Классификатор Қонуни ҶТ
Рақам 713
Ном ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАНЪИ ХУДСАРОНА ҶАМЪОВАРӢ КАРДАН ВА Ё ФУРЎХТАНИ МЎМИЁ ВА МАВОДИ МУМИЁДОР"
Мақомот МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат Амалкунанда
Сана 25.03.2011
Матн

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАНЪИ ХУДСАРОНА ҶАМЪОВАРӣ КАРДАН ВА Ё ФУРЎХТАНИ МЎМИЁ ВА МАВОДИ МУМИЁДОР"

 

Моддаи 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1990 "Дар бораи манъи худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мўмиё ва маводи мўмиёдор" (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1990, №16, мод. 252) аз эътибор соқит дониста шавад.

  1. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

25 марти соли 2011 № 713

 

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи манъи худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мўмиё ва маводи мўмиёдор"

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи манъи худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мўмиё ва маводи мўмиёдор" қабул карда шавад.
  2. Қарори Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи манъи худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мўмиё ва маводи мўмиёдор" аз 28 августи соли 1990, №95 (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1990, №16, мод. 253) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       Ш. Зуҳуров

 

ш. Душанбе, 23 феврали соли 2011 № 344

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи манъи худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мўмиё ва маводи мўмиёдор"

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи манъи худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мўмиё ва маводи мўмиёдор" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи манъи худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мўмиё ва маводи мўмиёдор" ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        М.Убайдуллоев

 

ш.Душанбе, 11 марти соли 2011 № 153

©2017 МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ