фаъолият доранд.
- Дар самти навсозии барнома ва муҳтавои намоишномаҳои театрӣ масъалаҳои баҳсталаб зиёд буда, такмили ихтисос, бозомўзӣ ва таҷрибаомўзӣ дар театрҳо беҳбудиро талаб менамояд.
- Айни замон дар театрҳо коргардонҳо намерасанд ва дар 6 театре, ки мақоми мусиқӣ-мазҳакавӣ, мусиқӣ-драмавӣ доранд, қисми мусиқӣ, оркестрҳои академӣ, мудирони бахши мусиқӣ мавҷуд набуда, дар аксари театрҳои халқӣ асарҳои баландпояи мусиқӣ-драмавӣ, мусиқӣ-мазҳакавӣ офарида ва ба саҳна гузошта намешаванд.
- Яке аз масъалаҳои асосӣ барои санъати мусиқии касбӣ ва раванди таълим дар муассисаҳо ин таъминот бо созҳои мусиқӣ мебошад. Масъалаи илман ба роҳ мондани такмилёбии созҳои миллӣ ҳалли худро наёфтааст. Айни замон истеҳсоли созҳои миллӣ ба дўши устоҳои худомўз ва ғайрикасбӣ вогузор гардидааст.
- Оркестри созҳои миллии Тоҷикистон ба дирижёр, консертмейстер, навозанда, такмилдиҳанда ва коргардони сабти овози асарҳои композиторони ҷаҳонӣ ва муосир ниёз дорад.
- Баъзе тахассусҳои сирф мусиқӣ, аз қабили ҷўрсоз, дирижёри оркестри симфонӣ ва созҳои миллӣ, яккахонони опера, навозандагони созҳои арғунун, арфа, гобой, фагот, флейта, виолончел, контрабас, валторна, труба, тромбон дар ҳолати аз байн рафтан қарор доранд.
- То ҳол ба таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисосҳои роҳбари бадеӣ, режиссёр-таҳиягар, рассомдекоратор, рассом-бутафор, рассом-пардозгар, мутахассиси ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, режиссёри театрҳои драмавӣ-мусиқӣ, режиссёри театрҳои драмавӣ, тармимгари китобу дастхатҳо, корманди мусиқии муассисаҳои томактабӣ ва устоҳои созҳои мусиқӣ ворид карда нашудааст.
- Тибқи маълумоти оморӣ айни замон дар муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 540 корманд фаъолият мекунад, ки аз онҳо 7055 нафар занҳо мебошанд. Аз ин шумора 6892 нафар (44,3%) дорои таҳсилоти олӣ, 4034 нафар (25,9%) таҳсилоти олии нопурра (миёнаи махсус) ва 4614 нафар (29,7%) таҳсилоти миёна мебошанд.
- Ҳайати омўзгорони муассисаҳои таълимии соҳа 2 777 ва шумораи донишҷўёну хонандагон 15 237 нафарро ташкил медиҳад. Дар муассисаҳои таълимӣ 4104 донишҷў ва хонанда таҳсил намуда, дар ин муассисаҳо 1671 нафар устод фаъолият менамоянд. Дар мактабҳои ибтидоии мусиқӣ, санъат ва рассомӣ 1106 омўзгор ба 11 133 хонанда таълим медиҳанд. Аз 1671 омўзгор муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии соҳа 1220 нафар бо маълумоти олӣ фаъолият доранд.
- Дар баробари ин сохторҳои ҷумҳуриявии тобеи вазорат ба 250 нафар, муассисаҳои нашриявӣ ва матбуот ба 19 нафар, муассисаҳои театрии шаҳру ноҳияҳо ва вилоят ба 90 нафар мутахассисон эҳтиёҷ дошта, норасоии кадрҳо дар муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар маҷмўъ 1 066 нафарро ташкил медиҳад.
- Чунин вазъият боиси паст гардидани сифати чорабиниҳои фарҳангӣ, коҳиш ёфтани шумораи истифодабарандагони сарватҳои фарҳангӣ, аз ҷумла тамошобинон ва хонандагони китобхонаҳо гардидааст. Бинобар ин зарурати таҳияи консепсияи ташаккули марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва низоми нави идоракунии иҷтимоӣфарҳангӣ ба миён омадааст.
- Матбуот ва табъу нашр рукни муҳими ҷомеаи демократӣ ба шумор рафта, нақши онҳо дар раванди инъикоси ҳаёт ва ташаккули афкори ҷомеа басо муҳим арзёбӣ мегардад.
- Тўли солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои электронии ахбор рушд намуда, дар баробари нашрияҳои расмиву ҳукуматӣ матбуоти хусусиву тиҷоратӣ афзуда, бозори иттилоотиро ба вуҷуд оварданд.
- Барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма, пеш аз ҳама заминаҳои ҳуқуқии пайваста такмилёбанда фароҳам оварда шуданд.
- Бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ташаккул ва амалӣ намудани фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ" дар таҳрири нав қабул гардид.
- Имрўз сохтори воситаҳои ахбори омма, махсусан матбуоти давриро нашрияҳои расмиву давлатӣ, иҷтимоию ҳизбӣ, хусусиву тиҷоратӣ, соҳавию кооперативӣ ташкил медиҳанд.
- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни фаъолияти муассисаҳои нашриявии мамлакат тағйироти куллӣ ба амал овард ва дар ин замина теъдоди нашриётҳои хусусӣ зиёд гардид, ки онҳо бо дастгоҳҳои полиграфии муосир муҷаҳҳаз мебошанд.
- Тибқи маълумоти бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр дар ҷумҳурӣ 373 рўзнома, 243 маҷалла, 313 матбаа, 44 нуқтаи фурўши китоб, 70 нашриёт, 10 агентии иттилоотӣ фаъолият менамоянд.
- Афзоиши мунтазами муассисаҳои нашриявӣ, бешак, ба табъу нашри саривақтии китобҳо ва дигар маводи чопӣ мусоидат намуда, боиси дастрасии боз ҳам бештари адабиёти илмӣ, бадеӣ, тавзеҳӣ ва техникӣ ба шаҳрвандон мегардад. Ҳамзамон, муассисаҳои табъу нашр барои беҳдошти хушрангӣ ва ҷозибтар гардидани ороиши китобҳо кўшиш менамоянд.
- Дар баробари ин ҳанўз таҷрибаи кофӣ надоштани баъзе муассисаҳои интишории ҷамъиятиву хусусӣ ва ба кор ҷалб накардани мутахассисон, аз қабили муҳаррирон, мусаҳҳеҳон ва муқарризон боиси ба табъ расидани китобҳои аз нигоҳи мазмуну мундариҷа камарзишу бесифат мегарданд, ки ин албатта завқи китобхонӣ ва маърифати хонандаро паст мекунад.
- Барои тарбияи чунин мутахассисон мисли муҳаррир, мусаҳҳеҳ, мутарҷим, муҳаррири техникӣ, веростор, ҳуруфчин ва муқарриз бояд чораҳои зарурӣ андешида шавад, ки фаъолияти онҳо барои нашри ҷиҳати беҳтару хубтари асарҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, таълимӣ ва бадеӣ мусоидат карда, ба таҳаввули камолоти фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа ёрӣ мерасонад. Зимнан таъсис додани лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма ва таъмини он бо таҷҳизоти лозима зарур аст.
- Дар Тоҷикистон масъалаи омўзиш ва таҳқиқи мероси фарҳангии тоҷикон дар сохторҳои марбутаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар алоҳидагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, вале таҳлили воқеии иқтидори таълимӣ ва тадқиқотии соҳаи фарҳанг дар самти ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ ва механизми мушаххаси ҷалби коршиносон барои омўзиши илмӣ ва пешниҳоди номинатсияҳо ба Рўйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО вуҷуд надорад.
- Натиҷаи таҳлилҳо нишон медиҳад, ки яке аз мушкилоти асосии соҳа нарасидани кадрҳои касбӣ мебошад, ки ба рушди соҳаи фарҳанг таъсири манфӣ мерасонад.
- Бо мақсади тайёр кардани мутахассисон амалисозии тадбирҳои зерин зарур мебошанд:
- ҷорӣ кардани таҳсилоти муттасили сезинагӣ;
- тарбияи мақсадноки мутахассисон барои муассисаҳои соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашр тибқи фармоиши давлатӣ;
- таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар;
- ба роҳ мондани курсҳои бозомўзӣ ва шаклҳои дигари такмили ихтисос;
- ба тартиб даровардани низоми дурнамо ва банақшагирии талаботи соҳаҳои фарҳанг ва санъат ба кадрҳо;
- тарбияи мутахассисони касбӣ ва ҷавобгўй ба талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ барои муассисаҳои табъу нашри ҷумҳурӣ;
- рушди фаъолияти студияҳои театрӣ;
- таъсиси гурўҳҳои доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба танзими методии соҳа;
- беҳтар намудани сифати маҳсулоти чопӣ, таҷдиди назар намудани сиёсати нархгузорӣ ба маҳсулоти чопӣ ва таъсиси нуқтаҳои фурўши китоб дар минтақаҳои дурдаст.
- Барномаи мазкур дар маҷмўъ таҳсили донишҷўёнро аз рўи 56 ихтисоси соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашр, аз ҷумла дар хориҷи кишвар пешбинӣ менамояд.
- МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
- Мақсади асосии Барнома пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самараноки соҳаи фарҳанг дар давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат ва дар ин замина беҳтар кардани сифати баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ мебошад.
- Барои ноил гардидан ба мақсадҳои асосӣ ва амалӣ намудани онҳо тадбирҳои зерин андешида мешаванд:
- зиёд намудани квота барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаҳои фарҳангу санъати хориҷӣ тибқи ихтисосҳои барои ҷумҳурӣ зарур;
- танзими масъалаи фиристодани донишҷўён ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар дар доираи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон", квотаҳо ва назорати бозгашти онҳо баъди хатм;
- тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат фароҳам овардани шароити мусоид барои ворид шудани муассисаҳои таълимии соҳаҳои фарҳангу санъат ба низоми ягонаи таҳсилот;
- омода ва чопи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ;
- таъмини талаботи соҳа бо мутахассисони таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;
- фароҳам овардани шароит барои ташаккули фазои ягонаи таҳсилот дар соҳаи фарҳанг;
- ташаккули низоми устувори такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр;
- дастгирии санъати навозандагӣ, овозхонӣ, рассомӣ, хореографӣ ва композиторӣ, дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод;
- рушди касбияти афзалиятнок, ҳамаҷониба ва мақсаднок дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат, табъу нашр;
- ҳифз ва ташаккули суннатҳои анъанавии "Устод-шогирд" ҳамчун ҷанбаи мукаммали таълимӣ;
- баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир барои соҳаҳои фарҳанг ва санъат, табъу нашр;
- ҷорӣ намудани технологияи муосири компютерӣ, воситаҳои техникӣ, усулҳои пешрафта ва натиҷаҳои эътирофшудаи таҳқиқотҳои илмӣ;
- тарбияи мутахассисони соҳаҳои табъу нашр - муҳаррирон, мусаҳҳеҳон, тарҷумонон, муҳаррирони техникӣ, саҳифабандҳо ва тақризгарон;
- таъсиси шуъбаҳои нашрияи содиротӣ дар муассисаҳои табъу нашр ва тарбияи кадрҳо дар ин самт.
- САМТҲОИ АСОСИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
- Баҳри таъмини муассисаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисон дар Барнома самтҳои афзалиятноки зерин муайян карда шудаанд:
- тайёр намудани кадрҳои эҷодӣ барои фаъолияти касбӣ дар соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашр;
- ба низом даровардани системаи дурнамо ва банақшагирии эҳтиёҷоти соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр ба мутахассисон;
- такмили заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашр;
- ба низом даровардани нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ дар асоси стандартҳои нав, амалисозии низоми сезинагии таҳсилот, ҷорӣ кардани технологияҳои нав ва куллан тағйир додани сифати таҳсилот, такмили низоми ягонаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, рушди илм, ҷорӣ кардани фармоиши давлатӣ тибқи эҳтиёҷот ба кадрҳо ва дурнамои иҷтимоию иқтисодии кишвар;
- таъсиси коллективҳои нави эҷодии кўдакон ва наврасон - хори кўдакон, оркестри симфонӣ ва зарбӣ-нафасӣ, оркестри созҳои халқӣ, ансамблҳои гуногун ва якканавозон, студияҳои санъати тасвирӣ, овозхонии академӣ ва композиторони наврас;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи муназзами муассисаҳои таълимии соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашр, азнавсозӣ ва такмили мундариҷа, сохтор ва шакли таълим бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва принсипҳои рушди устувор, баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир барои соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашр;
- назорат, танзим ва ҳамоҳангсозии фаъолияти нашриёт, матбааҳо ва нашрияҳои даврӣ;
- ҳифзу нигоҳдории мероси хаттии миллӣ, бақайдгирии маҳсулоти чопии мамлакат, рақамигардонӣ ва бунёди фонди бойгонии миллии электронӣ, тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳлилӣ, хулосавӣ-реферативӣ, таснифотӣоморӣ, нашрӣ-таҳрирӣ, назорати истифодаи дурусти нашриёт ва матбааҳо.
- САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
- Сарчашмаҳои асосии маблағгузории Барнома инҳо мебошанд:
- маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ;
- маблағҳои грантӣ;
- маблағҳои ғайрибуҷетӣ (маблағҳои аз ҳисоби пешниҳоди хизматрасониҳо ва дигар пардохтҳои иҷоравӣ воридшаванда).
- МУҲЛАТИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
- Чорабиниҳои Барномаи мазкур дар давоми солҳои 2018-2022 амалӣ гардида, дар ин давра донишҷўён аз рўи ихтисосҳои гуногуни эҷодӣ ва илмӣ дар муассисаҳои таълимии хориҷӣ таҳсил хоҳанд кард.
- Барномаи мазкур марҳилаи навбатии амалисозии чорабиниҳо оид ба таъмини муассисаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мутахассисони касбӣ фаро мегирад.
- НАТИҶАҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
- Баъди амалисозии нақшаи чорабиниҳои Барнома натиҷаҳои зерин ба даст хоҳанд омад:
- муассисаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони соҳавӣ таъмин мегарданд;
- дар ҷумҳурӣ низоми устувори такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр ба вуҷуд меояд;
- сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаи касбии мутахассисони соҳа баланд мегардад;
- заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашр мустаҳкам мегардад;
- низоми ҳавасмандгардонии коллективҳои эҷодӣ ва дастгириии шахсони соҳибистеъдод ба роҳ монда мешавад;
- низоми тарғибу ташвиқи мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳанги халқи тоҷик - ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои шифоҳӣ ва шакли баёни онҳо, ба мисли забон, санъат, анъана, урфу одат, донишу малакаи ҳунарҳои анъанавӣ, дастхатҳои нодир ва ворид намудани онҳо ба Рўйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО рушд меёбад;
- навсозии инфрасохтори инноватсионии (технопаркҳо, технополисҳо) муассисаҳои таълимӣ анҷом дода мешавад;
- бо дарназардошти рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа банақшагирии дурнамои тайёр кардани кадрҳои соҳа ба роҳ монда мешавад;
- такмили сохтори системаи сезинагии таҳсилоти мусиқӣ, ҳатмигардонии он ҳангоми тайёр кардани кадрҳои соҳаи мусиқии касбӣ, васеъ намудани шабакаи коллеҷҳои санъат, мактабҳои мусиқӣ ва санъати кўдакон вобаста ба фарогирии ҷуғрофии аҳолӣ дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ ва минтақаҳо анҷом дода мешавад.
- Нақшаи чорабиниҳои Барнома, сарчашмаҳои маблағгузории он ва талаботи кадрӣ замима мегарданд (замимаҳои 1 ва 2 ).
Замимаҳои 1 ва 2
Замимаи 1
ба Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022
Нақшаи
чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои
фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022
№
|
Номгўйи чорабиниҳо
|
Масъулон
|
Маблағи умумӣ хароҷот
(ба ҳисоби ҳазор сомонӣ)
|
Муҳлати иҷро
|
Сарчашмаҳои маблағузорӣ
|
1
|
Таҳияи нақшаҳои мушаххаси чорабиниҳо оид ба татбиқи нишондодҳои Барнома
|
Вазорати фарҳанг
|
-
|
2018
|
|
2
|
Мукаммалгардонии нақша ва барномаҳои таълимӣ бо дарназардошти стандартҳои давлатӣ
|
Вазорати фарҳанг, муассисаҳои илмӣ ва таълимии соҳа
|
-
|
2018
|
|
3
|
Таҳияи консепсияи рушди таҳсилоти ибтидоии мусиқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм,
Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳи илмӣ – татқиқотии фарҳанг ва иттилоот
|
-
|
2019
|
Вазорати фарҳанг
|
4
|
Таҳияи Барномаи рушди муассисаҳои табъу нашр
|
Вазорати фарҳанг
|
-
|
2019
|
Вазорати фарҳанг
|
5
|
Баргузории чорабиниҳои илмӣ, амалӣ ва методӣ (конференсияҳо, семинарҳо) вобаста ба ҳамоҳанг-созии масъалаҳои таълим дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, менеҷменти фаъолияти омўзгорӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва иттилоотӣ
|
Вазорати фарҳанг
|
30,0
|
ҳамасола
|
Вазорати фарҳанг
|
6
|
Таъсиси факултаи такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳо дар сохтори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов
|
Вазорати фарҳанг
|
аз ҳисоби маблағҳои махсус
|
ҳамасола
|
Вазорати фарҳанг
|
7
|
Такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳангу санъат ва табъу нашр дар доираи семинар-тренингҳо, курсҳои бозомўзӣ дар хориҷи кишвар
|
Вазорати фарҳанг
|
45,0
|
ҳамасола
|
Вазорати фарҳанг
|
8
|
Тайёр кардани кадрҳо дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар тибқи талаботи кадрӣ (замимаи 3)
|
Вазорати фарҳанг
|
815,0
788,0
674,0
625,0
555,0
|
2018
2019
2020
2021
2022
|
Вазорати фарҳанг
|
9
|
Пешниҳод дар бораи таъсиси студияи миллии актёрӣ дар назди Академияи санъати театрии Россия (ГИТИС)-и шаҳри Москва дар доираи квотаҳои таълимӣ
|
Вазорати фарҳанг,
Вазорати
маориф ва илм
|
тибқи квотаи Федератсияи Россия
|
-
|
-
|
10
|
Таҳия ва нашри адабиёти нави таълимӣ-методӣ, нотаҳо, маҷмўаҳо, рисолаҳои илмӣ, китобҳои мусиқӣ оид ба соҳаи мусиқии касбӣ
|
Вазорати фарҳанг,
|
50,0
|
ҳамасола
|
Вазорати фарҳанг
|
11
|
Даъвати мутахассисон аз хориҷи кишвар
|
Вазорати фарҳанг
|
50,0
|
ҳамасола
|
Вазорати фарҳанг
|
12
|
Иштирок дар фестивал ва озмунҳои байналмилалӣ
|
Вазорати фарҳанг
|
50,0
|
ҳамасола
|
Вазорати фарҳанг
|
13
|
Баргузории фестивалу озмунҳои санъати касбӣ
|
Вазорати фарҳанг
|
50,0
|
ҳамасола
|
Вазорати фарҳанг
|
14
|
Таъмини базаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, касбӣ-эҷодӣ бо таҷҳизоти зарурӣ
|
Вазорати фарҳанг
|
100,0
|
ҳамасола
|
Вазорати фарҳанг
|
15
|
Зиёд намудани шумораи квотаҳо барои довталабон аз ноҳияҳои кўҳистони ҷумҳурӣ оид ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва санъат
|
Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм
|
-
|
ҳамасола
|
-
|
16
|
Таъмир ва азнавсозии биноҳо ва хобгоҳҳои муассисаҳои таълимии соҳа
|
Вазорати фарҳанг
|
300, 0
аз ҳисоби маблағҳои махсус
|
2018-2022
|
Вазорати фарҳанг
|
17
|
Таҳким ва таҷдиди заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, таъмини онҳо бо лавозимоти таълимӣ, созҳои мусиқӣ, васоити муосири мултимедиавӣ ва технологӣ
|
Вазорати фарҳанг
|
60,0
аз ҳисоби грантҳо
|
ҳамасола
|
Вазорати фарҳанг
|
18
|
Ворид намудани ихтисосҳои нав ба таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти соҳаи фарҳанг
|
Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм
|
-
|
2018
|
-
|
19
|
Таъмин ва татбиқи амалии технологияи нави иттилоотию коммуникатсионӣ дар муассисаҳои табъу нашр
|
Вазорати фарҳанг
|
аз ҳисоби маблағҳои махсус ва грантҳо
|
ҳамасола
|
Вазорати фарҳанг
|
20
|
Таъсиси лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма, маркази электронии «Санъати мусиқии тоҷик» ва таъмини он бо таҷҳизоти зарурӣ
|
Вазорати фарҳанг
|
аз ҳисоби грантҳо
|
ҳамасола
|
Вазорати фарҳанг
|
Маблағ
(бо сомонӣ)
Сол
|
2018
|
2019
|
2020
|
2021
|
2022
|
Ҷамъ
|
Ҳамагӣ
|
1550,0
|
1523,0
|
1409,0
|
1329,0
|
1290,0
|
7101,0
|
Замимаи 2
ба Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022
Нақшаи
тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии давлатҳои хориҷӣ барои солҳои 2018-2022 ва маблағгузории он (ба ҳисоби сомонӣ)
№
|
Номи муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
|
Рамз
|
Ихтисос
|
Маблағ барои 1 сол (бо ҳазор сомонӣ)
|
Сол ва миқдори ҷой
|
Маблағгу-зории
умумӣ (бо ҳазор сомонӣ)
|
Манбаи маблағгузорӣ
|
Муҳлати таҳсил
|
|
|
|
|
|
2018
|
2019
|
2020
|
2021
|
2022
|
|
|
|
|
Федератсияи Россия
|
|
1
|
Консервато-рияи давлатии Москва
|
059000 (03)
|
Гобой
|
20, 0
|
-
|
1
|
-
|
-
|
-
|
80, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
- / -
|
Кларнет
|
20, 0
|
-
|
-
|
1
|
-
|
-
|
60, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
- / -
|
Фагот
|
20, 0
|
-
|
1
|
-
|
-
|
-
|
80, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
- / -
|
Валторна
|
20, 0
|
-
|
1
|
-
|
-
|
-
|
80, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
- / -
|
Труба
|
20, 0
|
-
|
-
|
1
|
-
|
-
|
60, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
- / -
|
Тромбон
|
20, 0
|
-
|
-
|
-
|
1
|
-
|
40,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
- / -
|
Туба
|
20, 0
|
-
|
-
|
1
|
-
|
-
|
60, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
- / -
|
Арғанун
|
20, 0
|
-
|
1
|
-
|
-
|
-
|
80, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
- / -
|
Виолончел
|
20, 0
|
-
|
-
|
1
|
-
|
-
|
60, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
- / -
|
Контрабас
|
20, 0
|
-
|
1
|
-
|
-
|
-
|
80, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
Ҳамагӣ:
|
|
10 нафар
|
200, 0
|
-
|
5
|
4
|
1
|
|
680, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
|
2
|
Консервато-рияи давлатии шаҳри Санкт-Петербург ба номи Н. Рим-ский-Корсаков
|
059000 (03)
|
Труба
|
20, 0
|
-
|
-
|
-
|
1
|
-
|
40, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
059000 (02)
|
Виолончел
|
20, 0
|
-
|
1
|
-
|
-
|
-
|
80, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
059000 (02)
|
Контрабас
|
20, 0
|
-
|
-
|
1
|
-
|
-
|
60,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
Ҳамагӣ:
|
|
3 нафар
|
60, 0
|
|
1
|
1
|
1
|
|
180, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
|
3
|
Академияи санъати театрии Россия (ГИТИС)-и шаҳри Москва
|
-
|
Санъати актёрӣ
|
30, 0
|
8
|
-
|
-
|
-
|
-
|
1 200
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
4
|
Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Санкт-Петербург
|
0518
|
Рассом-ороишгари осори намоишии осорхонаҳо
|
12,0
|
1
|
-
|
-
|
-
|
1
|
72, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
-
|
Рассом-тармимгари осорхонаҳо
|
12,0
|
-
|
1
|
-
|
-
|
|
48, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
5
|
Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Москва
|
|
Таксодермист, (усто-реставратори хўсатайёркун)
|
12,0
|
1
|
-
|
-
|
-
|
1
|
72, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
----------//---------
|
|
Коргардони намоишҳои театрӣ ва барномаҳои оммавӣ
|
12,0
|
-
|
-
|
1
|
1
|
-
|
60, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
6
|
Академияи бадеии Россия ба номи Грабар (ш. Москва)
|
|
Мутахассис-тармимгари осори намоишии осорхонаҳо
|
12,0
|
-
|
1
|
-
|
1
|
-
|
72, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
7
|
Донишгоҳи давлатии синамо ва телевизиони ш. Санкт-Петербург
|
051500
|
Коргардони овоз оид ба сабт, танзим ва пахш
|
12,0
|
-
|
-
|
1
|
1
|
-
|
60, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
|
Менеҷменти фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ
|
12,0
|
-
|
-
|
-
|
-
|
1
|
12, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
8
|
Академияи балети русии ш. Санкт-Петербург ба номи А. Я. Ваганова
|
0506
|
Мутахассиси рақси балет
|
20, 0
|
-
|
1
|
1
|
1
|
-
|
180, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
9
|
Донишгоҳи театрии ш. Москва ба номи Луначарский
|
-
|
Бутафор
|
20, 0
|
1
|
--
|
-
|
-
|
1
|
100 ,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
4 сол
|
|
|
-
|
Гример
|
80, 0
|
1
|
-
|
-
|
1
|
-
|
400, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
3 сол
|
|
|
0518
|
Рассоми театрӣ
|
80, 0
|
-
|
-
|
1
|
1
|
|
400, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
10
|
Омўзишгоҳи давлатии санъати сиркӣ
ва эстрадаи ш. Москва ба номи М.Н.Румянтсев (Карандаш)
|
-
|
Артисти сирк
аз рўи равияҳои:
|
15
|
-
|
10
|
-
|
-
|
|
600,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
4 сол
|
|
|
|
Этюди пластикӣ
|
12,0
|
-
|
1
|
-
|
-
|
-
|
24, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
|
|
|
|
Гимнастикаи ҳавоӣ
|
12,0
|
-
|
-
|
1
|
-
|
-
|
36 ,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
|
|
|
|
Мураббии ҳайвонот
|
12,0
|
-
|
-
|
1
|
1
|
-
|
60, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
|
11
|
Омўзишгоҳи театрии ш. Екатеринбург
|
-
|
Лўхтаксозӣ
|
10, 0
|
2
|
2
|
-
|
-
|
2
|
100, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
2 сол
|
12
|
Донишкадаи мусиқӣ ва синамографии ш. Санкт-Петербург ба номи Черкасов
|
-
|
Мудири қисми басаҳнагузорӣ
|
20, 0
|
1
|
-
|
1
|
-
|
-
|
140, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
4 сол
|
|
|
-
|
Рассоми басаҳ-нагузоранда
|
20, 0
|
-
|
1
|
-
|
-
|
1
|
100, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
4 сол
|
13
|
Донишкадаи рассомии ш. Москва ба номи Суриков
|
-
|
Рассом-ороишгари равшанӣ
|
20, 0
|
1
|
1
|
-
|
-
|
1
|
200, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
14
|
Донишкадаи давлатии киноматогра-фияи Россия (ВГИК)
|
|
Санъати актёрӣ
|
20, 0
|
1
|
-
|
-
|
1
|
-
|
140, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
|
Коргардони кино
|
20, 0
|
-
|
-
|
-
|
1
|
-
|
40, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
15
|
Донишкадаи давлатии театрии Новосибирск
|
|
Ҳунарманди театри лўхтак
|
20, 0
|
|
|
|
|
|
|
Буҷаи ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
16
|
Театри давлатии лўхтаки шаҳри Новосибирск
|
|
Устои лўхтаксоз
|
10,0
|
1
|
-
|
-
|
1
|
1
|
30, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
6 моҳ
|
|
Ҳамагӣ:
|
|
62 нафар
|
505,0
|
18
|
18
|
7
|
10
|
9
|
4146,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
|
17
|
Донишкадаи полиграфии шаҳри Москва
|
-
|
Технологияи истеҳсоли полиграфӣ
|
15, 0
|
2
|
2
|
2
|
2
|
2
|
450, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
-
|
Мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли полиграфӣ
|
15, 0
|
2
|
2
|
2
|
2
|
2
|
450,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
18
|
Омўзишгоҳи полиграфии шаҳри Чехови Федератсияи Россия
|
-
|
Чопгарӣ
|
15, 0
|
2
|
1
|
1
|
2
|
2
|
210, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
2 сол
|
|
|
-
|
Муқовабандӣ
|
15, 0
|
2
|
3
|
3
|
3
|
2
|
360, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
2 сол
|
|
|
-
|
Барқчии мошинҳои чопи офсет
|
15, 0
|
3
|
2
|
2
|
-
|
1
|
225, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
2 сол
|
19
|
Донишгоҳи давлатии ш. Санк-Петербург
|
070006
|
Бостоншиносӣ
|
20, 0
|
1
|
-
|
1
|
1
|
-
|
200, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
20
|
Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М. В. Ломоносов
|
-
|
Санъатшиносӣ
|
20, 0
|
1
|
1
|
1
|
-
|
1
|
260, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
21
|
Фабрикаи созҳои мусиқии шаҳри Санкт-Петербург
|
-
|
Мутахассиси ҷурсоз ва таъмиргари фор-тепиано (ба ҳайси коромўз)
|
20, 0
|
1
|
1
|
1
|
1
|
1
|
100, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
1 сол
|
22
|
Донишкадаи политехникии шаҳри Санкт-Петербург
|
-
|
Муҳандиси таҷҳизоти театрии мураккаби электронӣ
|
22, 0
|
-
|
1
|
-
|
1
|
1
|
154, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
23
|
Устохонаи эҷодӣ дар назди Театри опера ва балети ш. Перм
|
-
|
Мутахассиси либосбур оид ба дўхти либоси балет
|
10,0
|
-
|
1
|
-
|
1
|
-
|
20, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
2 моҳ
|
24
|
Устохонаи эҷодӣ дар назди Театри опера ва балети ш. Перм
|
-
|
Мутахассис оид ба дўхти пойафзоли балет
|
10,0
|
1
|
-
|
1
|
-
|
1
|
30, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
2 моҳ
|
25
|
Донишкадаи рассомии ш. Москва ба номи Суриков
|
-
|
Рассоми либоси театрӣ
|
12, 0
|
1
|
-
|
1
|
-
|
1
|
108, 0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
Ҳамагӣ:
|
|
72 нафар
|
189
|
16
|
14
|
15
|
13
|
14
|
2567,0
|
|
|
|
Ҷумҳурии Беларус
|
1
|
Донишгоҳи миллии Беларус
|
-
|
Тарроҳӣ ва таҳрири китоб
|
20, 0
|
2
|
-
|
-
|
-
|
2
|
240,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
-
|
Тарҷумонӣ
|
20, 0
|
2
|
-
|
-
|
-
|
2
|
240,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
-
|
Иқтисодиёти соҳаи табъу нашр
|
20, 0
|
-
|
2
|
2
|
-
|
2
|
320,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
-
|
Муҳаррирӣ
|
20, 0
|
-
|
2
|
1
|
-
|
2
|
260,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
-
|
Менеҷменти соҳаи табъу нашр
|
20, 0
|
-
|
-
|
-
|
2
|
2
|
120,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
|
-
|
Аккосии соҳаи табъу нашр
|
20, 0
|
-
|
-
|
-
|
2
|
-
|
80,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
5 сол
|
|
Ҳамагӣ:
|
|
25 нафар
|
120
|
4
|
4
|
3
|
4
|
10
|
1260,0
|
|
|
|
Ҷумҳурии Ўзбекистон
|
1
|
Озмоишгоҳи созҳои мусиқии назди Консер-ваторияи дав-латии ш. Тош-канд ба номи Мухтор
Ашрафӣ
|
-
|
Таъмири созҳои миллии мусиқӣ (ба ҳайси коромўзӣ)
|
14, 0
|
1
|
-
|
1
|
-
|
|
28,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
1 сол
|
|
Ҳамагӣ:
|
|
2 нафар
|
|
1
|
|
1
|
|
|
28,0
|
|
|
|
Ҷумҳурии Халқии Хитой
|
1
|
Омўзишгоҳи ҳунарии сирки ш. Пекин
|
-
|
Санъати муҳрабозӣ (жонглёрӣ)
|
20, 0
|
1
|
1
|
-
|
-
|
|
80,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
2 сол
|
|
|
-
|
Ресмонбозӣ
|
20, 0
|
-
|
-
|
1
|
1
|
|
60,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
2 сол
|
|
Ҳамагӣ:
|
|
4 нафар
|
|
1
|
1
|
1
|
1
|
|
140,0
|
|
|
|
Италия
|
1
|
Академияи «Белканто интернешнл»-и ш.Милан
|
|
Овозхонии академӣ (ба ҳайси коромўзӣ)
|
80, 0
|
-
|
1
|
1
|
-
|
|
160,0
|
Буҷети ҷумҳуриявӣ
|
1 сол
|
|
Ҳамагӣ:
|
|
2 нафар
|
|
|
1
|
1
|
|
|
160,0
|
|
|
|
Ҷамъ:
|
|
180 нафар
|
|
|
|
|
|
|
9161,0
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Ҳамагӣ: 180 донишомўз аз рўи 56 ихтисоси эҷодӣ ва фаннӣ дар солҳои 2018-2022 дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар таҳсил хоҳад кард.
Аз ҷумла дар зарфи 5 сол ба Федератсияи Россия 147 ҷой, ба Ҷумҳурии Беларус 25 ҷой, ба Ҷумҳурии Ўзбекистон 2 ҷой ва ба Ҷумҳурии Халқии Хитой 4 ҷой ва шаҳри Милани Италия 2 ҷой пешбинӣ шудааст.
Маблағ
2018
|
2019
|
2020
|
2021
|
2022
|
Ҳамагӣ
|
815,0
|
788,0
|
674,0
|
625,0
|
555,0
|
3457,0
|
|